ТАРҶУМАИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО НОМИ «TACIKLER» ВА РӮНАМОИИ ОН ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 06 сентябр бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки аз забони тоҷикӣ ба забони туркӣ тарҷума шудааст рӯнамоӣ гардид.
Дар рӯнамоии китоби мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, иқдоми масъулини Вазорати фарҳангро барои тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров саривақтӣ хонданд.
Таъкид гардид, ки акнун ин шоҳасарро тамоми туркзабонони дунё бо забони модариашон мутолиа хоҳанд кард. Воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки «Китоби Тоҷикон воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Воқеан, аз нашри асари фундаменталии илмии «Тоҷикон»-и олими барҷаста академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз ним аср гузашт ва дар ин муддат асари мазкур эътирофи ҷаҳонӣ пайдо карда, сазовори баҳои баланди мутахассисони баландрутба гардид. Китоби «Тоҷикон» на танҳо асари барҷаста, балки як падидаи таърихнигории ҷаҳонӣ буда, аҳамияти он аз доираи илми тоҷикшиносӣ хеле фаротар аст.
Таъкид гардид, ки имрӯз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз мӯътабартарин сарчашмаҳои соҳаи худ ба ҳисоб меравад. Он барои омӯзандагони таъриху фарҳанги тоҷикон ба сифати китоби рӯимизӣ хизмат карда, дар он ҳама маъхазҳои хаттии то ибтидои солҳои 70-уми садаи 20 пайдошуда ҷалб карда шуда, инчунин маълумоти бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропология, нумизматика ва дигар илмҳо оварда шудаанд. Ҳамин тариқ, Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохиливу хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода кардааст. Ин нахустин асар оид ба таърихи миллати тоҷик мебошад, ки дар асоси консепсияи илми таърихнигорӣ ва риояи даврабандии таърихӣ таҳия шудааст.
Ғояи асосии китоби «Тоҷикон»-ро муттаҳид намудани миллати тоҷик ташкил мекунад, ки он дар тӯли таърих дар асари ҳодисаҳои фоҷиабор аз ҳам ҷудо шуда буд. Ва хидмати аслии Бобоҷон Ғафуров дар назди халқаш дар он аст, ки ӯ бо пажӯҳишҳои худ ба ҷаҳониён мавҷудияти халқи тоҷикро нишон дод, инчунин нишон дод, ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва соҳибони ҳақиқии ин минтақа буда, дар раванди пайдоиш, ташаккул ва инкишофи тамаддуни минтақа нақши намоёни таърихӣ бозидаанд.
Дар идома Сафарзода Давлат Шариф муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш таъкид дошт, ки воқеан, китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба болоравии худшиносии миллии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони истиқлолият баҳри пешрафти миллат ва таҳкими давлатдории нави тоҷикон ба самти тозае ворид шуд. Дар ҳамин раванд чорабинии имрӯзаи мо ба муаррифии тарҷумаи туркии китоби "Тоҷикон" бахшида мешавад.
БА ИМЗО РАСОНИДАНИ СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БО ИНСТИТУТҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
Имрӯз, 16 май дар ҳошияи баргузории конфронси байналмилалӣ миёни олимону муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону муҳаққиқони Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои рушди корҳои илмиву таҳқиқотии ҷонибҳо тамоми инситутҳои илмиву таҳқиқотии Олмон бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Бояд гуфт, ки роҳкушоӣ ҳамаи ин ҳамкориҳо дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, ки ин метавонад барои баланд бардоштани сатҳи забономӯзӣ, дӯстии байни миллатҳо, табодули таҷриба ва умуман барои баланд бардоштани илми тоҷик мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бастани чунин шартномаҳои ҳамкорӣ миёни олимону муҳаққиқони тарафайн мушкилиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ва барои олимону муҳаққиқони оянда низ заминаи мусоиди корӣ фароҳам мешавад.
Дар доираи ба роҳ мондани ин созишномаҳо ҳамкориҳо миёни олимону коршиносони соҳаи биологияи тарафайн ба роҳ монда шуда, ҳамзамон таҳқиқотҳои муштарак анҷом дода мешаванд.
БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ МИЁНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҚАЗОҚИСТОН
Имрӯз, 16 май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ректори Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал - Форобӣ Туймебаев Жансейит мулоқот намуд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, доир ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои дурнамои рушди фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур намуд.
Дар мулоқот тарафҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни олимону муҳаққиқони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобиро, ки дар марҳилаи нав оғоз меёбад, баррасӣ намуданд. Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои гуногуни илмҳои бунёдӣ созишнома ба имзо расониданд. Бояд гуфт, ки минбаъд дар доираи ин созишнома миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ ҳамкориҳо рушду густариш меёбанд.
Инчунин, ҷонибҳо дар доираи ин ҳамкориҳо барои ҷалби магистрантон ва докторантони PhD- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таҷриба андухтан дар самтҳои мухталиф дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ ба мувофиқа омаданд.
Дар охир барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар марҳилаи нав бо Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Имрӯз, 15 май бо иштироки президенти Академияи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ Полад Булбулоғлу, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Руссия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва олимону зиёиён кори форум ба анҷом расид.
Дар оғоз президенти Академияи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба роҳбарияти Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ барои ҳамкориҳои муштарак дар баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ташаббусҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор мегарданд. Бояд гуфт, ки форуми зиёиёни илмӣ ва эҷодии ИДМ бузургтарин чорабиниҳои башардӯстона дар кишварҳои ИДМ буда, дар он натиҷаҳои соли гузашта ҷамъбаст гардида, нақшаҳои чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон таҳия карда мешаванд.
Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дувум мизбони ин ҳамоиш мебошад. Дар ин замина бо боварӣ метавон гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои густариш ёфтани ҳамкориҳои зиёиёну эҷодкорон ва олимону муҳаққиқони кишварҳои муштаркулманофеъ имконият фароҳам оварда, ба ин восита табодули таҷриба ва беҳбудӣ бахшидан дар дилхоҳ соҳаҳо вусъат меёбат.
Дар анҷоми форум олимону зиёиён хулосаву пешниҳодҳои худро барои афзалият бахшидан дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон иброз дошта, барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узви давлатҳои ИДМ масъалагузорӣ намуданд.
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Академияҳои илмҳои кишварҳои узви давлатҳои ИДМ баргузор гардид.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро барои ташрифашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар форум сатҳи байналмилалӣ хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки ин анҷуман хусусияти анъанавӣ пайдо карда, дар тӯли тақрибан ду даҳсола як минбари доимӣ барои баррасии андешаҳои саривақтӣ ва қабули қарорҳое буд, ки барои кишварҳои мо дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстона бисёр муҳиманд. Воқеан ҳам рӯзи аввали Форум, ки дирӯз дар сатҳи хеле баланд баргузор шуд, як механизми тавонои оғози мубоҳисаҳои муштараки имрӯзаи мо мегардад.
Гуфта шуд, ки муҳити башардӯстона ва созанда ба мушкилоти давраи гузариш дар тамоми давлатҳои мо ҳассостар буд ва мушкилоти муайян танҳо як қисми нигарониҳои ҷиддӣ дар бораи сарнавишти халқҳо, мероси таърихию фарҳангӣ дар фазои бузурги тамаддун буданд.
Зимнан, дар кишварҳои ИДМ имкониятҳои нав ба вуҷуд омадаанд, ки ба донишҳои илмӣ, маориф ва фарҳанг бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Мамлакатҳои иттиҳод маҳз дар ҳамин соҳаҳо захираи асосии навсозӣ ва тараққиёти куллии иқтисодиёти миллирро фароҳам овардаанд
Дар идома таъкид гардид, ки омезиши бартариҳои рақобатие, ки ҳар як кишвари мо дорад, барои ҳама манфиатҳои назаррас хоҳад овард ва аз ин рӯ, ҳамкориҳои нав дар соҳаи гуманитарӣ метавонад яке аз лоиҳаҳои пешрафтаи Иттиҳод гардад, ки қодир ба тамоми равандҳои ҳамгироӣ такони нав бахшида, моделҳои универсалӣ ва саривақтии ҳамкориҳои моро пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо, албатта, мо ба муколамаи мустақими эҷодӣ бо “семинарҳо”, доираҳои соҳибкорӣ умед мебандем ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ ба ташаббус ва захираҳои шумо такя мекунем.
Дар идомаи мулоқот роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои аъзои давлатҳои ИДМ суханронӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳои илмӣ дар самтҳои мухталиф пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ШУРОИ ҲАМКОРИҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ ВА РАЁСАТИ ХАЗИНАИ БАЙНИДАВЛАТИИ БАШАРДӮСТОНА
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шурои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва раёсати Хазинаи байнидавлатии башардӯстона баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Саториён ва дигар намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҷаласа масъулин масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маданияти халқиятҳо, зинда нигоҳ доштани фарҳанг ва тамаддуни башарият дар замони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое мебошанд, ки бо доштани таъриху фарҳанг ва маданияти пурғановат қобили эътирофи ҷаҳониён гардидаанд. Бешак бетавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми фарҳангу мадданияти халқиятҳо иқдомҳои назаррасро роҳандозӣ намудааст.
Ҳамин аст, ки яке аз самтҳои дигари ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ бо кишварҳои аъзои давлатҳои ИДМ ин соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад, ки дар замони соҳибистқлоли густариш ёфтааст.
ВОХУРИИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМ
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзноманигорони кишварҳои узви ИДМ дар майдони мубоҳисавии «Имкониятҳои ВАО дар рушди фазои башардӯстонаи ИДМ» масъалаҳои мубрами соҳаи ВАО-ро баррасӣ намуданд.
Дар баргузории форум олимону муҳаққиқони самти илмҳои журналистикаи иттиҳодияи болозикр бо хушнудии тамом баромад намуда, оид ба нозукиҳои касбияти журналистика, навовариҳо, кор тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, нигоҳ доштани нозукиҳои кор дар самти ВАО, пешрафт ва истифодаи самараноки техникаву технология, ва омоданамооии мутахассисони варзида дар ин самт суханронӣ намуда, бо маърӯзаҳои хеш пешниҳодҳои худро баҳри пешрафти ин соҳа пешниҳод намуданд.
Имрӯз, 15 май идомаи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки олимону зиёиёни кишварҳои муштаракулманофеъ дар бахши илму маориф баргузор гардид.
Дар бахши илму маорифи Форум намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ баромад намуда, оид ба пешрафт ва муваффақ шудани насли оянда дар дар самти илму маориф ибрози ақида намуд.
Гуфта шуд, ки пешрафти тамоми давлатҳои дунё ба соҳаи илму маориф вобастагии амиқ дошта, ояндаи дурахшони халқиятҳо аз ин соҳа маншаъ мегирад ва ҳамин буд, ки Президенти маҳбуби давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи калидӣ ва афзалиятнок ном бурда, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, ҳамаи мову шумо олимону равшанфикронро мебояд баҳри пешрафти ин соҳа ва баланд бардоштани илм, аҳаммияти аввалдараҷа ба илмомӯзии насли нав, бо таври бояду шояд омӯзонидани техникаву технология, ки тақозои замон аст сай намоем.
Дар идома олимону муҳаққиқони хориҷи кишвар баромад намуда, оид ба баромади узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадалӣ Музаффарӣ ибрози ақида намуда, баромадашро саривақтӣ ва мавзуи рӯз ном бурданд.
Имрӯз, 15 май рӯзи дуюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида истоддааст. Дар ин рӯз дар толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшҳои мубоҳисавии форум бо иштироки васеи олимону зиёиёни кишварҳои ИДМ идома доранд.
Дар ин бахш олимону мутахассисон доир ба анъана ва навовариҳои фарҳанги кишварҳои иттиҳод бо ҳамдигар мубоҳиса намуданд. Дар кори форум узви вобастаи АМИТ Қоҳирова Гулчеҳра ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дурнамои рушди техникаву технология дар замони муосир ибрози ақида намуданд.
Дар идома олимону зиёиёни кишварҳои узви ИДМ дар суханрониҳои худ қайд намуданд, ки мо дар асре зиндагӣ дорем, ки техникаву технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст ва ин шароит ба фарҳанги навоварии ва рушди кори олимону муҳаққиқон мусоидати бемайлон намуда ва ҳамкориҳо байни олимони аъзои ИДМ низ метавонад ҳамаи мову шуморо муваффақи гардонад.
