Оилаи солим дар ваҳдатгароии ҷомеа мақоми арзишноке дорад ва танҳо ӯ метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳадди муътадил нигаҳ дорад. Аввал ин ки оилаи солим дар хонавода фазои солиму латиф осудагиву озодагӣ, меҳру муҳаббат, нармию гармиро фароҳам месозад; дуюм ин ки оилаи солим насли солим, фарзанди солеҳу бо одобу ахлоқи ҳамида ба дунё меорад; сеюм ин ки оилаи солим поя ва ососи ҷомеаро ташкил намуда, дар ташаккулу суботи ваҳдатгароии ҷомеа кумак мекунад. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандони худ беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хонаводагиро, аз қабили тарбия ва тамоми ҷанбаҳои он, омӯхтани забон ва рост гуфторию дурустрафторӣ, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодатро таълим медиҳад. Зеро ки то падару модар дар вуҷуди фарзанд аз кудакӣ ҳисси миллӣ ва меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватан ва фарҳангу суннат ва худшиносӣ ҷо накунад, фарзанд аз тарбияи ҳувияти миллӣ бехабар мемонад. Ҳувияти миллӣ надоштан ин аз бешахсиятӣ, бенажодии инсон гувоҳӣ медиҳад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойинҳо ва анъанаву маросимҳо, аз 24 майи соли 2007 махсусан таъкид намуда буданд, ки «вазифаи муқаддаси падару модар, пеш аз ҳама, тарбия намудани фарзанди баодоб, хушахлоқ ва ватандӯсту ватанпарвар мебошад».
Аз ин фармудаҳои Президенти муҳтарамамон бармеояд, ки мақоми модар – зани тоҷик на танҳо дар оила, балки дар пешрафт ва ваҳдатгароии ҷомеа ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ ниҳоят бузург аст. Модарон бо як ҳисси баланди ватандӯстиву миллатдӯстӣ фарзандону хонаводаи худро муттаҳид сохта, барои ба даст овардани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ зидди ҳар гуна гуруҳҳои манфигароӣ, ки муқобили давлату кишвар буданд мубориза карда, бо талошҳои зиёде аз кишвари соҳибистиқлоли хеш ва ваҳдати он ҳифз намуданд.
Дар ҳақиқат дар байни занону модарон шахсиятҳое ҳастанд, ки барои беҳбудии оила ва тарбияи дурусти фарзандон ва ояндаи дурахшони онҳо заҳмат мекашанд. Модарон новобаста аз он ки мушкилот ва равандҳои гуногуни зиндагониро аз сар гузаронида бошанд ҳам фарзандонеро дар муҳити давлати ҳуқуқбунёд таълиму тарбия намудаанд, ки барои ваҳдату ба даст овардани истиқлолияти миллӣ дар замони муосир бо афкори илмӣ-фарҳангӣ ва нигоҳи наву кушиш баҳри расидан ба марому мақсади нек бо фарҳангу маърифати боло амал намоянд.
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ имконият ва шароит муҳайё кард, ки мардуми кишвар нисбатан озод ва худшиносиву ҳувияти миллӣ дошта бошанд ва пайгири масъалаҳои муҳими рӯз гарданд ва бар зидди ҳар гуна унсурҳои зараррасони бегона ва ҷаҳлу гумроҳӣ, ки бар зидди пешрафти ҳаёт мебошанд, мубориза кунанд.
Дар худшиносии инсонҳо нақши ахлоқ ва фалсафаи он хеле муҳим аст. Фалсафаи ахлоқ шохае аз фалсафа буда, мавзӯи баҳси он афъоли хуб ё бад, дуруст ё нодуруст, аъмолҳои бояду набоядҳо ва ҳамчунин ботини поку равшан ва ё торику тира ва амсоли инҳоро дар бар мегирад. Фалсафаи ахлоқ навъе аз ахлоқшиносӣ аст, ки асоси раванду равиши ахлоқ – ахлоқи ҳасана ва замимаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мутафаккирони шарқи асримиёнагии тоҷику форс дар атрофии ин мавзӯи муҳим баҳсу мунозираҳои зиёде намуда, бештар аз ҳикмати амалӣ сухан кардаанд, ки мавзӯи баҳси он худи инсон ва хулқу одоб ва одату афъолу кирдори ӯро дар мегирад.
Аз таҳлилу баррасии таълимоти ахлоқии як гурӯҳ донишмандон ва мутафаккирони тоҷик Муҳаммад Закариёи Розӣ, Носири Хусрав, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Насируддини Тусӣ, Мавлонои Балхӣ, Имоди Фақеҳи Кирмонӣ, Шамсуддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ ва монанди инҳо бармеояд, ки доштани ахлоқ ва худшинос будан ин як ёрии бузурге ба феълу рафтори инсонӣ ва мавқеи ӯ дар пешрафти оила ва ҷомеа аст.
Файзи Кошонӣ (асри 15-16) донишманд ва муаллими воломақоми ахлоқ дар китоби «Ахлоқи ҳасана»-и хеш доир ба ахлоқ ва тамоми категорияҳои он - ҳам ахлоқи ҳасана ва ҳам ахлоқи замима маълумоти васеъ дода, роҳҳои наҷот ёфтани инсонро аз ахлоқи замима ва ё разила, ба монанди ҳасад, бухл, кибру ѓурур, такаббуру худхоҳӣ, хабаркашиву хабарчинӣ, забон ва оқибатҳои он, уҷбу худбинӣ, кинаву риё, шаҳватрониву нафспарастӣ, айбҷӯиву тамасхуркунӣ ва амсоли инҳо баррасӣ намудааст. Мутафаккир дар баробари ин категорияҳои ахлоқи нек, яъне ахлоқи ҳасанаро, ба монанди: сабр ва фазилатҳои он, шукр ва фазилати он, ризо, муҳаббат ва навъҳои он, хайру саодат, ростӣ ва дурустӣ ва ѓайраҳоро низ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст, ки омӯзиши он барои тарбияи маънавии насли инсонӣ аз аҳамият холӣ нест. Аз ин ҷо, ба волидайн ёдрас менамоем, ки як бор ба оинаи вуҷудашон нигаранд, ки унсурҳои ахлоқи разила то кадом ҳад дар вуҷуди онҳо реша давондааст ва ҳамчунин оинаи қалби онҳо аз категорияҳои ахлоқи ҳасана дурахшиш дорад, ё не. Албатта, ин ҷои айб нест, балки ҷои ислоҳи он аст, то ки баъдан тавонанд фарзандони хешро дар рӯҳияи ахлоқи ҳасана ва ё ҳамида тарбия намоянд ва онҳоро аз ин аъмолҳои зишт барҳазар доранд ва оилаи солимро ҳифз намоянд.
Ҳадаф аз ҷумлаи поён ин аст, ки чашме, ки комилан аз одаме хушнуд аст, аз изҳори айбҳо оҷиз аст, аммо дидаи норозӣ ҳамаи корҳо ва рафторҳои бадро мебинад ва бе каму кост ба тарафи муқобили худ мегӯяд. Роҳи дигар ин аст, ки инсон ҳар чи аз назари онҳо нисбат ба айбҳои худ мешунавад, саъй намояд, ки он айбу эродҳои худро тарк кунад ва ҳарчи писандида аст омӯзиш намояд, чунки ба қавли Кошонӣ «муъмин бародари муъмин аст, яъне айбҳои худро дар ӯ мебинад.
Тарбияи инсон ва фарзандон агар саҳлу осон мешуд, бузургон ва устодони ахлоқ, ба монанди Ҷалолуддини Давонӣ («Ахлоқи Давонӣ»), Ҳусайн Воизи Кошифӣ («Ахлоқи Муҳсинӣ»), Мулло Муҳсин Файзи Кошонӣ («Ахлоқи ҳасана»), Маҳдии Нароқӣ (Ҷомеъ-ул-саодот») ва бисёри дигар мутафаккирон китобҳо ва рисолаву маснавиҳои ахлоқиро барои инсонҳо наменавиштанд.
Натиҷаи тарбияи нодуруст аст, ки меҳру муҳаббати бисёр фарзандон фақат ба худхоҳиву пулу молу мошин ва манфиат аст. Он вақт куҷо ваҳдати милливу куҷо ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ мемонад. Аммо имрӯз аксар фарзандону ҷавонони мо аз хондану аз бар кардани илму дониш ва ахлоқи хамида нисбатан дур шуда истодаанд, онгоҳ бо чунин раванди зиндагии беилмиву бедонишӣ ва беахлоқӣ онҳо чигуна аз ваҳдату истиқлолияти миллиамон ҳимоят мекунанд. Падару модарони азиз малол нашаванд, лекин ҳанӯз вақт аст, ки ба тарбияи фарзандон бо таваҷҷӯҳ ба талаботҳои замони муосир машѓул шавем ва ба кору рафтор ва аъмолу хулқи онҳо бо ҷиддият аҳамият диҳем бад нест. Чунки бояд ба қадри ѓамхориву заҳматҳои Пешвои миллатамон расем ва ба гуфтаҳои Он кас амал кунем, зеро ки Ваҳдату Истиқлолияти миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст ва ин кишвари ободу солим бо муҳаббат ва ишқ сохта шуда истодааст. Бигузор, зебоиҳои табиату сохторҳои онро мо бо ахлоқи писандидаву илму дониш ва маърифати худ боз ҳам зеботару равшантар гардонем.
Дар ҳаёт зану шавҳар шарики зиндагианд ва дар масири зиндагӣ якдигарро ёру ёваранд ва ҷавҳари асосии оилаанд, вале оила дар навбати худ ҷавҳари асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҷомеа бошад пойдевори асосии давлат аст, бинобар ин оила ва фарзандони солеҳ ин калиди асосӣ ва ояндаи давлат ҳисобида мешавад.
Мақсади тарбия тавсия ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кудак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯру танбеҳ амалӣ шавад, балки чунонки гуфта шуд ба ҳолатҳои рӯҳу равони ӯ нигоҳ карда, амал кардан зарур меояд. Агар волидайн тарбияи кӯдакро масъалаи содда шуморанд ва дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намоянд, аз кудак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи некро набояд интизор шаванд. Чунки ҳодисаҳои нохуше, ки дар солу моҳҳои охир дар ҳаёти кудакону наврасон рух додааст, ба монанди дар об ѓарқ шудан ва ё худкушӣ намудани фарзандон, ки иллати асосии он беэътиноии худи волидайн мебошанд.
Тарбияи фарзанд дар асоси ҷаҳонбинӣ, тафаккуру дониш ва арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, инъикосгари шахсияти падару модар дар тафаккури кудак мебошад. Тибқи ин баёнот волидайн бояд ба ду ҷиҳати масъала диққати худро бештар равона намояд: 1. Таваҷҷӯҳи волидайн ба фарзанд дар оила; 2. Робитаи ҷудонашаванда пайдо кардани волидайн бо мактаб ва муҳити зисти иҷтимоии кудак. Азбаски тавассути масъулияти оила тамоми фазилатҳо ва зебоиҳо ҳамчун гавҳар дар вуҷуди фарзанд кошта мешавад, мактаб ҳам ин равандро идома бахшида, дар рушду такомули фарзандон саҳм мегузорад. Пас, барои расидан ба ин марому мақсади ягона бояд байни муаллимон ва волидайн як иртиботи устувори ҳамкорӣ, яъне ваҳдат вуҷуд дошта бошад.
Муродова Т.- н. и. фал., дотсенти ИФСҲ-и
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ