Skip to main content

3123123Халқи тоҷик аз даврони куҳан бо тамаддуну фарҳанги худ аз дигар миллату халқиятҳо фарқ карда, ба китоб, китобнависиву китобхонӣ ва ихтироъкориву навоварӣ майлу рағбати беандоза дошту дорад. Тамоми мамлакатҳои рӯи дунё моро ҳамчун миллати китобдӯст ва китобнавису навовар мешиносанд. Ҳамаи ин малакаҳои фитриву азалии халқи моро ба инобат гирифта, дар замони соҳибистиқлолии миллӣ низ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори самтҳои гуногун ба соҳаҳои илму маориф, китобу китобдорӣ ва ихтироъкориву навоварӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Яке аз дастовардҳои муҳим ва фарҳангии даврони истиқлол, ин ташкили озмунҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ ба шумор мераванд, ки тайи чанд сол аст, дар кишвари мо ҷараён доранд. Мисоли ин гуфтаҳо ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи сӯбҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат”мебошанд. Ин озмунҳо боис гаштанд, ки теъдоди нафарони китобхон дар кишвар рӯз аз рӯз зиёд гардад ва барои онҳое, ки малакаи ихтироъкориву навоварӣ доранд, имконоти мусоидро фароҳам оранд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил баргузор шуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд. Дар робита ба он 31 январи соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба имзо расида буд.

Аз зумраи озмунҳои ҷумҳуриявии муҳим озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” буда, инак соли чорум аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо бо мақсади кашф кардани соҳибистеъдодҳо баҳри осон кардани роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ яъне саноатикунонии мамлакат ва амалисозии тарҳи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гашта истодааст. Дар соли ҷорӣ низ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” дар соли 2024 ба тасвиб расидааст.

Имрӯзҳо ҳеҷ халқу миллатро бе соҳаи техникаву технология тасаввур карда намешавад. Зеро асри 21 худ асри техникаву технология аст. Бахшида ба рушди ин соҳаҳо озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” ташкил карда шуд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ - муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида шуда, аз чор давр иборат мебошад.

Дар озмун донишу истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, дуруст фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян мешавад.

Мушоҳидаҳо ва баррасиҳо маълум менамоянд, ки баргузории озмун тайи солҳои 2021-2023 нишон дод, ки дар байни ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст.

Соли 2023 бори аввал озмун байни хонандагони муассисаҳои шакли нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд шуда, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил дод. Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли 2023 дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар зиёд шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49 адад зиёд шуда, 84 ададро ташкил дод.

Ҷиҳати ҳавасмандсозӣ ва бештар омода намудани наврасону ҷавонон барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ва иштирок дар озмун дар баробари довталабон, инчунин омӯзгорон ва падару модарони хонандагоне, ки дар он ғолиб меоянд, аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадршиносӣ мешаванд.

Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, соли 2023 дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар маҷмуъ 163 ҳазору 892 нафар иштирок намуда, ба даври дуюм 30 ҳазору 918 нафар роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюм аз 30 ҳазору 918 нафар иштирокчӣ 3878 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Дар даври сеюм аз 3878 нафар иштирокчӣ 579 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, 133 нафар ғолиб омад, ки аз ин шумора 26 нафар зан буд.

Маврид ба зикр аст, ки бори аввал дар соли сеюми баргузории озмун Шоҳҷоиза супорида шуд. Шоҳҷоиза насиби омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов бо пешниҳоди микроҷарроҳии реконструктивиӣ-пластикӣ гардид.

Бояд қайд намоям, ки шумораи иштирочиён дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» сол аз сол афзуда, шукӯҳу шаҳомати баргузории он низ ранги дигар гирифта истодааст. Аз ҷумла, соли 2023 шумораи иштирочиёни даври аввали озмун нисбат ба як соли пеш тақрибан ду маротиба зиёд буда, сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа нисбат ба солҳои пешин боло рафта, таваҷҷуҳ махсусан ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле зиёд шудааст.

Агар озмунҳои ҷумҳурияви “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳисси ватандӯстиро дар дили инсонҳо бедор созанду таркиби китобхонии тафаккури ҷомеаро ғанӣ гардонида, санъату фарҳангро рушд диҳанд, озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” метавонад, тафаккури техникии ҷомеаро боло барад. Дар ҳамбастагӣ натиҷаи ин озмунҳо метавонанд, аҳолии кишвари моро боз ҳам равшанфикр гардонанд, то барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръат, заминае пайдо гардад.

Дар баробари роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” эълон гардидани 20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ яке аз чораҳои муҳиму тақдирсоз аст. Ин иқдомҳои наҷиб арои ояндаи дурахшон ва бадал гаштани кишвари маҳбубамон ба як давлати аз ҷиҳати техника ва технология рушдкарда, бисёр ҳам саривақтӣ ба шумор мераванд.

Баргузории озмун дар солҳои 2021-2023 нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, ин ба дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландпояи муҳандисию техникӣ замина гардидааст. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар айни замон дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намудааст.

Илмҳои дақиқ илмҳое мебошанд, ки дар ояндаи дурахшони Тоҷикистон нақши муҳим бозида, хеле зарурӣ мебошанд ва бо омӯзиши ин фанҳо мо метавонем, ҷодаҳои манфиатоварро бештар кашф намуда, фардои саодатбори миллати азизамонро таъмин намоем.

Итминони комил дорем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҳар ҷиҳат ба илмомӯзии хонандагон ва дигар қишрҳои ҷомеа фоидаи зиёд мерасонад ва баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ яъне саноатикунонии босуръати мамлакат ва амалисозии тарҳи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» нақши бориз гузошта, миллати созанда ва ихтироъкору навовар будани моро бори дигар ба ҷаҳониён собит месозад.

Нарзуллоева Шаҳноза Баҳруллоевна - ходими хурди илмии озмоишгоҳи “Фармакология”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин