Skip to main content

Мардуми Тоҷикистон аз мову шумо зиндагии сазовору шоистаро умед доранд ва мутмаинанд, ки Тоҷикистони азизи мо бо фаъолияти созандаву ободгарона ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар яки мо минбаъд низ бо қадамҳои устувор пеш меравад ва нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳар давру замон ва дар ҳар халқу миллатҳо ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи насли ояндагон эътироф шудаанд. Ҷавонеро ватандӯст мегӯянд, ки ӯ номи ватани худро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд мебардорад ва бо ҷаҳонбиниву ақлу заковати хеш барои муаррифии ватанаш ҷойгоҳи вижаро сазовор мегардад, ки дигарон низ аз ӯ ибрат бигиранд.

“Дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад”[1].

Барои ҳар ҷавони ба нангу ор зарур дониста мешавад, ки бо саъйу талош ва ҳаракати ҷавониаш Ватан-Модари худро ҷавон нигоҳ дорад ва бо заковату матонати хеш дар ҳар соҳаи пешбурди тараққиёти кишвар мутахассиси беназир бошад. Ҷавонон бояд зодгоҳ ва марзу буми кишварро аз сарватҳои нотакрор барои худ қабул карда барои фардои оянда давлати имрӯзаи босуботу мустақилро боз ҳам ривоҷу равнақ бидиҳанд, ҳамон тавре, ки дар асрҳои пешин бобоёни мо ба мисли Исмоили Сомонӣ соҳибдавлату соҳибтоҷ буд, зиндакунанда ва посдорандаи мероси ниёгон бошанд. Ибораи дилнишини яке аз ҷавонони фаъоли кишварро инҷо зикр менамоям, ки чунин гуфта: «Мо метавонем бо ин фитрати азалӣ ва иродаи қавӣ беҳтар аз ҷавонони ҷаҳон бошем»[2,184].

Агар ба ашъор ва осори бузургонамон назар афканем ҳатман ба манзумаҳое дучор хоҳем омад, ки моҳияти ватанпарастиву ватандӯстиро дар бар доранд. Шоири бузургвори мо, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мутафаккири ватанпараст ва ватандӯст, ки дар айёми ҷавонӣ бо сабабҳои гуногун аз ватани хеш дур афтод ва умри азизи худро дар ғарибиҳо гузаронидааст ҳама вақт ба ёди ватан будааст. Аммо бо ҳама шикасту рехтҳо, камиву костиҳо, ранҷу машаққатҳо, ҷудоиву дуриҳо нигоҳ накарда барои нигоҳдории забону адаб ва фарҳанги ғании халқи тоҷик дар марзи кишвари бегона, ба тариқи назм ашъори пурғановати хешро эҷод кард, ки саршор аз панду ҳикмат ва андарз барои ҷавонон ва роҳнамоии ҷавонон барои созандагиву ободкорӣ ва ватандӯстӣ раҳсипор карда шудааст. Мавлонои Балхӣ гарчанде аз ватанаш дур ҳам буд вале ҳама вақт ба ёди Ватан-Модар буд. Ӯ барои дурӣ аз ёру дустон ва замине, ки дар он ҷо ба дунё омадааст, дар қисми аввали «Маснавии маънавӣ» Найномае офарид, ки баъдан муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон мақсади ӯро пажӯҳиш карданд, ки Найномаро барои дур мондан аз ватани аслиаш эҷод намуда будааст. Ин шоири шӯрида дар қисмати Найномаи хеш дурии худро аз кишвари биҳиштосояш бо дарду ғам иброз медорад:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад,

К-аз найистон то маро бубридаанд,

Аз нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа- шарҳа аз фироқ,

То бигуям шарҳи дарди иштиёқ.

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Ба монанди ин шоири бузург садҳо шоирону адибон дар мавриди ватандориву ватандӯстиву ватанпарастӣ ашъори пурғановат ва роману достонҳо навиштаанд ва ҳар ҷавон бояд аз ин чакомаҳое, ки барои дустдорони ватан эҷод гардидааст бархурдор бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар ҳар паёму мулоқоташон бо ҷомеаперомуни ҷалбнамудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ баромадҳо мекунад то ки ҷавонони мо одилонаву ҷасурона барои гулгулшукуфоии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Ибораи дилнишини Ҷаноби олӣ «Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст», ки бо як умеди комил раҳбари давлат таъкид мекунад, бояд барои ҳар як фарди ҷавон чун ҳалқа бар гуш ва вазифаи аввалиндараҷа бар душ бошад. Яке аз самтҳои аввалиндараҷаву саъйу талош ва ғамхорие, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба назар мерасад ин тарбияи ҷавонон мебошад, ки ҷавонони мо бояд ояндабин ва донишманд ба воя расанд. Аз таълифоти Президенти кишвар ёдоварӣ мекунем, ки бо ҳамин қадар корҳои заҳматталаби идорӣ нигоҳ накарда вақт ҷудо намуда барои аз асли хеш бохабар намудани ҷавонон асарҳои баландмазмун навиштааст. Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» [3] беҳтарин китоб барои худшиносиву худогоҳии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад. Муаллифи ин асари муҳташам кӯшиш ба харҷ дода аз гузаштагон ва аҷдодони мо ёдоварӣ намудааст, ки дар даврони пешин тоҷикон дар миёни халқиятҳои гунонгун мақому мартабаи хоси худро доштанд. Ё асари дигари Сарвари давлат «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» [4] аз беҳтарин сарчашмаҳо барои тарбият ва ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки дар он зикри шахсиятҳо ва мардонагиву ҷасорати аҷдодони мо зикр гардидааст, ки ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвар бояд ба мутолеаи он бипардозад ва барои ободии ватанамон саҳмгузор бошад.

Барои ҳар як фарди ҷавони кишвар зарур дониста мешавад, ки хизматҳои шоистаи чунин абармардонро ба дилу чон қабул ва барои равнақу ривоҷи кишвар омодаи хизмат бошанд. Чунин нафарон арзандаи номи нек мебошанд ва сазовори таҳсинанд. Барои чунин абармардон шоире навиштааст:

Ту фардои Ватанро некбинӣ,

Ватан ангуштару онро нигинӣ.

Барои бахти фарзандони миллат,

Амину содиқу сулҳофаринӣ.

Ҷавонон бо нерӯи бузурги хеш бояд созандаи Ватан бошанд ва миллати мо дар ҳар давру замон аз ҷавонони хеш умед дорад, ки ояндаи некро хубтару беҳтар гардонанд.

Бархе аз ҷавонон саъйу кӯшиш менамоянд, ки барои ободии кишвар саҳмгузор бошанд ва барои номи нек ба даст оварданашон дар ҳама соҳаҳои кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Аммо бархе аз ҷавонони дигар шояд бо сабаби бедонишӣ ё камдонишӣ бошад, барои ҷомеаи имрӯзаи мо хатарнок мебошанд. Чигунае, ки барои ҳама маълум аст дар ин рӯзҳо ҳизбу гурӯҳҳои мухолифе ба вуҷуд омадаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хатарнок ҳастанд.

Масалан, шумораи ҷавононе, ки дар ҷангҳои ба ном ДИИШ (Давлати исломии Ироқ ва Шом) ширкат доштанд зиёда аз 300 нафарро ташкил медод. Шояд онҳо ба роҳи фиребу найранги нафароне ба он мамолик рафтаву ҷанг карданд, ки худ аз амали зишти худ бехабар буданд. Барои тарбият намудани ҷавонон аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон барномаҳои махсусе ба роҳ монда шудааст, ки метавонад ҷавононро аз чунин роҳҳо баргардонад ва боздорад. Аз нигоҳи таҳлилӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки он нафароне, ки дар кишварҳои хориҷӣ шомили чунин гурӯҳҳои ифродгароянд дар натиҷаи бозгашт бо афкори ғаразноки хеш метавонанд, ки ҷомеаи моро ноором гардонанд. Агар он гурӯҳҳои ифродгаро муфид мешуд аз ҷониби худи ҳамон давлатҳо пазируфта мешуд.

Барои он, ки ҷавонони мо ба чунин роҳҳои ифродгароӣ гаравида нашаванд, аввалан онҳо бояд худшиносу худогоҳ бошанд ва ба осори гузаштагони мо рӯй оранд. Чигунае, ки Ҳофизи бузургвор, ки ашъораш саропо панду ҳикмат аст чунин гуфтааст:

Насиҳат гуш кун ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Панди пири доно ҳамин насиҳату машварату масдиҳати Пешвои миллат аст, ки роҳнамову роҳкушои ҷавонон мебошад.

Ҷавононро мебояд шукронаи ин обу хоки Ватани азизро ба ҷой оранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа аз амнтариш кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ ҷавонон бояд аз ин неъмати бебаҳо, ки ин суботи сиёсӣ аст баҳраманд гардида, ҷиҳати боз ҳам пешрафти кишвар саҳми арзанда гузоранд.

ҚУРБОНЗОДА ФАРИДА, ходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АДАБИЁТ:

1. Эмомалӣ Раҳмон .Суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар.30.05.2024 13:30, ш. Душанбе//www.president.tj/node/33541

2. Бахтовар Қ. Рӯ овардан ба ҷавонон-рӯ овардан ба оянда аст//Ҷавонон ва илми муосир, Душанбе: Тараққиёт 2013, 2014. -376 саҳ.

3. Эмомалӣ Раҳмонов. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. Душанбе: Ирфон, 2006.-С.372

4. Эмомалӣ Раҳмонов. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Душанбе: Ирфон, 2006.-С.259