Ба истиқболи 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мардуми бофарҳанг, созанда ва ободкори Тоҷикистон ҳар сол 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президент бо шукӯҳу шаҳомати бузург ва дастовезҳои меҳнатӣ ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат, мардуми саховатпеша ва бонангу номуси Тоҷикистон ҳам дар маҳалҳо ва ҳам дар маркази ҷумҳурӣ, вилоёт ва ноҳияҳо даст ба ободкориву созандагӣ зада тибқи роҳнамудҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти дӯстдоштаашон Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҳаёти осуда ва ором, ба хотири ободии маҳалҳои зисташон саъю кӯшиш менамоянд.
Ободкориву созандагӣ ва эҷодкорӣ имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ба як ҳаракат, ҷумбиш ва ё мусобиқа табдил ёфтааст. Ҳар як нафаре, ки имконият дорад, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки гӯшае аз деҳа, ҷамоа, ноҳия ва шаҳри хешро ободу зебо гардонад, Дар натиҷаи дилсӯзӣ ба ватан ва эҳтиром ба Пешвои миллат, мардум дар маҳалҳои зисташон ба сохтмони пулҳо, макотиб, ҳаммом, каналу ҷӯйборҳо, ҳамвору қирпӯш кардани роҳҳо, ташкили боғҳо ва парвариши ниҳолҳои мевадору бе мева, кабудизоркунӣ, сохтмони манзилҳои зисти ҳозиразамон ва тозаву озода нигоҳ доштани хонаву маҳалҳои зисташон аз таҳти дил меҳнат мекунанд. Дар раъси ин ҳаракат худи Ҷаноби Олӣ-Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истодаанд.
Банда чанд соле пеш дар сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ифои вазифа мекардам. Ҳар сол ақаллан як бор Президени мӯҳтарами мо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати ширкат дар ин ё он чорабинии аҳамияти байналхалқӣ дошта ва ё бо даъвати раҳбарияти Эрон бо сафарҳои корӣ, давлатӣ, дӯстона ва ғайра ташриф меоварданд.
Дар бозгашт Президенти мамлакат дар борхонаи ҳавопаймо (багажное отделение) аз ин кишвар дарахтҳо, гулу гиёҳҳои зебо ва камёбро баъзан ҳамчун тӯҳфа аз ҶИЭ ва бештар ҳолатҳо харидорӣ намуда ба Тоҷикистони азиз меоварданд. Ҳамчунин, ҳар сол бо супориши Пешво мутахассисини соҳаи боғдорӣ ва кабудизокунии ҷумҳурӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон омада, тавассути роҳи заминӣ бо мошинҳои боркаши калонҳаҷм ба шаҳру навоҳии Эрон сафар карда, аз он ҷо дарахтони гароннарх ва гулу гиёхҳои зебу зинатбахшро харидорӣ намуда ба Душанбе меоварданд.
Ҳоло ин сарсабзиҳои Душанбешаҳр, гулкории чаманистонҳо ва боғҳои истироҳатӣ, сабзу зебо гардонидани хиёбонҳо ва майдонҳои атрофи идороту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ худ аз худ ба амал наомадаанд, балки бо Сардорӣ ва ҳидояту пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат ва меҳнати зиёди дастандаркорони соҳаҳои мухталиф ба вуҷуд омадаанд. Мо бе ягон муболиға метавонем шаҳри Душанберо шаҳри гулҳо ва дарахтони зебо номгузорӣ намоем. Ҳамаи ин ободиҳо, созандагиҳо, сарсабзиҳову зебогиҳо бо шарофати Ҷаноби Олӣ буда, аз завқи баланди Пешвои миллат дарак медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат дар бисёре аз суханрониҳояшон мардумро ба ободу зебо гардонидани ватани аҷдодияшон, маҳалли зисташон даъват намуда, борҳо фармудаанд,ки мо бояд барои ояндагони худамон як Ватани ободу зебо ва сарсабзу озода ба мерос гузорем ва ин ватани маҳбубро, ки номаш Тоҷикистон аст, сидқан дӯст дорем.
Ҳар як сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар-ин башоратест аз сохтмони мактаб, роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, идороти фарҳангӣ, китобхонаву музей, тӯйхонаҳо, обод гардонидани гӯшае аз ноободиҳо, бо чашми дигар нигоҳ кардан ба шароити хонаву дар ва маҳалли зист, хулоса, монанд ва наздик кардани деҳот ба шаҳр мебошад.
Ҳоло шаҳри Душанберо шинохта намешавад. Дар тамоми гӯшаву канор ва маркази шаҳр сохтмонҳои гуногун бо суръат ҷараён дорад. Касоне, ки чанд сол қабл аз Душанбе бар асари нооромиҳои солхои навадум аз кишвар рафта буданд ва ҳоло барои дидорбинӣ бо хешу таборашон ба ин ҷо омадаанд, ҳайрон шуда ҳатто роҳгум мезананд.
Амнияти Душабешаҳр ва тамоми кишвар, боз як падидаи ноёбест дар минтақа. Ду-се сол қабл шаҳри Душанбе аз ҷониби созмонҳои муътабари умумиҷаҳонӣ дар қатори 10 шаҳри дорои амнияти комил ворид карда шуда буд. Дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам ҳаст. Мо агар солҳои 90-умро бо имрӯз муқоиса намоем, фарқ аз замин то осмон мебошад. Дар ин масъала низ нақши асосиро Президенти кишвар бозида, дар як муддати кӯтоҳ амнияти ому томро на танҳо дар Душанбе, балки дар тамом қаламрави мамлакат таъмин намуданд.
Моро лозим ва зарур аст, ки дастовардҳои Истиқлолияти давлатиямонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиёт намуда, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба созандагӣ, ободкорӣ ва зебову сарсабз гардонидани кишварамон идома диҳем.
Н.Холназаров, ходими калони илмии Шуъбаи Шарқии Наздик ва Миёнаи Институти омузиши масъалаи давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Навид
17 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2024 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда мешаванд.
https://president.tj/event/news/49508
Иттилоъ дар бораи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён
Иттилоъ дар бораи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён
16 январ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари нахустини давлатии Президенти кишвари дӯсту бародари Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва раванди ҳамкориҳои судманди ду кишвар такони тоза мебахшад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи маҷмӯи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар самти робитаҳои байнипарламентӣ, мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайни минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуданд.
Имрӯз аз фаъолияти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт як сол сипарӣ шуд;
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар соли 2024 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ва мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар ба роҳ монда, дар ин муддат ба натиҷаҳои муайян ноил гардид;
Вохӯрии судманди олимону зиёиёни ҷумҳурӣ, бахусус олимони АМИТ санаи 30 майи соли 2024 бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар бо таҳияи нақшаи чорабниҳо;
Дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 баргузор намудани чорабниҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва амалӣ, аз ҷумла: баргузории 2 конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ; таҳияи 6 монография, воситаҳои таълимӣ ва брошюраҳо, 12 хонишҳои сиёсӣ барои олимони ҷавон, 30 семинарҳои илмӣ, 100 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ва баромадҳои дар телевизиону радио;
Санаи 29 октябри соли 2024 ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба АМИТ ва ифтитоҳи бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
Ифтитоҳи Маркази 4 ошёнаи дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ;
Муаррифии 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ;
- лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ;
- лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ;
-лоиҳаи бинои Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
-лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар.
Пешбурди таҳқиқотҳои илмии олимони АМИТ аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ;
Соҳиб гардидани ҷойи аввал дар байни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ дар радабандии байналмилалӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНЦ)-и Федератсияи Россия ва мавқеи худро аз 10 ба 51, маводи дар РИНЦ нашршуда аз 10 ба 49 ва маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда аз 5 ба 42 расонидани Академияи миллии илмҳо;
Таҳияи 1974 кори илмӣ, аз ҷумла 70 монография, 125 китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог, 1779 мақолаҳои илмӣ, аз онҳо 1315 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 260 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва беш аз 200 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ҷумла қариб 50 мақола – дар SCOPUS) аз ҷониби ҳайати илмии АМИТ;
Таҳия 800 мақола дар маводи конференсияҳо ва 1170 мақолаи илмию оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла, 990 мақолаҳои оммавӣ, 141 видеоролик ва 150 барнома ва гузоришҳои телевизионӣ нашру пахш аз ҷониби кормандони илмӣ;
Соҳиб гардидани 30 патент, аз ҷумла 7 патент ва 23 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, 6 қарори мусбат оид ба додани нахустпатент барои ихтироъ ва 2 шаҳодатнома аз ҷониби олимон;
Баргузор намудани 160 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, 1 симпозиуми байналмилалӣ, 34 конференсияи илмии байналмилалӣ, 29 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 64 семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 18 мизи мудаввар, 4 маҳфили илмӣ, 4 курси омӯзишӣ ва 4 рӯнамои китоб дар соли 2024 аз ҷониби АМИТ;
Тариқи Муассисаи нашриявии “Дониш”-и АМИТ чопи 130 номгӯйи китобу монографияҳои олимон ва маҷаллаҳои илмии АМИТ бо теъдоди 12100 нусха аз ҷониби олимон;
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот аз ҷониби олимон пешниҳоди 40 коркардҳои илмӣ ва 7 пешниҳоду тавсияҳои илмӣ оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ;
Ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ бо 16 озмоишгоҳи замонавӣ;
Ифтитоҳи 3 адад озмоишгоҳи нави муҷаҳҳаз бо 60 номгӯйи асбобу таҷҳизоти муосири илмӣ дар Институтҳои физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, ботаника, физиология ва генетикаи растнӣ ва зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский;
Ба истифода додани 3 адад пойгоҳи нави зилзиласанҷӣ дар Хадамоти геофизикии назди Раёсати АМИТ;
Барои озмоишгоҳи сейсмологӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология насби 32 номгӯй асбобу таҷҳизоти илмии замонавӣ;
Таҳия ва ба имзо расонидани 13 санад оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аз ҷониби раёсати робитаҳои байналмилалии илми бо ҳамтоёни хориҷӣ;
Ташрифи Дабири кулли Созмони миллали Муттаҳид Антонио Гутериш ба Академияи миллии илмҳо ва дидан намудан аз Осорхонаи бостоншиносии АМИТ;
Бо 17 корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои хориҷии муқими Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуда, 10 чорабинии сатҳи байналмилалӣ бо иштироки 309 нафар коршиносони хориҷӣ баргузор намудан ва 224 нафар кормандони илмиро ба сафари хизматӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристодан;
Аз тарафи Раёсат баргузор намудани 4 маҷлиси умумӣ, 2 ҷаласаи васеи раёсат, 48 ҷаласаи назоратии назди президенти АМИТ, 12 маҷлиси тантавӣ бахшида ба ҷашнҳои муҳимми умумимиллӣ;
Фаъолияти 2063 нафар кормандон дар АМИТ бо фарогирии 1088 нафар корманди илмӣ, аз ҷумла 159 доктори илм, 306 номзади илм, ки аз он 503 нафар занон, аз ҷумлаи онҳо 28 доктори илм, 106 номзади илм;
Фаъолияти илмии 70 нафар аъзои Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла 26 нафар академик, 44 нафар узви вобаста, ҳамчунин, 36 аъзои хориҷӣ ар АМИТ;
Ба кор қабул намудан дар муассисаҳои илмӣ 166 нафар мутахассисони ҷавон, аз ҷумла 70 нафар духтарон. Фаъолияти 130 нафар муҳаққиқони ҷавони то 30 сола, 57 нафар номзадҳои илми то синни 35 сола, ва 4 нафар докторони илми то синни 45 сола дар АМИТ;
Таҳсили 287 нафар магистрантҳо аз рӯйи 53 ихтисос дар АМИТ, азҷумла 149 нафар духтарон;
Ба корҳои илмӣ таҳқиқотӣ ва таҳсил дар зинаи докторантураи PhD аз рӯйи 44 ихтисос ҷалб намудани 221 нафар докторантони PhD ва 11 нафар докторантони анъанавӣ;
Ба таҳқиқотҳои илмӣ ҷалб намудани 345 нафар унвонҷӯён, аз ҷумла 309 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 36 нафар унвонҷӯён дар гурӯҳҳои шартномавӣ;
Фаъолияти 10 Шурои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояяи 50 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 6 рисолаи докторӣ, 9 рисолаи доктори фалсафа PhD ва 35 рисолаи номзадӣ;
Фаъолияти 5 Шурои диссертатсионии назди КОА-и Федератсияи Россия ва ҳимояи 27 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 7 рисолаи докторӣ ва 20 рисолаи номзадӣ дар шуроҳои мазкур.
таҳияи Солеҳ Қосимзода
ва Муҳаммад Аминзод
Аз ҷумла ёддошти тафоҳум миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аз ҷумла ёддошти тафоҳум миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд.
Дигар санадҳои имзошуда инҳоянд:
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;
— Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи солҳои 2025-2027;
— Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Барномаи амалҳои муштарак ба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони беҳзистии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои иҷтимоӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои осебпазир;
— Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон;
— Ёддошти тафоҳум дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноиби Президент оид ба кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти занон ва оила;
— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омори Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология;
— Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Пажӯҳишии Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии Намоишгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи намоишгоҳӣ.
15 январи соли равон дар ҳошияи баргузории Форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноии дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидризо Солеҳ Амирӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии самараноки илмӣ дар кишварҳои Тоҷикистону Эрон, таҳия ва лоиҳаҳои нав илмӣ, ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳои якҷояи илмӣ, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи истеҳсолот дар соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин, ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таҳқиқоти илмӣ бунёдӣ ва таҳияи тадбирҳо оид ба ҷорӣ намудани натиҷаи онҳо дар самти илми муосир изҳори назар карда шуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки мо дар оянда бояд дар масъалаҳои ба даст овардани созишнома оид ба самтҳои афзалиятноки якҷояи таҳқиқотҳои илмӣ, ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштараки илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба даст овардани мавқеи мувофиқ дар бобати ташкил ва гузаронидани таҷрибаи илмӣ табодули афкор намуда, дар ин самт ҳамкориҳои илмиро тақвият бахшем.
15 январи соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки олимону пажуҳишгарони ду кишвар баргузор гардид.
Дар кори Форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ташрифи олимону пажуҳишгарони кишвари ба мо дӯсту ҳамзабонро ба академия хайрамақдам гуфт.
Таъкид гардид, ки солҳои охир густаришу таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвият ёфтаанд. Маҳз ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ин кишвари дӯсту ҳамзабон аз сиёсати дӯстонаи роҳбарони ду кишвар сарчашма мегирад.
Бояд гуфт, ки дар доираи ин ҳамкориҳо олимону пажуҳишҳгарони ду кишвари ҳамзабон пайваста дар якҷоягӣ таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида, таъриху фарҳанги бою ғании хешро зинда нигоҳ доштаанд. Ҳамин аст, ки осори пурмуҳтавои олимону бузургони тоҷику форс аз қадим миёни оламиён машҳур гардида, дар миёни ҳаводорони шеъру адаб ҷойгоҳи махсусро касб намудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳарду ворисони аслии Абуабдуллоҳи Рудакӣ ва Фирдавсии Тусӣ ба ҳам омада, баҳри тақвиат бахшидани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои илмӣ дар форум иштирок намуданд.
Дар идомаи Форум мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад, Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноии дастӣ Саидризо Солеҳ Амирӣ ва дигар пажуҳишгарон суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузор намудани Форум таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаи илму фановарӣ, муттаҳид намудани нерӯи илмии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии таҳқиқотӣ илмӣ дар доираи як платформа мебошад.
Инчунин, бо мақсади мустаҳкам намудани равобитҳои илмию таҳқиқотии олимону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон дар Форум масъалаҳои таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии самараноки илмӣ дар кишварҳои Тоҷикистону Эрон, таҳия ва лоиҳаҳои нав илмӣ, ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳои якҷояи илмӣ, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи истеҳсолот дар соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ушди таҳқиқоти илмӣ бунёдӣ ва таҳияи тадбирҳо оид ба ҷорӣ намудани натиҷаи онҳо дар самти илми муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Қайд гардид, ки мо дар оянда бояд дар масъалаҳои ба даст овардани созишнома оид ба самтҳои афзалиятноки якҷояи таҳқиқотҳои илмӣ, ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштараки илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба даст овардани мавқеи мувофиқ дар бобати ташкил ва гузаронидани таҷрибаи илмӣ табодули афкор намуда, дар ин самт ҳамкориҳои илмиро тақвият бахшем.
Дар идома олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон маърӯза намуда, оид ба дурнамо ва рушди ҳамкориҳои илмию таҳқиқотии ҷонибҳо суханронӣ намуданд.
БОЗДИДИ ОЛИМОНУ ПАЖУҲИШГАРОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ АМИТ
15 январи соли равон қабл аз баргузории Форум олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ саноии дастӣ Саидризо Солеҳ Амирӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён аз намоиши дастовардҳои олимону пажуҳишгарони муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, зимнан ба дастовардҳои олимону муҳақиқони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Зимни боздид меҳмононро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимон ҳамроҳӣ намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки муассисаҳои илмии таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ саҳми назаррас гузошта, дар самтҳои гуногун дастовардҳои арзишмандро ба даст овардаанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки натиҷаи ҳамаи ин дастовардҳо маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои олимону пажуҳишгарон тамоми шароиту имкониятҳои мавҷударо фароҳам овардаанд.
Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри пешбаранда ва муаррифкунандаи илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои пешрафт ва шароити модиву техникии олимон корҳои муҳимро ба анҷом расонидаанд.