Skip to main content

Бахшида ба соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

34234Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзу тӯли географие ҷойгир шудааст, ки кӯҳҳои осмонбӯсу сарватҳои бойи табиӣ, иқлими мусоид ва табиати зебову гуногунии ландшафташ таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ ҷалб намуда аст. Кӯҳҳои баланд натиҷаи ҳаракатҳои амудии замони алпӣ буда, омили тағйирдиҳандаи иқлим, манбаи асосии яхбандиҳои замони геологии Лахш (2 млн. сол қабл) ва муосир, инчунин шабакаи обии дарёҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Дар маҷмӯъ, 9139 пирях дар майдони 9 ҳаз. км2 зиёда аз 559 км3 оби сахтро ба худ нигоҳ дошта, 6 % -и ҳудуди Ҷумҳуриро дарбар мегирад. Бузургтарин пиряхи ҳудуди Тоҷикистон Ванҷях (Федченко) мебошад, ки 70 км дарозӣдошта, то 1000 м дорои ғафсӣ мебошад ва ҳамчун “дарахти пиряхин” зиёда аз 60 пиряхро ба канор гирифтааст. Инчунин, дар ин ҷо боз чанд пиряхи калонтарин низ ба монанди, пиряхҳои Академияи илмҳо, Корженевская, Ғармо, Ҷамъияти географҳои рус, Грамм-Гржимайло ва ғайраҳо мавҷуданд.

Марзи пиряхҳоро қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо бо гиреҳшавии қаторкӯҳҳои Петри 1, Дарвоз, Ванҷ ва Язғулом дарбар мегиранд. Дар ин ҷо қуллаи Исмоили Сомонӣ дар баландии 7495 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Яхбандии доимиро қуллаҳои баланди қаторкӯҳҳои Рӯшон, Шуғнон, Шоҳдара, Ишкошиму Вахон, инчунин Зарафшону Ҳисор, обҳои зеризаминӣ ва атмосфера нигоҳ дошта, манбаи асосии ғизогирии оби дарёҳо мебошанд.

Дар ин ҷо, инчунин як қисми пиряхҳо “кӯчанда”-ҳаракаткунандаанд. Онҳо хатарнок ва фоҷиабор (пиряхҳои Хирс ва Кашолаях) мебошанд.

Месазад қайд намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиягари асосии панҷ ташаббуси ҷаҳонии об мебошад:

1. Эълон кардани “Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза” Қатъномаи 55 Маҷмаи Умумии СММ аз20 декабри 2000, таҳти рақами 55/196;

2. Эълон гардидани солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» Қатъномаи Иҷлосияи 58-уми Маҷмаи Умумии СММ аз23 декабри соли 2003, таҳти рақами 58/217;

3. Эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қатъномаи иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии СММ аз20 декабри соли 2010, таҳти рақами 65/154;

4. Эълон гардидани солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» Қатъномаи Иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ аз21 декабри соли 2016, таҳти рақами 71/222.

Дар Тоҷикистон ду ҳавзаи дарёи калонтарин-Аму ва Сир ҳавзаи обҷамъкунандаи марзӣ-байналмилалӣ маҳсуб мешаванд. Дарёи Аму бо Афғонистон ва дарёи Сир бо Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳаммарзанд. Проблемаи об дар байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тӯли солҳои дароз яке аз масъалаҳои ҳалталаб буд ва он бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарварони ин ду давлат дар сатҳи баланд ҳаллу фасл карда мешавад.

Дарёи Иртиш аз Ҷумҳурии Чин сарчашма гирифта, Ҷумҳурии Қазоқистонро бо об таъмин менамояд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар дарёи Иртиш ҳар сол 5 км3 ҳаҷми об кам мешавад ва барои Ҷумҳурии Қазоқистон хатари экологиро пеш орад. Чуноне, ки имрӯз баҳри Арал дар чунин як фоҷиаи экологӣ қарор дорад.

Дар Осиёи марказӣ панҷ ҷумҳурии бародар - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар истифодабарии оби дарёҳои Аму ва Сир зич вобастагӣ доранд. Ин дарёҳо то солҳои 60-уми асри ХХ ба баҳри Арал мерехтанд. Ҳоло, оби ин дарёҳо ба наҳрҳои сунъӣ барои обёрӣ намудани майдонҳои пахтаву ғаллазор ва обанборҳои дигар ғайриоқилона истифода бурда мешаванд. Аз ин ҷост, ки баҳри Арал ташналаб мондааст. Майдони ҳавзаи баҳри Арал аз 70 км2 ба 30 км2, сатҳи об то ба 21 м паст фаромадаву атроф ҳама ба биёбону қамишзор табдил ёфтааст. Аҳолии атрофи баҳр зиёда аз 3 млн. нафар ба офатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ (бекорӣ, азбайнравии моҳипарварӣ, даромади пулӣ) дучор омадаанд.

Мутобиқба далелу маълумотҳои ТДМ300 дарё аз сарҳади ду ва зиёда мамлакат мегузаранд. Саволе ба миён меояд, ки оё дар байни онҳо нофаҳмиҳову муноқишаҳо ба миён намеоянд? Албатта, ин масоил ба миён меояд ва вуҷуд ҳам дорад. Ин масоил дар ояндаи наздик ҳам ба авҷи аълои худ хоҳад расид, чуноне, ки дар мамлакатҳои шарқи наздик ба миён омадааст.

Барои ҳалли ин масоил Конвенсияи Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба истифодаи оби дарёҳои марзӣ, ки соли1966 ва баъдтар бо дигар иловаҳояш дар Хелсинки қабул гардида буд, бояд риоя ва иҷро гардад. Аз он ҷумла, дар он ҷо омадааст, ки: давлатҳое, ки як қисми ҳудудашон дар ҳавзаи обтақсимкунандаи байнидавлатӣ воқеъ аст “давлатҳои байнимарзии ҳавзаҳо”-янд ва ҳуқуқи байналмилалие доранд, ки проблемаҳои экологӣ ва статуси обро якҷоя ҳаллу фасл намоянд.

Омили асосии ҳалли ин проблема аз рӯйи қоидаҳои қабулшуда бемаҳдудияти сарчашмаҳо, шинохтан ва ба эътибор гирифтани объектҳо ҳамчун ҳавзаи байналмилалӣ мебошанд.

Боиси ифтихор аст зикр намоем, ки чандин пешниҳоду таклифоти ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз он ҷумла:

· Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

· Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

· Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

· Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Ташаббусҳои созандаи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табиатро аз хатари нобудшавӣ ҳифз мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир панҷ ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳои узви СММ қабул ва эътироф гардида, мавриди амал қарор доранд.

Фарҳод Ғафуров - сарходими илмӣ, мудири лабораторияи ИГСЗТС – и АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия