Skip to main content

Дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон мақоми Зан- Модар дар сатҳи хеле олӣ қарор дорад. Муносибати ҳар шахс нисбат ба модар, хоҳар ва умуман зан- ин нишонаи одоби баланду ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карданд, ки «Зан – Модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад». Вақте Президенти мамлакат ба Зан-Модар чунин баҳои баланд дода бошанд, пас ҳамагонро месазад эҳтироми ин олиҳаи муҳаббату латофатро ба ҷо биоваранд.

123213Вақте сухан дар бораи муқаддасоте, ба мисли Ватан-Модар меравад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин ду арзиши воло барои ҳар тоҷик бо самимияти хос ва эҳсосоти ба дигарон таъсирбахш сухан мекунанд. Ман фикр мекунам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватанпарастиро аз Модари бузургашон омӯхтаанду мерос гирифтаанд ва ба фарзандони худ мерос мегузоранд. Ватанро ҳамчун Модар дӯст доштану Модарро ҳамчун Ватан иззату эҳтиром кардан — ин аст тоҷиквор дӯст доштани мамлакат, ки намунаи онро дар фаъолияти шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем.

Агар ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ рӯ биоварем, пас мебинем, ки модарону занони мо на танҳо паҳлавонҳо ба дунё меоварданд, балки худ, дар ҳолати зарурӣ ба мисли Гурдофарид ба дифои давлату сарзамини худ мебаромаданд.

Тоҷикзан дар ҳама давру замон соҳиби ифтихор, иффат, поквиҷдонӣ, шуҷоат ва меҳру садоқат буд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳазорон Гурдофаридон дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқ фаъолият доранд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки стереотипҳои куҳна ва ғайриинсонии диниро дар бораи занони ҷомеаи муосири тоҷик шикаст дод.

Мувофиқи ақидаҳои ғайриинсониимутаассибони динӣ, вазифаи зан аз таваллуди фарзанд ва аз кадбону будан иборат аст. Ҳамчунин мувофиқи ақидаи экстремистони динӣ таҳсил кардан, фаъолият кардан дар корхонаҳои давлатӣ, соҳибкорӣ кардан барои занони тоҷик манъ аст. Ба сифати далел муттаассибони динӣ афкори догматикии асримиёнагиро мисол меоваранд. Экстремистони динӣ, яъне меъморони давлати динмеҳвар бо такя ба ақидаҳои ифротии динӣ дар ҳама давру замон ба зан ҳамчун шахси дуюмдараҷа муносибат мекунанд, бехабар аз он ки ба занон ҳамчун ба шахси дуюмдараҷа муносибат намудан ба онҳо имконияти таҳсил ва фаъолият надодан, имконияти интихоби ҳамсар, интихоби касб ва ҳатто интихоби либосро надодан- ин ба нестӣ бурдани миллат аст. Танҳо миллатҳое, ки ба модар ва занони худ ҳамчун ба муқаддасоти миллӣ муносибат мекунанд, ба назари мо, соҳиби саодати комил хоҳанд буд.

Саломати зан, ҳолати равонӣ ва ҷисмонии ӯ инъикосгари саломатӣ ва ҳолати равонии тамоми миллат аст. Танҳо модар ва зани хушбахт метавонад насли солимро барои миллати худ ба дунё биоварад. Модарон ва занони тоҷик бо хизмати ҳаррӯзаи худ баҳри хушбахтии оила, таваллуд ва тарбияи фарзанд, бо саҳми худ дар таҳкими соҳибистиқлолии давлат сазовор ҳастанд, ки дар радифи муқаддасоти миллӣ ҷой гиранд.

Пешвои миллат тамоми кӯшишҳои худро ба он равона сохтаанд, ки барои занони тоҷикдилхоҳ шароитро барои таҳсилва фаъолияти меҳнатӣ фароҳам оваранд. Бо ибтикори Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ якчанд стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул гашта, барои фаъолияти занон имконияти васеъ фароҳам оварда шуд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ — маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Имрӯз ин ду соҳаи муҳим, ки барои тавлиди сармояи инсонӣ масъул аст, бо иқтидори занону духтарони тоҷик фаъолият карда истодаанд.

Пешвои миллат ҳамешатаъкид мекунанд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».

Рустам ҲАЙДАРЗОДА, - директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои фалсафа