Skip to main content

Имрӯз, 23 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ – омили рушди ҷомеаи Тоҷикистон” баргузор гардид.

Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшда таъкид дошт, ки бо сипарӣ гардидани 28 сол аз ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мақому манзалати кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистонро дар баробари кишвару орому осуда, ҷонибдори сулҳу ваҳдат, дорои суботу амният эътироф намудан, ҳамчунин, онро ба ҳайси яке аз кишварҳои ташаббускор эътироф менамояд, ки дар сархати ҳамаи ин иқдомҳову ибтикороти накуву созанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Гуфта шуд, ки таърих ва мардуми баору номуси Тоҷикистон шахсиятҳои фидокореро чун Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳифзи манфиатҳои миллату сарзамин барояш баробари ҷон азиз аст, ҳамеша эҳтиром мекунад ва ба корнамоиҳояш арҷ мегузорад.

Бояд гуфт, ки корнома, рӯзгор, кору пайкор ва фаъолияти бунёдкоронаву созандаи шахсияте чун Пешвои муаззаму маҳбуби мардуми кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинатафзойи саҳифаҳои таърихи имрӯзу ояндаи миллату сарзамини биҳиштосои мо хоҳад гашт.

Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ асоси пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон”, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо Пирумшоев дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ: назаре ба таърих ва дастовардҳо”, инчунин докторанти курси 3- юми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Ҳангомаи Мирзошариф дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ – кафолати субот ва рушди устувори Тоҷикистон” маъруза намуданд.