Чуноне ки маълум аст, ҳамасола 5-уми октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ таҷлил мегардад.
Забони тоҷикӣ забони модарии садҳо нобиғаҳо ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода ба ҳисоб меравад, ки ҳама бо ин забон шеъру ғазал, маснавию рубоӣ, панду андарз, роману ҳикоя ва дигар ашъори оламшумулро эҷод намудаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳои басо мураккабро тай намуда, то ба имрӯз омада расидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон шуда, мақому мартабаи хосаро касб намуд. Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ, нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат дар як баромадашон иброз намуда буданд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он натанҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.
Дар ин росто маврид ба тазаккур аст, ки то имрӯз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Забони миллат – ҳастии миллат” дар ду ҷилд ба нашр расида, пешниҳоди хонандагон гардидааст.
Роҳбари давлат ҳадафи аслии чопи китобро дар сарсухан чунин баён кардаанд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳу поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забон пайванд медонам”.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намудаанд, ки мояи ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷик аст.
Бояд қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар баробари пешрафти ҳамаи соҳаҳо, забони тоҷикӣ низ рушд намуд. Дар ин давра олимону муҳаққиқони зиёд масъалаҳои гуногуни забониро мавриди пажуҳиш қарор дода, рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ намуданд. Забони тоҷикӣ дар фазои озодию соҳибистиқлолии кишвар рушду нумӯъ намуд. Насли ҷавонро зарур аст, ки забони модариро софу беолоиш нигоҳ дошта, таъриху фарҳанг, пешрафту шукуфоии ватани азизамонро бо ин забони ноб руи қоғаз оварда, чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Наҷмиддинов А. - ходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филология
Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад кассе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар.
Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва зуҳури ҳар ду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон ин асоси миллат буда, яъне оинаи фарҳангӣ халқ аст.
Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи фикр забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Ҳамин тавр, вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз cap гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна ва забони форсии нав. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз афзунтар гардонидаанд.
Тоҷикон забони худро ниҳоят дӯст медоранд. Новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Ба ин маънӣ Бозор Собир дар шеъри «Забони Ватан» чунин мегӯяд:
... Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан...
Дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён забони тоҷикӣ мақоми шоистае касб карда, доираи васеъро фаро гирифта буд.
Баъди Инқилоб ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Тавлиди асарҳои устод Айнӣ мисли «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда» ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, боғи фарҳангии миллатро зиннат доданд.
Минбаъд нависандагону шоирони муосири тоҷик, мисли Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фурӯзон доштанд. Барҳақ шоири тавоно Муъмин Қаноат мегуяд:
... Баҳри ман танҳо забони модарист, ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст.
Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобаста аст. Ҳафзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Ope:
Ҳар кас бо забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон-ш осон гардад.
Ҷашни забон, ки ба ҳукми анъана даромадааст, аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ҳақиқат, он рӯз, яъне 22 июли соли 1989, ки Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷӯмҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълон дошт, барои тоҷикон рӯзи таърихӣ гардид. Мақоми давлатӣ пайдо кардани Қонуни забон бори дигар моро ба донистани нозукиҳои забони модарӣ ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин мекунад. Илова дар ин, лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд
Наҷибуллоҳи РӮЗИ Н.И.Т., Мудири озмоишгоҳи технологияҳои компютери МТТИ АМИТ
Забон аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият неъмати волотарин аст, зеро арзишмандтарин ва пурқиматтарин дастоварди миллати тоҷик дар садсолаи охир ба ҳисоб меравад. Ба даст овардани Истиқлолият як бурди бузургу беҳамто дар низоми давлатдорист, вале нигоҳ доштану мукаммалсозии он заҳмату масъулияту беқиёсро талаб мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолиятро ба даст овард, аммо мутаассифона, як сол нагузашта ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Зеро ки ҳамон давраҳо барои миллати мо як шахсияти фавқуллодаи сиёсӣ лозим буд, ки баъзе норасоиҳои аз замони Шуравӣ меросмондаро ба танзим дарорад. Хушбахтона, Худованд ба миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя намуд. То имрӯз, яъне зиёда аз 33 соли Истиқлолият бо сиёсати оқилонаи пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон самтҳо ва паҳлуҳои мухталифи фаъолияти Ҷумҳурии мо бо суръат рушду нумуъ кард, ки забон яке аз онҳо мебошад. Инкишофи ботадриҷу муназзами ҳама ҷабҳаҳои забони муосири тоҷикро дар ин муддати начандон тулонии Истиқлолият равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Забони тоҷикӣ акнун фақат забони кӯчаву бозор нест. Шаклҳои адабии он сол аз сол сайқал ёфта, нерӯманд ва тавоно мешаванд ва ба ҳама соҳаҳои ҳаёти мардум ворид мегарданд. Сабку услубҳои мухталиф, жанрҳои гуногуни нигориш ва гуфтор бо он фароҳам омадаанд ва мунтазам суфта мегарданд. Шакли шифоҳии забони адабӣ низ то рафт аз шакли хаттии он фарқ намуда ба нишонаву хосиятҳои назаррас соҳиб мешавад. Имрӯз забони тоҷикӣ ба бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо дар ҳифзи асолати миллӣ мубаддал гардидааст. Аз ин сабаб, олимони соҳа низ барои таҳқиқи паҳлуҳои мухталифи забонамон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Аз лаҳзаи ба тасвиб расидани Қонуни Забони давлатӣ бо кӯшишу заҳматҳои роҳбарияти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ оид ба иҷроиши паҳлӯҳои Қонуни Забони тоҷикӣ дар ин боргоҳи илм назоратро пурзӯр намудааст. Мудом аз рафти иҷроиши қонуни мазкур чӣ дар ҳуҷҷатнигориҳо ва чӣ дар самти пешбурди илму таълим роҳбарияти Институт ҳамвора дар ҷаласаҳои худ ва Шурои олимони Институт гузоришу маълумотҳо манзур медорад.
Дар оғоз баҳри амалӣ гардидани паҳлӯҳои асосии Қонуни мазкур хеле монеагиҳо садди роҳ мегардиданд. Ва ҳатто лаҳзаҳое буданд, ки баъзе ашхос аз қабули Қонуни мазкур рӯҳафтода гардидаву боис ба малулашон гардида буд. Душвор буд, дар ҷорӣ намудани Қонуни забон ва иҷроиши он дар яке аз соҳаҳои мушкилу душвори иқтисодиёти кишвар – соҳаи геология. Зеро бештари шахсиятҳо ва олимони соҳа то он рӯз дар фаъолияти худ ягон маротиба баромаде ва ё худ мақолаеро бо забони равони тоҷикӣ ифшо накарда буданду дар фикри он ҳам набуданд, ки замоне мерасаду ин Қонун ба тасвиб мерасад.
Хушбахтона, имрӯз дар илми геологияи тоҷик, чӣ дар истеҳсолоти геология ва чӣ дар муассисаҳои таълимии он ҳимояи ҳисоботҳо ва баъзан рисолаҳои илмӣ низ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, ки боис ба зикр аст. Бояд қайд намуд, ки дар ҳоли имрӯз дар Институт ҳама ҳуҷҷатгузориву мактубҳои содиротӣ бо забони давлатӣ омода карда мешаванд. Хоса, маърӯзаҳои илмии олимони ҷавони Институт дар конфронсу семинарҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Дар ин асно нафароневу шахсиятҳое пайдо гардиданд, ки барои тадбиқи амалии қонуни мазкур ба навиштану эҷоди китобу васоити таълимиву методӣ ва ҳатто илмӣ оғоз карданд. Нахустин китоби дарсӣ дар соҳаи геология аз ҷониби нахустинакадемикзани тоҷик Сороҷон Юсупова бо номи “Геология бо унсурҳои минералогия” ҳанӯз солҳои 60-уми қарни гузашта рӯйи чоп омада буд. Пас он китоби “Минералогия” бо забони равони модарӣ соли 1997 аз ҷониби профессор Файзиев А.Р. рӯйи чоп омад. Имрӯз сатҳи иҷроиши Қонуни Забони тоҷикӣ дар ҳама муассисаҳову корхонаҳои соҳаи геологияи тоҷик ботадриҷ ба иҷро расида истодааст ва як пешравиву навоварие дар ин самт ба назар мерасад. Танҳо дар мавриди истифодаи баъзе истилоҳоти геологӣ дар навиштани мақолаҳои илмиву ифшои китобу воситаҳои таълимӣ нофаҳмиҳо ҷой доранд, ки онҳо ислоҳталабанд. Ин ҷо кӯмаки Кумитаи истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.
Маҳз забон буд, ки аз қаъри таъриху кашмакашиҳои сиёсӣ миллати тоҷикро ба сони мурғи самандар берун овард ва умедашро ба ваҳдату якдилӣ ва ояндаи дурахшон дучанд намуд. Ба қавли устод Бозор Собир:
Лек лафзи модарияш, ҳамчу шири модараш.
Дар забону дар даҳонаш монд, монд.
Ҳарсухан бо шири модар,
Сахт шуд дар устухонаш монд, монд.
Ф. Ғ. Ғафуров - мудири лабораторияи ИГСЗТС АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия
“Дастоварди бузурги мо дар бахши сиёсати забон аз ин иборат аст, ки забони давлатӣ дар марҳалаи кӯтоҳ, вале ниҳоят ҳассоси таърихӣ нақши ваҳдатофариро адо намуд”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Бояд қайд кард, ки баъди ба сари кор омадани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 1992 ва нисбатан ором гаштани вазъият дар қаламрави кишварамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи ҳомию пуштибони забони тоҷикӣ Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пайи ҳалли масъалаҳои забон гардиданд, ки ба ин васила ҳамасола ҷашни Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардида, ҳамзамон бо мақсади татбиқи Қонуни забони тоҷикӣ чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври пайваста ва марҳала ба марҳала иҷро мегарданд.
Тавре аз таърихи гузашта бармеояд дар натиҷаи ин гуна саъю талошҳо рӯзи 22-юми июли соли 1989 Қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» қабул шуд. Аз ҳамон сол инҷониб гузаронидани Рӯзи забони тоҷикӣ дар қаламрави кишварамон ҳамасола дар санаи 22-юми июл таҷлил мешуд.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки таҳаввул ва тағйироте, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва айни замон ба он дучор гардидааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, аслан гирем аз давраҳои охири мавҷудияти даврони Шуравӣ маншаъ мегирад.
Аз ин рӯ, марҳалабандии инкишофу густариши забони тоҷикиро дар даврони соҳибистиқлолӣ ба се давраи асосӣ метавон тақсимбандӣ намуд, аз ҷумла: даврони бозсозӣ ва оғози Истиқлол – солҳои 1985-1992, даврони гузариш солҳои 1993 – 2009 ва ниҳоятан соҳиби мақоми давлатӣ гардидан – солҳои 2009 – 2020 мебошанд.
Бар замми ин метавон гуфт, ки нимаи дуюми солҳои 2000 – 2010 як давраи басо ҳам пурсамари рушду густариши забони давлатӣ дар даврони Истиқлол мебошад. Умуман гирем соли 2000-ум соли гардиши куллӣ дар самти сиёсати забони давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Чунки маҳз соли 2000 ҷараёни гузариши муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии қаламрави кишварамон ва ҳамзамон тамоми сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ боз ҳам бештар қувват гирифт. Зеро ба таври пурра ба роҳ мондани коргузорӣ ба забони давлатӣ, бар замми ин қабули оинномаҳо, амру фармонҳо, гузоришҳо ва ҳамзамон тасдиқу тарҷума шудани онҳо ба забони дар тамоми ҷузъу сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти боризи худро доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ва дар ҳама маврид ҳомию пуштибони забони модарии мо ба ҳисоб мераванд.Ба ифодаи Шоири халқииТоҷикистон Муҳаммад Ғоиб:
Забонрову суханро зинда кардӣ,
Бузургонро, Ватанро зинда кардӣ.
Феълан дар тобеияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ фаъолият менамояд. Бунёдгузории он ба ташкили Базаи тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар ҳайати он мувофиқи қарори Президиуми АИ ИҶШС аз 17-уми марти 1932 сектори таъриху забон таъсис ёфт, вобаста аст. Дар асоси он 19-уми ноябри 1940 Институти таърих, забон ва адабиёт ташкил гардид ва чун муассисаи мустақили илмӣ ба ҳайати Шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ворид шуд.
Баъд аз таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1951 тибқи қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таърихи 14. 04. 1951 ҳамчун муассисаи мустақил ташкил ёфт. Ба муносибати ҷашни 1100-солагии маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 1958 номи ин шоири бузургро гирифт. Ҳоло ин институт дар тобеияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарор дорад.
Соли 2004 ҷашни 70-умин солгарди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣдар сатҳи баланд таҷлил гардид. Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари арҷгузорӣ ба забони модарӣ ҳамзамон дар назди зиёиён ва махсусан кормандони ин ниҳоди зарурӣ як силсила вазифаҳои мушаххас гузошта, инчунин ба фаъолияти илмию амалиаш баҳои сазовор дода, аз ҷумла чунин ибрози андеша карда буданд: “Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлол пеш аз ҳама пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкиму мақому мартабаи он аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣсуфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони матбуоти даврӣ, пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ ва ҳамзамон поку беолоиш нигоҳ доштани забони нобу пурғановатамон мебошад. Инчунин зарурати эҷод ва эҳёи забони илмии тоҷикӣ кайҳо расидааст, ки ин ҳам аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиммтарини муҳаққиқон ва зиёиён, хусусан Институти забон ва адабиёт аст”.
Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси мақомоти қонунгузорӣ соли 2009 бо ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Забони тоҷикӣ» санаи 5-уми октябри соли 2009 минбаъд бо санаи нав таҷлил карда мешавад, ки басо бамаврид аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарору тадбирҳои мушаххас марҳала ба марҳала ҷиҳати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забони тоҷикӣ дар назди Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007 - 2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки мутобиқи он рӯзи 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид.
Бо мақсади рушду такомули забони ноби тоҷикӣ дар назди кулли олимон, муҳаққиқон ва донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як силсила вазифаҳои муҳим истодаанд, ки татбиқи бемайлони тамоми ин тадбирҳои судманду мушаххас баҳри боз ҳам беш аз пеш рушду густариши забони модарӣ бешак мусоидат хоҳад намуд.
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
Алише РАҲИМЗОДА, н.и.ф.м., директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи олии яке аз гаронбаҳотарин арзишҳои умумибашарӣ – озодии инсон мебошад. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш таҳти унвони «Роҳи раҳоӣ аз буҳрони азими ҳамагонӣ» дар санаи 19 марти соли 1993 таъкид намуда буданд: «Набояд фаромӯш кард, ки озодии инсон нахустзаминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд аст. Маҳз озодии инсон шаклу мазмуни соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатиро муайян мекунад ва давлатҳо ҳамон вақт пешқадам қаламдод мешаванд, ки ба озодии инсон мадад расонанд».
Ҳайати комиссия таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар барои ҳарчи зудтар таҳия намудани Конститутсия ва дар он ба инобат гирифтани арзишҳои пазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили муҳимтарин принсипҳои демократӣ ва кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар як муддати начандон тӯлони корҳои назаррасро анҷом доданд.
Конститутсия ҳуҷҷати барномавии сиёсӣ буда, ҳадафҳои стратегӣ дорад ва асосҳои бунёдии ҳаёти ҷомеа ва давлатро муайян мекунад. Ин хусусияти муҳимми конститутсия аз он вобастагӣ дорад, ки он то чӣ андоза ҷавобгӯи талаботи ҳар як марҳилаи нави таърихӣ мебошад. Яке аз ҳадафҳои муҳимми қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон ба талаботи замона ва пеш аз ҳама ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ маҳсуб мешуд. Ба ин масъала Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус медоданд ва дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ба он намуда буданд, ки «як қатор бахшҳои муҳимми Қонуни асосии ҷумҳурӣ ва дигар қонунҳое, ки дар заминаи онҳо таҳия гардидаанд, кӯҳна шудаанд ва ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ рост намеоянд. Аз ин рӯ, имрӯз барои мо вазифаи аз ҳама муҳим ин тайёр намудан ва қабул кардани Қонуни асосии кишварамон мебошад».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузориши худ 30 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи 48-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин иброз доштанд, ки «ҳоло дар Тоҷикистон кор аз болои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад, ки дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешавад».
Тамоми ҷаласаҳои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия дар мадди назар ва иштироки бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳар як таклифу пешниҳодҳои воридшуда аз нуктаи назариявӣ ва амалии татбиқи он, ҷавобгӯ будани он ба манфиатҳои миллӣ, таъмини амалишавии ҳуқуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрии воқеӣ ва пешрафти ҷомеа мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешуд.
Сарвари давлат як қатор хусусиятҳои аввалиндараҷаи Конститутсияи нави Тоҷикистонро муайян намуда, пешниҳодҳои муфидро манзур карданд, ки онҳо аз тарафи Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи корӣ ба асос гирифта шуданд, аз ҷумла се ақидаи асосӣ ва аввалиндараҷа, ки асоси фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кории он мегарданд:
Якум, «Қонуни асосӣ моҳиятан ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад. Дар айни замон Қонуни асосӣ умдатарин санади сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангию ахлоқӣ буда, бурду бохти кишварро дар зимни рушди миллӣ ва ҳам идеалҳои ҷомеаро инъикос мекунад».
Дуюм, «Конститутсия ҳуҷҷати ҳуқиқиест, ки иштироки бевоситаи мардумро дар интихоб кардани шакли ҳокимияти сиёсӣ, таъсис додану рӯйи кор овардани мақомоти олии давлатӣ ва ҳам масъулияти онро дар назди халқ ба чаҳорчӯбаи қонун медарорад».
Сеюм, «Қонуни асосоӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро низ муайян намуда, доираи татбиқи онро танзим мекунад».
Тавре дар маърӯзаи Сарвари давлат дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1994 қайд мешавад: «Дар тӯли зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон ба Шӯрои Олӣ ворид шуд». Вобаста ба ин Сарвари давлат лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистонро халқӣ номида, аз ҷумла иброз доштанд, ки «онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии хеш ба муносибати Рӯзи Конститутсия 5 ноябри соли 2002 изҳор намуданд: «Аҳамияти таърихии ин санади асосии меъёрию ҳуқуқӣ, ки сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст, ниҳоят бузург аст. Аввалан, он дар шароите таҳия ва ба муҳокимаи умум гузошта шуда буд, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ҳанӯз барои амалӣ гардидани ҳадафҳои худ вобаста ба сохтори давлатдорӣ талош доштанд. Сониян, бо дарназардошти иродаи аксарияти мардуми кишвар мураттаб ва қабул гардидани Конститутсия ба нофаҳмиҳо ва саволҳои сершумори онҳое, ки ба ояндаи Тоҷикистон чандон эътимод надоштанд, ҷавоби амиқ дод.
Роҳи интихобкардаи мо, яъне эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардум мебошад. Ба шарофати сиёсати пешгирифтаамон дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комил таъмин гардид, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониву баромадҳои хеш ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини волияти он аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҷумла дар паёми табрикотии хеш ба муносибати 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳиммияти он ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки « Бисту чор соли амали Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт,ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое,ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст,исбот гардид».
Дар маҷмӯъ гуфтан мумкин аст, ки Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян намуда, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим намуда, дар таърихи начандон тӯлонии худ барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои пазируфташудаи инсонӣ ба монанди риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътироф шуд.
Маҳмудзода М.А, Академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, проффесор, Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ
ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 хеле воқеъбинона ин нукта иброз гардида буд: «Забони мо дар марҳилаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст. Ин аст, ки мо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судмандро амалӣ намудаем».
Дар воқеъ, забон яке аз бузургтарин омилҳое аст, ки на танҳо бартарияти инсонро аз дигар махлуқоти олам нишон медиҳад, балки бузургӣ, ифтихор ва бобарории ҳар миллату халқиятро муаррифӣ менамояд. Дар бораи таърих, мақом, бузургӣ ва ширину гуворо будани забонҳо таҳқиқоти хеле мухталиф мавҷуд ҳастанд, ки инсонҳо дар бораи мавҷудияти забонҳои гуногун, мураккабу одӣ будани гуфтори онҳо қисса ва таълимоти зиёд доранд. Ҳамин тавр, маънои забон бо тамоми гуногунии системаи аломатҳояш муҳимияти худро абадан нигоҳ дошта, моро водор менамояд, ки нисбат ба бузургии чунин арзиши бебаҳо ифтихор дошта бошем ва забони модарии хешро муқаддас донем.
Мувофиқи таҳқиқоти Академияи илмҳои Фаронса, дар дунё зиёда аз 2796 забон мавҷуд аст, ки онҳо ба ёздаҳ гурӯҳи калон ва понздаҳ гурӯҳи забонҳои хурд тақсим мешаванд. Мардумоне, ки бо ин забонҳо гуфтугӯ доранд, аз ҳафт то ҳашт ҳазор лаҳҷаро истифода мебаранд. Олимони немис тасдиқ менамоянд, ки имрӯз халқҳои ҷаҳон бо 4 ҳазор забон суҳбат мекунанд. Дар таҳқиқоти илмӣ қариб 5600 забони зинда ва мурдаро мавҷуд медонанд.
Дар баъзе мамлакатҳо забон ва лаҳҷаҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки ҳар кадом ба худ хусусияти хос дорад. Дар Доғистони Федератсияи Русия тахминан зиёда аз сӣ забон мавҷуд аст. Аз ҷумла, аварӣ, лезгинӣ, даргинӣ, лакӣ, табосаронӣ (ҳамаи ин забонҳо хат доранд), инчунин андийгӣ, картинӣ, ахвахӣ, багвалинӣ ва ғайра. Дар байни ин забонҳо равандҳои гуногуни лаҳҷа ба амал меоянд, ки боиси омезиш, рушд ва аз байн рафтани баъзе аз онҳо шуда метавонанд. Ҳамаи ин тақозои онро дорад, ки забон низ ҳамеша дар рушду такомул ва тағйирпазирӣ қарор дорад.
Бояд гуфт, ки забони модарии мо давоми таърихи чандҳазорсола мақому мартабаи бузурги фарҳангсолорӣ дошта, ба бисёр миллату халқият ва қавмҳои гуногун таъсир расонида, онҳоро ба ҳам овардааст. Ба онҳо маданияти муошират, рафтори некро омӯхта, баъзан бо ин забон ҳувияти ягона сохта шуд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва донистани забони тоҷикӣ кушодани пайраҳа барои аз бар намудани дигар арзишҳое аст, ки барои рушду такомули халқияту миллатҳо мусоидат менамояд. Ин аст, ки ҷаззобият ва бузургии забони модарии мо дар қатори забонҳои бузурги дунё имрӯз забони давлатдорӣ ва ифтихори мо аст.
Дар воқеъ, ин масъалаҳо ҳоло на танҳо барои муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ, балки барои тамоми шаҳрвандони мо муҳиммият ва фазои махсуси таҳлилӣ доранд. Зеро баъди таҳкими соҳибистиқлолӣ рушду такомули забони давлатӣ ва мақому мартабаи он дар ҷумҳуриамон ранги дигар гирифт. Махсусан, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ба ин самт хеле зиёд гардид. Гузаронидани чорабиниҳои зиёди маърифатӣ, аз ҷумла озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва чопи дигар китобу монографиияҳои тахассусӣ нисбат ба таъриху фарҳанги забон ба рушди забони давлатӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар айни замон раванди соҳибистиқлолӣ ба рушди забони давлатӣ шароит ва муҳити хуби миллӣ бахшидааст, ки муҳиммияти махсус дорад. Ҳамзамон рушди забони давлатӣ ин воситае аст, ки ба давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ афзалияти стратегӣ дода, худшиносӣ ва худмуайянкунии миллиро баррасӣ карда метавонад.
Ифтихору эътиқод ва рушди забони давлатӣ эҳтироми миллати куҳанбунёди тоҷик ва муқаддастарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки мо бояд нисбат ба он қадршиносӣ ва шинохти хосса дошта бошем. Умед дорем, ки забони сиёсату шеъру сухани мо ҳамчун омили бузурги таҳкими истиқлоли давлатӣ ҳамеша бегазанд боқӣ монад.
Абдураҳмон МУҲАММАД, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
“Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз, саромади педагогика Ян Амос Каменский (1592 - 1670) ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «...ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».
Муаллимро дар ҳаёти ҳаррӯза на танҳо шахсе медонанд, ки савод, ҳисоб, навиштан ва хонданро меомӯзонд, дар ҳақиқат ҳар шахсеро, ки ба дигарон ягон хел маҳорат омузонда бошад, ба таври ҳаққонӣ муаллим номида мешавад. Аммо агар сухан дар бораи муаллимони касбӣ, омӯзгорон, мураббиҳо равад пас бо камоли боварӣ гуфтан мумкин аст, ки шахси соҳибистеъдод ва ба таври хаққонӣ сазовори номи олии муаллим аст. Вазифаи муаллим аз он иборат аст, ки шогирдро бо илм шинос карда, талаботи асосии ҳар пешаро маълумот диҳад ва бо шогирд таҷрибаи муштаракро ба роҳ монаду роҳҳои муваффақият ва дастовардҳоро омӯзиш диҳад. Танҳо омӯзгоре метавонад ба ин ноил шавад, ки соҳиби методу мактаби хоси худ бошад.
Муаллими маъруфи олмонӣ Л.Гурлит чунин мешуморид, ки кӯдаконро «мувофиқи табиати модарзодии кӯдакон» бо назардошти хоҳиш, майлу рағбат ва хусусиятҳои психологии онҳо тарбия кардан лозим аст. Омӯзгор бояд ҳамеша бодиққат ва эҳтиёткор бошад, то моҳияти кӯдакро дуруст ифшо кунад ва ҷаҳони ботинии ӯро вайрон накунад.
Вазифаи асосии омӯзгор ташаккули олами маънавии наврасону ҷавонон, муайян намудани қоидаву эътиқоди
умумияти башарият мебошад. Омӯзгор аз хурдсолӣ мафҳумҳои арзишҳои умумибашарӣ, ҳуқуқ, эстетика ва фарҳангро ба худ медарорад, дар бораи олам тасаввуроти дурустро ташаккул медиҳад, ба онҳо меомӯзад, ки рафтори худро мувофиқи ин ақидаҳо танзим кунанд, аз рӯи принсипҳои некӯкорӣ зиндагӣ кунанд ва шафқат, таҳаммул, эҳтиром ва инсондӯстӣ нисбат ба дигаронро дар ҳаёт дошта бошад.
Маорифгари олмонӣ, ки дар миёнаҳои солҳои 1800 зиндагӣ мекард, Адолф Дистервег аз таҷрибаи шахсии худ изҳор дошт, ки «муҳимтарин падидаи мактаб,
ибратбахштарин мавзӯъ, намунаи зиндатарин барои хонанда худи муаллим аст. Ва сарфи назар аз он, ки рушди инсон дар давоми тамоми ҳаёт сурат мегирад, асосҳои иҷтимоии инсон маҳз дар синни томактабӣ ва мактаби ибтидоӣ ба вуҷуд меоянд. Муаллим бояд оқилонаю дилсузона имкониятҳои маданию маърифатии ҳар як кӯдакро алоҳида баробар карда тавонад. Давраи мактаби ибтидоӣ давраи афзоиши интенсивӣ, мустаҳкам шудани организм ва инкишофи тамоми вазифаҳои асосии он мебошад. Маҳз дар мактаб кӯдакон аввал дар ҳолатҳои мухталифи муноқиша дучор мешаванд ва дар ин ҷо нуфузи омӯзгор ва намунаи шахсии ӯ ва таъсири мусбати ӯ ба кӯдак дар сари вақт ислоҳ ва дар муошират бо ҳамсолон рафъи мушкилотҳо мусоидат намуда, мақоми кӯдакро баланд мебардорад. Давраи наврасӣ барои равандҳои таълимӣ метавонад барои муаллимон душвортар бошад. Дар ин синну сол дар ҷавонон ҳисси барвақти камолот ташаккул ёфта, хоҳиши раҳоӣ аз сарпарастии калонсолон (ҳам падару модар ва ҳам омӯзгор) ва аз ин рӯ, дар рафтору кирдор, муқовимат ба таъсири тарбиявӣ, тамоюли зиддият, ҳимоятгарӣ пайдо мешавад. Ҳуқуқҳои онҳо ва хоҳиши ба таври худкор анҷом додани кор ва дар ин ҷо барои омӯзгор хеле муҳим аст, ки дар байни хонандагони синфҳои боло эътимод ва эҳтиром пайдо карда тавонанд, то ки воқеан мураббии маънавии онҳо гардад, ба онҳо дар фаҳмиши масъалаҳое, ки онҳоро ба ташвиш овардааст, ёрӣ диҳад ва мавқеи худро дар зиндагӣ муайян кунад. Муносибати шогирд бо муаллимро нодида гирифтан ғайриимкон аст, зеро агар мо нақши бузургеро, ки муаллим дар ҳаёти инсон мебозад, ба назар гирем, шогирд бояд то охири умр аз устод миннатдор бошад. Муаллим дар ҳаёти инсон, дар ташаккули инсон вазифаи азимро иҷро мекунад. Ин аст, ки ба табдил додани кӯдак ба шахсияти ҳамаҷонибаи мувофиқ мусоидат мекунад.
Ин ҳама хидматгузории омӯзгор ҷомеаи рушангару донишварро мегузорад.
Касби омӯзгорӣ, албатта, душвор аст, ки дар кӯдакон майли дар болои худ кор кардан ва дар дил парваридан хеле мушкил аст. Волидайн, ки фарзанди худро, чун қоида, ба муаллими ношиноси мактаб бовар карда, бояд ба интихоби муаллими аввал то ҳадди имкон бомасъулиятона муносибат кунанд. Ин нуктаи асосӣ, принсипи муҳим аст. Аз рафти кор, боз ҳам беҳтар аст, ки кӯдакро бо муаллими оянда пешакӣ шинос кунем, то ки агар имкон бошад, муайян карда шавад, ки оё дар байни онҳо алоқа барқарор мешавад, оё робитаи дохилӣ муқаррар мешавад ё не, табъаш мувофиқ меояд, зеро таассуроти аввал аз ҳама муҳим аст, он дарки минбаъдаи тамоми раванди таълимро ташаккул медиҳад. Муаллим бояд чунин хислатҳоро дошта бошад, чун фаҳмиш, дастгирии бечуну чаро, муҳаббат ба шогирдон, қобилияти дар лаҳзаҳои ногувор ба таваккал гирифтан оқилона, саривақтӣ ва албатта, муносибати эҷодӣ дар ҳама чиз! Эътимод ба худшиносӣ ва кордонии омӯзгор, яъне қобилияти интиқоли дониш, ба шакли фаҳмо ва осон ҳазм расонидани он муҳимтар нест, барои ин омӯзгор бояд ҳадди аққал фанни худро дӯст дорад. Муаллим бояд пайваста худаш дар омӯзиш бошад, вагарна шахсе, ки худаш ин корро намедонад, чӣ гуна метавонад ба кӯдакон таълим диҳад? Ҳамин тариқ, барои ҳалли ин мушкилот омӯзгори асри 21 бояд худ устоди муваффақи наҷибтарин, эҷодкортарин ва шояд мушкилтарин вазифаи худ бошад.
Яке аз муҳимтарин ашхос дар ҳаёти кӯдак муаллим буд ва боқӣ мемонад. Вай метавонад дар даруни худ истеъдодҳои ниҳониро бедор созад, такягоҳи хақиқи шавад- як калима, ба падару модараш дар тарбияи шахсияти наҷиб ва тавоно кумак кунад. Ва ё баръакс, ишқи донишомӯзӣ ва майли эҷодкориро комилан барбод медиҳад. Албатта, ба ҳар як кӯдак дарҳол муроҷиат кардан мумкин нест, аммо муаллими хубу фаҳмиш ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба ёрии шогирдонаш биёяд.
Аксарият гумон мекунанд, ки муаллим шахсе аст, ки дар мактаб ё донишгоҳ кор мекунад, аммо дар асл муаллим онест, ки дарҳои ҳаёти ҷамъият, ба рӯи ҷомеа мекушояд, ояндаи моро оҳиста-оҳиста хишт месозад ва ба мо кумак мекунад. Аввалин муаллим дар ҳаёти инсон падару модари мост. Онҳо аввалин шуда ба мо роҳ рафтан, гап задан, навиштан, ҳисоб кардан ва чи гуна рафтор карданро дар байни одамон меомӯзонанд. Бисёр чиз аз падару модар, яъне хислат, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанг вобаста аст. Сипас, кӯдак як қадами азим мегузорад ва ба пушт халтаи алифбо гузошта, ба мактаби ибтидоӣ дохил мешавад. Муаллимон масъулияти
бузург доранд, зеро маҳз донише, ки мо аз онҳо гирифтаем, мо дар ҳаёти ояндаи худ истифода бурда истодаем. Ин дониш бояд амиқ, ғанӣ, муфид ва муҳимтар аз ҳама дуруст бошад, зеро ҳар як омӯзгор барои шогирдонаш танҳо некӣ ва муваффақият мехоҳад.
Дар ҳаёти наврасии ман муаллимони зиёде буданд, ки ба андешаи кӯдаконаам онҳоро ба хубу бад ҷудо мекардам. Аммо дар рафти таҳсилот як чизро фаҳмидам: муаллими бад нест, ба талабагон муносибатҳои гуногун доранд. Баъзе одамон чораҳои сахтро афзалтар медонанд, дигарон баръакс. Аммо чунон ки волидайнам ба ман мегуфтанд: “Муаллимон ҳам мушкилот доранд, онҳо низ метавонанд мисли дигарон дар пайи ҳалли мушкилоти худ бошанд, аммо мушкилоти шахсии худро як сӯ мегузоранд, зеро тарбияи толибилмон ҳамеша болотар аз мушкили шахсии худашон аст».
Банда шояд аз ин сабаб қадру манзалати омӯзгорро бештар дарку фаҳм кунам, ки падару модарам пешаи омӯзгориро доранду ман низ дар чунин муҳит бузург шудаам ва нони ҳалолу поки касби омӯгориро хурда, ба воя расидаам, чӣ тавре, ки шоир ҳам мефармояд:
Набошад неъмате дар ҳар ду олам,
Ҳалол аз пораи нони муаллим!
Аз ин лиҳоз, устодону рӯшангарони роҳи фардои ҷомеа, барои хидмату ҷоннисории шумо арзи эҳтиром агар як умр бигӯем ҳам кам аст, бинобар ҳамин қурбони ҳастии шумоям ва сипоси бепоён ба шахсияти шумо!
Ҷашни касбиатон ҳумоюн бод
Садаф Ҷангибекова унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. Вале баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон забони модарии мо дар ҷомеа мақоми давлатӣ касб намуд.
Имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5-уми октябри соли 2009 қабул гардид, мавриди амал қарор гирифтааст. Мувофиқи ин қонун мавқеи ҳуқуқии забони тоҷикӣ муайян карда шудааст.
22-юми июли соли 1989 Қонуни забон қабул гардид, ки барои рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмӣ ва давлатӣ сарнавиштсоз гардид. Аслан талошу сайъу кӯшиши зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик барои аз бунбасти сиёсиву иҷтимоӣ берун баровардани забони тоҷикӣ бо шуруи давраи бозсозӣ ва фароҳам шудани имконияти ошкорбаёнӣ ва ба таври аланӣ рушд ёфтани бедории миллӣ оғоз гардид. Дар Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҳаракати истиқлолхоҳӣ бештар аз ҳама хусусияти фарҳангӣ дошта, дар навбати аввал бозгашт ба анъанаҳои миллӣ ва дигар унсурҳои пешқадами миллиро тарғиб мекард. Ҳаракати дар баробари забони русӣ ба забони тоҷикӣ додани мақоми расмиву давлатӣ дар нимаи дувуми солҳои 80-уми асри XX аниқтараш дар соли 1987 бо чопи мақолаҳо дар ин мавзуъ дар матбуоти кишвар сар зад. (1) Зери таъсири чунин иқдомҳо ва шояд барои паст кардани шиддати вазъият дар моҳи майи соли 1988 қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Шурои вазирони Тоҷикистон (№127 аз чоруми ноябри 1988) «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди такмили омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» қабул карда шуд, ки он аввалин санади расмӣ дар баробари густариши забони миллӣ дар давраи бозсозӣ дар Тоҷикистон буд. Вале қабули ин санад дигар ба вазъи иҷтимоӣ таъсир расонида наметавонист ва таҳти таъсири боло рафтани худшиносии миллӣ ва муборизаи равшанфикрони тоҷик барои ба забони миллӣ додани мақоми давлатӣ 22-юми июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард. Баъд аз чанд рӯзи қабули Қонуни забон «Тадбирҳо…» оид ба иҷрои Қонуни забони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз тарафи Шурои Вазирони ҷумҳурӣ ба се забон - тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ (№142, аз 11 августи соли 1989) қабул гардид. Ин «Тадбирҳо» барои гузаштани коргузории расмии идора ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба забони давлатӣ як давраи гузаришро муайян сохта буд: «Муқаррар карда шавад, ки дар органҳои ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар давраи гузариш аз соли 1990 то соли 1995 коргузорӣ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ буда, аз якуми январи соли 1996 ба забони давлатӣ сурат мегирад.
Дар ин муддат коргузории органҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба забони давлатӣ гузаронида мешавад». (10) Минбаъд то тағйиру дароз кардани иҷрои баъзе бандҳои ин «Тадбирҳо…» он як ҳуҷҷати расмӣ барои таъмин намудани иҷрои Қонуни забон ва густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ буд. Дар ин тадбирҳо чораҳои ба зергурӯҳҳо тақсим кардани гурӯҳҳои таълимӣ, ки шумораи таълимгирандагони онҳо аз 25 нафар зиёд буданд, ҷорӣ намудани дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ғайритоҷикӣ, тарбия кардани тарҷумонҳо, чопи дастуру фарҳангномаҳо ба забони тоҷикӣ ва як силсила тадбирҳои дигар пешбинӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар муддати солҳои 1989 аввали соли 1992 барои татбиқи ин «Тадбирҳо…» корҳои зиёде амалӣ гардид, вале бо муташанниҷ гардидани вазъи ҷумҳурӣ ва сар задани ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ иҷрои ин «Тадбирҳо…» ба таъхир афтод ва ҳатто дар солҳои баъдӣ пасравӣ аз иҷрои он, кам кардани соатҳои дарси забони тоҷикӣ, бастани маҳфилҳои забономӯзӣ, бештар шудани истифодаи забони русӣ дар коргузории расмӣ ва ғ. мушоҳида гардид.
Вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистонро 22 июли соли 1989 қабул гардид, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ буд. Баъд аз Ҷумҳурии Эстония дувумин Қонуни забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва албатта аз сабаби он ки ин аввалин Қонуни забон буд, дувум он ки Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат қарор дошт ва ҳама вақт он сиёсати худро вобаста ба сиёсати марказӣ пиёда мекард, ин қонун як силсила нуқсону камбудиҳо дошт. Пеш аз ҳама дар асоси ин қонун ба таври саросарӣ истифодаи се забон дар Тоҷикистон расмӣ шуда буд, яъне ҳам забони тоҷикӣ, ҳам забони русӣ ва ҳам забони узбекӣ. Аксарияти қонунҳои Тоҷикистон, аксарияти он қарору қонунҳое, ки Шурои Олии Тоҷикистон қабул мекард бо ҳамин се забон нашр мешуданд. Аз тарафи дигар, дар ин қонун масъалаҳои бисёр муҳимми нигаҳдорӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ, масъалаҳои риояи меъёрҳои он дар ҷомеа, яъне бисёре аз масъалаҳои муҳимму бунёдие, ки барои инкишофи забон роҳи васеъ мекушод, мутаассифона дарҷ нагардида буданд. Албатта, дар ҳамон давра, дар ҳамон замон қабули Қонуни забон як қадам ба пеш барои ҷомеаи мо буд. Мардуми Тоҷикистон ба як шӯру шавқ ин қонунро ҷонибдорӣ кард, ба ташаббуси устоди зиндаёд, Зафар Нозим Бунёди забон таъсис гардид, дар тамоми муассисаҳои Тоҷикистон курсҳои забономӯзӣ ташкил гардид. Баъди ба сари кор омадани Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон декабри соли 1992 ва нисбатан ором гарифтани вазъият дар Тоҷикистон ҳамоно Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи тақвияти масъалаҳои забон гардид ва ҳамасола ҷашни Қонуни забон таҷлил мегардид, ҳамасола вобаста ба татбиқи Қонуни забон чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал пиёда мегардид. Ба вазъи номусоид ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, дар соли 1994 қарори Шурои Олӣ дар бораи гузаронидани ҷашни забон дар шароити фавқулода ба имзо расид. (2)
Баъд аз ба андозае мусоид шудани вазъи сиёсӣ ва рушди иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи Қонуни забон ва рушди густариши забони тоҷикӣ ба иқдому чорабиниҳои ҷиддӣ пардохт. Пеш аз ҳама бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №142 муддати давраи гузаришро дар татбиқи Қонуни забон, ки мувофиқи Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (№142 аз 11 январи соли 1989) якуми январи соли 1996 муқаррар шуда буд, то моҳи декабри соли 1999 тамдид намуд. Дар асоси ин қарори Шурои Олии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 23-юми феврали соли 1996 ба Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 11 августи соли 1989 № 142 тағйироту иловаҳо ворид кард. Масъалаи густариши забони давлатӣ ва татбиқи Қонуни забон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври махсус баррасӣ гардида, дар ин бора 2 июни соли 1997 № 256 қарори махсус қабул гардид. Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 459 қабул гардид. Имлои нави забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 № 355 тасдиқ гардид.
Дар охири солҳои 90-уми садаи гузашта забони тоҷикӣ ба як забони тавонои давлатӣ табдил ёфт ва аллакай дар соли 2000-ум тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки барои дар амал пиёда шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаранд. Яке аз муваффақиятҳои бисёр бузурге, ки дар ин давра мо ба даст овардем дар асоси сиёсати бисёр пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан пуштибонии Президенти кишвар дар коргузории расмии ҷумҳурӣ ба таври пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ буд. Умуман соли 2000-умро гардиши куллӣ дар сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон номидан мумкин аст. Аз соли 2000-ум шуруъ карда, ҷараёни гузариши муассиса ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ боз ҳам бештар қувват гирифт. Махсусан қабули оинномаҳо, амру фармонҳо ба забони тоҷикӣ ва тасдиқ шудани онҳо дар Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши забони давлатӣ дар қувваҳои мусаллаҳ аҳаммияти калоне доштанд. Инчунин, сохторҳои иқтисодии Тоҷикистон (Вазорати молия, Вазорати савдо ва рушди иқтисод, бонкҳо) низ оҳиста-оҳиста рӯ ба забони тоҷикӣ оварданд ва санаду ҳуҷҷатҳои худро ба забони давлатӣ гузарониданд. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикии хеш ба муносибати Рӯзи забон дар соли 2003 нақши забони давлатиро дар рушд ва инкишофи ҷомеа чунин арзёбӣ кард: «Дастоварди бузурги мо дар бахши сиёсати забон аз ин иборат аст, ки забони давлатӣ дар марҳилаи кутоҳ, вале ниҳоят ҳассоси таърихӣ нақши ваҳдатовариро адо намуд». (4)
Солҳои 2000-2010 дар таърихи рушду густариши забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлол шояд аз солҳои пурсамартарини инкишофи забони давлатӣ бошад. Агар ба таври мухтасар ба ин давра равшанӣ андозем метавон гуфт, ки ин солҳо солҳои таҳкими раванди густариши забони модарии мо дар маснади забони давлатӣ мебошад. Соли 2004 70-солагии Институти забон ва адабиёт дар сатҳи баланд таҷлил гардид ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари арҷгузорӣ ба забони модарӣ дар назди зиёиён ва махсусан кормандони Институти забон ва адабиёт як силсила вазифаҳои мушаххас гузошта, ин муассисаи илмиро ҳамаҷониба ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз лиҳози моддӣ мавриди пуштибонӣ қарор дод: «Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлолият пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад. Ҳамчунин зарурати эҷод ва эҳёи забони илмии тоҷикӣ кайҳо расидааст, ки ин ҳам аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини муҳаққиқон ва зиёиён, аз ҷумла Институти забон ва адабиёт аст». (9)
Минбаъд барои рушду такомули забони тоҷикӣ дар назди муҳаққиқон як силсила вазифаҳои ниҳоят муҳим, таҳияи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд соли 2008 чоп шуд), таҳияи «Донишномаи Рӯдакӣ», ки ду китоби он соли 2008 чоп шуд, гузошта шуд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» дар шаш ҷилд оғоз гардид. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2007 соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва якҷо бо 1150 солагии устод Рӯдакӣ дар саросари кишвар таҷлил гардид. Татбиқи тамоми ин тадбиру чорабиниҳо ва рушду густариши бемайлонаи забони давлатӣ дар ҷомеаи зарурати бозбинии ҷадиди куллиеро дар самти дурнамои инкишофи забон ва қабули қонуни нави забон ба вуҷуд овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти таърихии ин қонунро барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қайд намуда, зарурати пешниҳоди лоиҳаи навро зарур дониста, ҳадаф ва мақсади қабули онро низ ба таври возеҳ нишон дод: «Ин санади ҳуқуқӣ, ки дар замони шуравӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсии он давра таҳия шуда буд, имрӯз ба ниёзҳои ҷомеаи мо пурра ҷавобгӯ нест ва кайҳост, ки зарурати пешниҳоди лоиҳаи нави он ба миён омадааст…». (12)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарори тадбирҳои мушаххас бобати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар Қонуни забони пешин набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард ва ин қонун яке аз қонунҳои хеле муосири сатҳи байналмилалӣ мебошад. Чунки ҳангоми таҳияи ин қонун мазмуну меъёрҳои бисёре аз қонунҳои забони кишварҳои дигар, ҳатто кишварҳои араб, кишварҳои Аврупо, то Лаҳистону то тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ дар назар гирифта, дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода шудаанд. Акнун, ки ин қонун мавриди амал қарор гирифтааст, роҳи васеъ барои инкишофи забони модарии мо ҳамчун забони давлатӣ боз хоҳад шуд.
Махсусан пешниҳодҳои судманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ӯ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5-октябри соли 2010) барои рушду густариши забони модарии мо шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Таҳияи як Барномаи мукаммали густариши забони тоҷикӣ бо дар бар гирифтани тамоми масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ аз қабили ба забони илм табдил додани забони давлатӣ, ҳамгунсозии истилоҳот, кампютерӣ кардани забони тоҷикӣ, забони давлатиро фаро гирифтани мансабдорони давлатӣ ва аз санҷиши донистани забони давлатӣ гузаштани шахсоне, ки ба вазифаҳои давлатӣ таъин мешаванд, таъсиси «Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ» дар Китобхонаи миллӣ барои рушди забони давлатӣ роҳи васеъ кушод.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) қабул гардид. Ин қонун вазъ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони тоҷикиро дар шароити имрӯзаи сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар муайян менамояд. Қонуни нав дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ омода гардида, дар он чунин вазъи ҳуқуқии истифодаи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва хориҷӣ муайян гардидааст. Барои татбиқи ин қонун сохтори нави давлатӣ – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бар уҳдаи ин Кумита масъулияти татбиқи қонуни мазкур, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот ва назорати истифодаи меъёрҳои забони адабӣ гузошта шудааст.
Дар даврони истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд. Махсусан, асарҳои Президенти кишвар (5), суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун (6) дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд, ки дар ин бора бояд ба таври алоҳида сухан ронд.
Дастовардҳои асосии моро дар даврони Истиқлол метавон ба таври фишурда ба шакли зер гурӯҳбандӣ кард:
1. Ба таври комил дар коргузории расмӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ;
2. Таҳияи як силсила асарҳои муҳим дар бахши забоншиносии тоҷик.
Махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ (, забони муосири тоҷикӣ (3), фарҳангу луғатномаҳои гуногун «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ» «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилдҳои I ва II) ва ғайра (11).
3. Ба забони муоширати байни халқҳои сокини кишвар табдил ёфтани забони давлатӣ.
Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон мефармоянд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад». (7)
Дар муддати начандон тулонии Истиқлол инкишофи муназзаму ботадриҷи ҳама бахшҳои забоншиносии тоҷикро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар даврони Истиқлол мактабҳои илмии забоншиносӣ ташаккул ёфтанд. Илми забоншиносӣ ҳамзамон бо пешрафти риштаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ривоҷу равнақ пайдо менамуд. Дар ин миён назария ва фикру ақоиди забоншиносони пешин, ҳамеша сармашқу роҳнамои муҳаққиқони муосир дар амри таҳқиқу пажуҳиш будааст. Метавон аз чанд корҳои бунёдии муҳаққиқон дар ҳавзаҳои илмии ҷумҳурӣ номбар кард: Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ «Вожашиносии забони форсии миёна» 2001, -310 с., «Форсии бостон» 2007, -190 с., (Саймиддинов Д.), «Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гаройиш ва дурнамо», 2014, -370 с., «Имло ва забони адабӣ» 2015, -320 с. (Назарзода С.), «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ» 2000, «Истилоҳоти илмии «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ» 2003, -168 с. (Султонов М.), дар макотиби олии кишвар асарҳои Маҷидов Ҳ. «Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ», 2014. –352 с., «Забони адабии муосири тоҷик» –ҷ.1. Луғатшиносӣ. 2007. – 242 с., «Услубшиносӣ»-и Камолиддинов Б., «Таърихи забони адабии тоҷик», 2003, 290 с. (Қосимова М.Н), «Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X-XVI» 2013, 341 с. (Хоҷаев Д.), «Масоили сохтмони забони тоҷикии адабӣ дар солҳои 20-90- и садаи XX» 2013, (Ваҳҳобов Т.), «Унсурҳои луғавӣ ва сарфию наҳвии осори садаҳои X-XII дар гӯйиши шимолӣ (бахши Фарғонаи ғарбӣ)», 2003. -289 с. (Ҳасанов А.) ва «Адиб, забон ва услуб», 2001. -175 с. (Т. Шокиров) чоп шудаанд.
Инчунин, дар давраи Истиқлол яке аз бахшҳои дигари илми забоншиносӣ топонимика рушду нуму кардааст. Яке аз марҳилаҳои мушкил дар таҳлил ва шинохти номвожаҳои ҷуғрофӣ, ба вижа номҳои таърихӣ, таҳқиқи этимологӣ ва ё решашиносии номҳо ба шумор меравад. Ин марҳила метавонад аз роҳи забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ бо истифода аз манобеи хаттии осори давраҳои гуногуни таърихӣ ва муқоисаи номвожаҳо бо забонҳо ва лаҳҷаҳои минтақаҳои гуногун ё сарзаминҳои таърихии будубоши мардумони эронинажод анҷом дода шавад. Дар таҳқиқи номҳои ҷуғрофӣ аз асарҳои “Топонимияи минтақаи Кӯлоб (тадқиқи таърихию забоншиносӣ)” 2015, - 448 с., (Алимӣ Ҷ.) “Топонимия ва микротопонимияи қисмати шимолии водии Ҳисор” 2010, - 228 с. (Маҳмадҷонов О.), “ Топонимияи водии Қаротегин” 1999, -411 с., (Исмоилов Ш.), “Топонимияи водии Кешруд (таҳқиқоти забоншиносӣ)” 2002, -104 с. (Ҳомидов Д.) –ро метавон ном бурд.
Дар даврони Истиқлол таҳияи фарҳангҳои гуногун густариш ёфт. Баъд аз соли 1991 аз рӯйи маълумотҳои оморӣ беш аз 150 фарҳанги гуногуни тафсирӣ, тарҷумавӣ ва махсус таҳия шуданд. Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (Д. Саймиддинов, С. Холматова, С. Каримов, 2006, 75000 калимаву ибора), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Назарзода С., Каримов С., Сангинов А., Султонов М., 2 ҷилд, 2008, 2010, 80000 калимаву ибора), «Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубӣ», Ғ. Ҷӯраев, М. Маҳмудов, 2015), «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ», Назарзода С., Каримов С., Файзиев С., ҷ. 1, ҳарфи «А», 2011, 12000 калимаву ибора, ҷ. 2, ҳарфи «Б», 13500 вожаву таркибҳо, 2022) чоп шуданд. Фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ бо сабаби хусусияти умумӣ доштан, пояи таҳияи фарҳангҳои дигари дузабона, истилоҳӣ, соҳавӣ, махсус ва ғайра гардиданд. Дар таҳияи фарҳангҳои тарҷумавӣ низ муваффақиятҳои калон ба даст омад. «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (П. Ҷамшедов, 2008, 60000 калимаву ибора), «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» (А. Мамадназаров, 2015, 100 000 калимаву ибора), «Фарҳанги тоҷикӣ-арабӣ» (С. Сулаймонов, 2010, 100 000 калимаву ибора) чоп шуданд. Шумораи умумии фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ 110 номгӯйро ташкил дод. Дар даврони Истиқлол се дафъа (1998, 2011, 2022) имлои забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таҷдиди назар шуд. Дар баррасии аввал ба имло тағйироти ҷиддӣ ворид гардида, ин тағйиротҳо аз тағйири ҷойи ҳарфҳо дар алифбо ва тағйири тарзи талаффузи онҳо, ихтисори ҳарфҳои алифбо аз 39 адад ба 35 адад аз ҳисоби хориҷ кардани ҳарфҳои махсуси русии «ц, щ, ы, ь» иборат буданд. Дар ин давра фарҳангҳои имло низ чоп шуданд, ки яке дар соли 1991 аз тарафи А. Маниёзов ва А. Мирзоев таҳия гардида, дигаре аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 пешниҳод гардида буд.
Дар солҳои Истиқлол марҳилаи нави рушди забони тоҷикӣ бо мақоми давлатӣ гирифтани он оғоз меёбад. Дар робита бо рушду густариши забони давлатӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол як силсила масъалаҳо гузошта шуд, ки рушди забони тоҷикиро ба дараҷаи сифатан нави таърихӣ мерасонад. Ин масъалаҳо чунинанд:
-танзими истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатӣ бо истифода аз осори хаттии давраҳои таърихии он;
-таҳлилу танзим ва истифодаи дақиқи истилоҳоти забони муосир ва таъмини рушди забони адабӣ;
-таҳқиқ ва нашри грамматикаи илмии забони адабӣ дар асоси меъёрҳои нави забон;
-таҳия ва нашри грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ;
-нашри маводи таълимӣ оид ба забони адабӣ;
-таҳия ва нашри фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, меъёрӣ ва фарҳанги имлои забони адабӣ.
Дар солҳои 2019-2022 боз ҳам масъалаҳои рушди забони давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, дар робита бо таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ, дастури илмии забони тоҷикӣ, ба сатҳи забони илмӣ баровардани забони тоҷикӣ, таҳияи истилоҳот ва ҳамгунсозии онҳо дар назди забоншиносон вазифаҳои нав гузошта шуд.
Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироти бунёдӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Имрӯз вазифаҳои иҷтимоии забон тағйир ёфта, аҳаммияти сиёсиву миллӣ ба худ касб кардааст. Дар натиҷаи ворид шудани мафҳумҳои нави сиёсӣ ва иҷтимоию илмӣ дар забони тоҷикӣ вожаву истилоҳоти нав аз забонҳои гуногуни дунё пайдо мешаванд. Дар ҷараёни инкишофи иҷтимоию сиёсии тамаддунҳо бархе аз забонҳо вобаста ба истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа хусусиятҳои вижаеро касб мекунанд. Ба ҳама маълум аст, ки забони тоҷикӣ забони шеър, забони юнонӣ – забони фалсафа, забони лотинӣ – забони илм мебошанд. Ҳамин тариқ, инкишофи хусусиятҳои сохторӣ ва вожасозии забон асосан ба шакл ва тарзи истифодаи он дар соҳаҳои алоҳидаи илму фарҳанг иртибот пайдо мекунанд. Аз ин нуқтаи назар вижагиҳои хосси забони тоҷикӣ дар назм инъикос ёфтааст. Ҳангоми таҳия ва тартиби фарҳангҳо муҳаққиқон ва фарҳангнигорон намунаҳои хешро одатан аз осору девонҳои шоирони давраи классики адабиёти тоҷикӣ-форсӣ меҷӯянд. Ҳол он, ки намунаҳо дар осори насрӣ ва илмӣ ҳам ба ин забон бисёр аст. Сабаби асосии муроҷиати муҳаққиқон ба осори назмӣ дар он аст, ки дар шеър вожаҳои асилу ноби тоҷикӣ пойдор монда, асолати забони тоҷикиро нигоҳ доштааст. Забони наср бар асари махлут шудан бо вожаҳои арабӣ, туркӣ, русиву аврупоӣ покизагиву беолоиши худро гум кардааст.
Забони муосири тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони миллати мустақили миллати тоҷик мебошад. Ин забон тамоми сарвати забони гуфтугӯиро дар худ ҳазм намуда, ба сохтори вожагони худ тамоми унсурҳои беҳтарини лаҳҷаҳои маҳаллиро дохил карда, аз тарафи дигар асосҳои сохтори дастурӣ ва захираи луғавии забони адабии классикиро, ки дар давраи оғози рушди забон дар замони Сомониён шакл гирифта буд, дар худ нигоҳ доштааст. Дар таърихи сиёсии мардуми тоҷик кам дудмони давлатдорӣ пайдо мешавад, ки ба сулолаи Сомониён дар бобати таъмини рушди бесобиқаи забони тоҷикӣ ва таъмини сиёсати миллии таҳаммулпазир, ки сиёсати забониву фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ дошта бошад, баробар шавад. Ба туфайли сиёсат ва хирадмандии Сомониён мо имрӯз соҳиби яке аз забонҳои бойтарини дунё ҳастем. Донишмандони бузурги асрҳои миёна, ба монанди Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Закарёи Розӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём ва садҳову ҳазорҳо муосирон ва пайравони онҳо осори ба олам машҳури худро ба ин забон навишта, шомили тамаддуни ҷаҳонӣ кардаанд. Имрӯз мо ба мерос забонеро соҳиб ҳастем, ки бо ин забон аз давраи пайдоиши ислом матни Қуръон борҳо тарҷума шуда, тафсири он ба ин забон навишта шудаанд. Ин тарҷумаҳо ва тафсирҳо намунаҳои беҳтарини услуби динии забони мо мебошад. Ҳатто қадимтарин тарҷумаи Қуръон бо номи «Қуръони қудс» (асри VIII) ба яке аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ мансуб аст. Тавоноӣ ва имконияти забони мо ба гузаштагони мо дар муддатҳои тулонии садсолаҳои таърихии номусоид, гоҳҳо мудҳишу даҳшатбори хунин имкон дод, ки бо ин забон адабиёти пурбор, назми беҳамтои рангоранг ва тамаддуни бузурге биофаранд. Ба ғайр аз ин, дар давоми садсолаҳо забони тоҷикӣ воситаи муоширати байналмилалӣ, забони коргузории бисёре аз қавму миллиятҳо дар як минтақаи паҳновари тамаддуни ҷаҳонӣ аз Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳилҳои Баҳри Миёназамин гардида буд. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як силсила чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ шароит ва муҳити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ муҳайё шудааст. Манбаъ ва сарчашмаи муҳимми густариш ва инкишофи забони меъёри адабӣ расонаҳои гурӯҳӣ ва, махсусан, шабакаҳои радио ва телевизион мебошад. Забони матбуот оинаи забони адабии меъёрӣ буда, барои оммаи васеи мардум аз лиҳози овоӣ ва талаффуз радио ва телевизион маҳаки забони адабии гуфторӣ мебошад. Забони муосири тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон истифода гардида, ба услуб ва рангорангии забони гуфтугӯӣ таъсир мерасонад. Ба забони тоҷикӣ адабиёти фаровон таҳия шуда, рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде чоп мешаванд. Китобҳо ва воситаҳои таълимӣ дар тамоми соҳаҳои дониш таҳия шуда, дарсҳо дар муассисаҳои таълимии гуногун ба ин забон гузаронида мешавад. Забони адабӣ ба ғайр аз шакли навишторӣ ба шакли гуфторӣ ҳам дар шабакаҳои радио, телевизион ва театру кино вуҷуд дорад.
Аз рӯйи сохтори дастурӣ забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои таҳлилӣ дохил мешавад. Барои бархе ҳиссаҳои нутқ набудани шаклҳои тасрифӣ ва ҷинсият хос мебошад. Робитаи байни калимаҳо ва ҷумлаҳо ба воситаи вандҳо, бандаки изофӣ ва тартиби калима сурат мегирад. Мувофиқат ҳамчун воситаи алоқа байни исм ва феъл вуҷуд дорад. Ба таври умум фарқиятҳои дастурии ҳиссаҳои номии нутқ аз давраи классикӣ хеле кам аст. Бархе аз онҳо хусусияти ом гирифтани пасванди ҷамъсози -ҳо ва маҳдуд гардидани вазифаи пасоянди-ро мебошад. Низоми феълҳои забони тоҷикӣ дорои шаклҳои зиёди таҳлилӣ мебошад, ки категорияҳои замон, сиға, дар ташкили шаклҳои содаи феъл, асосҳои феъл, пешоянд, бандакҷонишинҳои шахсӣ фаъол мебошанд. Дар ташкили шаклҳои феълии мураккаби таҳлилӣ феъли ҳол, сифати феълӣ, шаклҳои масдарӣ аз ҳисоби феълҳои модалӣ иштирок мекунанд. Сиғаҳои феълӣ дар шаклҳои гуногун ва замон бо шаклҳои ҳозира, гузашта ва оянда ва намудҳои онҳо дар замон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар калимасозии феъл, феълҳои таркибӣ ва мураккаб бо истифода аз феълҳои сода (кор кардан, нигоҳ кардан, гап задан) ҷои асосиро ишғол мекунад. Истифодаи шаклҳои гурехта омадан, гурехта рафтан, омада монд низ мавриди истифода мебошанд.
Дар шароити муосири рушди забони тоҷикӣ пажуҳиши ҷомеи гӯйишҳои гуногуни забони тоҷикӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Лаҳҷаву гӯйишҳо сарчашмаи муҳимтарини такмили забон ва ғанӣ гаштани соҳаи истилоҳсозии забон мебошад. Дар гӯйишу лаҳҷаҳо вожагони ноби қадимӣ нуҳуфтаанд. Муқоисаи онҳо бо вожагони забони тоҷикии давраи оғозин махсусан замони Сомониён ва асрҳои баъдӣ барои ташаккули меъёрҳои забонӣ ва нигоҳ доштани пайванди таърихӣ хеле муҳим аст. Гӯйишҳои муосири забони тоҷикӣ натиҷаи марҳилаҳои гуногуни рушди забони тоҷикӣ аз давраҳои бостон то имрӯз аст. Пажуҳиши лаҳҷаҳо аз нимаи дувуми асри ХIХ оғоз гардида, дар қарни ХХ хусусияти умумӣ гирифта, дар ин ҷода забоншиносони зиёде ба камол расида, бо баргузор намудани экспедитсияҳои забонӣ бисёре аз гӯйишҳо таҳқиқ гардида, муваффақияти зиёде ба даст омадааст. Асари бунёдии В. С. Расторгуева бо номи «Опыт сравнительного изучение таджикских говоров» (Таҷрибаи пажуҳиши муқоисавии шеваҳои тоҷикӣ) натиҷаи чунин тадқиқотҳо дар соҳаи гӯйишҳои забони тоҷикӣ мебошад. Мувофиқи пажуҳишҳои ахир гӯйишҳои забони тоҷикӣ ба чор гурӯҳи калон: шимолӣ, марказӣ, ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ ҷудо шудааст. Ба ин гурӯҳҳо боз гурӯҳҳои шеваҳои тоҷикони Афғонистон низ шомил шуда, баъзе пажуҳишҳо анҷом ёфтаанд. Забони гуфтугӯии адабӣ, ки дар солҳои ахир ташаккул ёфта истодааст, дар муқоиса бо забони адабии навишторӣ дорои хусусиятҳои хосси забонӣ мебошад. Бархе аз ин хусусиятҳо овоӣ, аз ҷумла афтидани ҳарфҳои охири «д», «т» (даст>дас, мераванд> мераван) афтидани овози ҳалқии «ҳ» (даҳ-да, нуҳ-ну) ба ҳам якҷо шудани нб> мб (занбур-замбур, анбор-амбор...) ва ғайра мебошад. Хусусиятҳои сарфии забони гуфтугӯӣ табдил ёфтани пасоянди-ро ба -а/-я камшудани истифодаи нишонаи ҷамъи -он, табдили артикли номуайянии -е ба як ва ғайра мебошанд.
Хулоса, таҳаввулоте, ки дар заминаи дастури забони тоҷикӣ дар замони шуравӣ рӯй додааст, ҳарчанд ки дар дастгоҳҳои асосии забон таъсири манфӣ гузошта бошад ҳам, ба монанди марази «тарҷумазадагӣ» ва амсоли он, вале боз ҳам чеҳраи хоси онро ба ҳайси забони мустақил дигаргун насохтааст. Аммо агар ин раванд ба ҳамин шакл дар оянда низ идома пайдо мекард, пешгӯии оқибати он мушкил буд.
Пажуҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол хусусияти бунёдӣ пайдо карда, тамоми бахшҳои илми забоншиносиро фаро гирифтааст. Сабаби асосӣ аз як тараф мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буда, аз тарафи дигар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлатии худ ва аз ҳама асосӣ таваҷҷуҳи доимии сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ мебошад. Махсусан, моҳи октябри соли 2019 дар ҷашни даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷанбаҳои асосии рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлол пешниҳодҳои судманде иброз доштанд, ки аз густариши забони меъёр, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ дар асоси дастовардҳои навини забоншиносии компютерӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми рушди забони давлатӣ иборат буданд. Дар моҳи марти соли 2020 (ҷилди аввали он соли 2016 чоп шуда буд) китоби дувуми «Забони милат – ҳастии миллат» бо фарогирии таърихи забони тоҷикӣ аз асри ХIII то ибтидои асри ХХ аз чоп баромад, ки намунаи равшани таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони модарии мост. Имрӯз, новобаста ба инкишофу рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳқиқу пажуҳиши масъалаҳои муҳимми забони тоҷикӣ душвориву мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки барои рафъи онҳо тадбирҳои мушаххаси ҷиддии сатҳи давлатӣ лозим аст.
Таҳқиқи забони меъёр ё забони адабӣ ва проблемаҳои он яке аз масъалаҳои муҳимми илми забоншиносӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлол бо забони давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни он аҳаммияти миллӣ ва давлатӣ касб мекунад. Мутаассифона, дар рушду инкишофи забони давлатӣ ҳанӯз мушкиливу монеаҳои зиёдеро бартараф кардан лозим меояд. Бо вуҷуди он ки барои инкишофи забони адабӣ аз лиҳози сиёсӣ ва давлатдорӣ тамоми шароит муҳайё аст, зарурати истифодаи он ба ҳайси забони давлатӣ, коргузорӣ, таълим, илмӣ ва ғайра аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеа дуруст дарк нашудааст. Инчунин барои таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, чандзабона, истилоҳӣ ва луғатҳои махсуси забоншиносӣ (фарҳанги басомади вожаҳо, ҳаммаъноҳо, зидмаъноҳо ва ғ.) муддати зиёд ва заҳмати фаровон лозим аст. Доир ба забони адабии тоҷикӣ корҳои зиёди тадқиқотӣ ба анҷом расидааст. Аммо роҷеъ ба меъёри он ба таври мушаххас ҳанӯз тадқиқоти зиёде анҷом додан лозим меояд. Роҷеъ ба меъёрҳои забони адабии гуфтугӯӣ то кунун коре ба майдон наомадааст. Дар забоншиносии муосири тоҷик то кунун тадқиқоте, ки дар асоси меъёри забони адабии гуфтугӯӣ ба итмом расида бошад, арзи вуҷуд накардааст. Бинобар ин меъёрҳои забони адабӣ ва забони адабии гуфтугӯиро дар асоси маводи муътамад мавриди тадқиқ қарор додан аз вазифаҳои бетаъхири забоншиносон ба шумор меравад.
Сарчашма ва маводи муътамад барои ташаккули минбаъдаи забони адабӣ истифодаи ҳадди аксари сарватҳои луғавии забони адабии ҳозира ва ҷалби маводи луғавии барои аксарияти мардум фаҳмо аз лаҳҷаҳо, истилоҳоти касбӣ ва ҳатто унсурҳои алоҳидаи забони гуфтугӯӣ мебошад. Аз тарафи дигар, таҳқиқи бунёдиву муфассали забони осори боқимонда аз оғози шаклгирии забони тоҷикӣ аз дидгоҳи нав, аз нуқтаи назари ҷамъоварии тамоми калимаву таркиб ва ибораҳо дар чорчӯбаи таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ бисёр муҳим аст. Яқин аст, ки дар он ганҷина вожаҳои ноб ва усулҳои нодири вожасозӣ нуҳуфта ва ё ноёфта ҳанӯз бисёр аст. Забони тоҷикӣ дар он давра ҳанӯз беолоиш ва дар ҷушу хурӯши ҷавонӣ ва зояндагӣ буд. Ин таҳқиқот бояд забони девони шоирони бузурги он давра ва баъди он мисли Рӯдакӣ ва ҳамзабононаш, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камол, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва чанд тани дигар, ки осорашон яке аз манбаи асосии вожаҳо ва истилоҳоти забон ва шеваҳои калимасозии меросӣ ва шоиронаи ғайричашмдошт мебошанд, бояд дарбар гирад. Инчунин, мутолиа ва баррасии таркиби луғавии забони осори достонҳои оммиёна, таърихномаҳо, аҷоибномаҳо, сафарномаҳо ва умуман осори насрии даври гузашта низ аз аҳаммият холӣ нест. Дар ин гуна осор бисёр вожа ва истилоҳоти манотиқи гуногун ва ҷорӣ дар байни мардумонро, ки нависандагони «забонсози» расмии асрҳои миёна онҳоро ҳамчун вожаҳои омиёна дар таълифоти хеш ҷой намедоданд, дар китобҳои худ дарҷ кардаанд ва бисёр имкон дорад аз байни онҳо ва ё усулҳои калимасозии онҳо баъзе луғатҳои мавриди ниёзи замони мо пайдо ва ё сохта шавад. Таҳқиқ ва таҳлили тамоми фарҳангҳо, махсусан луғатномаҳои давраи оғози фарҳангсозии забони тоҷикӣ аз нигоҳи вожасозӣ ва истилоҳшиносӣ ва бо роҳи истифодаи дастовардҳои техникӣ ба вуҷуд овардани ганҷинаи вожагони забон аз асоситарин масъалаҳои пажуҳишӣ барои таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ мебошад.
Зеро дар баробари вожагони серистеъмол қарор додан ва зинда кардани вожаҳои маҳҷур ва камошнои тоҷикӣ барои забони мо манфиати бештар хоҳад дошт, аз он ки барои онҳо аз калимаҳои ноошно, ғайримаъмул ва душворфаҳми забони арабӣ ва ё забонҳои бостонӣ муодил баргузинем.
Истифода аз забонҳои бостонӣ, миёна ва нави эронӣ, инчунин истифода аз захираи вожаву истилоҳоти навсохти ҳамзабонон низ аз аҳаммият холӣ нест. Азбаски нуфуз ва истифодаи «наввожаҳо»-и форсиву дарӣ имрӯзҳо дар ҳоли густариш аст, бинобар ин забони тоҷикӣ бояд муносибати худро ба ин вожаву таркибҳо ба таври куллӣ муайян намояд. Имрӯз барои забоншиносони тоҷик шароит фароҳам аст, ки таҷрибаву бозёфтҳо ва захираҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, форсӣ ва дариро олимона таҳлилу баррасӣ карда, муносибтарин ва озмудатарини онҳоро баргузинанд.
Барои ба даст овардани таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Махсусан, пажуҳиши масъалаҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии онҳо хеле муҳим мебошад. Махсусан, имрӯз, ки як марҳилаи муҳимми инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба мадди аввал мебарояд. Он харҷу марҷе, ки имрӯз дар истифодаи истилоҳот дар коргузории расмӣ, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, забони таҳсил ва матбуот вомехурад, ба ҳамагон маълум аст. Бинобар ин зарурати соҳа ба соҳа стандарт ва ҳамгун сохтани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва ба меъёри муайян дарвардани нормаҳои забони адабӣ ва махсусан бахши вожагони он сахт эҳсос мешавад. Барои дар амал пиёда кардани он таҳияи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ва инчунин фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ бисёр зарур аст. Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ин масъала бояд якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва илмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ баррасӣ гардида, роҳҳои татбиқи он муайян гардад. Зеро таҳия, ҳамгунсозӣ ва стандарт намудани истилоҳоти илмӣ яке аз пояҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илм аст.
Масъалаи дигари бисёр муҳим барои сарнавишти забони тоҷикӣ имрӯз таҳияи дуруст ва ба тартиб овардани имлои забони тоҷикӣ мебошад. Бар уҳдаи Комиссияи имло, ки имрӯз дар кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, вазифаи басе пурмасъулият гузошта шудааст. Пеш аз ҳама дар таҳияи имлои нави забони тоҷикӣ хусусиятҳои таърихии рушди онро аз давраи пешин то имрӯз ба назар гирифта, хатову иштибоҳҳоеро, ки дар солҳои пешин зери таъсири омилҳои сиёсии даврони Иттиҳоди Шуравӣ (иловаҳои ҳарфҳои хосси забони русӣ, ки ҳанӯз ҳам бо номи сунъии-«ётбарсарҳо» боқист, таъсири ақидаҳои барғалати дар асоси талаффузи лаҳҷавӣ таҳия кардани имло ва махсусан бесарумонӣ дар истифодаи садонокҳои у, ӯ ва и, ӣ ва ғайра) таҳиягарони имлои забон роҳ дода буданд, бояд дар асоси пажуҳишҳои дақиқи илмӣ бартараф карда шаванд. Имрӯз, ки боз баҳсҳо дар атрофи ин масъала идома доранд бояд зикр намуд, ки дар истифодаи садонокҳои «у»-и устувор ва «у»-и ноустувор, «и»-и устувор ва «и»-и ноустувор иштибоҳҳои ҷойдошта дар имлои забони тоҷикӣ ислоҳнашуда боқӣ монданд. Иштибоҳ дар он аст, ки дар имлои имрӯза ҳам «у»-и ноустувор ва ҳам «у»-и устувор ба таври омехта истифода гардида, ҷойи мушаххаси онҳо нишон дода нашудааст. Ба таври мисол, овози «ӯ», яъне «у»-и ноустувор ҳам барои калимаҳои дорои «у»-и ноустувор (бун, бунафш, буз, бурд, дузд...) ва ҳам барои «у»-и устувор (дуд, дур, ду, душ...) ва бо «ӯ»-и дароз ифода шудани ҳам овози «у» (устувор ва ҳам вови маҷҳул) (шӯра, гурӯҳ, шукӯҳ, чӯпон, кӯча, чӯҷа, бӯй, гӯш, чӯб...) дида мешавад. Аслан, низоми овоии забони тоҷикӣ аз шаш садоноки устувору ноустувор (а-о, у-ӯ, и-ӣ) ва ду садоноки дароз ӯ ва э, иборат аст, ки аз солҳои панҷоҳуми асри ХХ ду садоноки дароз ба инобат гирифта намешавад. Вале устувориву ноустувории овозҳои забон меъёрест, ки халал овардан ба он низоми забонро вайрон мекунад. Акнун дар даврони Истиқлол вақти он расидааст, ки ақидаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар бораи имло тадбиқ карда шавад, ки дар мақолаи худ бо номи «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» (1952) гуфта буд: «Агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад, чунки талаффуз дар ҳар замон ва дар ҳар район дигаргуншаванда аст, ҳатто басо дида шудааст, ки талаффузи шахсҳои ҷудогона ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки то ҳол дар имлои забони тоҷикӣ анархия ҳукмфармост». Ин пешниҳодҳо бештар хусусияти амалӣ дошта, барои иҷрои амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бисёр муҳим мебошанд. Масъалаҳои таҳким ва пажуҳиши илмии ҷанбаҳои гуногуни рушди забони модарӣ (таҳияи дастурҳои илмӣ ва академикӣ, фарҳангҳои гуногуни забоншиносӣ, таҳқиқи таърих, сарфу наҳв, вожагон ва дигар бахшҳои забон) тарафи дигар ва бисёр муҳими рушду густариши забони мо мебошад, ки он мавриди баҳси мақолаҳои алоҳидаи дигар мебошад.
Дар даврони Истиқлол пажуҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ хусусияти бунёдӣ пайдо кардааст, ки сабаби асосӣ аз як тараф мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буда, аз тарафи дигар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлатии худ ва аз ҳама муҳим таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ мебошад. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкор, олимон ва муҳаққиқон, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, Сарвари давлат оид ба масъалаҳои гуногуни рушди илми тоҷик таваҷҷуҳ намуда, ба масъалаҳои таҳқиқи забони тоҷикӣ ва махсусан ба мақоми илмӣ баровардани рушди забони тоҷикӣ ишора карда, боз як бори дигар ба пешниҳодҳои худ оид ба рушди забони тоҷикӣ дар суханронии хеш дар ҷашни даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моҳи октябри соли 2019) таъкид доштанд. Дар ин суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷанбаҳои асосии рушди забони давлатӣ дар даврони истиқлол пешниҳодҳои судманде иброз доштанд, ки аз густариши забони меъёр, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ дар асоси дастовардҳои навини забоншиносии компютерӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми рушди забони давлатӣ иборат буданд. Имрӯз, новобаста ба инкишофу рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳқиқу пажуҳиши масъалаҳои муҳимми забони тоҷикӣ душвориву мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки барои рафъи онҳо тадбирҳои мушаххаси ҷиддии сатҳи давлатӣ лозим аст.
Баъд аз эъломи Истиқлол зери таъсири вазъияти нави ҷаҳонӣ барои таҳқиқи таърихи забон аз диди нав, аз нав эҳё кардани суннатҳои бостонии ҷомеа, истифодаи таҷрибаи таърихии забони тоҷикӣ ва забоншиносони ватанӣ шароити мусоид муҳайё гардид. Доир ба таърихи забон асарҳои зиёде таҳия шуданд. Соли 2019 ҳангоми мулоқот ба истиқболи даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 марти соли 2009) Сарвари тоҷикон масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ, махсусан риояи меъёрҳои таърихии забони адабӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, омода сохтани пайкараи забон, танзими истилоҳот ва як силсила масъалаҳои мубрами забони тоҷикиро хотирнишон кард. Махсусан, барои густариши забони тоҷикӣ дар оянда асару мақолаҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти махсус дорад. Роҳҳои асосии густариши забони тоҷикӣ дар асрҳои ӯ ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» (1999, 2002, 2006, 2009), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (2006), «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» (2006) инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, китоби ӯ «Забони миллат – ҳастии миллат», (ҷилди 1, чопи аввал 2016, чопи дувум 2018, ҷилди 2, 2020) дастовардҳои охири забоншиносии тоҷикро дар бобати таърихи густариши забони тоҷикӣ дар худ таҷассум кардааст.
Адабиёт
1. Дузабонӣ талаби ҷомеа аст// Мақолаи дастҷамъонаи устодони Институти педагогии шаҳри Хуҷанд. Ҳоло Донишгоҳи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуров// Газетаи «Муаллимон», 19 майи соли 1987.
2. Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи забон» // Ҷумҳурият, 16 июли соли 1994
3. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. –Душанбе, 2007; Назарзода С. Ташаккули истилоҳоти иҷтимоиву сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи ХХ. Душанбе, 2004; М.Ҳ.Султон. Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ. Душанбе, 2000; Қосимова М.Н. Таърихи забони адабии тоҷик. Душанбе, 2003.
4. Номаи табрикии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон // Ҷумҳурият, 24 июли соли 2003
5. Раҳмон Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2002; Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2002; Эмомалӣ Раҳмон.Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, Ирфон, 2006; Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. Душанбе, Ирфон, 2006; Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 1, Ба сӯйи пояндагӣ. Душанбе, Нашри якум 2016. Нашри дувум 2018; Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 2, Замон ва забон. Душанбе, 2018.
6. Раҳмон Э. Ҷавонон ояндаи миллат (Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони лаёқатманд) //Ҷумҳурият, 23 майи соли1998; Эмомалӣ Раҳмон. Забон ва бедории миллӣ// Садои мардум, 24 марти с. 2001; Эмомалӣ Раҳмон. Фарҳанг ҳастии миллат аст// Ҷумҳурият, 24 марти соли2001ва ғ.
7. Раҳмон Э. Забон яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳимми ташаккули миллат мебошад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Забон, 21 июли соли2007.
8. Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. Душанбе, 2001; Саймиддинов Д. Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ. Душанбе, Дониш, 1992; Саймиддинов Д. Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ. Душанбе, 2008.
9. Суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат. // Ҷумҳурият, 25 марти соли 2004
10. Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони РСС Тоҷикистон, Душанбе, 1989, саҳ 13.
11. Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ ҷ.1, зери таҳрири С.Д. Холматова, С.Солеҳов, С.Каримов. -Душанбе, 2004; ҷ.2, зери таҳрири Д.Саймиддинов, С.Д. Холматова, С.Каримов. –Душанбе, 2005; нашри дувум бо илова, такмил ва ислоҳ, зери таҳрири Д.Саймиддинов, С.Д. Холматова, С. Каримов. –Душанбе, 2006; Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, зери таҳрири Назарзода С., Сангинов А., Каримов С., Султонов М. М, иборат аз ду ҷилд. Душанбе–Машҳад, 2008. Донишномаи Рӯдакӣ, иборат аз ду ҷилд. Душанбе-Димишқ, 2008 ва ғ.
12. Ҷомеа ва рисолати зиёӣ. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар// Ҷумҳурият, 21 марти соли 2009.
Сайфиддин Назарзода, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи АМИТ,
Мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, доктори илми филология Шодиев Р.А.
«Бузургтарин вазифаи ҳар фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбонию пос доштани ин мероси муқаддас ва инчунин ба наслҳои оянда бегазанд расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин ва шевотарин забонҳои рӯйи олам маҳсуб ёфта, ҳамзамон як талаффузи ба худ хос ва ҳамзамон шевоеро доро мебошад, ки шояд ин гуна фасоҳату ширинбаёнӣ ва ҳамзамон ширингуфторӣ дар дигар забонҳои мардуми олам ба чашм нарасад. Ба ростӣ ва бемуҳобот ин забон бисёр ҳам як талаффузи ширини худро дорад, ки аз ҷониби дигар он дороии инсон ва муқаддасоти рӯйи олам аст.
Ҳамасола дар санаи 5-уми октябр таҷлилу гиромидошти Рӯзи забони модариамон бошад, далели равшани сиёсати давлат дар самти забони миллӣ ба ҳисоб меравад, ки он дороии мову давлатамон ва ҳамзамон ифтихори миллати соҳибтамаддуну бофарҳанги тоҷик мебошад. Чунки маҳз дар рӯйи олам мавҷудияти ҳамин забони нобу шевост, ки тавассути он мо ба ҳамдигар ҳарф мезанему ҳамзамон ҳадафи якдигарро дарк ва фикру мулоҳизаҳоямонро озодона баён менамоем .
Роҷеъ ба хусусиятҳо ва поку беолоиш нигоҳ доштану гиромидошти ин забон бузургони илму адаби мо бисёр суханҳои пурмаънӣ гуфтаанд. Аз он ҷумла, яке аз онҳо алломаҳои Машриқзамин Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бартарии забони дарӣ (тоҷикиро) аз дигар забонҳо, минҷумла забони ҳиндӣ, дар байти зерин чунин ифода намудааст:
Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти кории худ ба ҳайси Роҳбари давлат ва инчунин ҳамеша баҳри рушди забони тоҷикӣ ва ҳамзамон гиромидошти он талош варзида, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарор ва инчунин тадбирҳои мушаххасу судманд бобати боз ҳам беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи Қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дода буданд, ки дар давоми солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забон бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.
Дар натиҷа ниҳоятан рӯзи 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ” қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни забони пешин набуд, ҷойгир карда шуданд.
Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории вохӯриҳои судманди худ бо олимон ва инчунин намояндагони зиёиёни кишвар борҳо масоили эҳё ва эҷоди забони илмии тоҷикиро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиммтарини муҳаққиқон, унвонҷӯён, олимон ва зиёиёни ҷумҳурӣ арзёбӣ намудаанд.
Роҳбари давлат дар Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, дар таърихи 26-уми декабри соли 2019 аз ҷумла чунин зикр карда буданд: «Забон - ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».
Аз нигоҳи дигар, воқеан зарурати иҷтимоии ҳар як забони миллӣ на танҳо дар таърихи ин миллат, балки дар хусусияти истифодаи амалии он низ бозтоб мешавад. Зеро забони давлатӣ сарвати бебаҳои миллат буда, ҳамчун воситаи тавоною пуриқтидори муоширати байни одамон хизмат мекунад ва ҳамзамон имконият медиҳад, ки маълумот дар бораи натиҷаҳои дар раванди фаъолияти бунёдкоронаву созанда ва зеҳниву ақлонӣ андӯхтаи инсоният захира, нигоҳдорӣ ва аз насл ба насл интиқол дода шавад. Феълан яке аз чунин муҷибияти иҷтимоии забони модарӣ ин пеш аз ҳама захира ва нигоҳдорӣ кардани осори гаронбаҳои илмӣ дар марҳалаҳои мухталифи таърихи рушди илм маҳсуб меёбад.
Забони илмӣ гуфта, қабл аз ҳама забони баёни афкори илмӣ ва забони баёни асосҳои ин ё он соҳаи илм бо забони миллӣ мебошад. Забони илмии тоҷикӣ як шохаи забони миллӣ буда, тавассути он натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва инчунин асосҳои илмҳои муосир ба воситаи адабиёти илмӣ барои муҳаққиқон ва ҳамзамон китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баён карда мешавад. Бар замми ин забони илмӣ инчунин забони муомилоту муоширати байни олимон ба ҳисоб меравад.
Зимнан бояд қайд кард, ки забонҳои илм забонҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо асосан истилоҳҳо сохта мешаванд. Ба сифати ин забонҳо дар радифи забонҳои классикии илм – лотинӣ ва юнонӣ, инчунин забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пазируфта шудаанд.
Аз ҷониби дигар ҳар як ҳодисаҳои наве, ки кашф карда мешаванд ва ё ин ки асбобу анҷом ва ё худ таҷҳизоти наве, ки дар ин ё он давлати рӯ ба инкишофу пешрафта сохта мешаванд, барои муаррифӣ кардани он ба ҷаҳониён аксаран ба яке аз ин забонҳо номгузорӣ карда мешаванд.
Бинобар ин барои ба забони илм мубаддал додани забони миллиамон зарур аст, ки аз ҷониби олимони ихтироъкору навовари соҳибзабон ҳодисаҳои нави илмӣ кашф ва ё худ асбобу таҷҳизоти нави илмии аз ҷониби онҳо сохта шуда, ҳатман бо забони миллии он давлат номгузорӣ карда шаванд ва ин номҳои илмӣ, яъне истилоҳҳо дар тамоми забонҳои ҷаҳон мавриди истифодаву истеъмол қарор гиранд. Зеро забони илмӣ, забони баёни афкори илмӣ ва забони баёни асосҳои ин ё он соҳаи илм бо забони миллӣ маҳсуб меёбад. Чунки забони миллатро пояи давлат гуфтаанд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ин боигариро ҳамеша пос дорему баҳри рушду нумӯи он ва миллати бузургамон ҳиссагузор бошем. Зеро ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, қудрату тавоноӣ ва асоси мавҷудот ба забони ӯ марбут буда ва ҳастии ҳар халқу миллат дар пойдории забони модарии ӯ алоқаманд аст.
Бақохоҷа Бобозода, директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳои бузурги давлатию таърихӣ мебошанд, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ дар рушду тараққӣ кардани забон дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар кишвари азизамон – Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, садҳо достонҳо навиштаанд.
Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳоро тай намуд ва то ба имрӯз омада расид.
Дар ҳақиқат, миллат он вақт арзи ҳастӣ карда метавонад, ки забонаш зинда бошад дар гуфтугӯ, навишт ва умури коргузорӣ мавриди истифода қарор гирад.
Таърих шоҳиди барҳақ аст, ки бисёре аз миллатҳо бо аз байн рафтани забонашон маҳв гардиданд. Махсусан, раванди ҷаҳонишавӣ ин амалро пеш мебарад. Пешвои миллат бо эҳсоси ин гуна хатарҳои ваҳшатафзо барои пойдории забони тоҷикӣ, густариши он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Қариб дар ҳамаи вохӯриву мулоқотҳояшон ва ироаи ҳамасолаи паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзӯъ ва масъаларо ба таъкид хотиррасон менамоянд.
Мусаллам аст, ки пас аз хомӯшӣ ва сукуту таҳаммули тӯлонии зиёда аз ҳазор сол хуршеди азамат ва ҷалолу шукуҳи забони тоҷикӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ, ки дар аҳди Оли Сомон партавафишон буду нурҳои зиёбахши он аз Мағриб то ба Машриқ, аз Ироқу Аҷам то ба Чин ва аз Мовароуннаҳру Хуросон то ба Ҳинд равшангари маърифат ба шумор мерафт, боз бо фазилати қудуми мубораки абармарди замон, роҳбари хирадманди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тулӯи тоза кард.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамчун роҳбари хирадманду оқил, мушфиқу ғамхор ва мутафаккири арсаи илмиву сиёсӣ ва чеҳраи шинохташудаи байналмилалӣ дар тамоми олами муосир шинохта ва пазируфта шуданд, нисбат ба забони модарии хеш - забони тоҷикӣ муҳаббати беандоза доранд, ки ин муҳаббат ва арҷгузориашон ба забон дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар ва берун аз он, аз ҷумла, дар тамоми ҳавзаҳои тоҷикнишини олам ва форсизабонони ҷаҳон эътироф шудааст.
Таълифи асари калонҳаҷми дуҷилдаи беназири «Забони миллат – ҳастии миллат» ҳам натиҷаи муҳаббатҳои беандозаи Президенти маҳбуби кишвар нисбат ба забони модарӣ мебошад.
Дар Паёми худ низ таъкид намуданд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад».
Тавсифҳои бисёр зебову мувофиқ, аз қабили «забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ», «сарвати муқаддас ва гаронбаҳотарин» аз муҳаббати Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ мебошад. Мо бояд ин муҳаббатро аз Пешвои миллатамон биомӯзем ва тавре баён доштанд, ба рушди забонамон эътибори аввалиндараҷа бидиҳем.
Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббусашон баргузор гардиданд ва минбаъд низ идома меёбад, ба хотири рушду омӯзиши бештару беҳтари ин забони нобу шоирона аст.
Дар ҳақиқат, танҳо ин забон моро ба осори гаронбаҳои ниёгонамон ошно месозад ва он ҳама бароямон, ҳамзамон, ифтихор мебахшанд. Осори ин абармардони олами фарҳанг бо забони тоҷикӣ миллати моро дар арсаи ҷаҳон чун миллати қадимиву тамаддунсоз муаррифӣменамояд.
Хулоса нақши Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир буда, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид.
Бигзор ин тулӯи хуршеди забон тулӯи беғурубу ҷовидона бошад ва ҳумои толеи ин миллату забон, дар каронаи фазои сиёсии ҷаҳон дар парвози бегазанд ва пуравҷ бошад.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Раиси Шӯрои олимони ҷавони Институти фаслафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои густурдаи худро дар самтҳои гуногун бо кишварҳои дусту ҳампаймонӣ худ ба роҳ мондааст. Маҳз кишвари Тоҷикистон бо талошу заҳматҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни аксарияти давлатҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускори масъалаҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Равобитҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рушду густариш ёфта, зина ба зина мустаҳкам гардидаанд. Ягона самти пешгирифтаи ҳукумати кишвар дар барқарор намудани ҳамкориҳои дипломатӣ бо кишварҳои дусту ҳампаймони худ сиёсати ояндадори "Дарҳои боз" мебошад, ки Тоҷикистонро то минбарҳои баландтарин бароварда, маъруф ва машҳур гардонид.
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Қатар дар заминаи муносибатҳои дуҷониба рушду густариш ёфтаанд. Ҳукумати Тоҷикистон равобитҳои худро бо давлати Қатар аз 13- уми декабри соли 1994 оғоз бахшида моҳи ноябри соли 2012 Сафорати давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Маҳз робитаҳои сиёсии давлати Қатар бо кишвари Тоҷикистон дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар 6-7 майи соли 2007 барои мустаҳкам гардидани ин ҳамкориҳои саҳифаи наве боз гардид, ки тибқи он чандин лоиҳаҳои бузургу созанда байни якдигар ба роҳ монда шуданд. Пас аз равобитҳои густурда ба роҳ мондани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Қатар ҳамкориҳои онҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешбурди ибтикороти созанда дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва пайгирии дигар масъалаҳои мавриди барасӣ қарор гирифта то ин ҷониб корҳои назаррас дар самтҳои мухталиф анҷом ёфтаанд. Ҳамзамон бо дастгириҳои роҳбарияти ин кишвар якчанд лоиҳаҳои бузург дар кишвари Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, амалӣ шудаанд. Маҳз яке аз лоиҳаи бузурге, ки бо дастгириҳои давлати Қатар дар шаҳри Душанбе бунёд гашт ин масҷиди ҷомеаи шаҳри Душанбе мебошад.
Ҳамзамон бо мақсади анҷом додани сафари давлатӣ имруз Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари Давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро гарму самими истиқбол намуда, ба боли шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд. Ҳамчунин маросими истиқболи меҳмони олиқадр бо гузориши командири қаровули фахрӣ, ҳамзамон садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ бо ҳайати расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. Пас аз истиқбол бо меҳмони олимақом Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар маркази шаҳри Душанбе масчиди бузурги ҷомеаи шаҳри Душанберо ба истифода доданд. Бояд гуфт, ки муассиси лоиҳаи сохтмонии ин масчид маҳз Давлати Қатар буда, бинои он дар шароити замонавӣ ва вобаста ба талаботҳои замони муосир бунёд гардидааст. Ҳамзамон зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ роҳбарони ин ду кишвар ҳамкориҳои дарозмуддати тадбиқшавандаи худро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ ва меваҷоту сабзавоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза низ мавриди музокира қарор дода шуд.
Ҳамчунин тарафайн зимни баргузории тафоҳум оид ба масъалаи баргузории форуми соҳибкорӣ ва намоишгоҳи молу маҳсулоти ду кишвар дар қаламравҳои ҳамдигар ва ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар заминаи ин роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон ва Давлати Қатар рушди бомароми ҳамкориҳои табиқшаванда таҷдид намудани ҳамкориҳои густурда дар соҳаҳои сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, имконияти густариши робитаҳои фарҳангиву башарӣ аз ҷумла, арсаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ аз масъалаҳои мубрами мулоқоту музокиротҳои сатҳи олии сарони ду кишвар дониста мешаванд.
2 октябри соли равон бо сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё ба пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа ташриф бурданд. Дар идомаи сафар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Дар мулоқот рушди дурнамои муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Густариши ҳамкорӣ бо Давлати Қатар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад”. Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва нақлиёту коммуникатсия ба ҳисоб мераванд.
Инчунин, зимни вохурӣ ҷонибҳо атрофи ҷалби сармоягузории Қатар, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, омода намудани мутахассисони касбӣ бо таъсиси маркази забономӯзӣ дар Тоҷикистон, рушди ҳамкори дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф, баргузории рӯзҳои фарҳангии ҳарду кишвар табодули афкор намуданд. Бояд гуфт, ки бо амалӣ гаштани созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар равобиту ҳамкориҳо вусъат ёфта, дар оянда барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои дипломатӣ мусоидат хоҳанд кард.
МУҲАММАД Аминзод - котиби матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО) ё худ ба англисӣ Asia Cooperation Dialogue (ACD) ҳамчун созмони байнидавлатии кишварҳои қитъаи Осиё моҳи июни соли 2002 бо ташаббуси собиқ сарвазири Таиланд Т.Чинавата таъсис ёфтааст, ки дар он Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисон ва узви фаъол аз лаҳзаи таъсис ба шумор меравад.
Ҳадаф аз таъсиси ин Муколама таъмини робита байни Иттиҳодияи давлатҳои Ҷанубу Шарқи Осиё (АСЕАН), Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ, Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дигар созмонҳои минтақавии қитъа мебошад.
Имрӯз Муколамаи ҳамкории Осиё 34 давлатро ба ҳам гирд овардааст: Бруней-Доруссалом, Ветнам, Индонезия, Камбоҷа, Лаос, Малайзия, Мянма, Сингапур, Таиланд, Филиппин, Афғонистон, Бангладеш, Баҳрайн, Бутан, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Чин, Ҷумҳурии Куриё, Кувайт, Муғулистон, Непал, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Давлати Фаластин, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон, Шри-Ланка, Япония ва Россия. Аз соли 2008 ин ҷониб Марокаш, бо назардошти он ки аз қитъаи Осиё намебошад, бино ба дархости он ба сифати шарики рушд ба Муколама пазируфта шудааст.
Қароргоҳи Муколама дар Кувайт буда, вазифаи дабири котиботи он бар уҳдаи собиқ сафири Таиланд дар Салтанати Уммон, сипас дар Ҷануби Африқо П.Танвиватана гузошта шудааст.
Дар давоми фаъолияти худ 18 маротиба нишастҳои солонаи давлатҳои узв дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ба навбат дар пойтахтҳои он давлатҳо баргузор гардидааст. Аз ҷумла, чунин нишастро соли 2013 Душанбе пазироӣ кард ва охирин нишасти вазирон 20 сентябри соли 2013 дар Ню Йорк дар ҳошияи ҷаласаҳои Маҷмаи Умумии СММ таҳти раёсати Баҳрайн баргузор гардида буд.
Аммо нишасти якуми сарони давлатҳо (саммити якум) рӯзҳои 15-17 октябри соли 2012 дар Давлати Кувайт баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолона иштирок ва суханронӣ кардаанд. Нишасти дуюми сарони давлатҳо дар пойтахти Таиланд, ки кишвари ташаббускори таъсиси он ба шумор меравад, шаҳри Бангкок доир гардидааст.
Инак, нишасти сеюми сарони давлатҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё рӯзи 3 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри ад-Давҳа пойтахти Давлати Қатар зери унвони «Дипломатияи варзишӣ» оғоз шуд, ки онро Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки давлатҳои узви Муколама бояд ба раванди таҳкими ҳамкорӣ ва муколама баҳри рушди минбаъдаи қитъа ва беҳбуди зиндагии мардумони он талош варзанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханронии худ Нишасти мазкурро заминаи муҳими муошират ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар тамоми самтҳо, ки дар чаҳорчуби Муколамаи ҳамкории Осиё муайян шудааст, аз ҷумла масоили рушди варзиш, ташаккули зербинои он, тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи дурусти насли ҷавон ҳавасманд мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз руи он қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ёдовар шуда, аз кишварҳои Осиё даъват намуданд, ки бо назардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои ғании миллии худ, ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиши миллӣ, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор кардани аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ва Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон ва наврасонро тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наслҳои оянда номиданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон “Дипломатияи варзишӣ”-ро, дар баробари дигар самтҳои ҳамкорӣ, ҳамчун василаи мусоид барои рушди устувор, таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва дар маҷмуъ заминаи муносиб барои иҷрои дидгоҳ оид ба ҳамкорӣ дар Осиё дар давраи то соли 2030 медонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкориро ба масоили баргузории пайвастаи чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ бо ҷалби бештари ҷавонони минтақа ҷалб намуданд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки ба мақсади тақвияти раванди табодули таҷрибаи пешқадам ва коркарди чорабиниҳои муштараки варзишӣ миёни бошишгоҳҳои варзишии кишварҳои аъзои Муколама тамосҳои кории доимӣ барқарор карда шавад.
Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаи варзиш ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин раванд, дар баробари тадбирҳои дигари мубориза бо терроризм, метавонад монеаи боэътимод дар ин самт бошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳамчунин таваҷҷуҳи сарони давлатҳои узви Муколамаро ба масъалаҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодии ин минтақаи фарохи олам дар бозори ҷаҳонӣ ҷалб намуданд.
Азбаски нишасти сеюми сарони давлатҳои Муколама дар шаҳри ад-Давҳаи Давлати Қатар дар шароити аз нав шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна ва оқибатҳои фоҷеабори он баргузор мегардад, дар суханронии Пешвои миллат нигаронии Тоҷикистон аз он наметавонист инъикоси хуро надошта бошад.
Аз ҷумла, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус таъкид карданд, ки Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ягона роҳи ҳалли ҳамагуна ихтилофот ва низоъҳоро танҳо дар роҳандозии музокирот ва истифодаи муассир аз воситаҳои сиёсиву дипломатӣ мебинад.
Дар баробари ин, зарурати риояи қонунгузории байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин иҷрои қарорҳои ин созмони ҷаҳониро ҷиҳати таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 таъкид намуда, аз ҳамаи ҷонибҳои даргир даъват ба амал оварданд, ки аз истифодаи воситаҳои зӯроварӣ худдорӣ карда, ҷиҳати эҳёи субот ва амнияти пойдор дар Ховари Миёна иқдомҳои воқеии фавриро рӯйи кор бигиранд.
Дар фарҷоми нишаст сарони давлатҳо Эъломияи ад-Давҳаро қабул карданд. Дар он қайд карда шудааст, ки қитъаи Осиё аз нуқтаи назари геополитикӣ ва иқтисодӣ дар тиҷорати ҷаҳонӣ ҳамчун бузургтарин қитъаи дорои захираҳои стратегии энергетикӣ ва дорои бузургтарин бозорҳо ва биржаҳои ҷаҳонӣ, захираҳои бузурги башарии худ мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Барои истифодаи бештари афзалиятҳои ҳар як кишвар бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки робитаи байни кишварҳо дар соҳаҳои мухталиф бо омӯхтани имкониятҳо ва таҳияи пешниҳодҳое, ки ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд, таҳким бахшида шавад.
Дар Эъломияи ад-Давҳа ҳамчунин сарони давлатҳои узв аз вазъи хатарнок дар навори Ғазза изҳори нигаронии амиқ намуда, хостори оташбаси фаврӣ, пурра ва ҳамаҷониба ва зарурати озодии фаврӣ ва бечунучарои ҳамаи гаравгонҳо ва боздоштшудагон аз ҳарду ҷониб бар асоси тавофуқи тарафайн шуданд.
Раёсати Муколамаи ҳамкории Осиёро дар соли оянда Таиланд ба уҳда мегирад.
Бояд гуфт, ки қарорҳои дахлдор ва тафоҳумоте, ки дар ин нишаст байни сарони давлатҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё ҳосил шуданд, ба рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳо ва густариши равобити созанда байни созмонҳои минтақавӣ, ки ин давлатҳоро ба ҳам гирд овардааст, нақши муассир хоҳанд бозид. Бешубҳа, дар ин нақш Тоҷикистон ва Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор мебошанд.
ШАҲЛОХОН МУРОДАЛӢ - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон