Муносибатҳои дуҷонибаи дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи 1993 барқарор гардида, дар пояи пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Аз моҳи марти соли 1997 дар маркази ҳар ду кишвар сафоратҳо ба фаъолият шурӯъ карданд. Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 100 санадро дарбар мегирад.
Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд. Санадҳои болозикр, асоси муносибатҳои се даҳсолаи истиқлоли давлатии кишварҳоро ташкил медиҳад.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ду кишвар ва ду халқи бародарро сафарҳои роҳбарияти олии ҳар ду кишвари ҳамсоя боз ҳам ба якдигар наздик кард. Бо мақсади расонидани муносибатҳои дуҷониба ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, дар сатҳи сарони кишварҳо ташрифҳои тарафайни дӯстона аз нав барқарор карда шуданд.
Аз соли 1991 то айни замон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор маротиба (январи соли 1993, майи соли 1998, майи соли 2013 ва июни 2021) бо сафари расмӣ ба шаҳри Бишкек ташриф оварданд. Ҳамзамон аввалин Президенти Қирғизистон Акаев Аскар Акаевич ду маротиба (июли соли 1996 ва майи соли 2004), Президенти дуюми Қирғизистон Қурмонбек Боқиев (майи соли 2008 ва 28-уми августи соли 2008 барои иштирок дар саммити Созмони ҳамкории Шанхай), Президенти сеюми Қирғизистон Отунбаева Роза (25-уми ноябри соли 2010 барои иштирок дар кори саммити СҲШ), Президенти чоруми Қирғизистон Алмазбек Атамбоев (12-уми сентябри соли 2014 дар Ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ ва 14-уми сентябри соли 2015), Президенти панҷуми Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков (1 — 2-юми феврали соли 2019) ва Президенти ҳозираи Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров (28-уми июни соли 2021 бо сафари расмӣ, 16 – уми сенябри соли 2021 ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки ба 20-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид ва 14 – сентябри соли 2023 ҷиҳати иштирок дар нишасти Машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ) ташриф овардаанд.
Ҳамзамон 16 -уми ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карда буд. 4-уми феврали соли 2024 бо сафари расмӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жеенбек Кулубаев вориди шаҳри Душанбе шуда, дар натиҷаи ин сафар «Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва Вазорати корҳои хориҷии ҶҚ барои солҳои 2024-2025» ба имзо расида буд.
Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон бо як сафари корӣ имрӯз, 4-уми марти соли равон озими Тоҷикистон шуда, бо иштироки сарвазари мамлакат Қоҳир Расулзода музокироти васеи ҳайати ду кишвар баргузор гардид. Пас аз анҷоми мулоқотҳои дуҷониба санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21 феврал дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии сарҳади ду кишварро имзо гардида буд ва интизор меравад, охири моҳи март санадҳои ниҳоӣ аз тарафи президенти ду кишвар имзо гардад. Бо ин мақсад Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар дод, ки санаҳои 12-13 - уми марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Бишкек анҷом медиҳанд. Сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як сафари таърихӣ дар саҳифаҳои таърихӣ дарҷ хоҳад гашт. Зеро зимни ин сафар Созишномаи ниҳоии муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар назар аст, ба имзо мерасад.
Дар таърихи 13 марти соли равон сафари давлатии Пешвои миллат дар Қирғизистон идома ёфта, роҳбарони ду давлат созишномаи ниҳоӣ дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро имзо намуданд. Ҳамзамон марзи ду кишвар барои рафту омад аз сари нав боз шуданд. Парвозҳои ҳавоӣ аз 14 -уми март миёни ду кишвар ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин дар натиҷаи ин сафари таърихӣ миёни ду давлат 16 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд ва Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гардид.
Омилҳои зиёде мавҷуданд, ки муносибатҳои таърихан шаклгирифтаи ду кишварро дар шароити ҳозира боз ҳам мустаҳкам менамояд, аз ҷумла:
1.Наздикии фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ: Наздикии фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ метавонад муносибатҳои байнидавлатиро таҳким бахшад, ҳамгироии минтақавиро афзоиш диҳад ва дар таҳкими сулҳу субот нақши муҳим бозад. Ин омилҳо метавонанд робитаҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро осон ва мустаҳкам гардонанд. Тоҷикон ва қирғизҳо дар тӯли асрҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ зиндагӣ кардаанд ва бо ҳамдигар ҳамеша робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ доштанд. Мавқеи Тоҷикистон он аст, ки принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд ва меофариданд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи тамоми муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.
2.Ҳамсоягии ҷуғрофӣ: Тоҷикистон ва Қирғизистон марзи муштарак дошта, он 987 км-ро ташкил медиҳад, ки ин ба муносибатҳои дуҷониба таъсири мустақим ва мусбат мерасонад. Ҳамсоягии ҷуғрофӣ барои давлатҳо нақши калидӣ дорад, зеро муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо ба воситаи ҳамсарҳад будан метавонанд қавӣ ё мураккаб шаванд. Аз ин ҷиҳат барои давлатҳо ҳамсоягии ҷуғрофӣ бисёр аҳамияти калон дорад. Давлатҳои ҳамсоя метавонанд ба осонӣ муносибатҳои тиҷоратӣ ба роҳ монанд, молу коло содироту воридот кунанд ва ҳамкориҳои иқтисодиро густариш диҳанд.
3.Ҳамкории минтақавӣ: Ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ, ба монанди СААД, ИДМ ва СҲШ ва ғайраҳо фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамкориҳои минтақавӣ барои давлатҳо яке аз омилҳои муҳими рушд ва субот ба ҳисоб мераванд. Онҳо ба тақвияти иқтисод, амният, сиёсати хориҷӣ ва робитаҳои иҷтимоии байни кишварҳои ҳамсоя мусоидат мекунанд.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар самтҳои гуногун тақвият ёфта истодаанд, аз ҷумла:
1. Ҳамкории иқтисодӣ: Ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо на танҳо ба рушди иқтисодии кишварҳо мусоидат мекунанд, балки дар таҳкими дӯстӣ, сулҳ ва субот низ нақши калидӣ мебозанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва энергетика аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ҳарду кишвар барои рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ва равади ҳамгироии он саҳм мегузоранд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар муносибатҳои дуҷониба на танҳо ба рушди иқтисод, балки ба таҳкими субот, сулҳ ва муносибатҳои сиёсӣ мусоидат мекунанд. Давлатҳо тавассути ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва инфрасохтор метавонанд манфиатҳои муштаракро ҳифз намуда, муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро тақвият бахшанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари ҳамсояи Осиёи Марказӣ бо таърихи муштараки фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва бо вуҷуди мушкилоти марзӣ ва ихтилофҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодии ин ду кишвар дар бахшҳои гуногун рушд мекунанд.
2. Ҳамкорӣ дар бахши амниятӣ: Ҳамкории амниятӣ яке аз ҷанбаҳои муҳим дар муносибатҳои байнидавлатӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҳамкорӣ ба таъмини субот, пешгирии хатарҳои амниятӣ ва рушди ҳамкориҳои дигар соҳаҳо мусоидат мекунад. Ҳарду кишвар дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ин ҳамкориҳо дар доираи СААД ва дигар созмонҳои минтақавӣ амалӣ мешаванд.
3. Ҳамкории фарҳангӣ ва илмӣ: Ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ нақши калидӣ мебозанд. Онҳо ба рушди ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории стратегӣ мусоидат мекунанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва илм ҳамкории зич доранд. Ҷашнҳои муштараки фарҳангӣ ва фестивалҳо баргузор мешаванд. Ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ на танҳо муносибатҳои байнидавлатиро таҳким мебахшанд, балки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро низ таъмин мекунанд. Рушди ин ҳамкориҳо метавонад барои сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои тоҷику қирғиз мусоидат менамояд.
Шарифов Искандар - ходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ