Skip to main content

Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,

Фарёди андалебон бар гулситон муборак.

Бар булбулони мактаб таълими илму дониш,

Орзуи рӯзи шодӣ бар кудакон муборак.

Фарорасии фасли Баҳор бо шукуфтани гулу лолаҳо, пушидани пушоку пероҳанҳо ва чаҳ-чаҳи паррандогону чаррандаҳо оғоз шуда, аз пайки насими накҳати Наврӯзи оламафрӯз хабар медиҳад. Ҳамин тариқ, низоми ҳаракати сайёраҳо аз санаи 21-уми март шакли дигар гирифта, шабу рӯз баробар мешаванд. Бо чунин баробариву бародарии шабу рӯз нахустин рӯзи Баҳору кишту кор оғоз мегардаду бобои хирадманди деҳқон баҳри ободии аҳли олам дона мепошад.

Вуруду файзи ин кори накуро шоири шаҳир ва муаллифи «Баҳориёт» Сайидои Насафӣ хело хуб тасвир намуда чунин баён кардааст:

Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,

Базми висоли ғунчаи хандон ғанимат аст.

Бо қомати ҳамида равам сӯй бӯстон,

Наззораи бунафшаву райҳон ғанимат аст.

Бо назораи бунафшаву райҳон насими накҳати наврӯзӣ оғоз мегардад, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи наврӯзӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2010 ҳамчун ҷашни бостонии ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ин ҷашни бостонӣ дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва «Ал-тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ омада, ишора шудааст, ки Наврӯз дар даврони қадим бо шаклҳои гуногун таҷлил мегардид. Тибқи маълумотҳои дарёфтшуда ҷашни Наврӯз аз замони Пешдодиён сарчашма гирифта, то ба имрӯз дар миёни аҳолии Осиёи Марказӣ, Қафқозу Шарқи Наздик, соҳили Баҳри Сиёҳ ва Шарқу Ғарб ҷашн гирифта мешавад.

Қавму халқиятҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Осиё бо тамаддуну забону адабу санъату сайёҳат аз даврони бостон мақоми хос дошта, мардумони Тоҷикистону, Узбекистону, Қирғизистону Туркманистону Қазоқистон ва Ҳиндустону Покистону Бангладеш дорои қавму русуманд, ки хело бо ҳам қаробат доранд. Бо ин васлҳову наслҳо робитаҳои миёни кишварҳо тавсеа ёфта, тақвият меёбад.

Байни Тоҷикистону Покистону Ҳиндустон пайвандҳои таърихӣ ва муштаракоти зиёде вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо таҷлили маросими ҷашни Наврӯз мебошад. Тибқи баррасиҳои профессор Муҳаммад Ахтар дар ин сарзаминҳо қавмҳои тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки бештарашон ба тиҷорат, сарбозӣ, илму дониш, меъморӣ ва ирфон машғулият дошта, то имрӯз осорашон боқӣ мондааст.Зимнан, Покистон аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохта, шаҳри Душанбе ва Лоҳур аз солҳои 1973 ва Душанбеву Исломобод аз соли 2022 инҷониб бародаршаҳр мебошанд. Муштаракоти зиёде миёни ҳам доранд, ки яке аз ҷашни Наврӯз мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бо ибтикори намояндагиҳои доимии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шумули Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона пайваста доир мегадад, ки дар пайванду пайваст нигоҳ доштани аҳли башар, эҳё ва дӯст доштани табиат ва эҷоди насли солиму созандаву саодатманд гувоҳӣ медиҳад.

Дар ин зимн, дар доираи муносибатҳои дӯстона, ки самараи сиёсати хирадмандонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аст, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки президентҳои Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон Наврӯзи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуда, санаи 15-19 март дар ин шаҳр баргузории Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи варзишӣ аз намуди теннис бо иштироки 26 нафар меҳмонону варзишгарон, аз ин шумора 12 нафар аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон сурат мегирад.

Мояи шарафу ифтихор аст, ки аз соли 2016 UNESCO бо қарори худ Покистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки Наврӯз дар онҳо ҷашн гирифта мешавад, ворид кард. Ҳамин тариқ, санаи 5-уми апрели соли 2018 аввалин маротиба дар таърихи Покистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори сафорати Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Исломобод баргузор гардид. Ҳамин тавр, дар маҳаллаҳои гуногуни Покистону Ҳиндустон таҷлили ин ид ба шеваҳои мухталиф баргузор мешавад. Ҳиндустону Покистон дар дунё калонтарин минтақаанд, ки бо Осиёи Марказӣ пайванди таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ дошта, халқу ақвоми мухталифи он барои ҳифз ва шинохти анъанаҳои худ, пайваста маросиму барномаҳои намоишии мардумӣ ташкил дода, дар рушди ҷомеа саҳм мегузоранд. Вуруди фасли баҳор ҷавонӣ, хушӣ ва рангорангии табиатро афзун дода, мардуми Ҳиндустон онро тавассути ҷашни рангҳо ё “ҳолӣ”, Покистон ва минтақаи Панҷоб бо “басант” ва Гилгету Чатрол ва Свот бошад, онро чун “оғози мавсими кишти баҳорӣ ё наврӯз” пазироӣ ва истиқбол менамоянд. Мардуми вилояти Панҷоб Наврӯзро “Ҷашни баҳорон” номида, дар шаҳри Лоҳур, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, ҳар сол бо омадани баҳор маҳфилу намоишҳои ҳунару ғизоҳои рангоранг баргузор шуда, мардум анвои хӯрок таҳия карда, хурсандиҳо мекунанд.

Хулоса, Наврӯз ба маънои “рӯзи нав” буда, таърихи беш аз се ҳазорсоларо дошта, аввалин рӯзи баҳор аст, ки ба баробаршавии шабу рӯз дар илми астрономӣ рост меояд. Ин ҷашни бостонӣ на танҳо дар кишварҳои Покистону Ҳиндустону Эрон, балки дар кишварҳое Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон аз ин рӯз таҷлил мекунанд. Ҷашни Наврӯз бо як минтақаи мушаххаси ҷуғрофӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Қафқоз, Баҳри Сиёҳ ва Балкан имрӯз маҳдуд нест. Ин анъанаи бостонӣ ҳатто дар кишварҳои то ИМА, Аврупо ва Канада аз ҷониби ҷомеаҳои муҳоҷирон бо хурсандӣ қайд карда мешавад. Ҳамин тавр, Наврӯз поёни соли гузашта ва оғози соли нав буда, охири зимистон ва оғози баҳор аст. Ҳама мардумони аҳли саёра бо омадани Баҳору Наврӯз ҳаёти нав, тароват, зиндагонӣ ва шодмонӣ намуда,дастархони Ҳафтсинро, ки рамзи саломатӣ, некӯаҳволӣ ва хушбахтӣ мебошанд. Бо фарорасии Наврӯз мардум ба тоза кардани хонаҳо оғоз карда, табодули дидор ва маросимҳои шодмонӣ анҷом медиҳанд. Ҳамин тариқ, дӯстӣ, таҳкими пайвандҳо, сулҳу оштӣ, дур кардани низоъву ихтилофҳо ва нишон додани муҳаббату дилгармӣ ба ҳамватанон аз вижагиҳои мушаххаси Наврӯз маҳсуб мешавад, ки Наврӯз рамзи дӯстии инсону табиат ва инсону инсон аст ва ҷомеаи башарӣ бештар аз ҳар замони дигар ба он ниёз дорад. Наврӯз рамзи сулҳу дӯстӣ ва бунёди саодати ҷомеа буда, ба мисли табиат ба инсонҳо накҳат мебахшад.

Ҳамин тариқ, Наврӯз чун мероси умумибашарӣ ва маънавӣ ваҳдату баробарӣ ва дӯстии байни миллатҳо ва талоши онҳо ба сӯи ояндаи дурахшон дар беҳбудӣ ва шукуфоии муштарак, ояндае, ки аз хашм, хушунат, низоъ ва даҳшат холӣ аст, инсонҳо бо ҳам ҷамъ меоварад. Мо Наврӯзи 2025-ро таҷлил намуда, умедворем, ки дар аввалин рӯзи нави соли хуршедӣ дар натиҷаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии кишварҳои минтақа шоҳиди некӯаҳволӣ ва шукуфоии муштарак барои мардуми минтақа ва ҷаҳон хоҳем буд. Дар ин росто равобити халқҳои Осиёи Марказиву Осиёи Ҷанубӣ ва ҳамаи аҳли олам бо фарорасии Наврӯз дар партави сулҳу сафову дӯстӣ таҳкиму тавсеа меёбад, ки ба манофеъ ва манфиатҳои мардуми кишварамон мусоидат хоҳад кард. Боварӣ дорем, омадани чунин фасл сол заминаи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон гашта, файзи истиқлолу дӯстии халқҳо истеҳком хоҳад бахшид.

Хулоса, ҷашни Наврӯз бо зиндашавии табиат ва фарорасии фасли баҳор ҷашн гирифта шуда, тавассути он мардуми сайёра зебоиҳои муҳити оламро қадр карда, барои равнақу шукуфоии он дастаҷамъона барномаҳои хоси иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам хоҳад овард, то тавонанд якдилона муҳитро бо дили софу меҳри инсонӣ зебу зиннат бахшида, озоду орому обод ва ё ба қавли Сайидо зиндагонӣ кунанд:

Ай Сайидо, чу бод ба ҳар ҷонибе марав,

Бар гирди хеш гард, ки даврон ғанимат аст..

Мирсаид РАҲМОНОВ - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзишимасъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ