Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои ҷиддиеро ба вуҷуд овард, ки ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла ба илму маориф дахл доранд. Пас аз ба даст овардани соҳибихтиёрӣ, мамлакати мо ин соҳаҳои муҳимро фаъолона тараққӣ дода, дарк намуд, ки гул-гулшукуфоии ояндаи давлату миллат маҳз аз илму маориф вобастагӣ дорад.
Дар давоми 33 соли истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғ. мебошад.
Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд.
Махсусан, дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо – Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд. Бояд зикр кард, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 22 марти соли 2018 оғоз гардида буд. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Илова бар ин соли 2025 эълон гардидани “Соли ҳифзи пиряхҳо” яке аз таббусҳои дигари ҷаҳони Пешвои миллат дар ин самт мебошад.
Даҳсолаи аввали истиқлолият давраи оғози лоиҳаҳои бузург оид ба навсозии инфрасохтори илмӣ буд. Институтҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ барпо карда, бо техника ва технологияӣ ҳозиразамон таъмин гардиданд. Ба масъалаи муҳайё кардани шароити кор барои олимони ҷавони умедбахш диққати махсус дода шуд. Ҳазорон нафар донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар грантҳои давлатӣ дарёфт карда, ба онҳо имкон дода шуд, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро аз худ кунанд ва ба ватан баргарданд ва онро ба манфиати Тоҷикистон татбиқ намоянд.
Маориф ва илм ба тараккиёт кишвар такони бузург бахшид. Ҳукумати мамлакат муҳимияти сармоягузорӣ ба насли наврасро дарк карда, ба ислоҳоти фаъол дар соҳаи маориф шурӯъ кард. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои нави илмӣ кушода шуданд, ки ҳазорон ҷавонон имкони таҳсили гирифтани таҳсили ва минбаъд дар пешрафти миллат саҳм гузоранд. Таҳқиқоти илмие, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгирӣ мешавад, боиси навоварӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат гардида, ба таҳкими рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд.
Дар системаи маориф ислоҳоти куллӣ ба амал омад. Барномаҳои таълимӣ нав карда шуда, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудаанд. Дар ҷумҳурӣ якчанд донишкадаҳои нав пайдо шуданд, ки онҳо на танҳо дар миқёси кишвар, балки дар миқёси байналхалкӣ хам шуҳрат пайдо карданд. Ин муассисаҳои таълимӣ ба минбари таҳқиқотӣ инноватсионӣ ва конструкторӣ табдил ёфтаанд, ки ммлакати мо бо натичаҳои онҳо фахр карда метавонад.
Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ буда, Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст. Агар маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ буд, пас он дар соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд. Аз моҳи июли соли 2024 бошад, дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда шуд, ки ин дастоварди бузурги истиқлоли давлатӣ мебошад.
Комёбиҳои миллӣ дар соҳаи илм дар арсаи байналмиллалӣ махсусан намоён гардиданд. Имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубодилаи илмии умумиҷахонӣ фаъолона иштирок карда, бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии пешқадами чаҳон ҳамкорӣ мекунад. Ба шарофати чунин талошҳо дар кишвар лоиҳаҳои ояндадори марбут ба нанотехнология, биоинженерия, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои пешрафта ба вуҷуд омаданд.
Барномаҳои дастгирии олимони ҷавон ва стартегияҳои гуногун сазовори таҳсин мебошанд. Ҳукумати мамлакат барои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ грантҳо ва субсидияҳо медиҳад ва ташкили ширкатҳои наверо, ки дар соҳаи технологияҳои баланд кор мекунанд, ҳавасманд мекунад. Ин имкон дод, ки барои стартапҳо экосистемаи мусоид фароҳам оварда шавад, ки он дар навбати худ муҳаррики пешрафти минбаъдаи илмию техникӣ гардид. Бар замми ин, дар соли 2024 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон низ таъсис дода шудаанд.
Дар соҳаи маориф ва мактаб ҳам муваффақиятҳои беназир ба даст оварда шуданд. Стандартҳои нави таълим ҷорӣ карда шуданд, ки ба рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои таҳлили мураккаб таъкид мекунанд. Таҳсилоти мактабӣ бештар ба амалия нигаронида шуда, ба омодасозии хонандагон ба ҳаёти воқеӣ ва фаъолияти касбӣ диққати махсус дода мешавад.
Саҳми истиқлолиятро дар эҳёи фарҳангӣ қайд кардан муҳим аст: дар муассисаҳои таълимӣ барномаҳои омӯзиши таърих, забон ва анъанаҳои миллӣ фаъолона ҷорӣ карда мешаванд, ки ба ҳифз ва рушди мероси фарҳангии ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Хулоса ҳаминро метавон таъкид намуд, ки дар умум Истиқлолияти давлатӣ уфуқҳои нав кушод ва ба кулли сокинони кишвар имкон дод, ки аз иқтидори мавҷуда самаранок истифода бурда, бо боварии қатъӣ ба нерӯву имкониятҳоямон ба оянда қадамҳои устувор гузорем.
Ҳакимҷон Тиллобоев – ходими калони илмии Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд