Skip to main content

Имрӯз (15.02.2024) дар толори Маркази “Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат”-и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, кафедраҳову шуъбаҳои забонҳои хориҷӣ, фалсафа, шуъбаи магистратура, аспирантура, докторантура, шуъбаи география ва зомкунонии фосилавӣ, шуъбаи таъминоти илм, КВД тадбиқи илм дар истеҳсолот баргузор гардид.

Дар оғоз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х. оид ба баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик ва рушди бомайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин ба ҷаҳониён муаррифии он бо истифода аз технологияи навини муосир, тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ, нашри маводҳои илмию оммавӣ дар шакли электронӣ, нашри маводҳои илмӣ дар журналҳои бонуфузи ҷаҳон, омода намудани шароити корӣ дар самти тарбияи олимони ҷавон, тақвияти корҳо дар самти магистратура ва докторантура, ҷоннок намудани корҳо дар самти идеология, баромадҳои олимону кормандон тариқи шабакаҳои телевизионӣ дар мавзуҳои муҳим ва оид ба бартарафнамоии мушкилоту норасоиҳои мавҷуда ба масъулини соҳа дастурҳои мушаххас доданд.

Дар ибтидо Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х. доир ба фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ба омӯзиш ва ҳалли ҳодисаҳову масъалаҳои давлативу ҳуқуқии муосир, тарбияи мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар байни олимони ҷавон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.