Skip to main content

КУРСИ НАВБАТИИ «САРВАРОНИ СИЁСӢ» БО ИШТИРОКИ АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН МАҲМАДШО ИЛОЛОВ ДАР АМИТ

Ташкил ва баргузор намудани курси «Сарварони сиёсӣ», бо ҷалби олимони ҷавони фаъоли институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, муттаҳидии олимони ҷавони фаъол мусоидат ба рушди ҳаракати илмиву сиёсӣ ва ҷамъиятии олимони ҷавон, рафъи мушкилоти онҳо дар раванди таҳқиқот ва мутобиқшавию рушду такомули онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Бо ин мақсад, зери таваҷҷуҳи хоссаи президенти Академия, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт имрӯз (06.12.2024) дар маҷлисгоҳи замонавии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ курси навбатии «Сарварони сиёсӣ» бо иштироки академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов дар АМИТ доир гардид.

Баргузории курси омӯзишии "Сарварони сиёсӣ" ба олимони ҷавон имконият медиҳад, ки дарси сарвариро бевосита бо иштироки роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ оид ба мактаби давлатдории Сарвари давлати тоҷикон омӯзанд ва олимони ҷавонро ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва арҷу эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан бештар ошно созанд.15:48