Skip to main content
Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ кам мегардонад.

Коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кушиш менамоянд, ки пеши роҳи ин ҳодисаро гиранд. Ин амали зишт ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шудааст. Дар масъалаи муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамавақт аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Бо ин назардошт 31 октябри соли 2003 “Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия” қабул шуд. Дар он принсипҳои асосии мубориза бо каррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбини шудааст. 9 декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика маросими баимзорасонии ин санади муҳим дар конфренси сатҳи олӣ баргузор гардид.

Дар ин асос 9-уми декабр ҳамчун “Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия” бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар тамоми ҷаҳон эълон карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои мубориза бо каррупсия тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия ҳуҷҷати мазкурро 25 сентябри соли 2006 пазируфта, онро 16 апрели соли 2008 тасдиқ намуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазифаи асосии ин ниҳод аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва амали намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ иборат мебошад.

Мубориза бо каррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонанд садди роҳи ин амали номатлубро гиранд.

Пирова В.С. - лаборанти калони ШҶБ Институти астрофизикаи АМИТ