Боиси таассуф аст, ки фаҳмиши #фарҳанг дар зеҳни аксарияти шаҳрвандон хеле маҳдуд мебошад. Имрӯзҳо баъзан ба мушоҳида мерасад, ки шаҳрвандон аз фарҳанг ва системаи фарҳанг танҳо рақсу сурудро мефаҳманду халос. Дар ҳоле, ки доираи фарҳанг хеле васеъ, муҳим, ҷиддӣ ва мағзу идеологияи миллат мебошад. Албатта, рақсу суруд ҷузъҳои таркибии фарҳанг ҳастанд, аммо доираи фарҳанг ба ин маҳдуд набуда, балки соҳаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоиро аз қабили кино, китобу китобдорӣ, китобхонаҳо, осори ниёгон, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, табъу нашр ва матбуот, ВАО, иншоотҳои фарҳангӣ, мероси таърихию фарҳангии моддию ғайримоддӣ, театр, телевизион, анъанаҳои миллӣ, расму ойин, иттилоот ва ҳоказоро дар бар мегирад.
Профессори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, собиқ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамакнун Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устод Насриддинзода Эмомалӣ ҳатто таъкид кардаанд, ки "МАОРИФ НИЗ ҶУЗЪИ ТАРКИБИИ ФАРҲАНГ БА ҲИСОБ МЕРАВАД".
Яъне, дар маҷмуъ фарҳанг дарбаргирандаи ҳама паҳлуҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки дарк кардан, фаҳмидан, истифодаи мақсадноки он авҷи камолоти инсон арзёбӣ карда мешавад.
Имрӯз #фарҳанг бояд ҳамчун абзори асосӣ баҳри сохтани идеологияи миллӣ аз ҷониби масъулин истифода ва аз ҷониби шаҳрвандон дарк карда шавад.
Бо эҳтиром, Мирзошариф Абдусаломов - Докторант (PhD) соли дуюми Иниститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / Tajik National Academy of Sciences миллии илмҳои Тоҷикистон