Skip to main content

Аз 1-ум то 3-юми октябри соли 2024, дар меҳмонхонаи “Хилтон”, шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Чораҳои эътимодбахшӣ" дар доираи Конвенсияи манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ (КБСТ) баргузор шуда истодааст. Конфронси мазкур аз ҷониби Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои халъи силоҳ (UNODA) дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида истодааст.

Дар кори конфронс коршиносон аз Қазоқистон, Маҷористон, инчунин намояндагони вазорату идораҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияташон бо таъмини амнияти биологӣ алоқаманд аст, иштирок карда истодаанд. Илова бар ин, намояндагони Маркази байналмилалии илмӣ ва техникӣ (МБИТ) дар бораи имкониятҳои пешниҳоди лоиҳаҳо дар соҳаи амнияти биологӣ маърӯза мекунанд.

Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Илҳом Мирсаидзода дар семинар дар бораи чораҳои Ҳукумат оид ба баланд бардоштани сатҳи амнияти биологӣ дар кишвар суханронӣ мекунад. Дар суханронии худ, ӯ ташаббусҳои асосиро ҷиҳати таҳкими инфрасохтори миллӣ дар самти мазкур, ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ва аҳамияти риояи ӯҳдадориҳои КБСТ барои пешгирии таҳдидҳои биологиро равшан хоҳад кард.

Ҳадафи асосии конфронс – мубодилаи таҷриба ва беҳтарин амалҳои самаранок дар татбиқи чораҳои эътимодбахшӣ, инчунин баррасии қадамҳои муштарак барои баланд бардоштани сатҳи амнияти биологӣ дар минтақа мебошад. Иштирокчиён мушкилоти мавҷуда дар соҳаи муҳофизати биологиро баррасӣ карда, роҳҳои беҳтар намудани механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ барои пешгирии таҳдидҳо муҳокима мекунанд.

Семинар ҳамчун платформаи беназир барои таҳкими ҳамкории байни давлатҳои иштироккунанда ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин барои густариши ҳамкориҳо дар доираи КБСТ хизмат хоҳад кард.