озмун барои пешниҳоди лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки илм ва технология
озмун барои пешниҳоди лоиҳаҳои муштарак
дар самтҳои афзалиятноки илм ва технология
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар заминаи Ёддошти тафоҳуми тарафайн аз моҳи августи соли 2017 ва Протоколи ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниидоравии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои зерини илм ва технология озмун эълон менамоянд:
- мониторинг ва идоракунии захираҳои об, технологияҳои сарфаи об ва бехатарии оби нӯшокӣ;
- таҳия ва истифодаи технологияҳои энергияи атомӣ, гидроэнергетика, энергияи шамол ва офтоб;
- моделсозӣ ва тарҳрезии додаҳои калон, зеҳни сунъӣ, шабакаҳои 5G, технологияҳои зондкунии фосилавӣ, маводшиносӣ, татбиқи технологияҳо дар саноат ва кишоварзӣ;
- мониторинги таъсири тағирёбии иқлим ва таҳияи вокунишҳо;
- технологияҳои муосири кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, бехатарии озуқаворӣ ва чорводории муосир;
- экология ва ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи гуногунии биологӣ, таҳияи чорабиниҳо оид ба пешгирии ифлосшавӣ ва бехатарии муҳити зист;
- пешгирӣ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла хатари офатҳои метеорологӣ, геологӣ, ҳашароти зараррасон ва бемориҳо;
- биофармасевтика, пешгирӣ ва табобати бемориҳои хавфноки сироятӣ ва техникаи тиббӣ;
- таҳқиқот, коркард ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
- мушоҳидаҳои астрономӣ.
Дар озмун метавонанд муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок намоянд.
Озмун барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои авзалиятноки илм ва технология дар се марҳила гузаронида мешавад. Талабот барои таҳияи лоиҳаи дархостӣ ва шаклҳои дархостии марҳилаҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад.
Дар марҳилаи аввал лоиҳаҳои дархостӣ бояд мутобиқ ба шакли дархостии ШД № 1 (замима мегардад) то 5 июни соли 2024, соати 17:00 ба суроғаи зерин ирсол карда шаванд:
734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 33, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, утоқи 44.
Шахси масъул барои қабули лоиҳаҳо: Мирвайсов Маъмур - мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷиткистон.
Тел.: (+992 37) 2215315 (+992) 934322277. E-mail: mirvaise@gmail.com
ТАЛАБОТ БАРОИ ТАҲИЯИ ЛОИҲАҲОИ ДАРХОСТӢ
Дар озмуни лоиҳаҳои муштарак оид ба самтҳои афзалиятноки илм ва технология метавонанд муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок намоянд.
Озмун барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки илм ва технология дар се марҳила гузаронида мешавад.
Лоиҳаҳои дархостӣ дар марҳилаи аввал бояд тибқи талаботи зерин пешниҳод карда шаванд:
1. Шарҳи мухтасари лоиҳа (муҳиммият, мақсаду вазифаҳои лоиҳа ва натиҷаҳои интизорӣ).
2. Маълумотнома оид ба роҳбар ва иҷрокунандагони лоиҳа.
3. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шарики лоиҳа аз ҷониби муассисаи илмии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати ҳамкорӣ дар доираи лоиҳа (пешниҳоди ёддошти тафоҳум ё шартнома).
Ҳангоми таҳияи лоиҳа неруи зеҳнӣ, инфрасохтори муассисаи илмӣ, вақти кормандон барои иҷрои лоиҳа ва ҷалби воситаҳои заруриро барои татбиқи лоиҳа дарҷ намудан зарур аст.
Роҳбари лоиҳа бояд дорои дараҷаи доктори илм бошад ва дар самти лоиҳа собиқаи корӣ дошта бошад.
Маблағгузорӣ ва муҳлати иҷрои лоиҳа
Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Ҳалқии Хитой барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараке, ки дастгирӣ меёбанд ба муассисаҳои илмие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Ҳалқии Хитой иштирок мекунанд дар ҳаҷми на камтар аз 1 млн юан (тақрибан 160 000 доллари ИМА) маблағгузориро пешбинӣ намудааст. Муассисаҳои илмие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштарак иштирок мекунанд бояд сарчашмаҳои иловагии маблағгузориро дарёфт намоянд ё барои амалӣ намудани лоиҳа тарафи сеюмро ҷалб намоянд.
Муҳлати татбиқи лоиҳа 2 солро фаро мегирад.
Лоиҳаҳои дархостӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд.
Лоиҳаҳое, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯй нестанд баррасӣ карда намешаванд.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Тавре, ки иттилоъ дода будем, рӯзҳои 21 - 28 - уми январи соли 2025 сокинони дунё шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд.
Дар ин асно кормандони илмии Институти астрофизикаи АМИТ муддати се шаб дар Расадхонаи астрономии Ҳисор ба хонандагони Муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷиҳати мушоҳидаи сайёраҳо, ки дар як саф қарор гирифтаанд, экскурсия гӯзарониданд.
Ҳоло дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия бо ташаббуси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ ҷараён дорад.
Чорабинӣ рӯзи 27 январ оғоз шуда, рӯзи 31 январ ба анҷом мерасад.
Дар чорабинии мазкур н.и.т. Кодиров Анвар Саидкулович, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (мутахассиси самти гидрологияи изотопӣ) ширкат варзид.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур аз мубодилаи таҷриба ва баррасии истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ иборат буда, барои рушди минбаъдаи ин усул номгӯи чорабиниҳо коркард гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, гидрологияи изотопӣ яке соҳаҳои илм маҳсуб меёбад, ки равандҳои гардиши гидрологиро бо истифода аз изотопҳои устувор ва радиоактивӣ меомӯзад. Ин усулҳои беназири омӯзиши манбаъҳои об, синну сол, гардиш, бухоршавӣ ва таъсири мутақобила бо дигар ҷузъҳои муҳити зистро пешниҳод мекунад.
Рӯзи 28 январи соли 2025 Кодиров А.С. дар мавзӯи “Ensuring water availability in Central Asia amid a changing climate” бо забони англисӣ баромад намуданд.
Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, мақоми маркази минтақавиро барои давлатҳои Осиёи Марказӣ расман сазовор шуд
23 январи соли 2025 дар қароргоҳи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия маросими тантанавии супоридани лавҳа ба маркази минтақавии Тоҷикистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он сатҳи баланди мутобиқати Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядрои (ХБРЯ),-ро ба талаботҳои АБНА инъикос менамояд. Дар асоси ин аккредитатсия, Марказ расман мақоми Маркази минтақавиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сазовор шуд.
Маълумоти бештар дар телеграми мо: https://t.me/akademia55
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, санаи 24 январи соли 2025 зимни нишасти дувоздаҳуми ин иқдом дар АМИТ бо иштироки узви вобастаи АМИТ профессор, сиёсатшинос Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзуи “Санъати суханварӣ" хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар раванди чорабинӣ Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба ҷанбаҳои гуногуни баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба илму олимон сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуд.
Аз ҷониби гузоришгар устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ба олимони ҷавон роҳу усул ва тарзи баён ҳамчун маслиҳату машварат баён карда шуд ва ниҳоят саволу ҷавобҳо баргузор карда шуда дар музокира олимони ҷавон фикру андешаҳои худро оид ба масалаи санъати суханварӣ баён намуданд.
Санаи 23.01.2025 дар Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ маҷлиси умумии кормандони Марказ дар ҳошияи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рузи 17.01.2025 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, бо иштироки Раиси Шуъбаи илмҳои биология, д.и.б., профессор Мирзораҳимзода А.К. гузаронида шуд. Дар маҷлис ҳамаи кормандон ширкат варзиданд.
Дар маҷлис натиҷаҳои асосӣ ва камбудию норасогиҳои фаъолияти илмию ташкилии Марказ дар соли 2024, нақшаи кории фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеи Шуъба ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда шуданд.
Инчунин дастуру супоришҳо оид ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ, яхобмони боғу киштзорҳо ва шинонидани дарахту буттаҳо, қаламчакунии гули садбарг ва ғайраҳо дасуру супориш дода шуд.
24 январи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни Сада Конференсияи илмию – амалӣ таҳти унвони «Ҷашни Сада ва моҳияту арзишҳои миллии он» баргузор гардид.
Зимни суханронии ифтитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба ҷашнҳои миллии тоҷикон ва барои аз нав эҳё кардани онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, мақоми онҳоро то ба сатҳи байналмилалӣ боло бурданд.
Бояд гуфт, ки ҷашну маросими фарҳангию суннатӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи умумиятҳои гуногуни башарӣ ба шумор мераванд. Маҳз ба туфайли пуштибонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат ҷашнҳои миллӣ, махсусан Наврӯзи оламафрӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, дар сатҳи хеле баланд таҷлил мегарданд.
Таъкид гардид, ки тоҷикон аз зумраи он миллатҳои куҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашонро алорағми фишорҳои мафкураҳои ҳоким дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд.
Зикр гардид, ки Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст.
Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.
Ҳамин аст, ки барои дубора эҳё ва ҳифзи Ҷашни Сада маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.
Ёдовар мешавем, ки 6 декабр соли 2023 зимни иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки намояндагони муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доштанд “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Дар идома директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ Фарангиз Шарифзода дар мавзуи «Сада ҷашни мулуки номдор аст» ва мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш Абувалӣ Шарифзода дар мавзуи «Таърихи ташаккул ва таҳаввули ҷашни Садда», сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Тоҷинисо Муродова дар мавзуи «Ҷашни Сада омодагӣ ба Наврӯз» маъруза намуданд.
23 январи соли равон дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 маҷлиси васеъ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар чорабинӣ президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳимзода Шоҳзод ва дигар аъзоёни Кумитаи мазкур иштирок намуданд.
Дар идома ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 шунида шуда, аз ҷониби аъзоён мавриди музокира қарор дода шуд. Инчунин ҳисоботи ироа гардидаро аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қаноатбахш ҳисобиданд.
Боиси хушнудист, ки дар чорабинӣ номзадии президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ гардид.
Бо фармонҳои Президент ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони зерин таъин шуданд:
Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим - Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саидзода Бобоҷон Абдуқодир - Муовини якуми Вазири мудофиа - сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шералӣ Мирзо - Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафарзода Хуршед Сафар - Сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исфандиёри Саъдулло - Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи бандҳои 8 ва 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини якуми раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, ба вазифаи Раиси суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло ирсол гардид.