Skip to main content

Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ

main
 
Муассисаи илмию таҳқиқотии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ”
Маълумоти мухтасар оид ба таърихи таъсиси муассисаи илмию таҳқиқотӣ  - Таъсисёбии маркази муштарак дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Рахмон оиди коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ сарчашма мегирад.
Муассисаи илмию таҳқиқотии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ” бо дастрасии Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой аз 13 сентябри соли 2014, бо мақсади мустаҳкам гардонидани ҳамкориҳои илмӣ ва амалигардонии он дар самтҳои муҳимтарини таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои илмҳои табиӣ ва техникӣ ва дар асоси Суратмаҷлис оид ба ҳамкорӣ аз санаи 4 майи соли 2018, байни Институти техникии физика ва химияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
3
Самтҳои асосии фаъолияти илмии Муассисаи илмию таҳқиқотии "Маркази инновасионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ” инҳо мебошанд:
  1. Омӯзиши маводҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла омӯзиши амиқи таркиби химиявӣ, ҷудосозии моддаҳои фаъоли биологӣ ва таҳқиқи хусусиятҳои фармакологии  онҳо аз растаниҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4
2. Ҳамкории дуҷонибаи илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи химияи пайвастаҳои табиӣ, фармакология ва дорусозӣ.
Муҳимтарин дастовардҳои мо:
Фитохимия ва фаъолияти биологии метаболитҳои дуюмаи растаниҳои Hypericum Scabrum, Geranium  Collinum, Anaphalis virgata, Angelica ternate, Artemisia dracunculus L., Artemisia leucotricha, Artemisia annua L., Artemisia vachanica, Prangos pabularia Lindl., Dracocephalum heterophyllum Benth.,  Cercis griffithii,  Helichrysum thianschanicum Regel, Ferula kuhistanica, Issopus seravchanicus омӯхта шуда, натиҷаи корҳои мо  дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷи кишвар рӯи чоп омадаанд.  Артемизинин (маводи зидди вараҷа) дар ҳафт намуди Artemisia, ки аз Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд, ёфт карда шуд. Миқдори артемизинин дар намунаҳои массаи хушки намудҳои гуногуни Artemisia аз 0,07% то 0,45% баробар шуд. Artemisia vachanica манбаи нави растании артемизин аст. Экстрактҳои спиртии Artemisia annua ва Artemisia vachanica ҳангоми табобати беморони гирифтори нишонаҳои бемории коронавируси COVID-19 таъсири судманд  нишон доданд. Фаъолитянокии эстрактҳои Hypericum Scabrum ва Geranium Collinum барои табобати бемории диабети қанди дуюм дараҷа омухта шуд ва натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд.
5
Фаъолияти ихтироъкорӣ: Нахустпатенти ҶТ № TJ 1338 (аз 18.01.2023; муаллифон Салимов А.М., Шаропов Ф.С.) барои ихтирои "Наноэмулсияи навъи равған дар оби дорои фаъолияти зиддибактериявӣ" гирифта шуд.
Нуъмонов С.Р. Хаджи Акбар Айса. Доруи табобати диабети қанд ва усули тайёр кардани формулаи мураккаби Gin Guan Cao.  Рақами патент: CN 201810056079.9 дар  Ҷумҳурии Халқии Хитой ба қайд гирифта шудааст.
6
Маълумот оид ба татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот: Барои дар истеҳсолот татбиқ намудани натиҷаи корҳои илмӣ ҷаҳду талошҳо оиди истеҳсоли маводҳои фаъоли биологӣ ва доруворӣ самарабахшанд ва тарҳрезии зеҳнӣ давом дорад.
8
Фаъолияти таъбунашр:  Корҳои асосии олимони марказ дар зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, 1 монография, ва 2 боби китоб ба нашр расидаанд.
Тайёр кардани кадрҳои илмӣ:
4 магистр ва 5 докторант  дар базаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой таҳсил карда истодаанд.
9
Ҳамкориҳои илмӣ:
1. Институти техникии физика ва химияи Шинҷон, Академияи илмҳои Хитой. Урумчӣ, Хитой;
2. Институти Шанхайи Материа ва Медика, Академияи илмҳои Хитой, Шанхай, Хитой;
3. Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
4. Маркази инновационии технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дурнамо: Олимони маркази мо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оиди дар амал татбиқ намудани истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ асоси кори худ ҳисобида, ҳаматарафа кӯшиш менамоянд, ки дар оянда маводи дорувории ватаниро дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд.
10