
«ҶАВОНОН ВОРИСОНИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ, СОҲИБОНИ ВАТАНИ АҶДОДӢ ВА ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ МЕБОШАНД».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷавонон дар ҳамаи давру замон қувваи пешбаранда, нерӯи фаъоли ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ба шумор мераванд.
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату Ҳукумат ғамхориҳои зиёде нисбат ба ин қишри ҷомеа равона гардидаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомӯзиву дониш андӯзӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳисси ватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ гардида истодаанд.
Яке аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон ин мебошад, ки соли 1997 бо дастгирии Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар рушди солимии ҷавонони кишвар то ба имрӯз мақоми таъсирбахш дорад. Маҳз бо дастгирии ин Кумита, ҷавонон бо бисёр дастовардҳо ноил гардида, бо роҳбаладии он дар бисёри озмунҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар иштирок намуда ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.
Бо мақсади мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани таълим имрӯзҳо дар мамлакат як қатор муассисаҳо бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд гардидаанд, ки ин барои рушди зеҳни наврасону ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеъи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд ба хубӣ таъмин созанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо ба ҷойҳои нави корӣ дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ намуда, бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 қайд гардид, ки “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.
Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан, наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳимми фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем.
Бо ин мақсад дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш бунёд карда шуд, ки нисбат ба 70 соли сохти гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад.
Мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор мекунем.
Инчунин, ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ низ боиси ифтихору шараф ва дар айни замон масъулияти мо дар самти муаррифии бештари он дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим ҳамчун рамзи эътирофи нақши созандаи ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар шинохта шудааст. Ин рӯз на танҳо як ҷашн, балки эъломи муҳими сиёсӣ ва ахлоқист: давлат ба ҷавонон бовар дорад, ба онҳо такя мекунад ва рушду шукуфоии кишварро дар дасти онҳо мебинад.
Мавлододова Ш.Х., мутахассиси пешбари шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
- Мақолаҳо 24 ИЮН 25
Categories
Наворҳои видеоӣ
Имрӯз, 23 июн дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ аъзоёни фаъоли КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боздид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми апрели солӣ равон ифтитоҳ гардида, намунаи олии фарҳанги миллӣ ва маҷмуи арзишҳои моддиву маънавӣ маҳсуб меёбад.
Дар Осорхонаи мазкур тамоми дастовардҳо ва фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз замони таъсис то инҷониб таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шудаанд.
ИНЪИКОСИ ДАСТОВАРДИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВЕБСАЙТИ "АЛ - МОВАТЕН" - И МИСР
Тавре иттилоъ дода будем Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)- ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарëфт намуд.
Ин дастовард дар баробари инъикос дар шабакаву расонаҳои иттилоотии дохилии ҷумҳурӣ дар расонаҳои иттилоотии кишварҳои хориҷӣ низ ба табъ расида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки санаи 12 июни соли равон дар бораи бомуваффақият гузаштани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ дар вебсайти интернетии хабарии арабзабон "Ал- Моватен"- и Ҷумҳурии арабии Миср матлаб ба нашр расидааст.
Имрӯз, 19 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи ифтитоҳи озмоишгоҳ ҳамзамон аз Боғи ботаникии Помири Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозид намуданд.
Зимни бозид иттилоъ дода шуд, ки Боғи ботаникии Помир дар заминаи Институти биологии Помир буда, соли 1940 таъсис дода шудааст ва асосгузор ва директори дойимии он то соли 1965 доктори илмҳои биологӣ, профессор А.В.Гурский буд, ки имрӯз Боғ номи ӯро дорад.
Бояд гуфт, ки самтҳои асосии таҳқиқот - интродуксия ва акклиматизатсияи растаниҳо, кабудизоргардонии шаҳру деҳаҳо, тайёр кардани маводи шинондании растаниҳои гулдори ороишӣ, муайян кардани соҳа ва захираҳои ашёи хоми растаниҳои табобатӣ мебошад.
Боғи набототи Помир ба сифати лабораторияи табиӣ баҳри омӯзиши фаъолияти ҳаётии растаниҳо дар шароити баландкӯҳ таъсис дода шудааст. Он муассисаи махсусгардонидашудаи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-маърифатӣ буда, баҳри захира намудани генофонди растаниҳои гуногуни маҳалӣ ва аз ҷойҳои дигар овардашуда, омӯзиши дақиқи хусусиятҳои экологию биологии онҳо, истифодаи пурсамари навъҳои пурқиммати онҳо дар кабудзоркунӣ, хоҷагии кишлоқ, саноати хӯрокворӣ ва тиб хизмат мерасонад.
Боғи наботот ҳамчун музеи зиндаи ба худ хоси табиати Помир буда, дар он намояндагони асосии олами набототи ин кишвари кӯҳсор гирд оварда шуда омӯхта мешаванд.
Гуфта шуд, ки Боғи набототи Помир дар байни боғҳои набототи тамоми дунё мавқеи махсус дорад. Вай ҳамчунин манбаи тухмии набототи баландкӯҳ таваҷҷӯҳи боғҳои мамолики дигарро ба худ ҷалб менамояд. Боғ ҳар сол 200 намунаи тухмӣ аз минтақаҳои гуногуни дунё дастрас менамуд. Мубодилаи тухмӣ бо 25 суроғаи муассисаҳои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва қариб 40 суроғаи мамлакатҳои хориҷа ба амал бароварда мешавад. Боғи наботот дар ниҳолхонаҳо ва коллексияи наботот зиёда аз 30 ҳазор намуду шакл ва навъи растаниҳоро аз омӯзиш гузаронид.
Таъкид гардид, ки дар ҳудуди Боғи наботот осорхонаи «Табиати Помир» ташкил дода шудааст. Дар он зиёда аз 800 нигора гирд оварда шудаанд, ки шароитҳои табиати Помир, намояндагони асосии олами набототу ҳайвоноти онро шарҳ медиҳанд. Хазинаи растаниҳои Боғ қариб аз 4000 намуду навъҳо иборат аст, ки онҳо дар коллексияҳои наботот ва растаниҳои маҳаллии ҳудуди мамнӯнгоҳ мавҷуданд. Дар коллексияҳо қариб 3000 намуд, шаклу, навъи дарахту буттаҳо ва алафҳо гирд оварда шудаанд.
Нақшаи асосии тармими Боғи ботаникӣ ва сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ тартиб дода шуда, амалӣ гардонида шуд. Дар натиҷа масоҳати боғ то 118 га, масоҳати шӯъбаҳои флоравӣ то 2-4 маротиба зиёд карда шуд. Коллексияи растаниҳои Боғ ар рӯйи принсипи ҷуғрофӣ тартиб дода шудааст. Дар он растаниҳои Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ҳимолой ва Ҳиндукуш, Аврупо, Қриму Кавказ ва Амрикои Шимолӣ мавҷуданд.
Имрӯз, 19 июн дар Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи озмошгоҳ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону кормандон миззи мудаввар баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш аз дастигириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароти мусоиди корӣ барои олимон ва пеш аз ҳама таъмини сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар ёдовар гардид.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, ҳифзи истиқлоли комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.
Гуфта шуд, ки ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Агар хуб ба умқи ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки зери ин вожаи гуворо ҷуз аз шодиву нишот, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, якпорчагиву осоиштагӣ чизи дигаре нест.
Дар ҳақиқат сулҳу ваҳдат неъмати бузург аст. Дар ҳар миллату давлате, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ҳукмронӣ менамояд, сокинони он кишвар дар фазои сулҳу субот нафаси озод мекашанд ва аз якпорпчагӣ, осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, ва истиқлоли миллӣ ифтихор мекунанд.
Имрӯз, 19 июн бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи замонавии биотехнология бо асбобу таҷҳизотҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва олимону кормандон иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, ки марҳила ба марҳила базаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беҳтар гардонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар як муддати кӯтоҳ бо ташббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар пояи 7 муассисаи илмӣ таҳқиқотӣ озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуданд, ки барои пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотии олимону кормандони ин муассисаҳо мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки озмоишгоҳи мазкур ба самти илмҳои биологӣ рабт дошта, олимону муҳақиқони ин самт минбаъд метавонанд бо фароҳам гардидани шароити мусоид корҳои илмию таҳқиқотии хешро дар ин самт пеш баранд. Бояд гуфт, ки озмоишгоҳ бо тамоми асбобу таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст, ки ҳадафи асосии он омӯзиши асосҳои физиологӣ-биохимиявии устуворияти растаниҳо нисбати таъсири омилҳои номусоиди экологӣ ва механизмҳои мутобиқшавии онҳо ба таъсири шароити номатлуби баландкӯҳҳо машғул буда, барои муайян кардани нақши нурҳои ултрабунафш ва ҳарорат дар ташшакулёбии ҳосилнокии растаниҳои баландкӯҳ корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш бурда истодааст.
Ғайр аз ин озмоишгоҳ ба омӯзиш ва коркарди технологияи парвариши растаниҳои полезӣ, гулдор ва ороишӣ дар гармхонаҳое, ки дар асоси гармии обҳои геотермалии Помир кор мекунанд фаъолияти худро пеш мебарад.
Имрӯз, 19 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва олимону кормандон дар ҳошияи ифтитоҳи озмоишгоҳ ҳамзамон аз намоиши дастовардҳои олимону кормандони Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ШАРҚИ МИЁНА ВА НАЗДИК: ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО
Имрӯз, 17 июн дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик: ҳолат ва дурнамо” баргузор шуд. Конференсияи мазкурро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ифтитоҳ намуданд.
Президенти Академии миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба кори конференсияи ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик андешаронӣ намуданд. Дар кори конференсия беш аз 28 нафар олимону муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ватанӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои мухталифи марбут ба авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми кори конференсияи илмӣ ЭЪЛОМИЯ қабул карда шуд, ки дар он дувоздаҳ пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик аз ҷониби коршиносони соҳа тавсия гардид.
Инчунин, аз ҷониби мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт номзади илмҳои филология Зиёев Субҳиддин Насриевич ҷиҳати дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба Президенти АМИТ академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва директори Институт профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва барои гузориҳои илмии арзишманд ба гузоришгарон ва меҳмонон изҳои миннатдорӣ баён карда шуд.