Тамоми механизми қонунгузории мамлакат аз Конститутсия сарчашма мегирад ва ин ҳуҷҷати тақдирсоз заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овард. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии давлатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи марказии сиёсати ҳуқуқии мамлакат дар рушди қонунгузории кишвар ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат нақши асосӣ бозида, маҳз дар заминаи муқаррароти меъёрҳои заминавӣ дурнамои инкишофи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро муайян ва муқаррар гардонидааст. Вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд.
Дар раванди рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он, сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфта, дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум, принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намудааст.
Конститутсия ҳидоятгари стратегия ва дурнамои масъалаҳои танзими муфассали ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣба ҳисоб рафта, дар доираи қонунгузорӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мавриди танзим ва муқаррарнамоӣ қарор дода шудаанд. То ба имрӯз аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар санадҳои зиёди қонунгузорӣ ҷиҳати танзим, муайяннамоӣ ва пешбинӣ намудани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.
Сокинони кишвар хуб дар ёд дорад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассос бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи якдилонаи ҷомеаи навини Тоҷикистон тавассути раъйпурсӣ қабул гардид. Ин орзуву омоли чандинасраи халқ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар буд.
Қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз истиқлоли давлатии тоҷиконро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати мустақили Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар мамлакат давра ба давра ислоҳоти ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ амалӣ гардида, ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат дар як муддати кӯтоҳ татбиқ шуд. Инчунин рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум боло бардошта шуд.
Он рӯйдодҳои бузургу созанда ва комёбиҳои ба дастомада аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар зарфи 31 соли эҳё ва рушди ин санади миллӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар зарфи амали ин ҳуҷҷати бунёдӣ таъмини волоияти қонуну адолати иҷтимоӣ ва эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меҳвари асосии фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифтанд.
Конститутсия ҳуҷҷате мебошад, ки:
-дар натиҷаи тағйирёбии куллии ҳаёти ҷамъиятӣ қабул шуда, заминаи ҳуқуқию сиёсии инкишофи ояндаи ҷомеаи моро муайян намуд.
–на танҳо натиҷаи бадастомадаро дар ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос кард, балки дар назди давлат вазифаҳои нав гузошта, фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро ба танзим даровард.
–заминаи ҳуқуқӣ барои роҳандозии сиёсати хориҷии давлат ба шумор меравад.
–мақоми мафкураи сиёсиро дар ҷомеа муқаррар намуд.
–асоси низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҳуқуқии нав гардид.
–хусусияти ояндасозӣ ва таъмини дурнамои рушди халқу давлати моро дорад.
- дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва побарҷоии давлати соҳибихтиёри тоҷикон заминаи устувор хоҳад гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ баҳои баланд дода, изҳор намуданд, ки «Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлол халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид».
Дар ҳақиқат эътироф гардидааст, ки ягон давлат наметавонад бе рушди бомароми конститутсионӣ ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ноил гардида, ҳадафҳои гузоштаи давлати демократиро амалӣ созад. Яъне дар ҷомеа танҳо бо такя ба арзишҳои пазируфтаи демократӣ дигаргуниҳои куллӣ рӯи кор меоянд.
Вобаста ба пойдории низоми мустаҳками давлатдорӣ ва пешравӣ дар тамоми соҳаҳо илми тоҷики низ ба дастовардҳои бузурге ноил гардидааст, ки олимони тоҷик дар рушди илм нақши бузург бозида, барои пешрафти он ва ворид намудани технологияи инноватсионӣ кору пайкор доранд. Илму олим дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи давлату ҷомеа буд. Рушду пешрафти кишвар бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир асос ёфтааст. Олимони соҳаи тиб дар муассисаҳои илмии соҳаи тиб аз рӯи мавзуъҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар самтҳои гуногуни соҳа корҳои илмӣ мебаранд.
Ин ифодагари он аст, ки дар кишвари ободу озоди Тоҷикистон пешравии илм аз равандҳои ҳуқуқбунёди кишвар сахт вобастагӣ дошта, конститутсия саломатии ҳар инсонро кафолат медиҳад. илми тиб бошад, воситаест, ки ҳадафро амалӣ месозад.
Набояд фаромӯш кард, ки ҷаҳони имрӯза басо пуртаззод аст. Равандҳои номатлубе ки имрӯзҳо дар мамлакатҳои ҷаҳон ҷараён доранд, пеш аз ҳама, ба мушкилии сарфи назар кардани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ алоқамандӣ доранд. Риоя накардани қонунҳо аз ҷониби ин давлату ҷомеаҳо хатарҳои парокандагиву тақсимшавии ин кишварҳоро ба миён овардааст. Мо бояд ба равандҳои ҷаҳони муосир ҷиддӣ назар кунен ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Ба ҳама гуна зуҳуроти номатлубу манфӣ аз назари волоияти қонун назар афканем. Волоияти қонун – кафили зиндагии осоишта мегӯянд. Ин маънои онро дорад, ки риояи қонун барои ҳама ҳатмӣ аст. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканӣ, ифротгароӣ, тундгароӣ, зуҳуроти нави экстремизми диннию мазҳабиро гирем.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳар яки моро зарур аст, ки танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонун зиндагию фаъолият карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем.
Наврасону ҷавононро, ки ояндаи дурахшони давлату милатанд дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишгароиву соҳибмаърифатӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия намуда, ворисони арзандаи ин хоку бумро ба мерос гузорем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муътабару муътамади бахтовару сарнавиштсоз тавонист ифодагари манфиатҳои мардум бошад, миллати тоҷикро дар тамоми дунё маррифӣ намояд. Ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷаи Конститутсия суботи конститусионӣ мебошад.
Ибодзода С. Т. , ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор
Каримов Ш.Қ., сармутахассиси шуъба
