Skip to main content
123124Олимони соҳаи тандурустӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гардида, барои рушди илми тибби тоҷик ва татбиқи корҳои илмӣ дар амал хизматҳои шоён намуданд. Танҳо ҳаминро гуфтан ба маврид аст, ки солҳои 2010-2022 кормандони муассисаҳои илмии соҳаи тиб 200 патент оид ба ихтироот ва 1170 пешниҳоди навоварӣ гирифтанд.

Истиқлол ҳамчун падидаи нави озодӣ ва раванди ҳувияти миллии тоҷикон имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи ҷумҳурӣ ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона гардад.

Муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа дар сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарҷ ёфтааанд ва барои пешрафти минбаъдаи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсату иқтисодиёт, соҳаи тандурустӣ ва илму маориф роҳҳои васеъ кушодаанд.

Солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон олимони тоҷик дар рушди илм мақоми калидӣ дошта, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ ва ворид намудани технологияи инноватсионӣ кору пайкор доранд. Илму олим дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи давлату ҷомеа ҳаст.

Дар Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф бори дигар ин нуқта таъкид гардид: «Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд». Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса баровард, ки рушду пешрафти кишвар бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир асос ёфта, бе илм наметавон кишварро аз буҳронҳои гуногун наҷот бахшид, миллат низ маҳз бо тамаддуну илми пешрафт ва нобиғаҳояш машҳур буду ҳаст.

Масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиш, ташаккули дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар мамлакат вазифаи аввалиндараҷаи олимон ба шумор меравад.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Имрӯз саҳми олимони тоҷик ба илми ҷаҳонӣ кам нест. Махсусан, пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар ин соҳа дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷолиби диққат мебошад. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар онҳо рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.

Иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби олимони соҳаи тиб ва кормандони тандурустии кишвар дар бораи таъсис ёфтани Академияи илмҳои тиб хеле хуб пазироӣ гардида, ҷиҳати ғамхории доимӣ ва боло бардоштани нуфузи илми тиб дар ҷомеъа такони ҷиддие ба шумор меравад.

Ин иқдом афзоиши дастовардҳои олимони соҳаи тиб ва иҷрои КИТ-ро афзун намуда, масъулияти олимонро дар назди мардум зиёд мегардонад ва ба ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, тайёр кардани олимони ҷавон дар аспирантура, мигистратура ва докторантура мусоидат мекунад.

Амалӣ намудани супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тайёр намудани доруворӣ аз растаниҳои шифобахши ватанӣ ва таҳияи корҳои нави илмӣ-тадқиқотӣ дар ин самт, истифодаи технологияи муосир ва робитаи илмӣ байни пажуҳишгоҳҳои илмии хориҷи кишвар тарафи дигари масъала ба ҳисоб мераванд. Равобити илмӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами олимони соҳа сабаби пешрафти илми тоҷик мегардад.

Соли равон кормандони муассисаҳои илмии соҳаи тиб аз рӯи 36 мавзуъҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда корҳои илмӣ бурда, 4 лоиҳаи Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ дар самтҳои гастроэнтерелогия, акушерӣ ва перинатологӣ, бемориҳои сил ва муҳити зист мавриди амал қарор дорад.

Дар солҳои 2023-2024 дар Шӯрои диссертатсионии МД “Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” ҳимояи 11 рисолаҳои номзадии илмҳои тиб гузаронида шуд, ки 4 рисола дар КОА тасдиқ карда гардид ва дар Шӯрои диссертатсионии МД “Марказии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо» дар ин давра ҳимояи 5 рисолаи номзадии илмҳои тиб гузаронида шуд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли гузашта 75 ҳимояи рисолаи номзади илмӣ, аз он 7 рисолаи докторӣ ва дар соли 2024 бошад 32 ҳимояи рисола сурат гирифт.

Дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондод дар соли 2023 11 рисолаи номзади илмӣ ва 3 рисолаи докторӣ мебошад.

Миқдори патентҳо дар муассисаҳои илмии соҳаи тиб дар соли 2023 14 адад ва дар соли равон 2 ададро ташкил доданд, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 31 патент ба даст оварда шуд, ки қисман дар амалияи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар ин давра дастовардҳои зерини илмии олимони тиб назаррас буд:

- Ба феҳристи маҷаллаҳои Scopus ворид гардидани маҷаллаи “Паёми Сино” (Avcenna Bulletin) мебошад, ки Шуъба яке аз муассисони он мебошад. Паёми Сино аввалин маҷалла аз Тоҷикистон ва нахустин маҷаллаи тиббии Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба ин феҳрист ворид шудааст;

- Маҷаллаи “Паёми тиббии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, ки нашрияи расмии Шуъба мебошад, аз 15 феврали соли 2023 такроран ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА Федератсияи Россия бо иловаи 7 ихтисос ба қайд гирифта шуд;

- Коркард ва ба таври васеъ истеҳсол ва истифода намудани маводи безараргардонандаи зиддивирусии гипохлорити натрий, ки дар давраи пандемияи коронавируси нави COVID-19 аҳамияти ниҳоят муҳими иқтисодию иҷтимоӣ дошт;

- Коркард ва сохтани намунаи саноатии дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва технологияҳои ватанӣ;

- Таҳияи маҳлули воридотивазкунанда барои гемодиализ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ;

- Дар ҳамкорӣ бо олимони Институи физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ ихтироъ ва бори аввал истифода намудани дастгоҳи нав барои иҷрои Криохолесистэктомия (бурида гирифтани талхадон бо истифодаи нитрогени моеъ), сазовори патенти Авру Осиё гардид;

- Кашфи генотипҳои нави ротавирусҳо ва намунаҳои нави канаи табларзаи хунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии сирояти онҳо;

- Муайян намудани омилҳои нави хатари норасогии гурдаи пайвандшуда (бемориҳои ғадуди сипаршакл) ва роҳҳои пешгирии он;

- Омӯхтани пурраи генотипҳои гепатитҳои вирусии дар Тоҷикистон даврзананда ва таҳияи нақшаҳои нави табобати гепатитҳои вирусии ҳамҷоя - В ва С; В ва Д; С ва Е;

- Пешниҳоди ҷарроҳии думарҳилавии нуқси инкишофи ҷоғи поён ва забон - макрогнатияи поёнӣ бо макроглосия, ки сараввал резексияи қисмии забон, баъд - остеотомияи ҷоғи поён гузаронида мешавад;

- Усули такмилдодашудаи эндопротезгузории буғуми чаккаву ҷоғи поён ҳангоми саратон ва анкилози он;

- Муайянсозии таъсири манфии сирояти COVID-19 ба хунгардиши модар-ҷанин ва ҳамроҳак ва афзудани оризаҳои давраи ҳомиладорӣ, фавти дохилибатнии ҷанин ва таваллуди пеш аз мӯҳлат;

- аввалин маротиба бо муваффақият ва натиҷаи аъло иҷро шудани ҷарроҳии бартарафсозии алоими Киммерлӣ - фишурдашавии шараёни сутунмӯҳра бо мӯҳраи якуми гардан ҳангоми ҳаракати сар;

- таҳияи регламенти фармокопеӣ ва шароити техникӣ оид ба истеҳсоли маводҳои фаъоли биологӣ аз шираи камол “ХОЛАГОН, “ФЕРУЛИН” “МЕВАИ ЗЕЛОЛ”; “Ширинии тути сафед”, маҳлули Ширинбия, субстрат ва хокаи Ҳинги Сайёр

Ҷиҳати амалӣ намудани супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани доруворӣ аз растании ватанӣ 28-уми сентябри соли 2019 сехи истеҳсоли маводи доруворӣ аз растаниҳои шифобахш дар Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ кушода шуд ва 12 намуд маводи доруворӣ аз растаниҳои маҳаллӣ истеҳсол карда мешаванд.

Ба андешаи Пешвои миллат, имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир ба пешрафту тараққиёти баланд ноил мегарданд. Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо менамояд. ки дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад.

Олимону донишмандон ва роҳбарони муассисаҳои илмиро мебояд, ки ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои рисолати худ фаъолият намуда, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлол ва муаррифии илми ватанӣ – саҳми бевосита гузоранд.

Мо –кормандони илмии соҳаи тиб бояд вобаста ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва пеш рафтани илми ҷаҳонӣ дар соҳаи тиб ҷавоби сазовор гардонему дастовардҳои илмиро бештар намоем. Беҳуда таъкид нагардид, ки : “барои давлат миллати солим даркор аст ва барои миллати солим табибони баландихтисос заруранд».

С. Т. Ибодзода, ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ,

д.и.т., профессор, Ш.Қ. Каримов, сармутахассиси шуъба

(Дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар таърихи 02.10.2024.)

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатии хеш дарҳои дӯстиву ҳусни ҳамҷиворӣ ва тафоҳумро бо тамоми кишварҳои олам боз намуда, бо аксари кишварҳои сайёра муносибати мутоқабилаи судманд дорад ва бо шарофати сиёсати хориҷиии дар пеш гирифтаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муносиботи мутақобилан судманд пайваста таҳкиму густариш меёбад. Дар таъйини самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар ба назар гирифтани умумиятҳои фарҳангӣ ва мавҷеи геополетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Дар робита ба масъалаи сиёсати хориҷӣ ҳанӯз соли 1992 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба мардуми Тоҷикистон масъалаи ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо тамоми кишварҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои судманди мутақоила ҳамкорӣ кунандро матраҳ сохта буданд.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ робитаи нек дошта, ин муносибатҳои судманд мунтазам тавсеа меёбанд. Ин ҷост, ки аз соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон робита бо кишварҳои мусулмониро такони тоза бахшид ва иқдомҳои ҷиддиро дар пеш гирифт, ки боис шуд муносибат бо ҳавзаи чоруми сиёсати хориҷии мамлакат вориди марҳилаи навини худ гардад, зеро дар ин сол сафари расмии Сарвари давлат ба як қатор кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, моҳи феврали соли 2007 ба Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Сурия, моҳи апрел ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва моҳи майи ҳамон сол ба Давлати Қатар сурат гирифт, ки заминаи ҳуқуқӣ ва шартномавии муносибатҳоро фароҳам оварда, барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшид ва баъд аз ин сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар ва инчунин сафарҳои расмии президенти Давлати Қатар ба Тоҷикистон пайваста дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба роҳ монда шудааст, ки сафари навбатии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 02 октябри соли 2024 ба роҳ монда шуд, аз ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвар шаҳодат медиҳад. 2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё ба Давлати Қатар cафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ал-Мурайхӣ ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд бо давлати Қатар ва таҳкими дӯстиву рафоқат бо ин кишвари пешрафтаи арабӣ ва ба хотири рушди ояндаи Тоҷикистон дар ин сафар дар чанд маврид бо намояндагон ва шахсиятҳои барҷастаи Давлати Қатар мулоқот анҷом доданд. Дар ин сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Ибни Ҳамад Оли Сонӣ, бо Шайх Холид ибни Ҳамад Оли Сонӣ Мулоқот намуданд, бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Инчунин дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” ширкат ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин нишастро таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ”, бо дарназардошти аҳамияти он ҳамчун платформаи муҳими муошират ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, қобили қадрдонӣ ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат кишвари моро ташаббускори рушди варзиш муаррифӣ намуда, Тоҷикистонро тарғибгари тарзи ҳаёти солим ва тарбиятгари насли ҷавон дар ин рӯҳия муаррифӣ намуданд.

“Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки моҳи майи соли равон бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, шаъну шарафи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари тарғибгари варзиш боз ҳам баланд бардошт.

Президенти кишвар қайд намуданд, ки мо бар ин боварем, ки кишварҳои минтақаи Осиёро, бо дарназардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои бойи худ, мебояд, то ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиши миллиашон, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Пешвои миллат ироа намуданд, ки Тоҷикистон маҳз ба мақсади пайгирии ин ҳадаф моҳи гузашта дар шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, як намуди варзиши миллии мардуми тоҷикро баргузор намуд, ки дар он варзишгарон аз 60 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Пешвои миллат дар ин баромади пурмуҳтавои хеш иштирокчиёни нишастро эътимод бахшиданд, ки Тоҷикистон пайваста тарзи ҳаёти солим ва варзишро пайгирӣ намуда дар ин росто ҷомеаи ҷаҳонро низ ба ин тарзи ҳаёти солим даъват менамояд.

Инчунин дар ин cафар Президенти Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн, Пешвoи миллат муҳтарам Эмoмалӣ Раҳмoн дар шаҳри Давҳа бo Вазири давлатии oид ба ҳамкoрии байналмилалии Давлати Қатар, муoвини Раиcи Фoнди Қатар oид ба рушд хoнум Луълуъ Ал-Хoтир мулoқoт намуда, дар ин мулoқoт маcъалаҳoи гуcтариши ҳамкoрии Тoҷикиcтoн бo муаccиcаи бoнуфузи мададраcoнро барраcӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмoмалӣ Раҳмoн Давлати Қатаррo яке аз шарикoни муҳими тиҷoратию иқтиcoдӣ ва cармoягузoрии Тoҷикиcтoн нoмида, бo итминoн изҳoр дoштанд, ки ҳамкoрии кишвари мo ва Фoнди Қатар oид ба рушд ба таври назарраc гуcтариш хoҳад ёфт.

Ҷoнибҳo oид ба cармoягузoрии Қатар ба coҳаҳoи энергетика, cанoат, кишoварзӣ ва дигар бахшҳoи афзалиятнoки иқтиcoди Тoҷикиcтoн табoдули андеша намуданд.

Ҷалби cармoяи қатарӣ ба лoиҳаҳoи иcтихрoҷу кoркарди канданиҳoи фoиданoк, таъcиcи кoрхoнаҳoи иcтеҳcoл ва coдирoти маҳcулoти кишoварзии аз лиҳoзи экoлoгӣ тoза ва oби муcаффoи oшoмиданӣ ба Қатар аз мавзуъҳoи cуҳбат буд.

Аз иштирoки cармoягузoрoни қатарӣ дар татбиқи лoиҳаҳoи таҳкиму тавcеаи зерcoхтoри cайёҳӣ ва cанoати дoруcoзӣ дар Тoҷикиcтoн иcтиқбoл карда шуд.

Таъкид гардид, ки таъcиcи «Фoнди муштараки иқтиcoдӣ ва cармoягузoрӣ» бo мақcади маблағгузoрии лoиҳаҳoи афзалиятнoки Тoҷикиcтoн ба манфиати кoр хoҳад буд.

Тарафҳo ҳамчунин oид ба дигар cамтҳoи ҳамкoрии oяндадoр гуфтугӯйи cудманд анҷoм дoданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва маҳз сафари расмии Амири қаблӣ Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ дар соли 2007 ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи “Диёри Душанбе” ва калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад, ки ҳаҷми умумии сармояи ин ду тарҳ зиёда аз 300 млн. долларро ташкил медиҳад.

Робитаи неки Тоҷикистон бо Қатар пайваста густариш ёфта, заминаи ҳуқуқиву шартномавӣ низ миёни ду кишвари дӯст афзоиш меёфт. Бо дарназардошти аҳмаияти вижаи робитаи мутақобилан судманд моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, дар идома инчунин, моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуд.

Пешвои миллат соли 2022 зимни мусоҳиба бо рӯзномаи қатарии “аш-Шарқ” боздиди Амири Давлати Қатар аз Тоҷикистонро баёнгари сатҳи олии робита бо ин кишвар тавсиф намуда буданд: “Боздиди Волоҳазрат аз кишвари мо дар соли 2019, қабл аз ҳама, баёнгари сатҳи олии робитаҳои ду кишвари дӯст аст”.

Ҳамин тавр муносибатҳои неки Тоҷикистону Қатар дар доираи ҳусни тафоҳим ва эҳтироми манофеи ҳамдигарӣ мунтазам рушду тавсеа меёбад ва муносибатҳои гуногунҷабҳа байни ду кишвари дӯст давра ба давра бештар аз пеш таҳким меёбад.

Мусаллам аст, ки ба роҳ мондану пешбурди тиҷорату ҳамкориҳои васеи иқтисодӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо маҳсуб меёбад. Пайгирии доимии ин раванд имкон медиҳад, ки барои амалӣ намудани тамоми маҷмӯи робитаҳои байнидавлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз ба қисмати иқтисодии муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Қатар таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир карда мешавад. Ҳанӯз заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар аз сафари расмии сарвари давлат ба ин кишвар дар соли 2007 оғоз мегардад. Пешвои миллат зимни ин сафари расмии худ ба Қатар аз Ширкати давлатии сармоягузории «ад-Диёр»-и Қатар дидан намуда, бо таҷрибаи корӣ ва лоиҳаҳои ҷолиби он аз наздик шинос шуда буданд. Инчунин, дар доираи ин сафар Сарвари давлат дар нахустин бизнес-форуми Тоҷикистону Қатар низ иштирок доштанд. Ин аст, ки аз байни кишварҳои арабӣ Қатар аввалин шуда дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Самараи ин сармоягузорӣ дар маблағгузории сохтмони “Масҷиди калони Душанбе” барои ҳузури 60 ҳазор нафар дар як вақт (дар ҳаҷми 91,3 млн доллари ИМА), ки бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ аст, дида мешавад.

Ширкати қатарии “Диёр” дар пойтахти кишварамон лоиҳаи маҷмаи истиқоматӣ - тиҷоратӣ ва кушодашавии намояндагии ширкати сармоягузории “Диёри Душанбе”-ро татбиқ менамояд. Ширкати мазкур ният дорад дар солҳои наздик марҳилаи дуюми лоиҳаро анҷом диҳад. Аз нишондоди сарчашмаҳои бармеояд, ки ҳаҷми умумии сармоягузории қатарӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 300 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамкориҳои кишварҳои мо дар ин ҷода айни ҳол имкониятҳои зиёди тавсеаи худро доранд ва фикр мекунам, ки дар амалияи ба кор андохтани онҳо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорон метавонанд нақши бештар муассир дошта бошанд.

Президенти мамлакат аз сатҳи муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари бародари Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд густариш меёбанд, зимни мулоқот бо намояндагони расмии ҷониби қатарӣ пайваста изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Дар робита ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Қатар Сарвари давлат ҳини мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи “ал-Ҷазира” таъкид дошта буданд, ки мо чандин маротиба дар сафарҳое, ки ба мамолики араб доштем, чӣ сафарҳои расмӣ ва чӣ сафарҳои корӣ, ҷиҳати ҳузури бештар фаъоли иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз онҳо пайваста даъват ба амал меорем. Ҳамкориҳои мо – бештар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои арабӣ, мисли Кувайт, Қатар ва то андозае бо Аморот ҳоло хуб ба роҳ монда шудааст.

Давлати Қадар яке аз бойтарин кишварҳои арабӣ буда, иқтидори бузурги сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои мухталифро доро мебошад. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш муносибатҳои нек ва судмандро бо Қатар дар пеш гирифта аст. Машваратҳои сиёсие, ки бо дастури роҳбарони олии ду кишвар байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ташкил карда шуд, умед аст, ки дар тавсеаи пояҳои шартномавӣ ва ҳуқуқии бештари асноди ҳамкориҳои гуногунҷанба мусоидат намояд.

Умедворем, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ин ду давлатро таҳким мебахшад.

ЗИЁЕВ С.Н. н.и.ф. мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМТ

Муносибатҳои неку самимӣ ва дӯстона байни кишварҳо, бо назардошти фарҳанг ва ҳамкории доимӣ аз омилҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон вобастагии бештар дорад. Аз ин ҷост, ки ҳамкориҳои дуҷонибву бисётҷониба ва мутабодила миёни кишварҳо рӯз ба рӯз ба маром бештару беҳтар мегардад. Махсусан, муносибатҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ байни кишварҳои рӯ ба тараққиниҳода, дар ҳоли рушд қарор доранд. Аз ҷумлаи чунин кишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамкориро бо кишварҳои Шарқу Ғарб тадриҷан беҳтару хубтар ба роҳ монда ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ташаббусҳои навро барои осоиштагии ҷомеаи башар пешкаш менамояд.

Аз ин лиҳоз 2-юми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Нишасти сеюми “Муколамаи ҳамкории Осиё” ба Давлати Қатар сафар намуданд.

Боиси зикр аст, ки Қатар яке аз кишварҳои дорои даромади сеюмин ва бузургтарин захираи гази табиӣ дар ҷаҳон ва захираҳои нафт мебошад. Қатар аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар радифи кишварҳои баландтарин ва пешрафтатарин дар соҳаи рушди инсонӣ шуморида мешавад. Қатар яке аз нақши асосӣ ва бонуфузро дар Ховари Миёна дорад. Ҳамчунин барои мизбонии ҷоми ҷаҳонии соли 2022 ишғол карда, аз ин сабаб аввалин давлати арабӣ мебошад, ки ин чорабиниро дар сатҳи баланд ба инҷом расонад.

Қитъаи Осиё яке аз қитъаҳои бойи захираҳои инсонӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, фарҳангӣ ва технологӣ мебошад, ки таваҷҷуҳи ҷаҳон ба ин мантақа ҳамчун мавқеи умедбахш нигоҳ менамоянд. Ҳамагон мехоҳанд, ки доимо сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва сатҳи рушди иқтисодии кишварҳо ҳаракат ба сӯи пешрафт ниҳад. Зеро дар солҳои охир суръати тағйирот ва дигаргуниҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва тибиии ҷаҳонӣ ба вуҷуд омада, зарурати ҳамкории кишварҳо, бахусус давлатҳои Осиёро барои ҳамгироии муштараки байни онҳо, хоҳ дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба дар шакли дастаҷамъӣ зарурат шуморида мешавад.

Пас, сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти сеюми “Муколамаи ҳамкории Осиё” ба Давлати Қатар дар сафари расмӣ хело муҳим мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон рушд намуда, ҳоло тавсеи ҳамкориро Осиёи Марказиро бо минтақавӣ ба маротиб меафзояд. Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар дар рӯзномаҳои қатарӣ ва берунаи араб хело назаррасӣ инъикос гардид. Аз ҷумла, дар рӯзномаҳои “Қано”, “Рӯзномаи ар-роя”, рӯзномаи “аш-Шарқ”, рӯзномаи “Ҳолулхалиҷ” ва рӯзномаи “ал-Араб”-и қатарӣ инъикоси хуб намуда ба унвони “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давҳа омад”, барои иштирок дар нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё вориди Давҳа шуданд, меҳмони олиқадро дар Фурудгоҳи Байналмилалии Ҳамад дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд. Ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди ҳамкории дуҷониба хело муассир мебошад.

Давлати Қатар бо дарназардошти мавқеи хоссаи худ дар Халиҷ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои бародарона ва дӯстӣ дорад. Аз ин лиҳоз, вохӯрии расмии тарафҳо дар партави нишасти сеюми “Муколамаи Ҳамкории Осиё” мувофиқи мақсад мебошад.

Тоҷикистонро дар олами араб ҳамчун кишвари ташаббускор, сарзамини соҳиби табиати мафтункунанда ва соҳибтамаддун мешиносанд. Инчунин, аз рушду пешравиҳои рӯзмарраи Тоҷикистон дар рӯзномаҳои дохилию байналмилалӣ маълумот пахш менамоянд. Яъне кившарҳои араб махсусан Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои зиёдеро ба роҳ монадааст ва дар ин замина ҳамкориҳои тарафайн дар вохӯриҳои “Муколамаи Ҳамкории Осиё” бештар меафзояд. Зеро ҳар ду кишвар ва минтақаро ҳамкориҳои хосси умқи таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳам мепайвандад.

Бояд ёдовар шуд, ки Созмони “Муколамаи Ҳамкории Осиё” (ACD) як ташкилоти байналмилалии ҳукуматӣ аст, ки 18 июни соли 2002 бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои Осиё дар тамоми қитъаҳо ва мусоидат ба ҳамгироии созмонҳои алоҳидаи минтақавӣ, аз қабили АСЕАН, Ассотсиатсияи Осиёи Ҷанубӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ, Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таъсис дода шудааст. Қитъаи Осиё яке аз қитъаҳои бойи захираҳои инсонӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, фарҳангӣ ва технологӣ мебошад, ки таваҷҷуҳи ҷаҳон ба ин мантақа ҳамчун мавқеи умедбахш ниганонида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки вохӯрии “Муколамаи ҳамкории Осиё” барои барқарор намудани дидгоҳи муштараки стратегӣ ва баланд бардоштани иқтидори кишварҳои Осиё тавассути эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҳамгироӣ хело муҳим ба шумор меравад.

Бояд қайд намуд, ки Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим менамояд. Чунин сиёсатро дар баробари мунисибат бо дигар созмонҳову машваратҳои ҳамкорӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар Осиё ва берун аз он афзалиятдошта ҳамкориро бо “Муколамаи ҳамкории Осиё” низ ба роҳ монда аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи чунин ҳамкориҳо саъю талошҳоро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои умдаи рушди қитъаи Осиё равона намуда аз густариш ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби “Муколамаи ҳамкории Осиё” саҳми арзанда мегузорад.

Ҳоло ташкилоти “Муколамаи ҳамкории Осиё” чун созмони минтақавӣаз рӯзи таъсис то имрӯз 34 давлати ҷаҳонро ҳамчун аъзо гирди ҳам оварда ва бароишомил шудан Австралия, Непал ва Яман амалан мароқ зоҳир намудаанд. Дар он ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо муҳокима мегардад ва оид ба рӯзномаи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат мегирад, ки масъалаҳои доғи рӯз ҳалли худро хоҳад ёфт.

Инчунин, барои беҳбудии зиндагӣ ва осоиштагии ҳаёти мардуми минтақа, дар чаҳорчӯбаи Муколамаи ҳамкории Осиё20 барномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика ва амнияти энергетикӣ, технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси саҳҳомии осиёгӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна, муколамаи тамаддунҳо ва ғайра амалӣ мегарданд.

Мақсади асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар доираи “Муколамаи ҳамкории Осиё” ба хотири паст кардани сатҳи фақру нодорӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини дастрасии пойдори аҳолии қитъаи Осиё, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷомеа нисбат ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, таҳкиму густариши зербинои минтақавӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ оид ба масъалаҳои энергетикаро дар мадди аввал мегузорад.

Бояд қайд намуд, ки вохӯрии “Муколамаи ҳамкории Осиё” барои барқарор намудани дидгоҳи муштараки стратегӣ ва баланд бардоштани иқтидори кишварҳои Осиё тавассути эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҳамгироӣ мебошад.

Инчунин, нишасти расмии МинтақиОсиё дар давлати Қатар қадаме барои таҳқиқи орзуҳои мардуми сайёра хело муҳим мебошад. Тамоми мардуми сулҳдӯсти кишварҳои Осиё итминон ба он доранд, ки нишасти сеюм боз як саҳифаи дигарест ба сӯи табдил додани қитъаи Осиё ба минтақаи сулҳи пойдор ва шукуфон, ба таҳкими амиқ ва ба эҳёи робитаҳои қадимӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Одинаев Абуҳалим, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Мақоми як фард дар ҷомеа аз чӣ иборат аст? Оё, як фард метавонад дар таърихи инсоният нақши ҳалкунанда ва муҳим дошта бошад ва ҷомеаро бо тамоми шароити мавҷудаш дигаргун созаду мардумро рӯи назму низом дарорад ва боиси сарбаландии инсонҳои он ҷомеа гардад? Таърихи инсоният доир ба ин суолҳо ҷавоби мусбат дорад ва ниёз ба такрор нест, танҳо ҳаминро метавон зикр кард, ки ба қавли бузургҳо ҷасорату қадамҳои устувор ва нияти хайр ва созандаи як нафар метавонад баракату раҳмат биёрад ва сарзаминашро сарсабзу мардумашро саодатманд кунад.

Сарзамин ва мардуми Тоҷикистон баъди барҳамхурии Иттиҳоди шуравӣ бисёр парешониву сахтиҳоро аз сар гузарониданд, чун дар аввали роҳ кишварро хатарҳои гуногун таҳдид мекард. Шаҳрвандон дар баробари қурбониҳову гирифториҳои қашшоқӣ ва тарси аз нав қарор гирифтан зери зулму ситам, ҳаросҳо ва ғуссаҳои гуногунеро дар дил мепарвариданд, ки оқибати ин бесару сомониҳо ба чӣ меанҷомида бошад ва чӣ қисмате насибашон мешуда бошад ва оё дубора ба як зиндагии осоишта ва нек дар як ҷомеаи пешрафта хоҳанд расид ё не?

Шукронаи тақдири нек, ки дурахшиши барқе шуду ба майдон марди шуҷоатманд ва қавиирода бо қадамҳои устувору нияти нек бо номи ЭмомалӣРаҳмон омад, ки як равшанӣ ва умеде буд бар дили мардуми парешону нигарони тоҷик. Дар ҳақиқат дар он аёми сарнавиштсоз ба сари давлат омадани ин шахсияти боиродаву устувор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаммонанди Хуршеде буд, ки оҳиста тулӯъ карда ба сарзамин ва ҷисму дилҳои шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон гармӣ бахшид ва қоматҳои хамидаву чеҳраҳои гирифтаи мардум, дубора дигаргун гардида, қадам ба қадам шурӯъ ба рушду камол карданд ва ин оғози ҳамбастагии мардум ва зиндагии орому боосоиш дар сулҳу субот гашт. Баъд аз гузашти солҳо, ҷои манзилу биноҳо ва хиёбону кӯчаҳои баҳам рехтаву тороҷшударо биноҳои нави замонавӣ ва гулгашту чаманзорҳо гирифт. Шаҳри Душанбе ба як шаҳри ҳозиразамону тамаддунӣ табдил ёфт, ки солҳо пеш ҳатто кас фикрашро ҳам намекард. Дар як муддати нисбатан кутоҳе фазои кишварамон Тоҷикистонро амну амонӣ ва осудагии тасаввур нашавандае фаро гирифт, ки ин бузугтарин неъмате буд, ки тавассути заҳматҳои зиёди Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мардуми мо гардид. Зеро ки амнияту оромиши зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд аз тамоми пулу молу сарвати дунё болотару арзишноктар аст.

Дар бораи кишвардорию шаҳрдорӣ дар ибтидо як мисоле аз ашъори мутафаккири бузурги халқи тоҷик Сайидои Насафӣ, ки дар замони сахттарин, зиндагии вазнину қашшоқонаеро аз сар гузаронида буд, намунае биёрем. Ӯ дар достони «Дар бораи ҳазрати Абдуллохон шаҳри Бухороро ойин бастан» навиштааст, ки баъд аз рӯзгоре ба рӯи тахт омад шаҳриёре, чӣ шаҳи фархундаиқбол ва чӣ шоҳи шаҳзодаи тимсоли хуршед буд ба исми Абдуллохон, ки тамоми зулму истебдод ва харобазорҳоро аз байн бурд:

Ба аҳдаш золимон гаштанд ранҷур,

Гурезон гашта чун тир аз камон дур.

Бухоро пир буд, акнун ҷавон шуд,

Ба даврон Абдуллохон шуд.

Мувофиқи навиштаи Сайидо, маҳз ба баракати қадами хайри ин ҳоким даврон, аз кавкаби ӯ шаҳри Бухоро чароғон гашта, ба зеботарин ва тозатарин шаҳр табдил шуд:

Зи ҳукмаш кӯчаҳо гардида равшан,

Зи шаб то рӯз натавон фарқ кардан.

Баъзе вақтҳо таърих дар як шакле такрор мешавад. Ин дар мисоли «ҷанги шаҳрвандӣ»-е, ки дар сарзамини кишварамон сар зад ва тамоми аҳли ҷомеаро ба ҳам рехта, онҳоро дар вазъияти сахту гирифторӣ қарор дод, падид омад. Махсусан аҳли илму адаб дар вазъияти фақру нодорӣ китобу қаламро як тараф гузошта, ба корҳои гуногуни ба дур аз ихтисоси худ рӯ оварданд.

Аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он буд, ки бо ташаббуси оқилонаи хеш байни шаҳрвандон сулҳ ва ваҳдати миллиро барқарор намуд, ки аз хайртарин ва бузургтарин корҳои Раҳбарамон буд. Тавассути ин фаъолияти хирадмандонаи хеш назму низом ва сулҳро байни шаҳрвандон барқарор намуданд ва ба кинаву адоват, бадбиниву бадфикрӣва ҷудоӣхотима бахшиданд. Ҳамаи ин заҳмату фаъолиятҳои Президенти Тоҷикистон боис гардид, ки мардум ва кишвари азизамон соҳиби Пешвои ягонаи миллӣгаштанд. Маҳз ба қадами устувору нияти неку ҷасорат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибихтиёру мустақил ва бо фарҳангу тамаддун шиносониданд ва муаррифӣ намуданд.

Ҳамчунин баъд аз солҳо, шаҳру деҳотҳои аз назар дурмонда ва роҳҳои рехтаву фарсудаи нообод аз нав рӯба беҳбудӣва бозсозӣ гардиданд ва мактабу мадрасаҳо, боғчаву парваришгоҳи наву замонавӣ ба роҳ монда шуданд. Алалхусус нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки бузургтарин нерӯгоҳдар дарёи Вахш мебошад ва сохти он ноанҷом ва нообод монда буд, бо ташаббус ва талошҳои зиёду қатъии Пешвои миллат аз нав ба кор андохта шуда ба танзим дароварда шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии кишвару миллатамон хоҳад гашт.

Саҳми Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи фарҳангу суннати даврони бостонии тоҷикон, махсусан Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва дигар суннатҳои қадима дорои арзишҳои волои тарбиявӣ-маънавӣ, таърихию фарҳангӣва иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошад. Ин хизмати пурарзиши Президенти Тоҷикистон барои насли имрӯзаю оянда як ҳадяи гаронбаҳое аст, ки онҳоро дар роҳи ба худшиносию ваҳдат, ягонагию ҳувият, истиқлолияти миллӣ ва ҳамчунин шинохти арзишҳои сарзимини хеш ва хоки он ҳидоят менамояд. Раҳбари қудратманди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи дигар соҳибқудратии тамаддуни давлату мардуми тоҷикро ба башарият муаррифӣ намуданд, ки мо шаҳрвандон ва аҳли илму адаб ин заҳмату талошҳои Пешвои азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд қадрдонӣ кунем ва ифтихор намоем, ки ин шахсияти бузург Раҳбари мо ҳастанд. Дар бораи хизматҳо ва корҳои бузургу арзишманде, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи сиёсату иқтисод, робитаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояву хориҷӣ, дар соҳаи илму фарҳангу ҳунар, тарбияи ҷавонону кӯдакон, чопу дастрас намудани мероси ниёгон, баланд бардоштани маърифати мардум дар гузаронидани маросимҳои мухталиф ва амсоли инҳо сухан бисёр гуфтан мумкин аст, ҳарчанд инҷо хеле мухтасар зикр гардид.

Ин буд бозтоби кӯтоҳаз талош ва шоҳкорҳои давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумро аз қудратҳои бад ва торикоту зулмот наҷот бахшида, Тоҷикистонро ба як давлати соҳибихтиёр ва соҳибҳуқуқу тамаддунӣ табдил дода, ба тамоми башарияти дунё муаррифӣ карданд.

Сидқан мегӯям, ки мефахрам бо чунин Раҳбару шахсияти хоксору бохирад ва давлатдори бо сиёсату ба ҷаҳони муосир созгор ва дар айни замон мардумпарвару ғамхору меҳрубон ва нисбати мардуму миллати хеш дорои худшиносӣва ҳувияти миллии воло. Бо дастгирӣ ва ташабусҳои Сарвари миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллӣ, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ аз нав эҳё шуд. Аз ин ҷо, мо дар дурахшиши симои ӯ на танҳо як Президент ва Пешвои миллатро мебинем, балки як ворис ва Асосгузори давлати тоҷиконро ҳамчун як инсони комил мебинем.

Бояд зикр кард, ки корҳое, ки дар муддати на чандон зиёд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати давлату давлатдорӣ, нисбати фарҳангу суннат, нисбати иқтисоду сиёсат ва сохтору ба роҳмонии корҳои дохиливу берунии кишвар ба анҷом расонидаанд, ҳарчанд номбар кунем, боз ҳам кам аст. Аз тарафи дигар худи мардум шоҳиди хизматҳои шоёни Президенти муҳтарамон мебошанд ва танҳо дастгирӣ ва қадрдонӣ намудан аз Пешвои хирадманди миллат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як аз мост.

Муродова Тоҷинисо - номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

asdasdЗабони тоҷикӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурӯҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад. Тибқи маълумоте, ки Донишномаи озоди тоҷикӣ овардааст, танҳо бо гӯиши тоҷикӣ 38,6 миллион нафар гап мезананд. Бори аввал Қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 қабул карда шуд. Аммо 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забони тоҷикӣба тасвиб расид ва рӯзи «Иди забон» ба 5-уми октябр гузаронида шуд. забони тоҷикӣ шаҳодатномаи миллати соҳибтамаддуну соҳиб фарҳанг ва куҳанбунёд аст.

Забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ ва сарвати бебаҳои фарҳангӣ шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама, ба воситаи он мешиносанд. Ин унсур пайвандгари қарнҳо буда, осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи он ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад Ин забон яке аз забонҳои қадимии олам маҳсуб ёфта, таърихи ғанӣдорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд, ки ин аз як тараф боиси ифтихори мо соҳибзабонон аст ва аз ҷониби дигар ин масъала моро водор менамояд, ки барои поку беолоиш нигоҳдоштани забонамон кӯшиш намоем.

Забон рукни асосии нишони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣва маънавии ҳар як халқба ҳисоб рафта дар таҳвили ин навъи мерос саҳмгузор будааст. Тибқи қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО аз 21-уми феврали соли 2000-ум сар карда, имрӯзро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» эълон намудааст. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз 22 июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ- забони тоҷикӣ эълон гардид. 5 октябри соли 2009 тахти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳои таълимию илмӣ ва ғайра бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Бо назардошти ин 22-юми июли соли 1996 мо дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон масъалаи таҳия ва тасвиби “Қоидаҳои имлои забони тоҷики”-ро яке аз масъалаҳои хеле муҳим арзёби намуда будем. Таъкиди ин масъала бар пояи мантиқӣ устувор гардида, зарурати таҳияи “Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ” пеш омада буд. Ҳамин тавр, бо пешниҳоди мо ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентябри соли 1998 ”Имлои забони тоҷикӣ “ дар таҳрири нав қабул гардид.

Забони тоҷикӣ– ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

Забон воситаи муҳиммтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣдорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқаст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣрасиданд.

Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлоляти кишварамонро ташкил медиҳад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд. «Мардуми мо аз рӯзҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ миллати тамаддунсози Тоҷикистон ҳуввияти худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад».

Ҳамин тариқ бояд гуем, ки забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад. Яке аз арзишмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёби мегардад. Тавассути забон одамон ба ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд. Таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад.

Мародмамадова Н.Г. ходими хурди илмии Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ

123Ҳамасола 5-уми октябр дар қаламрави Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад, ки он бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Ҷараёни босуръати нестшавии забонҳо дар замони муосир аҳолии сайёраро ба таҳлука андохтааст. Дар чунин лаҳзаи ҳассос, ки ҳатто хатари нобудшавии забонҳои машҳури дунё ба миён омадааст, месазад, ки барои ҳифзи забони шевои тоҷикӣ ва мероси ниёгонамон чораҳои зарурӣ ва натиҷабахш андешида шавад. Иқтибос аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Забон воситаи муҳиммтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи афкори инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣрасиданд.

Тибқи маълумоте, ки Донишномаи озоди тоҷикӣ овардааст, танҳо бо гӯиши тоҷикӣ 38,6 миллион нафар гап мезананд. Бори аввал Қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 қабул карда шуд. Аммо 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забони тоҷикӣ ба тасвиб расид ва рӯзи «Иди забон» ба 5-уми октябр гузаронида шуд.

Забон рукни асосии нишони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ҳар як халқ ба ҳисоб рафта дар таҳвили ин навъи мерос саҳмгузор будааст. Тибқи қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО аз 21-уми феврали соли 2000-ум сар карда, имрӯзро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» эълон намудааст. Ин иқдом дар ҳамон замон саривақтӣ дониста шуд. Зеро коршиносон чунин хулоса баровардаанд, ки ҳар як ҳафта тақрибан як забон аз байн меравад.

Мувофиқи тадқиқоти рӯзномаи бритонии Independent дар рӯйи замин сатҳи нобудшавии забонҳо аз ҳайвоноту парандагон дида баландтар будааст. Масалан, дар 500 соли охир дар рӯйи замин тақрибан 4,5 дарсади забонҳои дунё нест шудаанд, дар ҳоле, ки дар ин муддат дар дунё 1,3 дарсади парандаҳо ва 1,9 дарсади навъҳои ҳайвонот ба коми нестӣ рафтаанд. Дар тамоми тӯли таърихи инсоният тақрибан 9 ҳазор забон аз байн рафтааст. Дар ин миён ҳатто забонҳои кишварҳои абарқудрате аз байн рафтаанд. Аз ҷумла, забонҳои қадимаи санскрит, порсии қадим, оромӣ, юнонӣ, лотинӣ, ведӣ, ошӯрӣ ва русии қадим.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Адибону донишмандони оламшумул ба тимсоли устодон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургонамон асарҳои безавол ва ҷовидонаву орифонаи худро ба забони ноби тоӣикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар кардаанд.

Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ба он ҳамеша арҷмегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Чуноне, ки Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мӯъмин Қаноат дар шеъри худ бо номи “Ба ҳаводори забони тоҷикӣ” таъкид намудаанд:

…Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

Чунки меҳри модар аст.

З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,

Дӯст медорам варо

Чун навозишҳои гарми модарам,

Дӯст медорам варо.

Ҳамин тариқ, ҳастии ҳар як халқу миллат ба гиромидошти забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ муваззаф аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намоянд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои омӯхтану аз худ кардани дигар забонҳо мусоидат менамояд. Ба ифодаи шоири ширинкалом Аскар Ҳаким:

Аз миллату аз забони худ ёд кунед.

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо.

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Хоҷаев М.А. Котиби илмии Маркази инноватсионии

биология ва тибби АМИТ.

Чандест дар пайравӣ бо сиёсати ҷавонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобстаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт кори хубу хотирмоне дар шакли сафар ба маконҳои илҳомбахшу таърихӣ ба роҳ монда мешавад.

Иқдоми сафар ба ҷойҳои фараҳбахшу хотирмон рӯзҳои шанбе ба нақша гирифта шудааст, ки дар тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва иттилооти илмиву фарҳангии олимони ҷавони кишвар нақши бориз хоҳад гузошт.

Бо ин мақсад санаи 21.09.2024 як гурӯҳи олимони ҷавони АМИТ бо роҳбарии бевоситаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобстаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон сафар намуда, аз зодгоҳ, муҷассама, мақбара, боғ, хона-музей ва хонаи рамзии шоири машҳури тоҷику форс Ҷалолиддини Балхӣ дидан намудем.

Баъд аз тамоишои амокини муқаддас дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ҷалолиддини Балхӣ- пайвандгари наслҳо ва тамаддунҳо” баргузор гардид, ки он бо сухани табрикотии раиси ноҳия муҳтарам Рустам Холиқзода ифтитоҳ гардид.

Баъдан маърузаи пурмуҳтавои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобстаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо унвони “Ҳаёти рангину пурмаънои шоири барҷаста ва мутафаккири тоҷику форс Ҷалолиддини Балхӣ” шунида шуд.

Инчунин, дар кори конфронс маърузаҳои илмӣ-назариявии мутахассисони мавлоношинос ва қироати шеър аз осори Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби хонандагони фаъоли ноҳия шунида ва мавриди истиқболи гарм қарор гирифтанд.

Дидан аз Осорхонаи ноҳия ва шиносоӣ бо таъриху тамаддуни бойи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз таассуроту хотироти дигари фаромушнашаванда аз ин ноҳияи шахсиятпарвар буданд, ки ҳамеша дар ёдҳо хоҳанд монд.

Хуб мешуд, ки чунин иқдомҳои мафкурасоз дар тамоми ҷумҳурӣ ба анъанаи умумимиллӣ табдил гашта, дар бештар шинохтани гузаштаи бою рангини сарзамину шахсиятҳои мондагори миллати тоҷик нақши худро гузоранд.

Шодиҷони Рамазон, - аъзои Шурои олимони ҷавони АМИТ

“Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.”

Эмомалӣ РАҲМОН

Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ, ҳамзамон барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқҳои сокини кишварамон низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд. Зеро забон сарчашма, калиди ҳамаи дастовардҳо ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар руҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад.

Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, решаи дӯстии инсонҳоро ба вуҷуд меоварад ва инчунин робитаҳоро тақвият мебахшад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд.

Бояд қайд кард, ки феълан дар кишвари мо дар баробари тоҷикон ҳамзамон намояндагони дигар халқу кишварҳои олам, аз ҷумла, русҳо, арманиҳо, ӯзбекон, қирғизон, қазоқон, туркманҳо, бошқирдҳо ва дигарон низ зиндагонӣ мекунанд. Бинобар ин аз ҷониби Роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои сокини кишвар заминаҳои муҳимми ҳуқуқӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои пурмуҳтавои худ марбут ба масоили гиромидошти забони аҷдодиамон аз ҷумла чунин гуфта буданд “Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсолаи худро маҳфуз доштаанд”.

Дар кишвари азизи мо ҳамаи ақаллиятҳои забонӣ барои рушду инкишофи забони модарии хеш тамоми имкониятҳоро доранд. Онҳо низ дар пешрафти забони адабии давлатӣ саҳми худро мегузоранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарору тадбирҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳала ба марҳалаи Қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуд.

Ҳамин тариқ баъдан рӯзи 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав аксар масъалаҳое, ки дар қонуни қаблии забон набуданд, ниҳоятан мавқуи зарурии худро пайдо карданд.

Ҳамин тариқ, зарурати иҷтимоии ҳар як забони миллӣ на танҳо дар рушду нумӯи таърихи ин миллат, балки ҳамзамон дар хусусияти истифодаи амалии он низ бозтоб мешавад. Зеро забони миллӣ - сарвати бебаҳои миллат буда, ҳамчун воситаи тавоною пурқудрати муоширати байни одамон хидмат мекунад ва инчунин имкон фароҳам меорад, ки маълумоти зарурӣ перомуни натоиҷи дар раванди бунёдкоронаву созанда ва зеҳниву ақлонӣ омӯхтаву андӯхтаи инсоният захира, нигаҳдорӣ ва аз насл ба насл интиқол дода шавад.

Дар воқеъ, таъкиди Пешвои муаззами миллат маҳз бар ҳамин мабност, ки аз ҷумла чунин зикр кардаанд: “Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад. Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли Истиқлол, Ватан, Модар ва фарҳанг, аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем. Забон инчунин воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Яъне, бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст”.

Хулоса, ҳифзу гиромидошти забони ноби тоҷикӣ ва ҳамзамон эҳтиром гузоштан ба он вазифаи ҷонии ҳар кадоми мо соҳибзабонон ба шумор меравад.

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо.

Дунёи варо тоҷикӣ обод кунед!

Баҳромов Илҳом, - сармутахассиси бахши ҳуқуқ ва матбуоти Раёсати АМИТ

weqҶумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ дар асоси арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ қадим ва забони миллӣ ворид гардида, худро ба ҳайси халқи соҳибихтиёр эълон намуда, инсон ва ҳуқуқу озодии ӯро муқаддас эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дод.

Истиқлолияти давлатӣ тағйиротҳои куллиро дар ҳаёти фарҳангӣ-маънавии давлат ва ҷамъият, хусусан рушди забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ асос гузошт. Забон дар ҳама давру замон, ҳамчун воситаи шинохти инсоният, инкишофи тамаддун ва ибрози афкору муоширату муносибати байни одамон, тамоми ташкилоту муассисаҳо, мақомот ҳамчун восита ва омили муҳимму асосии расидан ба истиқлолият, пешравии ҷамъият, ташаккули миллат хизмат менамояд.

Забони давлатӣ чун парчам, суруди миллӣ ва нишони давлатӣ яке аз рамзҳои муқаддаси миллати тоҷик буда, ҳастии онро таҷассум мекунад. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ қайд карданд: “Забони миллӣ ва ҳамзамон ташакули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад”.

Забони миллӣ яке аз рукнҳои давлатдории миллӣ ва нишонаи ҳастии миллат заминаҳои ҳуқуқии ба худ хосро дорост. Зеро, танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба забони давлатӣ ва ҳифзи он аз ҷониби давлат кафолати рушди устувори он ба ҳисоб меравад.

Заминаҳои ҳуқуқии рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи инкишофи забони миллӣ, ҳанӯз аз солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ эътибор дода шуд. 22 июли соли 1989, № 150 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забон”, ки аз 37 модда иборат буд, қабул шуда, қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва истифодаи онро ба сифати забони давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, ҳамчунин кафолати ҳуқуқии амали озоди забони русиро, чун забони муоширати байни халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ва забонҳои миллии дигар халқҳоеро, ки дар сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги доранд, таъмин менамуд. Ин қонун бештар аз 20 сол муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи забони давлатӣ танзим намуд. Қонуни мазкур пеш аз қабули Конститутсияи соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, ва ба талаботи давлатдории ҳозира пурра ҷавобгӯ набуд.

Бинобар сабаби ба амал омадани тағйиротҳои куллӣ дар ҳаётии ҷамъиятии халқи тоҷик ва ба даст овардани истиқлолияти миллию давлатӣ, гузаштан ба сохти иқтисодии бозоргонӣ, ба кулли тағйир ёфтани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ, маданӣ-маишӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар зарурияти қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба миён омад. Ин буд, ки 5 октябри соли соли 2009, № 553 қонуни нав қабул гардид. Қонуни мазкур бо риояи меъёрҳои мавҷудаи Конститутсияи кишвар вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Бо мақсади иҷрои босамари қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи забони давлатӣ, аз ҷониби давлат инчунин механизмҳои давлатии амалисозии он ҷорӣ карда шуд. Бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забон” ва таъмини шароити мусоид барои тавсияи забони давлатӣ ва забонҳои миллӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи забонҳо ва истилоҳот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи татбиқи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Шуруъ аз соли 2009 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 604 дар заминаи Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми идоракунии давлатӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Заминаҳои ҳуқуқии рушди забони давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил медиҳад, балки ба ин ин низом дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие дохил мешаванд, ки тартиби таъмини иҷро, татбиқи он дар ҳаёт, механизмҳои амалишавии онро мустаҳкам мекунанд, дохил карда мумкин аст.

Яке аз гурӯҳҳои калони санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки заминаи ҳуқуқии рушди забони давлатиро ташкил медиҳад, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ баромад мекунанд. Дар тули 31 соли Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки қоидаи имлои забони тоҷикиро ба танзим медаровард. Инҳо, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, № 355 “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони ҳозираи тоҷик”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458 “Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июни соли 2021, № 268 “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷкӣ” мебошад.

Нақши муҳимро дар рушди забони давлатӣ Барномаҳои давлатӣ вобасти ба рушди забони давлатӣ мебозанд. Яке аз онҳо, Барнома доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997, № 459, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, қи бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 335 тасдиқ шудааст, баромад мекунад. Барномаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) баён гардидаанд, таҳия шуда буд. Барномаи амалкунанда ин Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, № 647 тасдиқ гардидааст, баромад мекунад. Барномаи мазкур забони давлатиро барои солҳои 2020-2030 ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян менамояд. Барнома муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд. Он ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон равона шуда, барои рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.

Дар замони муосир дар радифи эълон нмаудани 20 соли омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ, табиӣ ва техникӣ забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба забони илму техника табдил ёбад. Дар ин самт аллакай заминаҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби давлат гузошта шуда, марҳила ба марҳила дар ҳаёт татбиқ карда шуда истодааст. Масъалан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, № 330 Стандартҳои рақамгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар клавиатураи компютерии стандартии UNICODE барои истифодабарии компютерӣ қабул гардида, истифодаи он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад. Дар ин самт, Барномаи истифода ва рушди технологияҳои иттилоотӣ дар забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, № 188 тасдиқ шудааст, низ баромад мекунад. Саҳми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳия ва ҳамоҳангсозии татбиқи барномаҳои номбурда хеле калон мебошад.

Ҳамин тариқ, заминаҳои ҳуқуқии рушди забони давлатӣ дар замони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат буда, на танҳо вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, инчунин масъалаҳои амалисозӣ, татбиқи меъёрҳо механизмҳои амалишавӣ, самтҳо рушди забони давлатӣ ва истифода онро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму техника дарбар мегирад.

Нематов А.Р. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини саркотиби АМИТ

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки инсон ҳамеша дар ҷустуҷӯйи зиндагии орому осуда ва дар талоши саодатинаслҳои имрӯзу ояндаи худ аст. Бинобар ин ӯ ҳамеша ниёзмонди ҳидоят ва роҳнамоии шахсиятҳои бузурги дурбину ояндабини имрӯзаву гузашта мебошад. Баҳри ба амал оардани чунин ниёзи мардум Сарвари хирадманди давлати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ва доимӣ дар ҷустуҷӯйи ҳалли масъалаҳои зиндагии орому осуда ва дар талоши саодати мардуми мо буда, аҳли ҷомеаи моро ба худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳидоят менамоянд. Бо мақсади амалӣ гардидани ҳидояти мазкур Сарвари давлат китобе бо унвони “Чеҳраҳои мондагор” таълиф намуд, ки дар он саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, рӯзгори шахсиятҳои номдору сарбаланди илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёшамол баррасӣ шудааст. Аз ҷумлаи чунин бузургони аҳли хирад Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мебошад. Сарвари давлати чеҳрашиноси мо дар бобати шахсиятубузургии Мавлоно бо муҳаббату самимияти беандоза чунин навиштаанд:

“Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо наҷми олангири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобоста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Як сабаби асосии ба эҷодиёти мутафаккир рӯ овардани мардуми зиёде дар кишварҳои гуногуниолам ба он алоқаманд аст, ки ӯ аксарияти Масъалаҳои ҳаётан муҳимро воқеъбинона тафсир кардааст. Ин воқеъбинӣ дар қолаби ирфонӣ инъикос ёфта бошад ҳам, на танҳо бо ҷаҳонбинии аҳли тасаввуф ва тафаккури шахсии ин марди донишманд, балки бо тарзи ҳаёт ва шароити таърихию иҷтимоие, ки мутафаккир дар он тарбия ёфтааст, сахт алоқамандӣ дорад. Ин аст, ки андешаҳои зиёди ирфонии Мавлоно то кунун ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва аксарияти он дархури ниёзмандӣ ва эҳтиёҷоти фикрию ахлоқии ҷаҳони муосир аст” [1. 254-255].

Шинохти Мавлоно ҳамчун шоир, ориф ва инсондӯсти кабир таърихи тӯлонӣ дошта, амалан аз даврони зиндагии ӯ оғоз шудааст ва минбаъд миқёсу вусъати ҷаҳонӣ касб кардааст. Мавлонои бузурги мо инсон ва мақому манзалати олии ӯро меҳвари корнамои маънавии худ қарор дод.

Бозтоби ниҳоят васеъ, рангин ва олимонову орифонаи инсонгароиро мо дар осори гуногуни Мавлавӣ қабл аз ҳама, шоҳасари “Маснавӣ-и Маънавӣ” мебинем: дар шаш дафтар ва зиёда аз 25 ҳазор байти ин асари ҷовидона беш аз сесад мавзӯъ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ дар инсонгароию инсонпарасти дар ҷаҳон ягона будани Мавлавиро чунин таъкид намудааст:

Яке май, дигаре майдон парастад,

Яке вазд, дигаре виҷдон парастад.

Надидам дар ҷаҳон афсӯс касеро

Ки чун Мавлои Балхӣ инсон парастад.

Сабаби дигари бузургии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар он аст, ки ба забон эҳтироми ниҳоят зиёде дошта, суханро падида ё нерӯи бузург донистааст. Аз муҳтавои назми пурэъзози ӯ чунин бармеояд, ки оне, ки гӯяндаю ҷӯяндаи сухани некӯ бошад, соҳиби мақому мартабаи баланд гардида, як давлати ӯ ҳазор хоҳад гашт, Мисоли ин панд дар сатрҳои зерин чунин омадааст:

Сухан ба назди сухандон бузургвор бувад,

Зи осмон сухан омад, сухан на хор бувад,

Сухан чу некӯ нагӯӣ, ҳазор яке аст,

Сухан чу некӯ гӯӣ, яке ҳазор бувад.

Бо дарназардошти чунин панди хеш Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Кӯшиш намудааст, ки ҳикояҳои манзуми осори хешро бо тарзи баёни содавӯ равон ва оммафаҳм баён намояд.

Ба қавли забоншиноси мумтоз шодравон Саид Ҳалимов “Забони ҳикояҳои манзуми” “Маснавии Маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ бо забони гуфтугӯйии мардум шабоҳату монандии зиёде дорад”. Баъдан боз ӯ таъкид менамояд, ки “Ҷалолуддини Балхӣ дар инкишофи забони назмимо, ба ин восита дар инкишофи забона адабӣ хизмати бузурге кард, зеро ӯ дар ҳикояҳои манзум калима ва ибораҳои рехта, мафҳумҳои гуногуни зиндагӣ, маҷозу киноя ва воситаҳои дигари нутқи бадеиро аз забони қаҳрамонон ба асар ворид мекунад [19. 266-267].

Аз ин рӯ забоншиносон ба омӯзишу таҳқиқи забони осори Мавлавӣ таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир менамоянд ва то имрӯз хусусиятҳои луғавию грамматикии забони осори шоири мазкур аз ҷониби чанде аз забоншиносон тадқиқу баррасӣ шудааст. Аммо хусусиятҳои таҳвию услубии осори шоир ба омӯзишу таҳқиқот нигарон аст [2, 4, 5, 6, 7, 8, 10, 16, 17, 18].

Забони ҳикояҳои манзуми Мавлоно аз ҷиҳати синтаксисӣ хеле равон ва софу ҳамвор буда, дорои хелҳои гуногуни ҷумлаҳои сода ва мураккаб мебошад. Яке аз омилҳои муҳимми ташаккули ибора ва ҷумла воситаҳои алоқа (пешоянду пасояндҳо, пайвандаку ҳиссачаҳо бандакҳо) мебошанд. Дар забони ҳикояҳои манзуми Мавлоно хусусиятҳои хоси корбурди баъзе аз воҳидҳои мазкур ба назар мерасад. Масалан ба ҷойи пешояндҳои ба, ба тарафи, ба назди ..., ки сӯйи амалро ифода мекунанд, бештар калимаи“сӯи” ба кор рафтааст:

Хоҷа рӯзе сӯи хона рафта буд,

Бар дӯкон тӯтӣ нигоҳбонӣ намуд [18. 25]

Ман ба вақти чошт дар роҳ омадам,

Бо рафиқи худ сӯи шоҳ омадам [18. 32]

Марди бозаргон пазируфт он паём,

К-ӯ расонад сӯи ҷинс аз вай салом [18. 39]

Ҳин, биё з-ин сӯ, бибин, к-ин арғанун;

Мезанад: “-Ё Лайта қавмӣ яъламун” [11. 216]

Дар мисолҳои овардаамон пешоянди сӯи “аслан сӯйро ифода намуда, бо хабари ҷумла (феълҳои ҳаракат) таносуби маъноӣ дорад. Дар забони адабии имрӯзаи тоҷик ба ҷойи “сӯи хона”-ба хона, ба ҷойи “сӯи шоҳ” –ба назди шоҳ, сӯи ҷинс-ба ҷинс, з-ин сӯ аз инсӯ ба кор рафтаанд. Пешояндҳои ба, ба назди, аз ин сӯ ҳарчанд мавқею паҳлуҳои сӯйро ифода карда бошанд ҳам, аммо назар ба онҳо пешоянди“сӯй” хушоҳангу равонтар ба назар мерасад.

Ҳамчунин пешоянди таркибии “аз чӣ” дар забони “Маснавии Маънавӣ” ба ҷойи зарфҷонишинҳои саволии чаро, барои чӣ корбаст шудаанд:

К-Аз чӣ, эй кал бо калон омехтӣ,

Ту магар аз шиша равған рехтӣ [20. 26]

На ки махлуқи туам? Гиран, харам,

Аз чӣ зору пуштрешу лоғарам [15. 126]\

Ҷиҳати ҷолиби дигари вижагиҳои наҳвии забони“Маснавии Маънавӣ” дар шакли замони гузаштаи феъл (шахси сеюми танҳо) ба кор бурдани феъли гуфтан мебошад:

Бо ҳазорон ғуссаву ғамгашт ҷуфт:

К-“Эй аҷаб, ин мурғ кай ояд ба гуфт?!” [18. 26]

Бар умеди он ки мурғ ояд ба гуфт,

Чашми ӯро бо сувор мекард ҷуфт [18. 26]

Дар мисоли овардашуда хабари ҷумла“ояд ба гуфт” ба маънои “сухан гӯяд” ё “ба гуфтор ояд” кор фармуда шудааст, ки он шояд ба сабаби талаботи вазну қофия сурат гирифтабошад.

Дар “Маснавии Маънавӣ” бандаки феълии шахси дуюми танҳо-“ӣ” баъзан ба маънои шахси сеюми танҳо ба кор рафтааст:

Қуръа бар ҳар к-ӯ фитодӣ рӯз-рӯ

Сӯи он шер ӯ давидӣ ҳамчу юз [18. 28]

Шоҳро бар вай набудӣ бадгумон,

Тасхурс мекард баҳри имтиҳон [11. 101]

Дар байтҳои зикршуда хабарҳои ҷумла бо феъли давидӣ ва феъли ёридиҳандаи набудӣ сурат гирифта шахси дуюми танҳоро ифода кардаанд, аммо мубтадоҳои ҷумлаҳои мазкур дар баёни шахси сеюм омадаанд ва байни мубтадову хабар алоқаи мувофиқат дида намешавад. Чунин тарзи баён шояд бо тақозои вазну қофия сурат гирифта бошад.

Дар асари мазкур гоҳо барои ифодаи хабари номии ҷумла феъли ёридиҳандаи будан (бувад) дар шакли мебувад корбурд шудааст:

Ҳар диле, к-андар ғами шоҳ мебувад,

Дам ба дам ӯро сари моҳ мебувад[11. 101]

Феъли ёридиҳандаи мебувад ба маънои мебошад кор фармуда шудааст.

Дар “Маснавии Маънавӣ” барои ифодаи алоқаи маъноии аъзоҳо ва ҷузъҳои ҷумла, ё худ муносибатҳои синтаксисии аъзоҳои ҷумла пасоянди-ро мавқеи муҳимро ишғол намудааст.

Пасоянди-ро дар асари мазкур чун қоидаи забони пешин(аз ҷумла дар асари XI) барои ифодаи ва барои ифодаи муносибати синтаксисии муайянкунандаву муайяншаванда ва ибораҳои исмӣ низ ба кор бурда мешавад.

Профессор Қосимова М.Н. таъкид намудаанд, “Пасоянди-ро на ҳамаи хелҳои муайянкунандаҳоро бо муайяншавандаҳо алоқаманд мекунад. Пасоянди-ро танҳо муайянкунандаҳои соҳибиро, ки бо исмҳо ва ҷонишинҳои шахсӣ ифода мегарданд, бо муайяншавандаҳояшон алоқаманд мекунад[11. 37].

Далели дар мисоли ҷумлаҳои зерини“Маснавии Маънавӣ” ба назар мерасад:

Чанд, охир, даъвии боду бурут,

Эй туро хона чу байт-ул-онкабут [20. 48]

Дар худ ин бадро намебинӣ аён,

В-арна душман будан худро ба ҷон [20. 36]

Оби борон аст моро дар сабу

Мулкату сармояю асбоби ту [20. 54]

Хиракушест моро, дорад диле чу хоро,

Бикшад, касаш нагӯяд, тадбири хунбаҳо кун [15. 19]

Дар ҷумлаҳои байтҳои овардаамон ибораҳои туро хона, худро бо ҷон, моро дар сабу, хиракушест моро ба маънои хонаи ту, ба ҷони худ, дар сабуи мо, хиракуши мо корбурд шудаанд.

Чида шуда омадани аъзоҳои гуногуни ҷумла дар ҷумлаҳои сода ва мураккаби забони осори Ҷалолуддини Балхӣ зуҳуроти ҳусни дигари ҷумласозии шоири сухандону суханвар мебошад. Дар ҷумлаҳои сода ва мураккаби забони осори Ҷалолуддини Балхӣ чида шуда омадани ҳамаи аъзоҳои ҷумла(мубтадо, хабар, пуркунанда, муайянкунанда ва хабар) ба назар мерасад:

Мубтадоҳои чида. Мубтадоҳои чида дар Маснавии Маънавӣ бештар бо исм ифода гардида, алоқаи синтаксиси онҳо маъмулан ва асосан бо пайвандаки пайвасткунандаи ӯ сурат гирифтааст.

Дар забони асри XI бошад, мутобиқи мушоҳидаи профессор Қосимова М.Н. мубтадоҳои чиди бештар ба воситаи пайвандаки ва бо ҳам алоқаманд шудаанд[12. 47].

а) ҷумлаҳои чидааъзое ки аз ду ё се мубтадо иборат буда, алоқаи байни онҳо бо пайвандаки пайвасткунандаи у сурат гирифтааст:

Шеру гургу рубаҳе баҳри шикор

Рафта буданд аз талаб дар кӯҳсор [20. 62]

Ҳукму тақдираш чу ояд бевуқуф,

Ақл кӣ бвад? Дар қамар афтад хусуф[14. 115]

Ин қушу душ ҳаст ҷабру ихтиёр,

Аз варои ин ду омад ҷазби ёр [14. 117]

Дар мисолҳои боло танҳо ҷумлаи чидааъзои аввал аз се мубтадо (шеру гургу рубаҳе) иборат буда, ҷумлаҳои чидааъзои дигар бо ду мубтадо сурат гирифтаанд ва бештару аксари ҷумлаҳои мазкур аз ду мубтадо иборатанд.

Дар ин маврид профессор Қосимова М.Н. бо дарназардошти забони асри XI таъкид намудаанд, ки: “Агар мубтадоҳои чида ба воситаи пайвандаки ва муносибати синтаксисӣ пайдо кунанд, дар он ҳолат конструксияи номаҳдуд ё кушод ба вуҷуд меояд. Ин чунин маъно дорад, ки мубтадоҳо бе маҳдудият чида шудан мегиранд”[12. 48]

Дар забони “Маснавии Маънавӣ” бо пайвандаки ва алоқаманд шудани мубтадоҳои чида беҳад маҳдуд буда, қариб ба назар намерасад.

Тарзи ифодаю баёни дигари мубтадоҳои чида дар забони асари мазкур бо шумораи як (дар ифодаи номуайянӣ) алоқаманд шуда омадани ҳар яке аз мубтадоҳои чида мебошад:

Як фақеҳу як шарифу сӯфие,

Ҳар яке шӯхе, фузуле, й ӯфие. [20. 103]

Дар мубтадоҳои чидаи боло шумораи як номуайянии ҳар як мубтадоро таъкид намуда, оҳанги хушнавои ҷумларо ташаккул додааст. Ҳамчунин хабарҳои чидаи ҷумла (ҳар яке шӯхе, фузуле, й ӯфие) низ артикли номуайянии е-ро қабул намуда ҷиҳати эҳсосию ифоданокиӣ ҷумларо афҳудааст.

Дар асари мазкур бо пайвандаки ҳам алоқаманд шуда омадани мубтадоҳои чида низ ба назар мерасад:

Ҳам Аҷам, ҳам Руму ҳам Турку Араб

Монда аз ҷуду сахояш дар аҷаб[20. 45]

Дар мисоли боло пайвандаки “Ҳам” барои таъкиди мубтадоҳои чида корбурд шудаанд ва дар натиҷа оҳанги эҳсосию ҷиҳати муассирии ҷумла қувватноктар шудааст.

Мубтадоҳои чида тавассути муайянкунандаҳо тафсил ёфта, чун ибораи исмӣ ифода мегарданд, ки дар ин маврид ҷиҳатти ҷаззобии мубтадоҳои чида меафзояд:

Номи шаҳре гуфту з-он даргузашт

Ранги рӯю набзи ӯ дигар нагашт [15. 33]

З-ин ҳамроҳони сустаносир дилам гирифт

Шери Худову Рустами дастонам орзуст [15. 21]

То ҳамесӯзид з-оташ беамон

Кӯрии чашму дили номаҳрамон [15. 218]

Ҳамин тарз, бо интонатсия, пайвандакҳои ё ... е, на ... на алоқаманд шуда омадани мубтадоҳои чида низ дар Маснавиӣ Маънавӣ гоҳ-гоҳе ба назар мерасад, ки теъдоди он ниҳоят кам аст.

Хабарҳои чида. Дар “Маснавии Маънавӣ” чида шуда омадани хелҳои гуногуни хабарҳо назар ба мубтадоҳои чида зиёданд.

Дар асари мазкур ҳам хабарҳои чидаи номӣ ва ҳам хабарҳои чидаи феълӣ ба назар мерасад.

Хабарҳои чидаи номӣ. Хабарҳои чидаи номӣ дар “Маснавии Маънавӣ” маъмулан ва бештар бо феълҳои ёридиҳандаи буд ва шуд сурат гирифта, алоқаи байни хабарҳои чида аксаран бо пайвандаки пайваскунандаи у, ю ифода гардидаанд: Тарзи ифодаи хабарҳои чида ду навъ аст: 1 феъли ёридиҳандаи хабари номӣ бо ҷузъи номии ҳар як хабари чидашуда меояд: г. Ҷузъи номии ҳар як хабари чидашуда номбар шуда, дар охир ҷузъи феълӣ (феъли ёридиҳанда) оварда мешавад:

а) Хабарҳои чидаи номие, ки дар онҳо феъли ёридиҳандаи хабари номӣ бо ҷузъи номии ҳар як хабари чидашуда якҷоя меояд:

Гум шуду нобуд шуд аз фазли ҳақ,

Бар муҳим душман, шуморо шуд сабақ [20. 37]

Ту ҷавон будию қонеътар будӣ,

Зарталаб гаштӣ, худ аввал зар будӣ [20. 46]

б) Хабарҳои чидаи номие, ки дар он ҷузъи номии ҳар як хабари чидашуда номбар шуда, дар охир ҷузъи феълӣ(феъли ёридиҳанда) оварда мешавад:

Шер бо харгӯш чун ҳамроҳ шуд,

Пурғазаб, пуркинаву бадхоҳ шуд [20. 33]

2) Хабарҳои чидаи феълӣ бо якдигар бештар бо пайвандаки пайваскунандаи у ва баъан бо интонатсияи пайваст алоқаманд мегарданд. Хабарҳои чидаи феълӣ бо феълҳои соддаву таркибӣ ифода гардидаанд:

О яке тӯтӣ зи дардат бӯй бурд,

Заҳрааш бидриду ларзиду бимурд [20. 41]

Мустафо субҳ омаду дарро гушод,

Субҳ он гумоҳро ӯ роҳ дод [14. 11]

Хабарҳои чидаи феълӣ баъзан байни худ бо ду воситаи алоқаи грамматикӣ, яъне, бо пайвандаки пайвасткунандаи у ва пешоянди пас алоқаманд мешаванд.

Дар ин маврид пешоянди пас баъд аз хабари якум, пеш аз хабарҳои чидаи феълии дигар омада муносибати синтаксиси онҳоро ифода мекунад:

Маркаб истониду пас овоз дод,

Он салому он амонат боз дод [20. 39]

Тӯтис аз тӯтиён лорзиду пас

Уфтоду мурду бигсисташ нафас [20. 39]

Муайянкунандаҳои чида. Дар забони “Маснавии Маънавӣ” чида шуда омадани муайянкунанда назар ба чидашавии аъзоҳои дигари ҷумла хеле кам ба назар мерасад. Дар асари мазкур асосан муайянкунандаҳои беизофа истифода шудаанд. Алоқаи байни муайянкунандаҳои чида дар ин асар бештар ва асосан бо интонантсия ва -и ваҳдат сурат гирифтааст. Як хусусияти муайянкунандаҳои мазкур дар он аст, ки муайянкунандаҳои чида аз муайяншавандаашон дур мебошад. Дар ин бобат профессори шодравон Қосимова М.Н. дуруст қайд кардаанд, ки: “Муайянкунандаҳои чида аз муайяншавандаашон дур рафта метавонанд, ба шарте, ки воситаи алоқаи муайянкунандаву муайяншаванда –и ваҳдат бошад[12. 57]. Муайянкунандаҳои чидаи беизофа дар “Маснавии Маънавӣ” бо ду тарз ифода шудаанд:

Муайянкунандаҳои чидаи беизофае, ки дар он муайянкунандаҳои чида баъд аз муайяншаванда омадаанд:

Хоҷае будаст, ӯро духтаре,

Зуҳраҳадде, маҳре, симинбаре [14. 195]

Дар мисоли боло дар охири ҳар як муайянкунандаи –и ваҳдат омада дараҷаи баланди ҳуснро таъкид кардааст.

Муайянкунандаҳои чидаи беизофое, ки дар он муайянкунандаҳои чида пеш аз муайяншаванда омадаанд:

Ҷон чу бозу тан мар ӯро кундас,

Пойбаста, паршикаста, бандае [?]

Муайянкунандаҳои чидаи изофӣ низ дар “Маснавии Маънавӣ” ҷой доранд, ки миқдоран хеле каманд. Алоқаи синтаксисии байни муайянкунандаҳои чидаи мазкур бо пайвандаки пайвасткунандаи у воқеъ гардидаанд:

Кошифи асрору ҳам макшуф ӯст,

Шоҳи имрӯзинаву фардои мост: [14. 327]

Шаҳнаи ишқу мукаррар кинаат

Ташти оташ мениҳад бар синаат [14. 122]

Пуркунандаи чида низ дар асари мазкур байни худ маъмулан бо пайвандаки пайвасткунандаи у ва баъзан бо пайвандакҳои ҳам, ё, на ва интонатсияи пайваст муносибати синтаксисӣ пайдо мекунад: а) Ба воситаипайвандаки ӯ

Бингар ин ҳар се зуи хомӣ растаро,

Ҷавзраву Лавзраву пистаро [14. 65]

Ранҷам аз сафрову аз савдо набуд,

Бӯйи ҳар ҳезум падид ояд зи дуд [15. 32]

б) Ба воситаи пайвандаки шам ва у:

Ёрам аз зафтӣ се чандон буд зи ман

Ҳам ба лутфу ҳам ба хубӣ ҳам ба тан [20. 32]

в) Ба воситаи интонатсия:

Бехиёнат, бегунаҳ, бебиму кам

Мулҳидон ҷоиз надоранд ин ситам [20. 97]

Ҳоли чида дар “Маснавии Маънавӣ” байни худ асосан ба воситаи пайвандаки пайвасткунандаи у алоқаманд гардида баъзан ба он пайвандаки пайваскунандаи на ... на ҳамроҳ мешавад, ки он пеш аз ҳар як ҳоли чида меояд:

Медавад бе даҳшату густох ӯ

Хашмчину тунду тезу туршрӯ [20. 30]

Ту бигӯйӣ на зи Балху на-з ҳарӣ,

На зи Бағдоду на Мавсил, на Тароз,

Даркашӣ дар“нею не” роҳи дароз [ ? ]

Ҷумлаҳои мураккаб низ дар “Маснавии Маънавӣ” ҷой дошта дорои баъзе хусусиятҳои хос мебошанд. Ду навъи ҷумлаҳои мураккаб ба назар мерасад: Ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва ҷумлаҳои мураккаби тобеъ.

Ҷумлаҳои мураккаби пайваст назар ба ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар асари мазкур бештар ба кор рафтаанд.

Интонатсия, мутобиқати хабарҳо, тартиби ҷойгиршавии ҷумлаҳо, таносуби маъноӣ ва муносибати маъноии тарафайни ҷумлаҳо ва баъзан бо пайвандакҳои пайвасткунандаи у, ё, лек, на ... на алоқаи. Синтаксисӣ пайдо мекунанд:

Баҳсашон бисёр шуд андар хитоб,

Монда гаштанд аз суолу аз ҷавоб. [14. 129]

Даст дадастат Худо, коре бикун,

Максабе кун, ёрии ёре бикун [14. 129]

Дар мисолҳои боло алоқаи байни ҷумлаҳои содаи ҷумлаҳои мураккаби пайваст тавассути интонатсияи пайваст, мутобиқати хабарҳо ва тартиби ҷумла воқеъ гардида ҷумлаҳои мураккаби пайваст муносибати пайиҳамзамонии амалҳоро бо тобишҳои маъноии сабабу натиҷа ва шукру водоркунӣ ифода кардаанд.

Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти дар боло зикршуда яке аз ҷумлаҳо содаи дутаркиба бошад, ҷумлаи дигар(дуюм) ҷумлаи содаи яктаркиба мебошад.

Дар “Маснавии Маънавӣ” ҷумлаи мураккаби пайвасте, ки ҳар ду ҷумлааш содаи дутаркиба бошад, нисбатаи камтар ба назар мерасад:

Хок зар шуд, ҳайати хокӣ намонд,

Ғам фараҷ шуд, Хори ғамнокӣ намонд. [14. 261]

Гуфт: -“на, на, ман ҳаридш он майм”,

Ман ба завқи ин хушӣ қонеъ наям. [14. 188]

Дар алоқамандшавии ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст корбурди пайвандакҳои пайвасткунанда хеле кам ба назар мерасад, аз байни пайвандакҳои пайвасткунанда пайвандакҳои у, ё, лек, на ... на хеле кам мавриди истифода қарор доранд:

Тан занам ё дар иборат орамост? [14. 259]

Дор кай монад ба дуздӣ? лек он

Ҳаст тасвири худам ғайбдон. [14. 245]

Ӯ ҳамегардонадам баргирди сар,

На ба зер орои дорам, на забар. [14. 269]

Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар асари мазкур бештар бо пайвандакҳои тобеъкунандаи ки? то, то ки, баски. агар таркиб ёфтаанд.

Бо ёрии пайвандакҳои тобеъкунандаи мазкур ва алоқаи тарафайни маъноии сарҷумлаю ҷумлаи пайрав ҷумлаи мураккаби тобеъ бештар бо ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда, пуркунанда, ҳоли замон, ҳоли сабабу мақсад, миқдору дараҷа ифода гардидааст:

Ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайвандаки тобеъкунандаи синтаксисии ки дар асар бештар бо ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда, пуркунандаҳои дараҷе ба кор рафтаанд: а) бо ҷумлаи пайрави муайянкунанда:

Он диле овар, ки қутби олам ӯст,

Ҷони ҷони ҷони ҷони адам ӯст. [15. 225]

б) Бо ҷумлаи пайрави пуркунанда:

Дон, ки пинҳои аст хуршеди ҷаҳон [14. 261]

в) Бо ҷумлаи пайрави ҳоли дараҷа:

Сахт бераҳмию бас сангиндилӣ,

Ки ба сад шамшер ӯро қотилӣ [14. 293]

г) Бо ҷумлаи пайрави ҳоли дараҷа:

Ман чунон хоҳам, ки ҳамчун ёсамин

Кат ҳамегардан чунон, гоҳе чунин.

Ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайвандакҳои тобеъкунандаи то, то ки, агар низ дар забони“Маснавии Маънавӣ” бештар назаррасанд.

Пайвандаки тобеъкунандаи то, то ки дар асари мазкур сермаъною сервазифа буда, алоқаи сарҷумларо бо ҷумлаҳои пайрави замон, дараҷа, мақсад ифода кардааст: а) Ҷумлаҳои пайрави замон:

То намирӣ, нест ҷон кандан тамом,

Бе камоли нардбон нойи ба бом [14. 260]

То бурун н-ояд аз ин тангин муноҳ,

Кай шавад хӯяш хушу садраш фароҳ? [14. 186]

б) Ҷумлаҳои пайрави дараҷа:

Ҳар ду чашмат баст сеҳри санъаташ,

То ки ҷонро дар чаҳ омад рағбаташ [14. 293]

в) Ҷумлаи пайрави мақсад:

Нон биёварданду дар деге таом,

То бирезандаш ба ҳалқуму ба ком.

Пас ба қосид мард дандон сахт кард

То бибинад сидқи он мичод мард. [14. 129]

г) Ҷумлаи пайрави шартӣ:

Ҷоншро ин дам ба боло масконест,

Гар бимирад, рӯҳи ӯро нақл нест. [14. 261]

Ҷиҳати ҷолиби дигари вижагиҳои наҳвии “Маснавии Маънавӣ” дар қолаби банди наҳвӣ сурат гирифтани ҷумлаҳои содаю мураккаби он мебошад. Банди наҳвӣ дар забони асари мазкур ҳамчун воситаи муассири наҳвӣ ба кор рафтааст.

Банди наҳвӣ ҳамчун қолаби мураккаби наҳвӣ мазмуни муфассал дошта, дорои хусусиятҳои мавзунӣ ва муназзамии ҷузъҳо мебошад. Банди наҳвӣ дар“Маснавии Маънавӣ” бо тарзу воситаҳои зерин сурат гирифта, дар баёни фикру мақсади пурраю муфассал ва тасвиру тавсифҳои мукаммал ба кор рафтааст:

Банди наҳвие, ки дар он калимаи таркибӣ ҳамчун пуркунандаи бавосита пеш аз мубтадои ҷумла, яъне дар аввали ҳар як ҷумлаи сода омада, муносибати маъноии байни ҷумлаҳои содаи банди наҳвиро қовитар намудааст:

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Аз муҳаббат дурдҳо софӣшавад,

Аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.

Аз муҳаббат хорҳо гул мешавад,

В-аз муҳаббат сиркаҳо мул мешавад.

Аз муҳаббат дор тахте мешавад,

В-аз муҳаббат бор бахте мешавад.

Аз муҳаббат сиҷн гулшан мешавад,

Бе муҳаббат равза гулхан мешавад.

Аз муҳаббат пор пуре мешавад,

В-аз муҳаббат дев ҳуре мешавад.

Банди наҳвии мазкур аз 24 ҷумлаи сода иборат аст, вале ма бо мақсади риоя намудани ҳаҷми мақола 12 ҷумлаи онрооварден. Дар банди наҳвии мазкур паси ҳам омадани як намуди ҷумла: ҷумлаи содаи дутаркиба бо хабари номӣ, ки бо феъли ёридиҳандаи “шудан” сурат гирифтааст, дар ташаккули банди наҳвӣ нақши муҳим дорад.

Банди наҳвие, ки дар он яке аз нидоҳо дар аввали ҳар як ҷумлаи содаи тавсифӣ омада ҷиҳати эҳсосӣ ва муассирии ҷумлаҳоро меафзояд:

Эй дареғо, нури зулматсӯзи ман,

Эй дареғо, субҳи рӯзафрӯзи ман.

Эй дареғо, мурғи хушпарвози ман,

З-интиҳо паррида то ғози ман.

... Эй дареғо ашки ман дарё будӣ

То нисори дилбари зебо шудӣ

Эй дареғо, эй дареғо, эй дареғ,

К-он чунон моҳе ниҳон шуд зери меғ! [20. 41-42]

Банди наҳвие, ки тавассути такроршавии мухотаб дар аввали ҳар як ҷумлаи сода таркиб ёфтааст. Дар банди мазкур ғайр аз такрори мухотаб пайвандаки пайвасткунандаи ҳам низ дар аввали ҳар як ҷумла такрор мешавад:

Эй забон, ту бас зиёнӣ мар-маро,

Чун туӣ гӯё-чӣ гӯян мар туро.

Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,

Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ?

Дар ниҳои ҷон аз ту афғон мекунад,

Гар чи ҳар ҷӣ гӯияш, он мекунад.

Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,

Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ

Ҳам сафиру ҳадъаи мурғон туӣ

Ҳам билису зулмати куфрон туӣ [20. 42]

Дар банди наҳвии зикршуда мухотаби “Эй забон” дар аввали ҳар як ҷумла омада, бо оҳанги хитоб ифода гардида, субъекти аломатро таъкид карда бошад, дар охири ҳар ҷумла хабари номӣ бо бандаки феълии шахси дуюми танҳо сурат гирифта, оҳанги таъкидию эҳсосии ҷумларо пурқувват намуда, дар муттаҳид гардидани оҳанги ҷумлаҳои таркиби банди наҳвӣ саҳм гузаштааст.

Бо ҳиссачаи инкории“не” таркиб ёфтани банди наҳвӣ низ дар “Маснавии Маънавӣ” ҷолиб аст. Ҳиссачаи инкории “не” дар аввали ҳар як ҷумлаи сода ва дар байни ҷумлаҳои сода омада, алоқаи маъноии аъзоҳои ҷумла ва ҷумлаҳои содаи дохили банди наҳвиро қавитар намудааст:

К-эй падар, охир куҷоят мебаранд,

То туро дар зери хоке биспаранд?

Мебарандат хонаи тангу заҳир,

Не дар ӯ қолию не фаршу ҳасир.

Не чароғе дар шабу не рӯз нон,

Не дар он бӯи таому не нишон.

Не дараш маъмур, не сақфу на бом,

Не дар ӯ баҳри зиёе, ҳеҷ ҷом.

Не дар он аз баҳри меҳмон оби чоҳ,

Не яке ҳамсоя, к-ӯ бошад паноҳ.

Хулоса, вижагиҳои наҳвии забони“Маснавии Маънавӣ” хеле гуногуну ҷолиб буда, далели онанд, ки воҳидҳои наҳвӣ: воситаҳои алоқа, ҷумлаҳои содаю мураккаби чидааъзо, банди наҳвӣ дар забони “Маснавии Маънавӣ” хеле содаю рехтаю равон ва дорои ҷилоҳои ҳусни баён мебошанд. Вижагиҳои наҳвис, ки дар мақолаи мазкур мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст чанд намунаи мебошанд, ки ҳар кадоми он ба тадқиқу баррасии мукаммал нигарон аст.

Рӯйхати адабиёт

Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор// Раҳмон Эмомалӣ –Душанбе: Эр-граф, 2016: 363с. (254-264)

Буриев Ш.Р. Лексическая синонимия в “Маснавии маънави” Джалолиддина Руми: Ш.Р.Буриев –Автореф. дисс. канд. филол. нук.-Душанбе, 2002-22с.

Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷилди 2. Ибора ва синтаксиси ҷумлаҳои содда-Душанбе: Дониш 1986-372с.

Джуразода Ш. Лексико-грамматические особенности “Маснавии Маънавии” Джалалидина Руми / Ш. Джуразода –Душанбе, 1998-146с.

Кабиров Ш., Кабиров Х. Ибораҳои рехта дар ашъори Мавлоно. /Ш. Кабиров/ Забон-рукни тоат. Китоби чорум-Душанбе, 2008. с.153-167

Кабиров Х. Специфические особенности языка поэзии Джаллолиддина Руми. Автореф. диссерт. канд. филол. наук. –Душанбе, 2009-19с.

Кабиров Ш. Ҳунари вожашикании Мавлон Румӣ / Ш. Кабиров // Забон рукни тоат. об // -Душанбе, 2018-С.7-12

Кабиров Ш. Кабиров Х. Мавлоно-вожасози беҳамто Ш. Кабиров // Забон рукни тоат, Китоби чорум –Душанбе, 2008. С. 142-153

Камолиддинов Б. Наҳви забони тоҷикӣ / Б. Камолиддинов- Душанбе: Собириён 2010-279с.

Қосимова М.Н. Оид ба чанд калимаву ибораҳо дар осори Ҷалолиддини Румӣ/Ганҷӣ сухан/ М.Н.Қосимова/-Душанбе: Маориф ва фарҳанг 2013, С.269-274

Қосимова М.Н. Очеркҳо оид ба синтаксиси ҷумлаҳои соддаи насри асри/ М.Н. Қосимова –Душанбе: Ирфон, 1976-216с.

Ҷалолиддин Румӣ Ҳикоятҳои халқии маснавӣ// Румӣ Ҷалолиддин-Душанбе: Нашрдавлтоҷ. 1963-279с.

Қосимова М.Н. Структура ва семантикаи ҷумлаҳои соддаи насри асри XI М.Н. Қосимова/ -Душанбе. 1986-86с.

Қосимова М.Н. Таърихи забони адабии тоҷик / М.Н. Қосимова-Душанбе, 2003-409с.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. Маснавии Маънавӣ. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва лӯғат номои мухтасар аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ Баҳриддин Ализода, Мубашир Акбарзода. ҷилди 3. /Ҷаллолиддини Балхӣ-Душанбе: Адиб. 2022-511с.

Мунтахаби достонҳои “Маснавии Маънавии” Бозгӯйи Аҳмад Нафисӣ / Душанбе, 2015.-319с.

Назарзода С. “Маснавии Маънавӣ” ва ҷойгоҳи он дар забони тоҷикӣ // Ватаномаи “Маснавии Маънавӣ” (таҳия, тавзеҳот ва баргардони Назарзода Сайфидддин ва Мисканов Илҳом) С. Назарзода/ -Душанбе, 2007-23с.

Насриддин А. Маънишиносии сухани Мавлоно ва вижагиҳои шарҳнависӣ бар он // офтоби маърифат / А. Насриддин/ -Душанбе, 2007- С.72-79

Ҳалимов С. Осор, Ҷилди II. Таърихи забони адабии тоҷикӣ (Аз асрҳои IX-Xто ибтидои асри XX (Васоити таълим).-Душанбе. 2022-595с.

Саломов М. Баъзе хусусиятҳои луғавӣ ва услубии “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Румӣ / М. Саломов/ Офтоби маърифати/ -Душанбе. 2007-С.218-225

Шарифова Ф. Таҳаввули ҷумлаҳои содаи забони тоҷикӣ / Ф. Шарифова қисми1-Душанбе 2012-223с.

Шарифова Ф.Х. Парадиъма простого предложения языка парси дари / Ф. Х. Шарифова / забон-рукни тоат (маҷаллаи илмӣ) №11-Душанбе, 2018. С.53-58

Баъзе вижагиҳои наҳвӣ дар “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ

Дар мақолаи мазкур аввалан, мақому мартаба, сабабу нишонаҳои бузургии Ҷалолуддини Балхӣ ва дараҷаи омӯзиши забони осори эшон чун муқаддимаи мухтасар баррасӣ шудааст. Баъдан вижагиҳои наҳвии забони “Маснавии маънавӣ” мавриди таҳлилу таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтаанд, ки он аз вижагиҳои наҳвии зерин иборатанд:

Дар забони “Маснавии маънавӣ” баъзе аз воситаҳои алоқаи калимаҳо дар ибораю ҷумлаҳо дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошанд, ки далели онро дар мисолҳои зерин дидан мумкин аст:

а) дар асари мазкур ба ҷои пешояндҳои ба, ба тарафи, ба сӯйи, ба назди... ки сӯйи амалро ифода мекунанд, бештар ва маъмулан калимаи “сӯйи” бе пешоянд ба кор рафтааст;

б) пасоянди-ро бештар ба вазифаи бандаки изофии “и” корбурд шудааст;

Феъли ёридиҳандаи “бувад” дар шакли “мебувад” ба маънои мебошад кор фармуда шудааст;

г) феълҳои “гуфт” “ба гуфт”, ки дар шакли замони гузаштаи шахси сеюм танҳо корбурд шудаанд, дорои маънои гуфтан, гап задан мебошанд;

ғ) ба маънои шахси сеюми танҳо кор фармудани бандаки феълии шахси дуюм низ дар забони асари мазкур ҷолиб мебошад.

2. Дар асар ҳамчун омили ҳусни баён бо аъзоҳою тарзҳои гуногун истифода гардидани ҷумлаҳои чидааъзо ва бо ҳам алоқаманд шудани аъзоҳои чида бештар тавассути пайвандаки пайвасткунандаи у ба назар мерасад.

3. Ҷумлаҳои мураккаби пайваст назар ба ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бештар корбурд шудаанд ва ҷумлаҳои мураккаби пайваст бепайвандак маъмултаранд.

4. Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бештар бо пайвандакҳои ки, то ки, балки, агар, таркиб ёфта, тавассути онҳо ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайрави муайянкунанда, пуркунанда, замон, сабабу мақсад, миқдору дараҷа ташаккул ёфтаанд.

5. Корбурди банди наҳвӣ низ дар асари мазкур ҷолиб буда, дорои ҷумлаҳои гуногуни маъноию эҳсосӣ мебошад.

Хулоса, ҷиҳатҳои сохторию маъноӣ ва наҳвии (синтаксисии) забони “Маснавии маънавӣ” хеле содаву равону оммафаҳм буда, ба забони адабии имрӯзаи мо хеле наздик мебошад.

Калидвожаҳо: вижагиҳои наҳвӣ (синтаксисӣ) воситаҳои алоқа, пешоянд, пасоянд, ҷумлаҳои сода, ҷумлаҳои чидааъзо, ҷумлаҳои мураккаб, ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, банди наҳвӣ.

Некоторые синтаксические особенности «Маснави маънави» Джалал уд-дина Балхи

В данной статье в качестве краткого сведения рассматриваются, прежде всего, статус и звание, причины и признаки величия Джалал-уд-дина Балхи и степень освоения языка в его произведении. Затем были проанализированы, исследованы и обсуждены грамматические особенности языка «Маснави», которые состоят из следующих грамматических особенностей:

1. В языке «Маснави» некоторые средства передачи слов в словосочетаниях и предложениях имеют свои особенности, доказательство чему можно увидеть в следующих примерах:

а) в данном произведении вместо предлогов ба, ба тарафи, ба сӯйи, ба назди, выражающие направления действия, чаще употребляется слова «сӯйи», «ба сӯйи», чаще всего без предлогов;

б) послелог –рочаще всего употребляется как изафетная связка «и».

Вспомогательный глагол «бувад» использован в форме «мебувад» как смысловой «мебошад»;

г) глаголы «гуфт», «ба гуфт», которые употребляются только в прошедшем времени третьего лица, имеют значение «гуфтан, гап задан» (говорить, разговаривать);

ж) в значении третьего лица, в языке данного произведения интересно также употребление настоящего времени второго лица.

2. В произведении как фактор выразительности можно заметить употребление предложений с однородными членами с разными членами предложения и разными способам их соединения , чаще всего с помощью союза –у.

3. Сложно сочинительные бессоюзные предложения чаще используются, чем сложноподчинительные предложения в исследуемом произведении.

4. Подчинительные сложные предложения большей частью состоят из союзов ки, то ки , балки, агар и через них образуются сложноподчинительные предложения с определением, дополнением с придаточным времени, причины, цели и степени.

5. В этом произведении также интересно использование синтаксических предложений, которые содержат разные смысловые и эмоциональные предложения.

В заключение стоит отметить, что структурная, семантическая и грамматическая (синтаксическая) стороны языка «Маснави маънави» очень просты и понятны, которые также близки к современному таджикскому литературному языку.

Ключевые слова: грамматические (синтаксические)особенности, средства связи, предлоги, послелог, простые предложения, предложения с однородными членами, сложные предложения, сложно сочиненные предложения, сложноподчиненные предложения.

Some syntactic features of “Masnavi Manavi” of Jalal ud-din Balkhi

This article, as a brief summary, first of all examines the status and rank, reasons and signs of the greatness of Jalal-ud-din Balkhi and the degree of language mastery in his work. Then the grammatical features of the Masnavi language were analyzed, researched and discussed, which consist of the following grammatical features:

1. In the Masnavi language, some means of conveying words in phrases and sentences have their own characteristics, evidence of which can be seen in the following examples:

a) in this work, instead of the prepositions ba, ba tarafi, ba soyi, ba nazdi the most often used expressing were the words of action directions, “suyi”, “ba suyi”, and most time they were used without prepositions;

b) postposition –ro is most often used as an isafet conjunction (connective word) “and”.

The auxiliary verb "buwad" is used in the form "mebuwad" as the semantic form of "meboshad";

d) the verbs “guft”, “ba guft”, which are used only in the third person past tense, have the meaning “guftan, gap given” (to speak, to talk);

g) in the meaning of the third person, in the language of this work the use of the second person present tense is also interesting.

2. As a factor of expressiveness in “Masnavi”, one can notice the use of sentences with homogeneous members with different members of the sentence and different ways of connecting them, most often using the conjunction -u.

3. Complex coordinating non-conjunctive sentences are more often used than complex subordinating sentences in the work under study.

4. Subordinating complex sentences mostly consist of the conjunctions ki, to ki, balki, agar, and through them complex subordinating sentences are formed with a definition, an addition with subordinate time, reason, purpose and degree.

5. Also interesting in this work is the use of syntactic sentences that contain different semantic and emotional sentences.

In conclusion, it is worth noting that the structural, semantic and grammatical (syntactic) aspects of the “Masnavi Manavi” language are very simple and understandable, which are also close to the modern Tajik literary language.

Key words: grammatical (syntactic) features, means of communication, prepositions, postpositions, simple sentences, sentences with homogeneous members, complex sentences, complex sentences, complex sentence

Маълумот дар бораи муаллиф: Собиржанов Салижон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии АМИТ. Нишонӣ: Ҷумҳрии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 21, тел: (+992)907907003; E-mail: solehjon-47@mail.ru

Сведения об авторе: Собиржанов Салижон, кандидат филологических наук, доцент, ведущий научный сотрудник Института языка и литературы имени Рудаки НАНТ. Адрес: Республика Таджикистан, 734025, город Душанбе, улица Рудаки 21, тел: (+992)907907003; E-mail: solehjon-47@mail.ru

Information about author: Sobirjonov Solehdzhon, candidate of philology sciences, docent, leading researcher at the Institute of Language and Literature named after Rudaki of NAST. Address: Republic of Tajikistan, 734025, Dushanbe city, 21 Rudaki street , Phone: (+992)907907003; E-mail: solehjon-47@mail.ru

Солеҳҷон Собирҷонов, ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ

Девони шеър, чунонки маълум аст, тибқи суннатҳои устувори адаби порсӣ, аз рӯи ҳарфи охири қофия тартиб дода мешавад. Ғолибан, дар девонҳои ғазалиёти шоирони гузаштаи мо ин қоида риоят шудааст.

Вале гоҳе ин қоидаро ба таври нохудогоҳ ё огоҳона риоят накардаанд. Барои мисол, дар замони барҳаёт будани Мавлоно нусхае аз девони ӯро тибқи корбасти авзони арӯзӣ мураттаб сохтаанд, ки чунин амр дар адаби порсӣ падидаи нодир мебошад. Ҷолиб он аст, ки Бадеъуззамони Фурӯзонфар зимни мураттаб сохтани «Куллиёти Шамси Табрезӣ» (Теҳрон, Амири Кабир, 1376) дар баробари риояти ҳуруфи қофия ин нуктаро ба эътибор гирифта, ғазалҳои дар вазн ҳамсонро мутобиқи ҳарфи қофия овардааст.

Ин «Куллиёти девон» беш аз чиҳил ҳазор байт аз ғазалиёт, қасоид, тарҷеот ва рубоиёти Мавлоноро фаро мегирад. Ин шумора ба он далолат дорад, ки Мавлоно яке аз пуркортарин шоирони порсигӯ мебошад. “Мавлоно, - менависад Тақии Пурномдориён, - дар девони худ беш аз панҷоҳ вазн ва ҳафдаҳ баҳри арӯзро истифода намуда, ки аз миёни вазнҳои бакоррафта дар девони ғазалиёт 18 вазн ё ба нудрат дар шеъри форсӣ ба кор рафта, ё аслан пеш аз Мавлавӣ корбурд надоштааст ва ҳадди ақалл 13 вазн аз ибтикороти худи Мавлавӣ аст” [4,166].

Фузун ба ин, диққати моро ду бахши “Куллиёти девон”-и нашри Фурӯзонфар ба худ ҷалб кард, ки яке зери унвони «баҳрҳои мутафарриқа» ва дувумӣ бо номи «авзони ғариба» омадаанд, аз як сӯ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро ҳамчун арӯзидони бузург ва оҳангсозу мусиқашиноси мумтоз муаррифӣ созад, аз дигар сӯ, он нишонгари тасарруфоту ибдоъот ва ибтикороти шоир мебошад.

Ин вазнҳои ғариба аз авзони маъмулӣ бо кадом хусусиёти худ фарқ доранд ва барои чӣ он дар вазни шеъри порсӣ аз ибтикороти Мавлоно дониста шудааст? Талош мекунем, ки ба ин пурсишҳо посух диҳем.

Аммо пеш аз ворид шудан ба мавзӯъ барои равшан шудани масъала баёни чанд мулоҳизаи муқаддамотӣ лозим аст.

Асоси вазни шеъри порсӣ, тибқи гузориши арӯзиён ва пажӯҳишҳои донишмандон, аз арӯзи арабӣ баргирифта шудааст. Бо он ки мо дар ҷои дигар фарқи илми бадеъи порсии тоҷикиро аз бадеъи арабӣ таҳқиқ кардаем, ин ҷо низ метавонем таъйид кард, ки арӯзи форсии тоҷикӣ аз арӯзи арабӣ тафовут дорад. Ин тафовутҳо чӣ гунаанд? Барои мисол, муҳаққиқи итолиёвӣ Рикардо Зиполӣ (1952) дар мақолаи арзишманди «Пажӯҳиш дар фанни қофияи шеъри форсӣ» дар доираи 11 банд бархе аз ин фарқҳоро махсуси қофия дониста, онҳоро аз ҳамдигар тамоюз додааст, ки барои омӯзиш ва таҳқиқи қиёсии арӯзи арабӣ ва порсии тоҷикӣ аҳаммияти вижа дорад. Мо онҳоро барои равшан шудани моҳияти масъала бо каме ихтисор иқтибос мекунем:

«1) Сохтори ҳиҷоии ду забон – арабӣ ва форсӣ бо якдигар тафовут дорад;

2) Дар забони форсӣ мумкин аст ду ё се сокини мутаволӣ дар охири калима қарор гирад ва дар арабӣ чунин нест;

3) Дар форсӣ мумкин аст дар охири қофия касраи изофа (бандаки изофӣ-У.Ю.) қарор гирад ва дар арабӣ ин равиш корбурд надорад;

4) Дар форсӣ имкони истифода аз пасвандҳо вуҷуд дорад ва дар арабӣ вуҷуд надорад» [5,110].

Дар зимн мо метавонем, ба гуфтаҳои донишманди итолиёвӣ боз чанд бахши дигар изофа намоем:

1) Дар шеъри арабӣ вазнҳои мустаъмали бисёре вуҷуд доранд, ки онҳо дар шеъри порсии тоҷикӣ ба гурӯҳи авзони номатбӯъ дохил мешаванд;

2) Зиҳофоти бисёр пуркорбурде дар вазни арабӣ вуҷуд дорад, ки ҳеч гуна корбурде дар ҳамон авзон дар шеъри порсии тоҷикӣ надорад;

3) Ихтиёроти шоирии мутааддиде дар шеъри арабӣ ҳаст, ки ин ихтиёрот кӯчактарин нақше дар шеъри порсии тоҷикӣ надорад.

Аз замоне ки истилоҳи “шеър” дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти порсии тоҷикӣ ҳамчун ҳунар баррасӣ шуд, ҳамеша мафҳуми он бо мафҳуми вазн лозима доштааст. Вазн навъе аз таносуб аст. Таносуб кайфияти зеҳнӣ буда, миёни ҷузъҳои гуногун низоми воҳидро ба вуҷуд меорад. Ин таносуб агар дар макон воқеъ шавад, қарина номанд ва агар дар замон воқеъ шавад, вазн хонанд. Вазн дорои иқоъ ё ритм ва мусиқист, ки вобаста ба муҳит ва мавзӯъ тағйир меёбад.

Барои мисол, агар дар як мисраъ 4 бор ва дар як байт 8 бор мафоъӣлун корбаст шавад, онро ҳазаҷи мусаммани солим гӯянд, ки баҳри аслии ҳазаҷ мебошад. Ва дар тақтеъ ҳар бор мафоъӣлун хатм шавад, онро “рукн” номанд. Агар аз ин вазн ҳиҷое кам ё зиёд шавад, онро “зиҳоф” хонанд.

Вақте ки мо дар бораи вазни шеъри Мавлоно мехоҳем ибрози андеша кунем, ин гуфтаи донишманди маъруф Шафеъии Кадканӣ пеши назар меояд: “Дар манзумаи шамсии “Девони кабир”-и Мавлоно, ки ҳар лаҳза дар он сайёрае аз таҷориби ноби рӯҳии ӯ, дар мадори собити ишқ тулӯъ мекунад ва ҳаракати ин сайёрот бар ин мадори собит Каҳкашоне аз нуру сурур ва ҳузур меофаринад, нерӯи ҷозиба, бегумон, нерӯи ҷозибаи мусиқист, ки ҳамаи аносири шеърро дар тайфи миқнотисии хеш, низом ва тақорун мебахшад ва нисбати таркибӣ ва ҳандаса забони шеърро дар густарае ба паҳнои ҳастӣ бо мавҷҳо ва авҷҳояш дар сайтараи хеш нигоҳ медорад. Ғазалиёти Мавлоно гурезест аз ҳамаи низомҳо ва урфҳо ва одатҳо барои пайвастан ба низоми мусиқоии кайҳон ва офаридани ин манзумаи шамсӣ” [1,389].

Ҳамин манзумаи шамсӣ ва ғалаёни мусиқии зоҳирӣ ва ботинии ғазалиёти Мавлоно аз мо тақозо мекунад, ки бибинем, дар шеъри ӯ чӣ шӯру қиём ва мусиқии табиию маънавие буда, ки таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷазб мекунад. Дар ибтидо тасарруфоти Мавлавиро дар вазн нишон хоҳем дод, ки онро метавон қолабшикании вазн номзад кард. Бояд таъкид кард, дарозтарин мисрае, ки дар шеъри порсии тоҷикӣ ба осонӣ қобили идроки зеҳн аст, ғолибан аз 16 ҳиҷо иборат буда, дар ҳадди камоли мавзунӣ қарор дорад. Аммо Мавлоно ғазале сохта, ки дар як мисраъ 20 ҳиҷо дорад. Яъне, ба вазни маъмулӣ, як рукни дигар илова намуда, ки вазни нав ба вуҷуд омадааст. Чунончи:

Оинаам ман, оинаам ман, то ки бидидӣ рӯи чу моҳаш,

Чашми ҷаҳонам, чашми ҷаҳонам, то ки бидидам чашми сиёҳаш

[3, ғазали 1269, с. 495].

Вазни ин ғазал мустафъилотун (4 бор) ва баҳри он раҷази мусаммани матвии мураффал аст. Ин вазн, аз як сӯ, аз сохтаҳои худи Мавлоност ва дар шеъри порсӣ то “Девони кабир” ба мушоҳида нарасида, аз дигар сӯ, сохторшикании ҳиҷоии он аз ибтикороти шоир аст. Дар як мисраъ 20 ҳиҷо истифода шудааст. “Дар урфи шеъри форсӣ, - менависад Парвиз Нотили Хонларӣ, - баландтарин қитъаи силсилаи авзоне, ки қобили идроки зеҳн аст, бист зарб ё бист ҳиҷо мебошад. Аммо идроки қитъаи бистҳиҷоӣ низ мусталзами кӯшиши зеҳнист ва ба ин сабаб баҳри комили мусамман дар форсӣ ривоҷе наёфтааст” [8,170].

Аммо Мавлавӣ ин хатти сурхро убур карда, дар ғазали дигаре ҳудуди ҳиҷои як мисраъро ба 24 ҳиҷо расонида, ки чунин кор то асри XIII собиқа надошта ва аз ҷумлаи навовариҳои Мавлавӣ дар шеър ба шумор меравад. Матлаи ин ғазал чунин аст:

Биё, биё, дилдори ман, дилдори ман, даро даро дар кори ман, дар кори ман,

Туӣ, туӣ гулзори ман, гулзори ман, бигӯ, бигӯ, асрори ман, асрори ман [3, ғазали 1785, с. 671].

Теъдоди рукнҳо аз рӯи муқаррароти шеъри порсӣ 4 бор бояд такрор мешуд, вале дар ин ғазали Мавлавӣ 6 бор омадааст. Ду рукн зиёд аст ва ин амалро тасарруфот гӯянд. Вазни он мафоъилун мустафъилун мустафъилун, мафоъилун мустафъилун мустафъилун мебошад.

Тавре ки ишора шуд, дар шеъри арабӣ вазнҳои мустаъмали бисёре вуҷуд доранд, ки дар шеъри порсии тоҷикӣ ба гурӯҳи авзони номатбӯъ дохил мешаванд ва онро соҳиби “ал-Муъҷам” чунин таъриф карда, ки барои тамйизи арӯзайн муфид мебошад: «… ба ҳукми он ки каломи манзум бар ҳеч як аз ин аркони сегона (сабаб – ватад-фосила) ало сабилилинфироди хеш оянд, набувад ва мақбули тибоъ (табъҳо, завқҳо-У. Ю.) намеомад, на бар асбоби муфрада. Чунонки гуфтаанд:

То кай моро дар ғам дорӣ,

То кай бар мо орӣ хорӣ.

На бар автоди муфрада (ватади танҳо) чунонки гуфтаанд:

Чаро аҷаб надорам аз нигори ман,

Ки бегунаҳ бурун шуд аз канори ман.

Ва низ бар фавосили муфрада (фосилаи танҳо) чунонки гуфтаанд:

Чӣ кунам, санамо, чу дилам ситадӣ,

Бикашам зи ту, ҳар чӣ кунӣ зи бадӣ» [6,30].

Вале Мавлоно бар муқобили ин қоидаи арӯзии Шамси Қайс баромадааст. Агар онро аз рӯи назариёти Шамси Қайс таъриф кунем, гунаи зер ҳосил шавад: «Каломи манзум бар ин аркони сегона (сабаб, ватад ва фосила) ало сабилилиҷтимоъи хеш оянд, мақбули тибоъ уфтад». Ва Мавлоно чунин амал карда, дар вазни фаълун фаълун фаълун (ҷудо - ҷудо, бо ист), яъне дар баҳри мутадорики мусаммани мақтӯъ ду ғазал навиштааст. Ғазали нахуст аз 19 байт иборат аст. Чанд байт мисол меорем:

Чун дил, ҷоно, биншин, биншин,

Чун ҷон беҷо биншин, биншин.

Умре гаштб ҳамчун киштӣ,

Андар дарё биншин, биншин.

Афлотунӣ, Ҷолинусӣ,

Бишкан сафро, биншин, биншин.

Чун май, чун май талхӣ то кай

Ҳамчун ҳалво биншин, биншин [3, ғазали 2097, с. 876].

Ғазали дигар:

Эй ҷон, эй ҷон фӣ сатриллоҳ,

Уштур мерон фӣ сатриллоҳ.

Ҷонам оташ даркаш, даркаш,

Пеши султон фӣ сатриллоҳ.

Соғар то лаб, мехур то шаб,

Андар майдон фӣ сатриллоҳ.

Соқӣ, барҷаҳ, бода дардеҳ,

Пингон, пингон фӣ сатриллоҳ [3, ғазали 2418, с. 898].

Ба андешаи Шамси Қайс, чунонки ишора рафт, чунин тарзи сухан гуфтан нохушоянд аст. Вале, агар мо ба ритми ботинии ин ғазалҳо бо таваҷҷуҳ назар кунем, ба мушоҳида мерасад, ки «ин вазн оҳанги дастак задан аст ба рақс ва барҷастану нишастан ва хостан» [2,148] ва, ба андешаи мо, дар он тапиши қалб, зарабони набз, ҳаракату пӯёии авзони арӯзӣ ва муҳимтар аз ҳама танаввуъ ва такрору тарҷеъ эҳсос мешавад. Ҳақ ба ҷониби Шафеъии Кадканист, ки «шеърро таҷаллии мусиқии забон» [1,389] медонад.

Дар ваҳлаи аввал ҳолати якнавохти бидуни тағйир ба назар мерасад ва ба занни қавӣ мақбули табъ набошад. Мавлоно ин ихтирооти хешро идома бахшида, боз дар вазни мазкур тасарруф ворид месозад ва ба он як рукни дигар меафзояд, ба гунаи зер: фаълун фаълун фаълун фаълун. Фақат ҳангоми хониши он рукни аввал ҷудо ва рукни дувум пайваст иҷро мешавад, ки ҳолати мастии самоъро ба ёд меоварад.

Чунонки:

Бо ман санамо, дил якдила кун,

Гар сар наниҳам, он гаҳ гила кун.

Маҷнун шудаам аз баҳри Худо

З-он зулфи хушат як силсила кун.

Сипора ба каф дар чила шуда,

Сипора манам тарки чила кун.

Эй мутриби дил з-он нағмаи хеш,

Ин мағзи маро пурмашғала кун [3,ғазали 2095, с. 785].

Бо милоки Шамси Қайс мизони ин ғазалро бисанҷем, чунин тақтеъ ҳосил мешавад: мафъӯлу мафоъӣлун фаълун. Бо ин вазн низ хонда мешавад: фаълун фаъилун фаълун фаъилун. Аз ин зовия, соҳиби «ал-Муъҷам» дар арӯзи суннатӣ корбасти онро ба он хотир ҷоиз намешуморад, ки дар қолаби вазни суннатӣ намегунҷад ва ба ин далел онро нохушояд мешуморад. Шамси Қайс дар ин маврид чунин ақида дорад, ки мухолифи корбасти вазни Мавлоност: «Дар мусаддаси ахраби ин баҳр (ҳазаҷ) муроқабат аст, миёни «ё» ва «нун»-и мафоъӣлун ва баъд аз мафъӯлу (ба замми охир) ва мафоъилун ояд, ба суқути «ё» ва ё мафоъӣлу (ба замми охир) ба суқути «нун» ва мафоъӣлуни саҳеҳ баъд аз мафъӯлу (ба замми охир). Набояд илло ки баъд аз ҷузъи саҳеҳ охир бедигар ояд, чунонки мафъӯлу мафоъӣлун мафъӯлу мафоъӣлун ва ин натавонанд буд илло мусамман ё мураббаъ» [6,35].

[Мисли мафъӯлу мафоъилун фаъӯлун (ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбуз ё маҳзуф) ҳамон вазни «Лайлию Маҷнун»-и Низомӣ. Ё Мавлоно бо вазни мафъӯлу мафоъилун мафоъӣлун 11 ғазал дорад.]

Ва чунонки дида мешавад, Мавлоно аз он вазне дигар ихтироъ карда: чаҳор бор фаълун, ки ба забони арӯзӣ гӯем, ҷамъи чаҳор фосилаи суғро. Аммо дар шеъри порсӣ он ду навъ хонда мешавад: яке зарбӣ, яъне баъди ҳар вақф (ист, макс) як зарб бошад, ки дар он даст задан, ҳаракоти рақс ва тоб хӯрдан эҳсос шавад (фаълун, фаълун, фаълун, фаълун) [яъне, пас аз ҳар ист боз як зарб дида мешавад]; дувум изтиробӣ, ки баъди ҳар ҳаракат шитобе ба он афзуда шавад, то ҳаяҷон ва шӯру қиём, ки ангезиши изтироби ҷонро бештар кунад, ба мушоҳида расад, ба ин тарз: фаълун, фаълун, фаълун, фаълун (чунонки як рукнро ҷудо мехонӣ ва рукни дувумро пайваст) ки онро Мазоҳири Мусаффо «самоъи вазн» номидааст, ки хосси вазни шеъри порсист, ба назари мо, ба авзони фаҳлавиёт пайванди мустақим дорад ва муҳимтар аз ҳама онро аз арӯзи арабӣ тамйиз медиҳад. Дар ин сурат чархиш дар вазн ва оҳанг дар лафз пайдо мешавад ва онро зарбию хушоянд мекунад.

2) Баҳрҳои мутафарриқа

Мавлоно дар баҳри мутақориби солим (фаъӯлун, чаҳор бор) 20 ғазал ва баҳри мутақориби маҳзуф ё мақсур (фаъал, фаъӯл) 14 ғазал дорад. Ва мутақориб аз доираи чаҳорум аст (баъди ҳазаҷ, рамал, раҷаз). Аз ҷумла, Шамси Қайс гуфта, баъзе зиҳофҳои муншаъиб аз мутақорибро ба далели ба табиати забони порсӣ хос набуданашон тахриҷ кардаанд. Чунонки Парвиз Нотили Хонларӣ дар мавриди корбасти баҳри мутақориб, ки худ сохтаи порсиён аст, ақидаеро пеш меронад, ки барои баррасии татбиқии арӯзи арабӣ ва порсӣ муҳим буда, дар зоти худ навъе ҳанҷоршиканист: «Ибтикори эрониён дар қисмати вазни шеър иборат аз он аст, ки мавозини ҳиҷоии эрониро ба арӯзи каммии арабӣ татбиқ кардаанд ва аз ин интибоқ, ки қадимтарин ва комилтарин намунаи он баҳри мутақориб аст, шеъри форсии ҷадид ба вуҷуд омадааст» [8,66]. Он дар ашъори ҳамосӣ бештар ба кор рафта, намунаи барҷастааш “Шоҳнома”-и Фирдавсист.

Аммо Мавлоно дар вазни фаълун фаъӯлун, фаълун фаъӯлун 10 ғазал навишта:

Эй ҳафт дарё, гавҳар ато кун,

В-ин миссҳоро пуркимиё кун.

Бигрист бар мо, ҳар санги хоро,

Ин дарди моро, ҷоно, даво кун [3,ғазали 2091. с. 783].

Ин ғазалро метавон бо ду вазни дигари арӯзӣ тақтеъ кард ва онро зубаҳрайн хонд: мустафъилун фаъ/ мустафъилун фаъ ё мустафъилотун, мустфаъилотун, вале вазни аслии он ҳамоно фаълун фаъӯлун, фаълун фаъӯлун аст, ки хоси арӯзи порсӣ мебошад.

Дар ин маврид Мазоҳири Мусаффо менависад: “Ва барои ин вазн тақтеи дигаре ҳам дорем ба ин сурати мусамман (мустафъилун фаъ мустафъилун фаъ) ё ба ин сурати мураббаъ (мустафъилотун мустафъилотун) ва ҷузъи мустафъилотун низ, бино ба қавли арӯзиён, дар шумори сию се ҷуъзи аслу фаръ маъмулу мақбул, ки шеъри азби порсӣ бад-онҳост, наёмадааст ва ҳар кас ки барои изҳори маҳорат аз шоирони мутақаддим сохтаанд, дар шеърҳои мустасқили хеш ба қавли арӯзиён тақаббули шеъри араб кардаанд ва азоҳифи гаронро дар шумори азоҳифи порсӣ набояд шумурд” [2,148].

Аз миёни зиҳофҳои баҳри рамали мусаммани мушаъъаси мусаббағ Мавлавӣ ғазале дорад, ки ба ин вазн тақтеъ мешавад: мафъӯлун мафъӯлун мафъӯлун мафъӯлун, ки аз рӯи сохтор нав мебошад:

Уфтодам, уфтодам дар обе уфтодам,

Гар обе хӯрдам ман, дилшодам, дилшодам

Аз чархе, аз авҷе, бар баҳре, бар мавҷе,

Хуш тахте, хуш тахте, бинҳодам, бинҳодам.

Мавлоям, мавлоям, дар ҳукми дарёям,

Дар авҷаш, дар мавҷаш, мунқодам, мунқодам [3, ғазали 1494, с. 573].

Баҳри хафиф худ аз ибтикороти порсиён аст ва асли он аз мустафъилун фоъилун (ду бор) фоъилотун мафоъилун фаъилотун аст. Аммо арӯзиён корбасти мусаддаси онро хушоянд шумурдаанд ва мураббаъ ва мусаммани он дар арӯзи порсӣ роиҷ набудааст. Ин вазн бори нахуст дар ашъори Одамушшуаро Рӯдакӣ истифода шудааст:

Гар кунад ёрие маро ба ғами ишқ он санам,

Битавонад зудуд з-ин дили ғамхора занги ғам [7,91].

Фоъилотун мафоъилун фоъилотун мафоъилун (мусамман).

Аммо Мавлоно бар хилофи ақидаи арӯзиён аз мусаммани махбуни баҳри хафиф (фоъилотун мафоъилун фаъилотун мафоъилун) 13 ғазал сохта, ки намунааш ин аст:

Ҳала табли вафо бизан, ки биёмад авони ту,

Майи чун арғавон бидеҳ, ки шукуфт арғавони ту [3, ғазали 2295, с. 846].

Дар миёни ғазалҳои Девони Шамс 3 ғазал ба мушоҳида расид, ки тақтеи он мутафоъилотун мутафоъилотун аст. Агар онро ба сурати мусамман оварем, ба тариқи зайл тақтеъ мешавад: мутафоъилун фаъ мутафоъилун фаъ. Мисол:

Дили ман, кӣ бошад, ки туро набошад,

Тани ман кӣ бошад, ки фано набошад? [3,ғазали 963, с. 387].

*

Ту чунин набудӣ, ту чунин чароӣ,

Чӣ кунӣ хусумат, чу аз они моӣ [3, ғазали 3111, с. 1244].

*

Ту Худои хубӣ, ту сифоти ҳуӣ,

Ту яке набошӣ, ту ҳазор туӣ [3, ғазали 3112, с. 1245].

Чунин вазнҳо усулан дар арӯзи арабӣ мавриди корбурд қарор надоранд ва ин аз сохтаҳои порсиён аст, аз ҷумла Мавлавӣ. Бино ба ин, шоир дар ғазалиёти хеш дар баробари авзони суннатӣ талош карда, аз вазнҳои ғариба ва камкорбурде истифода кунад, ки хоси арӯзи порсии тоҷикӣ буда, дар он ҷазаботу шӯри қиёми самоъ эҳсос мегардад. Ва ин яке аз далелҳои танаввуъ ва рангорангии ғазалиёти Мавлавӣ мебошад.

Адабиёт:

1. Кадканӣ, Шафеъии Муҳаммадризо. Мусиқии шеър. –Теҳрон: Огоҳ,1381, чопи ҳаштум. Чиҳилу як+679 с.

2. Мазоҳири Мусаффо. Самоъи вазн дар китоби Ҷону ҷаҳон: зиндагӣ, андеша ва осори Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ (маҷмӯаи мақолот), ба кӯшиши Алӣ Мирансорӣ. –Теҳрон: Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ. 1390. –с. 484. (сс. 145-158).

3. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад Мавлавии Румӣ. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Ба инзимоми шарҳи ҳоли Мавлавӣ. Ба қалами Бадеъуззамон Фурӯзонфар. –Теҳрон: Амири Кабир, 1376. – с. 1570 с.

4. Пурномдориён Тақӣ, Дар сояи офтоб: шеъри форсӣ ва сохтшиканӣ дар шеъри Мавлавӣ. –Теҳрон: Сухан, чопи дувум, 1384. –с. 418.

5. Рекардо Зипулӣ. Пажӯҳиш дар фанни қофияи шеъри форсӣ //Номаи Фарҳангистон. –Теҳрон, 1383. Давраи 6. Шумораи 4 (паёпай 24) –сс. 109 - 113.

6. Ар-Розӣ Шамсуддин Муҳаммад бини Қайс. Ал-муъҷам фӣ маъойири ашъори-л-Аҷам. Ба тасҳеҳи аллома Муҳаммад б. Абдуваҳҳоби Қазвинӣ ва тасҳеҳи муҷаддади устод Мударриси Разавӣ ва тасхехи муҷаддади Сируси Шамисо. -Теҳрон: Илм, 1388. –с. 640.

7. Рӯдакӣ, Абӯабдуллоҳ. Девони Рӯдакӣ. –Душанбе: Бухоро, 2015. –с. 334.

8. Хонларӣ Парвиз Нотил. Баҳс ва таҳқиқи арӯз. –Душанбе, 2018. – с. 298.

Умриддин Юсуфӣ, - доктори илмҳои филологӣ Мудири шуъбаи таърихи адабиёт

2123Ҷомеа бидуни забон ва забон бидуни ҷомеа вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, баробари рушду пешрафти ҷомеа забон низ такомулу тағйир меёбад ва дигаргуниҳои ҷомеа низ дар забон бозтоб мешаванд.

Забон хосси инсон ва яке аз нишонаҳои асосии ҳар миллат буда, бевосита ба тафаккур алоқаманд аст. Инкишофи тафаккур ба инкишофи мағзи сар ва узвҳои тобеи он ба пешрафти кору муносибатҳои иҷтимоӣ, ба тараққиёти забон вобастагӣ дорад. Тафаккур ва забон ба якдигар таъсир мерасонанд, аз ин рӯ забонро воситаи тафаккур низ меноманд. Имрӯз дар бораи забони тоҷикӣ ва заминаҳои таърихии пайдоиши он фикрҳои гуногун пайдо шудаанд ва аз тарафи баъзеҳо фарзияҳо ва тахминҳои бебунёд ва ғайриилмӣ пешниҳод мегарданд. Аз ин рў пажӯҳиши муфассал ва ҳамаҷонибаи таърихи этникӣ ва забонии тамаддун ва фарҳанги ориёӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи этноними тоҷик барои устуворсозии босанад ва бодалел мавҷудияти миллати тоҷик дар вокуниш бо дасисаву дурӯғбофии душманон ва бадбинони мардуми тоҷик аҳамияти ҳалкунанда касб мекунад.

Аз тарафи дигар барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ва ба ин васила таҳкими худшиносии миллӣ ва иртиқои ҳувияти миллии тоҷикон донистани таърихи воқеии миллат зарур аст, ки яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ, таблиғи ҳамаҷонибаи унсурҳои ваҳдатсози миллат, аз ҷумла дар умқи тафаккури миллат ҷой додани худшиносии миллат бо роҳи эҳтиром гузоштан ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Забон яке аз муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад, чун сухан дар бораи муқаддасоту арзишҳои миллӣ меравад, поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллати соҳибтамаддуну соҳибдавлат басо муҳим аст. Маълум аст, ки забономӯзӣ аз аллаи модар оғоз мешавад ва аллаи модар на танҳо василаи ором намудани тифл, балки воситаи дар вуҷуди ӯ ҷой кардани муҳаббат ба каломест, ки ба шарофати он миллат пойдор мондааст, калидест, ки тавасути он тифл ба ҷомеа ворид мешавад. Беҳуда нест, ки забонро ҳамчун воситаи муҳими иҷтимоишавӣ ва нишондиҳандаи қобилиятҳои фитрии шахсият эътироф кардаанд.

Фазилатпочои Махмадюсуф - докторанти PhD курси 2
уми институти фалсафа сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А Баҳоваддинови АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо