Skip to main content
12 декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар доираи ташаббуси «Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод – 2025» баргузор гардид, иштирок намуда, суханронӣ карданд. Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабинӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид нишонаи болоравии сатҳи дарки ҷомеаи байналмилалӣ аз зарурати бознигарии усулҳои бунёдии ҳамкории байнидавлатӣ дар шароити амиқшавии буҳронҳои глобалӣ мебошад. Ширкати Роҳбари давлати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ва муҳтавои консептуалии суханронии эшон далели равшани мавҷудияти стратегияи ҳамгироёнаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таҳкими бисёрҷониба, ташаккули фарҳанги сулҳ ва тарғиби арзишҳои эътимод ҳамчун заминаи асосии рушди устувори ҷаҳонӣ равона гардидааст.

Дар оғози суханрониашон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба роҳбарияти Туркманистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои ибтикори баргузории ин форум изҳори сипос намуда, аҳамияти вижаи онро дар марҳилаи кунунии равандҳои равобити байналмилалӣ таъкид карданд. Табрики мардуми Туркманистон ба муносибати сиюмин солгарди эътирофи бетарафии доимии ин кишвар сирфан ҷанбаи расмӣ надошт, балки дорои паёмадҳои амиқи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ низ буд. Бетарафии Туркманистон ба унвони намунае аз рӯйкарди масъулона ва мутаъодил барои тазмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, бар пояи принсипҳои ҳамзистии осоишта, адами мудохила ва муколамаи созанда ироа шуд. Дар ин замина, мавқеи Тоҷикистон нишондиҳандаи эҳтиром ба танаввуъи моделҳои мушорикати давлатҳо дар низоми байналмилалӣ, ҳамзамон пойбандӣ ба ҳинҷорҳои ҷаҳонии ҳуқуқи байналмилалӣ аст.

Президенти кишвари мо бо таҳлили вазъияти геополитикии феълӣ, хотирнишон карданд, ки низоми ҷаҳонӣ бо сатҳи баланди номуайянӣ, ташдиди рақобати геополитикӣ ва фарсоиши механизмҳои қаблан ташаккулёфтаи идоракунии глобалӣ тавсиф меёбад. Тазъифи нақши ҳуқуқи байналмилалӣ, коҳиши самаранокии ниҳодҳои бисёрҷониба ва афзоиши тасмимоти якҷониба заминаи мусоид барои афзоиши даргириҳо ва таъмиқи нобоварӣ миёни давлатҳоро фароҳам меорад. Ин фарояндаҳо ба суръати рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ таъсири манфии системавӣ расонида, пояҳои суботро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ заиф мегардонанд.

Дар ин замина, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар нақши калидии сулҳу эътимод ба унвони мафҳумҳои асосии равобити байналмилалӣ таъкид карданд. Сулҳ ва эътимод на ба унвони ормонҳои абстрактӣ, балки ҳамчун абзорҳои амалӣ ва корбурдӣ барои танзими фарояндаҳои байналмилалӣ ироа шуданд. Мавҷудияти онҳо ба коҳиши иқтидори ихтилофот, ба ҳадди ақал расонидани хатароту эҷоди муҳити мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисод, илм, муҳити зист ва ҳамкориҳои гуманитарӣ мусоидат менамояд. Адами эътимод бошад, баръакс боиси чандпорчагии фазои байналмилалӣ шуда, талошҳои дастаҷамъонаро ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалӣ заиф мекунад.

Ба гуфтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон маҳз бар асоси эътимод метавон фазои дарки мутақобил ва масъулияти муштаракро, ки барои посухи муносиб ба чолишҳои асри XXI зарур аст, ташаккул дод. Ин рӯйкард мантиқи тақобул ва султаро рад карда, муколама, мусолиҳа ва фарогириро пеш мегирад. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аз тақвияти чандҷанбагароӣ ва нақши меҳварии Созмони Милали Муттаҳид ба унвони платформаи ҷаҳонӣ барои ҳамоҳангсозии манофеи кишварҳо ва тавсияи роҳҳалҳои дастаҷамъона ҳимоят мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон бахши қобили таваҷҷуҳ аз суханронии худро ба таҳдидоти зистмуҳитӣ, ки дар шароити имрӯза ба омили калидии бесуботии глобалӣ табдил ёфтаанд, ихтисос доданд. Тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, таназзули муҳити зист ва афзоиши басомади офатҳои табиии шадид, ба иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ ва амнияти давлатҳо таъсири мустақим мерасонанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ин мушкилот на ба сурати пароканда, балки ба талошҳои системанок ва ҳамоҳанг аз сӯи тамоми ҷомеаи байналмилалӣ ниёз дорад.

Нақши вижаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳавза бо хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва табиӣ - иқлимии он таъйин мешавад. Кишвари мо ба унвони яке аз давлатҳои тавлидкунандаи захоири асосии оби Осиёи Марказӣ масъулияти вижа дар самти ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи манобеи обиро ба дӯш дорад. Дар ин замина, фарояндаҳои Душанбе дар мавриди масоили обу иқлим эҳё ва ба платформаи муҳими байналмилалӣ барои муколамаи илмӣ, сиёсию коршиносӣ табдил шудааст. Ин ибтикорот тавоноии Тоҷикистонро на танҳо ба унвони як ширкаткунанда, балки ҳамчун ташаббускори ташаккули рӯзномаи глобалии зистмуҳитӣ нишон медиҳанд.

Дар баробари чолишҳои зистмуҳитӣ, Президенти кишвари мо дар суханрониашон таваҷҷуҳи хосаро ба масъалаи амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ зоҳир намуданд. Вобаста ба ин мушкилот таъкид гардид, ки ин падидаҳо моҳияти печидае доранд ва решакан кардани онҳо тавассути усулҳои қудратӣ имконнопазир аст. Тоҷикистон пайваста рӯйкарди вобаста ба таркиби иқдомоти амниятӣ бо тавсеаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ, пешрафти соҳаи маориф ва таҳкими муколамаи байнифарҳангию байнидинӣ тарвиҷ медиҳад. Ин равиш бозгӯи уҳдадории кишвар дар самти бартарафсозии омилҳои аслии радикализатсия ва ташаккули ҷавомеъи устувор бар пояи эътимод ва адолати иҷтимоӣ мебошад.

Яке аз аносири калидии суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъйиди ҳамешагии ҳимояти бедареғи Тоҷикистон аз тамоми ибтикороти байналмилалӣ бо ҳадафи тақвияти сулҳу амният буд. Ин мавқеъ ҳам дар фаъолияти амалии дипломатии кишвар ва ҳам дар пешбурди ибтикороти консептуалии сатҳи ҷаҳонии он инъикос меёбад. Ба таври хос, пешниҳоди Тоҷикистон барои эъломи «Даҳсолаи сулҳсозӣ барои наслҳои оянда» таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар мавриди таъкид қарор гирифт. Ин ибтикор дорои моҳияти стратегӣ буда, ҳадафи он таҳияи механизмҳои дарозмуддат барои пешгирии низоъҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ ва тақвияти масъулият дар назди наслҳои оянда мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши хотимавии суханронии худашон тафсири амиқ ва маънодори мафҳуми сулҳ ба унвони шарти калидии таъмини адолат, баробарӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ироа намуд. Сулҳ ба унвони як ҳолати фаъол дар равобити байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ, ки талошҳои пайваста ҷиҳати ҳифзи муколама, эътимод ва ҳамкориро тақозо мекунад, матраҳ гардид. Дар ин замина, таъкид гардид, ки сулҳи пойдор бидуни тавсеаи иҷтимоӣ, рушди фарогири иқтисодӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи бунёдии инсон ғайриимкон аст.

Бахши поёнии суханронӣ бо баёни рушани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклдиҳии меъмори муосири амнияти байналмилалӣ ва тавсеаи пойдор тақвият шуд. Кишвари мо омодагии худро барои идомаи мушорикати созанда дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, бо такя ба меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, анъанаҳои дипломатӣ ва принсипҳои ҳамсоягии нек эълом кардааст. Истифода аз муколамаи фарогир ва пурмуҳтаво, инчунин абзорҳои мусолиматомези ҳалли муноқишот, аз ҷониби Тоҷикистон ягона роҳи таъмини суботи дарозмуддат арзёбӣ мегардад.

Дар маънои васеътари андозаи назариявӣ ва амалӣ, мавқеи Тоҷикистон, ки дар форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод баён шуд, бозгӯи талоши кишвари мо барои тасбити худ ба унвони як шарики масъул, фаъол ва қобили пешбинӣ дар низоми равобити байналмилалӣ мебошад. Дар шароити мувоҷеҳи низоми ҷаҳонӣ бо камбуди эътимод ва биниши стратегӣ, саҳми кишварҳое, ки ба таври мудовим арзишҳои сулҳро тарвиҷ медиҳанд, аҳаммияти вижа касб мекунад. Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳатто кишварҳое бо захоири маҳдуди моддӣ низ қодиранд, ки бо такя ба фаъолияти дипломатӣ, ибтикороти фикрӣ ва иқтидори ахлоқӣ - меъёрӣ дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ таъсири назаррас гузоранд.

Бар асоси гуфтаҳои боло метавон бо масъулият изҳор дошт, ки суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар Ашқобод бояд ба унвони як баёнияи мукаммали консептуалӣ, ки дидгоҳи стратегиро нисбат ба нақши сулҳ ва эътимод дар ҷаҳони муосир инъикос мекунад, арзёбӣ гардад. Суханронии Президенти Тоҷикистон бори дигар таъкид менамояд, ки рушд ва амнияти пойдор бидуни масъулияти дастаҷамъона, ҳамкории бисёрҷониба ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ғайриимкон аст. Дар ин замина, кишвари мо худро ба унвони як ширкаткунандаи муҳим дар фарояндаҳои глобалӣ муаррифӣ намуда, дар шаклгирии низоми ҷаҳонии одилонатар, устувортар ва қобили пешбинӣ саҳми арзанда мегузорад.

Шозедов Х. Н. ходими илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ