Ҷашн – маънои сутудан, парастидан, ниёиш, анҷоми расму ойинҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсонҳо хурсандӣ, шодиву тараб меоварад, ифода мекунад. Дар фарҳанги зиндагиситои мардуми тоҷику форс ҷашнҳо як василаи мубориза алайҳи неруи аҳриманӣ, бадию торикӣ ва талқини некӣ ва накуандешӣ, амалҳои хайр буда, вижагиҳои баргузории худро доштанд. Аввалан, ҷашнҳои миллии тоҷикон, асосан аз номи моҳҳо гирифта мешуданд.
Масалан, ҷашни фарвардингон – ба моҳи фарвардин рабт дошта, ҷашни гиромидошти некон, поси хотири бузургон ба ҳисоб мерафт, урдубиҳиштгон – дар моҳи урдубиҳишт таҷлил карда мешуд ва бинобар ин номи урдубиҳиштгонро дошт ва онро ба хотири гиромидошти ростӣ баргузор мекарданд ва ғайра. Онҳоро ҷашнҳои моҳона меномиданд. Дуюм, ҷашнҳое буданд, ки дар чор фасли сол баргузор карда шуда, ҳар кадом мазмун ва тамоилгирии худро доштанд. Ба онҳо шомил буданд: Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон. Онҳоро месазад ҷашнҳои мавсимӣ унвон дод. Аз ҷумла, Сада – омодагӣ ба корҳои деҳқонӣ ва кишоварзӣ (марбут ба зимистон), Наврӯз – пайки баҳор, Меҳргон – ҷашни ҳосилот, ки мардум дар тирамоҳ аз ғун кардани он фараҳу шодмонӣ мекунанд.
Тиргон – ҷашни тобистонаи эронитаборон маҳсуб меёфт. Дигар ин, ки аз ҷанбаи фалсафӣ дар ҳар як ҷашн мардум як унсури хоссаро меҳварӣ мешумориданд. Дар ҷашни Сада – оташ, дар Наврӯз – хок, дар Тиргон – об ва дар Меҳргон - ҳаво. Ин вижагирӣ аз он далолат мекунад, ки чор унсур асоси пайдоиши ҳаёт ва пайвандгари силсилабандии фаслҳои сол, фаровонгардонии неъматҳо барои инсонҳо мебошад.
Тиргон аз зумраи ҷашнҳои куҳани мавсимии мардумони ориёитабор ба шумор меравад. Аз аҳди қадим бо тамоилгириҳои хосси худ ҷашн гирифта мешуд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ дар бораи ин ҷашн маълумотҳо асосан, ба тариқи устура, нақл мавҷуд мебошанд. Хусусан, тибқи солшумории куҳан гузаштагонамон рӯзи сездаҳуми ҳар моҳро «тир» меномиданд ва ҳар вақт, ки номи рӯз бо номи моҳ баробар мегашт он рӯзро ҷашн гирифта, шодию хурсандӣ менамуданд. Чун рӯзи сездаҳум дар моҳи тир ба ҳам созвор омададанд, онҳо ин ҷашнро «Тиргон» номиданд ва нӯҳ рӯз онро ҷашн мегирифтанд.
Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия», дар қисмати «Гуфтор дар бораи моҳҳои эронӣ», бандҳои 29 то 32, дар бораи ҷашни Тиргон маълумот дода, зикр дошта буд, ки «рӯзи сездаҳуми он, ҳамоно рӯзи «Тир», ҷашн аст, ки боз аз барои созвории ду ном «Тиргон» номида шуд. Ё худ ин ҷашнро марбут ба фариштаи «Тир» ё «Тиштар» медонанд, ки ба боридани борон ёрӣ мерасонад ва рӯзи гиромидошти дабирон аст. Бар замми ин, достони Ораши камонгир, ки дар ин рӯз рӯй додааст ва он рӯзро - рӯзи посдорӣ аз марзҳои Эронзамин дар баробари душманони туронӣ (Афросиёб) мешуморанд, далели дигари ҷашни Тиргон ном гирифтани ин ҷашн гаштааст. (Ораш аз зумраи камонварони варзида буд, ки бо фармони фариштаи замин Исфандаромӯз аз Мозандарон тирро аз камон раҳо мекунад, ки то ба Ҷайҳун омада мерасад ва аз он вақт бо фармони Ҳурмуз он ҷо марзи Эрону Турон мушаххас карда мешавад).
Мувофиқ ба маълумоти устураҳо бошад, эрониён дар ин рӯз ба ситоиши фариштаи Тир ё Тиштар мепардохтанд ва барои пирӯзӣ ёфтан аз набарди деви хушксолӣ (Апӯш), ки парваридаи Аҳриман аст ва бо вазонидани боди гарм замину чашмаҳоро хушк ва гулу гиёҳҳоро пажмурда мегардонад аз ӯ ёрӣ металабиданд то сарзаминашонро сабзу хуррам гардонад. Ин таомул имрӯз низ вижагии худро аз даст надода, аз ҷониби мардум иҷро карда мешавад. Хусусан, мардум дар ин рӯз ба боғу бустонҳо, доманаи даштҳо, канори рӯдҳо ва ҷӯйборҳо рафта ин ҷашнро бо шодӣ ва фараҳ таҷлил мекунанд ва барои соли серҳосил, пурборон омадан орзу мекунанд.
Донишмани эронӣ Баҳром Фраҳвашӣ дар китоби «Ҷаҳони фарварӣ»-и худ, дар мавриди ойинҳои Сездаҳбадар ибрози андеша карда, оид ба вижагиҳои баргузории ин ҷашни бостонии ниёкон менависад, ки «Ҳамаи мардуми рустоҳо, аз хурд то калон ва бештари мардуми шаҳрҳо, аз бомдод то шомгоҳ, ба саҳро ва киштзорҳо рӯй меоваранд ва дар канори чашмаҳо ва рӯдҳо ва ҷӯйборҳо ба шодӣ ва бозӣ ва ромиш мепардозанд. Аз русуми дигари сездаҳ, гиреҳ задани сабза барои бозшудани бахти дӯшизагон аст … Гиреҳ задани ду шоха сабза дар рӯзҳои поёнии зоиши геҳонӣ, тамсилист аз пайванди як мард ва зан, ки мебоистӣ ба ҳам бипайванданд то тасалсули таваллуд барқарор гардад ва орзуи гиреҳзананда, ки толиби ҳамсар аст, бароварда шавад. Бозиҳои гуногун ва охирин сурудхонӣ ва дастафшонии пайки наврӯзӣ дар рӯзи сездаҳ ёдгоре аз охирин маросими корноволии даврони куҳан аст ва ба вежа асбрақсон… нишонае аз шодии эзади Тир дар пирӯзӣ бар деви хушксолӣ аст. Ва расми бозиҳои бурду бохтӣ, ки дар рӯзи сездаҳ маъмул аст ва дар онҳо як нафар ё гурӯҳе баранда мешаванд, ба вижа мусобиқаи аспдавонӣ, ки дар бархе аз рустоҳо маъмул аст, ёдовари кашмакаши байни эзади борон ва деви хушксолӣ аст ва пирӯзии як асп дар мусобиқа ҳамонанди пирӯзии аспи эзади борон ва шодиҳо ва рақсҳо боқимондае аз маросими татҳири дарунӣ дар соли нав аст».
Дигар сабаби ба ҷашни хоссаи ниёкон табдил ёфтани «Тиргон» он аст, ки дар аҳди давлатдории Сосониён, давраи прдшоҳии Пирӯз дар Эрон ҳафт сол борон наборид ва хушксолӣ бедодӣ мекард. Дар ин рӯзҳо мардум рӯй ба биёбон оварда, бо ниёиши худ аз парваргор орзуи боридани борон мекарданд ва пас аз он бориши борон оғоз шуд ва дар чунин рӯзи фараҳ онҳо бо шодӣ ба якдигар об мепошиданд, хурсандӣ мекарданд. То кунун ин рӯз ҳамчун рӯзи «Обрезгон» ёд карда мешавад ва ҳар сол онро ҷашн мегиранд.
Умуман, таърихан расми баргузории ин ҷашн чунин оғоз мегашт, ки чанд рӯз пеш аз ҷашни Тиргон мардум хонаро покиза мекарданд ва бомдоди рӯзи ҷашн ҳама обтанӣ карда ҷомаи нав мепӯшиданд. Таомули дигари хоссаи ин ҷашн он буд, ки мардум тори нозуке аз абрешими ҳафтранг ва сими нозук ба ҳам мебофанд, ки шабеҳ ба «Тиру бод» ва далолат аз нишонаи рангҳои рангинкамон дар осмон ва намоде аз камони Ораш мекард.
Дар маҷмуъ, таҷлили ҷашнҳои куҳан ва эҳёи расму анъанаҳо ва такмил додани онҳо як ҷузъи гусастанопазири фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, барои мустаҳкамшавии хотираи таърихӣ ва баланд шудани ҳисси худшиносии мардум, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳанги ғании ниёкон ва ғайра нақши муҳим мебозанд. Хусусан, об, борон, ки фаровонии онро мардум асоси сарсабзгардонӣ, хуррамӣ ва ҳосили баланд, тиру камонро рамзи пирӯзӣ бар душман ва ҳимояи якпорчагии марзу бум мепиндоранд ва ба расму анъанаҳои ҷашни Тиргон иртиботи зич доранд, дар ҷомеаи муосир тақозо аз он мекунанд, ки барои такмилу густариши онҳо миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ баргузор кардани мусобиқаҳои намудҳои варзишӣ дар об, тирпарронӣ аз камон ба мақсад мувофиқ аст.
Вусъат додани суннати обпошӣ бошад, вуҷуди инсонҳоро аз кинаву кудурат, аз ғаму андӯҳ озод мекунад, баданро пок менамояд, тарсро ҳангоми ба бадан расидани об (вобаста ба ҳарорат) аз ҷисм берун мекунад. Ба рӯҳу равони мардум шодию фараҳ зам менамояд. Маросими фолу кӯза бошад, маҳорати шеърхонию шеърдӯстӣ, ҳозирҷавобӣ, шавқу ҳаваси мардумро ба зиндагии шоиста тақвият мебахшад ва онҳоро барои расидан ба орзуҳои нек муваффақ мегардонад. Меҳру муҳаббат ва самимиятро байнашон афзун мегардонад.
Инчунин, мардуми ориёитабор зимни ҷашни тиргон дар баробари иҷрои суннатҳои зикршуда, ба ситоиш гандум, ки бо ранҷ, захми дасти деҳқон парвариш карда мешавад, таваҷҷуҳи хосса медиҳанд. Зеро ҳосили фаровон аз мавҷудияти об ва бориши борон вобастагӣ дорад. Агар об фаровон набошад, бориши борон сурат нагирад, гандумзор аз таъсири гармӣ хазон гардад, ҳосил ба даст наояд ва мардум ба хушксолӣ дучор шаванд. Аз ин рӯ, деҳқонӣ шуғли бобаракат аст ва деҳқон таъминкунандаи мардум бо эҳтиёҷоти ниёзи аввал.
Маҳмадизода Н.Д. Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Самиев Бобоҷон – мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ