Skip to main content

                                        Замимаи 1

                                                                         ба фармони Президенти

                                                                          Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

1 июни соли 2021, № 187

Стратегияи

муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

1.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

       1.  Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд – Стратегияи мазкур) мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

       2. Стратегияи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба иқдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

3. Стратегияи мазкур тибқи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия шудааст.

 

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ, ОМИЛҲО ВА МАНБАЪҲОИ ТАҲДИДИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН

4. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои  террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд.

5. Интиқоли ҷангиён-террористон аз минтақаи Ироқу Сурия  ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хавфи зиёдро ба миён овардааст.

6. Ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда бо ин сохторҳо робитаҳои устувор дошта, дорои сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва таҷрибаи пешбурди фаъолияти тахрибкорию террористӣ мебошанд.

7. Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.

8. Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмӯии пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд. 

9. Дар натиҷаи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 заминаҳои сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.

10. Дар натиҷаи тадбирҳои дар доираи амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 андешидашуда:

- ҳамкорӣ байни ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, иштироки фаъоли мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар пешгирии экстремизм ва терроризм таъмин карда шуд;

- заминаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт ташаккул дода шуданд;

- таъминоти иттилоотии фаъолият доир ба пешгирии экстремизм беҳтар карда шуда, дар байни аҳолӣ чорабиниҳои густурдаи фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ ва як силсила маводи иттилоотию роҳнамоикунанда дар ин соҳа ба табъ расонида шуд;

-  сабабу омилҳои ба тундгароӣ ва экстремизм дар кишвар мусоидаткунанда ҳам аз ҷониби ниҳодҳои миллӣ ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ мавриди тадқиқот қарор дода шуданд;

- фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, №1042 «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» қабул гардид;

- нақши соҳаи маориф дар пешгирии тундгароӣ баланд бардошта шуда, ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ фанҳои ба омӯзиши таърихи дин, омилҳо ва механизмҳои ба миён омадани низоҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ равонашуда, инчунин курсҳои махсус оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ворид карда шуданд;

 - дар воситаҳои ахбори омма нашри пайвастаи мавод доир ба экстремизм ва терроризм ва хатари онҳо ба амнияти миллии кишвар ба роҳ монда шуд;

- ҷиҳати таъмини шароит барои фароғати ҷавонон дар давраи аз соли 2016 то моҳи июни соли 2020 дар мамлакат 16 маҷмааҳои варзишӣ, 12 варзишгоҳ, 993 майдончаи варзишӣ, 12 толори варзишӣ, 10 ҳавзи шиноварӣ ва 4 маркази фитнесӣ, ҷамъ 1155 иншооти варзишӣ ба маблағи умумии 637, 7 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд;

- баҳри аз байн бурдани омилҳои иқтисодию иҷтимоии тундгароӣ ва экстремизм барои амалисозии имкониятҳои шахсият дар соҳаи иқтисодиёт, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳо фароҳам оварда шуданд. Муддати 10 соли охир Тоҷикистон дар шохиси Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди соҳибкорӣ» чор маротиба ба қатори кишварҳои ислоҳотгаро дохил гардид. Айни ҳол ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат 70 фоизро ташкил дода, миқдори шахсони дар ин бахш машғулбуда 68 фоизи аҳолии дар соҳаи иқтисодиёт иштироки фаъолдоштаро ташкил медиҳад;

- дар чаҳорчӯбаи тақвияти мубориза бо кибер-экстремизм дар сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ воҳидҳои (шуъбаҳои) мубориза бо ҷиноятҳои алоқаманд ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ таъсис  дода шуданд;

- баҳри пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ иқтидори воҳидҳои тарбиявӣ ва методӣ-пешгирикунандаи ин муассисаҳо пурзӯр ва баланд карда шуд;

- 2 январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» қабул карда шуд, ки он ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ дар ин самт, шаклу намудҳои ҷавобгарӣ барои амалҳои экстремистӣ, инчунин чораҳои пешгирии фаъолияти экстремистиро муайян менамояд;

- фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018, №1033 «Дар бораи Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025» қабул карда шуд;

- ба қонунгузории ҷиноятӣ як қатор тағйиру иловаҳое ворид карда шуданд, ки ба ҷиноятэътирофкунии (криминализатсияи) кирдорҳои нав ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта равона гардидаанд; 

- дар раванди тақвияти заминаҳои ниҳодии мубориза бо экстремизм ва терроризм дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати муқовимат ба экстремизм ва терроризм таъсис дода шуда, Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти оперативӣ ва воҳидҳои тафтишотӣ, инчунин ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои марбут ба ҷалбкунии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои террористӣ созмон дода шуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои террористии омодашудаистода, муайян намудани шахсони дар ҳудуди Тоҷикистон ба фаъолияти экстремистию террористӣ машғулбуда чораҳои доимии фаврӣ андешида мешаванд;

- дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин дар моҳи апрели соли 2019 84 нафар кӯдакони ноболиғ баргардонида шуда, ҷиҳати таъминоти моддию равонӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани онҳо чораҳо андешида шуданд. Шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар низоҳои ҳарбӣ дар ҳудуди кишварҳои дигар даст кашида, ба Ватан баргаштанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суд манъшуда даст кашидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд;

- ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм тақвият бахшида шуда, дар ин радиф Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори як қатор конференсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла конференсияҳои сатҳи баланд дар ин самт баромад намуд. Чунончи, дар натиҷаи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд аз 4 майи соли 2018 таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез» Эъломияи душанбегии СММ қабул карда шуд.

11. Ба шарофати ин тадбирҳо сатҳи тундгароӣ дар ҷомеа, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта коҳиш ёфта, дар ҷомеа фазои суботу ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти байнимазҳабию этникӣ ба миён оварда шудааст.

12. Тоҷикистон барои зиндагӣ кишвари боз ҳам амнтар гардид. Пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе соли 2016 маротибаи дуюм ҷоизаи ЮНЕСКО «Шаҳри сулҳ, таҳаммулгароӣ ва якдилӣ дар ҳаёти ҳаррӯза»-ро ба даст оварда, ҳифзи ин авзоъро идома медиҳад.

13. Дар баробари ин, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии COVID – 19, таҳаввули моҳият ва миқёси таҳдидҳо ба амнияти кишвар ва минтақа, дар маҷмӯъ, дар назди давлат ва ҷомеа вазифаҳои наверо мегузоранд, ки ҳалли онҳо барои муттаҳидсозии ҷомеа, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва пешгирии вусъати экстремизм ва терроризм аҳамияти истисноӣ доранд.

14. Таҳти  таъсири ташвиқоти экстремистӣ ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандони кишвар, пеш аз ҳама ҷавонон ба сафи ташкилотҳои экстремистию террористӣ ҳанӯз ҳам идома дошта, пайдоиши ҳалқаҳои нави ҳаракат ва созмонҳои тундрав ба назар мерасад.

15. Ақидаҳои аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ паҳншаванда ба шуури афроди алоҳида таъсир расонида, ҳисси муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва фарҳангию маънавиро дар замири онҳо коҳиш медиҳад.

16. Бар асари ин омилҳо солҳои охир дар кишвар якчанд амалҳои террористӣ содир гардиданд, ки муқобили кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони воқеӣ равона шуда, боиси талафоти ҷонӣ  гардиданд.

17. Таҳлилҳо  нишон медиҳанд, ки таҳдидҳои экстремизм ва терроризм  дар марҳилаи кунунӣ ба  омилҳои зерин асос ёфтаанд:

 - тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон;

- аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав истифода бурдани низоъҳои байнимазҳабии солҳои охир дар ҳудуди кишварҳои дигар рухдода ва дар сатҳи байналмилалӣ мавриди вокуниш қарор нагирифтани онҳо ҳамчун баҳона барои даъват ба якдилии мазҳабӣ ва муттаҳид шудан дар атрофи ғояҳои ин ташкилотҳо;

-  таҳти таъсири ташкилотҳои экстремистию террористӣ қарор гирифтани  шаҳрвандони дар муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷӣ  таълимгиранда, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои будубоши онҳо;

- наздикии ҷуғрофӣ бо кишварҳое, ки дар онҳо низоъҳои ҳарбӣ бо иштироки гурӯҳҳои тундрави динӣ идома доранд, дар қаламрави онҳо ҷойгир шудани пойгоҳҳои тайёркунии ҷангиёни ташкилотҳои террористие, ки қасди ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паҳн намудани фаъолияти худро доранд.

18. Омилҳое, ки ба паҳншавии экстремизм, шомилшавии афроди алоҳида ба гурӯҳҳои тундрав ва аз ҷониби онҳо содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта мусоидат мекунанд ё метавонанд дар оянда мусоидат намоянд, инчунин инҳо мебошанд:

1) сатҳи ҳанӯз ҳам нокифояи самаранокии чорабиниҳои пешгирию маърифатӣ, таъминоти илмӣ-методӣ, тайёрии касбии кормандони соҳаи мазкур ва ҷалби воситаҳои ахбори омма дар пешгирии экстремизм ва терроризм;

2)  осебпазирии муҳити динии кишвар аз ташвиқоти экстремистӣ бар асари донишҳои нокифояи динии аҳолӣ, рақобатпазирии нокифояи низоми ватании таҳсилоти динӣ, инчунин интишори  васеи маводи экстремистӣ;

3)  пурра истифода нагардидани зарфиятҳои низоми маориф ва сохторҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон вобаста ба тарбияи сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва ватандӯстӣ, пешгирии тундгароӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон;

4)  номукаммалии механизмҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавҷудияти ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва бюрократизм аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, ки метавонанд ба татбиқи кафолатҳои  риояи ҳуқуқҳои шахсият ҳамчун шарти таъмини рафтори қонунӣ ва пешгирии тундгароӣ дар ҷомеа мамониат намоянд;

5) аз ҷониби гурӯҳҳои тундгаро истифода намудани мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳанӯз пурра анҷом наёфтани раванди танзими санҷишҳои фаъолияти субъектони хоҷагидор ва коҳиши  сарбории андозҳои соҳибкорон, бекорӣ, болоравии нархи маводи ғизоӣ, масъалаи манзил ва мушкилиҳои дигар ҷиҳати расонидани таъсири бесуботкунанда ба аҳолӣ;

6) камбудиҳо доир ба ташкили фаъолияти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва эмин доштани онҳо аз таъсири гурӯҳҳои экстремистӣ дар кишварҳои будубош, амиқ гардидани мушкилиҳои иҷтимоӣ дар оилаҳои дарватанмондаи муҳоҷирон, аз ҷумла оилаҳои тарккардашуда, мушкилии нигоҳубин ва тарбияи кӯдакон дар шароити оилаи нопурра;

7) пурра ҳал нагардидани масъалаҳои таъминоти ташкилию техникии пешгирии паҳншавии ақидаҳои экстремистӣ ва амали хушунатомези хусусияти террористидошта дар муассисаҳои ислоҳӣ, таъсирнокии нокифояи пешгирии дохилимаҳбасии экстремизм;

8) нокифоя истифода гардидани имкониятҳои воситаҳои ахбори омма ҷиҳати пешбурди ташвиқоти зиддиэкстремистӣ, қавӣ набудани зарфиятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба муқовимат бо кибер- экстремизм ва тафтиши киберҷиноятҳо, набудани ҳамкорӣ бо ниҳодҳои индустрияи глобалии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ;

9)  пурра ба ҳисоб нагирифтани омили гендерӣ зимни татбиқи чораҳои муқовимат ба таҳдидҳои экстремистию террористӣ;

10) сатҳи нокифояи  ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мавҷуд набудани ташкилотҳои ғайридавлатии махсусгардонидашуда доир ба пешгирии экстремизм, камогоҳии  ҷамоатҳои маҳаллӣ аз усулҳои пешгирии барвақтии ин зуҳурот;

11) мукаммал набудани қонунгузорӣ оид ба муқовимат ба терроризм, самаранокии нокифояи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба ошкор намудани ҳалқаҳои пинҳонӣ амалкунандаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва шабакаҳои маблағгузории терроризм  ва экстремизми байналмилалӣ;

12) мавҷуд набудани механизми дақиқи реинтегратсия  ва ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ кардани ҷангиён-террористони баргаштаистода, занону кӯдакони ба онҳо алоқаманд, инчунин шахсони аз иштирок дар ҳизбу ҳаракатҳои манъшуда дасткашида;

13) нокифоя истифода гардидани имкониятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар тақвияти  муқовимат ба экстремизм  ва терроризм.

19. Ҳалли масъалаҳои мазкур қабули стратегияи нави муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамояд.

 

3. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА САМТҲОИ АСОСИИ

МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

 

20. Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва  террористӣ  мебошанд.

21. Мақсадҳои мазкур бояд тариқи амалӣ намудани чорабиниҳои хусусияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, профилактикӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ, ки дар Стратегияи мазкур, санадҳои дигари сиёсию ҳуқуқӣ ва дастурҳои бо дарназардошти эҳтиёҷоти  мубориза бо экстремизм ва терроризм қабулшаванда пешбинӣ шудаанд, ба даст оварда шуда, мебояд ҳамзамон тамоми ҷомеаро фаро гирифта, ба уҳдадориҳои марбут ба ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ ва стандартҳои озодӣ аз табъиз мувофиқат намоянд.

 22. Вазифаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун мебошанд.

         23. Самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм ва терроризм инҳо мебошанд:

1) дар самти баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм:

- васеъ намудани доманаи фаъолияти профилактикӣ, такмили чораҳои пешгирӣ дар асоси таҳлили самаранокии онҳо;

- ошкор ва бартараф намудани сабабҳои асосӣ ва омилҳои ҳаракатдиҳандаи экстремизм ва терроризм;

- ҷалби фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон ба иқдомот доир ба пешгирии экстремизм;

  - ташкил ва васеъ намудани тадқиқоти илмию таҳлилӣ ва сотсиологӣ вобаста ба сабабу шароитҳои экстремизм ва терроризм дар ин раванд ҳамчун яке аз меъёрҳои асосии арзёбии арзиши онҳо ҳисобидани имконпазирии татбиқи воқеии онҳо (хулосаву таклифҳо) дар амалия;

 - фаъолтар намудани чорабиниҳои фарҳангию равшаннамоӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори оммаи электронию чопӣ, мусоидат ба воситаҳои ахбори омма дар ташаккули ҷаҳонбинии муосир, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа ва пешбурди ташвиқоти зиддиэкстремистӣ;

- такмили механизмҳои ниҳодии пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷалб кардани доираи боз ҳам васеътари мақомоти давлатӣ, дақиқ ва мушаххас намудани вазифаҳо, инчунин беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот доир ба пешгирии экстремизм ва терроризм;

- баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ҳайати омӯзгории бо ҷавонон коркунанда, ки муқовимат ба экстремизм ва терроризмро ба амал мебароранд;

- истифодаи таҷрибаи шаҳрвандони қаблан ба ташкилотҳои террористӣ ҳамроҳшуда ҷиҳати пешбурди аксуламали тарғиботӣ бар зидди экстремизм ва терроризм;

  2) дар самти баланд бардоштани нақши дин ва ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти профилактикӣ:

- нигоҳ доштани ризоияти байнимазҳабӣ дар ҷомеа бо роҳи қабули тадбирҳои иловагӣ доир ба баланд бардоштани фарҳанг ва саводнокии динии аҳолӣ, таҳкими фазои таҳаммулгароӣ дар муҳити динӣ, эҳтиром нисбати ҳама дину мазҳабҳо;

- риояи ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандон, роҳ надодани монеъшавӣ ба фаъолияти қонунии иттиҳодияҳои динӣ ё анҷоми маросими динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд ва ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон таҷовуз накунанд;

          - тайёр намудани кадрҳои миллии динӣ, ки дар як вақт ҳам донишҳои баланди динӣ ва ҳам ҳисси баланди ватандӯстӣ доранд, баланд бардоштани сифат, рақобатпазирӣ ва обрӯи низоми миллии таҳсилоти динӣ;

- ҳавасмандгардонии ба Ватан бозгаштани шахсоне, ки дар муассисаҳои ғайрирасмии таълими динии хориҷӣ таҳсил мекунанд, таъмини интегратсияи оромонаи онҳо ба ҷомеа;

- таъмини иштироки фаъоли рӯҳониён дар пешгирии экстремизм ва муқовимат ба раванди тундгароӣ дар муҳити динӣ, роҳандозӣ намудани усулҳои интерактивии пешбурди мубоҳиса ва машваратҳо байни рӯҳониён ва аҳолӣ;

3) дар самти баланд бардоштани нақши низоми маориф ва сиёсати ҷавонон дар пешгирии экстремизм:

        - ҷиҳати васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ такмил додани барномаҳои таълимӣ ва усулҳои таълими фанҳо ва мавзуҳое, ки хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба инсон ва ҳуқуқҳои ӯ новобаста аз мансубияти миллӣ ё динӣ, инчунин таҳаммулнопазирӣ нисбати экстремизм ва терроризм тарбия менамоянд;

- васеъ намудани донишҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён тавассути ба барномаи муассисаҳои таълимӣ ворид намудани курсҳои махсуси дахлдор;

- баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони педагогӣ ва мутахассисони муассисаҳои кӯдакона, коркард ва ворид намудани стандартҳои таълимии ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм равонашуда;

- андешидани чораҳо ҷиҳати роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии динии кӯдакон, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонуни онҳо, пешгирии беназоратӣ, бепарасторӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон;

-  баланд бардоштани дастрасии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути таъмини боз ҳам бештари шаффофият ва беғаразии имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ, инчунин васеъ намудани асосҳои қонунӣ барои барқарор намудани донишҷӯёни қаблан хориҷшуда;

- идома додани фароҳамоварии шароит барои рушди фарҳангӣ- маънавӣ, ватандӯстӣ ва ҷисмонӣ, тарбияи кӯдакон ва ҷавонон дар ҳама маҳалҳои аҳолинишин то сатҳи маҳалла, таъмини дастрасии иншшооти фарҳангӣ, варзишӣ ва фароғатӣ;

4) дар самти баланд бардоштани мақоми ҳуқуқии шахс ва фарҳанги сиёсии аҳолӣ:

- таҳияи барномаҳои маҷмӯии давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигари инсон ва шаҳрванд, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон;

- таъмини риояи қатъии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баамалбарории адолати судӣ;

- тақвияти мубориза бо коррупсия ва бюрократизм дар хизмати давлатӣ, таъмини шаффофият ва беғаразӣ ҳангоми қабули шаҳрвандон ба кор ва таъин ба мансаб дар мақомоти давлатӣ, такмили пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани сифат ва мутобиқкунонии раванди хизматрасонии давлатӣ;

- мусоидат ба баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва дониши аҳолӣ бо мақсади аз худ кардани малакаи рафтори қонунӣ ва огоҳмандии шаҳрвандон аз оқибатҳои рафтори ғайриқонунӣ;

5) дар самти баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ- иқтисодии аҳолӣ:

- тезонидани суръати ислоҳот вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии аҳолии мамлакат, пешниҳод намудани имкониятҳои баробар барои амалӣ намудани зарфиятҳои инсонӣ, татбиқи принсипи адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва таҳкими амнияти миллӣ дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ;

- таъмини шароитҳои ҷаззоби андозӣ, идоракунӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳтар намудани татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши иқтисодиёти воқеӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ дар роҳи соҳибкорӣ, тақвияти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон ва истеъмолкунандагон;

- кам кардани сарбории андози субъектони хоҷагидор, содагардонии маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани шаффофият ва пешгӯишавандагии низоми андоз;

- таъмини иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ, пурзӯр намудани чораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои амонатгузорон;

- ҳифзи аҳолӣ аз болоравии ҷиддии нархи маводи ғизоӣ ва молҳои дигари ниёзи аввал;

- коҳиш додани сатҳи бекорӣ, бахусус дар байни ҷавонон, таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ, ки боиси ба даст овардани музди меҳнати сазовор ва ё даромад аз иштирок дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ мегардад;

- мусоидат ба беҳтар намудани шароитҳои манзилии шаҳрвандон, ташаккули низоми дастгирӣ ва дастрасӣ ба манзил, рушди қарздиҳии ипотекӣ;

- ташкил намудани низоми маҷмӯии хизматрасониҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, расонидани кумаки ҳамаҷониба ба маъюбон, пиронсолон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони ятиму бепарастор ва беназоратмонда, модарони кӯдакони маъюбдошта, нафақахурон ва оилаҳои камбизоат равона шудааст;

6) дар самти таъсиррасонӣ ба омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ:

- такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар намудани сифати омодасозии томуҳоҷиратӣ, мусоидат ба беҳтар намудани шароитҳои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ;

- пешгирии ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сафи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дар кишварҳое, ки ба онҳо шуғл пешниҳод намудааст;

- бартараф намудани омилҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ барои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии афзоиши шиддати иҷтимоӣ дар заминаи бозгашти муҳоҷирати меҳнатӣ;

7) дар самти амиқгардонӣ ва васеъ намудани чораҳои пешгирии экстремизм дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ:

- таъминоти қонунию ҳуқуқӣ ва техникии пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва таъсири ташкилотҳои экстремистию террористӣ ба маҳкумшудагон дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;

- беҳтар намудани шароитҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс ва риояи ҳуқуқҳои инсон дар байни маҳкумшудагон;

-  фароҳам овардани шароит барои бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон, такмили фаъолияти истеҳсолию хоҷагии муассисаҳои ислоҳӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодии меҳнати маҳкумшудагон;

- такмили низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ  дар муассисаҳои ислоҳӣ;

- беҳтар намудани усулҳо ва васеъ намудани заминаҳои ниҳодии пешгирии дохилимаҳбасии экстремизм ва терроризм;

8) дар самти баланд бардоштани самаранокии чораҳои муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ:

         - андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба тақвияти истифодабарии имкониятҳои интернет ҷиҳати шарҳи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешбурди ташвиқоти васеи зиддиэкстремистӣ ва фаъолияти профилактикӣ дар ин соҳа;

- тақвият бахшидани зарфиятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати муқовимати нисбатан самараноктар ба таҳдидҳои алоқаманд ба истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсадҳои терроризм, тафтиши саривақтӣ ва сифатноки киберҷиноятҳо;

- мустаҳкам намудани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳамкориҳо бо ниҳодҳои индустрияи глобалии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар самти муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ;

- таъмини мувофиқати  иқдомот дар самти муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;

- таҳлили доимии қонунгузорӣ доир ба маҳдудкунӣ, поккунӣ ва хориҷ намудани контентҳои ғайриқонунии интернетӣ ҷиҳати муайян намудани самаранокии қонунгузорӣ дар ин самт, инчунин таҳлили доимии таҷрибаи дигар кишварҳо оид ба бартараф намудани хавфҳо дар ин соҳа;

9) дар самти ташкили амалияи аз лиҳози гендерӣ ҳассоси муқовимат ба экстремизм ва терроризм:

- бартараф намудани шароитҳое, ки рушд, фаъолнокии иҷтимоӣ, мустақилияти молиявӣ ва озодии амалҳои занонро боз дошта, ба осебпазирии онҳо аз ташвиқоти экстремистӣ  мусоидат менамояд;

- роҳандозӣ намудани тадқиқотҳои ҳамаҷонибаи сабабҳо ва сатҳи паҳншавии иштироки  занон дар экстремизми хушунатомез, фош кардани бепоягии қолибҳое, ки унсурҳои экстремистӣ ҷиҳати коркарди равонии занон истифода мекунанд;     

- васеъ намудани иштироки занон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм, такмили кор ва баланд бардоштани донишҳои кормандон дар самти баҳисобгирии ҷанбаҳои гендерӣ;

10) дар самти таҳкими ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ:

- баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ дар тарҳрезӣ ва татбиқи чораҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм;

- мусоидат ба баланд бардоштани фаъолнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар коркарди чораҳои муқовимат ба экстремизм, такмили низоми муқовимати иттилоотӣ ба экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани зарфиятҳои ҷамоаҳои маҳаллӣ дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм;

11) дар самти такмили қонунгузорӣ ва  фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ:

- такмили минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва муқовимат  ба  экстремизм ва терроризм;

- баланд бардоштани  самаранокии ҳуқуқтатбиқкунӣ ва тақвияти зарфиятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ошкоркунӣ, қатъ намудан ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта;

- пурзӯр намудани зарфият ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқию оперативӣ ҷиҳати «ошкор ва дахолат намудан», аз ҷумла бартараф намудани кӯшишҳои ба минтақаи амалиётҳои ҷангӣ сафар кардани шаҳрвандон  ва мамониат намудан ба интиқолу ҷойивазкунии террористон;

- ташаккули механизми муроҷиатҳои  маҳрамона, аз ҷумла ташкили  «телефони боварӣ» барои шаҳрвандоне, ки оид ба ҳолатҳои тундгароӣ  иттилоот ё  гумонҳои асоснок доранд;

- таъмини омодагии доимӣ ба фишорҳои  гурӯҳҳои экстремистӣ ва неруҳои терроризми байналмилалӣ, қатъ намудани амалисозии нақшаҳои онҳо доир ба анҷом додани фаъолияти тахрибкорона;

- таҳияи барномаи миллии машқҳои зиддитеррористӣ;

- баланд бардоштани самаранокии мубориза бо маблағгузории терроризм ва экстремизми байналмилалӣ;

           12) дар самти барқарорсозӣ ва интегратсияи шахсони гузаштаи экстремистӣ ё террористидошта:

       - баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва таҳаммулпазирии ҷомеаи маҳаллӣ нисбати шахсони барқароршаванда ва интегратсияшаванда;

- таҳияи барномаи барқарорсозӣ ва интегратсияи маҳбусоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, аз ҷумла иштирок дар низоҳои ҳарбии ҳудуди кишварҳои хориҷӣ маҳкум шудаанд;

- чораандешӣ ҷиҳати баргардонидан, солимгардонии тиббию равонӣ, таъмин намудан бо кор ва бо таҳсил фаро гирифтани занону кӯдаконе, ки аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо баргардонида шудаанд ё мешаванд;

- барқарорсозӣ ва реинтегратсияи ҷангиён-террористоне, ки аз иштирок дар муҳорибаҳои ҷангии ҳудуди кишварҳои дигар даст кашида, баргаштаанд, инчунин шахсоне, ки ихтиёран аз иштирок дар ташкилотҳои экстремистию террористии дар ҳудуди Тоҷикистон манъшуда даст кашидаанд;

13) дар самти таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ:

- васеъ намудани заминаҳои ҳуқуқӣ-байналмилалӣ, тақвият  бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи муқовимат ба экстремизм, терроризм, сепаратизми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигари хусусияти байналмилалидошта;

- такмили ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту хадамоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ доир ба ташкили  муқовимат  ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла оид ба  масъалаҳои пайгирӣ ва назорат бурдан ба ҷойивазкунии экстремистони таҷовузкор;

- мусоидат ба тақвияти зарфиятҳои субъектони муқовимат ба экстремизм ва терроризм.

 

 

 

4. НИШОНДИҲАНДАҲО, ИНТИЗОРИҲО, МАРҲИЛАҲОИ ИҶРО, ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯИ МАЗКУР

24. Стратегияи мазкурро мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот бо иштироки фаъолонаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ менамоянд.

25. Чорабиниҳои мушаххас доир ба ҳар як бахши Стратегияи мазкур дар Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки ҷузъи ҷудонашвандаи он маҳсуб меёбад, пешбинӣ шудаанд.

26. Нишондиҳандаҳои (индикаторҳои) иҷрои Стратегияи мазкур инҳо мебошанд:

- таҳияи лоиҳаи қонунҳо, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаи амали дар Стратегияи мазкур пешбинишуда, инчунин амалӣ гардидани онҳо;

- омӯзиши масъалаи мувофиқи мақсад будани таъсиси сохторҳои иловагии дар Стратегияи мазкур пешбинишуда оид ба муқовимати иттилоотӣ ба экстремизм ва терроризм;

- мавҷудият ва самаранок амалӣ шудани барномаҳои идоравӣ ва минтақавии муқовимат ба экстремизм ва терроризм;

- миқдор ва сифати чорабиниҳои профилактии гузаронидашуда, аз ҷумла бо иштироки рӯҳониён, коркард ва ворид гардидани усулҳои махсусгардонидашудаи профилактика;

- миқдори рисолаҳои дипломӣ, корҳои хатмкунии тахассусӣ, рисолаҳои магистрӣ, номзадӣ ва докторӣ, тадқиқоти сотсиологӣ ва равоншиносӣ доир ба масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм;

- шумораи интишорот дар воситаҳои ахбори умуми чопӣ, барномаҳои радио, телевизион ва театрикунонидашуда дар мавзӯи мазкур;

- шумораи мутахассисони тайёркардашуда дар самти муқовимати иттилоотӣ ба экстремизм ва терроризм;

- миқдори семинар-тренингҳо ва вебинарҳо бо ҷалби коршиносон ва кормандони амалие, ки дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм фаъолият менамоянд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳои ахбори омма, намояндагони ҷамоаҳои маҳаллӣ, созмонҳои ҷавонон, занон ва ташкилотҳои динӣ;

- ба барномаҳои курсҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид гардидани фанҳои вобаста ба масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, таҳияи модулҳои таълимӣ барои шунавандагони онҳо;

- кам гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти риояи қонунгузорӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ;

- ҳаҷми чорабиниҳо доир ба омӯзонидани қонунгузорӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба кормандоне, ки назоратро дар ин соҳа амалӣ менамоянд;

- миқдори шахсони ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимоти динии кишварҳои хориҷӣ таҳсилкунанда, ки ба Ватан баргардонида шудаанд (бо солҳо);  

-  тағйирёбии шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ доир ба таълимоти ғайриқонунии динии кӯдакон;

- вусъати фаъолияти профилактикӣ доир ба пешгирии беназоратӣ ва бепарастории кӯдакон, тағйирёбии вазъи содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон (бо солҳо);

- миқдори ҳолатҳои ошкоршудаи вайронкунии талаботи қонунгузорӣ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;

- миқдори ҳолатҳои ошкоргардидаи вайрон кардани ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва тадбирҳои андешидашуда оид ба ҳифзи онҳо;

- тағйирёбии ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, аз ҷумла дар соҳаи истифодабарии амволи давлатӣ, хусусигардонӣ, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва соҳаҳои дигари идоракунии давлатӣ ва иқтисодиёт;

- тағйирот дар миқдор ва таркиби ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, аз ҷумла доир ба маблағгузории терроризми байналмилалӣ;

 - шумораи манбаъҳои интернетии дорои маводи хусусияти экстремистию террористидошта, ки дастрасӣ ба онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст;

- афзоиши шумораи занон дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар мубориза ба экстремизм ва терроризм иштирок менамоянд (бо солҳо);

- тағйирёбии миқдори ташкилотҳои ғайридавлатие, ки дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм махсус гардонида шудаанд;

- миқдори чорабиниҳои профилактикӣ ва амалиёти махсус доир ба пешгирӣ, ошкор ва қатъ кардани фаъолияти ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва шабакаҳои маблағгузории терроризм, ки якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар гузаронида шудаанд;

- миқдори ҳолатҳои сафари шаҳрвандон ба минтақаҳои амалиёти ҷангӣ ва ҷойивазкунии террористон, ки ба шарофати таҳкими зарфиятҳо ва заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ барои «ошкор ва дахолат» пешгирӣ карда шудаанд;

- ҳаҷми чорабиниҳо доир ба тайёркунии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар;

-  дараҷаи риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсон зимни амалисозии чорабиниҳои пешбининамудаи Стратегияи мазкур;

- тағйирёбии миқдории ҳолатҳои вайрон кардани ҳуқуқҳои шахс дар натиҷаи амалисозии чораҳои мубориза бо терроризм;

- миқдори тадқиқотҳои нашргардида доир ба масъалаҳои экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон;

- кам гардидани шумораи шаҳрвандони ба минтақаи амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ  сафаркарда, афзоиши миқдори аъзои оилаи шаҳрвандони ба ташкилотҳои террористӣ ҳамроҳшуда, ки ба Ватан баргардонида шудаанд, барқарорсозии  муваффақонаи онҳо.

27. Амалисозии Стартегияи мазкур аз рӯи нишондиҳандаҳое, ки наметавонанд аз рӯи миқдор арзёбӣ гарданд, аз рӯи анҷомёбӣ ва сифати иҷрои чорабиниҳо баҳо дода мешавад.

28.  Интизориҳо аз натиҷаҳои амалисозии Стратегияи мазкур инҳоянд:

1) таҷдид ва такмили тарзу усулҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм бо дар назар доштани стандартҳо ва методҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти профилактикӣ, таъмини болоравии сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва шуури шаҳрвандон, пешгирии афзоиши тундгароӣ ва экстремизм дар ҷомеа;

2)  такмили заминаҳои ҳуқуқию ниҳодии муқовимат ба экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани сатҳи донишҳо ва малакаи кормандони мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм;

3) таҳким бахшидан ба нақши низоми маориф, ташкилотҳои динӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии экстремизм ва терроризм;

4) афзудани сатҳи ҳифозати иҷтимоӣқтисодӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ки боиси коҳиш ёфтани осебпазирии онҳо аз ташвиқоти экстремистӣ мегардад;

 5) баланд бардоштани масъулият, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектони муқовимат ба экстремизм ва терроризм, тақвияти зарфият ва самаранокии фаъолияти онҳо дар пешгирӣ, ошкор, қатъ намудан ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта.

29. Ҳадафҳои ниҳоии амалисозии Стратегияи мазкур таъмини бехатарии аҳолӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани эътимоду боварии шаҳрвандон нисбати мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи авзои ороми сиёсию ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  

30. Таъминоти молиявии амалисозии Стратегияи мазкур аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ пешбинишуда, инчунин маблағҳои ташкилотҳои мададрасон ба амал бароварда мешавад.

31. Аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои мададрасони байналмилалӣ маблағгузорӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, маблағгузории чорабиниҳои алоҳидаи Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, таҳия ва вориднамоии барномаҳои таълимӣ ва маводи дарсӣ, гузаронидани семинарҳо, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар, ташаккули махзанҳои маълумот ва ғайра дар назар дошта шудааст.

32. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани кумаки молиявӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ниҳодҳои молиявӣ, сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ барои амалигардонии Стратегияи мазкур тадбирҳо меандешанд.

          33. Амалисозии Стратегияи мазкур дар се марҳила дар назар дошта шудааст.

1) вазифаҳои марҳилаи аввал (соли 2021) инҳо мебошанд:

- фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои амалисозии Стратегияи мазкур, муаррифӣ намудани он ба мақомоти давлатӣ, ҷамоатчигӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;

   - таҳияи нақша ва лоиҳаҳои мушаххас оид ба амалисозии Стратегияи мазкур дар мақомоти давлатӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, ташаккул додани гурӯҳҳои кории байниидоравӣ, аз ҷумла дар маҳалҳо бо ворид намудани намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба онҳо ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи мазкур;  

-  таҳияи харҷномаҳо (лоиҳаҳо) барои амалишавии чорабиниҳои банақшагирифташуда, ки маблағгузориро аз буҷети давлатӣ ё сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ тақозо менамоянд;

- дарёфти созмонҳои мададрасон ҷиҳати маблағгузории чорабиниҳои банақшагирифташуда;

  -  оғози амалисозии чорабиниҳои пешбининамудаи Стратегияи мазкур;

2) вазифаҳои марҳилаи дуюм (солҳои 2022-2023) вусъат бахшидан ба татбиқи чорабиниҳо, ташкил ва ҷорӣ намудани механизмҳои пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм мебошанд;

3) дар марҳилаи сеюм (солҳои 2024-2025) чорабиниҳои татбиқшаванда бо натиҷаҳои мониторинги дохилию берунӣ такмил дода мешаванд. Дар охири ин марҳила (соли 2025) натиҷаҳои амалишавии Стратегияи мазкур ҷамъбаст карда шуда, дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати таҳияи санадҳои нави банақшагирии стратегӣ дар ин соҳа таклифҳо манзур карда мешаванд.

34. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба иҷрои Стратегияи мазкур, инчунин назорат ба рафти амалишавии он аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

35. Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро доир ба ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин сафорат ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ба амалисозии Стратегияи мазкур тавассути Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.

36. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои марҳилавӣ ва рафти амалисозии Стратегияи мазкурро дар маҷмӯъ арзёбӣ ва оид ба тартиби татбиқ, ворид намудан, хориҷ намудан ва мушаххас намудани бандҳои алоҳидаи он таклифҳо манзур менамояд.