Skip to main content

Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи хоса пайдо намудааст. Яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар ин муқовимат бо коррупсия мебошад, ки барои амалӣ гардонидани сиёсати иқтисодӣ равона гардидааст. Дар замони муосир ба даст овардани ҳадафҳои стратегӣ ва дуруст ба роҳ мондани низоми сиёсӣ басо кори мушкил аст, вале Кореяи Ҷанубӣ тавонист, то як андозае дар ин самт муваффақ гардад. Бартараф намудани мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пайваста муқовимат намудан бо амалҳои коррупсионӣ, инчунин ба низом даровардани амалҳои зидди корупсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад, ки бо ин восита тавонист ба як кишвари муваффақ табдил гардад.

"Бо мақсади ба даст овардани даромади шахсӣ сӯистифода аз мансаб, ки дар он арзишҳои шахсӣ аз арзишҳои давлат боло аст, коррупсия мебошад. Коррупсия ба иқтисодиёти кишвар ва обрӯйи байналмилалии он зарар мерасонад ва рушди онро бозмедорад. Мубориза бо коррупсия обрӯ ва эътибори давлатро баланд бардошта, онро бо ҷомеа наздик менамояд. Ҳар як роҳбари давлат мубориза бар коррупсияро яке аз мушкилоти асосӣ дар сиёсати дохилию хориҷии худ эълон намуда, худ дар мубориза бо он нақши назаррасро дорад. Бояд қайд кард, ки Сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон оид ба коррупсия чунин иброз намудааст: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани обрӯю эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”[1,134].

Мавриди зикр аст, ки амалҳои коррупсионӣ ба рушди иқтисод ва демократия монеа эҷод мекунад. Таъсири институтсионалӣ ба демократия имкон медиҳад, ки барои коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ, яъне фасод такони ҷиддӣ диҳад. Якум, амалиёти масъулиятҳои вертикалӣ ҳавасмандии иштирок дар фаъолиятҳои коррупсиониро тавассути ҷазо додани сиёсатмадорони фасодзада ё ҳизбҳои сиёсӣ тавассути интихобот коҳиш медиҳад. Дуюм, баланд бардоштани шаффофияти институтсионалӣ имкон медиҳад, ки назорати мутақобила тавассути рақобатҳои ҳизбӣ амал намуда, функсияҳои назоратии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Васоити Ахбори Омма (ВАО )тақвият дода шавад, ки дар натиҷа имкони ошкор намудани амалҳои корррупсиониро зиёд мекунад. Сеюм, амалиёти ҳисоботдиҳии уфуқӣ имкон медиҳад, ки маҳдудиятҳои ҳокимияти давлатӣ, волояти қонун, тақсимоти ваколатҳо ва тавозуни назорат ҳамчун меъёри кории мақомот муқаррар карда шавад. Дар натиҷа, назорати қаблан ва баъдӣ аз болои шахсони қудратманд самараноктар мешавад, ки дар асоси созиш байни мақомот амалҳои коррупсионӣ коҳиш меёбад. Чаҳорум, ғайримарказикунонии қудрат ба фаъолияти коррупсионӣ тавассути коҳиш додани эҳтимолияти коррупсия мусоидат мекунад, ба монанди тамаъҷӯии оммавӣ ва созишҳои тиҷоратии сиёсӣ, ки дар натиҷаи тамаркузи қудрат ва мусоидат ба таъсиси эътилофи зиддикоррупсионӣ дар пайвандҳои мухталиф байни давлат ва ҷомеа мусоидат мекунад[2,2].

Бояд қайд намуд, ки Кореяи Ҷанубӣ пайваста барои ҳалли мушкилот ва аз байн бурдани амалҳои зиддикоррупсионӣ таваҷҷуҳи худро равона намудааст. Маҳз сохтори давлатдорӣ ва риояи ҷиддии қонунҳои давлатӣ аз ҷониби халқ махсусан мансабдорони давлатӣ тавонист то андозае амалҳои коррупсиониро дар кишвар коҳиш диҳад. Кореяи Ҷанубӣ дорои иқтидори баланди иқтисодӣ ва техникаву технологияҳои баландсифат мебошад. Албатта дар он ҷойе, ки иқтисод бошад, амалҳои коррупсионӣ пайдо хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ барои роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ аз рӯи сохторҳои гуногуни давлатӣ назорати ҷиддӣ бурда, то андозае дар байни онҳо принсипҳои шаффофият ва усулҳои махсуси назоратиро ҷорӣ намудааст, ки ба фаъолияти зиддикоррупсионӣ мусоидат менамояд.

Дар Кореяи Ҷанубӣ ба ғайр аз Маркази тадқиқоти пешрафтаи ҳисоббарор (Advanced Computing Research Centre) шаш сохтори асосии давлатие мавҷуд аст, ки ба фаъолияти зиддикоррупсионӣ машғуланд: котиботи президент, дафтари сарвазир, комиссияи тафтишот, прокуратураи давлатӣ, инспектори генералии ҳар як вазорат ва вазири идоракунии давлатӣ ва амниятӣ. Аз ин шаш ниҳод комиссияи тафтишот ва вазири идоракунии давлатӣ ва амниятӣ дар сафи аввал бо мубориза бар зиддикоррупсия қарор дорад. Прокуратура ҳуқуқи тафтишот ва таъқиби ҷиноятҳои гуногунро дорад. Ғайр аз ин, онҳоро ба идораи полис ва дигар сохторҳои тафтишотӣ фиристонида, барои дуруст татбиқ намудани қонунҳо ариза пешниҳод карда, ба иҷрои ҷазои ҷиноятӣ назорат мекунад. Дар Комиссияи тафтишотӣ дар асоси қонун оиди комиссияи тафтишотӣ ҳамчун ташкилоти баландтарини аудит ва санҷиш дар байни муассисаҳои давлатӣ барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ дар Кореяи Ҷанубӣ таъсис дода шудааст. Ҳамаи сохторҳо вазифаҳои худро ба таври мустақилона иҷро менамоянд. Вазири идоракунии давлатӣ ва амниятӣ барои пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани шаффофият дар бораи дороиҳои кормандони давлатӣ пайваста ба мақомоти дахлдор гузориш пешниҳод менамояд. Аз сабаби он ки вазифаи асосии Маркази тадқиқоти пешрафтаи ҳисоббарор мубориза бо коррупсия мебошад, пас аз гирифтани шикоятҳои коррупсионӣ, он маълумотҳоро ба прокуратура ва ё ба комиссияи тафтишотӣ барои тафтишот равона месозад. То имрӯз дар Кореяи Ҷанубӣ меморандуми расмии ҳамдигарфаҳмӣ дар бораи ҳамкорӣ миёни Дафтари Олӣ ва Маркази тадқиқоти пешрафтаи ҳисоббарор мавҷуд аст. Инчунин Вазири идоракунии давлатӣ ва амниятӣ қариб ҳамаи номзадҳои навро барои хизмати давлатӣ интихоб мекунад. Ҳамин тариқ, мақомотҳои зиддикоррупсионии Кореяи Ҷанубӣ дар арсаи ҷаҳон машҳур гардида, тавонист дар асоси Қонун ду Президенти собиқи худро барои амалҳои коррупсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад[3,151-152].

Кореяи Ҷанубӣ барои мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ шаш сохтори махсуси давлатиро таҳия намуд, ки маҳз барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ равона гардидааст. Фаъолияти сохторҳои мазкур, ки дар боло қайд гардидааст, барои тамоми сохторҳои давлатӣ ҳатмӣ мебошад. Кореяи Ҷанубӣ тавонист миёни халқ ва ҳатто мансабдорон принсипҳои асосии сохторҳои зиддикоррупсиониро ҷорӣ намояд. Метавон гуфт, ки бо як дарки баланд ва ҳисси ватандустӣ барои аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ тамоми сохторҳои давлатӣ мубориза бурда, саҳми назарраси худро мерасонанд. Албатта, ҳукумати кишвар дар танҳоӣ барои коҳиш додани амалҳои мазкур муқовимат карда наметавонад, вале дар ҳамбастагӣ ва муттаҳидӣ бо мансабдорон ва тамоми сохторҳои давлатӣ метавонад бар зидди амалҳои коррупсионӣ мубориза барад. Ҳамзамон метавон гуфт, ки ҳоло ҳам баъзе омилҳои зиддикоррупсионӣ дар Кореяи Ҷанубӣ мавҷуд аст.

Омӯзиши принсипҳои ростқавлӣ, яке аз авлавиятҳои асосии Маркази тадқиқоти пешрафтаи ҳисоббарор ба шумор меравад, зеро бо ин восита огоҳии ахлоқии мансабдорони давлатиро баланд бардошта, тавонмандии онҳоро барои ростқавлӣ тақвият мебахшад. Ин роҳ як усули бунёдии ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ мебошад. Дар робита бо ин, моҳи октябри соли 2012 Донишгоҳи таълимии зиддикоррупсионӣ (Anti-Corruption Training Institute) ҳамчун муассисаи махсуси таълимӣ таъсис гардид, ки самтҳои асосии фаъолияти он мубориза бо коррупсия ва тарбияи ростқавлӣ мебошад. Донишгоҳи мазкур ҳамчун муассисаи таълимӣ, махсусан барои таълими мансабдорони давлатӣ таъин гардидааст. Гарчанде, ки марказ ба курсҳои ҳатмӣ ва такмили ихтисос барои мансабдорони давлатӣ равона гардидааст, ки чунин курсҳои таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум, махсусан барои наврасон низ ҳадафҳои асосии таълимии марказ мебошад. Бо вуҷуди ин таълими зиддикоррупсионии мансабдорони давлатӣ тибқи қонун аз соли 2016 ҳатмӣ гардид, ки як хусусияти хоси маркази таълимии зиддикоррупсионӣ дар Кореяи Ҷанубӣ буд. Бояд қайд намуд, ки ин иқдом яке аз нерӯи пешбарандаи фаъолияти бомуваффақияти маркази мазкур ба шумор меравад. Дар Кореяи Ҷанубӣ тақрибан ду миллион нафар мансабдорони давлатии соҳаи маориф мавҷуд аст, ки ин марказ барояшон як курси омӯзишӣ барои таълими тренерони мубориза бо коррупсия ва таҳияи маводи таълимии онҳоро роҳандозӣ мекунад. Тибқи қонун барномаи таълимӣ ҳатмӣ буда, мундариҷаи асосии курсҳои таълимӣ бо қонунҳои дахлдор, аз қабили Санади дархости ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад. Дар соли 2021 Донишгоҳи таълимии зиддикоррупсионӣ 246 маротиба курсҳои таълимии рӯ ба рӯ пешниҳод намуд, ки ҳамагӣ 88331 ҳазор нафар курси омӯзиши ростқавлиро хатм намуданд. Натиҷаи мазкур бо шарофати амалҳои гибридии курсҳои рӯ ба рӯ буд, ки якчанд курсҳои омӯзишии онлайнӣ ва курсҳои таълимии шартномавиро дар бар мегирифт, ба даст оварда шудааст[4].

Тибқи таҳлилҳои дар боло зикргардида, яке аз ҳадафҳои асосии Кореяи Ҷанубӣ коҳиш додани амалҳои зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ ҳукумати кишвар донишгоҳи махсуси омӯзиши амалҳои зиддикоррупсиониро таъсис дод, ки дар доираи он барномаҳои махсуси омӯзишӣ барои мансабдорони давлатӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин, метавон гуфт, ки маркази таълимии зиддикоррупсионӣ низ таъсис гардида, барои муқовимат бар зидди амалҳои коррупсионӣ нақши муҳим дорад. Аз ин бар меояд, ки ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ пайваста бар зидди амалҳои коррупсионӣ вокуниш нишон дода, барои коҳиш додани он тамоми роҳу усулҳо ва чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.

Қобили зикр аст, ки бар асоси гузориши Шаффофияти Байналмилалӣ, Кореяи Ҷанубӣ дар қатори 180 кишвари ҷаҳон дар мубориза бар зидди коррупсия дар ҷойи 30-юм қарор додад. Аз соли 1995 то соли 2024 дараҷаи амалҳои коррупсионӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоби миёна 40%-ро ташкил медод, ки баландтарини он дар соли 1999 ба дараҷаи 52% расида буд, ки дар соли 1996 ба сатҳи рекорд ба дараҷаи 27% поён фароварда шуд[5].

Аз рӯи таҳлилҳо чунин хулоса намуд, ки Кореяи Ҷанубӣ пайваста дар ҳар давру замон бар зидди амалҳои коррупсионӣ муқовимат нишон дода, баҳри коҳиш додани он талошҳои худро равона месозад. Ҳукумати кишвар қонунҳои махсус барои амалҳои коррупсионӣ қабул намуд, ки аҳолии кишвар, мансабдорон, ва ҳатто Президенти Кореяи Ҷануб низ онро ба таври ҷиддӣ риоя мекунанд. Ҳамзамон метавон қайд кард, ки дар баробари қонунҳои қабулшуда, инчунин як донишгоҳи махсус оид ба омӯзиши мубориза бар амалҳои коррупсионӣ бунёд гардид, ки дар он ҳамасола лоиҳаҳои махсуси таълимӣ роҳандозӣ мегардад. Инчунин, баҳри коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ шаш сохторҳои давлатӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия таъсис дод, ки пайваста аз руи санадҳои меъёрии худ фаъолият намуда, дар коҳиш додани амалҳои мазкур саҳми назаррас мегузорад. Маҳз талошҳои беандозаи ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ буд, ки айни замон кишвар дар қатори 180 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 30-юм дар муқовимат бар зидди коррупсия қарор дорад. Метавон гуфт, ки ин ҳама пешравиҳо бо шарофати ҳукуматдорони ин кишвар мебошад, ки имрӯз Кореяи Ҷанубӣ ба яке аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мубаддал гаштааст.

Файзуллаева Нигора , ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёт

1. Соҳиби Б. “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Сингапур: истифодаи таҷрибаи он дар шароити Тоҷикистон” / Б. Соҳиби // Международные отношения и безопасность. – 2023. – No. 3(7). – P. 133-141. – EDN PIIUJK. Саҳ 134

2. South Korea's Co-Hosting of S4D and Democracy Diplomacy Focused on the Anti-Corruption Agenda of the Indo-Pacific// Published on May 2023 Published by the East Asia Institute ISBN 979-11-6617-608-1 95340/ саҳ 2 https://summitfordemocracyresources.eu/wp-content /uploads /2023/ 07/EAISouth_Korea_s_Cohosting_ of_S4D _and _ Democracy_Diplomacy-1.pdf

3. Ен Ун Ким, Юрий Владимирович Трунцевский, Марина Алексеевна Молчанова “Антикоррупционная политика Республики Корея: история становления и современность”//Сравнительная Политика .2018 Т.9 № 3 /https://cyberleninka.ru/article/n/antikorruptsionnaya-politika-respubliki-koreya -istoriya-stanovleniya-i-sovremennost/viewerсаҳ 151-152

4. Anti-corruption policy implementation an experience from the Republic of Korea https:// www. undp.org / sites /g/files/zskgke326/files/2023-10/anti-corruption_policy_implementation_240823.pdf

5. “South Korea Corruption Rank” //Trading Economics/ https: // tradingeconomics. com/south-korea/corruption-rank