Skip to main content

Покизагию зебоӣ, сабзу хуррамӣ, гулгулшукуфоӣ, назму низом, риояти қонуну қоидаи пиёдаравону ҳаракати нақлиёт ва ободии шаҳр аз рӯи хусусиятгириҳои этикаю эстетикаи миллӣ ва арзишҳои байналмилалӣ - нишондиҳадаи фарҳангу тамаддун ва ваҳдату ягонагии шаҳрвандон ва роҳбарияти ҳар як шаҳри пешрафтаи замонавӣ мебошад. Меарзад, ки чанд сухане аз рӯи инсоф ва адолат дар бораи фаъолияту хизматҳои арзишманди Раиси бо маърифату хушсалиқаи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гӯем, ки ӯ бо фарҳангу маънавиёт ва ақлу хиради волои худ шаҳри Душанберо дар як муддати кутоҳе ба маркази давлатдории муосири миллӣ, ки ҷавобгӯи талаботи тамаддуни шаҳрдорӣ мебошад, табдил дод.

Дар ибтидо дар бораи шаҳрдорӣ як назаре ба таърихи халқи тоҷик намуда, барои мисол метавонем аз мутафаккири бузурги халқи тоҷик Сайидои Насафӣ, ки дар замони сахтарин зиндагии вазнину қашшоқонаеро аз сар гузаронида буд, намунае биёрем. Ӯ дар достони «Дар бораи ҳазрати Абдуллохон шаҳри Бухороро ойин бастан» навиштааст, ки баъд аз рӯзгоре ба рӯи тахт омад шаҳриёре, чӣ шаҳи фархундаиқбол ва чӣ шоҳи шаҳзодаи тимсоли хуршед буд ба исми Абдуллохон, ки тамоми зулму истибдод ва харобазорҳоро аз байн бурд:

Ба аҳдаш золимон гаштанд ранҷур,

Гурезон гашта чун тир аз камон дур.

Бухоро пир буд, акнун ҷавон шуд,

Ба даврон Абдуллохон шуд.

Мувофиқи навиштаи Сайидо, маҳз бо баракати қадами хайри ин ҳокими даврон, аз кавкаби ӯ шаҳри Бухоро чароғон гашта, ба зеботарин ва тозатарин шаҳр табдил шуд:

Мунаввар шуд чун субҳи наврӯз,

Баробар шуд ба аҳди ӯ шабу рӯз.

Зи ҳукмаш кӯчаҳо гардида равшан,

Зи шаб то рӯз натавон фарқ кардан.

Баъзе вақтҳо таърих дар як шакле такрор мешавад. Ин дар мисоли «ҷанги шаҳрвандӣ»-е, ки дар сарзамини кишварамон сар зад ва тамоми ноҳияю шаҳрҳо, аз он ҷумла шаҳри Душанберо ба ҳам рехта, мардумро дар вазъияти сахту ногувор ва фақру нодорӣ қарор дод. Махсусан, аҳли илму адаб бо рӯзгори хеш дар ҳолати парешонию дармондагӣ буданду китобу қаламро як тараф гузошта, рӯ ба деҳоту корҳои хадамотӣ, махсусан руфтани кӯчаҳо оварда, барои беҳбудии зиндагӣ талош менамуданд. Шукр, ки барқ дурахшиду ба майдон Шахси ҷассуру боиродаву қавӣ, бо қалби бузургу қадамҳои устувор омад ва дар як муддати кутоҳе мардум аз нав рӯ ба зиндагӣ ва саодат умед бахшиданд.

Ҳамин тариқ, бо ба майдон омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум аз нав ба ҳаёти осудаю зиндагии аз нав эҳёшуда муваффақ шуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талошҳои зиёде Тоҷикистон ва мардуми онро ба дунё муаррифӣ кард. Ва дар айни замон фарҳангу тамаддуни гузаштаи тоҷиконро рӯи об баровард ва таърихи ғанию қадима доштани мардуми тоҷикро боз як бори дигар пеши тамоми кишварҳои дунё исбот кард. Дар бораи хизматҳои арзишноки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ободию сохту сози сарзамини Тоҷикистон китобҳо нависӣ боз ҳам кам аст. Вале барои аҳли фаҳм ҳамин мухтасар кифоят аст.

Дар сохтану аз нав бунёдкунии шаҳри Душанбе саҳм ва хизмати Раиси шаҳри Душанбе, дастпарвари мактаби инсонгароӣ ва ободкории Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ниҳоят бузург ва дорои арзишҳои баланди меҳанпарварию инсондӯстӣ ва заҳматкашӣ аст. Бо заҳмати шаҳрдори ҷавон чун ахтари нурафшон муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳр дар муддати кутоҳе ба як шаҳри афсонавии мутараққии мутамаддин, ки мардум тасаввур ҳам карда наметавонист табдил ёфт. Шаҳр бо тамоми ҳастияш дар айни ҳол шукуфону сабзу хуррам шуд: биноҳои баланду зебои дунявӣ бо фарҳангҳои омехта қомат баланд карданд. Гулгашту чаманзорҳо, боғу боғчаҳо, варзишгоҳу майдончаҳои бозӣ, роҳҳои аз нав таъмиршудаву васеъ бо истгоҳҳои ҳозиразамон, бозору мағозаҳои замонавӣ, бемористону клинакаҳои ба замони муосир ҷавобгӯ, тарабхонаю қаҳвахонаҳои барҳавою рӯҳбахш, қасрҳои фарҳангӣ-варзишӣ, ороишгоҳҳо ва амсоли инҳо қомат рост карда, ба кору фаъолият шурӯъ намуданд.

Ин ҳама гулгулшукуфиҳо ва зебоиҳои шаҳрамон аз қадами хайру нияти поки ин шаҳрдори ҷавони гуногунандеш, эҷодкору бо фарҳанг ва ватандӯсту поктинат Рустами Эмомалӣ мебошад, ки бигузор ҳамеша солиму бардам, қавию устувор ва ба иродаи матин бошанд ва аз Пешвои миллатамон пайравӣ намоянд ва бо нури гарму хуррамиҳои худ ба рӯҳу равони шаҳрвандон оромишу осудагӣ бахшанд. Шаҳрвандон низ дар навбати худ бояд заҳмату талошҳои Раиси шаҳрамонро нодида нагиранд ва ба ҳифзу тозагию ободии шаҳри хеш ва баҳри истифодаи солимӣ аз ин неъматҳои фаровони табиию маънавӣ истифода баранд ва шукргузори ин сарзамини бо баракату раҳмати хеш бошанд.

Муродова Тоҷинисо – н.и.фалсафа, дотсент, ходими пешбари

илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ