Skip to main content

213Ифротгароӣ падидаи нав нест. Ҳанӯз дар давраҳои қадим зуҳур карда буду, гоҳ-гоҳе аз худ дарак медод. Он на фақат дар доираи дин аст, балки дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дида мешавад. «Ифротгаро» аз ду реша иборат буда, якумӣ аз забони арабӣ «Ифрот», яъне «фатарот», «бесарусомонӣ», «хараҷу мараҷ» ба миён овардан, дигаре аз вожаи форсӣ «гаро» иборат аст, ки «гаравидан», «шомил гаштан» ва «майл кардан» аст.

Пас ин калима ва гуруҳро чунин шарҳ додан мумкин аст: «Дар ҷомеа ва шуури ӯ як фатароте, як бесарусомоние ба вуҷуд овардану ба мақсади нопоки хеш ноил гаштан аст».

Ифротгароён дар ҳама мазҳабу динҳои олам зуҳур дорад. Онҳо имконият ҷуста, фурсат ёфта, худро зоҳир менамоянд. Ифротгароёни дини яҳудӣ иброз медоштанд, ки «ғайри яҳудӣ дигар касе вориди биҳишт шудан натавонад», ки ин бологузории як миллат аз болои дигаре ҳаст. Пайравони дини яҳудиён сар бардошта, аз пайғамбари худ дархост кардаанд: «Мо мехоҳем бо Худо рӯирост сӯҳбат дошта бошем, на бо воситаи ту».

Дар дини масеҳият пас аз пайғамбар Исо андешаҳои ифротгароёна бараъло зуҳур карданду масъалаи «Сегонапарстӣ» (таслис)-ро ба дини масеҳиён зуран ҳамроҳ карданд.

Дар дини мубини ислом, ҳанӯз дар даврони пайғамбар Муҳаммад (с) аз таъсироти сухани он ба ваҷд омада, яке иброз доштааст, ки «Ман дигар нахурам ва наошомам, фақат зикри Худо намоям», дигаре гуфтааст, ки «Ман ҳеҷ гоҳ хоб наравам ва доим дар зикри Оллоҳ бошам», сеюмӣ андеша иброз намудааст, ки «Ман дигар бо занам наздикӣ нанамоям». Ин гуфтаҳо ба гӯши пайғамбар Муҳаммад (с) мерасанд ва ӯ масчид омада, мегӯяд: - Ман пайғамбари шумоёнам, мехурам, меошомам, хоб меравам ва бо занам наздикӣ менамоям, ки зикри Худо низ мекунам. Бо ин суханони хеш онҳоро аз андешаҳои ношуниданӣ ва зидди ҷамъиятӣ нигоҳ дошт.

Ҳар се дин – яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом басо кӯшидаанд, ки бо насиҳатҳо, панду андарзҳо, роҳу равиши пешгирифтаи ифротгароёнро бигиранд, вале онҳо хуруҷ мекарданд. Маҷбур ба онҳо муборизаи шадид бурда, то андозае равиши онҳоро паст намуданд.

Ифротгароӣ ғайр аз дин дар масъалаҳои иҷтимоӣ низ худро ошкор месозанд. Ин гуна ифротгароён аз норасогиҳои ҷамъият, шароити номусоиди мардум истифода бурда, бо роҳи таҳдиду куштор андешаҳои нопоки хешро ирсол медоранд.

Гуруҳи ифротгароён, ки дар Ироқу Сурия сар бардоштаанд, ягона мақсади нопоке доранд. Парчамашон ранги сиёҳ аст, яъне зулмоту торикист. Бо ин парчами зишти худ мехоҳанд, ки давлат ташкил намоянду ҳудудҳои онро васеъ намуда, хилофати исломиро барпо намоянд ва гӯё «Ҳамаро мусулмони комил» гардонанд. Барои ба мақсади нопоки хеш расидан ба андешаҳои ифротгароӣ номи дини мубини исломро доғ оварда, мехоҳанд сафи «муборизон»-и худро изофа гардонанд.

Дини мубини ислом ягон айбе надорад, ҳама айбҳо дар мусулмонии мост. Ин аст, ки намояндагони ифротиён ба ҷаҳон паҳн гашта, бо роҳи тарғибот ва маблағҳои калон гуруҳи ҷавононро ба тарафдории хеш ҷалб намуда истодаанд. Бо ин мақсади нопоки худ бо қатлу ғорат дар Ироқу Сурия ифротгароён руз аз руз кирдорҳои ғайриинсонии худро нишон медиҳанд, ки ин ғайри дини мубини ислом аст.

Вале мо тоҷикистониён бояд хуб сарфаҳм равем:

Дар забони миллати ман Дин ин покизагист,

Ҳар касе ин маънӣ надонад, одами покиза нест.

Аҷдодони мо бофарҳанг, зирак, доно ва дурандеш будаанд, мо низ бояд ба онҳо пайравӣ намоем. Насли наврасро дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва инсонмеҳрварӣ тарбия намудан лозим аст. Соддагиву сабукандешӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеорад.

Дар ҷаҳони муосир тағйиротҳои куллӣ дар ҳамаи самтҳои ҷомеа ба вуҷуд омада, ташаккули зеҳнӣ роҳи раҳоӣ аз як қатор мушкилоти доғи рӯз ба шумор меравад. Ҷавонон қишри асосии ҷомеаро ташкил дода, донишу заковати онҳо барои пешрафти мукаммал замина фароҳам меорад. Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоссаи давлату ҳукумат қарор дорад, ки ояндаи нек аз ин самт оғоз меёбад. Баъди соҳибистиқлолии кишвари азизамон мавқеи ҷавонон дар бунёди давлати мутамаддину дунявӣ боз ҳам устувор гашта, саҳми онҳо дар пешрафту гулгуншукуфоии ватани азизамон назаррас мегардад. Дар баробари ин дастовардҳо омилҳои манфие низ мавҷуданд, ки барои пешрафти ҷавонон монеа эҷод намуда, онҳоро ба роҳҳои бад равона месозад, ақидаҳои барғалат ва нодуруст вуҷуди онҳоро фаро гирифта, садҳо нафар ба гурӯҳҳои бадкори ифротгаро пайваст мешаванд. Ин омил аз ҳассостарин равандҳоест, ки низоми ҷомеаро вайрон ва ҳазорон нафарро бехонаву дар месозад, сулҳу суботро аз байн мебарад.

Ифротгароӣ ва бегонапарастӣ аз қабили ҳамин равандҳои манфӣ ва зараровар дар ҷаҳони мутамаддин ба шумор мераванд. Ин падидаҳои номатлуб агарчи нав зуҳур накардаанд ва садсолаҳо боз ба пешрафти ҷомеа монеа эҷод менамоянд, вале дар даврони муосир дар шакли дигар зуҳур кардаанд ва танҳо донишу фаҳмиши мукаммал метавонад моро аз ин вартаи ҷонкоҳ наҷот бахшад.

Пешвои муаззами миллати тоҷик пайваста муҳиммияти ин масъаларо ба мо ёдрас менамоянд. Дар Паёми Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қувваҳои сиёҳкор ва бегонапараст омадааст: «Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд».

Воқеан, ифротгароиву хурофотпарастӣ дар зиндагии ҷавонони мо роҳ ёфтааст. Иддае аз онҳо асолати миллиро дарк намекунанд, барои худшиносии миллӣ ва эҳёи фарҳанги волои халқи тоҷик талош намеварзанд. Аз сабаби он ки огоҳӣ аз дини мубини Ислом надоранд, кӯркӯрона ба хоҷагони бегона тақлид намуда, зиёдаравӣ дар дину эътиқодро ба миён меоранд. Паёмбари Ислом дӯст доштани ватанро аз гӯшаи эмондорӣ ҳисобидаанд. Ин гуфта моро ба ватандӯстиву ободкориҳо ҳидоят менамояд, на ба корҳои баду бегонапарастӣ ва ношукрӣ. Дар дили худ ҷавонон бояд накӯкориҳоро ҷой диҳанд ва баҳри ободии ватани биҳиштосои худ талош варзанд. Ҳоло дар кишвари мо барои омӯхтани илмҳои замона ҳамаи шароит муҳайё мебошад. Тинҷиву амният бузургтарин давлат аст. Ҷавонон дар ин шароити мусоид бояд дар пешрафти ватан саҳмгузор бошанд.

Омили бегонапарастӣ дар гуфтору рафтор ва тарзи либоспӯшии ҷавонони тоҷик баръало эҳсос мешавад. Ҳангоми суҳбат бо онҳо аён мегардад, ки аксарият моҳияти рафтори худро мантиқан дарк наменамоянд. Духтароне, ки сатрпӯширо пеша кардаанд, намедонанд, ки либосҳои миллии тоҷикона барои ҳифзи иффати онҳо айнан ҳамин нақшро мебозад. Либоси миллӣ тӯли ҳазорсолаҳо шакл гирифтааст ва он урфу одат, дину оини халқи моро пурра фарогир мебошад. Пас чаро мо ба бегонагон тақлид намоем, ки фарҳанги тоҷикон аз онҳо ҳазорсолаҳо пеш ва пеш аст?

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос омӯзгорону мураббиён ва тарбиятгаронро зарурат пеш меояд, ки асолати миллиро ба ҷавонон фаҳмонанд, арзишҳои волои диниро барои онҳо бозгӯӣ созанд, интихоби роҳи дурустро дар зиндагӣ нишон диҳанд. Самари таълиму тарбия баъди даҳсолаҳо аён мегардад. Агар мо имрӯз хишти бинои муҳташами миллати куҳантаърихи худро бо ҳикмати илму фарҳанги воло дуруст гузорем, девори кохи миллат устувору пойдор хоҳад гашт. Ҷаҳониён аз гуфтаҳои бузургони илму адаби мо чун Рӯдакӣ, Фирдавсив, Хаём, Носири Хисрав, Саъдиву Ҷомӣ ва дигарон дарси ибрат мегиранд. Пас чаро мо ба фарҳангу урфу одати бегонагон кӯркӯрона такя намоем. Замоне фаро расидааст, ки ҷавонон баҳри пойдории сулҳу субот ва эҳёи арзишҳои миллӣ камари ҳиммат бубанданд. Ободии кишвари мо аз иқдомҳои бузурги онҳо вобастагӣ дорад.

Рахмонов Рахмон Охонович - д.и.х., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ