Skip to main content

МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

МД МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Муассисаи давлатии  Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд –Марказ), ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №270 таъсис дода шудааст муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ буда, дар фаъолияти худ ташкил ва гузаронидани таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самтҳои афзалиятноки илму техника ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолотро таъмин менамояд.                                                                         

Директори МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсиони

 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

21

ЭШОВ БАХТИЁР БАДАЛОВИЧ д.и.т., дотсент

Самтҳоитаҳқиқоти илмӣ:

-гузаронидани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ ҳамчун асос барои

рушди фаъолият дар самти коркард ва татбиқи технологияҳои инноват-сионӣ;

- таҳияи тавсияҳо барои истифодаи натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ дар ис-теҳсолот:

- тарбияи кадрҳои илмии баландихтисос;

- такмили шаклҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмӣ;

-мусоидат ба ҳамкории илмию техникии байналмилалӣ дар соҳаҳои марбут ба фаъолияти Марказ;

-мустаҳкам намудани алоқаи илм ва маориф, иштирок дар фаъолияти таълимӣ ва тайёр намудани кадрхои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ, иштирок дар фаъолияти нашрӣ ва илмию таълимӣ;

-таҳкими робитаи илм ва истеҳсолот бо мақсади амалисозии коркард-ҳои илмию техникӣ, технологияҳои инноватсиониӣ ва тиҷоратигардонии натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотӣ;

-хизматрасониҳои илмию техникӣ ба корхонаҳое, ки маҳсулоти инно-ватсионӣ коркард ва истеҳсол мекунанд;

-ҷустуҷӯ, захира ва систематизатсияи маълумот оид ба инноватсия дар самтҳои гуногуни илм ва истеҳсолот дар дохили мамлакат ва берун аз он, баҳогузории рақобатпазирии онҳо дар бозори дохила ва беруна, муайян намудани коркардкунандагон ва истифодабарандагони технологияҳои инноватсионӣ;

-таҳияи барномаҳо ва дастурҳои технологияҳои иттилоотию комму-никатсионӣ;

 

СОХТОРИ МАРКАЗ

- Сохтори Марказ вобаста ба самтҳои асосӣ ва хусусияти фаъолияти он муайян ва такмил дода шуда, бо пешниҳоди директори Марказ ва дар мувофиқа бо Шуъбаи илмхои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи миллии илмҳо аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳо тасдиқ карда мешавад. Воҳидҳои асосии сохтори Марказро шуъбаҳо, озмоишгоҳҳо, корхона ва қитъаҳои таҷрибавию конструкторӣ, истеҳсолӣ, гуруҳҳои муҳандисӣ-техникӣ, китобхона ва бойгонӣ ташкил медиҳанд. Марказ метавонад бо тартиби муқарраргардида воҳидҳои дигарро таъсис диҳад.

1)      Директор

Муҳосибот

Шӯрои олимон

Шӯбаи кадрҳо бойгонӣ  

2)      Муовини директор оид ба илм ва таълим

Котиби илмӣ китобхонаи илмӣ

Озмоишгоҳҳо

* Маводшиносӣ;

* Маркетинг ва ояндабинӣ;

* Технологияҳои компютерӣ;

* Фарматсевтика ва пизишкӣ-таҷрибавӣ:

* Қитъаи таҷрибавии истеҳсолӣ.

3) Муовини директор оид ба масаълаҳои хоҷагӣ

Кормандони техникӣ.

Марказ як қатор технологияҳоро коркард  ва дастгоҳҳои  истеҳсолиро тайёр намуда  дар  дохили Марказ  истифода кардааст:

 

21

 

Намунаҳои  таҷрибавии маҳсулот аз  рухом бо муҳлати дарози

 истифодабарандагӣ

213

Ғалбери  нимсаноатӣ   барои ҷудо намудани  мавод ҳо  аз рӯи ҳаҷм  бо  ҳосилнокии  300 кг/соат, (4 синфи андоза)

Ғалбери  нимсаноатӣ   барои људо намудани  мавод ҳо  аз рўи њаљм  бо  ҳосилнокии  300 кг/соат, (4 синфи андоза)

 

343

Намунаи таҷрибавии дастгоҳ барои шустани тилло 54

Хӯла дар асоси алюминий барои истехсоли  ҷараёнқабулкунакҳо барои троллейбусҳо

65

 

Намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти сохтмонӣ аз партовҳои пластикӣ бо мӯҳлати дарози истифодабарӣ ва коркарди такрорӣ

66

Дастгоҳҳо барои коркарди  партовҳои  пластикӣ бо истеҳсоли минбаъдаи маҳсулоти  гуногун.

98

Дастгоҳи  дуконтураи  обгармкунаки  офтобӣ  самаранокиаш  баланд,  ки 95% қисмҳои конструксионӣ аз алюминий сохта шудаанд ( дар ҳамкорӣ бо маркази инноватсионӣ ва технологияҳои нави АМИТ).

656

Реактор барои истехсоли   хокаи суперфосфати оддӣ


77

Коркарди сиропҳои таҷрибавии "ЧОРДОРУ" ва "ПРОПОЛИС ва РАСТОРОПША" аз растаниҳои Тоҷикистон ба даст оварда шуданд

323

Дастгоҳҳо барои коркарди пластикӣ ва коркарди маводҳои таъиноти гуногун 333

Хати технологии истеҳсоли гипохлорити натрий

Тадбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот

Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии  АМИТ дар самти татбиқи натиҷаҳои илмӣ  дар истеҳсолот  пайваста корбари намуда    ба як қатор  дастовардҳо  ноил гаштааст.

Дар ҳамкорӣ  бо Ширкати алюминии  тоҷик  коркарди технологияи тоза намудани градирниҳобо НОБ Норак   таъмири  агрегати №3, бо корхонаи заводи ҳарбии  ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон  оиди татби натиҷаҳои илмӣбо корхонаи воҳиди давлатии Коргоҳи машинасозӣ ҳосил намудани  кремний аз кварситҳои Тоҷикистон, бо  КВД  “Душанбеобукорез”  коркарди технологияи таъмири насосҳои амудии тамғаи ЭЦВ 12-255-30-ро амалӣ намуда бо КВД “Тоҷметал”   дар татбиқи технологияи  истеҳсоли мис ҳамкорӣ намуда истодааст.

Хати технологии нимсаноатии истеҳсоли  гипохлорати натрийро  ташкил намуда истеҳсоли он ба роҳ монда шуд.

Номгӯйи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дастовардҳои илмии кормандони Муассисаи давлатии Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии АМИ

 

Фаъолияти ихтироъкорӣ

         Дар 10 соли охир аз тарафи олимони муассиса 12 нахуст патенти Чумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуд.

1. Нахустпатенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон №1404. Маводи композитсионии системаи Al-Al2O3.  Махмудзода М., Эшов Б.Б., Ғаниев И.Н., Джайлоев Дж.Х., Рахимов Ф.А. аз 03.07.2023с ба қайд грифта шуд.

2. Нахустпатенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон №1393. Хӯла дар асоси сурбҒаниев И.Н., Эшов Б.Б., Наврузов Х.П., Аминбекова М.С., Муллоева Н.М., Исмоилов Р.А., Маркаев А.Ғ. аз 09.06.2023с ба қайд грифта шуд.

3. Нахустпатенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон №1423. Тарзи коркарди консентрати сулфиди сурма ва тилло. Эшов Б.Б., Кодиров А.А., Бадалов А.,  ва дигарон. аз 15.09.2023с ба қайд грифта шуд.

 

 Ҳамкориҳои илмӣ

а) дар сатҳи  ҷумҳуриявӣ  (бо кадом муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, вазорату идораҳо дар кадом масъала дар чӣ асос);

Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмии худро бо Шӯрои  ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии АМИТ, Институти химияи ба номи В.И Никитини АМИТ, Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Институти иқтисод ва демографияи АМИТ, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,  бо Муассисаи тадқиқотии илмии «Маркази инноватсионии маҳсулоти табиии Чину Тоҷикистон»-и АМИТ барои омӯзиши хосиятҳо ва таркиби химиявии гиёҳҳони Тоҷикистон, бо Озмоишгоҳи (виварий) илми-таҳқиқотии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино барои гузаронидани таҳқиқотҳои токлиникӣ (экспериментҳо) дар ҳайвонҳои лабораторӣ ҳамкориҳо идома дорад.

б)  дар сатҳи  байналмилалӣ (бо кадом муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва  муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ дар кадом масъала дар чӣ асос).

Муасиса бо   Институти технологии Харбин ( ҶХ Хитой),  меморандум дар бораи хамкориҳои илмӣ   ба имзо расонид. 14.03.2024с.

Муасиса ҳамкориҳоро бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои  Белорус, Хитой ва Узбекистон, бо Донишгоҳи Париж (Фаронса),  бо Муассисаи илмии федералии давлатии буҷетӣ "Институти умумироссиягии илмию тадқиқотии рустаниҳои шифобахш ва хушбӯй" (ФГБНУ ВИЛАР  Русия)   давом дода истодааст.

МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адрес: 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ

Тел:  (992 37)225-80-91

E-mail: innovation.an.rt@mail.ru https://www.icnast.tj/

 

Bacground Image