
Ҳануз аз солҳои охири асри 19 ва аввали асри 20 сар карда мардум дар тамоми сайёра як рӯзро бо номи Рӯзи Занон ҳамчун ҷашн таҷлил мекарданд ва ин рӯз 8 март ном дошт. Ин рӯз барои мо мардон низ бисёр азиз буд ва мо омад –омади онро ҳамеша интизор будем. Дар ин рӯз “аз пушти биринҷ шолӣ ҳам об хӯрдаст” гуфтагӣ барин мардҳо ҳам як рӯз истироҳат намуда, шодиву хурсандӣ менамуданд.
Вақте, ки мо ЗАН мегӯем, пеш аз ҳама, дар пеши чашмони мо симои: Модар, хоҳар, ҳамсар, духтар, бибӣ, амма, хола, янга ва умуман, ҷинси латиф бо ҳама отифоташ, зебогияш, меҳру муҳаббати самимӣ ва хосааш ҷилвагар мегардад.
Бузургони мо фармудаанд, ки “биҳишт зери қудуми модарон аст”. Маълум мегардад, ки модар баъд аз Парвардигор, ки моро офарида аст, Парвардигори заминии мо ба шумор меравад. Хидматҳое, ки модар баъд аз дар батнаш пайдо шудани фарзанд мекунад, яъне ба дунё овардан, нигоҳбонӣ намудан, омӯзонидани ҳарф задану роҳ гаштан, ғами хӯроку пӯшок ва саломатии моро хӯрдан ва дигар он заҳматҳои зиёду сангине, ки барои бегазанд ба воя расидани фарзанд мекашад, дар маҷмуъ биҳиштӣ будани ӯро исбот менамоянд.
Чӣ тавре, ки шоири бузрги порсигӯйи мо Эраҷ Мирзо мефармояд:
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи роҳ рафтан омӯхт,
Як ҳарф ду ҳарф бар забонам,
Бинҳоду гуфтан омӯхт...
Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст.
Модар-Зан дар ҳар куҷое, ки бошад, он ҷо поку тамиз, он ҷо ҳурмату эҳтиром, он ҷо ишқу муҳаббат, он ҷо хотири ҷамъ ва осудагию осоиш ҳукмфармост.
Дар дунё вуҷуди аз ҳама пуртоқат, пурсабр, дилсӯз, кони раҳму шафқат, манбаи ишқу муҳаббат ин вуҷуди олиҳасони Модар-Зан аст.
Ба ин маънӣ Маликушшуаро Баҳор мегӯяд:
Аё кӯдаки хубу ширинзабон,
Машав ғофил аз модари мерубон.
Бидор ин се дурри нақдро насби ъайн,
Ба аввал Худо з-он сипас волидайн.
Худо мунъим асту мураббӣ падар,
Бувад Модар аз ҳарду дилсӯзтар,
Худоро парасту падарро ситой,
Вале ҷон ба қурбони Модар намой.
Ва ё дардҳое, ки Модар-Зан дар тӯли умраш ба хотири фарзандаш мекашад, ранҷҳое, ки мебинад, дардҳову ранҷҳоеанд, ки танҳо Модар метавонад онҳоро таҳаммул намояд. Аз ин рӯ, пуртоқативу сабурӣ танҳо хоси Модар аст ва дар мубориза бо дард. Модар, барандаи ҳамаи ҷоизаҳо хоҳад буд.
Дар ин мавзуъ Аҳмади Ҷомӣ мефармояд:
Зан магӯяш, ки дар кашмакаш бодард,
Як сари мӯяш беҳтар аз сад мард.
Дар бораи бузургии Модар, бахшандагии ӯ, қалби пур аз меҳру шафқати ӯ бузургони майдони сиёсат, илму маориф, шоирону нависандагон ва афроди солими ҷомеа беҳтарин суханҳои хешро самимона иброз доштаанд. Мавзуи Модар дар тамоми давру замонҳо якҷоя бо мавзуи Ватан-Модар барои шоирону нависандагон мавзуи калидӣ буд ва ҳаст. Дар Тоҷикистони биҳиштосои мо Қаҳрамони Тоҷикистон, шоирони халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар ин мавзуъ мумтоз ва пирӯз мебошанд. Дар адабиёти форсии тоҷикӣ бошад Эраҷ Мирзо беҳтарин модарномаро эҷод кардааст. Эраҷ Мирзо дар яке аз шеърҳояш бо номи “Дили Модар” тамоми назокатҳо, ғамхориҳо, бахшандагиҳо, матонату азхудгузариҳои Модарро хеле ҷолибу таъсирбахш баён намудааст:
Дод маъшуқа ба ошиқ пайғом,
Ки кунад модари ту бо ман ҷанг.
Ҳар куҷо бинадам аз дур,
Кунад чеҳра пурчину ҷабин пурожанг.
Модари сангдилат то зиндааст,
Шаҳд дар коми ману туст шаранг.
Гар ту хоҳӣ ба висолам бирасӣ,
Бояд ин соат бе хавфу диранг,
Равию синаи тангаш бидарӣ,
Дил бурун орӣ аз он синаи танг.
Гарму хунин ба манаш боз орӣ,
То барад з-онаи қалбам занг.
Ошиқи бехиради ноҳанҷор,
На, бад- он фосиқи беисмату нанг,
Ҳурмати модарӣ аз ёд бибурд,
Маст аз бодаву девона зи банг.
Рафту модарро афканд ба хок,
Сина бидриду дил овард ба чанг.
Қасди сарманзили маъшуқ намуд,
Дили модар ба кафаш чун норанг.
Аз қазо хӯрд дами дар ба замин,
В-андаке суда шуд ӯро оранҷ.
Аз замин боз чу бархост намуд,
Пайи бардоштани ун оҳанг.
Дид к-аз он дили оғушта ба хун,
Ояд оҳиста бурун ин оҳанг,
Оҳ!!! Дасти писарам ёфт харош,
Вой пойи писарам хурд ба санг.
Дар тарбияи фарзанд нақши Модар хеле бузург мебошад. Ягон Модар-Зан намехоҳад, ки фарзандаш бе тарбия, бадрафтор ва ё ҷинояткор ба воя расад. Лекин чӣ илоҷ, ки ҷомеа, ҳаёт ва зиндагӣ боз қонунҳои навиштаву нонавиштаи худро доранд.
Модар бахшанда аст. Дили мамлу аз раҳму шафқати ӯ ҳамеша омодаи худашро барои фарзанд қурбон намудан мебошад. Ба хусус, ки солҳои охир тамоми бори сангини рӯзгор ба души Модарон гузошта шудааст. Падарон аксаран барои пайдо намудани қути лоямут дар коранд ва дар тарбияву таълими фарзандон камнақше надоранд. Аз ин рӯ, қонуну қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистоноид ба таълим ва тарбияи фарзанд хело саривақтӣ ва муфид мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми занону Модарон ва хоҳарону духтаронро бо ин рӯзи нек - Рӯзи Модарон табрику муборакбод мегӯем. Бигзор ҳеҷ гоҳ чашматон наму дилатон ғамро набинад бонувон, модарон, духтарон ва хоҳарони азизу гиромӣ!
Холназаров Назар, - ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
- Навид 08 May 25
Categories
Наворҳои видеоӣ
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе 08.05.2025
8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар макони баргузори чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода истиқбол гирифтанд.
Ба хотири таҷлили бошукуҳи ин рӯйдоди таърихӣ маҳалли баргузории чорабинӣ идона ороста шуда, дар ду тарафи роҳрави сурх донишандӯзони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф кашиданд.
Дар тадбири тантанавӣ Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпуси дипломатӣ, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст иштирок карданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода оид ба омодагии қушунҳои гарнизони Душанбе барои гузашти ҳарбӣ ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузориш дод.
Баъди садо додани Суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 80-солагии ғалаба самимона табрик гуфтанд.
Пешвои миллат аз оқибатҳои фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан гуфта, ба наслҳои имрӯзу оянда муроҷиат намуданд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани “вабои фашизм” дар асри бистум гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: - “боиси ифтихори мо аст, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳо мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.
Гуфта шуд, ки аз якуним миллион аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазори онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардид ва 60 ҳазори дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳамаи ин ҷоннисориҳо саҳми миллати тоҷикро дар ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.
Таъкид гардид, ки барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор афсару сарбози тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 каси онҳо барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардонида шуданд.
Роҳбари давлат саҳми ақибгоҳро дар ноил гардидан ба музаффарият дар ҷанг беназир арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки беш аз 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд. Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор занону кӯдакон ва пиронсолон аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.
Таъкид шуд, ки ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буд.
“Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд”, - изҳор доштанд Пешвои миллат.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷикро дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат номиданд.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи хизматчиёни низомӣ вогузор гардидааст.
Зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оқибатҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хизматҳои таърихӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқи Ватан баҳри барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ низ андешаронӣ намуданд.
Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи иштирокдорони паради ҳарбиро ба вазъи бисёр мураккаб ва печидаи сиёсии ҷаҳони муосир ҷалб намуданд. Пешвои миллат аз афсарону сарбозон талаб карданд, ки ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди худ оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои оламро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо арзёбӣ намуданд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи мо саъю талоши бештар ба харҷ медиҳанд.
Пас аз анҷоми суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро барои пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, таҳти навои мусиқӣ маросими гулчанбаргузорӣ баргузор шуд.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузошта, хотираи неки қурбониёни ҷангро пос доштанд.
Сипас, дар назди оташи ҷовидон аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, аз номи корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва аз Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчанбарҳо гузошта шуд.
Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ бо амри фармондеҳи гузашти ҳарбӣ низомиёни вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати корҳои дохилӣ, вазорати адлия, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гузашти ҳарбӣ иштирок карда, бо қадамзании мутантан аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гузашти низомӣ анҷом доданд.
Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми майи соли 2025, соати 07:55 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 168 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 26 километр шарқи ноҳияи Рашт ва 23 километр шарқи ноҳияи Тоҷикобод дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бино ба маълумоти манбаъ қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ноҳияҳои Рашт-Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил додааст.
Дар ин зилзила талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нашудааст.
Имрӯз, 07 май бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои олӣ, бахусус намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмон ва кишварҳои муқими Тоҷикистон ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар конференисияи мазкур , сараввал раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад баромад намуда, изҳор намуданд, ки воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин иқдомҳои ду даҳсолаи охир, ки Тоҷикистон барои наҷоти башарият равона гардидааст, пазироӣ намуда, пуштибонӣ мекунад. Таъкид гардид, ки бо муҳимияти ин масъала бори дигар 3 -юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмуӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад. Мо аз иқдоми Президенти Тоҷикистон дар ин самт истиқбол мекунем».
Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда , изҳор доштанд , ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об , ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад , метавонад ба оқибатҳои ба ғоят манфӣ оварда расонад. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақҳаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.
Ёдоварӣ карда шуд, ки аз рӯи таҳлили коршиносон солҳои охир пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда истода то имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст . Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд , ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%- ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад .
Дар идомаи чорабинӣ дигар маърузачиён низ вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, ташаббусҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтӣ унвон намуданд. Баён карда шуд, ки Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», сол ҳ ои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтанд. Маълум аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ дучор гардид: инҳо тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ , обхезӣ , яхчу тармафароӣ , обшавии пиряхҳо , проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ , хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра мебошанд.
Имрӯз, 07 май дар шуъбаи илмҳои ҷамъиятшносии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъалаҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ барои ба низом даровардани нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаи “Ахбор”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Маҷлиси шуъбаро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз бахшида, доир ба беҳтаргардонии фаъолияти маҷаллаи “Ахбор”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва саривақт нашри мақолаҳои илмӣ дар он ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
ОҒОЗИ КОРҲОИ ҲАФРИЁТИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ГУРИСТОНИ АСРИ БИРИНҶИИ НОҲИЯИ ФАРХОР
Аз 27 апрели соли ҷорӣ ҳафриёти бостоншиносии сеҷонибаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ва Осорхонаи фонди Лерича-и Италия дар ёдгории таърихии “Чилтанбобо” – и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон оғоз гардида, то 22 майи соли 2025 идома меёбад.
Дар он бостоншиносон аз ҷониби Тоҷикистон Филимонова Т.Г. (роҳбаи экспедитсия) ва Ашурмадов И., аз ҷониби Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия Виноградова Н.М ва Зинаева С.С. ва аз ҷониби Осорхонаи фонди Леричаи Италия Ҷеованна Ломбардо иштирок доранд.
Тибқи таҳқиқоти бостоншиносон зери гуристони ҳозирае, ки то ҳол мардуми ноҳия истифода мебаранд, ёдгории бузурги қадима ҷойгир аст. Дар тӯли омӯзиши солҳои зиёд аз ёдгории мазкур бозёфтҳои гуногуни бостонӣ ба даст омадаанд, ки ба давраҳои аввал ва миёнаи асри биринҷӣ (миёнаи ҳазораи III ва аввали ҳазораи II-и пеш аз милод ) рост меоянд.
Корҳои бостоншиносӣ идома дошта, натиҷаи он дар шакли мақолаҳои илмӣ ва илмӣ - оммавӣ нашр мегардад.
Имрӯз, 06 май дар толори Маркази “Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” вохурии докторантони Phd бо сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи Phd-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ Салим баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории суҳбату вохуриҳо дар амал татбиқ сохтани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 мебошад. Дар ин замина бояд гуфт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ва бонуфузтарин муассисаи илмӣ дар ҷумҳурӣ буда, кадрҳои сатҳи баланди илмиро омода менамояд. Дар Академияи миллии илмҳо кадрҳои илмӣ дар зинаҳои магистратура, аспирантура, докторантураи Phd ва постдокторантура ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Зимни вохурӣ масъулин иброз доштанд, ки барномаи мазкур дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир ба дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ мустаҳкам шудааст, таҳия гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар он пеш аз ҳама ба принсипҳои тарбияи васеи кадрҳои илмӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти кишварро таъмин менамояд, ба низоми тайёр намудани кадрҳои илмии рақобатпазир дар бозори меҳнат, бунёди иқтидори инноватсионии рушди илм, ташаккулёбии дониш ва малакаи зарурӣ ҷиҳати рушди устувор мусоидат менамояд, афзалият дода шудааст.
Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
5 майи соли 2025 дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласа Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мавриди баррасии аъзои кумита қарор гирифта, ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд.
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ давраи дуюми курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шуд.
Вобаста ба ин дар таърихи 02 майи соли 2025 зимни нишасти чаҳоруми ин иқдом дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 300 нафар олимони ҷавон чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои филология Зиёев Субҳиддин Насриевич ҷаласаро ифтитоҳ бахшид.
Маърӯзачӣ ходими калони илмии шӯъбаи Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сиёсатшинос Давлатзода Зубайдулло дар мавзуи "Мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" гузориши илмӣ ироа намуд.
Дар интиҳои гузориш саволу ҷавоб ва муҳокима баргузор гардид.