Skip to main content

Дар асоси фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.07.2024, 22/шд дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шурои диссертатсионии 6DKOA-076 аз рӯи ихтисосҳои 12.00.05. Ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва 12.00.10. Ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи Аврупо таъсис дода шуд.

Имрӯз (24.09.2024) дар толори Маркази “Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” – и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи якуми шурои диссертатсионии 6DKOA-076 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муаррифии ҳайати шуро, тартиби ба роҳ мондани кори шуро нақшаҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба кори шуро равона гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.