Май 27, 2025 13:20
ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда мешавад. Аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома» 7 марти соли равон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе ба занону духтарон тақдим карда шуд. «Шоҳнома» бузургтарин достонест, ки маҳсули эҷодиёти ҳаким Фирдавсии Тусӣ буда, дар назми ҷаҳон назир надорад. Ин мавзуъро профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин САИД дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст, чунин шарҳ додааст:
— Муҳаққиқон «Шоҳнома»-ро ба се қисми асосӣ – асотирӣ, паҳлавонию қаҳрамонӣ ва таърихӣ тақсим кардаанд. Қисми нахустини «Шоҳнома» аз ибтидои муборизаҳои неруи хайр Аҳура Маздо ва неруи шарр — Аҳриман ибтидо гирифта, то ба саҳнаи таърих падид омадани Сом давом мекунад.
Бахши дуввуми «Шоҳнома» аз ба арсаи таърих омадани Манучеҳр сар шуда, то зуҳур ёфтани Зардушт-пайғамбар ва бақо гардидани дини оташпарастӣ идома ёфтааст.
Давраи сеюми «Шоҳнома» аз парокандагии сулолаи Хоҳоманишиҳо ё Каёниён ва Эронро ғасб намудани Искандари Мақдунӣ оғоз гардида, то аз ҷониби арабҳо забт шудани Эрон ва кушта шудани Яэдигурди 111 анҷом мепазирад.
«Шоҳнома» аз силсилаи достонҳо иборат буда, ҳар як достон дорои мазмуну моҳияти ба худ хос мебошад. Муборизаи қувваҳои некӣ ва бадӣ аз ибтидо то интиҳои ин асари безавол давом ёфта, онро чун силсилаи занҷир ба ҳам мепайванданд.
Ду қисми аввал «Шоҳнома» ба шаҳриёрии сулолаи Пешдодиён бахшида шудааст, ки онҳо дар ҳазораи 4-3- уми то мелод авлод ба авлод ҳукумронӣ ва давлатдорӣ кардаанд.
Сулолаи Пешдодиён аз Каюмарс оғоз гардида, чун Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Фаридун, Манучеҳр, Нӯзар ва дигарон, ки аз даҳ нафар иборатанд ва бо навбат подшоҳӣ намудаанд. Маҳз онҳо пояи аввалин низоми давлатдорӣ ва ҷавҳари тамаддунҳои ориёиро гузоштаанд. Каюмас нахустин маротиба дар ҷаҳон тахту тоҷи подшоҳиро бунёд ниҳод ва роҳҳои пайдо намудани ризқу рӯзӣ ва фарҳанги аз бар кардани сару либосро ҷорӣ намуд. Дар аҳди шаҳриёрии авлодони ӯ бо ёрии оташ сохтани асбобу анҷом, бунёди манзилҳо ва шаҳрҳо, сохтани киштӣ, омӯхтани донишҳо ва шароити беҳтари зиндагӣ ба амал омад. Пешравиҳо ва дигаргуниҳои ҷамъияти Обшинаи Ибтидоӣ дар «Шоҳнома» бо обуранги дилкаш чунин таҷассум ёфтаанд:
Нахустин яке гавҳар омад ба чанг,
Ба дониш зи оҳан ҷудо кард санг.
Чу бишнохт оҳангарӣ пеша кард,
Куҷо з-ӯ табар, арраву теша кард.
Чу ин карда шуд, чораи об сохт,
Зи дарё бароварду ҳомун навохт,
Ба ҷӯю ба рӯд обро роҳ кард,
Ба фарри Кай ранҷ кӯтоҳ кард.
Чу огоҳ мардум бар он барфузуд,
Парокандани тухму кишту дуруд.
Чун асрори Саразми бостон ошкор ва омӯхта шуд, таърихи шашҳазорсолаи он таҳқиқ гардид, ошкоро аён гашт, ки Саразмиён ва Пешдодиён дар сабоҳи таърихи башар ҳамасру ҳамзамон ва ҳамтақдир будаанд. Зеро аввалин намунаҳои ибтидоии ҳаёти мадании Саразмиён ва Пешдодиён чун ду қатраи об бо ҳам шабоҳат доранд. Биёед, як лаҳза ба суханони кошифи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқов диққат диҳем. Ӯ мегӯяд: «Олоти маъдании Саразмиён чӣ гуна будааст? Инҳо табар, теша, корд, ханҷар, дирафш ва сӯзан буданд, ки дар зиндагии инсон мавқеи муҳим доранд. Мо дар Саразм аввалин маротиба ба ин намуди олоти мисӣ дучор шудем. Ҳамин тариқ, мис дар ҳаёти инсон аввалин маъдане буд, ки одамон аз он асбоби аввалин ва аз ҳама зарурро месохтанд. Ин ихтирооти инсон дар таърихи рушди ҷомеа табадулот ба шумор меравад».
Бубинед, гӯё Фирдавсӣ мазмуни суханони бостоншиноси тоҷикро ҳазор сол пеш аз ӯ дарк намуда бошад, ки онро ба риштаи назм кашидааст ва рӯзгори муштараки Пешдодиён ва Саразмиёнро, ки ба ҳам шабоҳат доранд, мавриди тасвир қарор додааст. Пас Фирдавсӣ ҳақиқати таърихиро таҷассум намудааст. Шаҳриёрони Пешдодӣ тамаддуни ориёиро ба зинаҳои баланди рушду нумуъ бардоштаанд, ба суннатҳои воло ва ҷашнҳои бузурги ориёӣ асос гузоштаанд ва барои мо — тоҷикон ёдгориҳои бегазанд ба мерос мондаанд.
Дар аҳди шаҳриёрии Ҳушанг аз падид омадани оташ шод гаштанд ва онро муқаддас донистанд. Барои арҷ бигзоштан ба оташ ҷашни бузурге оростанд ва онро Сада ном ниҳоданд.
Бигуфто: «Фурӯғест ин Эзидӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ».
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу боди хвард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Чун Ҷамшеди Пешдодӣ бар тахти шоҳӣ нишаст, гӯё асри тиллоии ҷамъияти инсонӣ фароҳам омад, мамлакат аз хайру баракат, аз адолату додгустарӣ ва аз файзи шаҳриёри одил гул-гул шукуфт. Ба ифтихори ба тахт нишастани Ҷамшед анҷумани бошукӯҳе ороста шуд ва он рӯзи фирӯзро Наврӯз ном ниҳоданд.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед – бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Ба Наврӯзи нав шоҳи гетифурӯз.
Бар он тахт биншаст фирӯзрӯз,
Бузургон ба шодӣ биёростанд.
Маю ҷому ромишгарон хостанд,
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Ҷашнҳои бузургу безаволи Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон ёдгори абадӣ аз шаҳриёрони ориёии мо мебошанд, ки имрӯз дар саросари Тоҷикистон ва ҷаҳон бо баракати ҷаҳду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, ба ҷашни миллӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Хусусан Наврӯзи бостонии шашҳазорсола ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, шукуҳу азамати нав пайдо намудааст.
«Шоҳнома» достонест, ки қаҳрамонони беҳад зиёде дорад. Дар байни чеҳраҳои подшоҳон ва сарлашкарон, ҷаҳонпаҳлавонон ва номдорони мамлакат як ном чун ахтари тобон медурахшад ва он Рустами Достон аст. Ӯ таҷассуми қудрату тавоноӣ ва ақлу хиради халқи тоҷик буда, чун наҷотбахши тахту тоҷи Сулолаи Пешдодиён шуҳрати ниҳоят баланд дорад. Вай танҳо замоне ба ҷанг бармехезад, ки агар халқу ватанро хатари лашкари бегона таҳдид намояд. Рустам ба қувваи шикастнопазири худ бовар дорад ва дар майдони набард пирӯзӣ ҳамеша насиби ӯст.
Маро зӯри фирӯзӣ аз довар аст,
На аз подшоҳу на аз лашкар аст.
Замин бандаву Рахш гоҳи ман аст,
Нигин гурзу мағфар кулоҳи ман аст.
Сари найзаву гурз ёри мананд,
Ду бозуву дил шаҳриёри мананд,
Шаби тира аз теғ равшан кунам,
Бар овардгаҳ – бар сарафшон кунам.
Рустам аз ҷангҳои бардавому хунрезиҳо байни Эрону Турон ба ҷон расидааст ва сабаби онро аз фитнаи шоҳони тиҳимағз Афросиёбу Ковус медонад. Чун Сӯҳроб донист, ки Рустам падари ӯст, хост ҳамроҳи ӯ шоҳони бехирадро аз байн бардошта, байни Эрону Турон сулҳу дӯстӣ барқарор намояд. Бо ин мақсад ба Эрон лашкар кашид. Аммо Афросиёби фитнаангезу маккор тамоми чораву тадбирро ба кор андохт, то падару писар дар майдони ҷанг якдигарро нашиносанд ва ташнаи хуни якдигар гарданд. Ва шоҳ Кобус Рустамро ба ҷанги зидди лашкари Сӯҳроб фиристод ва хост ҳардуро аз байн бардорад. Пас аз ҷангҳои пай дар пай ва бесамар ҳар ду паҳлавон ба ҷанги тан ба тан бархостанд. Муҳорибаҳои ҳарду паҳлавон басо шадид ва хунрезона буд ва ҳар яке бар қасди ҷони рақиби хеш талош мекард. Оқибат, ханҷари Рустам синаи Сӯҳробро пора кард. Чун Рустам дарёфт, ки Сӯҳроб – писари худро куштааст, осмон бар сараш фуруд омаду замини зери пояш ба ларза даромад ва доду фиғонаш ба фалак печид.
Киро омад ин пеш, к-омад маро,
Ки фарзанд куштам бар пиронсаро.
Буридан ду дастам сазовор ҳаст,
Ҷуз аз хоки тира мабодам нишаст.
Чӣ гӯям, чу огаҳ шавад модараш,
Чӣ гуна фиристам касеро бараш.
Чӣ гӯям чаро куштамаш бегуноҳ,
Чаро рӯз кардам бар ӯ бар сиёҳ?
Кадомин падар ҳаргиз ин кор кард,
Сазоворам акнун ба гуфтори сард.
Чун Таҳмина – модари Суҳроб аз марги писар воқиф гашт, аз нолаи ҷонгудозаш оташ ба дашту саҳро афтод, рӯй мӯй канд ва пероҳан бар тан пора кард:
Баровард бонгу ғиреву хурӯш,
Замон то замон з-ӯ ҳамерафт ҳуш.
Ҳамегуфт; «Эй ҷони модар, кунун,
Куҷоӣ сиришта ба хоку хун?!
Кунун ман киро гирам андар канор?
Ки хоҳад будан мар маро ғамгусор?
Падар ҷӯстӣ, эй гурди лашкарпаноҳ,
Ба ҷои падар гӯрат омад ба роҳ».
Аз фитнаангезии ду шоҳи моҷароҷӯ оташи ҷанг байни Эрону Турон аз нав фурӯзон гашт. Ҷанги нангини хештанкушӣ, писару падар ва бародаркушӣ расм гардид. Сарнавишти талх ва фоҷиаангези Рустаму Сӯҳроб дар таърихи ҷаҳон назир надорад. Вай бонги изтироб аст ва мардумонро ҳушдор медиҳад, ки аз ҷангу хунрезӣ барҳазар бошанд.
«Шоҳнома» асосан достони қаҳрамонию ватанпарастӣ, озодиву истиқлолхоҳӣ ва муборизаи беамон байни ду қувва-Хайру Шарр (некӣ ва бадӣ) аст. Аммо дар баробари ин, вай сарчашмаи олами маънавӣ ва мактаби тарбияи инсони комил аст.
Фирдавсӣ вассофи забардасти ақлу хирад аст. Пайваста мардумро ба хирадмандӣ ва пос доштани хирад даъват менамояд. Хирадро тоҷи сари инсон меҳисобад ва чун арзи сипос ба он достонашро бо ситоиши хирад оғоз менамояд:
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Касе к-ӯ хирадро надорад зи пеш,
Дилаш гардад аз кардаи хеш реш.
Ҳамеша хирадро ту дастур дор,
Бад ӯ ҷонат аз носазо дур дор.
Баъзе муҳаққиқон иброз намудаанд, ки Фирдавсӣ хирадро дар баландтарин поя қарор дода, ибораи «хирад»- ро дар «Шоҳнома» нуҳсад маротиба такрор намуда, асарро чун гулҳои рангоранг зебу оро додааст.
Шоири бузург андешаҳои баланд ва саршор аз хирадро бештар аз забони донишмандон, файласуфон, шаҳриёрон, мӯбадон ва пешвоёни халқ баён доштааст. Чунончӣ, аз забони шоҳи одилу додгар Фаридун гуфтааст:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Андешаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, башардӯстӣ ва давлатдориву асолати миллии Фирдавсӣ бештар аз забони Кайхусрав – писари Сиёвуш баён гардидааст. Кайхусрав шаҳриёрии худро аз адлу дод, инсофу мурувват, аз ободонии мамлакат ва дилшод намудани халқу сипоҳ оғоз намудааст. Ӯ чун шоҳи сиёсатдону адолатпарвар ба сарбозону сарлашкарони хеш амр намуда, ки ба худсариву беадолатӣ ва ғоратгарӣ ҳаргиз роҳ надиҳанд ва ба сарбозони душман, ки ихтиёрӣ таслим шудаанд, раҳму адолатро пеш гиранд:
Зи дилҳо ҳама кин берун кунед,
Ба меҳр андар ин кишвар афсун кунед.
Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,
Чу дидед сармо баҳор оваред.
Зи хун рехтан даст бояд кашид,
Сари бегуноҳон набояд бурид.
Зи чизи касон сар бупечед низ,
Ки душман шавад дӯст аз баҳри чиз.
Наёяд ҷаҳонофаринро писанд,
Кӣ ҷӯянд бар бегуноҳон газанд.
Фирдавсӣ аз забони Кайхусрав мавриди ғамхориву парасторӣ қарор додани кӯдаконеро, ки падарҳояшон дар ҷангҳои озодихоҳона қурбон шудаанд, қарзи инсонӣ ва имонӣ медонад:
Ҳар он кас, ки шуд кушта дар корзор,
В-аз ӯ хурду кӯдак бувад ёдгор.
Чу номаш зи дафтар бихонад дабир,
Дирам пеши кӯдак бувад ногузир.
Фирдавсӣ вазифаи муқаддаси шоҳи одилро дар он мебинад, ки дасти фитодагонро бигирад, ба кӯдакони ятим, занони танҳо, пирони барҷомонда бо чашми меҳрубонию ғамхорӣ бингарад:
Дигар кӯдаконе, ки бемодаранд,
Заноне, ки бешую бечораанд.
Дигар он, к-аш ояд ба пирӣ ниёз,
Зи ҳар кас ҳамедорад ӯ ранҷ боз.
Ба эшон дари ганҷ баста мадор,
Бубахшу битарс аз бади рӯзгор.
Фирдавсӣ бар он аст, ки ҳар кас дар ҷаҳон мукофоти амали хешро хоҳад дарёфт. Зеро аз некие, ки кардаӣ некӣ хоҳӣ дид, аммо аз кори бад умеди некӣ набояд кард:
Ба назди кеҳону ба назди меҳан,
Ба озори мӯе наарзад ҷаҳон.
Дароз аст дасти фалак бар бадӣ,
Ҳама некӯӣ кун, агар бихрадӣ.
Чу некӣ кунӣ, некӣ ояд барад,
Бадиро бадӣ бошад андархӯрат.
Андешаҳои сиёсӣ ва адолати иҷтимоии Фирдавсӣ дар симои пешвои халқи заҳматкаш Маздак хеле равшан таҷассум ёфтааст. Ӯ шахси таърихист ва дар солҳои 488-531 дар аҳди Қубодшоҳ дини наверо ҷорӣ намуд. Асоси таълимоти Маздак он аст, ки тамоми неъматҳои моддӣ ва сарвати табиат ба кулли мардум чӣ синфи доро ва чӣ мардуми бечора баробар тааллуқ дорад ва набояд тафовуте дар миён бошад. Ҳаргиз набояд, ки гурӯҳе дар айшу ишрат ва гурӯҳе дар хориву зиллат ба сар баранд. Аз ин рӯ дини нави Маздакро дини баробарӣ ва бародарӣ хондаанд ва он тарафдорони беҳад зиёде пайдо намуд. Ҳадафи Маздак чунин аст:
Ҳамегуфт: «Ҳар к-ӯ тавонгар бувад,
Таҳидаст бо ӯ баробар бувад.
Набояд, ки бошад касе барфузуд,
Тавонгар бувад тору дарвеш пуд.
Ҷаҳон рост бошад, ки бошад ба чиз,
Фузунӣ ҳаром асту нохуб низ».
Маздак ҳарчанд аз дасти Қубодшоҳ ба қатл расид, аммо мақсаду таълимоташ чашми оммаи мардумро боз намуд ва халқро ба муборизаи беадолатии иҷтимоӣ ва зидди ғуломдорӣ бархезонд.
Симои Фирдавсӣ дар саросари «Шоҳнома» чун ватанпарасти воқеӣ ва беҳамто бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷассум ёфтааст. Фирдавсӣ чун шоири бузурги миллӣ ва аз насли озодагон ҳастии хешро бидуни Ватани хеш тасаввур карда наметавонист. Ӯ муҳаббати гарму ҷӯшонашро ба ин сарзамини бостонӣ аз забони Рустами Достон ботантана эълон намуда, гуфтааст:
«Чу Эрон мабодо, тани ман набод!»
Муҳаббати гарму ҷӯшони шоир ба Ватан аз ин андешаи шевою баланд сарчашма гирифтааст:
Нигоҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар, тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Он Ватане, ки Фирдавсӣ онро дӯст медошту дар «Шоҳнома» васфаш намудааст, саросари қаламрави давлатҳои Сосониён, Сомониён ва Аҷамро фаро мегирад. Басо ҷолиб аст, ки тамоми воқеаҳои «Шоҳнома» дар сарзаминҳои тоҷикнишини Мовароунаҳру Хуросон ба амал омадаанд ва қаҳрамонони асосии достон аз ҳамаи сарзаминҳо бархостаанд.
Пас «Шоҳнома» таърихи манзуми мардуми ориёитабори тоҷику форс мебошад.
«Шоҳнома» муҷассамаи боазамат, бошукуҳ ва бегазанди забони тоҷикист. Агар баъзе ибораҳои аз истеъмол баромадаро сарфи назар намоем, пас забони Фирдавсӣ забони зинда ва зебою шевои имрӯзаи тоҷикӣ аст. Дар ин хусус беҳтар аз дигарон устод Айнӣ изҳори андеша намуда, гуфтааст: «Забони «Шоҳнома» содатарин ва софтарин забони классикони Эрон аст. На ин, ки сар то пои он ба оммаи тоҷикон фаҳмост, балки бештари онҳо имрӯз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешаванд. Ҳатто дар «Шоҳнома» онгуна луғатҳои тоҷикӣ- форсӣ ва бо ингуна талаффуз кор фармуда шудаанд, ки имрӯз дар забони адабии Эрон кор намефармоянд, аммо дар байни тоҷикон зиндаанд. Баъзан онҳоро сухани кӯчагӣ гӯён ҳатто баъзе тарҷумонҳо ва адабтарошони тоҷик ҳам кор намефармоянд. Аммо Фирдавсӣ кор фармудааст ва тоҷикон ҳам бо вай гап мезананд».
Фирдавсӣ чун рассоми забардаст «Шоҳнома»-ро бо олитарин ва шевотарин санъатҳои бадеӣ зебу оро додааст, ки яке ба дигаре шабоҳат надорад. Ин гувоҳи эъҷози истеъдод ва ҳунари волои Ҳаким Фирдавсӣ мебошад.
Фирдавсӣ бо дастони хеш ифтихор менамуд ва онро бо унвонҳои «нома», «номаи бостон», «номаи хусравон», «номаи шаҳриёр» ёд мекард. «Шоҳнома», ба гуфтаи худи Фирдавсӣ аз шаст ҳазор байт иборат аст ва он дар муддати 35 сол аз қобилияти фавқулода ва аз илҳоми баланд ва аз дили бузурги шоири ҷаҳонӣ чун гавҳари ноб зарра- зарра бурун омадааст. Ин достони бузург тамоми умр зери назари Фирдавсӣ қарор дошт ва борҳо таҳриру тасҳеҳ ёфтааст.
«Шоҳнома» донишномаи бузургест, ки аз аҳди Каюмарс то аҳди Яздигурд комрониву шаҳриёрии 58 нафар подшоҳонро мавриди тасвир қарор додааст. Аз ин миқдор танҳо ду нафар – Заҳҳок ва Искандар аз қавми бегонаанд, дигар ҳама шаҳриёрони ориённажод мебошанд.
«Шоҳнома» чун ҳамосаи бузурги миллӣ, ифтихори ҳар як тоҷики худогоҳ ва кули тоҷику форсизабонони ҷаҳон аст.
5 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмиллалии илмӣ ба ифтихори 115- солагии аллома Бобоҷон Ғафуров, ба хотири ошноӣ аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни оламшумули аҷдодони гузаштаи мо, тоҷикон дастур доданд, ки «Шоҳнома»- и безавол чун китоби «Тоҷикон» нашр гардида, ба тамоми мардуми мамлакат аз номи Сарвари давлат тақдим карда шавад. Ин боз як иқдоми дигари таърихӣ, қаҳрамонӣ ва хиради олии Пешвои фарҳангсолори тоҷикон буд, ки дар ҷаҳони мутамаддин назир надорад.
«Шоҳнома»- е, ки хонадони ҳар як тоҷикро бо нури маърифат равшан менамояд, яке аз нашрҳои комилтар ва аз лиҳози илмӣ боэътимод буда, дорои зиёда аз 52 ҳазор байт мебошад.
«Шоҳнома» номаи розу ниёз, ранҷу азоб ва ифтихори Фирдавсӣ аст, ки ба инсоният ёдгор гузоштааст. Беш аз ҳазор сол аст, ки адибону донишмандон ва хонандагони достон Фирдавсиву «Шоҳнома»- ро васфу ситоиш менамоянд. Вале олитарин ва шевотарин баҳоро ба «Шоҳнома» худи ҳаким Фирдавсӣ додааст:
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бад-ин нома бас умрҳо бигзарад,
Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
«Шоҳнома» — паёми таърихӣ, мизони методологии худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва дастури амал барои рушди шаъну шарафи шаҳрвандии мо, тоҷикон аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ ба наслҳои имрӯз ва фардои мо, тоҷикон ва аҳли башар мерос гузоштааст.