Skip to main content

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (28 декабри соли 2025)

Ҳамасола, Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаҳои муҳиму пандҳои ибратомӯз ва суханхои ҳидояткунандаи Пешвои миллат сурат мегирад. Дар Паёми навбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ суханрони намуда, барои боз ҳам рушд бахшидани ин соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ва муҳим ба миён гузоштанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар таърихи башар илму маориф ҳамеша омили пешбарандаи рушду такомули ҷомеа ба шумор меравад. Соҳаи маорифи кишварамон бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Ҳамаи рукнҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу адабиёт, пеш аз ҳама, дар асоси мактабу маориф рушд меёбанд. Воқеан хам маориф муҳимтарин воситаи рушди ҷомеаи инсонӣ буда, баҳри баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии ҷомеа ва рушди инсон нақши бузург мебозад ва махсусан, дар шароити кунунӣ ҷаҳонишавӣ, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардидааст, аҳамияти калон дорад. Бинобар ин, давлат дар роҳи рушду пешрафти худ, дар навбати аввал ба мактабу маориф ва илм такя мекунад ва тамоми неру ва тавоноии худро баҳри рушди ҳамаҷонибаи илму маориф ҷалб месозад.

Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа зохир намуда, дар Паём бори дигар таъкид намуданд, ки «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Дар вокеъ рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа мебошад.

Яке аз нуқтаҳои муҳимтарине, ки дар Паём ироа шуд, ин пеш аз ҳама, рушди соҳаи иҷтимоӣ буда, бори дигар таъкид гардид, ки дар масъалаи маблағгузорӣ соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф ва илм дар кишвари мо диккати махсус дода мешавад. Зеро дастгирии соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани мақоми омӯзгор аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки онхо дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор мераванд. Пешвои миллат дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Таҳлилҳои оморӣ дар Паёми Сарвари давлат нишон доданд, ки Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат боз хам таъкид намуданд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад. Барҳақ, дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф ба шумор меравад.

Дар воқеъ, раванди ҷаҳонишавӣ ва суръати баланди рушди илму технология моро водор месозад, ки “имиҷи” миллату давлатро дар заминаи тафаккур ва хиради ҷомеаи шаҳрвандӣ баланд бардошта, низоми маорифи миллиро ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ созем. Таъкид гардид, ки рушди иқтидори илмии муассисаҳои таълимӣ, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад. Яке аз нишондиҳандаи оморӣ, ки дар Паём ироа гардид ин аст, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шудаистодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои буҷетӣ ба идораҳои дахлдор супориш доданд, ки «аз 1-уми сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад».

Қобили зикр аст, ки дар шароити торафт шиддат ёфтани рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ дар руҳияи худшиносиии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон боло бурдани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон фаъолияти якҷояву дастаҷамъонаи ҳадафмандро тақозо менамояд. Бе мутахассисони баландихтисосу кордон ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Илова ба ин имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

Мусаллам аст, ки пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии амик дорад. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёт фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Дар робита ба ин аз чониби Пешвои миллат вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 20302»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Дар доираи барномаи мазкур бояд кадрҳои ҷавони баландихтисос ва забондону кордон тарбия карда шаванд.

Ҳамин тарик, харчанд дар Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат масъалаи соҳаи илму маориф ҳамчун мавзӯи мехвари ба хисоб меравад, аммо Паёми имсола боз хам собит намуд, ки мавзӯи рушди соҳаи маорифи миллӣ аз аз рӯзҳои аввали роҳбарии Пешвои миллат чи хеле иброз доштанд: «ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам». Такрор ба такрор атрофи мавзӯи рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ сухан намуда, рохбари давлат барои ҳалли соҳаи мазкур гузаронидани ислоҳотро масъалаи зарурӣ арзёбӣ намуданд.

Хулоса, аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хар як шахси худогоху ватандуст рӯҳу илҳоми тоза гирифта, мекушад, ки бо ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву мақсаду мароми неку азми қатъӣ ва саъю талоши созанда Ватани азизамонро ободу зебо гардонида эътибору обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам шуҳратёру сарбаланд созем.

Юсуфӣ Фарзона-ходими илмии шуъбаи Аврупо-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Манбаъ (Иқтибос): Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. https://president.tj/event/missives/49225 таърих 29.12.2024