Skip to main content

11 апрели соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Дар иҷлосия тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ интихоб гардид.

Боиси хушнудист, ки дар иҷлосияи мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ҳайси раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ интихоб гардид.

Ба раисии Кумитаи мазкур ба узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардидани Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз боварӣ ва эътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кордонии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон далолат медиҳад.

Аҳли кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз навиди мазкур хушҳол буда, барои ҳарчи бештар дар ободиву шукуфоии кишвар дар тадбиқи сиёсати илмпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро боз ҳам ҷоннок мегардонад.