(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Дар суханронии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2024 зикр намуданд, ки: “Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд”.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди фаъолияти инноватсионӣ, ташкил ва танзими фаъолияти илмию назариявӣ, илмию амалӣ, таъсису ташкил, татбиқ ва назорати иҷрои нақшаҳои фаъолияти ҷорӣ дар асоси талабот ва нишондодҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд. Дар ин масир баргузории ҳамоишҳои илмӣ, таъмини иштироки мунтазами олимону устодон, унвонҷӯёну аспирантон ва донишҷӯён дар озмуну конфронсҳо, семинарҳои илмӣ ва чорабиниҳои илмии сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ, ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ, такмил ва назорати раванди фаъолияти сохторҳои илмии донишгоҳ, мафҳилу семинарҳо аз дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди корҳои илмию тадқиқотӣ бозгӯ мебошад.
Тибқи гузориши ЮНЕСКО оид ба илм, ки моҳи июни соли 2021 нашр шуд, маблағгузории ҷаҳонии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва конструкторӣ аз соли 2014 то 2018 дар саросари ҷаҳон 19 фисад ва теъдоди олимон 14 фисад афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, аз панҷ кишвар чаҳор кишвар то ҳол камтар аз 1% ММД-и худро барои илм масраф менамоянд. Дар гузориш ҳамчунин, қайд шудааст, ки ҳамаи кишварҳо новобаста аз сатҳи даромад, рақамикунонӣ ва иқтисоди сабзро ба авлавиятҳои худ дохил кардаанд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.
Дар асоси банди 35 Рӯзнома барои асри XXI, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд 3-14 июни 1992 қабул шудааст, донишҳои илмӣ бояд барои таҳия ва дастгирии ҳадафҳои рушди устувор тавассути арзёбии илмии шароити кунунӣ ва дурнамои ояндаи низоми замин истифода шаванд. Чунин арзёбиҳо, ки ба равишҳои мавҷуда ва нав дар доираи илмҳои гуногун асос ёфтаанд, бояд ҳангоми қабули қарорҳо ва инчунин, дар равандҳои интерактивӣ, ки илм ва сиёсатро фаро мегиранд, истифода шаванд. Барои такмил додани фаҳмиши ҷаҳон ва мусоидат ба ҳамкории байни илм ва ҷомеа саҳми бештари илм лозим аст. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, бахусус дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, иқтидор ва тавонмандиҳои илмиро зиёд кардан лозим аст. Иштироки ҳаматарафаи олимони мамлакатҳои тараққиёбанда дар барномаҳои тадқиқоти байналхалқии вобаста ба муҳити зист ва проблемаҳои он дар гуфтушунид аз рӯйи масъалаҳои глобалии экологӣ ва тараққиёт баробар аст.
Дар асоси Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 аз 30 июни соли 2021, №263 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм самти афзалиятнок ба шумор рафта, дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд меёбад. Давлат ва ҳукумат илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешанд.
Дар асоси банди 4.1. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки аз 1 декабри соли 2016 №636 тасдиқ шудааст, дар самти рушди марказҳои миллии корҳои илмию тадқиқотӣ ва корҳои таҷрибавию лоиҳакашӣ: дастгирии ҳамкориҳои илм бо соҳибкорӣ, ташаккул ва таъмини фаъолияти консорсиуми давлатию хусусии корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ, ҳавасмандгардонии паҳнкунӣ/интиқоли навовариҳо ва тадқиқоти амалӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ муқаррар шудааст.
Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар санаи 18-уми марти соли 2020 такид намуда буданд, ки “Асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Вобаста ба ин, мо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа додаем. Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”.
Ин гуфтаҳо баёнгари он аст, ки дар тули даврони соҳибистиқлолӣ бо қабули якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ заминаҳои ҳуқуқии ташкили корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ дар Тоҷикистон устувор гардонида шуда, шароити мусоид барои фаъолияти илмӣ, эҷоди асарҳои илмию методӣ, интишору таълифи онҳо ва соҳиб гардидан ба дараҷаву унвонҳо илмӣ фароҳам оварда шуд. Ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.
Дар асоси моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” аз 19 майи соли 2009, №531 вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар самти коҳои илмию таҳқиқотӣ аз инҳо иборатанд: таҳияи масъалаҳои назариявию амалӣ; таълифи китобҳои дарсӣ ва васоити таълим; иҷрои корҳои таҳқиқотии дорои хусусияти илмию методӣ. Таҳқиқоти илмие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба роҳ монда мешаванд, бо назардошти афзалиятнокии онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағи аз иҷрои корҳои шартномаҳои хоҷагӣ бадастомада, қарзи бонкҳо, маблағҳои худӣ, хайрияҳо ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ карда мешаванд. Принсипи асосии илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз ҳамоҳангсозии он бо ҷараёни таълим, инчунин бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ иборат аст. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таҳқиқоти илмӣ ва корҳои эҷодиро аз рӯи нақшаи мавзӯӣ, ки онро Шӯрои олимон тасдиқ менамояд, амалӣ сохта, истифодаи судманд ва босамари имкониятҳои илмии худ, сифати корҳои иҷрошаванда ва шароити бехатарии меҳнат, ҷалби васеи мутахассисони баландихтисос, донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагонро барои иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ таъмин мекунад.
Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” аз 18 марти соли 2015, № 1197 мафҳумҳое муқаррар шудаанд, ки ташкили корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодиро шаҳр медиҳанд: фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - фаъолияте, ки барои ба даст овардан ва татбиқ намудани дониши нав дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои технологӣ, конструкторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, таъмини фаъолияти илм, техника ва истеҳсолот ҳамчун низоми ягона, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо мақсади анҷом додани чунин таҳқиқот равона гардидааст; корҳои илмию таҳқиқотӣ - корҳои вобаста бо ҷустуҷӯи илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, озмоишҳо бо мақсади афзун намудани дониши мавҷуда ва андӯхтани дониши нав, санҷиши фарзияҳои илмӣ, муқаррар намудани қонунияти рушди табиат ва ҷомеа, ҷамъбасти илмӣ, асосноккунии илмии лоиҳаҳо; таҳқиқоти илмӣ - таҳқиқоти илмии амалӣ, бунёдӣ, стратегӣ, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар доираи корҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ бо усулу воситаҳои дахлдори илмӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегарданд; натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бошад маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии дорои донишу дастовардҳои нав, ки дар ҳама гуна ҳомили иттилоотӣ сабт шудааст; ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ -ҳуҷҷате, ки маълумот оид ба татбиқи кори илмию техникӣ, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи мувофиқи мақсад будани иҷрои минбаъдаи корҳои банақшагирифта ё оид ба натиҷаи лоиҳаву барномаи илмӣ ва илмию техникии анҷомдодашударо дар бар мегирад.
Мақсади асосии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника иборат аст аз: рушд, ҷойгиронии босамар ва истифодаи оқилонаи иқтидори илмию техникии кишвар; афзун намудани саҳми илму техника дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ; таҳкими муносибатҳои мутақобилаи илму маориф; рушди инфрасохтори инноватсионӣ; афзун намудани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ; беҳтар намудани вазъияти экологӣ; таҳкими иқтидори мудофиавии давлат ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат. Самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника инҳо мебошанд: ташкил намудани шаклҳои гуногуни паркҳои технологӣ; муттаҳид намудани ташкилотҳои ихтисоси маҳдуди илмию лоиҳавӣ ба ташкилотҳои ягонаи илмӣ; афзун намудани натиҷабахшии барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ; ташаккул додани низоми муосири таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ (муҳаққиқон); такмил додани низоми интихоби лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ ба таври озмун (моддаи 4).
Ҳар як корманди илмӣ мутобиқи қонунгузорӣ дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мушаххас мебошад. Аз ҷумла корманди илмӣ (муҳаққиқ) ҳуқуқ дорад: ҷустуҷӯи илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом дода, усули таҳқиқотро дар доираи самтҳои таҳқиқоти ташкилоти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар он кор мекунад, мутобиқи тахассуси худ интихоб намояд; бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои кушод оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок кунад; бо таклифи тарафи манфиатдор дар таҳияи самту афзалиятҳои сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, анҷом додани ташхиси барномаву лоиҳаҳо, арзёбӣ ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии амалисозии онҳо, таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок кунад; дар мувофиқа бо корфармо дар асоси озмун аз ҳисоби маблағи фондҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағ гирад; бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии илмӣ иштирок кунад; дар тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ ба сифати роҳбари илмии (мушовири) унвонҷӯи унвони илмӣ ширкат варзад; мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун барои ишғол намудани вазифаи холии кормандони илмӣ иштирок намояд; тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҷойи кори асосӣ дар коллективҳои муваққатии илмӣ ва илмию техникӣ ва (ё) ҷои кори иловагӣ кор кунад; барои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳама намуди захира, аз ҷумла захираи моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, зеҳнӣ, иттилоотӣ ва табииро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, истифода барад; ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ дошта бошад; дар мувофиқа бо корфармо дар конфронсу симпозиумҳо ва семинару маҷлисҳо, аз ҷумла чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ширкат варзад; тахассуси илмиашро такмил диҳад; аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ истифода намояд.
Дар баробари ҳуқуқҳо корманди илмӣ (муҳаққиқ) уҳдадор аст: ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намояд; фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон бе расонидани зарар ба ҳаёту саломатии одамони дигар, инчунин муҳити зист амалӣ гардонад; ташхиси барномаю лоиҳаҳо ва рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро воқеъбинона анҷом диҳад; талаботи Кодекси намунавии одоби илмиро риоя намояд; вазифаҳои дигарро дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд (моддаи 11).
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ҷорӣ намудани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасониҳо барои ба даст овардани фоида; саноатикунонии босуръати кишвар ва афзоиши истеҳсоли молҳои нави ватанӣ; рушди робитаи илм бо амалия тавассути ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; муътадилгардонии шароити субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва афзун намудани маблағгузории соҳаи илм аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, санаи 24 декабри соли 2022, №1922 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” қабул карда шуд. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 19 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ танзим намуда, ба истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот равона шудааст. Тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ фаъолиятест, ки ба истифодаи амалии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ бо мақсади ба бозор баровардани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасонӣ барои ба даст овардани фоида, равона шудааст. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ инҳо мебошанд: муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти илмии хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд; муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон; марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; ширкатҳои хизматрасон; паркҳои технологӣ; шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки сармоягузориро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ амалӣ менамоянд.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти илмӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳуқуқ доранд: мустақилона аз ҳуқуқҳои истисноии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ истифода намоянд; дар асоси шартномаи гузашт кардани ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ҳуқуқи истисноиро ба ҷониби дигар бегона кунанд; ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба гарав гузоранд; ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намоянд; ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро бо таври дигар ихтиёрдорӣ намоянд; бо мақсади тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро ба сифати муассисони ширкатҳои хизматрасони таъсисдодашаванда ҷалб намоянд; ҳангоми барҳам додани ширкатҳои хизматрасон ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро, ки ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намудаанд, ихтиёрдорӣ намоянд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адабиёти таълимӣ” аз 26 июли соли 2014, № 1122 муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ ба танзим дароварда, кафолат ва талаботи давлатиро ба адабиёти таълимӣ муайян менамояд. Аз ҷумла дар асоси ин қонун мафҳумҳои зерин муайян карда шудаанд: адабиёти таълимӣ – асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд; адабиёти таълимии асосӣ – нашрияҳои таълимие, ки нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро доранд; адабиёти таълимии иловагӣ – нашрияҳои таълимие, ки барои омӯзиши амиқи фанни мушаххас дорои маводи иловагӣ ба барномаи таълимӣ мебошанд.
Яъне корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ фарогири ду гурӯҳи бузурги асарҳо мебошанд:
- асарҳои таълимӣ-методӣ (асарҳои таълимӣ);
-асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодӣ (асарҳои илмӣ).
Ба гуруҳи асарҳои таълимӣ-методӣ китоби дарсӣ, воситаи таълимӣ, воситаи таълимӣ-методӣ, дастури таълимӣ, дастури амалӣ, практикум, барномаи таълимии фан, барномаи кории фан (силлабус), матни лексия, саволномаи тестӣ, маводи таълимии мултимедӣ, курсҳои электронии таълимӣ, дастуру воситаҳои электронии таълимӣ ва ғайра дохил карда мешаванд.
Ба гурӯҳи асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодӣ монография, диссертатсия, автореферат, тафсири қонун, мақолаи илмӣ (Scopus, Web of Science, тақризшавандаи КОА ҶТ, РИНС, конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ), фишурдаи мақола (тезис) ва ғайра дохил мешавад (иқтибос аз “Тавзеҳнома Дастурамал оид ба таҳияи сарбории умумии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2023, №8/26 тасдиқ шудааст).
Дар Стандарти байнидавлатии (ГОСТ) 7.60-2003 «Низоми стандартҳои иттилоот, китобдорӣ ва нашриёт. Нашрияҳо. Намудҳои асосӣ. Истилоҳот ва таърифҳо», ки аз ҷониби Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатсия 22-юми майи соли 20003, №23 қабул гардидааст ва Тоҷикистон ба қабулаш овоз додааст, мафҳумҳои асарҳои зерин пешбинӣ гардидааст:
- китоби дарсӣ –нашрияи таълимӣ, ки дарбаргирандаи муҳтавои бонизоми фанни таълимӣ, фаслҳову қисмҳои он мебошад, ки ба барномаи таълимӣ мувофиқ мекунад ва расман ҳамчун ин навъи нашрия тасдиқ шудааст;
- воситаи таълимӣ –нашрияи таълимӣ, ки китоби дарсиро қисман ё пурра иваз мекунад ё ба сифати чунин навъи нашрия расман тасдиқ шудааст;
- воситаи таълимӣ-методӣ - нашри таълимӣ, ки дорои маводҳо оид ба методологияи таълим, омӯзиши фанни таълимӣ, фасл, қисми он мебошад;
- дастури таълимӣ – нашрияи таълимӣ, ки дорои маводҳо оид ба методикаи таълим, омӯзиши фаслу қисми фанни таълимӣ мебошад;
- дастури амалӣ - нашрияи истеҳсолӣ-амалӣ, ки барои аз худ кардани дониш ва малакаи иҷрои кор пешбинӣ шудааст;
- практикум – нашрияи таълимӣ, ки дорои вазифаҳои амалӣ ва машқҳое мебошад, ки ба азхудкунии маводи пешниҳодшуда мусоидат мекунанд;
- барномаи таълимии фан (барномаи таълимӣ) - нашрияи таълимие, ки мундариҷа, ҳаҷм, инчунин тартиби омӯхтан ва таълими фанни таълимӣ, фасл ва қисмҳои онро муайян мекунад;
- монография - нашри илмӣ ё илмии оммавӣ, ки омӯзиши пурра ва ҳамаҷонибаи як масъала ё мавзӯъро дар бар мегирад ва ба як ё якчанд муаллиф тааллуқ дорад;
- диссертатсия – нашрияи илмии дар шакли кори илмии махсус омодагардида мебошад, ки хислати тахассусии илмӣ дорад ва барои ҳимояи оммавӣ ва гирифтани дараҷаи илмӣ омода карда шудааст;
- автореферат - нашрияи илмӣ дар шакли брошюра омодагардида мебошад, ки дар он муҳтавои тадқиқоти муаллиф дарҷ гардида, барои гирифтани дараҷаи илмӣ пешниҳод шудааст;
- мақолаи илмӣ (Scopus, Web of Science, тақризшавандаи КОА ҶТ, РИНС, конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ) - нашрияи илмииест (асарест), ки натиҷаҳои асосии тадқиқотро, ки бо истифода аз методҳои илмӣ гузаронида мешавад, дар бар мегирад;
- фишурдаи мақола (тезис) – нашрияи илмӣ дар шакли муқаррароти кутоҳи мантиқан бо ҳам алоқаманди мақола, ки далели он дар худи мақола оварда шудааст.
Пас, дар ҳолате, ки давлат барои рушди фаъолияти илмии кормандони илмӣ ҳама шароити ҳуқуқиро давлат фароҳам овардааст, навиштани асарҳои таълимӣ ва илмӣ, ба ҳимоя баровардани шогирдон барои рушди илм кишвар вазифаи муқаддаси мо олимони кишвар ба ҳисоб меравад.
Сангинзод Дониёр Шомаҳмад,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор