Skip to main content

Озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар амал тадбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки муассиси озмуни мазкур Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар баргузории озмун масъулин бевосита саҳми бориз доранд.

Имрӯз (24.10.2024) даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" рафта истодааст. Дар робита ба ин масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рафти баргузории он назорат намуда истодаанд.