Skip to main content

«Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки коррупсия яке аз муаммои ҳалталаби замони имрӯза ба ҳисаб рафта, дар қатори дигар падидаву омилҳои номатлуб зуҳуроти барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста шуда, яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди ин, коррупсия пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва мақомоти давлатӣ ва низоми сулҳу субот, халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии обрӯю нуфузи миллат ва давлат дар ҷомеа ва арсаи байналмилалӣ гашта, ахлоқи ҷомеаро коста мегардонад.
Коррупсия феълан падидаи иxтимоиест, ки дар тафаккури xамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуxуди ин, новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар аrидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои xомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти xомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоrии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои xиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати маrомоти давлатӣ оварда мерасонад.

Бояд гуфт, ки баъди эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ, таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар зуҳуроти номатлуби барои ҷомеа ва давлат хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм зарурат ва муҳиммияти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсияро масъалаи мубрам ва ҳалталаби рӯз дониста, як қатор чорабиниҳои муҳимми зиддикоррупсионӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ намуданд. Маҳз ин буд, ки 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» қабул гардид, ки дар он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян карда шуд.

Ҷузъи муҳими муқовимат ба коррупсияро заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус санадҳои меъёрии махсуси танзимкунандаи ин масъала ташкил менамояд. Яке аз аввалин қадами муҳим баъд аз қабули Фармони зикршудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 мебошад. Қабули ин санад, ки дар байни кишварҳои пасошуравӣ аввалин ба ҳисоб меравад, боис гардид, ки дар кишвар фазои тоқатнопазирк ба коррупсия фароҳам оварда шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва паст намудани шиддати он ҷоннок карда шавад.

Ҳамин тавр, заминаи татбиқи сиёсати давлатии зидикоррупсионӣ бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии номбурда оғоз гардида, марҳилаҳои минбаъдаи ташаккули худро аз ироаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мегирад. 30 апрели соли 2001 Паёми Президенти Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки зимни он масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла мубориза бо коррупсия низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин Паём диққати хешро ба қабул ва риояи ду санади номбурда аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбута равона сохта, таъкид намуданд, ки: “Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи дорои иқтисодиёти бозаргонӣ мубориза бо коррупсия мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки дар ин бобат ҳанӯз июли соли 1999 Фармони Президент ва охири ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” қабул шуда буд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои санадҳои мазкурро таъмин намоянд. Зеро дар бисёр ҳолатҳо коррупсия метавонад афзоиши иқтисодиётро боздорад[1]”.

Воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ба маврид ва сари вақти иброз намуданд, зеро коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва мақомотҳои он таъсир мерасонад.
Сиёсати зиддикоррупсионӣ ба он асос меёбанд, ки чораҳои зидди-коррупсионӣ дар шакли механизми махсус таҳиягардидаи маҳдудиятҳо ба фаъолияти ҳамарӯзаи мақомотҳои давлатӣ, муассисаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳамгироӣ карда шуда, аз тарафи онҳо мунтазам анҷом дода мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хавфҳои кирдорҳои коррупсиониро арзёби намуда, 30 апрели соли 2004 зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки: “Зуҳуроти номатлуби дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, паҳн гардидани коррупсия мебошад. Ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ дар ҳар шакл ва дар ҳар зинаи мақомоти давлатӣ ё субъектҳои хусусӣ, ки сурат гирад, пеш аз ҳама нуфузу эътибори давлат ва хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар миёни халқ паст мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин ҷиноят бояд яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ташкил диҳад[2]”.

Маҳз таъкидҳои доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар таҳрири нав ва мутобиқ ба талаботи пешбинӣ намудаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни номбурда, ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазир ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар оварда расонид. Ҳамзамон, он боис гашт, ки дар кишвар ҳуҷҷатҳои барномавии зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд. Қабули қонун ва стратегияҳои номбурда аз татбиқи сиёсати комилан устуворонаи зиддикоррупсионии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
Бояд ёдовар шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 дорои якчанд навгонӣ ва афзалиятҳо буд. Масалан, мафҳуми коррупсия ба талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия мутобиқ карда шуд. Созмони Милали Муттаҳид 13 октябри соли 2003 Конвенсияи мубориза бар зидди коррупсияро кабул намудааст, ки он аз 14 декабри соли 2005 амал мекунад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2006 ба ин Конвенсияи байналмиллалӣ ҳамроҳ гардид; доираи субъектони ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ васеъ шуда, ба онҳо на танҳо шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, балки шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, ки бо мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд, пешбинӣ гардид; бори аввал мутобиқи қонуни болозикр ҷавобгарӣ барои қабули қарори дастаҷамъонаи хусусияти коррупсионидошта ва ҷавобгарӣ барои он пешбинӣ шуд; бо мақсади пешгирии бархурди манфиатҳо нисбати шахсони мансабдор маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда муқаррар шудаанд; доираи амалҳое, ки содир кардани онҳо ҳамчун коррупсия арзёбӣ мешуд, васеътар шуда, аз ҷумла на танҳо ғайриқонунӣ пешниҳод кардани сарвату неъматҳои моддиву ғайримоддӣ ба шахсони мансабдор, балки ваъда додан ва таклиф намудани неъмату сарватҳо низ ҳамчун ҳаракати дорои аломати коррупсионӣ дошта муқаррар шуда.

Гуфтан ба маврид аст, ки бо мақсади татбиқ намудани сиёсати зидди-коррупсионӣ аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми январи соли 2007 дар ҷумҳурӣ мақомоти махсусгардонидашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Таъсиси ин ниҳоди махсус иродаи қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муқовимати доими бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва расидан ба ҳамфикрии байни ҳамаи қувваҳои солими ҷомеа мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 дуруст ишора намудаанд, ки “Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд”.

Дар шарҳи коррупсия, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 қайд намуданд, ки: «Яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад».
Дар дигар шарҳ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки: “Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад”.

Сиёсати зиддикоррупсионии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодакунандаи фазои тоқатнопазирк ба коррупсия, паст намудани сатҳи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати давлатиро оид ба муқовимат ба коррупсия муайян менамояд. Ин яке аз салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад, ки дар Қонуни номбурда пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамин тариқ, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва мустаҳкам гардидани сулҳу субот ва пойдории Ваҳдати миллӣ, дар мамлакатамон масъалаи муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат моҳияти воқеии коррупсияро аз рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дарк намуда, ҷиҳати муқовимати оштинопазирро бо ин зуҳуроти номатлуб дар ҳар як Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкидҳо намудаанд. Маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон мунтазам чораҳои зиддикоррупсионӣ амалӣ гашта, фазои зиддикоррупсионӣ фароҳам оварда шудааст.

Рустамзода Ҷумабек Юнус - ходими хурди илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент