Skip to main content

14 июни соли равон дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади муаррифии дастовардҳои илмӣ ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040») дар саҳни бинои Раёсати академия тамоми дастовардҳои илмиву таҳқиқотии муассисаҳои илмии таҳқиқотӣ ба намоиш бароварда шуданд.

Дар намоиши мазкур президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода ва олимону кормандони муассисаҳои илмӣ таҳқиқотӣ иштирок намуданд.

Дар ин чорабинӣ муассисаҳои илмиву таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамоми дастоварду натиҷаҳои илмии худро, ки ба истеҳсолот бароварда шудаанд ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳадаф аз ташкил намудани чунин намоишгоҳҳо ин пеш аз ҳама муаррифии дастоварду натиҷаҳои илмиву таҳқиқотии олимони академия ва ҷалби олимони ҷавон ба таҳқиқу ихтирокорӣ ва навоварӣ роҳандозӣ гардидааст.

Солҳои охир ба хусус, даврони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳи давлату ҳукумат барои баланд бардоштани илми тоҷик дар арсаи байналмилал рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Имрӯзҳо маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм таваҷуҳи махсус зоҳир намуда зимни ҳар як баромади хеш иброз медоранд: “Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои давлати мо дар оянда фарогири кулли ҷомеа бо маърифату ҷаҳонбинӣ ва илму донишҳои муосир хоҳад буд.”

Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз иқдомҳоеро роҳандози намуданд, ки онҳо пеш аз ҳама ба ташаккули донишҳои техникӣ, тарғиби фарҳанги техникӣ, имконият фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ ва ба ин васила ноил шудан ба дастовардҳои техника ва технологияи муосир мусоидат хоҳанд кард.