Қидмати Наврӯз ва вуҷуди ин ҷашн ба замонҳои пеш аз шаклгирии давлатҳо дар қаламрави Ориёно ва қабл аз давраи модҳо ва Ҳахоманишиён бармегардад. Наврӯз дар Авасто зикр нашудааст, зеро Наврӯз як иди миллӣ маҳсуб мешуд ва Авасто як китоби динӣ буда, ҷашнҳои хоси худашро дошт. Аммо баъд аз гузашти замон саранҷом дини зардуштӣ ҳам ҷашни Наврӯз ва ҳам Меҳргонро мепазирад.
Дар устураҳои Наврӯз омадааст, ки ориёиён муътақид буданд, ки Худованд ҷаҳонро дар шаш рӯз офарид ва дар рӯзи шашум ба Офтоб фармони ҳаракат дод, то ҳама мавҷудот аз ҳарорату рӯшноии он мустафид шаванд ва ҳамон рӯз, ки Офтоб ба афлок шуруъ ба ҳаракат намуд, Наврӯз буд. Хайём ин мавзуъро дар «Наврӯзнома» чунин баён медорад: «Гӯянд чун Эзиди таборак ва таоло бад-он ҳангом, ки фармон фиристод, ки субот баргирад, то тобиш ва манфиати ӯ (Офтоб) ба ҳама чизҳо бирасад, Офтоб аз сари Ҳамал бирафт ва Осмон ӯро бигардонид ва торикӣ аз рӯшноӣ ҷудо гашт ва шабу рӯз падидор шуд ва он оғоз шуд мар таърихи ин ҷаҳонро».
Дар ғолиби достонҳои асотирӣ пайдоиши Наврӯз ба замони Пешдодиён нисбат дода шуда ва аз Ҷамшед подшоҳи машҳури Пешдодӣ ба унвони бунёдгузори ин ҷашн ёд гардида ва дар дарозои таърих Наврӯз бо номи ҷашни Наврӯзи Ҷамшедӣ низ маъруф будааст.
Хайём ривояти дигареро низ дар робита ба Наврӯз меоварад ва он чунон аст: Замоне ки Ҷамшед бар девон ғалаба намуд ва анвои саноеъро ба мардум омӯхт, бо уламо ва мубадон нишасте баргузор кард ва дар он нишаст аз уламо пурсид, чист ки ин подшоҳӣ бар ман боқӣ ва поянда дорад? Гуфтанд: «Дод кардан ва дар миёни халқ некӣ». Пас ӯ дод бигустурд ва уламоро бифармуд, ки рӯзи мазолим (додхоҳӣ ё шикояте аз зулм) ман бинишинам, шумо назди ман оед, то ҳар чи дар ӯ дод бошад, маро бинамоед, то ман он кунам ва нахустин рӯз, ки ба мазолим биншаст, рӯзи Ҳурмузд аз моҳи Фарвардин буд. Пас он рӯзро Наврӯз ном карданд».
Абурайҳон Берунӣ, ки навиштаҳояш дар заминаи Наврӯз ғанитарин ва муътабартарин осори мактуб аст, дар мавриди пайдоиши Наврӯз дар «Осору-л-боқия» навиштааст, ки «Ва чун Чамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд». Дар идома Берунӣ менависад, ки «Ва дар ин рӯз расм аст, ки мардумон барои якдигар ҳадя мефиристанд. Ва сабаб ин аст, ки найшакар рӯзи Наврӯз ёфт шуд. Ва чун Чамшед дид, ки он ширин аст, амр кард, ки оби ин найро берун оваранд ва аз он шакар созанд. Ва он гоҳ дар рӯзи панҷум шакар ба даст омад ва аз роҳи табаррук ба он мардум барои якдигар шакар ҳадя фиристоданд».
«Ва дар рӯзи шашуми ин моҳ, -менигорад Берунӣ, -Наврӯзи Бузург аст. Ва гӯянд, ки Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд. Дар ин рӯз Худованд Муштариро биёофарид ва фархундатарин соатҳои он рӯз соатҳои Муштарӣ аст». «Ва ҳар шахсе аз роҳи табаррук ба ин рӯз дар таште ҷав кошт. Сипас ин расм пойдор монд, ки рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт хел аз ғалла бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз рӯидани ин ғалла бар хубию бадии зироат ва ҳосили солиёна пешгӯи кунанд»- идома медиҳад Берунӣ.
Дар устураҳои наврӯзӣ гуфтаанд, ки дар айёми Наврӯз руҳи гузаштагон аз ҷойгоҳи осмонии худ ба замин, ба хонаҳои хешовандони худ боз мегардад. Бозмондагон барои хушии ҳар чи бештари руҳи гузаштагони худ хони наврӯзӣ бо ҳафт ғизои оғози ҳарфи ҳар калимааш бо шин шуруъ шуда меоростанд: Шаҳду ширу шаробу шакару, шамъу шамшоду шоя (мева).
Интихоби рақами ҳафт ба далели муқаддас будани он аст, мисли ҳафт кавокиб, ҳафт табақа, ҳафт осмон, ҳафт пушт ва ғайра.
Ба далели боварҳои исломӣ сирка ҷои шароби нобро гирифта ва ҳафт шин ба ҳафт син табдил шуда: Сир, себ, сабза, санҷид, сирка, сунбул, сипанд.
Аммо роҷеъ ба хони наврӯзӣ назари дигарест, ки ба ҳақиқати суннати Наврӯз бештар наздикӣ дорад. Дар ойинҳои наврӯзӣ барои чидани хони наврӯзӣ аз зарфҳои мунаққаши бисёр нафисе, ки аз Чин оварда шуда буд, истифода мекарданд ва онҳоро ба адади ҳафт амшоспанд (фаришта) (Баҳманамшоспанд, Шаҳриварамшоспанд, Сипандурмузамшоспанд, Хурдодамшоспанд, Урдубиҳиштамшоспанд ва Мурдодамшоспанд ҳамроҳ бо Аҳурамаздо) бар сари хонҳои наврӯзӣ мегузоштанд ва аз ин рӯ хони наврӯзӣ номи ҳафт чинӣ гирифта буд ва баъдҳо ба сурати ҳафт шин даромада аст.
Аммо Наврӯз дар таърих: Гарчи иттилои дақиқе аз Наврӯзи давраи Каёниён дар даст нест, аммо дар ин ки ойинҳои ин ҷашн дар рӯзгори онон риоя мешудааст, тардиде вуҷуд надорад.
Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Ориён
Шаҳду ширу шаробу шакари ноб,
Шамъу шамшоду шоя андар хоб.
Дар аҳди Ҳахоманишиён (солҳои ҳукумат 700-675–330 пеш аз милод) Наврӯз бо шукӯҳи хосе дар Тахти Ҷамшед баргузор мегашт. Ҳама чиз дар Тахти Ҷамшед барои бузургдошти ин ҷашн бино шуда буд. Пеш аз анҷоми ташрифоти Наврӯз бузургони шоҳаншаҳӣ ва намояндагони кишварҳо ба тахти Ҷамшед меомаданд ва ҳазорон чодар мезаданд. Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед 23 халқи пайрави шоҳаншоҳӣ ва дарбориён бо ҳамроҳи аспҳо ва гардунаҳои подшоҳӣ ва сарбозон дида мешаванд.
Барои шоҳ рӯзи аввал бори ом, яъне пазироии мурдум буд, дувумин рӯз баландпоятарин касон, аз шумори деҳқонон (ашроф) ва аъзои хонадони онҳоро мепазируфт, рӯзи сеюм мубадон пазируфта мешуданд, рӯзи ҷаҳорум хонаводаи худ ва наздикони хешро қабул мекард ва рӯзи панҷум фарзандон ва коргузорони худро мепазируфт ва ба ҳар кадоме, ки рутбаи баландтареро шоиста буд, арзонӣ медошт ва рӯзи шашум шоҳ Наврӯзро барои худ дар хилват ҷашн мегирифт.
Он тавре ки аз катибаҳои даврони Ҳахоманишӣ бармеояд, замони оғози соли нав, замони мушаххас ва дақиқе надошта, балки тағйир меёфтааст. Бино ба ахбори ин катибаҳо дар сартосари даврони Ҳаҳоманишӣ замони оғози соли нав аз 21 исфандмоҳ (12 март) то 9 урдубиҳишт (29 апрел) дар гардиш будааст.
Аз ахбори сангнавиштаҳои Дориюши Бузурги Ҳахоманишӣ (солҳои подшоҳӣ 521-486 пеш аз милод) дар Бесутун маълум мешавад, ки соли нав дар ин аҳд дар фасли тирамоҳ ё поиз оғоз мешуд ва ҷашни Меҳргон ҷашни иди аввали сол буд. Дар охири фармонравоии Дориюши Бузург тақвими хуршедиро пазируфтанд ва бар тибқи он сол ба дувоздаҳ моҳи сирӯзӣ ва ба изофаи панҷ рӯзи изофӣ (онро панҷи дуздида низ мегуфтанд) тақсим мешуд ва дар эътидоли баҳорӣ оғоз мегардид. Ин сол аз ойини митроии куҳан гирифта шуда буд ва ба соли дини зардуштӣ мубаддал гашт.
Наврӯз дар замони Дориюши Бузург дар Миср роиҷ гардид ва инчунин бархе усули гоҳшумории мисриёнро Ҳахоманишиён иқтибос карданд.
Бо шинохти таърихи дудмони Ашконӣ (солҳои подшоҳӣ 250 пеш аз милод – 226 мелодӣ) ва бо пайдо кардани осори бостонии аҳди Ашконӣ, мисли сафолнавиштаҳо дар харобаҳои шаҳри Нисо (18 км шимолу ғарбии Ашқобод) маълум гардид, ки Наврӯз дар даврони шоҳаншоҳии онон ва айёми қадимтар аз ду ҳазор сол пеш дар оғози баҳор будааст. Бояд гуфт, ки пас аз замони ҳукумати селевкиҳо, ҳарчанд, ки Ашкониён аз ақвоми ориёӣ ва зардуштимазҳаб буданд, вале тасаллути 80 солаи юнониён дар онҳо асар карда, дар хусуси одобу русуми аҷдодӣ бетараф буданд, аз ин рӯ дар аҳди Ашкониён Наврӯз бештар аз ҷониби мардум ҷашн гирифта мешудааст. Аммо дар охири давраи ҳукмронии 486 солаи онҳо, дубора ба сунану анъаноти аҷдоди хеш баргаштан дар онҳо қувват гирифт.
Дар тамоми даврони Сосониён (солҳои подшоҳӣ 226-651) Наврӯз чун ҷашни миллӣ ба шумор мерафт. Ба ҳамин ҷиҳат ҳатто мардуме, ки пайрави ойини зардуштӣ набуданд, мисли оромиён, арманиён ва гурҷиён, аммо дар ҳавзаи ҳукумати Сосониён зиндагӣ доштанд, низ дар он ширкат доштанд. Мисли замони Ҳахоманишиён дар ин аҳд низ панҷ рӯзи аввали фарвардин чашни Наврӯз гунаи ҳамагонӣ доштааст ва онро Наврӯзи Омма ва ё Наврӯзи Кучак номидаанд. Наврӯзи Бузург ё Хурдодрӯз, ки шашумин рӯзи фарвардинмоҳ аст, назди Сосониён бисёр муҳим буд. Ба ин рӯз бисёр ҳодисаҳоро иртибот медиҳанд, мисли зода шудани Зардушт ва ба пайғамбарӣ баргузидани ӯ, вуқуи растохез дар ин рӯз. Дар тақвимҳои суғдӣ ва хоразмӣ рӯзи таваллуди Сиёвуш рӯзи шашуми фарвардинмоҳ аст ва бо ин сол оғоз мешуд.
Низомулмулки Тусӣ вазири машҳури салотини Салҷуқӣ нуктаи муҳиме дар бораи яке аз суннатҳои ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён дар «Сиёсатнома» сабт кардааст. Ӯ менависад, ки «расми мулуки Аҷам ҷунон будааст, ки рӯзи Наврӯз ва Меҳргон подшоҳ иҷозаи дидори оммаи мардумро медодааст ва ҳеҷ касро монеа аз дидори подшоҳ набудааст. Ҳар кас қиссаи хеш навишта ва шикояти худро омода мекард ва шоҳ номаҳо ва шикоятҳои мардумро як-як баррасӣ менамуд. Агар аз шоҳ шикояте мешуд, мубади мубадонро довар таъйин карда, шоҳ аз тахт ба зер меомад ва пеши мубад ба дузону менишаст ва мегуфт: «Нахуст аз ҳамаи довариҳо доди ин мардро аз ман бидеҳ ва ҳеҷ майлу муҳобо макун». Он гоҳ мунодӣ кардӣ, ки «ҳар киро бо малик хусумате ҳаст, ҳама ба як сӯ бинишинанд, то нахуст кори шумо бигзорад». Пас мубад ба доди мардум расидагӣ мекард ва дод ба тамомӣ меситонд ва агар касе бар малик даъвии ботил карда буд, уқубати бузург ба ӯ медод ва мегуфт: «Ин сазои он касест, ки бар малик ва мамлакат айб ҷӯяд ва ин далерӣ кунад». Дар идома Низомулмулк менависад, ки аз вақти Ардашер Бобокон то ба рӯзгори Яздигурд ҳам бар ин ҷумла буд ва Яздиҷурд расмҳои падаронро бигардонид ва андар ҷаҳон бедод кард, суннатҳои бад ниҳод ва мардумон дар ранҷ афтоданд». Дар воқеъ ин расм тавассути Яздигурди дувуми Сосонӣ, писари Баҳроми Гӯр, ки солҳои 439-459 подшоҳӣ кардааст, аз миён бардошта шуд.
Дар ойини наврӯзии Сосониён адади ҳафт аҳамият доштааст. Сосониён дар Наврӯз ҳафт донаро бар ҳафт сутун мекоштанд ё ноне мепухтанд аз ҳафт ғаллаи мухталиф.
Таваҷҷуҳе, ки Наврӯз дар замони Сосониён аз он бархӯрдор буд, дар мусиқии онҳо низ инъикос шудааст. Дар миёни оҳангҳои даврони Сосонӣ, номҳои Наврӯз, Сози Наврӯз, Наврӯзи Бузург ва Наврӯзи Қубод хеле маъруфанд.
Баъд аз густариши ислом дар сарзамини Хуросони Бузург аз ҷалоли ҷашни Наврӯз коста мешавад. Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ба ҳангоми тавсифи ҷуғрофиёии деҳи Варахша, ки дар наздикии Бухорост, менависад, ки дар ин деҳ ҳар 15 рӯз бозор доир мешавад. Ва чун бозори охир бошад, 20 рӯз бозор кунанд ва рӯзи 21 Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи кишоварзон гӯянд.
Дар миёни ҳама ҷашнҳое, ки пас аз ислом дар қаламрави Хуросони Бузург ба далели бетаваҷҷуҳии ҳокимон ба фаромӯшӣ супорида шуданд, Наврӯз тавонист ҷойгоҳи худро ба унвони ҷашни миллӣ ҳифз кунад. Далели пойдор мондани Наврӯз дар фарҳанги мо ин пайванди амиқи ин ҷашн бо ойинҳои миллати мо, таърихи кишвар ва ҳофизаи фарҳангии мо тоҷикон аст.
Гуфта мешавад, ки арабҳо пас аз фатҳи қаламрави Эрон ва Хуросони Бузург молиёти сангине барои баргузори ҷашни Наврӯз ва Меҳргон вазъ карданд. Халифаҳои Умавӣ ва Аббосӣ низ ин равияро идома доданд, агарчи баъдҳо худи халифаҳо дар ҷашни Наврӯз ҳузур пайдо мекарданд. Аз баргузории ойинҳои наврӯзӣ дар замони Умавиён мадраке дар даст надорем, аммо дар замони хилофати Аббосиён ба гуфтаи Табарӣ Муътазиди Аббосӣ (892-902) мардуми Бағдодро аз барафрӯхтани оташ дар рӯзи Наврӯз ва пошидани об ба рӯи роҳгузарон манъ кард, вале пас аз нигаронӣ аз эҳтимоли ошӯби мардум фармони худро пас гирифт. Бино ба хабари Табарӣ Муътазиди Аббосӣ соли 282 ҳ.қ./895/96) дастур дод, ки «бахшнома ба тамоми ақтори кишвар содир шавад, ки Наврӯзро дар ёздаҳуми моҳи Ҳазирон муқаррар кунанд ва Наврӯзи аҷамиро Наврӯзи муътазидӣ биноманд. Бахшномаҳо аз шаҳри Мавсил ба ҳама ҷо содир шуд, зеро Муътазид дар он замон дар Мавсил иқомат намуда буд. Ӯ дар ин тағйир ва табдил рифоҳи мардумро манзур дошт, зеро хироҷро ҳамеша дар Наврӯз мегирифтанд ва бо ҳолу вазъи мардум татбиқ намешуд».
Аббосиён гоҳе барои пазириши ҳадяҳои мардум аз Наврӯз истиқбол мекарданд.
Бо рӯи кор омадани силсилаҳои Тоҳириён. Саффориён, Сомониён ва Оли Буя ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештаре баргузор мешуд. Дар ин давраҳо шоирон бо фаро расидани Наврӯз дар ситоиши он шеър месароиданд ва ба шоҳ фарорасии Наврӯзро шодбош мегуфтанд. Байҳақӣ аз шукӯҳи маросими Наврӯз дар дарбори Ғазнавиён навиштааст ва шоирони ин дарбор чун Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Унсурӣ ва Саъди Салмон дар ситоиши Наврӯз шеърҳо сурудаанд. Аз ҷумла Унсурӣ дар пешгоҳи султон Маҳмуд ин чакомаро суруда буд:
Боди наврӯзӣ ҳаме дар бустон бутгар шавад,
То зи сунъаш ҳар дарахте луъбати дигар шавад.
Боғ ҳамчун кулбаи баззоз пурдебо шавад,
Бод ҳамчун талбаи аттор пуранбар шавад…
Рӯз ҳар рӯзе бияфзояд чу қадри шаҳриёр,
Шаб чу умри душманони ӯ ҳаме камтар шавад.
Дар даврони Салҷуқиён ба дастури Ҷалолиддини Маликшоҳ теъдоде аз мунаҷҷимон, аз ҷумла Хайём барои беҳсозии гоҳшуморӣ ҷалб шуданд. Ин гурӯҳ Наврӯзро дар замони вуруди офтоб ба бурҷи ҳамал қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Бар асоси ин гоҳшуморӣ, ки ба тақвими Ҷалолӣ маъруф шуд, барои собит мондани Наврӯз дар оғози баҳор муқаррар шуд, ки ҳудудан ҳар чаҳор сол як бор (гоҳе ҳар панҷ сол як бор) теъдоди рӯзҳои солро ба ҷои 365 рӯз 366 рӯз дар назар бигиранд. Ин гоҳшумор аз соли 392 ҳиҷрӣ /1001-1002 оғоз гирифт.
Дар Ҳинд низ ҷашни Наврӯз пешинаи таърихӣ дар фарҳанги он дорад. Ба хусус аз оғози ҳукумати Бобуриён дар ин сарзамин Наврӯз шукӯҳи ҷашни миллиро ба худ гирифт, ки дар он Ҷалолуддин Муҳаммади Акбар (1542-1605) нақши муҳиме дошт. Ӯ соли 1584 (992 ҳ.) тақвими исломиро мансух ва тақвими хуршедии эрониёнро ба ҷои он ривоҷ дод. Акбар, ки зиндагиномаи худро ба форсии тоҷикӣ навишт, менигорад, ки бо зинда кардани ҷашнҳои куҳан, ки ба муддати ҳазор сол аз ривоҷ афтода буд, шодӣ ба хотираҳои маҳзуну ғамгин боз гардонад. Далели ин иқдомро хости хушнудии Худованд хондааст. Ҷашни Наврӯз дар солҳои салтанати Ҷаҳонгир (1605-1627) ҳар сол аз ибтидои фарвардин то ҳаждаҳуми ҷашни Наврӯз бар пой мешуд ва рӯзи нуздаҳум бо баргузории Ҷашни Шараф поён меёфт. Бар асоси асноди таърихӣ Нурҷаҳон маликаи ин дарбор аз мунаҷҷимон мехост, ки ранги марбут ба солро ба ӯ бигӯянд, то деворҳо, пардаҳо, фаршҳо ва либоси канизҳоро ба ҳамон ранг тағйир диҳад. Дар дарбори писари Ҷаҳонгир – Шоҳҷаҳон (1628-1658), ки Тоҷмаҳалро сохтааст, баргузории Наврӯз идома ёфт. Аммо дар замони Аврангзеб, ки пас аз Шоҳҷаҳон ба тахт нишаст ва шоҳи мутаассиб буд, ҷашни Наврӯз мутаваққиф шуд.
Наврӯз пас аз ҳазорсолаҳо ҳанӯз ҳам бар андешаву фарҳанги ҳавзаи тамаддуни ороиёӣ тасаллут дорад ва тавонистааст марзҳои ақидатиро дарҳам бишканад.
Наврӯз ҳамон гуна ки ҳазорон сол пеш барои ориёиён эҳсоси шукуфоӣ, қудрат, покӣ, сафо ва садоқатро медод, имрӯз барои мо чун риштаест, ки моро ба ғанову азамати куҳансарзаминамон пайванд медиҳад ва барои ҳамин аст, ки Наврӯз тавонистааст аз мушкилоти бузургу ҳавлноки садаҳо бигзарад ва худро то рӯзгори мо ба саломат бирасонад.
Наврӯз агар муҷассамае аз Зардушт ё Буддо мебуд, шояд акнун дигар вуҷуд надошт, Наврӯз агар ниёише барои Аҳурамаздо мебуд, шояд инак фаромӯш гардида буд; Наврӯз агар суруде дар васфи Иронвиҷ мебуд, шояд инак бемафҳум ва ғариб ҷилва менамуд. Аммо Наврӯз на муҷассамаест, ки бишканандаш ва на сурудест, ки фаромӯш шавад. Наврӯз руҳи миллати мост, ки дар дарозои таърих бо таҳаммули ҷабру ситами турку тозӣ бо қомати росту босалобат аз ғурури миллӣ ва фарҳангамон посдорӣ намуд.
Дар ихтитоми сухан ба расми табрикоти наврӯзӣ аз паёмбари ғазали форсӣ-тоҷикӣ - Саъдӣ имдод меҷӯем:
Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бод ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бод ин рӯзу ҳама рӯз.
Чу оташ дар дарахт афканд гулнор,
Дигар манқал манеҳ, оташ маяфрӯз
Чу наргис чашми бахт аз хоб бархост,
Ҳасадгӯдушманонро дида бардӯз.
Баҳоре хуррам аст, эй гул куҷоӣ?
Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз.
Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,
Бародар, ҷуз накуномӣ маяндӯз
Накуӣ кун, ки давлат бинӣ аз бахт,
Мабар фармони бадгӯи бадомӯз…
ҲАМЗА КАМОЛ - профессор