Skip to main content
Ҷаҳонишавӣ ки яке аз равандҳои муосири ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад дар асоси он ташкилшавии низомҳои нави иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ба амал омадааст, ки аз доираи давлатҳои алоҳида берун баромадаанд. Ин раванд ба инкишофи нобаробарии иқтисодиёти кишварҳо, аз байн рафтан ва сустгардидани мақоми арзишҳои фарҳангӣ, динӣ ва миллӣ мерасонад. Аз ин рӯ, барои давлатҳо, ки дар маҷмуъ гирдоваранда (муттаҳидкунанда)-и арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ мебошанд, зарурият пеш омада ки барои пойдорӣ ва бақои худ саъю талош кунанд, то дар сели ҳалокатбори ин раванди ҷаҳонӣ намонанд.

Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошуравӣ аз он ҷумла, ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар доираҳои асарҳои илмӣ ва мақолаҳои матбуоти даврӣ ба таври гуногун инъикос мегардад. Барои он ки ин мафҳум дар асоси фаҳмиши ҷаҳонбини ба таври гуногун арзёбӣ мегардад. Аз он ҷумла, дар зери ин мафҳум таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ, таассубгароӣ, падидае, ки аз қонуниятҳо ва нормаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Албатта падидаи радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст ва он дар ҷомеаҳое зуҳур мекунад ки ин ҷомеаҳо давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

Вожаи радикализм аз забони лотинӣ «radix» гирифта шуда ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ идеяҳо ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки барои дигаргун сохтан, сарнагун сохтани (аз беху бун, реша) институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад. Яъне дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намудан, ҳатто агар лозим шавад бо тариқи зӯрӣ. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илми сиёсӣ ҳанӯз дар асри 18 аввалин бор дар Англия истифода гардид, ки он вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 буд.

Баъдтар дар ақидаҳои Ҷ. Локк, Ж.Ж. Руссо ва У. Годвин ҳамчун истилоҳ истифода гардид. Мафҳуми радикализмро дар муносибат бо ҷомеашиноси англис Иеремия Бентам (1748- 1832 гг.) – асосгузори фалсафаи утилитаризми англис ва яке аз назарияпардозони либерализми сиёсӣ, истифода мекарданд, ки пайравони ӯро «файласуфони радикал» мегуфтанд.

Дар асри 19 бошад радикализм ҳамчун ҳаракати сиёсӣ, фалсафӣ, динӣ, ислоҳотӣ ва фарҳангӣ рушд намуд. Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асоси идеологии як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо ироа намудани ақидаҳои худ радикализм мақсадҳои худро доро мебошанд, ки он иборат аст аз муносибати номатлуб бо режими сиёсии мавҷудбуда ва роҳҳои баромад аз ин вазъият танҳо бо роҳи барҳам додани сохти мавҷуда.

Ҳамин тариқ, радикализм ҳамчун як қувваи фаъоли ҷамъиятӣ дар баробари вориди майдонҳои сиёсӣ ва динӣ шудан ҳадафҳои худро мегузорад. Радикализм ҳаракатест, ки бо сохти мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст, сайъ мекунад, ки авзоъро дар ҷомеа ноором созад ва чунин фаъолиятҳоро дар равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ чунин фаъолиятҳо иҷро менамояд:

- огоҳӣ ва иттилоърасонии ҷомеа нисбати бесарусомониҳо дар ҷомеа;

- тақвият додани бӯҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум фишор овардан нисбати сохти сиёсии мавҷуда;

- майли норозигӣ ба нормаҳои мавҷуда ва кӯшиши навоварӣ ва дигаргунӣ даровардан.

Хамин тариқ радикализм ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба шумор меравад, ки вазифааш дигаргуниҳои қатъӣ ворид кардан мебошад. Дар ҷомеаҳое, ки вазъашон ором аст, ҳукумат метавонад қувваҳои гуногуни иҷтимоиро ба низом дароварад. Аммо дар ҷомеаҳое, ки ба истилоҳ «давраи гузариш»-ро аз сар мегузаронанд зуҳури радикализм меафзояд.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи нишондодҳои оморӣ дар Тоҷикистон нисфи зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Паҳн гардидани ақидаҳои радикализм дар миёни ҷавонон аз чанд сабаб вобастагии зич дорад. Пеш аз ҳама ҷанги шаҳрвандӣ, ки гузашт аз зумраи сабабҳои асосӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи асосии қувваҳои радикалӣ ин ҷавонон мебошад, ки бо ҳар роҳу восита тавонанд ҷавононро бо ақидаҳои худ мусаллаҳ намоянд, ки ин дар навбати худ сабабҳои хосро доро мебошад, аз он ҷумла:

«Яке аз омилҳои асосии рушди радикализм дар миёни ҷавонон ин суст будаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ба ғайр аз ин ин масъала (яъне рушди радикализм – Н.З.) аз мавзуъҳои асосӣ ва актуалӣ то ҳол қарор нагирифтааст. Мутахассисон масъалаи мазкурро танҳо дар доираи мизҳои мудаввар ва конфронсҳо баррасӣ мекунанду халос».

Бояд қайд намуд, ки дар сатҳи давлатӣ барои пешгирии ин падидаи номатлуб чораҳо андешида шуда истодаанд. Барои барҳам додан ва манъ намудани рушди радикализм дар миёни ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналхалқӣ як қатор чорабиниҳо гузаронда шудааст. Дар соли 2010 Форуми «Радикализм ва ҷавонон: роҳҳои бартараф намудани таъсири радикализм ба ҷавони Тоҷикистон» шуда гузашт. Ин форум аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва туризми назди Хукумати ҶТ ва ташкилоти International Alert шуда гузашт. Дар ин форум ва чорабиниҳое, ки гузаштаанд, як қатор роҳу усулҳои барҳам додани таъсири радикализм ба ҷавонон пешниҳод гардидааст. Инчунин роҳҳои манъ намудани ҷавонон аз ин падидаи номатлуб баррасӣ гардидаанд. Дар ин консепсия фикру мулоҳизаҳои худи ҷавонон низ пешниҳод гардидааст.

Дар баробари дигар сабабҳо дохил гардидани ақидаҳои радикализм як қатор сабабҳои объективӣ низ дорад. Ҳамаи қувваҳои радикалӣ кӯшиш мекунанд, ки ҳамон «халои маънавӣ ва фарҳангӣ»-ро, ки ҷомеаҳои пасошӯравиро фаро гирифта буд пур намоянд ва дар баробари он ҷавононро баҳри пиёда сохтани манфиатҳои худ истифода баранд. Вале бояд қайд намуд, ки ҷомеаи мо, ки анъанавӣ аст ва омили динӣ нақши калидӣ дорад, равандҳои радикалӣ дар шакли дин ворид мешаванд.

Роҳҳои воридшавии радикализм дар миёни ҷавонон гуногун аст. Ба монанди таҳсил дар хориҷа, бо воситаи сайтҳои интернетӣ, расонаҳои ахбори омма ва ғайра.

Дар ин ҷо метавон таҳсил дар хориҷаро қайд намуд. Ҷавононе, ки дар хориҷа дар нуқтаҳои гуногуни мамлакатҳои исломӣ таҳсил кардаанд, дар баробари омаданашон ба дохили ҷумҳурӣ бо рӯхониёни суннатӣ бархурди сахт намуданд. Албатта, ин бархурди онҳо, ки бо номи «салафӣ» ва «ваҳҳобӣ» як бархурди дохилидинӣ буд, вале таъсир ва инъикоси худро дар ҷомеа гузошт. Онҳо чунин мепиндоштанд, ки ақидаи мусулмонони кишвар, аз он ҷумла пайравони мазҳаби ҳанафӣ, аз асосҳои ислом дур шудаанд ва ба талаботҳои воқеии ислом ҷавобгӯ нестанд.

Дар миёни ҷавонон намояндагони дигари ақидаҳои радикалӣ дошта мавҷуданд, ки сирф ба сиёсат дахл карда арзишҳои исломиро ҳамчун василаи ақидаҳои худ истифода мебаранд:

«Бино ба ақидаи мутахассисон, ҳаракатҳо ва ташкилотҳои зиёдест, ки аз номи ислом баромад мекунанд, вале дар воқеъ онҳо амаликунандаи он барномаҳои геополитики қувваҳои муайяне ҳастанд, ки барои ноором намудани амнияти минтақа равона шудааасн, ки ҳадафҳои муайяни геостратегӣ доранд. Пойгоҳҳои расонаҳои ҷамъиятӣ, махсусан Фейсбук баёнгари он аст, ки намояндаҳои ҳаракатҳои ғайрирасмии динӣ, ин пойгоҳро ҳамчун минбари паҳнкунандаи ақидаҳои худ ҳисоб менамоянд. Такя намудани ин қувваҳо ба арзишҳои исломӣ аз он сабаб аст, ки дин дар ҷомеаи Тоҷикистон роли муҳим мебозад ва муассисаҳои қавии динӣ вуҷуд надоранд, ки мутахассисони варзидаи илоҳиётшинос тайёр намояд».

Маҳз ҳамин надоштани донишҳои динӣ метавонад заминаи хубе ба рушди ақидаҳои номатлуби радикалӣ дар миёни ҷавонон оварда расонад. Инчунин дар пойгоҳи хабарии Фейсбук ва дигар расонаҳои даврӣ мо шоҳиди муколамаҳои пайравони ақидаҳои динӣ ва дунявӣ мегардем. Ин гуфтугузорҳо баъзан муташанниҷ мегарданд, ки ду қувваи ба ҳам зидро ташкил менамоянд. Дар маҷмӯъ ин ҳамон набардҳои ақидативу идеологиро мемонад, ки асосан аз даврони советӣ ба мо мерос мондааст. Бархе ақида доранд, ки дин ва таълими динӣ кори ҳар як фарди алоҳида аст ва онро наметавон ҳатто дар сатҳи давлатӣ ба низом даровард. Дар баробари нодида гирифтан ин раванд, шояд заминае гардад барои пайдоиши ягон қувваҳои радикалӣ дигар.

Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як гурӯҳи муташаккили низомёфта дар миёни ҷавонон вуҷуд надорад, балки ақидаҳое вуҷуд доранд, ки ба арзишҳои миллӣ ва динии ҷомеаи мо таҳдид мекунанд. Дар ҳар ҷомеа рушди ин ва ё он падидаи манфӣ ба сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ва шаҳрвандони он сахт алоқаманд аст. Дар сатҳи паст қарор доштани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ метавонанд ҷавононро ба сафи қувваҳои радикалӣ сафарбар намояд.

Ҳамин тариқ, бино ба ақидаи назарсанҷон ва таҳлилгарон дохил гардидани ақидаҳои радикалистиро дар миёни ҷавонон аз чанд омил медонанд, аз он ҷумла омилҳои демографӣ, маънавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра.

Дар баробари ин омилҳо метавон гуфт, ки аҳолии Тоҷикистонро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд ва ҷои худро дар ҷомеа намеёбанд ва билохир худро дар сафи қувваҳои радикалӣ мебинанд. Инчунин чуноне қайд гардид, ташкилотҳои махсуси радикалии кишварҳое, ки манфиат доранд, метавонанд ақидаҳои худро дар байни ҷавонон ҷоннок намоянд. Дар ин раванд метавонанд, ҷавононе, ки дар мактабҳои махсуси экстремистии хориҷа таҳсил кардаанд саҳмдор бошанд. Дар баробари ин омилҳо метавон омили иқтисодиро бояд ба назар гирифт, ки он як аз омилҳои калидии рушди ақидаҳои радикалӣ дар ҷомеа мебошад. Махсусан, набудани ҷойҳои корӣ дар кишвар сабаби асосии рушди муҳоҷирати меҳнатӣ мегардад. Метавон гуфт, ки муҳоҷират яке аз заминаҳоест барои рушди ақидаҳои радикалӣ.

Барои пешгирӣ намудан аз зуҳур ва хатари радикализм, дар шароити ҳозираи рушди ҷомеаи тоҷикон, низоми таълимӣ (оила, мактаб, мактабҳои олӣ) бояд дар раванди шаклгирии рӯҳияи ҷавонон дар масъалаҳои миллӣ, ватандӯстӣ дошта бошанд, ки он бояд дар сиёсати давлат оиди ҷавонон дарҷ гардад. Яке аз роҳҳои бартараф намудани радикализми динӣ бояд дар дохили ҷумҳурӣ таълими динӣ ва асосҳои диншиносӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда шавад. Имрӯз бояд ҷавонон иттилоъи бештар дошта бошанд доир ба динҳои ислом, яҳудият ва насроният. Баъд аз дониш пайдо кардан онҳо наметавонанд пайравӣ аз ҳаракатҳои номатлуб кунанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон ин фаъолити давлатӣ буда, барои фароҳам овардани шароитҳои иқтисодӣ, ҳӯқуқӣ, иҷтимоии ҷавонони мамлакат сафарбар карда шудааст. Ҳамин тариқ, дар асоси барномаҳои давлатӣ бояд ҳисси ватандӯстӣ ва ободкорӣ дар рӯҳияи ҷавонон тарбият карда шавад. Ватандӯстӣ пайвандгари асосии якдилӣ ва муттаҳидии ҷавонон дар ҷомеаи мо ба шумор меравад, ки бар зидди ҳар гунна падидаҳои шовинистии миллатгароӣ, радикалӣ, экстремистӣ нигаронда шудааст.

Ватанпарварӣ, ки яке мафҳумҳои ахлоқӣ ба шумор меравад, дар ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва рафтори фард инъикос меёбад. Ин падида дар фаъолияти шахс зоҳир гардида ба таври дақиқ муҳаббат ба як порчаи азиз Ватанро ифода мекунад, ки рафта–рафта ба як худшиносии умумиватанӣ оварда мерасонад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки бояд мо заминаҳои хуб дар кишвар муҳаё кунем, ки ҷавонон тавонанд шахсияти худро дарёбанд, арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва диниро дарк намоянд ва тамоми қувваи худро баҳри ободӣ ва рушди Ватан сафарбар намоянд.

Зокирзода Нусратулло - ходими калони илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ-и АМИТ