Сентябрь 21, 2024 11:00
ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ аст. Ба ин муносибат андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон зери унвони «Абарустоди забони модарӣ» манзур мешаванд.
— Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бешубҳа, аз саромадони забону адаби мо маҳсуб мешавад, ки ҳамасола ба ифтихори ӯ 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад.
Дар байни ҳамаи устодони бузурги забони модарии мо аз рӯзгори пешин то ба ин даврон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) мақом ва ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро устод Рӯдакӣ аввалин шоири соҳибдевон ба забони модарии мост ва гуфтаанд, ки вай ҳамчунин муаллифи яке аз нахустин фарҳангҳои забони модарии мо – «Тоҷ-ул-масодир фӣ луғат-ил-фурс» (Тоҷи маъхазҳо дар забони порсиён) мебошад, ки мутаассифона, ин фарҳанг то замони мо нарасидааст.
Ҳамаи сурудаҳои боқимонда аз ӯ содаву равон ва ширину дилрасанд ва аз маҳорату устодии комили ӯ дар забону адаби мо гувоҳӣ медиҳанд. Барои намуна сурудаи маъруфи ӯ «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме»-ро, ки имрӯз вирди забонҳо аст, метавон суруди миллии тоҷикони ҷаҳон барои ҳамаи замонҳо ба шумор овард. Зеро аз ҳар калимаву ибораи он ширинию шевоӣ ва содагию равонии забони модарӣ ба мушоҳида мерасад. Ба баёни дигар, ин сурудаи дилрас ва дигар сурудаҳои устод Рӯдакӣ ҳалқаи васли забону адаб ва таъриху фарҳанги миллии мо аз гузаштаи дур то ба рӯзгори нави Истиқлоли давлатӣ мебошанд.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020), ки муаллифи бузургтарин ҳамосаи миллии мо – «Шоҳнома»-и безавол аст, камоли маҳорату устодии Рӯдакӣ ва «дур суфтан»-и ӯро дар забону адаби мо зимни баёни чигунагии анҷом пазируфтани тарҷумаи манзуми «Калила ва Димна» таъйид кардааст:
Гузорандае пеш биншонданд,
Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.
Бипайваст гӯё парокандаро
Бисуфт инчунин дурри огандаро.
Баъзе сурудаҳои устод Рӯдакӣ бо гузашти айём ба хотири ширинию шевоияшон ба зарбулмасалу мақол табдил ёфтаанд ва имрӯз дар байни пиру барнои ҷумҳурии мо маҳбубияти фаровон доранд. Масалан:
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ё:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Баёни ин нукта ҳам муҳим аст, ки баъзе калимаҳои дар ашъори устод Рӯдакӣ истифодашуда имрӯз фақат дар баъзе гӯйишҳои забони тоҷикӣ боқӣ мондаанд ва дар мамлакатҳои ҳамзабони мо мавриди истифода қарор надоранд. Масалан: варғ (ҷойи оббанду обкушо) (Банди варғи сусти пуда бифканад), коза (каппа) (Ҷой кард аз баҳри будан козае), тундар (раъд) (Наффот – барқи равшану тундар-ш таблзан), хусур (падарарӯс) (Ки то кай кашем аз хусур зиллу хорӣ), модандар (модари угай, ки дар мо моиндар ҳам мегӯянд) (Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро), писандар, духтандар (Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро), фартут (афгор) (Пири фартут гашта будам сахт) ва ғайра.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт устод Рӯдакӣ дар таърихи дерини забони модарии мо абарустоде аст, ки ширинию шевоӣ, шукуҳу шуҳрат, покизагию асолат ва рушду боландагии ин забон дар рӯзгори Сомониён ва давраҳои баъдӣ бо осори мондагори ӯ пайванди амиқи ногусастанӣ дорад.
Пас аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демеократӣ ва ҳуқуқбунёдро ҳадафи ниҳоии хеш қарор доданд. Бо дар назардошти талаботи замон чунин асоси сохтори давлатӣ дар моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвата кӯшиш намуда истодааст, ки ин ҳадафҳои дар пеш гузошта шуда ҳар чӣ зудтар татбиқ гардида, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ва таҳкими истиқлолияти воқеии давлатӣ татбиқ карда шаванд.
Ҳифзи ҳуқуқу озоиҳои шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, танҳо дар ҳолати доштани дониш ва маърифтаи ҳуқуқӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва риояи дурусти талаботи қонунгузорӣ мумкин мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон маҳсуб рафта . Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ин масъаларо арзёбӣ намуда, соли ҷориро ҳамчун соли маърифтаи ҳуқуқӣ эълон доштанд. Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар баробари мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ, инчуни ин роҳи ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи мо аз қабили пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротию террористӣ мебошад. Дар баробари ин бо ташаккул додани маърифати ҳуқуқӣ имконияти ҳарчӣ бештар коҳиш додани сатҳи фасод низ дар ҷомеа шароит фароҳам оварда хоҳад шуд.
Бо маърифат гардонидани аҳолии кишвар махсусан наврасону ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа шинохта мешаванд,баҳри ҷомеаи тоза истиқлоли мо муҳим мебошад. Дар ин маврид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми вохӯрии бо аҳли маориф бахшида ба “Рӯзи дониш”,чунин ибрози андеша намуданд: “Дар натиҷаи муносибати рӯякӣ ба тақдири ояндаи наврасону ҷавонон, саҳлангорӣ ва бетарафӣ аз ҷониби баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, инчунин, падару модарон ва аҳли ҷомеа фарзандони мо ба доми созмонҳои ифротиву террористӣ гирифтор мешаванд ва ояндаи худро барбод медиҳанд.
Аз ин рӯ, мо ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, ҷавобгариро нисбат ба шахсоне, ки монеи таҳсили фарзандон мешаванд, пурзӯр кардем.
Бо дарназардошти ҳолатҳои баёнгардида, зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи фаъолона ва густурдаи тарзи ҳаёти солим, тарбияи инсондӯстиву ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзиш, дар навбати аввал аз ҷониби падару модарон, яъне дар муҳити оила ба тарбияи фарзандон эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад.”
Дар воқеъ ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро маҳз дар сурати тарбияи дуруст аз ҷониби оила ва огоҳонидани ҷавонон бомаърифати ҳуқуқӣ метавонад дар замири онҳо ҳисси баланди инсондӯстиву ватандӯстиро ба вуҷуд оварад.
Баҳри дарки маърифати ҳуқуқӣ зарур аст, ки шаҳрвандон истилоҳи ҳуқуқро дуруст дарк намоянд. Мақсад аз маънидод намудани истилоҳи ҳуқуқ дар он аст, ки шахс то мафҳум, моҳият ва муҳтавои ҳуқуқро дарк нанамояд, фаҳмиши амиқи онро тассавур насозад, ў ба ҳадафҳои маърифати ҳуқуқӣ расида наметавонад. Яке аз ҳадафҳои маърифати ҳуқуқӣ, ин бо усулу равишҳои нав ба аҳолӣ расонидани донишҳои ҳуқуқӣ, мазмуну моҳияти он ва бо ин роҳ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ки ин пеш аз ҳама вазифаи олимон ва ҳуқуқшиносони касбӣ аст мебошад. Дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад.
Дар ҳамин замина пайваста Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохуриҳои худ бо аҳолии кишвар ҷиҳати тарбияи дурусти ҷавонон таъкид медоранд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд. Бинобар ин маърифати ҳуқуқӣ метавонад як омили муҳими оини худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва заминаи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд бошад.
Ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба хусус ҷиҳати таҳкимбахшидани истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи гузаронидани ислоҳот дар самти қонунгузори муяссар хоҳад гардид. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ бидуни рушди маърифати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти қонунгузорӣ ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, ҳукумати кишвар ҷиҳати расидан ба истиқлолияти комили давлатӣ дар замони соҳибистиқлоли як қатор барномаву стратегияҳо қабул намудааст, ки бо амали гардонидани онҳо гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон истиқлолияти комили худро таъмин хоҳад намуд. Яке аз стратегияҳое, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад ин “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” мебошад. Стратегияи мазкур ислоҳоти қонунгузорро пешбинишуда намудааст, ки бидуни гузаронидани он расидан ба истиқлолияти давлатӣ имконнопазир аст. Бо дарназардошти он ки ин ҳуҷҷати стратегӣ рушд ва ояндаи муносибатҳои ҷамъиятиро пешбинӣ намудааст, аз ин лиҳоз заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии кишвар низ бояд мавриди такмил ва мутобиқгардонӣ қарор дода шавад. Ҳамчунин, дар матни Стратегия зарурати такмили як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, масалан, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консессияҳо” ва чанде дигар, таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав дар низоми қонунгузории кишвар, аз ҷумла Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” ва монанди инҳо пешбинӣ шудааст. Ин ислоҳот ба фаъолияти мақомоти давлатӣ шароит фароҳам оварда, рушти самтҳои гуногуни давлатро таъмин хоҳанд намуд.
Бояд қайд намоем, ки истилоҳи “ислоҳоти қонунгузории миллӣ”, ки дар мавзўи мазкур истифода бурда шудааст, ба маънои такмил ва тағйири санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ва таҳияву қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор бурда мешавад.
Дар кори мазкур диққати асосӣ ба ислоҳоти минбаъдаи қонунгузории кишвар дар асоси ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинишуда дода шудааст. Ҳамчунин ба таҳкими ислоҳоти қонунгузории соҳаҳои идоракунии давлатӣ, самаранокии механизмҳои мубориза бар зидди коррупсия, маориф ва илм, фарҳанг, коҳишдиҳии нобаробарии иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, молия ва бонкӣ, сармоягузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.
Ҷиҳати дарки масъалаҳои мазкур шаҳрвандони моро зарур аст, ки маърифати ҳуқуқии худро боло баранд, то ин ки дар раванди ислоҳоти қонунгузорӣ ҳадафҳои муайян гардидаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дарк намоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани марифати ҳуқуқии аҳолӣ, Ҳукумати кишвар зери роҳбариии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ соли 1992 ва соли 1994 бо тариқи райпурсиии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон муайян намудани Асосҳои сохтори консититутсионии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст.
Ҳамин тариқ, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, таҳти №668 ва суханронии Сарвари давлат бахшида ба “Рӯзи дониш” 1-уми сентябри соли 2024 иброз намуда бармеоянд, имрӯз тамоми аҳолии кишвари моро зарур аст, ки ба масъалаи донишҳои ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, маърифати ҳуқуқии худро боло баранд то ин ки таҳкими комили истиқлолияти давлатиро татбиқ намоянд.
Абдулхонов Файзалӣ Маҳмудович, н.и.ҳ., Ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ-и АМИТ
Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма мегирад.
Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.
Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, садҳо достонҳо ва асарҳои манзумиву насрию илмӣ навиштаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳоро тай намуд ва то ба имрӯз солим омада расид.
Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд. Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду гастариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.
Дар яке аз суханрониҳои худ, Сарвари давлат иброз намуданд, ки: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.
Дар охири солҳои 90-уми садаи гузашта забони тоҷикӣ ба як забони тавонои давлатӣ табдил ёфт ва аллакай дар соли 2000-ум тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки барои дар амал пиёда шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаранд. Яке аз муваффақиятҳои бисёр бузурге, ки дар замони Истиқлолият ба даст овардем дар асоси сиёсати бисёр пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан пуштибонии Президенти кишвар дар коргузории расмии ҷумҳурӣ ба таври пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ буд. Умуман соли 2000-умро гардиши куллӣ дар сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон номидан мумкин аст. Аз соли 2000-ум шуруъ карда, ҷараёни гусариши муассиса ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ боз ҳам бештар қувват гирифт.
Дар даврони истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд. Махсусан, асарҳои Президенти кишвар, суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд.
Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуда буданд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад».
Пажуҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол хусусияти бунёдӣ пайдо карда, тамоми бахшҳои илми забоншиносиро фаро гирифтааст. Сабаби асосӣ аз як тараф мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буда, аз тарафи дигар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлатии худ ва аз ҳама асосӣ таваҷҷуҳи доимии сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ мебошад. Махсусан, моҳи октябри соли 2019 дар ҷашни даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷанбаҳои асосии рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлол пешниҳодҳои судманде иброз доштанд, ки аз густариши забони меъёр, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ дар асоси дастовардҳои навини забоншиносии компютерӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми рушди забони давлатӣ иборат буданд. Дар моҳи марти соли 2020 (ҷилди аввали он соли 2016 чоп шуда буд) китоби дувуми «Забони милат – ҳастии миллат» бо фарогирии таърихи забони тоҷикӣ аз асри ХIII то ибтидои асри ХХ аз чоп баромад, ки намунаи равшани таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони модарии мост.
Имрӯз, новобаста ба инкишофу рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳқиқу пажуҳиши масъалаҳои муҳимми забони тоҷикӣ душвориву мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки барои рафъи онҳо тадбирҳои мушаххаси ҷиддии сатҳи давлатӣ лозим аст.
Барои ба даст овардани таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Махсусан, пажуҳиши масъалаҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии онҳо хеле муҳим мебошад.
Махсусан, имрӯз, ки як марҳилаи муҳимми инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба мадди аввал мебарояд. Он харҷу марҷе, ки имрӯз дар истифодаи истилоҳот дар коргузории расмӣ, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, забони таҳсил ва матбуот вомехурад, ба ҳамагон маълум аст. Бинобар ин зарурати соҳа ба соҳа стандарт ва ҳамгун сохтани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва ба меъёри муайян дарвардани нормаҳои забони адабӣ ва махсусан бахши вожагони он сахт эҳсос мешавад. Барои дар амал пиёда кардани он таҳияи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ва инчунин фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ бисёр зарур аст. Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ин масъала бояд якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва илмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ баррасӣ гардида, роҳҳои татбиқи он муайян гардад. Зеро таҳия, ҳамгунсозӣ ва стандарт намудани истилоҳоти илмӣ яке аз пояҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илм аст.
Ҷангибекова С., унвонҷӯи бахши аввали Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Дар санаи 17 сентябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон баргузор гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон дар сомонаи расмии худ иттилоъ додааст, ки нишасти мазкур дар Қасри Истиқлол баргузор гашт ва Сарвари давлати Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолс сарони давлатҳои Осиёи Марказиро пешвоз гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ин дуввумин нишаст дар формати 5+1 миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар сатҳи олӣ мебошад ва дар кори он аз сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ - Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳуриии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳуриии Кирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳуриии Туркманистон муҳтарам Сардор Бердимуҳаммадов ва Президенти кишвари мизбон Қосим-Ҷомарт Тоқаев иштирок намуданд.
Нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар формати 5+1 моҳи сентябри соли2023 дар Берлин бо ширкати раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва раиси ҷумҳурии Олмон баргузор шуда буд.
Интизор меравад, ки дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои судманд миёни ин кишварҳои баррасӣ мегарданд.
Дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолтс сурат гирифтааст.
Дар оғози сӯҳбат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ ва таваҷҷуҳи афзояндаи доираҳои иқтисодии Олмон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки рушди Олмон (KfW) дар татбиқи стратегияҳои миллии Тоҷикистон хуб арзёбӣ гардиданд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми Олмон дар бунёди нерӯгоҳҳо ва таҷдиди неругоҳи барқи обии Норак бо камоли сипос ёдоварӣ намуда, изҳори итминон намудаанд, ки ин таҷрибаро метавон дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун идома дод.
Дар навбати худ Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолз иброз доштааст, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва дигар манобеъи энергетикӣ ва дар бахшҳои истихроҷи маъдан, ҳифзи муҳити зист ва амният таваҷҷӯҳи хоса дорад ва гуфтааст, ки «Мо ширкатҳои ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ мекунем».
Инчуни дар сомонаҳои расмии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон қайд карда мешавад, ки дар мулоқоти мазкур мавзӯъҳои дигари ҳамкориҳо ва марбут ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ: оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, тағирёбии иқлим, амнияти ғизоӣ, амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифтааст.
Дар анҷоми мулоқот Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолс даъват ба амал овардаанд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Аз таҳлили мулоқот бар меояд, ки талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд додани робитаҳои мутақобила, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои бисёрҷониба ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон нигаронида шудааст.
Пас аз мулоқот бо Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон иштирок ва суханронӣ намудаанд.
Сарвари давлат, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки: «Мо омодаем ҳамкориҳои зичро бо шариконамон барои ноил шудан ба ҳадафи ба роҳ мондани шарикии стратегӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Олмон идома диҳем».
Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистонро барои истеҳсоли «энергияи сабз», ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ қайд намуда, обхезӣ ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониро баён дошта, аҳамияти густариши ҳамкорӣ бо шарикон, аз ҷумла Олмонро ба маврид таъкид намудаанд.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки ҳамкориҳои мутавозини тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳо бояд яке аз авлавиятҳои аслӣ гардад ва ҳамкории судманд ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон муҳим дониста шавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангугуманитарӣ, таълиму тарбия кадрҳо барои бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ҷалб намудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни суханронии худ изҳори умедворӣ кардаанд, ки натиҷаҳои мулоқоти дуюми Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи тамоми халқҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар умум бо назардошти пасманзари вазъи мураккаби геополитикӣ дар нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба масъалаҳои таъмини амният ва субот таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир гардидааст.
Дар поёни ҳамоиш эъломияи муштараки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ба тасвиб расидааст ва коршиносон тахмин мекунанд, ки он ба самтҳои гуфтугӯи сиёсӣ, дипломатияи парламентӣ, ҳамкории ҳуқуқӣ, амният, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамкориҳои иқтисодӣ, энергетика, саноат, иқлим, муҳити зист ва идоракунии об, нақлиёт ва логистика, озуқаворӣ ва кишоварзӣ, инноватсия, технологияҳои нав ва рақамисозӣ, тандурустӣ, илм ва маориф ва робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон равона гардидааст ва барои ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон ният доранд, ки аз ҳама гуна форматҳо ва платформаҳои мавҷуда васеъ истифода баранд ва дар ин самт машваратҳои мунтазамро роҳандозӣ намоянд.
Қудратов Комрон - мудири Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих
То мадрасаву манора вайрон нашавад,
Ин кори қаландарӣ ба сомон нашавад.
То имон куфру куфр имон нашавад,
Як банда ҳақиқатан мусулмон нашавад.
Абусаид Фазлуллоҳ ибни Абулхайр соли 966 дар мавзеи Меҳанаи ноҳияи Ховарони Хуросон (наздикии Ашқободи ҳозира) таваллуд шуда, дар соли 1049 дар он ҷо даргузаштааст. Абусаид аз хурдӣ фаҳму ҳуши ҳайратовар дошт. Дар шаҳрҳои Марв, Нишопур ва Сарахс дониш омӯхтааст. Ӯ баъди омӯхтани илм ба Меҳана баргашт. Гоҳ-гоҳе ба Нишопур мерафт. Аз лаҳзаҳои зиндагии Абусаид яке он аст, ки бо Ибни Сино вохӯрда буд. Абуалӣ Сино устоди мантиқ ва ҳикмат буд ва аз тариқи таълимоти машшоъ ё фалсафае, ки қабл аз ислом ва таълимоти Арасту илҳом мегирифт ва пояаш далели ақлӣ аст, бо Абусаид баҳс орост. Вижагиҳои мулоқоти Абусаид бо Ибни Сино дар китоби «Асрор-ут-тавҳид» ин гуна тасвир шудааст: «Хоҷа Буалӣ бо шайх дар хона шуд ва се шабонарӯз бо якдигар буданд ва ба хилват сухан мегуфтанд, ки кас надонист ва низ ба наздики эшон дарнаёмад. Баъд аз се шабонарӯз Хоҷа Буалӣ бирафт. Шогирдон аз Хоҷа Буалӣ пурсиданд, ки Шайхро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ ман медонам, ӯ мебинад. Ва мутасаввифа ва муридони шайх чун ба наздики Шайх даромаданд, аз Шайх [Абусаиди Абулхайр] суол карданд, ки эй Шайх, Буалиро чун ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ мо мебинем, ӯ медонад».
Қолаби фикрии ин ду донишманд аз ҳам фарқ мекард: яке (Ибни Сино) ба ақлу мантиқу далел ва дигаре (Абусаид) ба ваҷду ҳол (қалбу эҳсос) такя менамуданд.
Миёни Абусаид ва Ибни Сино мукотибаҳо низ сурат гирифтааст, ки номанигории онҳо ба табъ расидааст. Яке аз лаҳзаҳои хотирмон ва ҷолиби ҳаёти Абусаид ин буда, ки фақеҳони Нишопур боре ба Султон Маҳмуд нома навишта, шикоят кардаанд, ки ин ҷо марде пайдо шуда, бо шеъру тарона сухан мегӯяд, на бо ояту ҳадис. Ҳалли муамморо ба зиммаи халифаи Бағдод вогузор карданд ва ӯ билохира иҷозат дод, ки Абусаид кори худро идома диҳад.
Дар бораи аҳволи Абусаид дар асри ХII наберагонаш ду китоб навиштанд: китоби аввал «Ҳолот ва суханони шайх Абусаиди Абулхайр» буда, ҳаҷман хурд аст; китоби дуюм «Асрор-ут-тавҳид фӣ мақомоти шайх Абусаид» ном дошта, бузургтар аст. Аз он чӣ ба ӯ нисбат медиҳанд, муҳаққиқи варзида Саид Нафисӣ як маҷмуае мураттаб намудааст, ки фарогири ҳафтсаду бист рубоӣ ва ҳафтоду ҳашт қитъа мебошад.
Абусаид марди хушзабон, ширинбаён, шикастанафс ва меҳрубон буд. Нақлу ривоятҳое дар заминаи зиндагиномаи Абусаид ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, ривоят мекунанд, ки шайх рӯзе бо муридонаш дар калисои насрониҳо ҳузур ёфт ва ин кори ӯ дар он рӯзгор боиси иттиҳоду улфат гардид. Дар панду роҳнамоӣ ҳам тариқи лутфу муҳаббатро пеш мегирифт, чунонки ҳикояти зайл далели ин гуфтаҳост: «Ҳам дар он вақт, ки Шайхи мо ба Нишобур буд, рӯз ба гӯристон хира мешуд, бар турбати машоих расид, ҷамъеро дид, ки дар он мавзеъ хамр мехӯрданд ва даф мезаданд. Суфиён дар изтироб омаданд ва хостанд, ки эҳтисоб кунанд [онҳоро ҷазо бидиҳанд] ва эшонро биранҷонанду бизананд. Шайх иҷозат надод».
Абусаид аз шикастанафсӣ ва хоксории вижа бархурдор буд ва такаббурро написандида, худро аз касе боло намегирифт. Ин қисса низ маъруф аст, ки ҳангоми беморӣ аз Абусаид пурсиданд, ки дар пеши тобутат аз «Қуръон» чӣ бихонанд? Гуфт: Ҳеҷ, байт кофӣ хоҳад буд:
Хубтар андар ҷаҳон аз ин чӣ бувад кор,
Дӯст бари дӯст рафту ёр бари ёр.
Он ҳама андуҳ буду ин ҳама шодӣ,
Он ҳама гуфтор буду ин ҳама кирдор.
Абусаид таассубро дар ҳеҷ шакле қабул надошт ва як умр бо ҷаҳолату бехабарӣ мубориза бурд. Ӯ дар рубоии машҳураш («То мадрасаву манора вайрон нашавад»), ки дар оғози матлаб оварда шуд, кори қаландариро дар ба ҳам омезиш додани куфру имон, ки сабаби таҳаммулпазирӣ, гуногунандешӣ ва баҳамоии инсонҳо мегардад, зарур шумурдааст.
Ба таври шоиста зиндагӣ кардан, аз худ номи наку гузоштан ва баъди даргузашт боиси ангушт газидани мардум гардиданро Абусаид муҳтаво ва мазмуни зиндагии инсонӣ донистааст:
Ин умр ба абри навбаҳорон монад,
Ин дида ба сели кӯҳсорон монад.
Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан,
Ангушт газидане ба ёрон монад.
Мусаллам аст, ки рубоӣ аз навъҳои хеле маъмули назми форсии дарии тоҷикӣ дар асрҳои даҳум ва ёздаҳум ба шумор рафта, тамоми шоирони давраҳои гуногун аз он барои расонидани ҳадаф ва матлабу мазмунҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ, маърифатӣ ва фалсафӣ васеъ истифода бурдаанд. Дар баробари ин ки ҳамаи шоирони бузург рубоӣ ва дубайтӣ эҷод кардаанд, барои як иддаи донишмандони суханвар рубоӣ василаи изҳори завқу маром будааст.
Рубоиёти Абусаиди Абулхайрро, аз рӯйи мазмун ва муҳтаво метавон ба рубоиёти иҷтимоӣ, ишқӣ ва дунявӣ тақсим кард. Албатта, вақте ки масоили иҷтимоӣ дар шеър инъикос меёбад, мазмунҳои ишқӣ ва дунявию маданӣ ба дунболи он мавқеъ ва ҷойгоҳ касб менамоянд. Муҳим аз ҳама ин аст, Абусаиди Абулхайр ҳаргиз аз масири зиндагии индунёӣ канор нарафт ва то охири умр барои бозгӯ кардани мушкилот ва масъалаҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ ҳиммат гумошт. Аз тарафи дигар, ӯ инсони заминӣ буд ва бо мушкилоту печидагиҳои зиндагӣ ҳамарӯза дасту панҷа нарм мекард. Табиист, ки зиндагӣ ва умри инсониро муқаддас ва гиромӣ медонист ва ба манзараҳои рӯзгор воқеъбинона менигарист. Дар ҳоле ки суфиён ва орифон ба зиндагии инҷаҳонӣ чандон аҳамият қоил набуданд ва гӯшанишиниро ба унвони меъёри зиндагии суфиёна пазируфта, ин тарзи зиндагиро шараф медонистанд, Абусаид лаҳазоти умр ва зиндагиро қадр мекард ва инсонвор зистанро асоси умрфарсоӣ медонист.
Чун ҳадафи мо баррасии дидгоҳи дунявии Абусаиди Абулхайр аст, ба силсилаи рубоиёте, ки мазмунҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ доранд, таваҷҷуҳ мекунем.
Абусаиди Абулхайр дар рубоиёти худ ҳамчун як озодандеш, зиндагипараст ва дунёмадор ҷилва мекунад. Гоҳ аз фалак гилаву озор мекунад, гаҳ ишқу муҳаббати безавол ва маъшуқро меситояд, гоҳ воқеияти зиндагиро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, гаҳ дуди фарёдаш ба осмон мепечад, гоҳ ҷуръату ҷасорат ба зиндагиаш маъно мебахшад.
Абусаид дар ҳар ҳолат ва вазъи зиндагӣ аз ҳасту буди хеш дарак медиҳад ва дар муқобили руҳафтодагӣ ва яъсу ноумедӣ бурдборона меистад. Муҳимтар аз ҳама, афкори Абусаид бо озодандешӣ ва инсонсолорӣ ҳамроҳ аст ва шоир тавассути рубоиёт эътирозоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва мадании худро изҳор медорад. Ӯ аз ҷумлаи шоирони аввалине буд, ки дар шароити зулму истибдоди гӯшношуниди динӣ тавассути шеъру тарона, махсусан, рубоӣ ба масири озодандешӣ роҳ ёфт ва аз ин тариқ бо ҷаҳлу таассуб ва хурофот мубориза кард.
Абусаид мисли Хайём [мисраъҳои Хайём «Сад каъбаи обу гил ба як дил нарасад, Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб» дар назар аст] шод кардани хотиреро асли зиндагӣ ва муваффақият дониста мегӯяд:
Хоҳӣ чу Халил каъба бунёд кунӣ
В-онро ба намозу тоат обод кунӣ;
Рӯзе ду ҳазор банда озод кунӣ,
Беҳ з-он набувад, ки хотире шод кунӣ.
Ишқу муҳаббати поки инсонӣ марзҳои куфру имонро мешиканад ва ҷуръату ҷасоратро ба инсон эҳдо мекунад. Зимнан, ишқ ва муҳаббат поя ва асли низоми дунявӣ ва шеваи дунёмадорист. Абусаид ҳам аз ин мавқеъ ба ишқ назар меафканад ва бидуни маъшуқ оби ҳаётро ҳам ҳеҷ мешуморад:
Бе чашми ту ёди наргиси тар накунам,
Бе лаъли ту орзуи кавсар накунам.
Гар Хизр ба ман бе ту диҳад оби ҳаёт,
Кофар бошам, ки бе ту лаб тар накунам.
Абусаид дил ва ишқро, ки аслу асоси такопӯ ва талошу ҷустуҷӯҳои инсонист, яксон ва ҳамрадиф дониста, мегӯяд:
Гар бо ғами ишқ созгор ояд дил,
Бар маркаби орзу савор ояд дил.
Гар дил набувад, куҷо ватан созад ишқ
В-ар ишқ набошад, ба чӣ кор ояд дил.
Шоир огоҳона зистан ва ҳадафмандона гузаронидани умрро чунин месарояд:
Огоҳ бизӣ, эй дилу огоҳ бимир,
Чун толиби манзилӣ, ту дар роҳ бимир.
Ишқ аст ба сони зиндагонӣ, варна
З-ин сон ки туӣ, хоҳ бизӣ, хоҳ бимир.
Гоҳо Абусаид хайёмвор ба олам менигарад ва «маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд»-и Ҳакими Нишопурро такрор мекунад:
Ҳам дар раҳи маърифат басе тохтаам,
Ҳам дар сафи олимон сар андохтаам.
Чун парда зи пеши хеш бардоштаам,
Бишнохтаам, ки ҳеҷ нашнохтаам.
Ӯ мавзуи маъмулии баробар будани илм бо амалро гӯшзад карда, ғуруру такаббурро мавриди интиқод қарор медиҳад:
Бо илм агар амал баробар гардад,
Коми ду ҷаҳон туро муяссар гардад.
Мағрур машав ба худ, ки хондӣ варақе,
З-он рӯз ҳазар кун, ки варақ баргардад.
Абусаид ба дараҷае шефтаи ишқ ва муҳаббати инсонӣ аст, ки барои ӯ дину мазҳаб фарқе намекунанд ва ҳар дину мазҳабе, ки пеши роҳи ишқ ва меҳрро мегирад, канораш мезанад. Ин аст, ки ба тарсову муслим ва муъмину насоро ҳушдор медиҳад:
Ноқуснавоз агар зи ман дорад ор,
Саҷҷоданишин агар зи ман кард канор,
Ман низ бар рағми ҳар ду андохтаам,
Тасбеҳ дар оташ, оташ андар зуннор.
Абусаид кеши ишқро аз соири дину мазҳабҳо ҷудо медонад ва иддао мекунад, ки паёмбари ишқ на аҷамӣ ва на араб аст. Чун ишқ вориди зиндагии инсонҳо мегардад, ба сони оташи сӯзанда имону кешу мазҳабро месӯзад ва ҳамаро зеру забар мекунад:
Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст,
Дар пайкари куфру дин чу сӯзанда таб аст.
Имон дигару кеши муҳаббат дигар аст,
Пайғамбари ишқ на аҷам, не араб аст.
Рубоиёти Абусаид бо эҷодиёти мардумӣ хеле наздикӣ доранд ва дар ниҳояти самимият суруда шудаанд. Абусаид мавзуи дӯст ва дӯстдориро, ки меҳвари мавзуоти фолклорӣ ва умуман, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикӣ-форсист, пайгирӣ карда, рубоие сурудааст, ки то имрӯз вирди забони мардумист:
Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,
Ҷаври ту аз он кашам, ки рӯйи ту накуст.
Мардум гӯянд, биҳишт хоҳӣ ё дӯст?
Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накуст.
Абусаид ба сифати як инсони заминӣ, хоксору ботавозуъ ва вораста аз қайду бандҳо, аз ҷаҳлу нодонӣ раҳо шудан, аз ғафлату ниёзмандӣ ва ҳавою ҳаваспарастӣ дур будани инсонҳоро тақозо мекунад:
Эй дил, зи шароби ҷаҳл мастӣ то кай?
В-эй нестшаванда, лофи ҳастӣ то кай?
Гар ғарқаи баҳри ғафлату оз наӣ,
Тардоманию ҳаваспарастӣ то кай?
Бояд таъкид кард, ки Абусаид тарона ва рубоиро василаи таваҷҷуҳ ва тарғиботи фикрӣ қарор дода, дар ин самт муваффақ шудааст. Пас аз даргузашти Абусаид, шоирони баъдӣ истифодаи ашъорро ҳамчун абзори тарғиботу ташвиқоти иҷтимоию маънавӣ зарур донистанд. Саноӣ, Аттор ва Мавлоно чунин шеваи шеърсароиро дар ҳамоҳангӣ бо озодандешӣ ва мардумсолорӣ расмият бахшиданд.
Зиндагии шахсию иҷтимоии Абусаид, ки моломоли меҳру муҳаббат ва самимияту меҳрубонӣ буд, далели он аст, ки ӯ рубоиро ба унвони василаи муассири тағйир додани зеҳни насли замон, ки аксаран дар қайду банди хушкандешии мазҳабӣ гирифтор буд, корбаст кардааст. Мавзуъ ва мазмунҳое, ки Абусаид дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст, ҳамагӣ аз зиндагӣ реша мегиранд ва арзиши умумиинсонию башарӣ доранд.
Нурзода Нозим - корманди АМИТ
Имрӯзҳо донистани забонҳои хориҷӣаҳамияти хеле зиёд дорад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аниқтараш донистани забонҳои хориҷиву бо он гуфтугу кардан, дар замони мо, ки тараққиёти босуръати техникаву технология, маводҳову илми маводшиносӣ ва умуман пешравиҳои бузург дар илм ва техника дида мешавад, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Барои бархурдор будан аз дастовардҳои нави олимони мамлакатҳои тараққикарда ва барои ҷавобгӯ будани тадқиқотҳои мо ба талаботи замон, мо бояд аз дастовардҳои нав, техникаву технология нав хабардор бошем. Тадқиқотҳои хориҷиёнро омӯхта дастовардҳои илмии дигар мамлакатҳоро барои пешрафти корҳои худ истифода барем. Олиме, ки якчанд забонро медонад, метавонад озодона бо олимони давлатҳои Аврупо, Амрико ва Хитою Ҷопон, ки дар даҳсолаи охир ба дастовардҳои зиёди илмиву техникӣ ноил шудаанд, ҳамкорӣ кунад ва дар натиҷаи табодули дониш ба дастовардҳои нав ноил шавад. Ва албатта, ин ба мо олимони тоҷик имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои худро бо давлатҳои тараққикарда боз ҳам пурзӯр карда ба илми ҷаҳонӣ боз ҳам наздиктар шавем, барои он, ки илм имрӯз глобали яъне байналмиллалӣ шудааст. Кашфиётҳои бузурге, ки имрӯз мебинем аз тарафи олимоне шуда истодааст, ки намояндаи чанд давлати дунё буда дар якҷоягӣ барои кашфиёти худ кор ва таҳқиқот бурда истодаанд.
Дар шакли кӯтоҳ афзалиятҳои асосии донистани забонҳои хориҷӣ инҳоянд:
· Бо олимони дигар кишварҳо муошират карда дар конфронсу лоиҳаҳои байналмилалӣ ширкат кардан.
· Нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои номдорӣ хориҷӣ ва мутолиаи корҳои олимони хориҷӣ дар забони аслӣ, бе тарҷума.
· Таҳсил ва кор дар донишгоҳу марказҳои илмии давлатҳои пешрафта, такмили ихтисос ва иштирок дар грант ва лоиҳаҳои байналмиллалӣ.
· Пайдо кардани шарикон ва сармоягузорон ба лоиҳаҳои худ.
Солҳои охир дар Тоҷикистон диққати махсуси давлат ва ҳукумат барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дода шуда истодааст. Имрӯз аз мактабу кӯдакистонҳо сар карда то мутахассисону директорони институту корхонаҳои саноатӣ забонҳои хориҷӣ омӯхта истодаанд. Дар Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионӣ низ мубрамияти ин масъаларо дониста барои кормандон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони англисӣ ташкил карда шуд, ки барои беҳтар кардани сатҳи дониши кормандон нақши муайяне дорад.
Маҳмудзода Мӯъминҷон – ходими калони илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии АМИТ.
Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) ва рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст.
Шеъри Рӯдакӣ, тибқи суханони ӯ, дар ҷаҳон рафта буд ва онро чун ҳазордастон мепазируфтанд. Шоир пешкори мирон ва ба шеъраш родмардон унс гирифта буданд. Қуллаи олии шеър ва мақоми шоириашро Рӯдакӣ дар ин мебинад, ки дар ҳама ҷаҳон онро менавиштанд. Замоне расид, ки ӯ шоири Хуросон, яъне саросари кишвари Сомониён буд. Ин мақоми волои иҷтимоӣ барои шоир аст, ки дар саросари мамлакат ӯро бидонанд ва шеърашро сурудгӯён бисароянд ва бинависанд.
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинавишт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Ба ҳамин минвол шоирони ҳамасри Рӯдакӣ ва баъд аз ӯ ҳунари волои шеъофаринӣ, хую хислату ҳунару сифоти ӯро меситоянд.
Аз Дақиқӣ – шоири маъруфи асри Х мелодӣ дар ситоиши Рӯдакӣ ва сухани ӯ ду қитъа шеър боқӣ мондааст, ки шоирро “имоми фунуни суханвар” ва “тирачашми рушанбин” хондааст:
Киро Рӯдакӣ гуфта бошад мадеҳ,
Имоми фунуни суханвар бувад.
Дақиқӣ мадеҳ оварад назди ӯй,
Чу хурмо ба сӯи Ҳаҷивар бувад.
Дигар:
Устод Шаҳид зинда боистӣ
В-он шоири тирачашми равшанбин.
То шоҳи маро мадеҳ гуфгандӣ,
Б-алфози хушу маонии рангин.
Аз ҳамасрони Рӯдакӣ дигар каси бузурге, ки дар сухани ӯ мушоҳидаи сабки Рӯдакиро мебинем, Абулқосими Фирдавсист. Фирдавсӣ, ҳангоми гузориши сайри китоби «Калила ва Димна» аз кори Рӯдакӣ дар танзими ин китоби бузург чунин ёд мекунад:
Гузорандаро пеш биншонданд,
Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.
Бипайваст гӯё парокандаро,
Бисуфт инчунин дурри огандаро.
Бар он, к-ӯ сухан донад, осоиш аст,
Чу нодон бувад, ҷои бахшоиш аст.
Ҳадиси пароканда бипроганад,
Чу пайваста шуд, ҷону мағз оганад.
Қадимтарин назар дар бораи бузургии Рӯдакӣ фармудаи Самъонӣ ва иқтибоси Абӯсаид Идрисии ҳофиз аз гуфтори ӯст, ки ба наҳве Рӯдакиро нахустин каси ба форсӣ шеъри некӯ гуфта ва муқаддами шуаро хондааст.
Кисоии Марвазӣ (тав. 342/953-54 - ваф. баъди 391/1000-1001) агар шахсияти худро боиси ифтихори аҳолии Марв дониста бошад, Рӯдакӣ-устоди Самарқандро мояи ифтихори тамоми ҷаҳониён хондааст:
Зебо бувад ар Марв, бинозад ба Кисоӣ,
Чунонки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.
Рашидии Самарқандӣ Рӯдакиро сару сарвари шоирон ва чакомасарои номовару некубаён хонда ва гуфтааст:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам: сездаҳ раҳ сад ҳазор, Ҳам фузун ояд агар, чунон ки бояд бишмарӣ.
Шуҳрату шеъри Рӯдакӣ ба андозае буд, ки донишмандону суханварони аср мизони сухани мавзунро “Рӯдакивор” сурудан медонистанд, ки Унсурӣ гуфта:
Ғазал Рӯдакивор неку бувад,
Ғазалҳои ман Рӯдакивор нест.
Адабиётшиноси муътабар Х.Шарифзода мегӯяд, ки “ин сухани Унсурӣ ба назари мо такаллуф нест, балки эҳсоси сабке дигар, ҳоли бардошти гӯянда мебошад. Аз ин ҷо пайдост, ки Унсурӣ эҳсоси дурӣ ва инзиво аз сабки Рӯдакӣ ва оғози сабки тозаро дорад, ки ҳанӯз дарк ва шинохти ошкоро надорад”.
Сухан, чунон ки хоҳем дид, аз боби меъёрҳои умумии маърифатӣ ва ҳунарист ва Фаррухӣ ин маъниро пай бурда ва тасдиқ кардааст:
Аз диловезию таррӣ чун ғазалҳои Шаҳид
В-аз ғаманҷомию хубӣ чун таронай Буталиб.
ё ки:
Шоиронат чу Рӯдакию Шаҳид,
Мутрибонат чу Саркашу Саркаб.
Рӯдакию Шаҳидро «ҳакимони Хуросон» хондани Манучеҳрӣ як таркиби тасодуфии барои эътибори сухан гуфтан нест, балки дар як қитъаи 18-байтӣ шеъри даврони худро дар қиёс бо шеърӣ гузаштагон нақд ҳам кардааст:
Аз ҳакимони Хуросон ку Шаҳиду Рӯдакӣ,
Бушакурӣ Балхию Булфатҳи Бустӣ ҳаказо.
Рӯзгоре к-он ҳакимону сухангӯён буданд,
Буд ҳар якро ба шеъри нағз гуфтан иштиҳо.
Андар ин айёми мо бозори ҳазл асту фусӯс,
Кор Бубакри рубобӣ дораду танзи Ҷуҳо.
Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ (1086-1991) номи Рӯдакӣ “дар саҳифаи рӯзгор мастур буд”. Дар бораи табъи латиф ва зеҳну хираду заковати Рӯдакӣ Муҳаммад Авфӣ (1172-1176) мегуяд: «Рудакӣ аз наводири фалакӣ будааст ва дар зумраи аном аз аҷоиби айём. Акмаҳ (кӯр) буд,... басар надошт, аммо басират дошт, макфуфе (нобино) буд, асрори латоиф бар вай макшуф, маҳҷубе буд аз ғояти лутфи табъ маҳбуб... Закӣ ва тезфаҳм буд..., маонии дақиқ мегуфт... ва ӯро Офардигори таъоло овозе хуш ва савте дилкаш дода буд».
Давлатшоҳи Самарқандӣ чанде аз сифатҳои нодираи рӯзгор - Рӯдакиро ёд мекунад. Аз ҷумла, мегӯяд: «Филҷумла, табъе карим ва зеҳне мустақим дошта ва аз ҷумлаи устодони фанни шеър аст» (Ҳамон ҷо, саҳ. 37), ки Наср ибни Аҳмади Сомонӣ бо таъсири шеъри Рӯдакӣ «аз тахт фуруд омад ва бе мӯза пой дар рикоби хинги навбатӣ оварду руй ба Бухоро ниҳод». Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи ин воқеаи шигифтовар мегӯяд: “Уқалоро ин ҳикоя ба хотир аҷиб менамояд, ки ин назмест сода ва аз саноеъу бадоеъ ва матонат орӣ. Чи агар дар ин рӯзгор суханваре ин навъ сухан дар маҷлиси салотину умаро арз кунад, муставҷиби инкори ҳамгинон шавад». Поёнтар муаллиф камолоти ӯро чунин тавзеҳ медиҳад: «Балки ӯро дар фунуни илму фазоил вуқуф аст ва аз ақсоми шеър қасоиду маснавиро некӯ мегӯяд ва устод Рӯдакӣ азимушшаън ва мақбули хоссу ом буда» (саҳ. 38).
Шариф Муҷаллади Гургонӣ гӯяд:
Аз он чандон наими инҷаҳонӣ,
Ки монд аз оли Сосон в-оли Сомон,
Санои Рӯдакӣ мондасту мидҳат,
Навои Борбад мондасту дастон».
Донишмандони араб низ дар бораи ҳунар ва тариқи сухани Рӯдакӣ изҳори назар кардаанд. Дар шарҳи китоби Абӯнасри Утбӣ аз «Китоби Яминӣ» Аҳмад ибни Алӣ ибни Умар ал-Манонӣ – нависандаи «Китоб улфатҳ алваҳабӣ» мегӯяд, ки Рӯдакӣ шоири муфлиқ, пешвои шоирони форсӣ ва дорои қавли матин аст. Дар шарҳи ҳамин мазмун Наҷотии Нишопурӣ дар китоби «Шарҳи Яминӣ» Рӯдакиро «Шоири муфлиқ (он ки шеър наку гӯяд) ва мутриби фоиқ (баргузида) хондааст (Нафисӣ 1382, 509-510).
Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, аз ҷумла, Муҳаммад Авфии Бухороӣ Рӯдакӣ аз айёми кӯдакӣ навохтани барбатро омӯхта ва дар ҳунари суруд шуҳрат ёфта буд. Лекин дар қасидаи ба мадҳи Унсурӣ бахшидааш Манучеҳрӣ шоирро “Рӯдакии чангзан” хондааст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки чангзанӣ яке аз ҳунарҳои ин марди бодонишу пурҳунар будааст. Байти мазкури Манучеҳрӣ ин аст:
Дар Хуросон Бӯшуайбу Бӯзар он Турки Кашӣ
В-он Сабури Порсию Рӯдакии чангзан.
Аз ҷумлаи тағаззулоти устод Рӯдакӣ яке пора дар панҷ байт боқӣ мондааст, ки сареҳан чанг гирифтану навохтани ӯро зикр менамояд, яъне устод аз ин ҳунари худ лутфан ёд мекунад:
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.
Инчунин «Овози хушу савти дилкаш» ба сифатҳои шоирии Рӯдакӣ зам шудаанд.
Дар ин замон касоне буданд, ки таъна бар шеъри Рӯдакӣ мезаданд ва Муҳаммад Авфӣ яке аз онҳоро бидуни зикри ном бо эроде, ки бар шеъри Рӯдакӣ дошт ва посухи худ дар «Лубобулалбоб» зикр кардааст:
«Ва яке аз ҷуҳҳол дар назми ӯ таъне кард ва аройиси нафоис ва тавоифи латоифи ӯ тазйифе намуд. Низомии Арӯзӣ ин байтро дар ҳаққи ӯ иншо кард. Шеър:
Эй он ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ,
Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кӯдакист.
К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.
(Авфӣ 1361, 494)
Шаҳиди Балхӣ сухани Рӯдакиро бо Қуръон баробар карда, онро «тилви нуби» гуфта буд. Шиблии Нуъмонӣ ба ҳар навъе аз анвои шеъри Рӯдакӣ назари хосе изҳор намуда, ӯро «дар тарсим ва кашидани сурати як матлаб ё як ҳолат ва вазъ ва таҷассум додани ин, ки аз аносири муҳимми шеър ва шоирӣ аст, дорои маҳорате басазо медонад» (Шиблии Нӯъмонӣ 1380, 30).
Абулфазли Байҳақӣ дар “Таърихи Байҳақӣ” борҳо аз шоири номвар ёд кардааст: “Ва устод Рӯдакӣ гуфтааст ва замонаро нек шинохтааст ва мардумонро бад-ӯ шиносо карда”.
Ба ҳамин тартиб, масъалаҳои таърихи шинохту таҳқиқи Рӯдакӣ дар китобҳои Саъид Нафисӣ (1382), Бадеъуззамон Фурӯзонфар (1380, 18-25), Бертелс Е. Э. (1988, 261-300), Мирзоев А. (1958), Брагинский И.С. (1964, 384-441), С. Айнӣ, Афсаҳзод А. (2003), А.Сатторзода, Х.Шарифзода, Асрори Раҳмонфар (1999, 3-39), дар муқаддимаҳои чопи ашъори шоир, дар мақолаҳои донишнома (энсиклопедия)-ҳо ва мақолаҳои таҳқиқӣ хеле батафсил баррасӣ шудаанд, ки феҳристи тамоми пажуҳишҳои мазкур дар китоби сеҷилдаи “Донишнома”-и Рӯдакӣ бо кӯшиши ходимони илмии Институт гирдоварӣ ва интишор ёфтааст.
Садриддин Айнӣ сухани Рӯдакиро монанди шоирони халқӣ пайвастаи шеъру оҳангу сози мусиқӣ медонад, ки ҳамагӣ ба тарзи бадеҳа будааст. Фазилати шеъри Рӯдакӣ дурӣ аз сохтагӣ ва сохтакориҳо, муболиғаҳои ғайритабиӣ, аз киноя ва истиораҳои каснофаҳм мебошад (Айнӣ 1963, 138-140). Назари куллии Айнӣ ин аст, ки агар шеъри Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, ба ҳақиқат мувофиқ меояд. Ба назари Айнӣ, «саҳли мумтанеъ» чизест, ки дар дидан осон ва сода менамояд, аммо кардан ва ба вуҷуд овардани вай мумтанеъ, яъне номумкин аст. Бештарини шеърҳои Рӯдакӣ ҳамин хусусиятро доранд» (Айнӣ 1963, 148).
Ризозода Шафақ устодии Рӯдакиро дар суханпардозӣ ва таносуби алфоз ва маонии бисёр дақиқ ба кор бурдан ва адабиёти ҳакимона ба ёдгор гузоридан медонад (Шафақ 1369, 50).
Сухани Бадеъуззамон Фурӯзонфар дар мавриди сабки сухани Рӯдакӣ дақиқтар ва бо вусъати диди ҳунарӣ ва маънои ашъор изҳор шудааст: «Ашъори Рӯдакӣ, ҳарчанд девонаш мавҷуд нест, ба балоғати услуб ва табиӣ будани маънӣ мумтоз аст. Сабки ӯ дилкаш ва мутаносибу латиф ва дар ҳамин ҳол ҷазолати махсусе дорад, ки барои камтар кас аз шуаро муяссар шудааст” (Фурӯзонфар 1380, 18).
Холиқ Мирзозода шеъри Рӯдакиро дорои ду услуб медонад: яке «автологӣ – аз забони худ, бе образи сухан ва санъатҳои шеърӣ фикр баён намудан» ва дуюм услуби метологӣ-маҷозӣ сухан гуфтан (Мирзозода 1987, 281). Дар охир назари худро роҷеъ ба услуби Рӯдакӣ чунин хулоса мекунад: «Рӯдакӣ бештар дар ду тарзи услуби баён асар эҷод кардааст: услуби бадеӣ ва услуби илмӣ. Услуби бадеиро бештар дар шеърҳои лирикӣ ва достонҳояш ба кор бурдааст» (Мирзозода 1987, 283).
Брагинский И. С. аз ҷумлаи муҳаққиқонест, ки сабки шеъри Рӯдакиро бо роҳи шарҳи ашъори шоир баррасӣ менамояд. Бо изҳори таассуф аз ин ки муҳаққиқони шеъри Рӯдакӣ бештар ба маҳорати бадеии (ҳунарии) шоир дар муқаддамоти зоҳирии поэтикаи шеъри ӯ таваҷҷуҳ кардаанд, ки кори каме нест ва ба суоли чаро Рӯдакӣ дар асрҳои миёна ҳамчун шоири бузург шинохта шудааст, посух медиҳад. Аммо ин нукта ба суоли дигаре ҷавоб намегӯяд, ки чаро шеъри Рӯдакӣ қалби мардумро дар қарни бистум ҳам ба xeш меорад (Рӯдакӣ 1964, 386-387).
Барои ҳалли ин мавзуъ, ба ақидаи ин муҳаққиқ, маҳорати бадеии (ҳунарии) Рӯдакиро аз мавқеъҳои илми зебоишиносии муосир, бо назардошти оҳанги (нафиси) фосилаи замонии таърихӣ бояд баҳо дод. Барои расидан ба ҷодаи матлуб ба мо суханони шоироне, ки шеъри Рӯдакиро дарёфтаанд, кӯмак карда метавонанд.
Адабиётшиноси маъруф Худоӣ Шарифзода бар ин бовар аст, ки “шеъри комили Рӯдакӣ ҳосили қудратҳои завқӣ, фаросат ва зеҳнии шахсияти ӯ дар вобастагӣ ба замону макони ҷунбонандаи қувваҳои офаринандагиаш мебошад”.
Чунон ки дидем, Рӯдакиро бартари шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, устоди шоирон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, наводири фалакӣ, нодираи рӯзгор, ҳакими Хуросон, шоири муфлиқ, мутриби фоиқ хондаанд. Ҳамаи инҳо сифатҳои олитарини шеъру шоирӣ мебошанд, ки бо асос бар онҳо Рӯдакиро метавон шоири бузурги ҳама давру замон хонд. Шахсияти мумтози Рӯдакиро Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода чунин тарсим кардааст:
Аз сухан пайкаре гар ороянд,
Андар он шеъри Рӯдакӣ ҷон аст.
Аз ҳазорон яке аз ӯ монда,
Ҳар яке беш аз ҳазорон аст.
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ Шарифзода Фарангис
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,
Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин шоири машҳури тоҷик ва сардафтари адабиёти тоҷику форс аст. Ӯ дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакенти наздики Самарқанд ба дунё омадааст. Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён хидмат кард ва ба авҷи шуҳрат расид. Сабки шеъри Рӯдакӣ сабки маъруфи хуросонӣ буда, забони шеъраш содаву равон ва ширину рангин аст. Сурудаҳои вай ғолибан лирикӣ ва таълимӣ буда, мавзуъҳои ҳамосӣ низ дар осораш ба хубӣ инъикос ёфтааст. Рӯдакӣ аввалин шоири соҳибдевон дар таърихи адабиёти тоҷику форс буда, осори вай як миллиону сесад ҳазор байт гуфта шудааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз ҳазор байт аз Рӯдакӣ ба ёдгор монда, ки маҷмуае аз қасида, маснавӣ, қитъа ва рубоиро дар бар мегирад. Мавзуи ашъори Рӯдакиро ситоиши ватану ватандӯстӣ, илму донишандӯзӣ, хираду хирадварзӣ, тараннуми арзишҳои миллию фарҳангӣ, гиромидошти мақому манзалати инсон, башарпарастӣ, ғанимат шумурдани умр ва тарғиби шодию шодзистӣ дар бар мегирад.
«Калила ва Димна» аз осори дигари машҳури Рӯдакӣ аст, ки Муҳаммад Балъамӣ онро аз арабӣ ба тоҷикӣ-форсӣ баргардонид ва Рӯдакӣ онро ба риштаи назм даровард. Тамоми ашъори боқимондаи Рӯдакӣ зебову равон ва саршор аз ҳикмату андеша буда, муҳаққиқон дар интихоби намунаи беҳтарини ашъори ӯ ба мушкил гирифтор мешаванд:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Андеша ва ашъори Рӯдакӣ бисёр нобу равон ва орӣ аз ҳар гуна сохтакорӣ мебошад. Ӯ на танҳо асосгузори шеъри тоҷикӣ, балки мубаллиғи бузурги миллӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ ва арзишҳои дунявӣ дар адабиёти классикӣ ба шумор меравад.
Рӯдакӣ шоири ватанпараст ва ситоишгари фарҳанг ва арзишҳои волои миллӣ дар замони Сомониён буд ва аз ин ки дар дарбори давлати миллӣ хидмат менамуд, ифтихори фаровон дошт:
Шуд он замона, ки ӯ унси родмардон буд,
Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд.
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ?
Маро бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд!
Яке аз хусусиятҳое, ки шахсият ва шеъри Рӯдакиро шукӯҳу зинат бахшида, барҷаста месозад, озодфикрӣ, ситоиши давлати миллии Сомониён, эҳёи суннатҳои ниёгон, пойбанд набудан ба андешаҳои динӣ ва вуҷуди руҳияи баланди миллию дунявӣ дар шеъри ӯ мебошад. Рӯдакиро метавон аз саромадони ҷараёни озодихоҳии мардуми Хуросону Варорӯдон аз султаи афкори арабӣ донист. Ин ҷараёни фикрӣ як ҳаракати фарҳангии алайҳи бартариталабии арабҳо буд, ки барои дифоъ аз забон, фарҳанг ва одобу русуми тоҷикон дар даврони хилофати арабҳо зуҳур кард. Таваҷҷуҳи бештари Рӯдакӣ бар андешаҳои баробарии нажодӣ, ифтихор ба пешинаи ғании таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, паҳлавонони ҳамосӣ, миллӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои пешазисломӣ аст, ки арабҳо табиатан аз он орӣ буданд.
Рӯдакӣ озодагиро ҷузъи ҳувияти мардуми ориёӣ дониста, хислати вижаи озодагон меномад. Ӯ таъкид мекунад, ки ин мардум ҳаргиз ғулом будан ва нанги бардагии арабро намепазиранд.
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,
Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.
Ҳар он, ки Эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.
Хирад ва май ду истилоҳе ҳастанд, ки дар ашъори Рӯдакӣ борҳо истифода шуда, нишонаи фарқкунандаи мардуми озодаи ориёӣ аз арабҳои бодиянишин ҳастанд:
Май озода падид орад аз бадасл,
Фаровон ҳунар аст андар ин набид.
Яке аз равишҳои мубориза ба истилои арабҳо дар он замон эҳёи суннатҳои гузашта ва ифтихор ба собиқаи таърихӣ, динӣ ва фарҳангии ориёиҳо буд. Аз ин рӯ, Рӯдакӣ аз оини Зардушт ва некиҳои сегонаи он то хусравони Сосонӣ ифтихор мекард.
Ба ҳамин ҷиҳат, шоирони ин давра хайру некиро дар «Авасто»-ву «Занд»-у «Позанд» ҷуста, бартарии тамаддуни хешро ба арабҳо гӯшзад менамуданд:
Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,
Ҳамчу Абистост фазлу сирати ӯ Занд!
Бо мурури замон, пас аз суқути сулолаи Уммавиён дар дарбори Аббосиён ҷашнҳои ориёӣ, монанди Наврӯз ва Меҳргон бо шукӯҳи бештаре таҷлил мегардиданд:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Бод бар ту мубораку хинишон,
Ҷашни Наврӯзу гӯсфандкушон.
Мавзуи дигаре, ки дар ашъори Рӯдакӣ ба чашм мерасад, ифтихор аз паҳлавонон ва қаҳрамонони миллӣ аст. Ҳамоса яке аз мустаҳкамтарин омилҳои миллатсоз байни қавму миллатҳо ба шумор меравад. Бинобар ин, адибон ва донишмандони тоҷик дар ин марҳалаи таърихӣ ба ҳамосаҳои миллӣ рӯ оварда, бо тарғиби шахсиятҳои достонӣ, миллӣ ва ҳамосии худ зидди бартариталабии арабҳо баромаданд. Рӯдакӣ ба паҳлавононе ҳамчу Рустам, Сом ва Исфандиёр ишора карда, зимни ёдоварии қаҳрамонони миллӣ гоҳ онҳоро ба ҳам муқоиса намуда, қаҳрамони мавриди назари худро бартарӣ медиҳад:
Вараш бидидӣ Сифандиёр гаҳи разм,
Пеши синонаш ҷаҳон давидию ларзон.
Сом саворист, ки то ситора битобад,
Асп набинад чун ӯ савор ба майдон.
Ё худ:
Рустамро ном гарчи сахт бузург аст,
Зинда ба вай аст номи Рустами Дастон.
Яке аз хислатҳое, ки арабҳо хеле худро ба он мумтоз медонистанд, саховату бахшандагӣ буд. Бинобар ин, Рӯдакӣ шуҷоат ва ҷанговарии қаҳрамонашро дар вуҷуди амсоли Сому Рустам ҷустуҷӯ мекунад ва родию бахшандагии онҳоро бар Ҳотами Тойӣ масал мезанад:
Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,
Рустами Дастон туӣ андар набард.
Рӯдакӣ на танҳо падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ, балки бунёдгузори андешаи миллӣ дар адабиёти классикӣ маҳсуб мешавад. Ҳатто Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, эҳтимолан, назми «Шоҳнома»-и безаволашро аз Рӯдакӣ илҳом гирифтааст. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз Рӯдакӣ ба хубӣ ёд карда, ӯро «дурри оганда» ё пуртароват мехонад:
Калила ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,
Бар ин сон, ки акнун ҳаме бишнавӣ.
Ба тозӣ ҳамебуд то гоҳи Наср,
Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳ Наср.
Бифармуд то порсию дарӣ,
Набиштанду кӯтоҳ шуд доварӣ.
Гузорандаро пеш биншонданд,
Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.
Бипайваст гӯё парокандаро,
Бисуфт инчунин дурри огандаро.
Ба ибораи дигар, Рӯдакӣ поягузори шеъри ҳамосӣ ва ватансарои асил дар миёни шоирони асри хеш буд. Бешак, маъруфтарин сурудаи Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷику форс қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» аст, ки дар бозгардондани амир Насри Сомонӣ ба Бухоро нақши асосӣ бозидааст. Ҳисси ватанпарастӣ дар ин шеър он қадар барҷаста аст, ки аксари шоирони баъдӣ дар тақлид аз он шеър суруда, аз Рӯдакӣ пайравӣ кардаанд. Аз ҷумла, Ҷалолиддини Балхӣ дар пайравӣ аз он навиштааст:
Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Аз нисори гавҳари ёрам маро,
Оби дарё то миён ояд ҳаме.
Бо хаёли гулситонаш хорзор,
Нармтар аз парниён ояд ҳаме...
Мавзуи муҳимме, ки Рӯдакӣ дар ашъори худ ба он такя карда, даъвои бартарихоҳии арабҳоро ботил менамуд, масъалаи донишу хирадварзӣ буд. Зеро арабҳо пеш аз ислом тақрибан дар ҳеҷ соҳаи дониш шахсияти илмӣ надоштанд, дар ҳоле ки тоҷикону эрониён дар мусиқӣ, тиб, ҳандаса ва риёзӣ пешрафтҳои бисёре касб карда буданд. Таъсиру нақши тоҷикон дар сарфу наҳв, хат ва китобати арабӣ бисёр барҷаста ба назар мерасад. Аз ин рӯ, ситоиши ақлу хирад дар меҳвари мавзуъҳои ашъори Рӯдакӣ қарор дорад:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Рози донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Рӯдакӣ ба хубӣ аз арзишу ҷойгоҳи фалсафа (ҳикмат) ошноӣ дошта, онро дар радифи илму хирад ситоиш кардааст. Барои ӯ фалсафа баёнгари донишу хирад аст:
Он ки бад-ӯ бингарӣ, ба ҳикмат гӯӣ,
Инак Суқроту ҳам Фалотуни Юнон.
Гар бикушояд забон ба илму ба ҳикмат,
Марди хирадро адаб физояду имон!
Рӯдакӣ парваридаи ҷомеаи илммадори аҳди Сомонӣ аст, ки озодии андеша ва ақлгароӣ он ҷо ҳоким буд. Шоир таъкид мекунад, ки молу матои дунё ва симу зар ӯро қонеъ наменамояд, зеро қаноатпешагию осоиши инсон ба хираду дониш бастагӣ дорад:
Биғнуд танам бар дираму обу замин,
Дил бар хираду ба илму дониш биғнуд.
Ё худ:
Зеҳ доноро гӯянд, ки донад гуфт,
Ҳеч нодонро донанда нагӯяд зеҳ!
Рӯдакӣ ошиқи Бухоро буд ва ин шаҳрро қиблаи меҳанпарастон медонист. Ӯ дил ба Бухоро баста буд ва «намози ишқ»-и худро ба сӯйи ҳамин қибла мехонад:
Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд?
Дил ба Бухорову бутони Тироз!
Эзиди мо васвасаи ошиқӣ
Аз ту пазирад, напазирад намоз.
Дар канори ҳаётдӯстӣ ва ватанпарварӣ Рӯдакӣ масъалаи ақлгароӣ ва андешаҳои фалсафӣ бар пояи хирадро таблиғ мекард. Ӯ дар ин порчаи шеърӣ дар бораи ҳаракат ва тағйироти дохилии ашё, табдили шаклҳо ва тағйироти сифатию миқдории моддаҳо дар табиат, чархидани Замин дар атрофи меҳвари худ – Хуршед, алорағми тасаввури хурофотпарастон таъкиди дақиқ кардааст:
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,
Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.
Ҳамон ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад,
Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.
Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,
Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд.
Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд
Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд...
Ашъори Рӯдакӣ дар замони муосир ҳам арзиши илмии худро гум накардаанд. Ҳушдори донишмандон аз пайомади тағйироти иқлимӣ, таъсири он дар раванди биёбоншавии заминҳои сарсабз, об шудани пиряхҳо ва буҳрони камобӣ дар ҷаҳон бо андешаҳои шоир беиртибот нестанд.
Аз тарафи дигар, шодзистӣ фалсафаи миллии мардумони ориётабор буда, Рӯдакӣ онро болотар аз фалсафаи тақдирпарастӣ васф кардааст:
Шод зӣ, бо сияҳчашмон шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.
З-омада шодмон бибояд буд,
В-аз гузашта накард бояд ёд.
Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,
Бода пеш ор, ҳар чи бодо, бод!
Май дар ситоиши шоирони озодандеш воситаи ҳаётдӯстӣ ва зиндагисоз ба шумор меравад. Аммо майи онҳо ҳаргиз зоеъкунандаи ақл набуда, балки сабаби тақвияти хиради одамӣ мешавад. Рӯдакӣ чунин майро ёқути ноб, теғи дурахшон ва гулоби тоза тасвир кардааст:
Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ.
Ба покӣ, гӯӣ андар ҷом монанди гулоб астӣ,
Ба хушӣ, гӯӣ андар дидаи бехоб хоб астӣ.
Агар май нестӣ, яксар ҳама дилҳо хароб астӣ,
Агар дар колбад ҷонро надидастӣ, шароб астӣ!
Рӯдакӣ подшоҳро ҳам ба хотири хирадмандӣ ва ақлгароӣ меситояд, дар ҳоле ки дар давраҳои баъдӣ, пас аз ба қудрат расидани сулолаҳои турку муғул дар қаламрави Ориёно, ҳокимони онҳо бар қудрати шамшери худ менозиданд. Аммо Рӯдакӣ подшоҳони Сомониро ин гуна меситояд:
Аз маликон кас чун ӯ набуд ҷавоне,
Роду сухандону шермарду хирадманд!
Рӯдакӣ на танҳо ба сарнавишти аз пеш таъйиншуда эътиқоде надорад, балки густохона дам аз тағйири қазову қадар мезанад:
Қазо гар доди ман настонд аз ту,
Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.
Ин байти Рӯдакӣ посухи кӯбандае буд ба пайравони мактаби ҷабргаро, ки аз ҷониби халифаҳои Аббосӣ ҳимоят мешуданд ва тамоми кирдору феъли инсонро ба хосту иродаи Худованд марбут медонистанд. Аммо Рӯдакӣ муътақид буд, ки савобу гуноҳу хатои инсон ба худи ӯ марбут мешавад:
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки «киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад он, ки туро кушт?»
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
Таҳти афкори ватанпарастонаи Рӯдакӣ ва шоирони ҳамасри ӯ ҳаракат ва ҷунбишҳои раҳоӣ аз юғи хилофати арабҳо бештар авҷ гирифт. Дар саргаҳи ин муборизоти равшангароёна Рӯдакӣ меистод, ки андешаҳои дурахшони ӯ асрҳои дароз дар зеҳни дигар шоирони тоҷику форс асарбахш аст. Ӯ бо як эҳсоси баланд амирони Сомониро тавсиф ва мардуми Хуросонро даъват мекунад, ки аз бандагиву тобеияти бегонагон ҳазар дошта бошанд:
Ҳар киро роҳбар заған бошад,
Гузари ӯ ба марғазан бошад.
Ба ҳамин тартиб, озодиву истиқлоли тоҷикон, бароба- рии нажодӣ, қоил будан ба ақлу заковати инсон, адолат- меҳварӣ, хирадгароӣ, ситоиши илму дониш, эҳёи одобу русуми куҳан, бузургдошти қаҳрамонони миллӣ дар сархати мавзуъҳои ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қарор дошта, дар ташаккули афкору андешаи миллӣ дар замони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам нақши шоиста гузоштааст.
Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО, - ходими илмии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1922-1991 дар Иттиҳоди ҷумҳуриҳои Шӯравӣ қарор дошт, ки аз 15 ҷумҳуриҳои бародар иборат буд. 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 33 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 9 сентябр - ҳамчун «Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. Дар рӯзи ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои илму фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.
Бар асоси меъёрҳои физиологӣ талабот ба ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба картошка дар як сол 92 кг муайян шудааст. Сарфи назар аз он, ки меъёр 92 кило аст, хаҷми воқеии истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ ба як сар аҳолии кишвар дар сол ба 130 кг мерасад. Ҳамин тавр, эҳтиёҷоти умумии ҷумҳурӣ ба ин навъи маҳсулот ба 1.3 млн. тонна мерасад.
Дар нимаи моҳи ноябри соли 2022 дар Тоҷикистон зиёда аз 821 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, нисбат ба соли 2021, 185 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тибқи иттилои манбаъҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ майдони кишти картошка зиёда аз 32 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Бар асоси маълумоти фаврӣ ба ҳолати 18 ноябри соли 2022 майдоне, ки ҳосилаш аллакай ҷамъоварӣ карда шудааст, дар ҷумҳурӣ 31.6 ҳазор гектарро ташкил додааст. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз як гектар 260 сентнер арзёбӣ шудааст.
Олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ дар давоми 33 соли Истиқлолият дар рушди картошкапарварии кишвар ҳиссаи хешро гузошта, дар бахшҳои генетика, селексия ва тухмипарварии картошка ва батат ба дастовардҳои назарраси илмӣ муваффақ гаштаанд. Онҳо коллексияи навъу намунаҳои гуногуни картошкаро ташкил намуда, бештар аз 100 намунаҳои гуногуни картошкаро дар озмоишгоҳ дар муҳити “in vitro”ва дар шароити баландкӯҳи ноҳияи Лахш дар баландии бештар аз 2700 м аз сатҳи баҳр дар муҳити in vivo нигоҳ медоранд. Инчунин 15 намунаи бататро (картошкаи ширин) дар дар муҳити in vitro нигоҳ медоранд. Ин намунаҳои гуногуни картошка ва батат ҳоло дар корҳои селексионӣ ва тухмипарварии картошка ва батат васеъ истифода мегарданд.
Дар Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растании Институт барои солим гардонидани тухмии картошка аз ҳар гуна касалиҳои вирусӣ, занбурӯғӣ ва бактериявӣ ва ба даст овардани навъҳои нави картошка усули дурагакунии навъҳо ва инчунин усулҳои инноватсионии биотехнологияи муосир дар шароити in vitro истифода мегарданд.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дурагаҳои гуногуни картошка ба даст оварда шуданд, ки онҳо дар корҳои генетикӣ, селексионӣ ва тухмипарварӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Инчунин тухмакҳои генеративии картошка ҳамчун яке аз усулҳои солим гардонидани тухмии картошка аз ҳар гуна касалиҳо истифода мегардад.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои илмии инноватсионии биотехнологӣ дар Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растании Институт дар шароити in vitro тухмии беш аз 100 навъҳои картошка аз касалиҳои вирусӣ, занбурӯғӣ ва бактериявӣ солим гардонида шуданд. Дар натиҷа ҳар сол ҳазорҳо дона лӯндаҳои модарии тухмиҳои ба даст овардашуда барои ба даст овардани тухмиҳои солими суперэлита ва элита истифода мегарданд. Инчунин бори аввал бо истифодаи усули биотехнологии зиёд намудани қаламчаҳои растании картошка дар шароити in vivo барои тезонидани корҳои селексионӣ ва тухмипарварии картошка истифода бурда шудааст.
Навъҳои серҳосили картошкаи дар натиҷаи истифодабарии усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосир ба даст оварда шудаи картошкаи маҳсули селексияи олимони Институт айни ҳол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилотҳои истеҳсолии мамлакат дар майдони беш аз 3000 га кишт карда мешаванд. Ин навъҳои картошка инчунин бо хусусиятҳои биохимиявии таркибии лӯндаҳояшон нисбат ба дигар навъҳои картошка фарқ доранд. Масалан, картошкаи навъи Тоҷикистон дар таркиби лӯндаҳояш бештар аз 3-5% оҳани фаъол (Fe2O3) дошта, барои пешгирӣ намудани касалии камхунӣ (анемия) кумак мерасонад. Картошкаи навъи Рашт бошад, дар таркиби лӯндаҳояш ба миқдори 3-6% йод (J20) дорад, ки дар гирифтор нагаштани одамон ба касалии ҷоғар (зоб) мусоидат менамояд.
Олимони Институт нақшаи корӣ ва омӯзиши усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосирро дар соҳаи картошкапарварӣ пешниҳод намуданд, ки он дар корҳои генетикӣ, селексионӣ ва тухмипарварӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ҳамзамон аз ҷониби кормандон системаи нави тухмипарварии картошка коркард ва пешниҳод карда шудааст, ки дар тақвият бахшидани ҷараёни тухмипарварии солими картошка кумаки калон мерасонад.
Наимов Алишер Сафаралиевич - ходими калони илмии Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Аз касе пӯшида нест, ки дар олами Шарқ имрӯз илм, хусусан, илмҳои табиию риёзӣ мақоми пешини худро аз даст дода, аз рушд бозмондаанд. Чунин вазъ имрӯз ба Тоҷикистон низ бе таъсир буда наметавонад. Маҳз ба ҳамин нукта ишора карда, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд». Ва хушбахтона, барои расидан ба ин мақсадҳои нек ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас бо иқдоми Пешвои муаззами миллат солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар замони муосир дар кишварҳои Шарқ дар баробари паст рафтани сатҳи омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ, инчунин ба мафкураи мардум хурофот роҳ меёбад, ки дар ҷумҳурии мо оқибати нохуше барои арзишҳои миллӣ дорад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷомеаи имрӯза, махсусан аҳли илму зиё аз он иборат аст, ки пеши роҳи ин падидаи номатлубро бигиранд ва барои тарғибу ташвиқи илму техника дар байни кӯдакон ва наврасону ҷавонон корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд. Яке аз воситаҳои муҳимтарин дар ин самт омӯзиши таърихи ниёгон ва бедор сохтани ҷавонон барои идомаи анъанаҳои неки онҳо дар соҳаи илм аст.
Мутаассифона, чунонки ховаршиноси англис Бернард Люис (1916-2018) қайд мекунад, тамаддуни Шарқ - «тамаддуне, ки муқтадир буд, ба таназзул рафт», вале эҳёи он дар дасти худи ворисони ин мероси бузург аст. Маҳз ба хотири эҳёи анъанаҳои ниёгон дар соҳаи илм мардуми моро зарур аст, ки дар самти рушди илму техника саҳми бештаре дошта бошанд.
Чунонки маълум аст, дар рушди илми асримиёнагии Шарқ хизмати донишмандону мутафаккирони тоҷик хеле бузург аст. Ин саҳми онҳоро ба эътибор гирифта, аз ҷумла дар назди бинои ЮНЕСКО ҳайкали чор нафар донишмандони бузург– Ибни Сино (980-1037), Абурайҳони Берунӣ (973-1048), Закариёи Розӣ (865-925) ва Умари Хайёмро (1048-1131) гузоштаанд. Шумораи ин олимони бузурги тоҷик хеле зиёд аст, вале дар поён саҳми якчанд нафар аз зумраи онҳоро бо такя ба манбаъҳои асримиёнагӣ ва маълумоти муҳаққиқони муосир тафсир намудаем.
Қабл аз нишон додани комёбиҳои донишмандони асримиёнагии тоҷик дар рушди илмҳои табиию риёзӣ, махсусан дар асрҳои IX-XI, мехостем таъкид намоем, ки дар ин даврон замина ва омилҳои мусоид барои рушди илму фарҳанг ба вуҷуд омаданд, ки сабабгори асосии он зуҳури давлати Сомониён буд. Ин сулолаи ҳокимиятдорони тоҷик дар қаламрави худ озодии фикру андешаро таъмин сохта ба ҳайси вазирон ва амирони минтақаҳо шахсони донишмандаро таъйин менамуданд. Онҳо олимону донишманданро дар маркази давлат ҷамъ оварда, барои машғулӣ ба илму адаб ва тарҷумаи осори илмӣ оид ба фалсафаву тиб ва навъҳои дигари ҳикмат аз забонҳои дигар шароити мусоидро фароҳам сохтанд. Ҳамаи ин ва омилҳои дигар рушди илмро дар асрҳои миёна таъмин намуданд.
Аз ҷумлаи донишмандони бузурги тоҷику форс, қабл аз ҳама, Абумусо Ҷобир ибн Ҳайёнро (721-815) таъкид кардан зарур аст, ки яке аз асосгузорони химия ҳисобида мешавад. Ӯ аз зумраи мутафаккиронест, ки алхимияро ба химия табдил доданд. Таҷрибаҳои амалии Ибн Ҳайён аз амалиёти кимиёвии пешгузаштагон бо ҷанбаҳои илмияшон тафовути зиёд доштанд.
Ӯ тарозуеро ихтироъ кард, ки бо дақиқии 1/6 грамм маводро бармекашид. Ибн Ҳайён асбоби нави кимиёвӣ, аз ҷумла ретортҳоро фикр карда баровард. Олим реаксияҳои химиявии редуксияро, ки барои гирифтани электрон мусоидат мекунанд, калсинатсия ва роҳи осонтарини тақтирро истифода мекард.
Ибни Ҳайён даҳ аср муқаддамтар аз физик ва химики англис Ҷон Далтон (1766-1844), ки назарияи атом ва молекуларо коркард кардааст, дар бораи ҳиссачаҳои хурд, ки барои робитаи унсурҳои кимиёвӣ заруранд, сухан гуфтааст. Ӯ нахустин маротиба дар химия кислотаҳои сулфур (серная), хлор (соляная) ва азотиро маълум сохтааст.
Ақидаҳои Ибн Ҳайён дар бораи таснифи унсурҳои кимиёвӣ ба фулуз, ғайрифулуз ва маводи бухоршаванда як замина барои кашфи системаи даврии элементҳо гардид.
Мутафаккири дигар - Муҳаммад ал-Хоразмӣ (783-850) аз зумраи донишмандони ориёитабори Осиёи Миёна буда, ҳамчун олими арабизабон дар кишварҳои арабӣ ҳам хеле машҳур аст. Ӯ дар рушди ҷуғрофия, астрономия, математика ва илмҳои дигар саҳм гузоштааст.
Машҳуртарин асарҳои ал-Хоразмӣ «Китоб дар бораи ҳисоби ҳиндӣ» ва «Китоби мухтасар дар ал-ҷабр ва ал-муқобала» (яъне, дар бораи барқарорсозӣ ва муқобилгузорӣ) буда, ба лотинӣ тарҷума шуда буданд ва ҳамчун китоб барои таълими математика дар Ғарб истифода мегардиданд.
Тавассути осори ал-Хоразмӣ ғарбиён бо ҳисоби даҳрақамӣ (0-9) шинос гардида, аз ҳисобҳои ҳарфӣ ва рақамҳои душвори римӣ озод шуданд. Ӯ дараҷаҳои ададҳо – даҳиҳо, садиҳо, ҳазориҳо ва ғайраро ба математика ворид сохта, барои ифодаи дараҷаи холӣ рақами сифрро (0) пешниҳод сохт.
Ал-Хоразмӣ инчунин таснифи баробариҳои дараҷаи 1 ва 2-ро ба математика ворид сохта, шаш намуди онҳоро муайян намуд. Маълумсозии тартиби зарби бисёраъзогиҳо низ аз хизматҳои ин донишманд аст.
Ал-Хоразмӣ экспедитсияҳои илмӣ ба Рум ё Византия, Хазар (баҳри Каспий) ва Афғонистон ташкил карда, тӯли даври Заминро ба миқдори 40680 км муайян намуд, ки аз нишондиҳандаҳои муосир ҳамагӣ 200 километр фарқ дорад.
Бояд таъкид дошт, ки аз насаби ин математик – ал-Хоразмӣ мафҳуми «алгоритм» - тартиби иҷрои амалиёт пайдо шудааст. Аз мафҳуми «ал-ҷабр», ки дар номи китоби ӯ омадааст, истилоҳи «алгебра» ба вуҷуд омад. Ба ибораи дигар, агар ал-Хоразмиро асосгузори илми алгебра ҳисоб кунем ҳам, иштибоҳ нахоҳад набуд, зеро ӯ баробариҳои ростхатӣ ва квадратиро бо тарзи дигар ҳал намудааст: агар юнониён муодилаҳои мазкурро бо роҳи геометрӣ ҳал менамуданд, пас ин донишманд роҳи алгебравии ҳалли чунин муодилаҳоро пайдо намуд.
Як хидмати дигари ал-Хоразмӣ ин коркарди мафҳуми синус аст. Ин маъниро донишманд бо калимаи арабии «ҷайб» (яъне, киса) ифода кардааст. Тарҷумони китоби ӯ ин калимаро бо тарзи дигар хонда, онро ба лотинӣ «бухта» (халиҷ) – «синус» тарҷума кардааст, ки то ҳол ҳам дар математика дар шакли «Sin» машҳур аст.
Абулаббос Аҳмад ибн Муҳаммад ал-Фарғонӣ (798-861) низ аз донишмандони тоҷик буда, бо номи ал-Фрагунус дар Ғарб шӯҳрат дорад. Ӯ дар астрономия, математика ва география нақши босазое гузоштааст. Ал-Фарғонӣ асаре бо номи «Ҷамъи илмҳо оид ба ситораҳо» дорад, ки дар он оид ба 7 минтақаи иқлимӣ сухан меравад ва он ба тамоми забонҳои ғарбӣ тарҷума шудааст. Дар давоми 700 сол ин ва асарҳои дигари таълифкардаи олим ба ҳайси қомуснома ва китоби дарсӣ дар Шарқу Ғарб истифода мегардиданд.
Аз хизматҳои ал-Фарғонӣ дар илм ин аст, ки куррашакл будани Заминро исбот намуд. Бо истифода аз усулҳои математикӣ собит намудааст, ки рӯзи кутоҳтарин (23 декабр) ва рӯзи дарозтарин (22 июн) вуҷуд дорад. Ин донишманд ҳамчунин муқаррар намудааст, ки дар рӯи Офтоб доғҳо мавҷуданд. Ӯ ба таври дақиқ гирифтани Офтобро дар соли 832 исбот намуда буд.
Олими ориёинажод Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865-925) дар тамоми ақоси Шарқу Ғарб машҳур буда, дар рушди фалсафа, тиб, астрономия, физика, химия ва илмҳои дигар хидматҳои сазоворе намудааст. Ба қалами ӯ зиёда аз 184 таълифоти илмӣ тааллуқ дорад, ки муҳимтаринашон «Ал-ҳовӣ» ва «Китоби тиббии Мансур» мебошанд. Ба шаҳодати академик М. Диноршоев Розӣ, «пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои тиб ва фалсафа дода, ба химия ва илмҳои дигари табиатшиносӣ низ машғул мегардид».
Абубакри Розӣ аз ҷавонӣ ба омӯзиши маъданҳо, махсусан фулузот оғоз карда буд. Ӯ фулузро иборат аз симоб, сулфур (сера) ва намакҳо медонист. Барои маърифати табиати маъданҳо ин олим се унсур – хосияти мавод, олот ва амалиётро муҳим медонист.
Бори аввал дар таърихи химия ӯ маводро ба минералҳо, растаниҳо ва ҳайвонот тақсим намуд. Минералҳоро бошад, Абубакри Розӣ аз шаш навъ иборат медонист: «руҳ» (спирт, маводи бухоршаванда); ҷисмҳо ё фулузот; сангҳо; сулфати мисс - купорос (хока); бӯрак (бӯр, сода ва ғ.); намакҳо.
Дар таълифоти Абубакри Розӣ таҷҳизоте чун колба, истакон, гармкунакҳо ва ғайра зикр шуданд. Ӯ амалиёти химиявиро, аз қабили обшавии ҷисмҳо, софкунӣ, тақтир, сахтшавӣ, булӯршавӣ ва ғайра тавсиф намудааст.
Бори аввал дар таърихи инсоният Абубакри Розӣ дар Бағдод шифохона ё госпитал бо маънии комили он таъсис дод, ки бо забони тоҷикӣ – «бемористон» номида мешуд. Дар ин бемористонҳо дафтарчаи бемор бурда шуда, дар онҳо шӯъбаҳои занона ва мардона дар алоҳидагӣ фаъолият мекарданд. Дар ин муассисаҳо ҳам муолиҷа мекарданд ва ҳам мутахассисонро таълим медоданд.
Абубакри Розӣ барои пешгирии нағзак эмкуниро ба кор мебурд. Ӯ бори аввал таҷҳизотро барои гирифтани ҷисмҳои бегона аз гулӯ ва истифодаи маводи махсусро барои дӯхтани ҷарроҳӣ пешниҳод намуд. Олим ба интихоби мавзеъ барои сохтмони бемористонҳо тавсияҳо дода, зарурати махсусгардонии ихтисоси табибонро таъкид доштааст, зеро, ба қавли ӯ, як табиб наметавонад ҳамаи бемориҳоро табобат кунад. Ӯ ёрии қаблии тиббӣ ба ниёзмандонро амри хеле муҳим шумурдааст.
Олими дигаре, ки дар рушди илмҳои табию риёзӣ саҳми бузург гузоштааст, Абу Ҷаъфар Муҳаммад ибн ал-Ҳасан ал-Ҳозин ал-Хуросонӣ (с.в. 971) буда, дар кишварҳои Ғарбӣ ҳамчун физики навовар эътироф гардидааст. Асари таълифнамудаи ӯ «Тавозуни хирад» яке аз китобҳои маҷмуӣ оид ба фанҳои табиию риёзӣ буда, қисмати он, ки ба гидростатика бахшида шудааст, ба забони англисӣ тарҷума шудааст.
Бо сабаби гузаронидани таҷрибаҳои зиёди физикӣ ал-Ҳозинро муосиронаш навовар дар физика ва механика ва «бозингар» меҳисобиданд. Асарҳои таълифкардаи ӯ ба ташкили зиҷҳо, омӯзиши кура, ҳамворӣ, масофа ва ҳаҷм, инчунин масъалаи имтидод бахшида шудаанд. Ин олим қонунҳои обшавиро кашф карда, методҳои муайянсозии онро барои ҷисмҳои сахт ва моеъ муайян сохт. Ал-Ҳозин тарозуи махсусеро ихтироъ намуд, ки барои чен кардани вазни моддаҳо дар ҳаво ва об истифода мегардид. Ӯ аз нахустин олимоне мебошад, ки ҳарорати ҳаво ва фишори онро андоза намудаанд.
Абул Вафо Муҳаммад ибн Муҳаммад ал-Бузҷонӣ (940-998) низ аз олимони тоҷику форс буда, дар Ғарб ҳамчун нобиғае шумурда мешавад, ки кишварҳои ғарбиро маърифатнок намудааст. Ӯ дар соҳаҳои математика ва астрономия хидматҳои бузурги илмиро ба анҷом расонидааст.
Ал-Бузҷонӣ ба китоби Птоломей (100-160) - «Ал-маҷест» тафсирҳо навишта, донишҳои замонаашро оид ба астрономия ҷамъоварӣ намуд. Омӯзиши пурраи динамикаи ҳаракати Моҳ аз хизматҳои шоистаи ӯст. Ҳамаи ин ҳисобу китоби мутафаккир оид ба назарияи ҳаракати Моҳ ба илми Ғарб гузаштанд.
Ал-Бузҷонӣ функсияҳои тригонометрии тангенс ва котангенсро ба илм ворид сохта, ҷадвалҳои онҳоро тартиб дод, инчунин бо дурустии дақиқ синуси як дараҷаро муайян сохт. Ӯ формулаи синуси ҷамъи ду кунҷро ба геометрия ворид намуда, дар баробари ал-Хуҷандӣ (940-1000) ва Ибн Ироқ (960-1036) теоремаи синусҳоро барои секунҷаҳои куррашакл исбот намуд.
Асарҳои таълифнамудаи Ал-Бузҷонӣ оид ба арифметика ва геометрия ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда, ҳамчун китоби дарсӣ мавриди истифодаи васеъ қарор доштанд.
Фарзанди фарзонаи тоҷик Абумаҳмуди Хуҷандӣ (940-1000) ихтироъкор, мунаҷҷим ва риёзидон буда, дар сохтани устурлоб ва дигар асбобҳои нуҷумшиносӣ саҳм доштааст. Ин донишманд тавассути асбобҳои сохтаи худ нахустин маротиба бузургии майли мадори Офтобро баробар ба 23°32’21" муайян кардааст, ки ин бузургӣ, ба қавли олимони муосир, аз бузургии муайяннамудаи ситорашиноси амрикоӣ Саймон Нюком - 23°34’13" хеле кам фарқ мекунад.
Абумаҳмуди_Хуҷандӣдар илмҳои риёзӣ ва ҳандаса низ саҳми зиёд дошта, ба теоремаи машҳури математикӣ, ки бо номи теоремаи Ферма маъмул аст, 600 сол қабл аз ин математики фаронсавӣ, яъне Пйер Ферма (1601-1665) ибтидо гузошта буд. Ҳамчунин, ин донишманди тоҷик дар илми тригонометрия теоремаи синусиро барои секунҷаи куравӣ исбот кардааст.
Ба қавли муаррихони тарҷумаи ҳолаш Абумаҳмуди Хуҷандӣ устоди ду олими бузурги тоҷик – Абурайҳони Берунӣ ва Абуалӣ ибни_Сино будааст.
Хизматҳои бузурги Ибни Сино (980-1037) - донишманди маълуму маъруфи тоҷик дар рушди илмҳои табию риёзӣ ба ҳамагон равшананд. Ӯ ҳамчун файласуф ва табиб дар байни мардуми арабу Ғарб низ маҳбубияти зиёде дорад. Хизматҳои ӯ, махсусан, дар рушди тиб хеле бузург буда, то кунун ҳам барои мардуми олам аҳамияти худро гум накардаанд. Китоби машҳури ӯ «Ал-қонун фит-тиб» то асри XVIII китоби рӯимизии тамоми табибони Ғарб будааст.
Ибни Сино бори аввал аҳаммияти нишонаҳо (симптомҳо)-и бемориҳоро дар ташхиси онҳо муайян сохт. Ӯ рагҳои хунгузарониро ба набзӣ (артерия) ва ором (вена) тақсим намудааст. Ибни Сино нишонаҳо ва тартиби муолиҷаи саратон, махав, баромадани мушаку устухонҳо, ҷароҳатҳои сӯхта ва ғайраро муайян сохт. Табиби ҳозиқ бори аввал фарқияти вабо ва тоун (холера ва чума)-ро нишон дод.
Ибни Сино пешгирии касалиҳоро тавассути риояи гигиенаи шахсӣ, тарбияи варзишии бадан ва риояи реҷаи хӯроку хоб муайян кардааст.
Кашфи бактерия, вирус, симоби сурх ба Ибни Сино нисбат дорад. Ӯ 700 ва зиёда аз он маводи табобатиро тавсиф дода, дар тибби муосир то ҳол ҳам зиёда аз 80 дору тибқи дастурҳои ӯ истеҳсол мешаванд. Зиёда аз 150 растании шифобахш, ки Ибни Сино тавсиф намудааст, имрӯз ҳам аз ҷониби табибон барои муолиҷаи беморон истифода мегарданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, шодравон академик М. Диноршоев қайд кардаанд: «Ибни Сино таъсири пурсамаре ба рушди фарҳанги маънавии Аврупои Ғарбӣ тавассути осори худ гузоштааст, зеро онҳо бо ин осор хеле барвақт ошно гардида буданд. Аллакай дар асри XII китоби машҳури ӯ «Алқонун фит-тиб» ва фаслҳои алоҳидаи китоби энскилопедии ӯ «Шифо» ба лотинӣ тарҷума шуда буданд… Таъсири афкори Ибни Сино хеле бараъло дар осори Роҷер Бэкон, Алберти Бузург, Фомаи Аквинӣ, Дунс Скот, Уилям Оверенский мушоҳида мегардад».
Шоиру файласуфи машҳури тоҷику форс Умари Хайём (1048–1131) на танҳо дар адабиёту фалсафа, балки дар соҳаи астрономия ва математика низ олими шинохта мебошад. Ӯ тақвим ё зиҷи Маликшоҳиро тартиб дод, ки аз тақвими юлианӣ ва баъдтар григориании масеҳӣ ҳафт сония дақиқтар буд.
Дар соҳаи математика бошад, Умари Хайём бо кашфи таснифи муодилаҳои кубӣонҳоро бо роҳи бурришҳои конусӣҳаллу фасл намуд. Ин исботи теоремаҳои геометрӣ қабл аз геометрияи Н.Н. Лобачевский (1792-1856) ва Б. Риман(1826-1866) буд. Мутафаккир ба алгебра формулаи биномро ворид сохт, ки баъдтар бо номи биноми Нютон машҳур гардид. Ҳамзамон, Хайём пешгӯӣкарда буд, ки муодилаҳои кубӣ се решаи мусбат доранд, ки бо формулаи Ҷ. Кардано (1510-1576) баъдтар исбот гардид. Ин мутафаккир таносубҳои Евклидро (325-265 то мелод) бо назарияи ададӣиваз намуд. Ӯ инчунин бори аввал дар илм тавсеаи мафҳуми ададро то адади аслии мусбат асоснок намудааст.
Маълумоти дар боло зикршуда ба хубӣ собит месозад, ки мардуми тоҷик на танҳо дар асрҳои миёна ба илм, хусусан илмҳои табиию риёзӣ, ҳандаса, тиб ва соҳаҳои дигар таваҷҷуҳи хосса доштанд, балки дар замони муосир ҳам метавонанд дар саффи пеши донишмандону муҳандисони олам қарор дошта бошанд. Барои ин бояд ба омӯзиши фанҳои фавқуззикр дар тамоми зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла, дар таҳсилоти иловагӣ таваҷҷуҳи бештар равона шуда, рушди тафаккури ақлонию мантиқӣ, техникӣ ва табиию риёзии наврасону ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа ва худи онҳо, аз ҷумла тавассути омӯзиши осори ниёгон оид ба илмҳои табиию риёзӣ қарор гирад.
Зиёӣ Хуршед Махшулзода - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
«Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди халқу миллати тоҷик иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиклол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар охири асри 20-ум ба даст омадааст. Ин неъмати бузургро баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
Истиқлолият рамзи сохибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи такдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷахонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра хамсадо месозад.
Кишвари азизи мо Тоҷикистон макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёру қаҳрамонон аз қабили Тусунзодаву Айнӣ, Рудакиву Сино, Сомониву Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд, мебошад. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдустон аст. Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои нодирро гирди худ ҷамъ намудааст. Боиси таъкиду зикр аст, қаҳрамон ва шахсияти барҷастаи тоҷик Темурмалик, ки ба муқобили муғулҳо мубориза мубурд ва ин як порча замини тоҷиконро ҳифз мекард, баъди маргаш аз ҷуздони ӯ хате бо як каф хок ёфтанд, ки дар он навишта шуда буд: “Он касе, ки ин хатро мехонад, агар шахси комил ва ватандӯст бошӣ маро бо ҳамин як каф хоки Ватанам ба хок супор”.
Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Мақсум, Мирзо Турсунзода ва дигар шахсиятҳое буданд, ки хизматҳои арзанда карданд барои шуҳратёру шуҳратманд шудани Тоҷикистони азизамон ҳатто ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд.
Худо он миллатеро сарварӣ дод, Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт. Ба он миллат сару коре надорад, Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд, ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оред, солҳои 1992 мардуми тоҷик рузҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид, душманони халқ Тоҷикистонро ба ду қисм ҷудо карда буданд. Саркардагони ин кору амалро ҳеҷ вақт миллати тоҷик намебахшад.
Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд.
Ин сарзамини куҳанбунёдро сиёсатмадори тавоно ва хирадманд Пешвои воқеии миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлолии худро ҳифз кардем, миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот додем ва сулҳи деринтизорро ба даст овардем.
Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози асри XXI масъалаи обро дар сатҳи байналмиллалӣ, ба миён гузошт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд. Яъне, соли байналмилалии оби тоза эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015, “соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013” ва даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 шоҳиди ин гуфтаҳо мебошанд. Боиси сарфарозист, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро бо иттифоқи оро қабул кард. Қатъномаи мазкур аз Қатномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Имрӯз ҳар яки мо чун як фарди Тоҷикистони бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуда, хушбахтона имрӯз, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эьтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат як мазҳаб ва як нажоданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфта истодааст, дорои потенсиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.
Тоҷикистон дорои фарҳанги бойу ғанӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар қадимулайём ба кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ, расомӣ, сиказанӣ ва кулолгарӣ машғул буданд. Пешвои миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019–2021-ро солҳои “Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки ин ҳам чун эҳтиром ба фарҳанги мардумӣ ва ҳифзи ҳунарҳои бостонии аҷдодон мебошад. Тоҷикистони азиз имрӯз 33 –юмин солгарди Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад.
33- соли муззаффариятҳо, кашфиётҳои қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир.
33- соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтиву озодиву Сулҳу Ваҳдат.
33- соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шодиву нишоти пиру барно.
33- соли дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф.
33 – соли пурбарор дар самти сиёсати муваффақ.
33 - соли комгор дар таъмир ва аз навсозии роҳҳои кишвар.
33 – соли муваффақиятҳо ва комёбиҳо дар сиёсати хориҷии кишвар.
Боиси зикр аст, ки дар ин даврони истиқлолият зану мард ва пиру барно дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолияти хеш камари ҳиммат бастанд. Дастовардҳои бузурги кишвар дар даврони истиқлолият ба мардум қуввату нерӯ ва тавонои бахшида, онҳоро ба комёбиҳо ва дастовардҳои бузург ҳидоят месозад. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат ва чаманистони дунёи орзуст.
Сари таъзим меорам ба ҳар як обу хоки гулу гиёҳу мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболам аз он, ки ман низ як шахси кучаку меҳрпарвари ин сарзамини афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати баруманд ифтихор мекунам. Насли поки оли Сомонаму меҳру муҳаббат покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.
Самараи неки истиклол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори хар як точик ва тоҷикистонист. Мо бояд барои рушду такомули ин миллати баруманд аз дилу ҷон талош варзем.
Ҳабибҷон Мирзоев – ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих
Аз давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини баробҳуқуқии мардону занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994, ки аввалин маротиба дар таърихи давлатдориамон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, муқаррар намуд, ки давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз ҷинс ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад (банди 1 маддаи 17). Бар замми ин дар банди дуюми моддаи мазкур муқаррар намуд, ки мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Ин маънои онро дорад, ки мамлакатамон ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва консепсияву барномаи давлатӣ қабул гардидаанд, ки мақсадашон фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкили имкониятҳои амалигардонии ҳуқуқҳои занону духтарон мебошанд. Муҳимтаринашон инҳоянд:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;
– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);
– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;
– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);
– Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5 ва ғ.
Маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб нисфи аҳолиро занону духтарон ташкил медиҳанд, аз ин рӯ агар нисфи аҳолии мамлакат имконияти маҳдуди амалӣ гардидани ҳуқуқҳояшонро дошта бошанд, ба ҳадафҳои рушди устувор расидан имконнопазир аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки новобаста аз қабули санадҳои ҳуқуқию сиёсӣ дар бахши ҳуқуқи занон аз сабаби ҷой доштани қолабҳои гендерӣ дар ҷомеа мушкилиҳо дар таъмини имкониятҳои амалигардонии ҳуқуқҳои занону духтарон ҷой доранд. Масалан, шумораи занон дар идоракунии давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, бахшҳои хусусӣ, идоракунии комплекси агросаноатӣ ва ғ. нисбат ба мардон каманд. Чунин тамоюл дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ҷой дорад. Яке аз сабабҳои асосии чунин мушкилон норасоии кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занону духтарон мебошад. Барои он ки ин мушкилот бартараф карда шавад, зарур аст, ки занону духтарон таҳсилро идома диҳанд.
Ҳуқуқ ба таҳсил яке аз ҳуқуқҳои «насли дуюм»-и инсон (ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ) ба ҳисоб меравад. Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ чаҳор хусусияти асосии ҳуқуқ ба таҳсилро муайян мекунад: мавҷуд будан, дастрас будан (бидуни табъиз, дастрасии ҷисмонӣ ва иқтисодӣ), қобили қабул будан ва мутобиқшавӣ ба таҳсил. Моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқ ба таҳсилро бо шароити якхела ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон пешбинӣ намудааст.
Маълум аст, ки пас аз хатми таҳсилоти асосӣ дар фарқият аз писарон шумораи зиёди духтарон таҳсилро давом намедиҳанд ва дар оянда аз имконияти гирифтани маълумоти олӣ маҳрум мегарданд. Аз шумораи духтароне, ки синфи 9-ро ба итмом мерасонанд, қисми камашон ба коллеҷу техникумҳо дохил шуда, дорои маълумоти миёнаи махсус мегарданд. Бинобар ин, зарурияти андешидани тадбирҳои муассири ҷалби духтарон ба таҳсилоти миёна ва олӣ ба миён омадааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон бахшида ба муносибати Рӯзи дониш санаи 1 сентябри соли 2024 ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд намуданд, ки хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад.
Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки дар соли 2023 аз шумораи хатмкардагони синфи 9 қариб 26%-и онҳо таҳсилотро давом надодаанд. Аз ин рӯ, сардори давлат қайд намуданд, ки аллакай дастур дода шудааст, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, масъалаи идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад. Акнун дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, уҳдадоранд, ки таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ идома дода, соҳибкасб шаванд.
Ин иқдоми Пешвои миллат баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои пешгирифтаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Баҳри дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат Э. Раҳмон дар бахши зиёд кардани кадрҳои баландихтисосу роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 қабул гардидааст. Ҳадафи асосии барномаи мазкур то 25% расонидани шумораи занони роҳбарикунанда ва то 30% расонидани шумораи занон-хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Ҳоло сохторҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ созмонҳои байналмилалӣ ба зиёд кардани шумораи занони роҳбар ҳавасманданд. Ҳизбҳои сиёсии мамлакатамон дар Стратегияи гендерии худ назди худ вазифа гузоштаанд, ки шумораи номзадҳоро ба вакилии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ то 30-40% зиёд кунанд. Ба таҳсил фаро гирифтани шумораи зиёди духтарон эҳтимолияти пайдо кардани духтарони босавод ва кордонно зиёд мегардонад.
Дар 7 соли охир фоизнокии фарогирии духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ аз шумораи умумии духтарон зиёд шуда бошад ҳам, кор дар ин самт беҳбудӣ мехоҳад.
Дар ин баромадашон сарвари давлат чунин таъкид намуданд: “Мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд. Мо набояд бо дастони худ ояндаи худамонро барбод диҳем, ба амонати хеш хиёнат кунем ва фарзандони худро дидаву дониста бадбахт созем. Дигар ин ки мову шумо дар ин дунё абадӣ нестем”. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоди комил доранд ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонамонро аз онҳо умед доранд, аз ин хотир аз падару модари ҳар як фарзанд даъват ба амал меоранд, ки ба таҳсилоти фарзандонашон монеа эҷод накунанд, дар таълиму тарбияи онҳо масъул бошанд.
Моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011 падару модарро уҳдадор мекунад, ки ба таҳсили фарзанд дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд, ӯро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълим шароити муносиб муҳайё намоянд, донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд.
Барои вайрон намудани ин муқаррароти қонун ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст. Аз ҷумла, қисми 1 моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар мекунад: “Барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, - ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад”.
Қонуни ҷиноятӣ нисбати иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намудааст. Тибқи моддаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару модар ё шахси дигар, ки ин уҳдадорӣ ба зиммааш қонунан гузошта шудааст, инчунин аз ҷониби омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад, - бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад”.
Аз ин рӯ, падару модарон ва намояндагони қонунии кӯдак дар таътиму тарбияи ӯ масъулияти баланд доранд ва ҳуқуқ надоранд, ки бо рафтори бераҳмона садди роҳи таҳсилоти миёнаи онҳо гарданд.
Пешвои миллат дар баромадашон бахшида ба Рӯзи дониш аз падару модар ва намояндагони қонунии фарзанд даъват ба амал оварданд, ки ба фарзандон, пеш аз ҳама, ба духтарон илму дониш ва касбу ҳунар омӯзонида шавад, то онҳо дар зиндагии ояндаи худ – дар замонаи пешрафти илм, техникаву технологияҳои муосир ва асри зеҳни сунъӣ азият накашанд ва бори дӯши падару модар нашаванд. Ибоз гардид, ки ҳангоми сафарҳои корӣ ва боздид аз корхонаҳои дӯзандагӣ Пешвои муаззами миллат мушоҳида кардаанд, ки аксари коргарон занони миёнсолу калонсол мебошанд. Вақте пурсидаанд, ки барои чӣ дар вақташ нахондаанд, ки соҳиби илму дониш шаванд, бонувон дар ҷавоб иброз доштаанд, ки дар вақташ шароиту имконият надоштанд.
Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри илмомӯзии занону духтарон тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст.
Бо иқдоми маорифпарваронаи Пешвои миллат аз соли 1997 то инҷониб квотаи президентӣ амал менамояд, ки аз он духтарон аз деҳоти дурдасти мамлакат истифода бурда, дорои маълумоти олӣ мегарданд ва дар ноҳияҳои худ ба вазифаҳои роҳбарикунанда, корҳои давлатию хусусӣ аз рӯи ихтисоси худ ҷалб карда мешаванд. Ҳоло тахминан 13000 нафар духтарон аз ин имконияти муносиб истифода бурда, соҳибкасб гардидаанд ва дар рушду нумӯи кишварамон саҳми муносиб гузошта истодаанд. Ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки квотаи президентӣ ба духтарони деҳоти дурдаст аз рӯйи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, махсусан дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, саноат, энергетика, бонкдорӣ ва алоқа ҷудо карда шавад, зеро дар даҳсолаи охир дар тамоми минтақаҳои мамлакат сохтмони бинову иншоотҳои хурду бузург бо суръат ҷараён дорад, саноатикунонии кишвар ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ҳадафҳои стратегии кишварамон мебошанд, ҳаёти мардум бо низоми бонкию соҳаи алоқа вобастагии зиёд пайдо кардааст ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти онҳо хело зарурат дорад. Занон низ ба монанди мардон дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ буда, аз уҳдаи иҷрои корҳои масълиятнок ва душвор мебароянд. Ҷорӣ намудани баъзе маҳдудиятҳо ҷиҳати истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнину зеризаминӣ танҳо мақсадаш ҳифзи модарӣ ва солимии насли оянда мебошад.
Маълум аст, ки ҳар як ноҳия дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, эҳтиёҷотҳои гуногун ба мутахассисон дорад, аз ин рӯ дар Барнома мақсад гузошта шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор таҳқиқот ҷиҳати муайян намудани талаботи минтақа ба ин ё он ихтисос гузаронида шавад.
Мо итминони комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, масъулияти қонунии худро дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҷо меоранд ва уҳдадорӣ ҷиҳати идома додани таҳсилоти миёнаи духтарон ба зиёд гардидани шумораи бонувони соҳибмаълумоту соҳибкасб оварда мерасонад. Бо ин роҳ ба мақсадҳои рушди устувор расидан ва амалӣ гардидани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд расидан мумкин аст.
Ҷабборов Ф.Н. – ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.