Skip to main content

Ҳар халқу миллате ба ҳамон андозае, ки марзҳои зиндагии моддӣ ва андешаи маънавии худро густариш медиҳад, забони худро тавонотар ва умри онро дарозтар менамояд. Зеро ҳамон гуна, ки ошкор аст ва таърихи инсоният нишон медиҳад, забон падидаест, ки монанд ба мавҷудоти зинда аст, – рӯзе ба дунё меояд, замоне ба ҳаёти худ идома медиҳад ва, чун неруи зиндагиашро аз даст дод, умраш ба охир мерасад. Тӯли умри ҳар забон вобаста ба неруи ҳаётӣ ва қувваи офаринишу созандагии соҳибони забон аст.

Аҳли забонро метавон ба сокинони шаҳре монанд кард, ки меъморони он забон сохтаанд ва ин меъморон шоирон, нависандагон, олимон, мутафаккирон мебошанд. Меъморони асили забони тоҷикӣ низ ҳазорон сол пеш калима ба калима ин забонро ҳамчун меъморони моҳир канори якдигар чидаанд ва бақои ин забонро барои садсолаҳо муайян сохтанд.

Акнун вазифаи мо – сокинони шаҳри забони тоҷикӣ – аст, ки ин мероси гаронқадрро, ки гузаштагони некномамон аз худ ёдгор гузоштаанд, посдорӣ ва ҳифзу ҳиросат кунем.

Равшан аст, ки аҳли ин шаҳр – шаҳри забони тоҷикӣ – дар асри бисту якум бо ниёзҳо ва мушкилҳои хосе рӯбарӯянд. Вале онҳо набояд аз ин мушкилиҳо ҳаросанд, балки ҷидду ҷаҳд намоянд ва нагузоранд, ки ин мероси гаронбаҳои барҷоймонда аз ниёгонашон вайрон шавад. Ҳаргиз ба он роҳ надиҳанд, ки сохтори асили забонашон хароб гардад ва зарфияташро аз даст диҳад. Барои он пайкор кунанд, ки зарфияту гунҷоиши забонро густурдатар созанд, то ин ки вожаҳою таркибҳои дар он буда ва дар оянда воридшаванда асилу солим нигоҳдорӣ гарданд. Ҳама талоши лозимро анҷом диҳанд, ки ин забони ширину шево садҳо соли дигар барои наслҳои ояндаи тоҷик хидмат кунад ва ҳамчуноне ки мо, имрӯзиён, забони Рӯдакиро мефаҳмем, баъд аз ҳазор сол ояндагон забони моро фаҳманд.

Забони тоҷикӣ забонест, ки андеша, ҳувият ва халқияти моро шакл додааст ва зарифтарину зеботарин ҷанбаҳояш ба хусусияти миллии мо табдил гаштаанд. Забони тоҷикӣ унсури ваҳдатбахш, рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллии мост.

Забони тоҷикӣ забони илм, адабиёт, калом, мантиқ, фалсафа аст. Агар ба китобҳои таърихӣ назар андозем, мебинем, ки ин забон дар ҳама замон ва дар тамоми риштаҳои илм қудрати баён доштааст.

Забони тоҷикӣ забонест, ки дар тӯли ёздаҳ садсола асолаташро нигоҳ доштаву зинда аст ва зинда хоҳад монд. Сурудаҳои Рӯдакӣ – падари шеъри форсӣ – баъд аз ёздаҳ садсола ҳанӯз ҳам барои мо фаҳмоянд:

Замона панде озодвор дод маро,

Замона чун наку бингарӣ ҳама панд аст.

Ё ин байт:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Имрӯз ҳар як мактабхони тоҷик забони ашъори Рӯдакӣ, достонҳои «Шоҳнома» ва рубоиёти Хайёмро ба хубӣ мефаҳмад. Осори Шекспирро, ки чаҳор сад сол пеш суруда шудааст, англисизабонон – бидуни ба забони имрӯз баргардондан – намефаҳманд.

Ин суханони нағзи донои Тӯс чӣ содаву фаҳмост:

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

Дигарон ба забони мо шеър месароянд ва забони моро меситоянд. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар оташи ишқи мо месӯзад:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,

Эй ҷавонони аҷам, ҷони ману ҷони шумо.

Ҳалқа гирди ман занед, эй равшанони обу гил,

Оташе дар сина дорам аз ниёгони шумо.

Суруди миллии Покистон ба забони тоҷикӣ аст. Бисёре аз андешамандон ва бузургони илму адаб ва сиёсати Покистон бо забони тоҷикӣ ошноӣ доранд.

Дар бисёре аз биноҳои даврони ҳукмронии муғул дар Ҳиндустон ашъори тоҷикӣ бар рӯи катибаҳои мармарин ҳаккокӣ гардидааст.

Дар сароҳо ва кохҳои ҳукуматдорони турки усмонӣ катибаҳо ба забони тоҷикӣ ва бо хати заррин нигошта шудаанд. Он гоҳ барои мо гуноҳе набахшиданӣ аст, ки дар гаҳвораи забони тоҷикӣ ин забони азизро густариш надиҳем.

Агар замоне Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол ва садҳо ниёгони бузургамон бо осори оламгирашон забони тоҷикиро аз нав зинда карданд ва онро шуҳраи офоқ намуданд, чаро мо имрӯз барои нигоҳ доштани забони падаронамон кӯшиш накунем? Чаро ба ояндагон густураи забони тоҷикиро нишон надиҳем? Мо бояд, ҳар чи дар тавон дорем, аз вожаҳои тоҷикӣ баҳра барем ва тоҷикона сухан гӯем. Зеро миллати мо тоҷик ва забонамон тоҷикӣ аст. Забони мо мояи ифтихори мо, тоҷикон, аст. Моро ба ин забон мешиносанд. Магар мешавад тоҷик бошем ва забони тоҷикиро пос надорем?!

Агар аз хондани ин сатрҳо чанд лаҳза бозистем ва як ҳафтаномаи ватаниро гирифта, фақат чанд ҷумлаашро хонем, бо таассуф иқрор мешавем, ки забони адабии тоҷикӣ дар ҳақиқат ҳам ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад. Ва даъватҳои дилдодагони лафзи модарӣ аз ҳамватанон барои посдории забон на танҳо даъват, балки як навъ бонги изтиробанд.

Сухани тозае нахоҳем гуфт, агар гӯем, ки забондонии мо, тоҷикон, дар сатҳи паст қарор дорад ва ба далели ҳуҷуми фарҳангӣ, ки тавассути филмҳо ва видеомавод анҷом мегирад ва ба иллати таҳти таъсири барномаҳои саргармкунандаву аз ҳар лиҳоз мароқангези шабакаҳои телевизиони хориҷӣ мондани ҳаммиллатони мо сурат мепазирад, рӯз аз рӯз боз ҳам коҳиш меёбад.

Бо хондани ин матлаб шояд пеши дидаҳои хонандаи арҷманд манзараҳое аз суҳбатҳои ҳаммиллатон дар кӯчаву бозор, дохили нақлиёти мусофирбар ҷилвагар мегардад, ки бо якдигар бо чӣ забоне ҳарф мезананд.

Масалан, ҳафтод-ҳаштод сол пеш тоҷикон аслан маънои садҳо калимаҳои русиро, ки имрӯз ба таркиби забони гуфтугӯӣ дохил шуда, доираи истифодаашон беш аз пеш густурдатар мегардад, намедонистанд. Аммо имрӯзҳо ҳатто онҳое, ки забони русиро дуруст намедонанд, дар гуфторашон аз калимаҳои забони русӣ ба таври фаровон истифода мекунанд. Зиёда аз ин, чунин ҳам ба назар мерасад, ки ҳадди аксари тоҷикон асли калимаҳоеро, ки ба русӣ баён мекунанд, ба тоҷикӣ намедонанд.

Чаро ин тавр шудааст? Чаро халқе, ки дар тӯли зиёда аз ҳазор сол забонашро аз тӯфонҳои офатбори таърихи пурфоҷиааш бегазанд берун оварда, то ба асри бист – даврони эҳёи давлатдориаш – расонидааст, дар тӯли ҳафт – ҳашт даҳсола онро ба ҳоли ногувор гирифтор намудааст?

Чаро имрӯз мо, тоҷикон, – аз коргари одӣ то ба олими шуҳратманд – бо он сароҳат, бо он зебобаёнӣ, ки ҳамзабонони хориҷии мо ва ҳамватанони бурунмарзии дар муҳити комилан ғайритоҷикӣ бузургшуда ҳарф мезананд, наметавонем сухан гӯем?

Ин саволҳоро як ҷавоб аст – мо забони модариамонро ба тавре, ки бояд омӯзем, намеомӯзем.

Мушоҳидаҳои шахсӣ ва суҳбату машварат бо шахсиятҳои зиёде аз аҳли қалам моро муътақид сохт, ки барои ислоҳи вазъи забондонии ҳаммиллатон чораву тадбирҳое, ки то имрӯз дар соҳаи мактабу маориф андешида шудаанд, натиҷае нахоҳанд дод, агар мо тарзи таълими забонро ба таври куллӣ мавриди таҷдид қарор надиҳем. Яъне ислоҳи вазъи мавҷударо на бо роҳи боз ҳам зиёд кардани шумораи дарсҳои забон, на тавассути чопи луғатҳои тафсирию соҳавӣ, на бо ташкили комиссияи босалоҳияти давлатӣ ва на бо даъвати ҳаммиллатон баҳри гиромӣ доштани забони модарӣ ба даст овардан ғайриимкон аст.

Ҳамаи он ҳамватанони гиромии мо, адибон, олимон, рӯзноманигорон, муаллимон ва, умуман, онҳое, ки ҳарферо ба ҳарфе часпонда хуб сухан мегӯянд ва ё менависанд, заҳмату машаққати равону ҷолиб баён карданро медонанд. Ва аз ин сабаб ҳам сухандон шуданд, ки худро дар мактаби саъю кӯшиши худ парваридаанд ва сухангӯӣ ёд додаанд. Пас суоле ба миён меояд, ки мактаби миёна барои чӣ лозим аст?

Ҳақиқат ин аст, ки дар мактаби миёна, ба ҷои гуфтори адабиро ёд додан, илми забоншиносиро меомӯзонанд. Ва ин усули таълим боис мегардад, ки хонандагон на забонро ёд мегиранд ва на илми мураккаберо, чун забоншиносӣ, аз бар менамоянд. Ин усул забонро ҳамчун сохтор меомӯзонад ва вақти зиёди омӯзандаро сарфи ҳамаҷониба фаро гирифтани сарфу наҳв (грамматика) мекунад. Дар натиҷа мактабхон дониши назариявии забонро ёд мегирад, аммо худи забонро не. Вай ҳиссаҳои нутқро медонад, вале дар худи нутқ заиф аст ва наметавонад ба забони адабӣ, ҳамон тавре ки бо забони лаҳҷа озод сухан мегӯяд, ҳарф занад. Ба ростӣ, аҷиб аст, ки барои ин ки ба инсон сухан гуфтанро омӯзонид, ба сари ӯ бояд сели донишҳои барзиёдро рехт. Масалан, худи китоб, бе он ки аввал ба мактабхон сухан гуфтанро ёд диҳад, аз вай талаб мекунад, ки бо истифодаи якчанд калимаҳо ҷумлаҳое созад ва ё аксаран саволҳои берабт медиҳанд ва мактабхонро сардаргум менамоянд, аз қабили «чаро мо пиронро дӯст медорем?» ва ё «чаро мо Ватанро дӯст медорем?» ва монанди инҳо. Чунин ба назар мерасад, ки муаллифони китобҳои дарсӣ намедонанд, чӣ тавр саҳифаҳои китобро пур кунанд.

Дар бисёр маврид аз адабиёти классикӣ порчаҳои насрӣ меоваранд, ки бо забони имрӯз комилан мувофиқат намекунанд. Шояд муаллифон иддао кунанд, ки бо ин роҳ мактабхонҳоро бо адабиёти классикӣ ошно месозанд. Вале фикр ба он намекунанд: кӯдакон, ки забони имрӯзро дуруст намедонанд, чӣ тавр метавонанд бо чанд пораи насрӣ сабки осори бадеии асрҳои гузаштаро ёд гиранд? Ва, умуман, оё ин муҳим аст?

Чун дар ҳама кор, дар таълими забон низ, бо усули аз сода ба мураккаб бояд амал кард. Мо ҳамеша ин воқеиятро бояд дар хотир дошта бошем, ки зиёда аз ҳаштод дарсади калимаҳои забони тоҷикӣ решаи арабӣ доранд. Пас аввалин ва муҳимтарин вазифаи мактабу муаллиму китобҳои дарсӣ ба мактабиён ёд додани маънои калимаҳо аст. Ва мушкили дигаре, ки дар сари роҳи омӯзиши забони адабӣ қарор дорад, ин фарқи боризи сохтори забони адабӣ аз қолаби забони шифоҳӣ аст. Аз ин рӯ то ин ду масъала ҳалли худро наёбанд, яъне агар мо услуби роиҷи таълими забонро куллан дигар карда, ба усули амалии фаро гирифтани забон нагузарем, ба ҳеҷ пешрафте дар ин замина ноил намегардем.

Зафар Сайидзода, мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих