Skip to main content

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 28 декабри 2024,ш.Душанбе)

Дар толори нави Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Чӣ тавре ки дар Паёми гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ ва дурнамои сиёсати хориҷии кишвар чунин қайд намуда буданд: “Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хоса дорад. Чунин рӯйкарди ба оянда нигаронидашуда асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад.”[1]

Инчунин дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати хориҷии кишвар чунин қайд намуданд: “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад”.

Сиёсати бисёрҷанба боиси тақвияти рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар соли 2024 гардид. Кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса доранд. Санаи17-26 ноябри соли 2024 ба минтақаи мазкур дар асоси супориш ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳайти Тоҷикистон бо Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Тайланд сафари корӣ анҷом доданд. Сафари мазкур яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳайати кишварро вазири саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муовинони раиси Кумитаи андоз, сардори Хадамоти гумрук, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, оид сафари Тоҷикистон ба Малайзия ва дигар шахсон барои муаррафии самтҳои сиёсати гуногуни кишвар баромад намуданд. Чунин сафари ҳайати кишвар ба минтақа бори аввал аст.

Аз 17 то 19 - уми ноябри соли 2024 дар доираи сафар ба давлати Малайзия ҳайати кишвар бо як қатор роҳбарони баландпояи ин кишвар, аз ҷумла муовини Сарвазир ҷаноби Юсуф Фадиллаҳ, собиқ Сарвазир доктор Маҳатҳир бин Муҳаммад, вазири молия ҷаноби Датук Сери Амир Ҳамза Азизан, муовини Вазири сармоягузорӣ, савдо ва саноати Малайзия, ҷаноби Лю Чин Тон, валиаҳди Салтанати Негери Сембила, ҷаноби Тунку Али Резауддин ва Гурӯҳи палатаҳои савдои Малайзия дидору мулоқотҳои судманд анҷом доданд.[2]

Зимни баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва Форуми сармоягузорӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла, ҷалби сармояи мустақим аз Малайзия барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои иқтисоди сабз, энергетика, манбаҳои нерӯи таҷдидпазир, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва коркарди ашёи хом иброз намуданд.

Ҳамзамон санаи 20 ноябри соли 2024 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур ширкат варзиданд. Дар ин ҳамоиш, намояндагони вазорату идораҳои зикргардида доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ширкатҳои бузургтарини Сингапур ва намояндагони ассотсиатсияи шабакаҳои тиҷоратии Enterprise 50 (Е50) мулоқот намуданд.

Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо муяссар гардид, ки ба ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро котиби доимии вазорати савдо ва саноати Ҷумҳурии Сингапур доктор Беҳ Свон Ҷин ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои мутақобила ва ҷалби доираи соҳибкории Ҷумҳурии Сингапур барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар рафти мулоқот, инчунин вобаста ба масъалаҳои низоми бонкӣ, хусусан ҳамкории Департаменти монетарии Сингапур бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд анҷом дода шуд.

Дар доираи Форум имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, низоми бонкӣ, фаъолият дар бахшҳои саноат, рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Сингапур, тақвияти ҳамкориҳо дар доираи фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии рушди Сингапур дар Тоҷикистон (MDIS) ва дигар масъалаҳои барои ҷонибҳо манфиатбахш мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.[3]

Инчунин 22 ноябри соли 2024 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир бо Муовини вазири савдои Ҷумҳурии Индонезия хонум Дяҳ Роро Эстӣ дар шаҳри Ҷакарта мулоқоти дуҷониба анҷом дод. Дар ин дидор таҳкими равобити дуҷонибаи Индонезия ва Тоҷикистон, баррасии имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва рушди иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуданд.[4]

Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла, баимзорасонии созишномаи дахлдор оид ба савдои озод миёни ду кишвар, таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ, энергетика ва гардишгарӣ, табодули сафарҳои мутақобилаи доираҳои соҳибкорӣ ва омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самтҳои болозикр мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Муовини вазири савдои Индонезия қайд намуд, ки айни замон Индонезия ва Тоҷикистон бахши кишоварзӣ ва амнияти ғизоиро ҳамкорӣ доранд.

Дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ вохурии ҳайат бо роҳбарияти Эксимбонки Индонезия баргузор гардид. Дар доираи вохурии мазкур масъалаҳои марбут ба иштироки Эксимбонки Индонезия дар лоиҳаҳои самти инфрасохтор соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, сайёҳӣ ва тиб, маблағгузории амалиётҳои содиротӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, ташкили форумҳо барои рушди тиҷорат ва табодули таҷриба оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи сафари корӣ ба Таиланд санаи 23-26 ноябри 2024 анҷом доданд. Ин сафари корӣ марҳилаи муҳими тоза дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд гардида, имкониятҳои ҷадидро барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, бонкдорӣ ва технологияҳои муосир фароҳам овард.

Дар рӯзи аввали сафар ҳайати Тоҷикистон бо Сарвазири Таиланд вохӯрии ғайрирасмӣ баргузор намуд. Дар ин мулоқоти самимӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо мавриди таваҷҷуҳ изҳор карданд. Ин вохӯрӣ заминаи мусоид барои чорабиниҳои минбаъдаи сафари корӣ фароҳам овард.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати кишвар ба мақсади баррасии имконияти густариш ва роҳандозии ҳамкориҳои Тоҷикистон зимни вохӯрӣ ва нишасти корӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии кишварҳои Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Таиланд ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ буд. Ҳадафи он баррасии имконияти таҳкими робитаҳои иқтисодии кишвар ва муаррифии сармоягузории Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахшҳои хусусии кишварҳои болозикр мебошад. Ҳамчун замина ба таъсиси сохториву ташкилотӣ барои танзими мулоқотҳои оянда бо доираҳои тиҷоратӣ ва муҳокимаву баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва бахшҳои калидӣ бо муайян намудани самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ барои ҳамоишҳои соҳибкориву тиҷоративу сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард. Сафари ҳайати кишвар ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз дастоварди сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат буда, барои рушди самтҳои иқтисодиёт дар ояндаи наздик мусоидат менамояд.

Бо назардошти ба роҳ мондани ҳамоҳангии муассисаҳои илмӣ бо вазорату кумитаҳо пешниҳод карда мешавад, ки барои омӯзиши баррасии самтҳои ҳамкориҳо ба кишварҳое, ки Тоҷикистон робитаҳои дуҷонибаи дӯстона дорад, дархостҳои худро ба муассисаҳои илмӣ ироа дошта, омодагии хешро барои қабул ва амалисозии натиҷаҳои тадқиқоти олимон эълон намоянд. Имрӯз набудани робитаҳои байни ниҳодҳои давлатӣ, мушкилотҳо дар тадқиқотҳои илмӣ ба назар мерасад. Барои беҳтар кардани робитаҳо пешниҳод карда мешавад, ки байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои дахлдор созишнома, оид ба дастрасии маводҳо дар корҳои илмӣ-тадқиқоти баста шавад.

Ташкили семинарҳо байни вазоратҳо ва кумитаҳо бо Институтҳои таҳлилӣ дар самтҳои сиёсати хориҷии кишвар зарур мешуморем. Муассисаҳои илмӣ бояд мавзуъҳоеро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, ки дар асоси пешниҳодҳои Паёми солона, ҳадафҳои стратегӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Ҳамоҳангӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор метавонад, чунин мавзъҳои аҳамиятнокро дуруст муайян кунад. Танҳо саноати илмбунёд дар бозори имрӯзаи ҷаҳонӣ рақобатпазир буда метавонад, ки ин заминаи рушди устувори мамлакат барои даҳсолаҳои ояндаро фароҳам меорад.

Соҳиби Баҳруло - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сарчашмаҳо:

1. Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Сингапур https://investcom.tj/news/473-barguzorii-forumi-sarmojaguzorii-toikiston-va-singapur.html

2. Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Сингапур https://investcom.tj/news/473-barguzorii-forumi-sarmojaguzorii-toikiston-va-singapur.html

3. Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Сингапур https://investcom.tj/news/473-barguzorii-forumi-sarmojaguzorii-toikiston-va-singapur.html

4. Pertemuan Wamendag RI dengan Menteri Perindustrian dan Teknologi Baru Tajikistan https://www.kemendag.go.id/.../pertemuan-wamendag-ri... 23.11.2024