Мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари ғамхору раҳнамои худ бо барқарорсозии сулҳу осоиш ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ роҳ ёфта, имконоти дар чаҳорчӯби қонун ҳаллу фасл намудани ихтилофоти дохилиро нишон доданд.
Маҳз бо баракати сулҳу оштӣ якпорчагии Ватани азизи мо ҳифз гардида, имкони ба роҳ мондани зиндагии осоишта, амнияту ваҳдати сартосарӣ ва гузаронидани чорабиниҳои бузурги умумимиллӣ, ки ба тарғибу ташвиқи ғояҳои муттаҳидкунанда, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносию худогоҳии мардум равона гардида буданд, ба даст омад.
Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки қувваҳои солими ҷомеа, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, сохторҳои фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муттаҳид созад.
Иштироки фаъол ва саҳми арзандаи Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва давлатҳои нозир чун Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои исломии Эрон, Афғонистон ва Покистон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар созмону давлатҳо низ, пеш аз ҳама, аз талоши сулҳҷӯйӣ, дасту дили поки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин аз сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдтар ба сатҳи «сиёсати бисёрсамтӣ» бардошта шуд, сарчашма мегирифт.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Таҷрибаи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ ва ҳалли ихтилофи дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва ҳоло барои пешгирии чунин моҷароҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад.
Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион нафар гурезаҳо ва ташкил кардани ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид.
Аз ҷумла, Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки он солҳо ба таври мунтазам ва огоҳона раванди сулҳи тоҷиконро пайгирӣ мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ таъкид намуда буд, ки «таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад». Ва барои чунин натиҷагирӣ далел ҳам дошт. Зеро сулҳи Тоҷикистон яке аз амалиётҳои бобарори сулҳофаринии СММ ба шумор меравад. Муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар кишвари мо дар кӯтоҳтарин муддат дар севуним сол ё 1171 рӯз ба сулҳу оштӣ расид. Ҳол он ки низоъҳои дигар, аз қабили низоъҳои арабҳову исроилиён, инглисиҳову ирландиҳо, покистониҳову ҳиндиҳо, қазияи Афғонистон ва ғайра солҳои сол идома доранд.
Сабаби аслии барори фаъолияти сулҳофаринии СММ дар Тоҷикистон, ба назари мо, дар он буд, ки талошҳои сулҳхоҳонаи саривақтии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба манфиатҳои миллии худи тоҷикон ва кишварҳои манфиатдори қазияи Тоҷикистон созгор омад. Идомаи муқовимати мусаллаҳона на танҳо ба манфиати тарафҳои даргири тоҷик набуд, балки ба манфиатҳои кишварҳои минтақа низ рост намеомад.
Далели он ки тарафҳои даргири қазияи Тоҷикистонро маҳз дарки зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба сулҳу оштӣ ба музокирот водор сохта буд, ин аст, ки дар муҳимтарин санадҳое, ки дар ҷараёни музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буданд, як нукта гаштаю баргашта таъкид ёфтааст, ки тарафҳо «барои таъмини риояи манфиатҳои олии халқ ва давлати тоҷик азми қатъӣ дошта, бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомию сиёсӣ ва масъулияти бузурги худ барои ояндаи халқ ва давлати тоҷик... ба созиш расиданд». «Мо - гуфта буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кобул рӯзи 19 марти соли 1995 - манфиатҳои олии мардуми тоҷик ва мамлакати азияткашидаамонро ба инобат гирифта, ба хотири ноилшавӣ ба сулҳу ризоият дар Тоҷикистон, муҳайё сохтани шароити мусоид барои ободонию шукуфоии ҳақиқии Ватан... мулоқот доир сохтем».
Манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арафа ва рафти музокироти сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, аз ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ ва давлатдории тоҷикон иборат буд. Зеро дар он вақт, хатари ҷиддии аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва навбунёди Тоҷикистон, халалдоршавии тамомияти арзии он ва ба минтақаву маҳалҳои ҷудогона қисмат шудани он таҳдид мекард.
Хушбахтона, тарафҳои даргири тоҷикон ба шарофати ақлу фаросати меросиашон сари вақт дарёфтанд, ки ҷанг роҳи ҳалли мушкилашон нест, балки наҷоти миллат, кишвар ва давлаташон дар сулҳу оштӣ ва дар ҳамдигарфаҳмию якпорчагист.
Мо аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои ҷаҳониён намунаи ибрат буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст. Таърих кам ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муҳлати кӯтоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир боз ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ дода, ба хотири бақои давлат, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ бо ҳам муттаҳид гардида, фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди давлати хешро ба ободии кишвар равона карда бошанд.
Аз ин хотир, имрӯз ва минбаъд тамоми неруҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди солимфикри Тоҷикистони азиз бояд дастовардҳои сулҳ, истиқлоли давлатӣ ва асосҳои давлатдории миллии тоҷиконро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои таъмин намудани рушду нумӯъ ва пешрафту шукуфоии Ватани аҷдодӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаю созандаи мардум пайваста ҷаҳду талош намоянд.
Номзади илмҳои техникӣ ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и
Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Худойбердизода Саидмири Убайдулло
Ҳамасола 10-уми август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз, на танҳо арҷгузорӣ ба варзишгарони шуҷоъ ва мураббиёни содиқ аст, балки як паёми рӯшан барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди маънавӣ ва ҷисмонии ҷомеа ба шумор меравад.
Дар шароити муосир, ки ҷаҳони муосир бо чолишҳои зиёди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ аст, нақши варзиш дар тарбия ва рушди инсони комил беш аз пеш аҳамият пайдо кардааст. Варзиш танҳо мубориза дар майдон нест, балки он мадрасаи ирода, масъулият ва ватандӯстист.
Дастгириҳои Пешвои миллат -пояи рушди варзиши миллӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Бо роҳнамоӣ ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат, варзиш дар Тоҷикистон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ табдил ёфтааст.
Аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то имрӯз, тавассути барномаҳои давлатӣ, дастгирии инфрасохторӣ ва ташкили мусобиқаҳои варзишии сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, шароити зарурӣ барои рушди ҳамаҷонибаи варзиш фароҳам гардидааст. Бунёди варзишгоҳҳои муосир, толорҳои бисёрсамта, майдончаҳои варзишии маҳаллӣ, пойгоҳи олимпӣ, ва клубҳои варзишии кӯдакона аз ин дастгирии пайваста шаҳодат медиҳад.
Ҷавонони тоҷик имрӯз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат имконият доранд дар арсаи байналмилалӣ ширкат варзида, парчами Тоҷикистони азизро баланд бардоранд. Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои Осиёӣ, ҷаҳонӣ ва олимпиадаҳо натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд, ки натиҷаи сиёсати варзишпарваронаи давлат аст.
Нақши муҳими Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди соҳаи варзиш
Шаҳри Душанбе — маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишии кишвар, дар тӯли солҳои охир ба як қутби калони рушди варзиш табдил ёфтааст. Дар ин раванд, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, худ шахсияти варзишӣ ва ғолиби чандин мусобиқаҳои муҳими кишварӣ, дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш саҳми бевосита ва муассир гузоштаанд.
Бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳр, дар пойтахт садҳо майдончаи варзишӣ барои наврасону ҷавонон, иншооти муосири варзишӣ, марказҳои омодагии варзишӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, ва инфрасохторҳои фарогири варзишӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Баргузории мусобиқаҳои мунтазам, аз ҷумла “Дави миллӣ”, “Пойгаи велосипедронӣ”, “Бозиҳои мактаббачагон”, “Спартакиадаи шаҳрӣ” ва дигар чорабиниҳои оммавӣ, ҷиҳати ҷалби насли наврас ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, дар сиёсати шаҳр мавқеи марказӣ доранд. Ин тадбирҳо боиси болоравии сатҳи иштироки ҷавонон дар варзиш ва дур шудани онҳо аз омилҳои манфии иҷтимоӣ шудаанд.
Варзиш — василаи тарбияи ватандӯстиву худшиносӣ
Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар, варзиш бояд ҳамчун василаи муҳими тарбияи ватандӯстӣ, солимфикрӣ ва худшиносии миллӣ истифода бурда шавад. Ба варзишгарони мо зарур аст на танҳо дар майдонҳои мусобиқа, балки дар ҳаёти ҳаррӯза низ намунаи ахлоқ, низом ва садоқат бошанд.
Зеро ҳар як ғалабаи варзишгар, ҳар як медали тилло, нуқра ё биринҷӣ ин танҳо як мукофот нест. Ин ифтихори миллӣ, шарафи давлат ва намунаи ифтихор барои миллионҳо шаҳрвандон аст.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба як мактаби муҳим барои тарбияи кадрҳои ҷавон ва мутахассисони соҳа табдил ёфтааст.
Ба ифтихори Рӯзи варзишгарон ба ҳамаи қаҳрамонон ва мураббиёни соҳаи варзиш, кулли дӯстдорони ҳаёти солим ва фаъолони тарбияи ҷисмонӣ муборакбод мегӯем. Бигзор ҳамеша дар дилу ҷисми Шумо қувват, нерӯ, ирода ва муҳаббат ба Ватан ҳукмфармо бошад!
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 - уми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бо назардошти муҳимияти масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои обӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ таи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардиданд, ки ҳамаи онҳо бо қатъномаҳои Маҷмаи Умумии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ қабул карда шуданд, аз ҷумла:
- соли 2003 эълон шудани “Соли байналмилалии оби тоза”;
- эълон шудани даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”;
- эълони “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”;
- эълони даҳсоли байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,2018-2028”);
-эълони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025”;
-эълони даҳсолаи байналмилалии илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034.
Ду иқдоми нав, яъне «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Даҳсолаи байналмилалии омӯзиши илмҳои криосферӣ, солҳои 2025-2034”, ки бештар ба омӯзиши пиряхҳо ва ҷузъиёти дигари қишри криосфера, равона гардидаанд. Бо назардошти таҳаввулоти иқлимии минтақаи моро фаро гирифта, омӯзиши дақиқи криосфера ва сабабҳои обшавии босуръати пиряхҳо дар давоми даҳсолаҳои охир аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Сабабҳои обшавии пиряхҳо гуногун буда, яке аз сабаби асосӣ ин албатта гармшавии глобалии ҳарорат дар руи замин мебошад вале дар баробари ин якчанд сабабҳои дигар низ ба ин раванд таъсиргузор мебошанд.
Афзоиши истихроҷи сарватҳои табиӣ, ки рушд ва некуаҳволии ҷомеъа бо он пайвастагии ногусастанӣ дорад, яке аз омилҳои таъсиррасон ба ин раванд дониста мешавад. Бинобар афзоиши талаботи иқтисодиёти ҷаҳон ба сарватҳои табиӣ, хусусан ашёи минералӣ ҳамасола ҳаҷми корҳои вобаста ба истифодабарии қаъри замин зиёд гашта, таъсиррасонии техногенӣ ба муҳити зист тамоюли бештарро касб намуда истодааст.
Дар кишвари мо низ баъд аз эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат ҳаҷми корҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок бо суръат афзоиш ёфта, шумораи зуҳурот ва конҳои канданиҳои фоиданок ба маротиб зиёд шуда истодаанд. Ин раванд дар мисоли зиёдшавии корхонаҳои истихроҷи ангишт ва истеҳсоли семент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло мушоҳида мегардад. Айни замон истихроҷи ангиштсанг дар конҳои Шӯроб, Назар Айлоқ, Кафтархона, Фан-Яғноб, Ғузн, Зиддӣ, Ҳакимӣ, Сайёд ва Даштиҷум бо усулҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми истихроҷи солонаи ангишсанг дар соли 2024 то ба 2 млн. 300 ҳазор тонна расонида шудааст.
Истихроҷи ашёи минералӣ барои истеҳсоли семент бошад дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, Ваҳдат, Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ёвон ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат босуръат идома дорад . Истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ ба 4 млн. 300 ҳазор тонна дар соли 2024 баробар шуда, қисме аз он ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Албатта дастовардҳои зикргардида назаррас буда аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин муваффақиятҳо заминаи хубро барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии сокинони мамлакат фароҳам меоварад, зеро чунин лоиҳаҳо барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлат мусоидат менамоянд.
Вале набояд фаромуш кард, ки риояи талаботи қоидаҳои бехатарии экологӣ ва андешидани чораҳо баҳри пешгирӣ ва кам кардани оқибатҳои таъсири манфии корҳои истихроҷӣ ба табиат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як истифодабарандаи қаъри замин ба шумор меравад.
Дар аксари объектҳои дар боло зикргардида истихроҷи ангишт ва маводи сементӣ бо усули руизаминӣ ё кушода иҷро карда мешаванд, ки ин ба ҳолати муҳити зисти табиӣ аз ҷумла ба пиряхҳо бетаъсир буда наметавонад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми иҷрои корҳои истихроҷи руизаминӣ бо истифода аз маводи тарканда, ҳаҷми зиёди кандании фоиданок ва ҷинсҳои куҳӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчонида шуда, бутунӣ ва устувории қитъаҳои алоҳида вайрон мегарданд ва ба атмосфера чанг, оксидҳои карбон ва нитроген, ангидриди сулфат, карбогидридҳо ва дигар газҳои ғализ партофта мешаванд. Ин ҳама ба ифлосшавии кимиёвӣ ва воқеъии муҳити зист яъне ҳавои атмосфера, обҳои руизаминӣ ва зеризаминӣ, қитъаҳои алоҳидаи замин, нестшавии бошишгоҳҳои ҳайвонот ва растаниҳо оварда мерасонад.
Бо назардошти хусусиятҳои таъсиррасонии ин корҳо ба табиат, гуногуншаклӣ ва бузургҳаҷмии онҳо ҳар як истифодабарандаи қаъри замин барои эмин нигоҳ доштани муҳити зист аз оқибатҳои манфии корҳои зикргардида бояд аз паи таъсис додани шабакаи мушоҳидавии экологии босамари замонавӣ шавад. Ҷиҳати ба даст овардани маълумоти инъикоскунандаи ҳолати воқеъӣ дар мавзеъҳое, ки истихроҷи ангиштсанг ва маводи сементӣ ба роҳ монда шудаанд, бояд мушоҳидаҳои махсуси маҷмуӣ бо мақсади муайян намудани ифлосшавии ҳавои атмосфера, замин ва обҳои табиӣ гузаронида шаванд, то ин, ки қитъаҳои бештар зарардида ошкор карда шуда, барои солимгардонии онҳо чораҳои мақсадноки саривақтӣ андешида шаванд.
Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни фаъолияти истеҳсолӣ таъмини пурраи бехатарии экологӣ мутаасифона имконнопазир аст, яъне таъсис додани раванди бехатарии экологии мутлақ дар кони кандании фоиданок ғайриимкон аст. Вале ин набояд истифодабарандагони қаъри заминро водор намояд, ки аз уҳдадориҳои ба зимма доштаашон дар таъмини бехатарии экологӣ сарфи назар намоянд ва онҳо корро тавре бояд ба роҳ монанд, ки хатари паҳншавии партовҳои зараррасон ба муҳити зист аз байн бурда шавад.
Барои ноил шудан ба ин мақсад бояд дар объектҳои корӣ воситаҳои техникии санҷишии ҳолати муҳити зист насб карда шуда, санҷиши мунтазами ҳама гуна воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти иктишофи геологӣ ва истихроҷии куҳӣ гузаронида шаванд. Инчунин таҷҳизоти муосир ва замонавӣ харидорӣ карда шуда, чорабиниҳое, ки барои ба даст овардани тавозун байни фаъолияти истеҳсолии корхона ва муҳити зист равона шудаанд, татбиқ карда шаванд.
Абдусалом Маҳмадалиев, номзади илмҳои геология ва минералогия,
сарходими илмии озмоишгоҳи МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
12-уми июни соли 2025 оид ба татбиқи сиёсати «Осмони кушод» дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тибқи он, принсипи баробарӣ байни ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ ва хориҷӣ муқаррар гардид. Ҳоло дар доираи татбиқи сиёсати «Осмони кушод» барои дастрасии озод ва фарогир ба бозори хизматрасониҳои авиатсионӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоии сершумор шароит фароҳам оварда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон барои рушди соҳаи авиатсия ва беҳтар намудани шароити авиатсионӣ бо бисёр кишварҳои ҷаҳон шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расондааст. Дар доираи татбиқи ин созишномаҳо ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ барои зичии парвозҳо ва ё маҳдудияти хатсайрҳо дастрасӣ пайдо карданд. Дар навбати худ, қарори қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Осмони кушод» озодии ҳаракати ҳавоиро фароҳам меорад ва дастрасӣ ба озодиҳои сеюм ва чорумро (парвозҳои байналмилалӣ) кафолат медиҳад.
Мафҳуми дараҷаи «сеюм» ва «чаҳорум»-и озодӣ дар заминаи татбиқи сиёсати «Осмони кушод» маънои ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ фароҳам овардани имкони анҷоми парвозҳои байналмилалӣ байни кишварҳои гуногунро дорад. Ин «дараҷаҳои озодӣ» қоидаҳоеро ифода мекунанд, ки тартиби кори ҳаракати ҳавоӣ, масирҳо ва самтҳои онро муайян месозанд.
Татбиқи сиёсати «Осмони кушод» ба рушди комплекси авиатсионии кишвар дар самтҳои зерин мусоидат мекунад:
Якум, он муҳити рақобатро фаъол мекунад – ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллию байналмилалӣ, бидуни маҳдудият дар шумораи парвозҳо ва зичиҳо дар хатсайрҳои муайян озоданд. Дар натиҷа, нархи чиптаҳо коҳиш ёфта, сифати хизматрасонӣ беҳтар мегардад: дар заминаи рақобати афзоянда, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба беҳтар кардани хизматрасониҳо, пешниҳоди хизматрасониҳои иловагӣ ва бароҳат шуруъ мекунанд.
Дуюм, афзоиши мусофиркашонӣ: ширкатҳои ҳавопаймоӣ имкон пайдо мекунанд, ки парвозҳои байналмилалиро озодона анҷом диҳанд, ки ин боиси афзоиши мусофиркашонӣ мегардад. Осмони кушод барои сода кардани дастрасии хатсайрҳои байналмилалӣ барои шаҳрвандон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, талаботро ба парвозҳои ҳавоӣ, аз ҷумла ба сайёҳон афзоиш медиҳад. Афзоиши шумораи парвозҳои мустақим барои баланд бардоштани сатҳи ҷолибияти мусофирон, ки ба саёҳати қулайтар ва зудтар манфиатдоранд, мусоидат мекунад.
Сеюм, рушди инфрасохтори авиатсионӣ: афзоиши шумораи парвозҳо ва интиқоли мусофирон зарурат ё талаботро барои такмил ва навсозии инфрасохтори авиатсионӣ - фурудгоҳҳо, терминалҳо, хатҳои парвоз ва ғайра ба вуҷуд меорад. Кишварҳое, ки ба созишномаҳои “Осмони кушод” дохил мешаванд, маҷбуранд фурудгоҳҳоро навсозӣ кунанд, барои васеъ намудани иқтидорҳо чораҳо андешанд.
Чорум, дар натиҷаи татбиқи сиёсати «Осмони кушод» рушди иқтисодии маҷмааи авиатсионии кишвар дар заминаи фаъол гардондани раванди ҷалби сармоя ва баланд бардоштани сатҳи ҷолибияти сармоягузорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ таъмин мегардад. Воқеан, дар кишварҳое, ки ҳаракати ҳавоӣ рушд кардааст, таъмини инфрасохтор ва ҷараёни сармоягузории хориҷӣ бештар мусоид ва дастрас мегардад, ҳаракати ҳавоӣ ба ҳаракати сармояи байналмилалӣ, сайёҳон мусоидат мекунад, ки ин омили таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва некуаҳволии мардуми кишварҳои қабулкунанда мебошад.
Панҷум, раванди интернатсионализатсияи соҳаи авиатсия пурзӯр мегардад, ба шабакаи байналмилалӣ зичтар муттаҳид шудани соҳаи авиатсияи кишвар вусъат меёбад. Дар натиҷа, сатҳи фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ боло рафта, доираи фаъолияти иқтисодии ширкатҳои ҳавопаймоӣ васеъ ва мавқеи онҳо дар бозорҳои байналмилалии хизматрасонии авиатсионӣ пайдо мешавад. Ҳамкорӣ ва шарикиро байни ширкатҳои ҳавопаймоии гуногун, аз ҷумла тавассути созишномаҳои кодшерӣ ҳавасманд мекунад.
Шашум, дигаргунсозӣ дар боркашонӣ. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати «Осмони кушод» на танҳо нақлиёти ҳавоии мусофирбар, балки боркашонӣ, низ имтиёз ба даст меорад. Ифтитоҳи парвозҳо ва хатсайрҳои нав имкон медиҳад, ки ҳамлу нақли борҳо васеътару самаранок шавад ва ба ин васила татбиқи стратегияи ба содирот нигарондашудаи субъектҳои хоҷагидор фаъол гарданд, амалиёти содироту воридот ҳам вусъат ёбад.
Дар маҷмуъ, татбиқи сиёсати «Осмони кушод» барои рушди на танҳо комплекси авиатсионии кишвар шароити нав фароҳам меоварад, балки ба рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан ба тезондани ҳаракати одамон ва молҳо низ таъсири калон мерасонад. Сифати инфрасохтори маҷмааи авиатсионӣ, мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ, ташаккули нархҳои қобили қабули хизматрасониҳои авиатсиониро беҳтар намуда, ба татбиқи иқтидори транзитии кишвар, рушди сайёҳӣ ва тиҷорати байналмилалӣ мусоидат мекунад. Ин дар ҳолест, ки нақш ва аҳамияти танзими фазои ҳавоии кишвар тавассути такмили механизми назорат аз болои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Зеро сиёсати “Осмони кушод” имкони вуруди озоди ширкатҳои ҳавопаймоии бузурги байналмилалиро фароҳам меорад, ки метавонад ба вобастагии аз ҳад зиёди ҳаракати ҳавоии миллӣ аз бозигарони хориҷӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, назорати тарифҳо ва амалияи тиҷоратӣ бояд ба ҷорӣ намудани меъёрҳо ва қоидаҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ равона гардад, то аз демпинги нархҳо амалҳои нодуруст, ки метавонад ба ширкатҳои маҳаллӣ таҳдид кунад, пешгирӣ шавад. Механизмҳои иҷозатномадиҳӣ ва танзим, муқаррар намудани стандартҳо ва расмиёти возеҳ барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки мехоҳанд дар бозор фаъолият кунанд, муҳим мебошанд. Андешидани чораҳои қонунӣ ҷиҳати пешгирии консентратсияи аз ҳад зиёди бозор, ки ба пешгирии монополизатсияи хатсайрҳои асосӣ аз ҷониби интиқолдиҳандагони байналмилалӣ нигаронда шудаанд, ба ин васила тамаркузи аз ҳад зиёди бозорро пешгирӣ мекунад.
Раҳмон Юсуф Азим, номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории
Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
"Мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне Истиқлолу Ваҳдати миллӣ газанд ёбад".
Эмомали Раҳмон
Минтақаи Осиё аз маконҳои фаровон аз манобеъи табиӣ, обу дарёҳо, кулу куҳҳои осмонбӯс мебошад, ки коркарду истифодаи дурусти онҳо ба нафъи ҳамаи халқҳои ҷаҳон хоҳад буд. Зимнан, минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои 8 кишвари муҳими минтақавӣ мебошад, ки миёни онҳо кишварҳои Ҳиндустону Покистон бо корбурдҳои иқтисодиву тиҷоративу фарҳангиву сиёсии худ нақши муҳимтар мебозанд.
Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири ширинсухан, раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо Мирзо Турсунзода бо сафарҳои илмиву адабӣ бештар Осиё Марказиву Осиёи Ҷанубӣ хусусан Тоҷикистону Покистону Ҳиндустон сафар карда, дар асарҳояш, аз ҷумла “Садои Осиё” қиссаҳо гуфта, таъриху тамаддуну фарҳанги мурдумони инҷоро мавриди баррасии хос қарор додааст. Мирзо Турсунзода чун мубориз ва мубаллиғи сулҳу дӯстиву амонӣ ва ғояҳои башардӯстӣ борҳо ба инҷо сафар намуда, дар таҳкиму тақвияти сулҳу дӯстии мамлакатҳо хизматҳои беназир кардааст.
Дар ин зимн, минтақа бо тақсимбандии ҷуғрофии худ ба давлатҳои гуногун ҷудо шуда, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани пайвандҳои муштараки адабу фарҳангу забону таърих, лоиҳаву барномаҳо дар коркард ва мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ мебозанд. Тибқи санадҳо робитаи Шибҳи Қораи Ҳинд бо Осиёи Марказӣба асри III пеш аз милод рост омада, ҳарду ба воситаи Роҳи Абрешим, ки на танҳо шоҳроҳи воситаи ҳамлу нақли мол хидмат мекард, балки ба нашру таблиғи андешаву ақидаҳои фалсафӣ, динӣ ва тафаккурро мусоидат менамуд, пайванди қадимӣ доранд.
Мавриди зикр аст, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ солиёни дароз дар зери султаи Бтирония буда, баъд аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар санаҳои гуногун озод гардиданд. Ҳамин тариқ, 5 кишвари Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон бо фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ низ истиқлолият ба даст оварданд.
Истиқлолу озодӣ неъмати бебаҳоест, ки ҳар қавму миллат барои дарёфти он аз равишу роҳҳои дурусту муносиб, муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо ва ватандӯстиву ватансозӣ истифода карда, саҳм мегузоранд. Нуктаи муҳим дар мубориза барои озодихоҳӣ ин доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро месозад. Тавассути роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи ин ё он шахси соҳибмаърифат қавм ё миллат дар таърих номи худро боқӣ мегузорад. Бо фарорасии ин санаи таърихӣ Истиқлоли кишварҳо ҷашн гирифта, мақому мартабаи миллат ва шуҳрату бузургии онҳо бештару беҳтар муайян мегардад. Дар ин санаи таърихӣ аз саҳми бузургону шахсиятҳое, ки ба рушди фарҳангу таъриху тамаддун нақш доштанд, ёдоварӣ мешавад.
Ҳамин тавр, дар моҳи август ва сентябр кишварҳои Тоҷикистону Покистону Ҳиндустон ин санаи таърихиро ҷашн мегиранд, ки хело хотирмон ва пуршукӯҳ мебошад.
Дар ин зимн, дар сомонаи FP Explainers зери номи “Independence Day: Why Pakistan celebrates freedom a day before India” -Рӯзи Истиқлолият-чаро Покистон ҷашни истиқлолро як рӯз пеш аз Ҳиндустон ҷашн мегирад, ишораҳои оварда шудааст.
Нимаи моҳи августи соли 1947 кишварҳои Ҳиндустону Покистон аз асорати Бритониё озод шуда, истиқлолият ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, санаи 14 август соли 1947 Покистон ва санаи 15 августи соли 1947 Ҳиндустон расман истиқлолияти худро эълон карданд. Шояд саволе пайдо шавад, ки чаро Покистон 14-ум ва Ҳиндустон 15-уми август ҷашн мегиранд?
Бояд зикр кард, ки ин ду кишвар дар соли 2025 нимаи моҳи август 78-умин Рӯзи истиқлолиятро ҷашн мегиранд. Моҳи августи соли 1947 роҳбарияти онвақтаи Англия Ҳиндро ба ду давлати мустақил яке бо номи Ҳиндустон ва дигаре бо номи Покистон таъсис доданд. Тибқи сомонаи “firstpost” санади истиқлолият 18 моҳи июли соли 1947 эъломия қабул шуд, ки дар натиҷаи он Ҳиндустону Покистонро ба вуҷуд овард. Дар он чунин омадааст: "Аз понздаҳуми августи нуҳсаду чилу ҳафтум, дар Ҳиндустон ду Доминиони мустақил мутаносибан бо номи Ҳиндустон ва Покистон барпо мешаванд."
Ҳамин тариқ, нимаи моҳи август ҳар ду кишвар расман чун ду кишвари мустақил эълон шуда, пазируфта шуданд. Истиқлолияти ин кишварҳо маънои поёни ҳукмронии Бритониё, оғози худидоракунӣ ва демократия ва натиҷаи қурбониҳои муборизони бешумори роҳи озодй мебошад.
Адабиётшиноси тоҷик профессор Ҳабибулло Раҷабов дар муқаддимаи китобаш зери номи “Ҳиндустон кишваре, ки бояд дид” роҷеъ ба озодии кишварҳои Ҳиндустону Покистон чунин қайд кардааст: “Ҳамин тариқ, ниҳоят муборизаи озодихоҳонаи мардуми Ҳинд ба поёни дилхоҳи худ расид ва пирӯзӣ насиб гардид.15 августи соли 1947 соати 12-и шаб Ҷавоҳирлол Неҳру- аввалин сарвазири Ҳиндустони озод парчамро болои Қалъаи Сурхи шаҳри Деҳлӣ баланд бардошт ва ба ҳиндустониҳо ва ҷаҳониён соҳибистилол шудани Ҳиндустонро эълон кард”[1]. Ба андешаи ӯ мамлакат мутобиқ ба анъанаҳои миллӣ ва ҷонибдорӣ ба динҳои мухталиф, аз ҷумла ба динҳои ҳиндуия ва ислом, ба ду давлати мустақил-Ҳиндустону Покистон тақсим шуд.
Шоҳида Қозӣ, рӯзноманигори покистонӣ дар сӯҳбат бо рузномаи The Express Tribune гуфтааст: "Агар мантиқан ба таърих назар андозем, 15 август рӯзе аст, ки мо мардуми Покистон истиқлолияти худро низ ҷашн гирем." Мутобиқи рӯзномаи The Express Tribune роҳбарони давр, аз ҷумла Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ кабинаи ташкилшудаи Покистон субҳи 15 августи соли 1947 савганд ёд карданд. Нахустин маркаҳои хотиравии почта моҳи июли соли 1948 ба табъ расида, дар он 15 августи соли 1947 қайд шудааст.
Зимнан қайд бояд кард, ки 15 августи соли 1947 рӯзи ҷумъаи охирини моҳи шарифи Рамазон буд. Собиқ сарвазири Покистон дар китобаш “The Emergence of Pakistan” (Эҷоди Покистон), ки соли 1967 чунин навиштааст: "Понздаҳуми августи соли 1947 охирин ҷумъаи моҳи Рамазон буд. Дар ин рӯз Қоиди Аъзам Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ба ҳайси Роҳбар пазируфта, парчами кишвар барафрохта шуд ва Покистон дар харитаи ҷаҳон пайдо шуд».
Инҷо талош шуд, то ба чанде аз ин омилҳо ишора шавад. Мавриди зикр аст, ки 14 августи соли 1947 лорд Маунтбаттен дар маҷлиси муассисони Покистон дар шаҳри Карочӣ суханронӣ намуда, нимашаби 15 август қудратро ба Ҳинду Покистон интиқол дод. Ӯ санаи 14 август аввал қудратро ба Покистон интиқол дод, сипас ба Деҳлӣ сафар кард.
Муаррихи маъруфи покистонӣ Хуршед Камол Азиз чунин қайд кардааст: "Ҳокимиятро мебоист шахсан ба кишварҳои нав, ки намояндаи ягонаи шоҳи Бритониё дар Ҳиндустон буд, интиқол дод. Лорд Маунтбаттен дар як замон дар шаҳрҳои Карочӣ ва Деҳлӣ имкони иштирок карданро надошт... Аз ин сабаб, рӯзи 14 август, вақте ки ӯ замони дар шаҳри Карочӣ ва муовини сарвазири Ҳиндустон буданаш, қудратро ба Покистон интиқол дода, ин санаро эълон кард."
Тибқи ин санад, Ҳиндустону Покистон 15-ми августро чун рӯзи истиқлолият ҷашн гирад. Вале кишвари Покистон дар соли 1948, таҷлили ҷашни истиқлолияташро бо омилҳои гуногун аз ҷумла эҳтиром гузоштан ба ҳувияти миллӣ ба 14 август иваз кард.
Бино ба гузориши рӯзномаи "India Today" бархе аз раҳбарони Покистон бо сабаби эътимоду эҳтиром ба расму оини худ пешниҳод карданд, ки рӯзи истиқлолиятро қабл аз Ҳиндустон таҷлил кунанд. Ҳамин тариқ, ҳайати вазирон дар охири моҳи июни соли 1948 таҳти роҳбарии сарвазири вақт Лиёқат Алихон ҷаласаи машваратӣ барпо намуданд, ки дар натиҷа ҳамасола 14 август чун Рӯзи ҷашни Озодӣ таҷлил шавад.
Дар ин зимн, рӯзноманигор Қозӣ андешаҳояшро ба The Express Tribune чунин баён намудааст: "Чаро раҳбарони Покистон тасмим гирифтанд, ки рӯзи 14-ум таҷлил кунанд, албатта як достони дигар аст. Аммо эҳтимоли зиёд он аст, ки онҳо ба хотири марому мақсуди манфиатҳои миллии худ онро пазируфтанд”.
Бинобар ба қавли Ёсир Латиф Ҳамадонӣ, муаллифи китоби Ҷиноҳ , “Ҷиноҳ он рӯзҳо тавонӣ санаи истиқлолро иваз карданро надошт, зеро ӯ дар он вақт аллакай дар бистари беморӣ қарор дошт”. Ба андешаи ӯ бо вуҷуди ҳамаи он, Покистон як қавму миллати навин буда, ҳақ дорад ҳувияти худро хуб дарк карда, ба манфиати он бештару беҳтар маслиҳату машваратҳои муфид ироа намояд .
Як назария вуҷуд дорад, ки шабҳои 14 ва 15 августи соли 1947 ба рӯзи 27-уми моҳи шарифи Рамазон рост меомад, ки баробар ба даҳаи охири моҳи шариф Рамазон буд. Бо ҳамин сабаб Покистон 14 августро Рӯзи истиқлолияти худ интихоб кард.
Омили дигар инаст, ки соату вақти стандартии Ҳиндустон (IST) 30 дақиқа пештар аз вақти стандартии Покистон (PST) мебошад. Санаву замони эълони истиқлолият аз ҷониби роҳбарони Англия соат дар ҳудуи Ҳиндустон баробар ба 00:00 ва дар Покистон 14 август соати 23:30 буд, ки таносубан ба манфиати ҳар ду кишвар мебошад.
Тибқи сарчашмаҳои дигар Лорд Маунтбаттен 15 августи соли 1947 дар бораи озодии Ҳиндустон қарор қабул кард. Ба андешаи ӯ, ин санаро барои он интихоб кардааст, ки он ба солгарди дувуми таслими Ҷопон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мебошад. Маунтбаттен таъкид мекунад, ки интихоб ин сана муносиб ба хотимаи ҳукмронии Ҳиндустон аз ҷониби Бритониё мебошад.
Хулосаи калом ҳамасола санаи 14-уми август дар Покистон, 15-уми август дар Ҳиндустон ва 9-уми сентябр дар Тоҷикистон ҷашни истиқлолият бо як шаъну шукӯҳи миллӣ таҷлил мегардад, ки барои мардумони ин кишварҳо нишону мақоми волои соҳибхирадиву соҳибихтиёрӣ маҳсуб ёфта, барои он муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо кашиданд.
Бояд қайд кард, ки кишварҳои Тоҷикистону Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли СММ, МҲТБО, СҲШ ва СТҶ дар масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон нақши муҳиму созанда дошта, баҳри ҳифзи наслҳову васлҳо ҳамкориҳо доранд.
Зимнан, ду кишвари бузурги Осиёи Ҷанубӣ яъне Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли СММ, СҲШ ва МҲТБО метавонанд мухолифату муноқишаҳоро канор гузошта дар партави эҳтироми ҳамсоягӣ, дӯстии хуби роҳбарону муборизони роҳи озодӣ аз қабили Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ва Маҳатма Ганди бо таҷрибаҳои созандаи иқтисодиву саноативу тиҷоратии ҷаҳонии худ бо истифода аз мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон ҳамҷавориву ҳамгироиву ҳамкориро ба роҳ монда, минтақаро озоду орому обод ба макони файзбору фараҳбори ҷаҳон табдил хоҳанд дод.
Бешак минтақаи Осиё дорои имконот ва иқтидори зиёде ҳаст, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон метавонад дар ояндаи наздик аз он истифода кунанд. Бояд қайд кард, ки халқу миллатҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ барои пайванду рабти забониву адабӣ, ба хусус забони урду, ки чун духтари нозанини забони тоҷикӣ-форсӣ маҳсуб меёбад бо халқу миллатҳои кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон робитаи ногусатанӣ доранд.
Ҳамин тариқ, равобити иҷтимоӣ, адабӣ ва фарҳангӣ байни мардумони минтақа чун асосу асли иртиботии дипломатияи мардумӣ буда, дар тақвияти ҳамкориҳо миёни ин кишварҳо нақши калидӣ мебозад.
Ҳамин тариқ, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли форуму созмонҳои байналмилалӣ ба хусус СММ ва СҲШ зери модели “PEACE” тавассути Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу суботу созандагӣ Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ ва рушди микроэкономика ва макроэномикаи он Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳову ташаббусҳо Cooperation-ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ҳамзистӣ Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа мардумони минтақа ва ҷаҳонро дар сулҳу субот нигоҳ дошта ҳамкориҳоро миёни ҳам тавсеа ва тақвият хоҳанд бахшид. Зеро дӯстии халқҳо сол то сол қавитар шуда, ҳамасола роҳбарон ин кишвар дар ин ё он ҷашну маросимҳои расмӣ мулоқот карда, барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ талошҳо меварзанд. Ҳамин тавр, бояд қайд кард, ки истиқлолу озодии кишварҳо роҳ ба суи худшиносии онҳо буда, аз фурсати нек истифода карда, месазад мардумони ҳамаи кишварҳоро ба муносибати таҷлил ҷашни Истиқлоят табрику муборакбод бояд гуфт.
Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
[1] Раҷабов Ҳабибулло. Ҳиндустон кишваре, ки бояд дид. Душанбе: “Эрграф”,2023.-272 саҳ.С.15-16
(Бахшида ба Рӯзи варзишгарон - 10 август)
Натиҷаҳои назарраси варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз ҷумлаи самараҳои сиёсати давлат дар самти варзиш мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Шеъри "Варзиш"-и шоири муосири тоҷик Дониёр Сангинӣ аз фоидаҳои варзиш ҳамчун роҳи сарбаландӣ, қавӣ шудани ҷисм ва руҳ, ва муваффақият сухан мегӯяд. Дониёр Сангинӣ шоири муосири тоҷик аст, ки дар асарҳои худ мавзӯъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, аз ҷумла арзишҳои ҳаётӣ чун варзиш ва саломатӣро баррасӣ мекунад. Шеъри "Варзиш" аз силсилаи шеърҳои ӯст, ки ба фоидаҳои варзиш ҳамчун роҳи қавӣ шудани ҷисм, руҳ ва муваффақият таъкид дорад. Таҳлили илмӣ дар ин мақола бар пояи дидгоҳҳои муосири илмӣ дар бораи варзиш сурат мегирад. Мувофиқи пажӯҳишҳои тиббӣ варзиш на фақат ҷисмро қавӣ месозад, балки ҳолати равонӣ ва иҷтимоиро беҳтар мегардонад. Ин дидгоҳ бо паёми шеър ҳамоҳанг аст, ки варзишро ҳамчун пояи сарбаландӣ, саломатӣ ва зафар медонад. Далелҳои илмӣ аз пажӯҳишҳо гирифта шудаанд, ки варзишро ҳамчун воситаи афзоиши дарозумрӣ, ҳосилнокӣ ва хушбахтӣ медонанд. Илова бар ин, андешаҳои олимони байналмилалӣ ин паёмро тасдиқ мекунанд. Аз Осиё, Далай Лама (файласуфи ҳиндӣ) мегӯяд: "Рушди арзишҳои ботинӣ ба монанди варзиши ҷисмонӣ аст. Ҳар қадар қобилиятҳои моро омӯзиш диҳем, ҳамон қадар қавитар мешаванд".
Аз Аврупо, Сократ (файласуфи юнонӣ) таъкид дорад: "Ҳеҷ кас ҳақ надорад дар масъалаи омӯзиши ҷисмонӣ ҳаваскор бошад. Ин шарм аст, ки инсон пир шавад, бе дидани зебоӣ ва қуввае, ки баданаш қодир аст".
Аз Амрико, Ҷон Ф. Кеннедӣ (раҳбари амрикоӣ) мегӯяд: "Фитнеси ҷисмонӣ на фақат яке аз калидҳои муҳимтарини бадани солим аст, балки пояи фаъолияти зеҳнии динамикӣ ва эҷодӣ аст".
Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки аҳамияти варзиш ҳамчун неъмат ва сарват дар фарҳангҳои гуногун умумӣ аст.
Чун рӯ ба варзиш орӣ умре ту сарбаландӣ,
Дар байни халқи дунё ҳам шахси арҷумандӣ.
Дар ин байт, шоир варзишро ҳамчун роҳи сарбаландӣ ва арҷмандӣ дар байни мардум муаррифӣ мекунад. Аз нуқтаи назари адабӣ, инҷо истифодаи муқоиса (сарбаландӣ ва арҷмандӣ) барои таъкид ба арзиши иҷтимоии варзиш дида мешавад. Шеър варзишро ҳамчун пояи эҳтироми ҳаётӣ нишон медиҳад.
Аз дидгоҳи илмӣ, ин паём бо пажӯҳишҳо мувофиқ аст, ки варзиш эътимод ба худ ва мавқеи иҷтимоиро афзоиш медиҳад, зеро афроди фаъол дар ҷомеа муваффақтаранд. Масалан, таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки варзиш ба фаровонии иҷтимоӣ ва дарозумрӣ мусоидат мекунад. Аз Осиё, ҳикмати ҷопонӣ мегӯяд: "Фақат фаъол мондан шуморо мехоҳад, ки сад сол зиндагӣ кунед". Аз Аврупо, Платон таъкид дорад: "Набудани фаъолият ҳолати хуби ҳар инсонро нобуд мекунад, дар ҳоле ки ҳаракат ва варзиши ҷисмонии мунтазам онро наҷот медиҳад ва нигоҳ медорад". Аз Амрико, Томас Ҷефферсон мегӯяд: "Қувваи ҳавасмандкунандаи бадан варзиш аст, ва аз ҳамаи варзишҳо пиёдагардӣ беҳтарин аст".
Ҷисмат қавиву руҳат бувад солиму бардам,
Дар кору борат доимо дон ки ту зафармандӣ.
Инҷо шоир ҷисм ва руҳро ҳамчун солим ва бардам тасвир карда, варзишро ҳамчун калиди зафар дар корҳо муаррифӣ мекунад. Аз ҷиҳати адабӣ, ин байт истиораи қавӣ будани ҷисм ва руҳро барои нишон додани ҳамоҳангии ҷисмонӣ ва равонӣ истифода мебарад. Илман, ин бо пажӯҳишҳо ҳамоҳанг аст, ки варзиш ҷисмро қавӣ ва ҳолати равонӣро беҳтар месозад, масалан, тавассути кам кардани стресс ва афзоиши ҳосилнокӣ. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки варзиш ба муваффақият дар корҳо мусоидат мекунад. Аз Осиё, Дайсаку Икеда мегӯяд: "Саломатӣ на фақат набудани беморӣ аст. Саломатии ҳақиқӣ иродаи бартараф кардани ҳар гуна мушкилот ва истифодаи ҳатто ҳолатҳои бадтарин ҳамчун нуқтаи ҷаҳиш барои рушди нав аст". Аз Аврупо, Ҳиппократ мегӯяд: "Агар мо метавонистем ба ҳар шахс миқдори дурусти ғизо ва варзишро диҳем, на камтар ва на зиёдтар, мо роҳи бехатартарин ба саломатиро пайдо мекардем". Аз Амрико, Бенҷамин Франклин мегӯяд: "Гоҳ-гоҳ каме варзишро пеш аз ғизо истифода баред, масалан, чархиш бо вазн ё чархиши дастҳо бо вазни хурд дар ҳар даст".
Танат бардам, асаб ором созад,
Бадан зебову хушандом созад.
Шоир варзишро ҳамчун воситаи бардамӣ, оромии асаб ва зебоии бадан тасвир мекунад. Ин ташбеҳи қавӣ аст, ки варзишро ҳамчун арзиши зебоӣ ва равонӣ нишон медиҳад. Аз нуқтаи илмӣ, пажӯҳишҳо тасдиқ мекунанд, ки варзиш асабро ором ва баданро зебо месозад, зеро он ҳормонҳои хушбахтиро афзоиш медиҳад. Инчунин, варзиш ба ҳолати равонӣ ва ҷисмонӣ таъсир мерасонад. Аз Осиё, Далай Лама мегӯяд: "Барои омӯзиши зеҳн, шумо бояд сабр ва азмиятро барои шакл додани он пӯлод омӯзиш диҳед" (To train the mind, you must exercise the patience and determination it takes to shape that steel). Аз Аврупо, Сократ мегӯяд: "Ин шарм аст, ки аз беэҳтиётӣ пир шавад, пеш аз дидани чӣ гуна инсон шудан бо рушди қувва ва зебоии ҷисмонӣ". Аз Амрико, Уилям Ослер мегӯяд: "Беморон бояд истироҳат, ғизо, ҳавои тоза ва варзиш дошта бошанд - чоркунҷаи саломатӣ".
Зи варзиш мешавӣ аз дард эмин,
Туро инсони соҳибном созад.
Шоир варзишро ҳамчун ҳимоя аз дард ва роҳи соҳибном шудан тасвир мекунад. Ин истиораи эминӣ барои нигоҳубини доимӣ аст.
Аз дидгоҳи илмӣ, нигоҳубини мунтазам аз бемориҳо пешгирӣ мекунад ва номро афзоиш медиҳад. Пажӯҳишҳо тасдиқ мекунанд, ки варзиш аз хатарҳои саломатӣ ҳимоя мекунад. Аз Осиё, Дайсаку Икеда мегӯяд: "Саломатии ҳақиқӣ дар доштани муносибати мусбат ба ҳаёт ва шахсияти қавӣ, ки аз ҳеҷ чиз мағлуб намешавад, пайдо мешавад". Аз Аврупо, Ҳиппократ мегӯяд: "Пиёдагардӣ беҳтарин дармони инсон аст". Аз Амрико, Мартин Лютер Кинг Ҷр. мегӯяд: "Агар шумо натавонед парвоз кунед, пас давед, агар натавонед давед, пас роҳ равед, агар натавонед роҳ равед, пас хазед, аммо ҳар чӣ кунед, шумо бояд ҳаракатро идома диҳед".
Таҳлили шеъри "Варзиш"-и Дониёр Сангинӣ нишон медиҳад, ки паёми он на фақат адабӣ, балки илмӣ аст ва бо пажӯҳишҳои муосир дар бораи аҳамияти варзиш ҳамоҳанг мебошад. Иловаи андешаҳои олимони Осиё (чун Икеда ва Далай Лама), Аврупо (чун Ҳиппократ ва Сократ) ва Амрико (чун Франклин ва Кеннедӣ) паёми шеърро ҳамчун ҳақиқати умумӣ тасдиқ мекунад. Шеър ҳушдор медиҳад, ки варзиш пояи ҳамаи арзишҳо аст ва нигоҳубини он зарур мебошад.
ШИРИН ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷануб ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих.
(Бахшида ба Рӯзи варзишгарон - 10 август)
Натиҷаҳои назарраси варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз ҷумлаи самараҳои сиёсати давлат дар самти варзиш мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Шеъри "Варзиш"-и шоири муосири тоҷик Дониёр Сангинӣ аз фоидаҳои варзиш ҳамчун роҳи сарбаландӣ, қавӣ шудани ҷисм ва руҳ, ва муваффақият сухан мегӯяд. Дониёр Сангинӣ шоири муосири тоҷик аст, ки дар асарҳои худ мавзӯъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, аз ҷумла арзишҳои ҳаётӣ чун варзиш ва саломатӣро баррасӣ мекунад. Шеъри "Варзиш" аз силсилаи шеърҳои ӯст, ки ба фоидаҳои варзиш ҳамчун роҳи қавӣ шудани ҷисм, руҳ ва муваффақият таъкид дорад. Таҳлили илмӣ дар ин мақола бар пояи дидгоҳҳои муосири илмӣ дар бораи варзиш сурат мегирад. Мувофиқи пажӯҳишҳои тиббӣ варзиш на фақат ҷисмро қавӣ месозад, балки ҳолати равонӣ ва иҷтимоиро беҳтар мегардонад. Ин дидгоҳ бо паёми шеър ҳамоҳанг аст, ки варзишро ҳамчун пояи сарбаландӣ, саломатӣ ва зафар медонад. Далелҳои илмӣ аз пажӯҳишҳо гирифта шудаанд, ки варзишро ҳамчун воситаи афзоиши дарозумрӣ, ҳосилнокӣ ва хушбахтӣ медонанд. Илова бар ин, андешаҳои олимони байналмилалӣ ин паёмро тасдиқ мекунанд. Аз Осиё, Далай Лама (файласуфи ҳиндӣ) мегӯяд: "Рушди арзишҳои ботинӣ ба монанди варзиши ҷисмонӣ аст. Ҳар қадар қобилиятҳои моро омӯзиш диҳем, ҳамон қадар қавитар мешаванд".
Аз Аврупо, Сократ (файласуфи юнонӣ) таъкид дорад: "Ҳеҷ кас ҳақ надорад дар масъалаи омӯзиши ҷисмонӣ ҳаваскор бошад. Ин шарм аст, ки инсон пир шавад, бе дидани зебоӣ ва қуввае, ки баданаш қодир аст".
Аз Амрико, Ҷон Ф. Кеннедӣ (раҳбари амрикоӣ) мегӯяд: "Фитнеси ҷисмонӣ на фақат яке аз калидҳои муҳимтарини бадани солим аст, балки пояи фаъолияти зеҳнии динамикӣ ва эҷодӣ аст".
Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки аҳамияти варзиш ҳамчун неъмат ва сарват дар фарҳангҳои гуногун умумӣ аст.
Чун рӯ ба варзиш орӣ умре ту сарбаландӣ,
Дар байни халқи дунё ҳам шахси арҷумандӣ.
Дар ин байт, шоир варзишро ҳамчун роҳи сарбаландӣ ва арҷмандӣ дар байни мардум муаррифӣ мекунад. Аз нуқтаи назари адабӣ, инҷо истифодаи муқоиса (сарбаландӣ ва арҷмандӣ) барои таъкид ба арзиши иҷтимоии варзиш дида мешавад. Шеър варзишро ҳамчун пояи эҳтироми ҳаётӣ нишон медиҳад.
Аз дидгоҳи илмӣ, ин паём бо пажӯҳишҳо мувофиқ аст, ки варзиш эътимод ба худ ва мавқеи иҷтимоиро афзоиш медиҳад, зеро афроди фаъол дар ҷомеа муваффақтаранд. Масалан, таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки варзиш ба фаровонии иҷтимоӣ ва дарозумрӣ мусоидат мекунад. Аз Осиё, ҳикмати ҷопонӣ мегӯяд: "Фақат фаъол мондан шуморо мехоҳад, ки сад сол зиндагӣ кунед". Аз Аврупо, Платон таъкид дорад: "Набудани фаъолият ҳолати хуби ҳар инсонро нобуд мекунад, дар ҳоле ки ҳаракат ва варзиши ҷисмонии мунтазам онро наҷот медиҳад ва нигоҳ медорад". Аз Амрико, Томас Ҷефферсон мегӯяд: "Қувваи ҳавасмандкунандаи бадан варзиш аст, ва аз ҳамаи варзишҳо пиёдагардӣ беҳтарин аст".
Ҷисмат қавиву руҳат бувад солиму бардам,
Дар кору борат доимо дон ки ту зафармандӣ.
Инҷо шоир ҷисм ва руҳро ҳамчун солим ва бардам тасвир карда, варзишро ҳамчун калиди зафар дар корҳо муаррифӣ мекунад. Аз ҷиҳати адабӣ, ин байт истиораи қавӣ будани ҷисм ва руҳро барои нишон додани ҳамоҳангии ҷисмонӣ ва равонӣ истифода мебарад. Илман, ин бо пажӯҳишҳо ҳамоҳанг аст, ки варзиш ҷисмро қавӣ ва ҳолати равонӣро беҳтар месозад, масалан, тавассути кам кардани стресс ва афзоиши ҳосилнокӣ. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки варзиш ба муваффақият дар корҳо мусоидат мекунад. Аз Осиё, Дайсаку Икеда мегӯяд: "Саломатӣ на фақат набудани беморӣ аст. Саломатии ҳақиқӣ иродаи бартараф кардани ҳар гуна мушкилот ва истифодаи ҳатто ҳолатҳои бадтарин ҳамчун нуқтаи ҷаҳиш барои рушди нав аст". Аз Аврупо, Ҳиппократ мегӯяд: "Агар мо метавонистем ба ҳар шахс миқдори дурусти ғизо ва варзишро диҳем, на камтар ва на зиёдтар, мо роҳи бехатартарин ба саломатиро пайдо мекардем". Аз Амрико, Бенҷамин Франклин мегӯяд: "Гоҳ-гоҳ каме варзишро пеш аз ғизо истифода баред, масалан, чархиш бо вазн ё чархиши дастҳо бо вазни хурд дар ҳар даст".
Танат бардам, асаб ором созад,
Бадан зебову хушандом созад.
Шоир варзишро ҳамчун воситаи бардамӣ, оромии асаб ва зебоии бадан тасвир мекунад. Ин ташбеҳи қавӣ аст, ки варзишро ҳамчун арзиши зебоӣ ва равонӣ нишон медиҳад. Аз нуқтаи илмӣ, пажӯҳишҳо тасдиқ мекунанд, ки варзиш асабро ором ва баданро зебо месозад, зеро он ҳормонҳои хушбахтиро афзоиш медиҳад. Инчунин, варзиш ба ҳолати равонӣ ва ҷисмонӣ таъсир мерасонад. Аз Осиё, Далай Лама мегӯяд: "Барои омӯзиши зеҳн, шумо бояд сабр ва азмиятро барои шакл додани он пӯлод омӯзиш диҳед" (To train the mind, you must exercise the patience and determination it takes to shape that steel). Аз Аврупо, Сократ мегӯяд: "Ин шарм аст, ки аз беэҳтиётӣ пир шавад, пеш аз дидани чӣ гуна инсон шудан бо рушди қувва ва зебоии ҷисмонӣ". Аз Амрико, Уилям Ослер мегӯяд: "Беморон бояд истироҳат, ғизо, ҳавои тоза ва варзиш дошта бошанд - чоркунҷаи саломатӣ".
Зи варзиш мешавӣ аз дард эмин,
Туро инсони соҳибном созад.
Шоир варзишро ҳамчун ҳимоя аз дард ва роҳи соҳибном шудан тасвир мекунад. Ин истиораи эминӣ барои нигоҳубини доимӣ аст.
Аз дидгоҳи илмӣ, нигоҳубини мунтазам аз бемориҳо пешгирӣ мекунад ва номро афзоиш медиҳад. Пажӯҳишҳо тасдиқ мекунанд, ки варзиш аз хатарҳои саломатӣ ҳимоя мекунад. Аз Осиё, Дайсаку Икеда мегӯяд: "Саломатии ҳақиқӣ дар доштани муносибати мусбат ба ҳаёт ва шахсияти қавӣ, ки аз ҳеҷ чиз мағлуб намешавад, пайдо мешавад". Аз Аврупо, Ҳиппократ мегӯяд: "Пиёдагардӣ беҳтарин дармони инсон аст". Аз Амрико, Мартин Лютер Кинг Ҷр. мегӯяд: "Агар шумо натавонед парвоз кунед, пас давед, агар натавонед давед, пас роҳ равед, агар натавонед роҳ равед, пас хазед, аммо ҳар чӣ кунед, шумо бояд ҳаракатро идома диҳед".
Таҳлили шеъри "Варзиш"-и Дониёр Сангинӣ нишон медиҳад, ки паёми он на фақат адабӣ, балки илмӣ аст ва бо пажӯҳишҳои муосир дар бораи аҳамияти варзиш ҳамоҳанг мебошад. Иловаи андешаҳои олимони Осиё (чун Икеда ва Далай Лама), Аврупо (чун Ҳиппократ ва Сократ) ва Амрико (чун Франклин ва Кеннедӣ) паёми шеърро ҳамчун ҳақиқати умумӣ тасдиқ мекунад. Шеър ҳушдор медиҳад, ки варзиш пояи ҳамаи арзишҳо аст ва нигоҳубини он зарур мебошад.
ШИРИН ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷануб ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих.
Ба андешаи олимон тарбия дар тамоми марҳилаҳои тамаддуни башарӣ мақоми волоро соҳиб будааст, зеро сатҳи фарҳангу фазилати аҳли ҷомеа, хосса насли наврасу ҷавони он мақому манзалати худи ҷомеа дар тамаддуни инсоният муайян мегардад.
Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ ба танзим дароварда, дар парастиши анъанаву суннатҳои арзишманди миллати тоҷик ва халқияту миллатҳои дигари Тоҷикистон интихоб ва амалӣ менамояд. Тарбия ҳамчун воситаи ислоҳкунанда ва беҳсозандаи сифатҳои ахлоқии аҳли ҷомеа аз рӯзи пайдоиши ҷамъияти одамӣ то ба имрӯз ҳамқадаму ҳамнафаси башарият мебошад. Дар робита бо мақсаду мароми асли ҷомеа, дар ҳар давру замон вазифаю усул ва тарзи тарбия тағйир меёбад, аммо ҷавҳари аслӣ ва вазифаи асосии он ба роҳи рост ҳидоят кардани мардумон ҳамоно тағйирнопазир боқӣ мемонад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки марҳилаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро аз сар гузаронида истодааст, тарбияи насле, ки тақдири минбаъдаи ҷомеаву мамлакат ба он вобаста аст, вазифаи аҳли ҷомеаи навини мо мебошад. Бо саъю кӯшиши Сарвари давлат аҳли ҷомеа ба омӯзиш ва посдории беҳтарин анъанаҳои суннатии ниёгон пардохт, омӯзиши фарҳанг, таърих ва анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои халқи тоҷик ва миллатҳои маскуни кишвар дар маркази диққати тамоми аҳолӣ, бахусус вазорату идораҳо, ташкилоти эҷодӣ, воситаҳои ахбори умум, нашриётҳо ва муассисаҳои таълимию тарбиявӣ қарор доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли маориф таъкид доштанд: “Агар ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва содиқи Ватани хеш имрӯз бо масъулият муносибат накунем, ифтихору ғурури миллии мо гирифтори зоҳирпарастӣ шуда, дар доираи ному дастовардҳои бузургони гузаштаамон маҳдуд мемонем”. Ин муроҷиати Сарвари давлат бори дигар ба ҳамагон, хосса волидайн ва аҳли маорифу зиёро водор месозад, баҳри тарбияи насли бохираду дорои ахлоқи ҳамида бо тамоми истеъдодашон ғайрат намоем.
Дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки: “Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ, ташаккули инсони комил, соҳиби Ватан, нангу номуси миллӣ, фидокорӣ, симои зоҳирию маънавӣ, ахлоқи фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад”. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, равнақи худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкиму тақвият бахшидани истиқлолият ва муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа мебошад. Агар ба баромаду суханрониҳои Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ намоем, мазмуну муҳтавои онро ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми Тоҷикистон ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, тарбияи ватандӯстӣ тақозои замон ва яке аз самтҳои асосии сиёсати давлату ҳукумат ба шумор меравад.
Тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз қисматҳои таркибии тарбияи ватандӯстӣ маҳсуб меёбад. Дар ин бобат Пешвои миллат хуб гуфтаанд: “Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, кишвар, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, паҳлуҳои истиқлолияташро чандон пуштибонӣ карда наметавонад.”
Мафҳуми ватандӯстӣ ҷанбаҳои гуногун дорад. Он аз дӯст доштани падару модар, бародарону хоҳарон, аҳли оила, мактаб, муаллимон ибтидо гирифта, бо парастидани деҳа, ноҳия, вилоят ва кули кишвар ҳамоҳанг буда, боз ҳам васеътар мегардад. Мафҳуми ватандӯстӣ эҳтироми миллати худ, ҳифзу афзун намудани урфу одат ва фарҳанги миллӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, ҳифз ва истифодаи самараноку оқилонаи захира ва сарватҳои табииро дар худ ғунҷоиш медиҳад.
Тарбияи ватандӯстӣ ҳамоҳангии ақлу заковат, андеша, ғоя, эҳсос, изтироби рӯҳ ва рафторҳост. Ин масъала алоқаи аз ҳам ҷудонашавандаи ҷомеа, низоми маориф, созмонҳои наврасону ҷавононро дар бар мегирад.
Тарбияи ватанпарастии ҷавонон талаботи марҳилаи кунунӣ буда, амалӣ намудани он то андозае метавонад бетарафии ҷомеаро нисбат ба тақдири ҷавонон рафъ намуда, масъулияти онҳоро дар пешрафту шукуфоии кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ бештар гардонад.
Худойбердизода Саидмири Убайдулло, н.и.т Ходими пешбари илмии Озмоишгоҳи
“Маводҳои Ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри XX баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократӣ ба миён омаданд. Сиёсати ислоҳотҳои демократӣ ва махсусан «ошкорбаёнӣ», ки аз ҷониби роҳбарияти ҳизби коммунистӣ ба миён оварда шуд имоконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид ба вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, иктисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсати миллӣ дар ҷумҳуриҳои миллии ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима карда шаванд. Ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии дар охири солҳои 80-ум ибтидои 90-ум Тоҷикистон ташкилёфта камбудиҳои дар ҷомеи ҷумҳурӣ ҷойдоштаро ба элитаи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатии ҷумҳурӣ ва ҳизби коммунистӣ нисбат медоданд.
Дар охири солҳои 80-ум муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии ҷумҳурӣ барои истиклоли Тоҷикистон сар шуд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал «Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ» (ИҶШС) қабул шуда буд. Вале ин ҳуҷҷат, истиқлоли комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.
Пас аз «табадуллот»-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулода, ки коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар шаҳри Москва ташкил намуданд, аз нав муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлоли комили Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ гирифт. Гирдиҳамоиҳои серодам дар шаҳри Душанбе ва баъзе шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардиданд, ва эълон намудани истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд. Бо талаби тазоҳуркунандагони гирдиҳамоиҳо дар Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.
9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.
Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.
Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.
Тоҷикистон марзубуми Оли Сомони ман аст,
Хоку покаш дар шабистони ман аст.
Тоҷикам ман Тоҷикистон кишварам,
Дар фазояш чун кабутар мепарам.
Худойбердизода Саидмири Убайдулло, н.и.т Ходими пешбари илмии Озмоишгоҳи
“Маводҳои Ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Мусаллам аст, ки кишварҳое ки ба баҳр роҳ надоранд, бо душвориҳои марбут ба савдо, дастрасии нақлиётӣ ва рушд рӯ ба рӯ мешаванд. Сабаби асосии рух додани чунин ҳолат дар набудани дастрасии мустақим ба баҳр арзёбӣ мешавад. Азбаски ин кишварҳо бандарҳои баҳрӣ надоранд, онҳо вобастаи кишварҳои транзитӣ мебошанд, ки ин боиси афзоиши хароҷоти савдо ва тӯлонӣ шудани роҳ мегарданд.
Дар Конференсияи якум, ки 28–29 августи соли 2003 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардида, масъалаи рушди нақлиёти транзитӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққии бе дастрасӣ ба баҳр баррасӣ шуд. Натиҷаи он “Нақшаи амалии Алмаато” номгузорӣ карда шуд, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
-кам кардани расмиёти гумрукӣ ва пардохтҳои изофӣ;
-беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётӣ;
-рушди имкониятҳои тиҷоратии кишварҳои бе дастрасӣ ба баҳр;
-ҳамоҳангсозии кӯмакҳои байналмилалӣ барои инфрасохтор.
Инчунин 3–5 ноябри соли 2014 дар шаҳри Венаи Австрия Конференсияи дуюм баргузор гардид. Дар Конференсияи мазкур иҷрои “Нақшаи амалии Алмаато” баррасӣ шуд. Дар натиҷа “Нақшаи амалии Вена” барои солҳои 2014–2024 қабул карда шуд, ки 6 самти афзалиятнок муайян шуданд:
1. Сиёсати транзит ва нақлиёт;
2. Рушди инфрасохтор;
3. Осон кардани савдои байналмилалӣ;
4. Ҳамгироии минтақавӣ;
5. Табдили сохтории иқтисодӣ;
6. механизмҳои иҷро.
26 сентябри 2024 дар шаҳри Габорони Ботсвана бошад, дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳо натиҷаҳои “Нақшаи Вена” муҳокима гардиданд ва омодагӣ ба конференсияи сеюми СММ баррасӣ гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи Конфронси СММ оид ба иқлим (COP-28) суханронӣ намуда, ба зарурати таҳияи барномаи нави амал барои конференсияи сеюми СММ ва омодагӣ ба он ишора карданд.
Дар моҳи сентябри соли 2024, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи солонаи гурӯҳи конференсияи сеюми СММ дар ҳошияи Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк иштирок намуд ва ба масъалаҳои дастрасӣ ба роҳҳои нақлиётӣ, шарикии минтақавӣ ва истифодаи устувори захираҳои об таъкид гардид.
5 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (ба баҳр баромад надоранд) иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд. Таъкид гардид, ки аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ аҳамияти хоса дорад. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст. Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд. Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад. Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номида шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад. Дар ин робита Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад. Ба масъалаҳои таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҳамин тариқ, роҳбари давлати таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад. Зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид карда шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ”, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард. Аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ баҳри афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ карда шуд. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард.
Имрӯз Тоҷикистон ба рушди долонҳои нақлиётии минтақавӣ ва содда кардани расмиёти гумрукӣ аҳамияти хос медиҳад. Энергетикаи сабз 98% нерӯи барқи кишвар аз манбаъҳои обӣ таъмин мешавад. Тоҷикистон талош дорад, ки иқтисоди сабзро рушд диҳад ва иқдомҳои марбут ба он, аз ҷумла Стратегияи иқтисоди сабз барои солҳои 2023–2027-ро татбиқ намояд. Аз ҷумла Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро барои ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи обҳо роҳандозӣ мешавад. Тоҷикистон муҳтавои Конфренсияи мазкурро як платформаи муҳими стратегии ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти кишварҳои бебаҳр медонад, ки он барои беҳтар кардани дастрасӣ ба бозорҳо; ҷалби сармоягузории байналмилалӣ барои лоиҳаҳои зерсохторӣ; гузариш ба энергияи сабз ва афзоиши иқтидори барқароршаванда; ҳамкории минтақавӣ ва устувории иқлим мусоидат мекунад.
Хулоса, Конференсияи сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба рушде, ки ба баҳр роҳ надоранд, барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилот ва барқарор кардани шарикӣ ва бо мақсади кӯмак ба ин кишварҳо дар бартарафсозии душвориҳо ва татбиқи пурраи потенсиали худ ба хотири ояндаи одилона ва шукуфо имконият фароҳам меорад.
Соҳиби Баҳруло - ходими хурди илмии шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд. Дар таърихи навин волотарин дастовард - соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омадааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳо 24 – август Эъломия дар бораи истиқлолиятро қабул намуд ва баъдан 9 – сентябри соли 1991 истиқлолияти сиёсии худро расман эълон намуд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари қабул намудани истиқлоли хеш ба монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ гардид. Яке аз чунин монеаҳо ин ҷанги ҳамватанӣ буд, ки дар шакли даѓалу яроқнок бо дахолати мухолифин ва бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо ба вуҷуд омад.
Тавре ки доктори илмҳои фалсафа Ҳайдаров Р.Ҷ. менависад: «Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳамин амали зишти тундгароёни динӣ ва ҳаммаслакони онҳо дар байни аҳли зиё оѓоз гардид. Аз ин рӯ, мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ба паси мизи музокирот нишастани Пешвои миллат маҳз ба хотири барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта буд. Аз ҷониби Пешвои миллат консепсияи ваҳдати миллӣ пешниҳод шуд, ки барои амалӣ сохтани он Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда ва тамаддунгарои ҷомеаи тоҷик такя намуд. Пешвои миллат тамоми истеъдоди сиёсии худро баҳри офардани сулҳ ба Ватан равона намуд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар давраи гузаронидани музокироти байни тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги ваҳдатгароӣ замина гузошт, ки он имрӯз унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии ҷомеаи тоҷик мебошад» [2, 88].
Бо туфайли соҳибистиқлол эълон гардидан Тоҷикистон имконияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуданро пайдо кард. Акнун Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки бо давлатҳои хориҷи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ пайдо карда, бо онҳо алоқаҳои дипломатӣ ва консулиро ба роҳ монад. Махсусан, аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид гардидани Тоҷикистон, бо ҳайати Созмони амният ва ҳамкории дар Аврупо, ташкилоти конфронси исломӣ, ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташкилотҳои дигари байналхалқӣ аъзо гардидани он ба шарафи соҳибистиқлолии давлаташ муяссар гардид.
Чуноне, ки Пешвои миллат қайд менамоянд, “давлату давлатдорӣ як мафҳуми назариявӣ набуда, он маҳз бо мавҷудияти рукнҳои амалии давлат маъно пайдо мекунад. Шоҳидон дар ёд доранд, ки дар он рӯзҳои вазнину мудҳиш тамоми ниҳодҳои марказӣ ва маҳаллии давлатдории мо пурра фалаҷ гашта, низоми идоракунии давлатӣ барҳам хӯрда буд. Бинобар ин, барқарор кардани аркони амалии давлат талошу заҳмати зиёдро талаб мекард. Мо тавонистем дар кӯтоҳтарин замон ниҳодҳои асосии давлатдориро эҳё ва барқарор намоем. Мо, ки худ шоҳиди бевоситаи раванди барқарории рукнҳои асосии давлатдорӣ ва ташкили ниҳодҳои бунёдии сиёсӣ ва қудратии кишвар будем, фаромӯш намекунем, ки ҳар як ниҳоди давлатӣ, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чӣ мушкилот ва ҳисси масъулият ташкил ёфта буданд» [3, 10].
Раванди сиёсӣ исбот менамояд, ки воқеияти ҷаҳони муосир бори дигар арзиши истиқлоли сиёсиро дучанд мегардонад. Зеро омилҳои глобализатсионӣ дар баробари имконоти хуби худ як қатор таҳдидҳоро ба истиқлоли сиёсии давлатҳо ба вуҷуд оварда истодааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ давлат ҳамчун ниҳоди сиёсӣ ва субъекти мустақил қисме ҳуқуқҳои худро аз даст медиҳад ва наметавонад тамоми имконоти худро озодона иҷро намояд. Аз ҷумла, дар раванди ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллии давлатҳои рӯ ба инкишоф зери таъсири фарҳанги бузургдавлатҳо монда, рӯ ба нестшавӣ меорад. Агар аз як тараф, ин раванд ба таври объективӣ сурат гирад, аз тарафи дигар, тавассути омилҳои субъективӣ низ раванди аз байн бурдани тамаддуни ҷомеаи муайян сурат мегирад. Инчунин, дар раванди ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллату халқиятҳои хурд ва заиф дар зери таъсири тамаддуни абарқудратҳо монда, фарҳанги хешро аз даст медиҳанд ва бо онҳо омехта гашта, дар чархи таърих нопадид мегарданд.
Равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, хатару таҳдидҳои ҷаҳонии экстремизму терроризм, офатҳои экологӣ, экспансияи фазои иттилоотӣ, бархурди тамаддунҳо, ҷанги сард, ки ҳама маҳсули глобализатсия мебошанд, доираи фаъолияти давлатро ҳамчун субъекти дорои суверенитети сиёсӣ маҳдуд намуда истодаанд. Ба ҷойи давлатҳо дар бештари ҳолат дар муносибатҳои байналмилалӣ созмонҳои фаромиллӣ қарор қабул менамоянд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ё сиёсӣ вобастагии давлат ба ин ё он ташкилот, ин омили манфӣ дар раванди назми худкифоии давлат мебошад. Ба вуҷуд омадани созмонҳои ҳарбиву сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои фаромиллӣ тасдиқи андешаҳои болоянд. Гурӯҳҳои гуногуни муташаккили умумиятҳои иҷтимоӣ мекӯшанд бо роҳу воситаҳои дастрас ба рафтори мақомоти давлатӣ бо мақсади рӯоварии сиёсат ба фоидаи худ таъсир расонанд.
Мусаллам аст, ки инкишофи ҳар як давлат дар олами муосир ба вазъияти ҷаҳон сахт алоқамандӣ дорад. Аз ин хотир ҷаҳонишавӣ воситаи амалинамоии ҳадафҳои мушаххаси давлатҳои абарқудрат гардидааст. Давлатҳои бузург кӯшиш менамоянд, ки ба ҳар восита зери шиорҳои ҷаҳонишавӣ, манфиатҳои худро дар сарҳади давлатҳои дигар амалӣ намоянд. Дар ин ҳолат истиқлоли сиёсии бештари давлатҳои рӯ ба инкишоф халалдор гардида тобеъи давлатҳои абарқудрат мегарданд. Вазъияти кунунии Шарқи Наздик, Афғонистон ва кишварҳои арабӣ мисоли гуфтаҳои болоянд.
Ниҳоят, падидаи ҷаҳонишавӣ ҳанӯз мураккаб ва пурихтилоф боқӣ мемонад. Дар ин раванд бақои ҳар як давлати миллӣ аз ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва фарҳанги миллӣ ногузир вобастааст. Давлати миллӣ ҳамчун ниҳоди мустақил ва кафили амнияти ҷомеаи муайян дар раванди ҷаҳонишавӣ аз ҳар вақта дида бештар вазифадор мегардад, ки барои мавҷудияти худ чораҳои судманд андешад.
Профессор Муҳаммад А.Н., менависад, ки “Раванди ҷаҳонишавӣ боз хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба миён оварда, мутахассисону коршиносонро водор менамояд, ки дар таҳлилу таҳқиқотҳои худ таъсири ҷаҳонишавӣ ва вазъи имрӯзаи ҷомеаро дар самти амалишавии ҳадафҳои миллӣ ва стратегияҳои давлатӣ дида бароянд. Ҳамзамон таъсири манфии таҳдидҳоеро, ки ба манбаъ ва воситаҳои асосӣ таъсир расонида, онҳоро корношоям ва аз мадди назар дур месозанд. Бояд тазаккур дод, ки таҳдидҳо ба раванди қабули қарорҳои сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ таъсири манфӣ расонида, хавфи пурра дар амал татбиқ нагардидани ҳадафҳои миллиро ба миён меоранд”[1, 95].
Бояд гуфт, ки онҳое, ки имрӯз аз хориҷ тавассути сайтҳои мухталифи интернетӣ ба ҳастии истиқлоли мо санг мепартоянд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба рамзҳои давлатдории мо захм ворид созанд, хизмати хоҷагони берунаро иҷро менамоянд ва ба номи поки миллати тоҷик хиёнат менамоянд. Бингаред ба Ироқ, Афѓонистон, Сурия, Украина, Белоруссия, Венесуэла ва ѓ., ки имрӯз чӣ тавр бо ҳидояти бегонагон ваҳдатро ба парокандагӣ иваз кардаанд, бузургтарин хотираҳои моддии таърихиро ба боди нестӣ дода, кишварҳои худро ба муҳлати даҳсолаҳо қафо партофтаанд. Ин магар барои мо дарси ибрат нест? Бузургон дуруст гуфтаанд, ки «оқилон аз хатои дигарон меомӯзанду омиён дар хатои худ».
Саҳифаҳои таърихи миллати мо ҳодисаҳои нанговару ноҳамворро зиёд дидааст, вале аз он ибрат нагирифта, такрор ба такрор бо чунин иллатҳо азият кашидааст. Ҳар инсони ватандӯст ва худшиносе, ки вориди саҳнаи таърихи халқи тоҷик мегардад, дар баробари дастовардҳои мухталиф бо ҳодиса ва саҳнаҳои ҳузнангез аз хиёнат то хиҷолат, аз таассуб то ифрот рӯ ба рӯ шуда, мебинад, ки чӣ тавр муҳаббат дар қиболи бепарвоӣ, қаҳрамонӣ дар паҳлуи хиёнат, озодандешӣ дар муқобили таассуб ва монанди инҳо бо вазни ночизе дар таърихсозии миллати мо мавқеи худро аз даст медиҳанд.
Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлол ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи Истиқлоли давлатист. Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем ки дар равандҳои глобализатсионӣ Истиқлол, озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф ва қудратмандии миллати худро чун як рукни асосии ҳастии давлати мустақил арзёбӣ намоем.
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
1) Муҳаммад А.Н. Истиқлол ва манфиатҳои миллӣ. - Душанбе, 2021.-180 с.
2) Ҳайдаров Р.Ҷ.Тоҷикистон дар масири таҳкими истиқлоли давлатӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ – сиёсӣ.-Душанбе. 2020.-108 с.
3) Раҳмон Э.Уфуқҳои истиқлол.-Душанбе:Ганҷнашриёт.- 2018.- 436 с.
Зулайхо Қодирова – ходими илмии шуъбаи масоили фалсафии дини
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷавони Осиёи Марказӣ аст, ки 9 сентябри соли 1991 пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлоли худро ба даст овард. Ин лаҳзаи таърихӣ муҳимтарин марҳилаи ташаккули ҳуввияти миллии халқи тоҷик гардида, тараққиёти минбаъдаи мамлакатро муайян кард. Ба даст овардани истиқлолият ба Тоҷикистон имкон дод, ки сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона муайян кунад, фарҳангу забони миллиашро инкишоф диҳад.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими давлатдории худ, рушди иқтисод ва беҳбуди шароити зиндагии шаҳрвандонаш ғамхориҳои пайваста менамояд.
Истиқлолият ба мо имкон дод, ки ҳамкориҳоро бо кишварҳои ру ба тараққи афзоиш дода дар самтҳои гуногун аз ҷумла маориф, сармоягузорӣ, техникӣ, таъмини амният, ва дигар соҳаҳои гуногунро равнақ диҳем. Истиќлолияти Тољикистон муњимтарин воќеаи таърихи халќ гардид, ки роњи рушди мустаќилонаро кушод .
Истиқлолият калиди тамоми хушбахтиҳост ҳамчунин Истиқлолият ин ҷону дилро дар роҳи ватан додан Истиқлолият ин парчамро то фалак афрохтан. Фаромуш набояд кард, ки бо шарофати Истиқлолият миллати мо гашт машҳури ҷаҳон. Истиқлолият барои кулли мардуми тоҷик-ин саодат, каромат, ва шарофат аст.
Аз ин рӯ, бояд шукргузор бошем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст ва он шабеҳи биҳишт аст. Мо ҷавонони кишварро зарур аст, ки пайрави Сарвари худ бошем, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳар як ҳаракати номатлуби пешомадаро пешгирӣ карда, барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Махмедов Муҳаммадҷон - ходими хурди илмии Шуъбаи аврупои
Институти Омузиши масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ