Skip to main content

dsТасаввур кун, чӣ гуна озод нафас мекашӣ, мисли шабҳои сокит қалбҳоят ором аст. Тамоми вуҷудат бо шодӣ тавъам аст. Лабханди зебоят бошад, чунон равшан мегардад, ки чун хуршед аз Машриқ тулӯъ мекунад.

Ин ҳама як тараф, вақте ки дар хиёбонҳои гулгуни диёр кӯдаконро бо чеҳраи хандону табассуми нотакрораш мебинӣ, чиро эҳсос мекунӣ?

Мутмаин аз онам, ки ту эҳсоси хушбахтиро таҳаммул кардӣ, қалбҳоят бори дигар ба зиндагӣ аз сари нав гарму нарм шуд. Меарзад, ки худро фидои чунин лаҳзаҳои бебоку осуда намоӣ ва барои ҳифзи он, чун гавҳараки чашм, камари ҳимат бандӣ. Хонандаи гиромӣ, ман фикри туро фаҳмидам, бале ту низ ҳамаи инро бо як калима мехоҳӣ шарҳ диҳӣ, ки номаш алҳол вирди забони ту низ ҳаст – Ваҳдат.

Оре, ваҳдату ягонагӣ пойдевори асоси сохтмони тамоми хушбахтиҳои рӯйи олам аст. Агар он кишваре, ки парчами сулҳро дар манотиқи кишвараш парафшон нигоҳ медорад, бояд тазакур дод, ки он кишвар орому осуда дар масири созандагӣ гомҳои устувор мезанад. Аммо сулҳ ба осонӣ ба даст намеояд, зеро барои соҳиб шудан ба ваҳдату ягонагӣ хеле заҳмату талошҳои ҷонгудоз мебояд. Дар ҳамин сарнавиштҳои гуногунпаҳлӯи ҳаёт ба сари мардуми тоҷик низ рӯзҳои сахт ва нангине фаро расид.

Тоҷикон ҳамчун мардуми шӯравӣ дар ҳайати давлати бузурги қарни гузашта Иттиҳоди Шӯравӣ як халқи меҳнаткашу тавонно дар арсаи ҷаҳон арзи вуҷуд мекард. Вале сарнавишти 70-солаи давлати бузурги комунистӣ рӯ ба завол ниҳод. Пас аз пош рафтани мамлакатҳои понздаҳгонаи шӯравӣ, Тоҷикистон низ дар ҳамин раванди пошхӯрӣ соҳиби истиқлолияти хеш гардид. Аммо мо ҳоло маззаи соҳибистиқлолиятро начашида ба сари мардуми озодагон бадбахтиву завол фаро расид. Ин дар таърихи тоҷикон абри сиёҳу тӯфони душман на, балки бародари тоҷик зидди дигар бародари тоҷик силоҳ бардошт, ин зарбаи шадид ба халқи кӯҳани мо шуд. Тавре мегӯянд:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ҳар чӣ бо ман кард, он ошно кард.

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе гӯё маркази муборизаву ҷангҳои шадиди мухолифин ва ҳукуматдорон, марзи дасисаҳову сардияти беинтиҳо гардид. Чанде аз тарси ҷон бесухан буданд, чанде соҳиби минбари худ шуда, аз шаҳду шакар ва заҳру хатар гап мезаданд. Нишона аз сулҳу озодӣ дар рӯҳияи мардуми тоҷик бегона буд. Онҳо кайҳо аз умеду оромонҳои худ даст кашида, ба ғояи “Як рӯз бошу подшоҳ бош” амал карданд, ки ин дар натиҷа ба сари миллат порахӯриву ришва ва нокасиҳои нохалафонро ба бор овард.

Мардум фирорӣ шуданд, ҳазорҳо зану кӯдак роҳи афғонзамину ӯзбекзаминро пеша карданд, ки ин шӯртарин ҳаёт дар сари мардуми тоҷик буд. Ин мусибат чу борони нафрат беист ба саргаҳи ин милати кӯҳанбунёд меборид. Он вақт шояд ҳамин ҷумлаҳо зеби даврон буд:

Месӯхт дили мо ба сагу пишаки кӯча,

Ҳоло дили инсон ба инсон насӯзад.

Чанде аз мамлакатҳои Машриқу Мағриб Тоҷикистонро аз рӯйхати худ хат заданд, чашм бар он мекарданд, ки Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон ба ҳамешагӣ нобуд хоҳад шуд. Бар он ақида буданд, ки номи тоҷикон дигар ҳамчун миллат ба по нахоҳад хест, аммо бархе кишварҳои дӯсту бародар тавонистанд дар ин рӯзи сахту сангин мо тоҷиконро дастгирӣ намоянд.

Ҳамон халқҳое, ки боварӣ ба сулҳу озодии тоҷикон надоштанд, фаромӯш карданд, ки мо насли ориёием. Тоҷик ҷон медиҳад, аммо хок ба бегонагон намедиҳад. Майдон аз далер аст, далери кун, гуфтаанд. Ба майдони набард, фарзонафарзанди милат, Пешвои миллат омад. Ӯ бо қалби гарм, матонат, сиёсати оқилона, меҳру мурават ва садоқат дасти миллати тоҷикро гирифт. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сарвар, балки наҷотбахши миллати тоҷик ба майдон омад. Ӯ бо далериву ҷасурӣ ва хирадмандиву меҳрубонӣ тоҷиконро сарҷамъ ва замина пора-пора гаштаро Тоҷикистон сохт. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми рӯҳафтодаву ноумедгашта, аз нав умеду орзуи навин ва умри дубораи хушбахтиро ҳадя намуд.

Он замон, кишвар дар оташи хонумонсӯз месӯхт. Воқеан, кори осон набуд, ки ҷони худро фидо кунад, сарварии як кишвари ҷангзадаро ба даст гирад. Аммо Пешвои миллат, аз тамоми сангу тӯфон натарсид, мусибату гуруснагиро бо ғамхорӣ поён нишинонд, қаҳтиву сахтиро бо нармиву муҳаббати мардонагӣ мағлуб кард, одамрабоиву золимиро бо матонату сарбаландияш шикаст.

Сухани тиллоии сарвари ояндасозамро ҳар лаҳза тамоми Тоҷикистон ба забон меоранду меболанд: “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Танҳо ҳамин калима ва амали қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз фаношавӣ раҳонид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нестшавӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон эмин нигоҳ дошт. Парчами сулҳро парафшон намудем, Тоҷикистон куллан дигар намудем. Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амтарини ҷаҳон ва беҳтарин кишвари сайёҳӣ бо доштани табиати софу мафтункораш мешиносанд.

Имрӯз мо дар ҳавои сокиту ороми диёр, дар назди соҳилҳои дарёи мусаффои сарзаминамон мешинему ба рӯзҳои сиёҳи таърих лаънат мехонем. Шукрона аз ҳамин кишвари азизамон мекунем. Имрӯз моро мебояд ба қадри ҳар як рӯзҳои шодиву нишот бирасем, муҳимтар аз ҳама озодиро қадр кунем.

Шукронаи сулҳу субот, оромӣ, хандаҳои бекаронаи кӯдакон касро ба шавқу рағбати беандоза мубаддал месозад ва дили касро ба зиндагӣ гарм месозад. Мо имрӯз ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва соҳибэҳтиром дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта мешавем. Мо бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ бирасем. Бузургон фармудаанд: “Қадр - қадр талаб мекунад”, пас барои боқадру инсони комили ин диёр будан ба қадри ҳар як қатраҳои оби зулоли Ватан бирасем.

Бинед ин кишвари зеботарини ҷаҳонро, бингар ба манзараҳои дилфиреби диёри ман. Ин обҳои тозаву мусаффоро бингар. Ана ин бошад парчами баландтарини ҷаҳон, ливои орзуву оромонҳои миллӣ. Парчами сулуҳ ваҳдати миллӣ пар меафшорнаду миллати маро ба ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Ба пеши чашм меорам, ки мо зиндагии шоиста дорем, мо фармонбардори дигар халқҳо нестем. Моро касе идора намекунад, мо давлати озод, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҳастем. Шабу рӯз да кӯчаҳои кишвар бо қалби пуру шодиву сурур сайру гашт мекунем, дар сари дастархон бо аҳли оилаи худ бахтиёрем, дар донишгоҳҳои олии кишвар таълиму тадрис мегирем. Дар беҳтарин шароит меомӯзем, кор ва фаъолият мекунем.

Мо шукрона мекунем, ки Пешвои миллат дорем, боиси ифтихори мост, ки барои мо тоҷикон хизматҳои бениҳоят бузургро сомон додаанд. Пас мо насли наврас бо тамоми ҳастии худ барои Ватани азизамон хизмат намоем ва номи кишварамонро чун кавкаби нурбор дурахшон намоем.

Зиҳӣ Ваҳдату ягонагӣ, зиҳи Истиқлолу озодӣ!

Шаҳзод ҚАЮМОВ, магистри курси якуми Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ