Skip to main content

21 феврли соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон” ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар ҳамоши идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону кормандон ва роҳбарони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳозиринро ба муносибати 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои муссаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳимми давлатдорӣ дар муддати кутоҳ муваффақ шавад.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон иброз менамоянд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими кишвар то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Ҳизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд.

Дар идома олимону кормандон маърузаҳои хешро доир ба таърихи таъсиси Артиши миллӣ моҳият ва хусусиятҳои он, рушду пешрафти он дар замони соҳибистиқлолӣ манзури ҳозирин намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиши идона зумрае аз шахсиятҳое, ки дар тули фаъолияти худ дар барқарорсозии Артиши миллӣ ва дар ҳифзи марзу буми ватан ҷовидона хизмат намудаанд аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.