Ё худ мулоҳизаҳои таҳлилӣ бобати баррасиҳои илмии доктори илмҳои иқтисод, профессор, узви вобастаи АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода бо унвони “Иқтисоди миллӣ ва қудрат” ҷиҳати баҳогузории раванди тағйирхӯрии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва рукнҳои асосии инчунин тағйирхӯриҳо бо дарназардошти таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръат бо равиши роҳандозӣ шудани иқтисоди бозорӣ.
Баробари ба истиқлоли сиёсӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон вайроншавии низоми нақшавии иқтисод мушоҳида мешуд. Гузашта аз ин, ҷанги таҳмилӣ раванди гузариш аз як шакли иқтисод ба навъи дигар, ки иқтисоди бозорӣ муаррифӣ мешуд, ҳадалимкон аз татбиқшавӣ боздошта, буҳронро дар солҳои навадуми садаи гузашта қариб дар ҳамаи самтҳои фаъолият ба вуҷуд овард. Фақат аз солҳои дуҳазорум Тоҷикистон ба барқарорсозии фаъоли иқтисод ва гузаронидани ислоҳоти бозорӣ шуруъ кард. Аз ин давра марҳилаи эҳёи иқтисодӣ ба марҳилаи афзоиш мегузарад. Ҳадафҳои стратегии расидан ба амнияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, инчунин сиёсати индустрикунонии босуръат афзалиятҳои лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва гаронарзишро нисбат ба рушди институтҳо ва меъёрҳое, ки фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар беҳтар мегардонанд, болотар мегузоранд. Бинобар ин, дар назди қудрат чунин вазифа дар мадди аввал меистод, ки бояд муносибати худро ба як табақаи хурди синфи миёна ва соҳибони соҳибкорон ҳамчун донор барои лоиҳаҳои худ аз нав дида барояд, зеро бе иштироки фаъолонаи ин қишри иҷтимоӣ равандҳои табдилдиҳӣ ва технологӣ оқибат муваффақ намешаванд. Ҳимояи ҳуқуқи моликият, судҳои мустақил, рафъи монеаҳои маъмурӣ ва мубориза бо коррупсия барои иқтисод нуқтаҳои нави афзоишро фароҳам меорад. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода вижагиҳои иқтисоди миллиро дар кишварҳои мутараққӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, зимни пажуҳиш мутазаккир мешавад, ки ҳадаф аз татбиқи вижагиҳои хос дар иқтисоди миллӣ бартарӣ додани қудрат ба қишри мутавассит будааст. Масалан, бобати таҳлили ду шакли муосири иқтисоди миллӣ, ки яке хосси ИМА ва дигарӣ дар Британияи Кабир аз ҷониби қудрат роҳандозӣ шудаанд, чунин андешаро иброз менамояд: “Тамоюлоти мазкур бинобар сатҳи омӯзиш ва роҳандозӣ шудани навъи муосири сиёсати иқтисодӣ дар ҷаҳон маъруф буда, бо дарназардошти таҳияву татбиқи онҳо аз ҷониби шахсони калидӣ дар қудратҳои мухталиф дар таърихи иқтисоди ҷаҳонӣ машҳур мебошанд. Ҷузъҳои асосии Reaganomics кам кардани андозҳо, танзим ва ҷилавгирӣ аз таваррум буд. Назарияи сиёсат ин буд, ки тавассути коҳиш додани андозҳо ва муқаррарот, шахсони воқеӣ ва тиҷоратӣ барои сармоягузорӣ ва рушд пули бештаре хоҳанд дошт, ки ба рушди иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ оварда мерасонад. Таҳиягарони назарияи tetcherism исбот мекарданд, ки дар охири солҳои 70-уми садаи сипаришуда Британияи Кабир дар вазъи нобаҳангоме қарор дошт ва эҳтимоли нуфуз кардани буҳрон дар иқтисоди миллӣ буд. Бинобар ин, тамоили мазкур бо ибтикори Тетчер эҳёи иқтисоди миллӣ маҳсуб мешуд”.
Пасон, муаллиф хусусиятҳои иқтисоди миллиро бинобар ҳадафҳои қудрат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ карда, бобати сатҳи мусоидат ва ба вуҷудоварии роҳҳои таъмини рушди иқтисодӣ дар давлати рӯ ба инкишоф нақши Сарвари давлатро қайд менамояд ва мутмаин ба ин бовар аст, ки ҳадафҳои стратегии кишвар бо дарназардошти чаҳор аркон иқтисоди моро дар даврони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ мекунанд. Масалан, номбурда чунин менависад: “Ин навъи иқтисод (ҳадаф иқтисоди миллист – Ш.Қ.), ки миллӣ баррасӣ мешавад, дар заминаи пажӯҳиши вижагиҳои милливу сиёсии иқтисод ва дахлу харҷи он дар шароити ҷаҳонишавӣ такмил ёфта, хоси давлати рӯ ба инкишоф маҳсуб мешавад. Агар ба вижагиҳои сиёсати иқтисодии кишварамон таваҷҷуҳ кунем, чунин хусусиятҳо мушоҳида мегарданд, ки коршиносон онҳоро ба ҳайси ҳадафҳои истротегии кишвар баррасӣ намудаанд”.
Воқеан, баъзе вижагиҳои иқтисоди миллӣ дар суханрониҳо ва пеш аз ҳама, дар Паёмҳои солонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозкушоӣ шуда, баъдан аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ шарҳу эзоҳ меёбанд, аммо ин нукта мусаллам аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар мулоқот ва соири баромадҳои хеш тақвият додани бахши хусусиро мутазаккир мешаванд. Иштироки бахши хусусӣ дар иқтисоди Тоҷикистон нисбатан баланд аст, аммо таҳлилҳои коршиносон ва маълумоти сатҳи хурд ба бисёр заъфҳо ишора мекунад. Ҳамчунин, ширкатҳои хусусӣ бо дарназардошти баъзе аносир ба мушкилот рӯ ба рӯ шуда, ҷанбаҳои муҳити тиҷоратиеро инъикос мекунанд, ки ба ширкатҳои баландсифат ё онҳое, ки потенсиали баландтарини рушд доранд, қарз намедиҳанд. Маҳз ҳамин омилро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар соле зимни баррасии авзоъ дар Паёмҳои худ зикр менамоянд. Дар ҳақиқат молия бе қарз вуҷуд надорад ва дилхоҳ иқтисоди муосир низ дар заминаи табодули кредитӣ амалан татбиқ мешаванд. Пандемияи COVID-19 на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё мувозинати байни сиёсату иқтисод ва иҷтимоъро аз байн бурд. Аммо ҳама чиз бартариҳои худро дорад ва ин бартарият бо истифодаи васеътари технологияҳои рақамӣ алоқаманд аст. Бо вуҷуди ин, нобаробарии рақамӣ аз нуқтаи назари андозаи ширкат саволҳоро дар бораи оқибатҳои воқеии иҷрои ҳосилнокии оянда ба миён меорад. Бо дарназардошти ин замина, дар баробари рафъи осебпазирии дарозмуддати бахши хусусии Тоҷикистон, аз байн бурдани монеаҳо дар роҳи дубора тақсимоти захираҳо ба ширкатҳои тавлидкунанда муҳим аст, то бахши хусусӣ муассиртар шавад ва метавонад бо ҷойҳои кори бештар ва беҳтар таъмин шавад. Дар ин ҳолат ва барои афзалият додан ба сиёсатҳое, ки ба тақозои умумӣ дар муддати кӯтоҳ то миёнамӯҳлат таъсири бештар хоҳанд дошт, муҳим аст, ки сиёсати сохториро, ки монеаҳои воридшавӣ ва тавсеаи бахши хусусиро ҳал кунанд, авлавият дод. Дар мақола ҷиҳати навъҳои соҳибкорӣ ва тақвият додани бахши хусусӣ баррасии мусоидаткунандае аст, ки қисме аз он таҳқиқоти вижаро зарур донистем мутазаккир шавем. Қобилҷон Хушвахтзода, аз ҷумла, чунин нигоришеро матраҳ намудааст: “Вобастагии иқтидории иқтисодии дилхоҳ давлат, хоҳ мутараққӣ ва хоҳ рӯ ба инкишоф аз сиёсати иқтисодӣ рушди ҳамасоҳаи онро таъмин мекунад. Шояд ба ҳамин далел бошад, ки қудратҳо ҷиҳати рушди иқтисодиашон талош меварзанд ва шароит муҳайё месозанд, ки аҳолӣ беҳтару хубтар зиндагӣ кунанд. Бинобар ин, пешрафти соҳаи саноат бидуни роҳандозӣ шудани технологияҳои муосир имконнопазир буда, фақат бо истифода аз таҷҳизоти рақамӣ метавонсифати маҳсулоти истеҳсолшударо боло бурд. Соҳибкорон дар ворид намудани технологияҳои нави ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандартӣ сахткӯшанд, чунки бе истифода аз онҳо мо наметавонем, дараҷаи иқтидори иқтисоди миллиро баланд бардошта, бобати бо шуғл таъмин намудани аҳолии кишвар ҳамаи монеаҳоро бартараф созем. Ҳукумати кишвар айни замон, соҳибкории хурду миёнаро ба сифати маратория эълон кардани он имтиёзҳои иловагиро барояшон ато мекунад то ин самт аз иқтисоди миллӣ дар пояи рушд қарор бигирад.
Бояд мутазаккир шуд, ки узви вобастаи АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода дар мақолаи мазкур зимни пажуҳиши иқтисоди миллӣ ба масъалаи саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса намудааст. Рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ба сатҳи рушди саноат зич алоқаманд аст, ки саҳми соҳаҳоро дар таъмини рушди инноватсионии иқтисодӣ ба таври объективӣ инъикос мекунад. Бо мақсади таъмини диверсификатсияи иқтисодиёт, рушди иқтидори инноватсионии он ва рушди саноати коркард ва технологияҳои баланд, тиҷоратӣ гардонидани коркардҳои илмие, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазиранд, Стратегияи саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тартиб дода шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” барои ҷалби сармоя ва ташаккули ҳудудҳои фаъоли инноватсионӣ шароити мусоид таҳия ва роҳандозӣ мегардад. Дар солҳои истиқлолияти давлатии кишвар дар рушди саноати миллӣ тағйироти куллии сохторӣ ба амал омад, ки дар асоси таҳлили онҳо мушоҳида мешавад. Дар зарфи 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар саноати сабук беш аз 50 корхонаи бузург ва дар саноати сабук 9500 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Бо дарназардошти роҳҳои татбиқи масъалаи мазкур ва натиҷаҳои рӯоварии мо ба саноат дар мақола чунин пиндоре зикр гардидааст, ки хоҳем-нахоҳем, сатҳи таҳқиқ моро водор мекунад, ки иқтибосе аз он баррасӣ оварем. Инак, он иқтибос: “Дарк намудани мафҳуми “саноатикунонӣ” доштани донишҳои иқтисодиро аз шаҳрванд талаб менамояд, чунки саноат бинобар махсусиятҳои худ ба маънии тараққӣ ва аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба кишвари истеҳсолкунанда табдил ёфтанро дорад. Замони муосир бошад, имкон намедиҳад, ки давлатҳои воридкунандаи ашёи хом инкишоф ёбанд. Агар ба самти кишоварзӣ назар афканем, то кунун минтақаҳои гуногун бинобар содир намудани меваҷоту сабзавот фоида ба даст оварда, бо пайдо гардидани сармояи муайян роҳҳои коркарду истеҳсоли маҳсулотро аз ин ашёи хоми ватанӣ ҷустуҷӯ намекунанд. Маънои саноатикунонии босуръат роҳандозӣ шудани истеҳсолот ва аз самти кишоварзӣ ба амал овардани гузариш ба саноат маҳсуб мешавад”.
Гузашта аз ин, муаллифи мақола ҷиҳати баррасии вижагиҳои иқтисоди миллӣ ба таҳқиқи иқтисоди шуравӣ мепардозад ва ҳангоми қиёс байни ин иқтисод бо дигар навъҳои иқтисоди вуҷуддошта набудани рақобатро бо дарназардошти рафъи моликияти хусусӣ мутазаккир мешавад. Бояд иқрор кард, ки инкори моликияти хусусӣ имкон дорад дилхоҳ иқтисодро ба инқирози шадиди молиявӣ дучор намояд. Бинобар ин, муаллиф дар ин маврид менигорад: “Бояд мутазаккир шуд, ки саноат воситаи рушду тараққии миллату давлат мебошад, чунки дар садаи XXI ҳеҷ иқтисоде бидуни саноатикунонии он дар соҳаи гардиши пулу мавод, ки қонуни асосии иқтисодӣ аст, муваффақ нест. Аз ин хотир, барои таъмин намудани рушди иқтисодии кишвар қудрат бояд ба саноатикунонии босуръат рӯ оварад. Дар замони Шуравӣ ба ҳисобгирии нақшавии иқтисоди давлатӣ бидуни роҳандозӣ шудани моликияти хусусӣ татбиқ гардид ва рақобат аз байн бурда шуд, аммо ҷое ки рақобат нест, пешравӣ мемирад. Бинобар ин, аз омилҳои рушди иқтисод дар замони муосир вижагии бозории он маҳсуб мешавад, ки харид-фурухт, яъне мубодиларо тавассути бозор амалан татбиқ месозад ва алҳол дар ҷаҳон нест давлате, ки ин гуна бозорро истифода накунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки фаъолиятҳои мухталифи соҳибкорӣ ва сармоягузории муосир бо дарназардошти иқтисоди бозорӣ сурат мепазиранд ва дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи иқтисоди миллӣ ва ҳамоҳангии ӯ бо бозор яке аз махсусиятҳои хос ба кишвари мост. Бинобар ин, бо доштани сармоя имкон фароҳам меояд, ки фард бо шуғли соҳибкорӣ дастрасӣ ёфта, маблағҳои худро дар гардиши молию пулӣ гузорад, чунки ягона роҳи афзун гардидани маблағ истифода аз гардиши пулу мол мебошад”.
Марҳилаи кунунии рушди муносибатҳои байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди самарабахши иқтисодии кишварҳо бидуни ворид шудан ба системаи ҷаҳонӣ, тиҷорат, бе иштирок дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳияи сармоя бо дарназардошти татбийи он бо усули гирдгардиш, бе инкишоф додани шаклҳои кредит ва маблаггузории байналхалқӣ номумкин аст. Дар ин бобат барномаҳо ба таҳлили қонунҳо ва тамоилҳои инкишофи алоқавӣ ҷиҳати роҳандозӣ шудани муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ, таҳлили падидаҳои нав, омӯзиши масъалаҳои иҷтимоӣ бахшида шудаанд. Иқтисоди ҷаҳонӣ системаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, робитаи универсалии байни хоҷагиҳои миллӣ дар мисоли сершумор будани унсурҳои таркибии он, бисёрзинагӣ ва сохторро дар замони муосир тадвин намудааст. Ҷаҳонишавӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ба иқтисодиёт, сиёсат, соҳаи иҷтимоӣ, фарҳанг, экология, амният ва дигар параметрҳои кишвар таъсир мерасонад. Ба ин муносибат бисьёр мамлакатхо ба ин проблема диққати калон медиҳанд. Дар ин маврид, муаллифи мақола чунин дидгоҳро иброз доштааст: “Яке аз номутавозунии иқтисоди муосири ҷаҳониро, ки дар натиҷаи табиати равандҳои ҷаҳонишавӣ ба вуҷуд омадааст, нобаробарии рушди ҷаҳонии ҳам соҳавӣ ва ҳам минтақавӣ мебошад. Хусусияти фарқкунандаи рушди ҷаҳонии асри XXI афзоиши босуръати аҳамияти глобалии иқтисодиёти як қатор кишварҳои дигар дар раванди гузариш аз модели кӯҳна ба модели нави иқтисодии ҷаҳон мебошад. Аммо дигаргунихои структурӣ дар иқтисодиёти муосир бо тағйир додани таносуби ҷаҳонии иқтисодии қувваҳо ба фоидаи ин давлатҳо маҳдуд намешаванд. Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки таносуби умумии омилҳои қудратӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон дар байни мамлакатҳои тараққиёбанда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи онҳост, тағйир ёфта истодааст”.
Ҷоиз медонам тазаккур диҳам, ки ҳадафи таъмини устувории иқтидори содиротӣ бояд сармояи дохилию хориҷиро ҷалб намояд. Бе содир намудани маҳсулоти истеҳсолӣ воридони инчунин мавод аз кишварҳои хориҷӣ суди зиёнмонанд хоҳад буд. Ҳар як кишвар бояд ҳамон молҳоеро истеҳсол кунад, ки хароҷоти истеҳсоли онҳо нисбат ба хароҷоти кишварҳои дигар нисбатан пасттар аст ва мубодилаи молҳо махсус гардонда шудааст. Ин масъаларо муалллифи мақолаи фавқуззикр Қобилҷон Хушвахтзода чунин шарҳ додааст: “Бо тамоюлҳои мусбати афзоиши содироти саноат, кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун бузургтарин таъминкунандаи ашёи хом: сӯзишворӣ, маъданҳо, маҳсулоти кишоварзии тропикӣ ва субтропикӣ, чубу тахтаи гаронбаҳои тропикӣ ва маҳсулоти гуногун амал мекунанд. Ин молҳо ба аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ то 70% даромади умумии содиротии худ ва то 95% баъзе кишварҳои минтақа медиҳанд. Тадриҷан, вале мунтазам тамом шудани конҳои калонтарин, бойтарин ва ба осонӣ дастраси маъданҳои фоиданок, бад шудани шароити истихроҷи маъданӣ ва геологии коркарди онҳо ба хароҷоти истеҳсолии захираҳои табиӣ таъсири назаррас расонида, ба раванди фаъоли ҷустуҷӯи геологӣ, иктишофӣ ва ҷалби онҳо мусоидат мекунад. Афзоиши талабот ба ашьёи хом ба бештар фаъолона чалб намудани мамлакатҳои тараққиёбанда ба иқтисодиёти муосир, ки дар ҳудудашон марказҳои асосии истеҳсоли сӯзишворӣ ва ашьёи хоми маъданӣ, ки бештар мамлакатҳои саноатӣ ва тараққикарда истеъмол мекунанд, чамъ карда шудаанд, мусоидат кард”.
Бо мутолиа намудани мақолаи мазкур, ки шарҳи онро кӯшиш намудем ин ҷо баррасӣ диҳем, дар зеҳн як андеша ба вуҷуд меояд, ки чаро бо татбиқ намудани сиёсати ҷаҳонишавӣ давлатҳои мутараққӣ фосилаи худро бобати таъмини рушду тараққӣ аз кишварҳои рӯ ба инкишоф зиёдтар мегардонанд. Бояд мутазаккир шуд, ки ҷиҳати таъмини рушд зимни таҳияи иқтисоди миллӣ роҳҳои мусоидат бо навъҳои дигари иқтисодро низ пешбинӣ карда, роҳҳои алтернативиро низ ба инобат гирифт, чунки иттихози шакли муассиртарини иқтисод моро оқибат ба хулосае меорад, ки навъи мушаххас чун ба рушди худ расид, ҳатман ба буҳрон гирифтор меояд. Аз ҳамин хотир, шакли тиҷоратии иқтисоди чинӣ дар замони муосир ҳамоҳангии чандин шакли иқтисоди миллиро ба ёд меорад, ки дар зери қудрати воҳид роҳандозӣ мешаванд.
Ширин Қурбонова - доктори илмҳои таърих Муовини КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ