Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сиёсати хеш ба якчанд рисолати муҳимми таърихӣ поя гузоштанд, ки маҳз бар асари онҳо на танҳо ваҳдати миллии тоҷикон барқарор гардид, балки барои рушди тафаккури миллии мардуми мо такони бузург бахшид. Дар ин рисолати таърихӣ, муҳимтар аз ҳама ваҳдати миллӣ, давлатсозии миллӣ, ташаккули тафаккури миллӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ ба шумор мераванд.
Даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи ин рисолати мазкур ва инчунин масъалаҳои гуногуни печидаву сарбастаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии давраи ибтидоии он заруратеро ба миён овард, ки ба илму фарҳанг ва посдошти арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуда, соҳаҳои афзалиятноки онҳо муқаррар ва муаррифӣ шаванд. Бозбинии мероси маънавӣ барои худшиносии миллии тоҷикон ва рушди тафаккури миллии онҳо дар натиҷаи омӯзиши рӯзгор ва осори мутафаккирону файласуфон ҳамчун симоҳои мисолӣ ва намунавӣ эҷодкорӣ ва навҷӯиҳоро тақозо менамуд. Ба ин нукта Пешвои миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид кардаанд: «Гум кардани хотираи таърихӣ, қадр нанамудани гузаштаи пурифтихори миллат ва суннатҳои волои он, маҳдудияти шуурнокии таърихӣ ва ҳифз накардани арзишҳои фарҳангию мероси бойи ниёгон ҳисси масъулияту ҷавобгариро аз дӯши кас дар назди имрӯзу фардо дур намесозад. Миллате, ки хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори сарнавишти талху фоҷиабор гашта, ҳатто пойдории давлат ва истиқлолияти миллиашро зери хатар мегузорад» (Э. Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Ҷ. 1. – Душанбе, 2009. С. 11).
Дар чунин ҳолат мақоми илму фарҳанг дар пос нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва ҳувияти миллӣ махсус таъкид гардида, ба дурахш овардани ситораҳои олами адаби тоҷик, монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ ва бисёри дигарон мояи ибрат шуда метавонад. Ба хусус, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём ва ҳамсафони онҳо, дар ҳолате, ки ба асорати қабилаҳои туркии салчуқӣ (асри ХI) дучор омада буданд, тавонистанд ҳокимони онҳоро таҳти таълими худ фаро гирифта, давлатдориашонро бо меъёрҳои инсондӯстию таҳамулпазироии фарҳанги сирф тоҷикӣ роҳандозӣ намоянд. Ин дарси ибрати таърих ва нишондиҳандаи он буд, ки чӣ гуна тоҷикон дар шадидтарин ва сахттарин ҳаводиси иҷтимоӣ барои нигоҳ доштани фарҳанг, илм ва ҳувияти миллии тоҷикон ба мадони муборизаи маънавӣ ворид гашта буданд. Э. Раҳмон ин матлабро чунин шарҳ додаанд: «Дар саҳифаҳои таърихи қадимаи миллатамон сабт шудааст, ки бар асари лашкаркашиҳо ва тохтутозҳои паиҳами сулолаву хонаводаҳои аҷнабӣ давлату давлатдории тоҷикон борҳо зери хатари нестӣ монда буд. Вале фарзандони дурандешу фарҳангпарвари миллат ҷабру ҷафои бегонагонро бо муқовимат ва пайкори фарҳангиву маърифатӣ, тадбир, таҳаммул ва бурдбории мардона паси сар намуда, барои ҳифз ва таҳкими ҳувияти миллӣ талошҳо кардаанд, зиндагӣ ва ҷаҳонбинии қавму халқиятҳои бегонаро бо дастовардҳои тамаддуни худ пурғановат сохтаанд» (Э. Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе, 2016. С. 239).
Ҷанбаи асосии сиёсати Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ густариш додан ва ба сатҳи боло бурдани худшиносиву худогоҳии миллӣ бо созмон додани симпозиумҳою конфронсҳои илмӣ-таҳқиқотии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бахшида ба солгардҳои ҷашнии мутафаккирони тоҷик буд. Дар ҳақиқат, дар ин самт Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши боризу ҳассос ва боҷуръатонаю қавӣ дошта, шахсияту чеҳраҳои маъруфи гузаштаву замони нави сиёсиву фарҳангӣ ва илмиву адабро аз тариқи чунин конфронсҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои мардуми шарафманди тоҷик муаррифӣ намуда, барои ташаккул додани маърифати худшиносиву худогоҳӣ ва тақвияти ҳофизаи таърихии тоҷикон саҳми бузург гузошт. Маҳз бо ташаббус ва ибтикори шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо 680 солагӣ (соли 1995) ва 700-солаги (соли 2015)-и олим ва маърифатпарвари маъруф Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагӣ (соли 1996) ва 700-солаги (соли 2020)-и шоир ва мутафаккири тоҷик Камоли Хуҷандӣ, 960-солагии олим ва шоири маъруф Умари Хайём (соли 2001), 1000 солагии ҳакими барҷаста Носири Хусрав (соли 2004), 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 1310-солагии бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 600-солагии шоир ва мутафаккири бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ (2014), 400-солагии Сайидои Насафӣ (2018) конфронсу симпозиумҳои байналмилаӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, барои эҳёи хотираи таърихӣ ва боло бардоштани эҳсоси худшиносии миллӣ заминаи муҳим гузоштанд.
Аз ҷониби дигар, бо ибтикори Пешвои миллат ба чоп расидани асарҳои безаволи мутафаккирони тоҷик дар таҳкиму тақвияти худшиносии миллии тамоми қишрҳои ҷомеаи мо такони ҷиддӣ медиҳад. Намунаи он «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавӣ мебошад, ки онро набояд танҳо як асари бадеӣ ва ё сурудаҳои устуравӣ дар бораи базму разми шоҳон, ҷангу хунрезиҳои беохири лашкариён баҳогузорӣ намуда, аҳамияти илмии онро сарфи назар кард. Маълум аст, ки дар «Шоҳнома» пеш аз ҳама таърихи куҳани мардуми ориёинажод дар омезиш бо фалсафаи ахлоқӣ ва пеш аз ҳама, хайру шар, адолату мардумпарварӣ, росткорию ростқавлӣ ва ақлу хирад муаррифӣ гардида, дар он суннатҳои волои мардуми тоҷик, одоби зист, оини мулкдорӣ, одоби раъиятпарварӣ, ватандӯстӣ, озодӣ ва озодагӣ ба қалам кашида шудааст. Ҳамин гуна сиёсати Пешвои миллат барои гиромидошти арзишҳои ахлоқиву тарбиявии ин ва асарҳои мутафаккирони дигари тоҷик ба хотири дур нарафтан таҷрибаи ғании онҳо, ки дар осори пандомӯзи ниёгон инъикос ёфтаанд, бешакку тардид барои болравии худшиносии миллиии тоҷикон, ҳифзи хотираи пурарзиши таърихии мардуми мо самарабахш хоҳад буд.
Асарҳои Пешвои миллат, минҷумла, «Тоҷикон. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Чеҳраҳои мондагор» дар партави Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гаштани соли 2006 барои арҷгузорӣ ба аҳамият ва арзиши осори мутафаккирони гузаштаи тоҷик, бозомӯзӣ, ҳифз ва муаррифӣ намудани ёдгориҳои нотакрори онҳо ва дар замина онҳо дар шароити бархӯрди тамаддунҳо тақвият додани ҳувият ва худшиносии миллии тоҷикон бебаҳоянд.
Назариев Рамазон,сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёнава Наздики Институти омӯзиши
масъала-ҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,доктори илмҳои фалсафа, профессор
