
АСОСӢ
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Наврӯз ҷашни миллӣ, ҷашни растохези табиат ва нав шудани зиндагӣ аст. Тибқи маълумоти астрономӣ Замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ дар як сония мегузарад ва Наврӯзу баробаршавии шабу рӯз фаро мерасад.
Наврӯз аз ҷашнҳои арзишманду муътабари ақвоми ориёӣ маҳсуб меёбад, бино бар ин барои азизу гиромӣ доштани он рӯйдодҳои таърихӣ ва воқеаҳои шигифтангезеро ориёитаборон ба ин ҷашн нисбат медоданд ва ҳатто ҳаводис ва рӯйдодҳои мардуми ғайриэронӣ низ бо он гиреҳ хӯрдаанд, ки гувоҳи шаъну эътибори ин ҷашн дар гусутураи таърихӣ ва ҷуғрофии паҳнотарест. Ин достону ривоятҳо шакли устураӣ гирифта, дар китобҳо боқӣ мондаанд. Бино бар қавли адабиётшинос Худоӣ Шарифзода “ин ривоёт дар домани андеша ва ормонҳои мардумӣ дар қолабҳои бозгӯи хоҳишҳо парвариш ёфта, асоси достонсароӣ ва ҳамосаи адабиётро ба вуҷуд овардаанд.
Ривоятҳои қадим дар адабиёти зардуштӣ ва баъдан кутуби таърихию адабӣ дар бораи фаъолияти мардумон ба вуҷуд меомаданд” (5,17).
Дар бораи ҷашни аҷдодии Наврӯз ва аз ҷузъиёти анҷоми ойинҳои наврӯзӣ дар даврони бостон, хоса замони Ҳахоманишӣ ва Ашконӣ огоҳиҳои чандоне дар даст надорем. Танҳо тасвирҳои намояндагони миллатҳои гуногун ҳакшудаи Тахти Ҷамшед гувоҳи таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар даврони бостонанд, ки дар интизори расонидани ҳадоё ба ҳузури шоҳаншоҳ ҳастанд.
Дар таърихномаҳо аз ду Наврӯз ёд шудааст: Наврӯзи хурд ва Наврӯзи бузург. Муҳаққиқон Наврӯзи бузургро, ки дар рӯзи шашуми моҳи фарвардин – дар хурдодрӯз ба муносибати рӯзи таваллуди Зардушт ҷашн гирифта мешуд, қайд кардаанд. Аммо ба ривоятҳои дигаре, азбаски шоҳ бо табақоти гуногуни мардум аз оғози баҳор дидор мекард, рӯзи шашум идро дар ҳалқаи хосон баргузор мекард, ки ҳанӯз ҳам асаре дар миёни зардуштиён аз ин рӯз мушоҳида мешавад. Назари дигаре низ ҳаст, ки дар даврони бостон моҳ ба шаш панҷрӯза бахш мешуд ва хурдодрӯз рӯзи аввали панҷаи дувуми Фарвардин буд, ки Наврӯзи бузург ҷашн гирифта мешуд ва дар миёни суғдиён низ дар ҳамин рӯз бо номи Навсард ид баргузор мешуд (11).
Дар адабиёти паҳлавӣ ба нудрат аз Наврӯзу Меҳргон ёд шудааст, аммо дар бораи љойгоњи Наврўз дар замони Сосониён дар осори муаррихони асрҳои IХ –ХII матлаби қобили таваҷҷуҳ боқӣ мондааст. Инчунин аз қадимтарин сарчашмаҳо дар бораи ҷашну ойинҳои Наврӯз дар гоҳшумории форсии миёна ва суғдӣ (Навсард) маълумот дармеёбем. Бино бар пажуҳишҳои илмии муҳаққиқон “гоҳшуморӣ бар мабнои моҳ дар Эрон дар ҳудуди панҷ қарн пеш аз мелод бо гоҳшумории хуршедӣ, ки раҳоварде аз Миср ба дунболи кишваргушоиҳои Эрон буд, даромехт ва навъе гоҳшумории бостонӣ бар мабнои боварҳои динӣ низ бар он таъсир гузошт ва пояи гоҳшумории Эрон бо сесаду шаст рӯз, муташаккил аз дувоздаҳ моҳи сирӯза, ба иловаи панҷ рӯзи кабиса гашт” (7, 236).
Пажуҳишҳои расадхонаи хуршедии Нақши Рустам дар Эрон ва катибаҳои Ҳахоманишӣ нишон доданд, ки ахтаршиносон огоҳиҳое аз гардиши хуршед доштаанд ва номи моҳҳои хуршедии даврони Ҳахоманиширо дар даст дорем, ба монанди bāgayādi (меҳр, 23.09-23.10), varkazana (обон, 23.10-21.11), athiāguya (озар, 21.11 -22.12).... Оғози соли нав дар рӯзи меҳри моҳи меҳр ва дар рӯзи ҷашни Меҳргон будааст ва Наврӯз дар рӯзи якуми фарвардин таҷлил мешудааст (13).
Дар Авесто ва дар осори форсии миёна ду фасли сол – зимистону тобистон ишора шудааст ва илова бар ин тақсимбандии шашфаслӣ ҳам вуҷуд дошт. “Солгардҳои ин офариниш, ки маъмулан ба сурати ҷашнҳои панҷрӯза аст, дар ойини Эрони бостон – гоҳнбор (гоҳонбор) ном дорад ” ва як фасл иборат аз 45 рӯз буда, бо сипарӣ шудани фасл ҷашни солгарди он баргузор мешавад (7, 247). Дар ривоятҳои маздояснӣ шаш “гоҳ” аст, ки Аҳурамаздо ҷаҳонро дар онҳо офарид. Ҳар яке аз ин гоҳҳо номе дорад, ки дар банди 86 Фарвардиняшт ба таври зайл омадаанд: 1) гоҳи офариниши осмон, ки дар нахустин гоҳонбор рӯзҳои 11-15 урдибиҳишт (1-5 май) ҷашне бо номи “миёнаи баҳор аст” аст; 2) гоҳи офариниши об 26-30 шаҳривар (17-21 сентябр) буда, номи “нимаи тобистон”-ро дорад; 3) гоҳи офариниши замин; 4) офариниши гиёҳон; 5) офариниши ҷонварон; 6) офариниши мардум (1, 369). Гоҳи охирин, ки маънии “бо ҳам будан ва бо ҳам гирд омадан”-ро дорад, панҷ рӯзи поёни соли 12 моҳа, ки ҳар моҳе 30 рӯз аст ва 5 рӯзи кабисаро дар бар мегирад. Пас ҷашни Наврӯз солгардест, аз офариниши инсон, азизтарин мавҷуди офариниш барои офаридгори бузург ва ба ҳамин муносибат солгарди он бо шукӯҳи бештаре баргузор мегузарад (7, 249).
Дар гоҳшумории зардуштиён номи моҳҳо ба номи эзадони зардуштӣ буда, дар катибаҳои боқимонда аз Ҳахоманишиён низ нишонаҳое аз тақвими Эрони бостон мушоҳида мешавад. Донишманди муътабар Раҳом Аша низ ба ин нукта ишора мекунад: “Ҳар рӯзи моҳ ба номи эзади он моҳ ситоянд ва агар номи рӯз бо номи моҳ яке гардад, ҷашн гиранд, монанди баҳмангон” (6, 269). Ин ситоишҳо дар матни авестоии “сирӯза” ҷой доранд. Аз сарчашмаҳои муътамад ва гаронарзиш дар бораи сирӯзаи моҳи порсиён, ки Берунӣ аз онҳо ёд мекунад, осори пешазисломӣ – форсии миёна андарзномаи Озарбод ба писараш маъруф ба “Рӯзномаи Озарбод”, “Рӯзи Ҳурмузд моҳи Фарвардин”, “Моҳи Фарвардин рӯзи Хурдод” ва “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург”-ро дар даст дорем. Дар ин сирӯзаҳо муғон корҳоеро фармоянд, ки мувофиқ бо назму хешкории ҳар эзади гуморида бошад, ки нишонаҳои бархе аз онҳоро дар ойинҳои ниёгонии Наврӯзу Меҳргону Сада метавон ҷӯё шуд. Дар ин бора муҳаққиқи забонҳои бостон Фаридун Ҷунайдӣ мегӯяд: “Эрониёни бостон бар бунёди номи рӯзҳо корҳои вижаи ҳаррӯзаро бад-он рӯз меафканданд” (8, 190)
Наврӯз рӯзи якуми Фарвардин фаро мерасад. Фарвардин дар паҳлавӣ fravartīn ва эронии бостон fra-varti-nām муштақ аз fravarti – “фраваҳар” рӯзи нуздаҳуми моҳ аст ва яке аз шаш ҷашни сол буда, охирин гаҳанбор (ҷашн)аст, ки онро “Наврӯзи наҳрҳо” гӯянд ва дар обҳои ҷорӣ атру гулоб мерезанд” (2,253). Ин ҷашн ба фраваҳарҳо дахл дорад ва “рӯзи савганд махӯр ва рӯзи язиши фраваҳари аҳлавон кун, то хушнудтар бигарданд” (12, 276).
Ривоятҳое низ ҷой доранд, ки бо об ва Наврӯз гиреҳ мехӯранд. Ба ривояте пас аз хушксолие бо омадани Ҷамшед бар сари тахт дар ин рӯз борон борид ва дар ин рӯз мардум ба рӯйи ҳам об пошиданд. Ба ривояте дигар Ҷам ба мардум фармуд, то бо об худро шӯянд ва аз гуноҳон пок шаванд. Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ омадааст, Нӯширвон ба кордорони худ фармуда буд, ки агар хушксолӣ ояд, аз мардум бож наситонед, то борон борад:
Ҳамон гар наборад ба Наврӯз нам,
Зи хушкӣ шавад дашт хуррам.
Махоҳед бож андар он буму руст,
Ки абри баҳорон ба борон нашуст.
Суннати ба рӯйи якдигар об пошидан дар Наврӯз то имрӯз побарҷост. Берунӣ низ аз ин суннат ёд мекунад, аммо онро ба султон Сулаймон нисбат медиҳад: “Пас Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бигардонад. Парастуе дар пеш буд, чун ба лонаи худ наздик шуд, Сулаймонро даъват кард. Бо минқор ба вай об пошид ва рони малахе ҳадя кард. Аз ин ҷост, ки мардум рӯзи ид ба ҳам об мепошанд ва пешкашиҳо медиҳанд”(2, 256).
Дар ривояти дигаре аз Ёқути Ҳамавӣ ба нақл аз мубади бузург, ки дар Батиҳа аз бемории вабо касе зинда намонд ва дар рӯзи нахустин фарвардин борон борид ва ҳама зинда шуда, ба хонаҳои худ баргаштанд ва шаҳриёр он рӯзро “наврӯз” номид ва он рӯзро мубораку гиромӣ доштанд.
Номи Наврӯз дар ёдгориҳои эронии бостон зикр нашудааст, аммо дар даврони забонҳои миёнаи эронӣ (шуруъ аз асрҳои 4-2 п.м.) аз рӯзҳои изофаи охири сол бо номи рӯзҳои “гардон” ва “шумурдашаванда” ёд шудааст, ки бо Наврӯз ба поён мерасад.
Далели дигаре аз қидмати Наврӯз баргузории ойини “рапитвин” ба маънои нимрӯз ва сарвару нигаҳбони гармои нимрӯзу тобистон аст аст, ки устураест дар бораи деви зимистон, ки ҳар гоҳе ки ба ҷаҳон ҳуҷум мекунад, рапитвин дар зери замин обҳоро гарм нигаҳ медорад, то рустаниҳо аз сармо намиранд. Рапитвин бахше аз ҷашни Наврӯзро ташкил медиҳад, ки бо омаданаш бар деви сармо пирӯз мешавад ва шодӣ ба замин бозмегардад.
Ривояти дигаре ҳаст, ки гӯё 12 нафар аз наздикони Аҳриман қасди шикастани 12 сутунеро доранд, ки ҷаҳон болои онҳо қарор дорад, аммо муваффақ намешаванд ва некӣ бар бадӣ дар оғози соли нав пирӯз мешавад.
Ҷашни Наврӯз бо фраваҳар (дар Авесто фравашӣ) - намоде аз подшоҳии Эрон, пайванд мехӯрад, ки дар кеши зардуштӣ заррае аз ҳастӣ ё вуҷуди парвардигор ё Аҳурамаздо аст, ки пас аз фавти мавҷудот осмонӣ мешавад. Тибқи ривоятҳо дар моҳи фарвардин (моҳи фраварҳо) ҳар як фраваҳар ба хонаи худ ба замин бозгашта, аз тозагиву покизагии хонадони худ хурсанд шуда, 10-19 рӯз дар хонаи хеш монда, барои баракат ва шодкомии хонавода дуъо мекунад. Аз ин рӯ соҳибони хонадон рӯзи Наврӯз хонаву дарро тозаву озода ва равшан нигаҳ дошта, дар хона мемонанд, зеро фраварҳо хонаи фарзандони худро торику ифлос бинанд ғамгин мешаванд ва баракатро аз хонадони онҳо мебарад ва дар остонаи наврӯз ва шаби он бар бомҳо оташ меафрӯхтанд. Чунон ки мебинем имрӯз низ русуми хонатаконӣ ва оташафрӯзӣ дар остонаи Наврӯз боқӣ мондааст. Ва дар сирӯзаҳои моҳ, ки ҳар яке номи эзаде зардуштӣ аст, бояд фароизеро анҷом дод ва дар рӯзи Фарвардин гуфтаанд, савганд махӯр ва фраваҳарҳоро ситоишу ниёиш бикун, то хушнуд гарданд (6).
Аз чандин ривоятҳое огоҳӣ дорем, ки пайдоиши ҷашни Наврӯз ва рӯзи навро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд: Ҷам гӯё динро нав карду бар Аҳриман ва пайравонаш пирӯз шуд ва аз сабаби ин пирӯзӣ хуршед дурахшон шуд ва мардум мегуфтанд “рӯзи нав”, “наврӯз”; Ҷам тахте пур аз гавҳар сохт, девон онро бар осмон барафрохтанд ва Ҷам чун хуршед дурахшид... ва амсоли ин.
Ҳамосасарои машҳури адабиёти форсу тоҷик Фирдавсӣ аз Наврӯз 33 бор, инчунин бо мафҳумҳое чун “сари соли нав” ва “фарвардинмоҳ” ёд мекунад ва Наврӯзро аз назари ҳакимона ва хирадгароёнаи худ таърифу тавсиф намуда, воқеаҳои сиёсиву иҷтимоиро бо суннатҳои аҷдодӣ пайванд додааст. Фирдавсӣ тибқи ривоёти мардумӣ пайдоиши аввалин ҷомеаи башар – замони ба тахт нишастани нахустин подшоҳони пешдодӣ Каюмарсу Ҷамшедро бо суннату андешаҳои мардумӣ, бо рӯзи аввали сари сол – Наврӯз пайванд медиҳад.
Чунин гуфт к-ойини тахту кулоҳ,
Каюмарс оварду ӯ буд шоҳ.
Чу омад ба бурҷи ҳамал офтоб
Ҷаҳон гашт бо фарру ойину об.
Ва рӯзи ба тахт нишастани Ҷамшедро “Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин” хонданд:
Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин.
Баросуда аз ранҷтан, дил зи кин,
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор.
(Шоҳнома 1, 44)
Дар “Наврӯзнома” бунёнгузори солшумории шамсӣ Каюмарс аст ва бозгаштани фарвардин ба мабдаъи асосиашро шоҳ Ҷамшед муайян карда, онро “рӯзи нав” хондааст (4). Инчунин аз деворнигораҳои Тахти Ҷамшед – пойтахти императории Ҳахоманишиён, воқеъ дар шаҳри Марвдашти Эрон аён аст, ки дар нахустин рӯзи соли нав мардумон аз кишварҳои зертобеи худ бо пешкаши ҳадоёи гуногун ба шоҳ дар он ҷо анҷуман меоростанд.
Аз манобеи дигаре – қадимтарин гузориш дар бораи Наврӯз аз замони Сосониён дар асари “Китоб-ут-тоҷ”-и Ҷоҳиз дармеёбем, ки дар ин рӯз ҳадоёе (дашниҳо) ба шоҳ пешкаш мешудааст, ки бозтобе аз маросими ин рӯз дар даврони Сосониён ва аз он пештар будааст (9).
Бояд гуфт, ки вуруди ин ойинҳо ба ҷомеаи мухталифақвоми хилофат аз арзиши байналмилалии ин ҷашнҳо дар замонҳои бостон гувоҳӣ медиҳад. Гузашта аз ин, дар ривоятҳое пайдоиши Наврӯзро бо дини ислом даромехтаанд. Чунончи, Наврӯзро ба рӯзи пайдо кардани ангуштари гумшудаи ҳазрати Сулаймон, ки барояш қудрату тавононии фармонравоиро мебахшид, нисбат медиҳанд ва Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” ин қиссаро меорад: “Чун Сулаймон ибни Довуд ангуштари хешро гум кард, шаҳриёрӣ чиҳил рӯз аз вай бирафт, аммо пас аз чиҳил рӯз ангуштарӣ пайдо шуд ва салтанат бад-ӯ баргашт. Ҳар кас чизе гуфт, эрониён гуфтанд, “наврӯз омад”, яъне рӯзе тоза биёмад” (2,234)
Ба нақл аз Озарбод мубади Бағдод, дар ин рӯз найшакар аз ҷониби шоҳ Ҷамшед ёфт шуд ва он рӯзро “наврӯз” номид (2)
Ривояте дигаре низ ҳаст, ки гӯё дар замони шоҳ Ҷамшед хушксоливу қаҳтии сахт ба миён омад ва шоҳ ба ҷойгоҳи Аҳриман рафт ва пас аз муддате хайру баракт ба мардум дубора баргашт ва дар як рӯз хуршед ду бор тулуъ кард ва сабза дамид ва он рӯзро гуфтанд рӯзи нав ва мардумон дар назди хонаҳои худ ҳафт навъ ғалаҷотро мекориданд ва аз сабзидани он ҳосили ҳамонсоларо мефаҳмиданд (11).
Наврӯз дар аҳди бостону миёна иди сайёр буд ва ҳатто дар замони Сосониён Наврӯз дар тобистон қарор дошт, аммо дар замони салтанати Маликшоҳи Сарлҷуқӣ пас аз таҳқиқи тақвим ва мушаххас кардани кабиса шуруъ аз соли 467 ҳиҷрӣ (1089 мелодӣ) бо фармони шоҳ Наврӯз дар рӯзи нахустини бурҷи ҳамал – якуми фарвардин муқаррар шуд.
Бо вуҷуди он ки замони хилофати арабҳо ҷашну анъанаҳои миллии ориёитаборонро “куфр ва маҷусигарӣ” меномиданд, аммо мардум аз ҷашн гирифтани онҳо даст накашиданд ва суханони ҷуғрофидони араб Ибни Ҳавқал (943-988) гувоҳи ҳоланд: “Карина бозоре дорад, ки мардум монанди он ки дар ҳаҷ гирд меоянд, дар он барои майгусорӣ ва ромишгарӣ ва навозандагӣ дар ҳангоми Наврӯз, то ҳафт рӯз гирд меоянд. Ҳар гуна хушӣ мекунанд ва ороишҳои шигифтиовар нишон медиҳанд. Касоне ки он ҷо меоянд, дар омода кардани хӯрокҳо ва нӯшокҳо ва фароҳам сохтани онҳо чи аз мардуми шаҳр ва чи аз касоне ки аз дур ҷоҳо ба он ҷо меоянд, харҷи бисёр кунанд ва зевари бисёр беҳ бибанданд ва ҷомаҳои неку пӯшанд ва базмҳои ромишгарӣ ва бозигарӣ барпо доранд ва дар ин хушгузарониҳо ва базмҳо ҷашне намоянд ва дар фароҳам сохтани навозандагони зану мард. Мардум дар канори рӯдхона ва бар боми кохҳо оянд ва низ бозорҳоро пур мекунанд аз хӯрокҳо ва нӯшокҳо ва колоҳо. Шабро дар ин кор ба рӯз пайваста доранд, касе мутаарризи эшон нашавад ва шоҳони эшон ин корҳоро барои эшон озод гузоридаанд аз бостон замон ва ҳарчӣ соату рӯзу сол гузашта, касе ба эшон тааррузе накарда ва эшонро аз он корҳо боз надошта. Мегӯянд харҷи эшон дар ин бозор ҳангоми даромадани хуршед ба бурҷи барра ба садҳо ҳазор дирҳам мерасад ва меваҳои некуи хушмазза ва хӯрокҳои гаронбаҳо ва нӯшокҳои гуворо чандон фаровон ва арзон аст, ки гӯйӣ ройгон аст” (3,87).
Дар аксари ривоятҳо ҷашни Наврӯзу Меҳргонро ба шоҳони Эрони бостон нисбат додаанд. Муҳимтарин ангезаи таваҷҷуҳу алоқаи мардум ба Наврӯз оғози баҳору растохези табиату расидани соли наву гармиву нуру зиё аст. Ривоятҳову тақвиму ойин ва ҷашну маросимҳо далели муътамад бар онанд, ки ҷашни Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳои суннатии фарҳанги ориёиён аст. Фаромӯш насозем, ки он қидмати чандҳазорсола дорад ва дар тули таърих бо дину ойин ва фарҳангҳои мухталиф даромехта, дар худ розу ҳикмати офариниши оламу одам, рӯзгор ва гардиши сипеҳру замин ва бедоршавии табиату пирӯзии некиву рушаноиву гармиро бар бадиву торикиву сардӣ дар ҳофизаи таърих нигоҳ доштаву то замони мо расида ва имрӯз ҷаҳонӣ шудааст.
ФАРАНГИС ШАРИФЗОДА, - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ, доктори илми филология
КИТОБНОМА
Авесто. - Душанбе, 2014.- 838с.
2.Берунӣ. Осор-ул-боқия.- Душанбе:Ирфон, 1990.-430с.
Ибни Ҳавқал. Сурат-ул-арз.-Душанбе: Адиб, 2008.-Саҳ.130-192с.
4.Умари Хайём. Наврӯзнома: Адиб, 2012.-250с.
Шарифзода Х. Ҳамосаи шоҳон дар “Шоҳнома”.- Душанбе,2014.- 400с.
آذربادِ مهرسپندان: پرتوی نوابر زندگی و برخی از کارهاش (پاریس: ارمان ۲۰۰۲) تهران: تیمورزاده،۱۳۸۲-396ص .
آموزگار ژ. زبان، فرهنگ،اسطوره.- تهران،1388.-621 ص.
تفضلی ا. تاریخ ادبیات ایران پیش از اسلام. – تهران، 1378. – 273ص.
جاحظ. التاج فی اخلاق الملوک.- بیروت،2016.- 352 ص.
جنیدیف. پیشگفتاریبرویرایششاهنامه.-تهران،۱۳۸۷.-۴۷۵ص.
رضی ه. نوروز سوابق تایخی تا امروز.- تهران، 1358.-271 ص.
سیروزهکوچک،سیروزهبزرگ. آوانویسی،تصحیحمتن،ترجمهازآذرمیدختدهدشتی.-تهران،۱۳۶۳.-۲۳۳ص.
غیاث آبادی ر. رسدخانه خورشیدی نقش رستم.- تهران،1378.-65 ص.
کاوه ع. گاه شماری و تاریخ.- تهران، 1370/-184 ص.
ملایری م. تاریخ و فرهنگ ایران.ج. 4 تهران:انتشارات توس، 1380.-436 ص.
Наврӯз ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ, Ховари Наздик ва қисматҳои дигари ҷаҳон имрӯз аз марҳалаи миллию минтақавӣ гузашта, ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳкими ҳамгироии фарҳангҳо-Наврӯз на танҳо як ҷашни фаслӣ, балки рамзи ваҳдат, сулҳ ва арзишҳои умумиинсонӣ шудааст.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: "Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо, на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад,ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд”.
Бале, воқеан ҳам, Наврӯз имрӯз на танҳо дар кишварҳои таърихии таҷлили он, балки дар бисёр кишварҳои дигар низ бо шавқу завқ таҷлил мегардад. Ин ҷашн бо фарҳанги бой, рамзҳои умеду навсозӣ ва арзишҳои инсондӯстонааш дар саросари ҷаҳон эътироф шудааст.
Ҷашнгирии Наврӯз дар Амрико ва Канада, ки бо ҷамъияти зиёди тоҷикон, форсҳо, афғонҳо, туркҳо ва дигар халқҳое, ки ин ҷашни қадимиро қайд мекунанд, баргузор мешавад, як воқеияи муҳим аст. Наврӯз, ки ҳамасола 21 март ҷашн гирифта мешавад, на танҳо як ҷашни оғози баҳор, балки рамзи навсозӣ, тозагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Дар Амрико ва Канада, ки ҷамъиятҳои гуногуннижод зиндагӣ мекунанд, Навруз бо анъанаҳои хоси худ ва бо ҳавасмандӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бояд қайд кард, ки анъанаи Наврӯз дар Амрико ва Канада бо тамоми анъанаҳояш таҷлил мегардад, аз ҷумла:
Ҳафтсин: Ҳафтсин, ки аз ҳафт чиз иборат аст, ки бо ҳарфи "син" оғоз мешаванд (масалан, суманак, себ, сир, сирко, сабзӣ, санҷид ва сомоқ), дар хонаҳо ва ҷашнҳои Наврузӣ тартиб дода мешавад. Ин анъана дар Амрико ва Канада низ бо ҳавасмандӣ риоя мешавад.
Сабза: Рустании сабза, ки рамзи навсозӣ ва зиндагии нав аст, дар хонаҳо ва ҷашнҳо ҳамчун як қисми Ҳафтсин нигоҳ дошта мешавад.
Суманакпазӣ: Дар баъзе ҷамъиятҳо, махсусан тоҷикон ва ӯзбекҳо, анъанаи суманакпазӣ бо ҳавасмандӣ баргузор мешавад. Суманак, ки аз гандуми ҷавон тайёр карда мешавад, дар Навруз тақсим мегардад.
Мусиқӣ ва рақс: Дар ҷашнҳои Наврузӣ мусиқӣ ва рақсҳои анъанавӣ, аз қабили рақси тоҷикӣ, форсӣ, курдӣ ва дигар рақсҳо иҷро мешаванд. Ин рақсҳо ҳаваси баҳорӣ ва шодӣ ба ҷашн мебахшанд.
Хӯрокҳои анъанавӣ: Хӯрокҳои махсуси Наврузӣ, аз қабили суманак, ширинӣ, ширбиринҷ ва дигар таомҳо дар ҷашн омода ва тақсим мешаванд.
Ҷамъомадҳо ва фестивалҳо: Дар шаҳрҳои бузурги Амрико ва Канада, аз қабили Вашингтон, Ню-Йорк, Даллас, Торонто, Лос-Анҷелес, Ванкувер ва дигар шаҳрҳо, ҷамъомадҳо ва фестивалҳои Наврузӣ баргузор мешаванд. Дар ин чорабинҳо хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоишҳои фарҳангӣ намоиш дода мешаванд.
Дар Амрико ва Канада як қатор ташкилотҳо ва ҷамъиятҳои тоҷик, форс, афғон ва дигар халқҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, фаъолият мекунанд. Ин ташкилотҳо ҷашнҳои Наврӯзро ташкил ва баргузор мекунанд ва барои ҳифзи анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ кӯшиш мекунанд. Масалан:
· Маркази фарҳангии тоҷикӣ: Дар баъзе шаҳрҳо марказҳои фарҳангии тоҷикӣ мавҷуданд, ки ҷашнҳои Наврӯзро бо анъанаҳои тоҷикӣ баргузор мекунанд.
· Ташкилотҳои форсзабон: Ҷамъиятҳои форсзабон низ ҷашнҳои Наврӯзро бо анъанаҳои форсӣ баргузор мекунанд.
· Фестивалҳои умумӣ: Дар баъзе ҷашнҳо ҳамаи халқҳое, ки Наврӯзро ҷашн мекунанд, якҷоя ҳузур меёбанд ва анъанаҳои худро намоиш медиҳанд.
Наврӯз дар Амрико ва Канада на танҳо як ҷашни фарҳангӣ, балки рамзи ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилӣ низ мебошад. Ин ҷашн имконият медиҳад, ки ҷамъиятҳои гуногуннижодӣ якҷоя ҷамъ оянд ва анъанаҳои худро бо ҳам мубодила кунанд. Наврӯз ҳамчун як ҷашни байналмилалӣ низ пазируфта шудааст ва дар баъзе ҷойҳо ҳатто аз ҷониби ҷомеаи маҳаллӣ низ ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашнгирии Наврӯз дар Амрико ва Канада на танҳо барои нигоҳ доштани анъанаҳо ва фарҳанг, балки барои тақвияти робитаҳои ҷамъиятӣ ва эҳтироми фарҳангҳои гуногун аҳамияти калон дорад.
Дар хотима мехоҳам як бори дигар гуфтаҳои фавқро бо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намоям: “Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳими ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хидмат кунанд”.
Дороншоева Некбахт Шоқосумовна, - мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ
Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар вохӯрии васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Рушди босуръати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир таъкид гардид.
Аз ҷумла, масоили густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Ба масъалаҳои рушди робитаҳои гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 71 муассисаи таълимӣ бо забони русӣ, аз ҷумла онҳое, ки соли 2022 аз ҷониби Сарони давлатҳо ифтитоҳ ёфта буданд, ҳамчунин 190 мактаби омехта фаъолият доранд. Дар ин зимн, ҳамкорӣ дар таъмини ин муассисаҳои таълимӣ бо китобу маводи таълимӣ ва адабиёт бо забони русӣ аз масъалаҳои матраҳ боқӣ мемонад.
Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон се филиали муассисаҳои бонуфузи олии таълимии Русия фаъолият дошта, зиёда аз 28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия таълим мегиранд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи июни ҳамин сол дар Федератсияи Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвар барои мукаммалсозии ҳамкории байниминтақавӣ, аз ҷумла баргузории як қатор чорабиниҳои гуногунсатҳ дар ин самт, талош хоҳанд кард.
Ба ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар баҳои баланд дода шуда, ҷонибҳо барои идомаи босамари он дар оянда изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои амниятӣ аз масъалаҳои муҳими музокирот буд.
Ҳамкории судманд дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи сарони ду давлат қарор дошт.
“Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзу ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Наврӯз бо фарорасии баҳор кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки пайдоиши ҷашни Наврӯз таърихи басо ҳам куҳанро соҳиб аст. Чунки тамоми олимону мутафаккирони Машриқзамин аз бостониву қадимӣ будани он ёдоварӣ намуда, васфу ситоиши онро зимнан то ба арзи само бурдаанд. Чунки ин ҷашнест, ки ба ифодаи муаррихону бостоншиносон зиёда аз 6000 сол дошта, пайдоиши он ба тахтнишинии шоҳ Ҷамшеди эронитабор ва бархеи дигар аз замони пирӯзии Фаридуншоҳ бар Заҳҳоки морон, ба ибораи Абурайҳонӣ Берунӣ бошад дар китоби худ таҳти унвони “Осор-ул-Боқия” аз ҷумла чунин гуфтааст:1. Наврӯз - рӯзи офариниши олам; 2. Наврӯз- рӯзи офариниши одам; 3. Наврӯз - рӯзи падидоии рӯшноӣ; 4. Наврӯз – рӯзи густариши Замин; 5. Наврӯз – рӯзи бунёди дини зардуштӣ; 6. Наврӯз – рӯзи фурудоии рӯҳи инсон; 7. Наврӯз – рӯзи адолату додгустарӣ.
Лозим ба зикр аст, ки Абурайҳони Берунӣ мафҳуми Наврӯзро ба таври зайл низ шарҳу тавзеҳ дода, ҳамзамон мавсуф чунин қайд кардааст: “Наврӯз нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат онро “Рӯзи нав” номидаанд, ки он дар маҷмуъ панҷ рӯз таҷлил карда мешуд”.
Ҳамин тариқ, дар хусуси пайдоиши Наврӯз маълумоти бештар вуҷуд дошта, инчунин он яке аз арзишмандтарин ҷашни мардуми форсизабонони олам ва гувоҳи таърихи фарҳанги пурғановати ориёитаборон маҳсуб меёбад.
Хулоса, то замоне, ки инсоният дар рӯйи Замин вуҷуд дорад, Наврӯз низ ҳамеша зиндаву поянда ва инчунин абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Тавре Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ перомуни абадияти ин ҷашни бузурги аҷдодии мо хуб гуфтаанд:
Наврӯз навҷавон аст, Наврӯз ҷовидон аст,Аз рӯзгори пешин зеботарин нишон аст.
Зимнан бояд махсус зикр кард, ки дар роҳи ҷаҳонӣ гаштани Наврӯзи байналмилалӣ саҳми Роҳбари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо ҳам бориз ва бузург аст. Чунки ҳамасола таҷлилу дар сатҳи баланди давлату давлатдорӣ гузаронидани ин иди сайиди аҷдодӣ ифодагари ғалабаи нур бар зулмот, рӯз бар шаб, рӯшноӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, ҳикмат бар ҷоҳилӣ буда, илова бар ин амали накӯ созандагии миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни мо ба рағми сӯзандагии ҳасудони бешумораш аст. Пас зиҳӣ, миллате, ки Худовандаш ҷаҳон офариду ту Наврӯз офаридӣ!
Тавре, ки шоири шинохта Мирзо Лиқои Дарвозӣ дар китобаш таҳти унвони “Мухаммаси Наврӯзӣ” дар як пора ашъораш чунин гуфтааст:
Наврӯз шуд азизон фасли баҳор омад,Мурғи дили маро зуд завқи шикор омад. Дар гӯшаи гулистон моро гузор омад,Дидам фиғони булбул аз ҳар канор омад, Аз шавқи нолаҳояш гулҳо қатор омад.
Боиси ифтихор ва бахти баланди мардуми шарифи кишварамон аст, ки ҳамасола чун анъанаи дерина ин ҷашни байналмилалиро дар сатҳи баланди давлату давлатдорӣ ва дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ ва Истиқлоли давлатӣ таҷлил менамоем.
Зеро ба ифодаи Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: “Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро боз сӯйи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.
Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле ҳам бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад”.
Ҷашни фархундаю фирӯзи Наврӯз мубораку фархунда бод!
Зоирова Дилангез. корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
“Аслан Наврӯз ва ҳикмату фалсафаи он бар пояи бузургдошт ва ситоиши инсон, сарфи назар аз мансубияти диниву мазҳабӣ ва мақоми иҷтимоӣ, баробарӣ, таҳаммулгароӣ, авфу бахшиш, оғози саҳифаи нав дар зиндагӣ ва дар маҷмӯъ, сулҳу субот бунёд гардидааст”.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии тоҷикон мебошад, ки таърихи қадима ва хусусиятҳои хоси худро дорад. Ҷашни Наврӯз дар фасли баҳор таҷлил мегардад. Бедоршавии табиат, баробарии шабу рӯз, зинда гардидани табиат хусусиятҳои асосии ҷашни Наврӯз ба шумор меравад. Инчунин, хусусиятҳои дигари ҷашни Наврӯз ин пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, бартарафкунандаи кинаву озурдагӣ мебошад. Наврӯз - иди баҳор ва Соли нави аҷдодӣ ва анъанавии мардуми тоҷику эронинажод мебошад, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ, 1-уми моҳи фарвардин ва ё ба 21-уми марти солшумории мелодӣ рост меояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху фарҳангу анъанаҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз талошу заҳматҳои бепоёни Пешвои миллат буд, ки ҷашни Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Қобили зикр аст, ки 30-юми сентябри соли 2009 бо пешниҳоди сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни “Наврӯз” аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ ҳамасола 21 март Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Имрӯз боиси ифтихори миллати тоҷик ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз мебошад, ки ҷашни куҳану бостонӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид “Наврӯз” ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Ҳукумати Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Аждоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштааст ва барои пойдории он талош варзидааст. Шукӯҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки "Наврӯз ҷашнест, ки инсонро ба покию нафосат, некию накӯкорӣ, дӯстиву бародарӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ ҳидоят мекунад." “Наврӯз бо ташаббуси мо ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва имрӯз онро на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон ҷашн мегиранд.”
Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.
Яке аз суннатҳои хоси Наврӯз - ин аз гуноҳҳои якдигар гузаштану кӯмак ба оилаҳои камбизоат, тоза кардани хонаю манзилҳо, шинондани гулҳову дарахтон ва кабудизор намудани манзилу кӯчаҳо мебошад. Дар ҷашни Наврӯз мардум хони идона “ҳафт-син ва ҳафт-шин” ороста, якчанд таомҳои миллӣ аз қабили оши бурида, суманак ва далда ва ё кашк омода менамоянд, ки ин ҳам яке аз суннатҳои неки Наврӯз мебошад. Инчунин дар ин рӯз хурду бузург рақсу хурсандӣ намуда ҷашни Наврӯзро истиқбол менамоянд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои хос ва таомҳои миллии он минтақа пешвоз мегиранд.
Наврӯз баёнгари рӯзи тоза, зиндагии навин ва эҳёи табиат баъд аз сардии зимистон мебошад. Наврӯз, ба ҷуз ин ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагии тоза аст. Он бо нури гарму равшани хуршеди баҳорӣ, насими форам ва фараҳбахши навозишгар, садои найи чӯпон ва суруди кишоварз, ханда ва бозиҳои дилангези кӯдакони маъсум ба ҳар хона, ба ҳар кӯю деҳ ва касабаву шаҳр мавҷ мезанад, болупар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад.
Ҳамасола ҷашни Наврӯз дар саросари кишвар бо як шукуҳу хоса таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар кишвар хони наврӯзӣ аз қабили ҳафт син ва ҳафт шин ороста, хурду бузург самимона хурсандӣ намуда, ҷашни Наврӯзро пешвоз мегиранд. Инчунин дар таҷлили ҷашни Наврӯз ҳатто меҳмонон аз хориҷи кишвар низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, ҳамроҳи мардуми тоҷик бо як хурсандии хос ҷашни Наврӯро истиқбол мегиранд. Бо ин восита меҳмонони хориҷӣ аз суннатҳо ва анъанаҳои таърихӣ, инчунин аз таомҳои суннатии хоси наврӯзӣ огоҳӣ пайдо мекунанд.
Хулоса метавон гуфт, ки мардуми тоҷик бо як ҳисси баланди миллӣ ва худшиносӣ ҷашни Наврӯзро дар саросари кишвар таҷлил менамоянд. Ҳифз намудани анъанаҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи кӯҳан ва суннатҳои миллӣ, махсусан ба ҷашни Наврӯз вазифаи ҳар як фарди тоҷик мебошад. Яке аз хусусиятҳои хоси Наврӯз ин пайвандгари наслҳо, робитаи гузаштаву имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯстӣ мебошад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар хони идона ороста, мардум бо ҳам муттаҳид гардида, дар фазои сулҳу субот ва гулгуншукуфоии кишвар дастаҷамона Наврӯзро ҷашн мегиранд, ки ин ҳама дастовардҳои даврони истиқлол мебошад.
Файзуллаева Нигора Негматовна - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Ҳар сол, вақте ки табиат аз хоби зимистон бедор мешавад ва рӯзу шаб баробар мешаванд, миллионҳо одамон дар аксариятҳои мамлакатҳои ҷаҳон Наврӯзро бо таври хос истиқбол мегиранд. Ин ид, таърихи чандинҳазорсола дошта, рамзи бедории табиат ва оғози мавсими кишту кори деҳқон ба шумор меравад. Имрӯзҳо маҳбубияти навруз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳам ҷойгоҳи хос пайдо кардааст.
Агар ба таърихи Наврӯз назар афканем, мувофиқи сарчашмаҳо, он ҳанӯз дар давраи Ҳахоманишиён (асрҳои 6-4 пеш аз милод) бо маросимҳои шоҳона таҷлил мешуд. Дар империяи Сосониён (асрҳои 3-7 милодӣ) низ Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги давлатӣ эътироф гардида буд. Дар асри 11, яъне дар соли 1079 милодӣ, шоир, ситорашинос, мутафаккири машҳури форсу тоҷик Умари Хайём тақвими хуршедиро такмил дод ва Наврӯзро расман оғози соли нав қарор дод. Ин тақвим то имрӯз дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ истифода мешавад.
Наврӯз танҳо як ҷашни маҳаллӣ нест, он имрӯз як падидаи ҷаҳонист. Дар санаи 20 феврали соли 2009, ЮНЕСКО Наврӯзро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид кард. Ин қарор дар шаҳри Абу-Даби қабул шуд ва як гардиши муҳим дар шинохти байналмилалии ин ҷашн буд. Баъдан, дар 23 феврали 2010, Маҷмаи Умумии СММ бо қатъномаи 64/253 рӯзи 21-уми март-ро "Рӯзи байналмилалии Наврӯз" эълон гардид. Ин иқдом бо пешниҳоди кишварҳое чун Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон амалӣ шуд.
Аз он вақт инҷониб, Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳ таҷлил мешавад. Мисоли он ин 21 марти соли 2013, дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк нахустин чорабинии расмии "Наврӯзи ҷаҳонӣ" баргузор шуд. Дар соли 2016, конфронсҳои байналмилалӣ дар Теҳрон ва Душанбе олимони 20 кишварро гирд оварданд, то аҳамияти фарҳангии Наврӯзро баррасӣ кунанд.
Имрӯз Наврӯз дар беш аз 12 кишвар, аз Осиёи Марказӣ то Шарқи Наздик ва ҳатто дар ҷамоаҳои муҳоҷир дар Аврупо ва Амрико, ҷашн гирифта мешавад. Дар Ню-Йорк аз соли 2011 паради Наврӯзӣ баргузор мешавад, ки садҳо нафарро муттаҳид мекунад. Ин ҷашн паёми сулҳ, дӯстӣ ва эҳтиром ба табиатро ба ҳама мерасонад.
Наврӯз, ки худ як калимаи асили тоҷикӣ буда дар Тоҷикистон бо омодагии хос ва бо риояи тамоми суннатҳояш истиқбол мегардад. Мардум дар ин рузҳои ҷашни суманак мепазанд, хонаҳоро в тоза мекунанд. Ҷавонону кудакон бо як шодию нишоти содиқона бо сурудхони хона ба хона гулгардонӣ менамоянд. Дар даврони истиқлолият ин ҷашн мақоми миллиро гирифт ва ҳар сол аз 21 то 24 март расман истироҳат эълон мегардад. Аз ҷониби мақомоти шаҳри ва маҳалӣ қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили консертҳо, намоишҳои театрӣ ва бозорҳои идона, шукӯҳи хоси Наврӯзро дар кишвар нишон медиҳанд.
Имрӯзҳо, ки Тоҷикистон дар арафаи истиқболи Наврӯзи навбатӣ омодагӣ мебинад мардум бо дубора бо ҳам ҷамъ меоянд, то ин идро бо як шодию нишоти тоза таҷлил намоянд. Бояд гуфт, ки Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки як мероси зинда аст, ки моро ба ҳам наздик мекунад ва хотиррасон месозад, ки табиат ва инсон якҷоя эҳё мешаванд ва моро даъват менамояд, ки қалбҳо аз кинаву адоватҳо тоза намоем ва зиндагиро бо ранги гуногун ба мисли баҳор бубинем.
Наврӯз биё, ҳар нафасат, бӯйи баҳор аст,
Рухсори ту ойинаи гулрӯйи баҳор аст.
Ҳар лаҳза хумори ту гирад ҷумла ҷаҳонро,
Он қалби ту ошуфтаи дилҷӯи баҳор аст.
Омадани баҳор шодтарин рӯйдоди ҳаёти одамони ҳама давру замон мебошад, ки одамон онро ҳамчун бедории табиат, ҷашни ҳаёт, ҷашни умед ба соли пурмаҳсул меноманд. Дар ин рӯз фаслҳо дар нимкураҳо иваз мешаванд: агар дар нимкураи ҷанубӣ тирамоҳ фаро расад, дар нимкураи шимолӣ баҳор аст. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад, ки дар ин рӯз кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашни таърихии “Наврӯз” доранд. Дар тарҷумаи форсӣ “Наврӯз” маънои рӯзи навро дорад, ин маънои оғози соли навро дар бар мегирад.
Зангӯлаи бедории дунёи нави ту,
Эҳёи ҳама сабзаю гандуму ҷави ту.
Хуш омадӣ, эй мӯъҷизаорои табиат.
Хуш омадӣ, Наврӯзи Аҷам, соли нави ту.
Наврӯз биё, файзи ту, файзи ҳамагон бод,
Густурда пур аз неъмату нозе ҳама хон бод.
Ин муждаи ту пайки ҳама бахту нишот аст,
Ҳар рӯзи ту, наврӯзи ҳама пиру ҷавон бод!
Дар сарчашмаҳои таърихии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Хисравӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун ҷашн мегирифтанд. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якӯм то панҷӯми моҳи фарфардин гиромӣ дошт ва рӯзи шашуми Фарфардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.
Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои тахрихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намуданд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукумронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба тахърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд. Дар баробари пайдоиши ҷашни Наврӯз дар байни олимон ва таърихшиносони қадиму муосир фикрҳои зиёд ба чашм мерасад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд.
Дар таърихи 18-уми ферали соли 2010 дар ҷаласаи 64 – уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳони Наврӯз» ва тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст.
Дар қатънома гуфта мешавад, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон, 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷилил гардад. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳама зиёд ва хубтару бештар Наврӯзи хуҷастаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистони худамон ҷашн мегиранд ва тамоми расму русуми дар гузашта мардуми ориёӣ доштаро мо дар ҷашни Наврӯз қайд менамоем ва тамоми он бозиҳое, ки дар ин фасл ҳаст, ҷавонон бо меҳру муҳаббати хос қайд мекунанд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати кишвар ба таърихи фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамоянд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардуми таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад.
Якубов Умарали Шералиевич - доктор (PhD), котиби илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии АМИТ
Акрамзода Рустами Ҷурахон - ходимони калони илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мост, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашарии худро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Ба хусус, пас аз қабули қатъномаи иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 23 феврали соли 2010 оид ба ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз шукӯҳу эътибори он дар саросари ҷаҳон нуфуз ва доманаи густариши бештар пайдо кард. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои қадими миллии мо чунин изҳори назар карда буданд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст”.
Ин суханони Пешвои миллат ҳақиқатест, ки дар он ҷойи шубҳа нест, зеро Наврӯз дар баробари Сада, Тиргон ва Меҳргон аз ҷашнҳои қадимтарини миллии мост, ки аз даврони бостон, аз замони подшоҳии Ҷамшед ва дигар хусравони аҳди қадим ба мо мерос мондааст. Дар матнҳои бозмонда аз рӯзгори пешин ва осори назму насри гузаштагони мо дар бораи ҳикмати Наврӯз ва чигунагии пайдоиши он нақлу ривоятҳои гуногун мавҷуд аст. Аз ҷумла, пешиниёни мо Наврӯзро далели пайдоиш ва аввалрӯзи офариниши ҷаҳон дониста, гуфтаанд, ки дар ин рӯз Худованд афлокро пас аз он ки сокин буд,ба гардиш овард ва Офтобро барои он ки замон ва солу моҳу рӯз аз гардиши он шинохта шавад, офарид. Ҳамчунин мегӯянд дар ин рӯз буд, ки инсон офарида шуд ва ё нахустин шоҳи олам Каюмарс, ки ӯро бо таваҷҷуҳ ба подшоҳӣ ёфтанаш дар кӯҳ, гузаштагони мо Галшоҳ, Гаршоҳ ё Ғаршоҳ лақаб додаанд,ба тахти шоҳӣ нишаст. Тавзеҳан, дар баъзе китобҳо Каюмарсро Гилшоҳ, яъне шоҳи хокиён ҳам гуфтаанд, вале дар таърихномаҳои муътамад Каюмарсро, ки нахуст дар кӯҳ ба подшоҳӣ расид, возеҳан Галшоҳ, Гаршоҳ ё Ғаршоҳ гуфтаанд.
Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” бунёд ниҳодани ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед дар рӯзи ҳурмуз, яъне рӯзи аввали моҳи фарвардин – моҳи аввали тақвими аҷдодии шамсӣ нисбат додааст:
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.
Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Ба мо монд аз он хусравон ёдгор.
Чунин нақлу ривоятҳо зиёданд, вале ин нукта ҷойи баҳс надорад, ки Наврӯз оғози сарсабзиҳо, шукуфтанҳо ва дар маҷмуъ, эҳёи замину замон аст.
Аз рӯзгори қадим дар байни мардуми мо дар ин рӯз расм аст, ки ба якдигар ҳадя фиристанд ва мегӯянд, ки сабаби он ба ошкор шудани найшакар дар рӯзи Наврӯз бастагӣ дорад. Ба ин маънӣ, ки рӯзи Наврӯз Ҷамшед найеро дид, ки обҳои даруни он ба берун таровиш карда буд ва чун Ҷамшед дид, ки он ширин аст, амр кард, ки оби ин найро берун оваранд ва аз он шакар сохтанд. Ҳамин гуна сирри шакар ошкор шуд. Ҳамин аст, ки дар ибтидо мардум барои якдигар дар Наврӯз шакар ҳадя мефиристоданд.
Бори нахуст бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён Куруши Кабир (559-530 то мелод) соли 538 пеш аз милод Наврӯзро ҷашни миллии мардуми мо эълон кард. Дар ин рӯз дари боргоҳи подшоҳони Аҷам ба рӯйи мардум боз гардида, ҳоҷати ниёзмандон раво, маҳбусон озод, гунаҳкорон авф карда мешуданд.
Дар замони Дориюши аввали Ҳахоманишӣ (522-486 то мелод) Наврӯз дар Тахти Ҷамшед баргузор мешуд.
Ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки бунёдгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон (224-241) соли 230 мелодӣ давлати Римро шикаст дод ва талаб кард, ки Рим ҷашни Наврӯзро ба расмият шиносад. Сенати Рим ҷашни Наврӯзро дар қаламрави Рим бо номи “Луперкал” ба расмият шинохт.
Мегӯянд, ки пешиниёни мо обро дар баробари оташ муқаддас медонистанд ва дар аҳди Сосониён дар бомдоди рӯзи Наврӯз мардум ба ҳам об мепошиданд. Аз замони ҳукмронии Ҳурмузи аввали сосонӣ (272-273) дар шаби Наврӯз афрӯхтани оташ расм гардид. Аз замони Ҳурмузи дувуми сосонӣ (302-309) расми додани сикка ё танга ба сифати идӣ ё идона пайдо шуд.
Гуфтаанд, ки дар рӯзи Наврӯз ба пайғамбари Ислом як ҷоми пур аз ҳалво идона бурданд. Он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, ки идона аз Наврӯз аст. Сипас, пайғамбар аз он ҳалво андаке хӯрд ва боқимондаро миёни саҳобагон қисмат карду гуфт: “Лайта лано кулла йавмин Навруз” (Кош ҳар рӯзе барои мо Наврӯз бошад).
Дар аҳди Сомониён (875-999) низ Наврӯз бо шукӯҳу ҷалол таҷлил мешуд.
Дар рӯзгори давлатдории Аббосиён дар Бағдод ва дигар шаҳрҳои хилофат мардум дар кӯчаҳо бо нидои “шукра-н-Найруз” ҳамдигарро муборакбод мегуфтанд.
Баъдан дар рӯзгори боло гирифтани таассуби динӣ ин ҷашн каме дар ҳошия қарор гирифт ва ахиран бо шарофати Истиқлол ва саъйи ҳамвораи Пешвои миллат Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Ба расми маъмул гузаштагони мо дар рӯзи Наврӯз либоси нав ё тозаву озода дар бар карда, аҳли ҳар хонавода бар сари хони наврӯзӣ менишастанд. Хони наврӯзӣ дар рӯзгори баъдӣ аз ҳафт син, яъне сипанд, себ, сиёҳдона, санҷид, суманак, сикка ва сабзӣ ё гандуми сабзида ва ҳафт шин, яъне шакар, шир, шароб, шиннӣ, шамшод, шамъ, шона иборат гардид.
Наврӯз воқеан рӯзи аз синаҳо берун андохтани кинаҳо, рӯзи бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубонию меҳрборӣ, рӯзи таваллуди дубораи табиату инсонҳост.
Маросиму ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонатаконӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, аёдати беморон, ёд кардани гузаштагон, навозиши сари ятимону бепарасторон, хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон ва ғайра аз суннатҳои неки наврӯзист, ки аксари ин ойинҳо то имрӯз дар кишвари мо вуҷуд доранд. Ба хусус, ёд кардани гузаштагон ва дастгирии бечорагону дармондагон аз анъанаҳои хуби Наврӯз ба шумор мераванд.
Мардуми моро аз рӯзгори қадим дар баробари “ориёӣ” бо сифати “озодагон” ҳам ном мебурданд, ки ин вожа бо “ориёӣ”, яъне озодаву наҷибзода ҳаммаъност. Устод Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва бузургони дигар дар сурудаҳову нигоштаҳои худ сареҳан гузаштагони моро “озодагон” ном бурдаанд. Маънии калимаи “озодагон” дар забони модарии мо, дар баробари “наҷибзодагон”, ҳамчунин ба вожагони “покон”-у “покизагон” ва “покизарӯзгорон” пайванд мехӯрад. Бинобар ин, як суннати муҳимми Наврӯзи озодагон озодагию покизагӣ ва покизарӯзгорӣ дар тамоми сол аст.
Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар яки мо ба хотири ободию шукуфоии ҳар чи бештари сарзамини аҷдодии худ суннатҳои наврӯзӣ, аз ҷумла озодагию покизагии зоҳиру ботини худ ва шаҳру деҳоти мамлакатро шиори рӯз қарор диҳем ва барои тантанаи Наврӯзи оламафрӯз дар ҳар чор фасли сол ва ҳамасола ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёфтани Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бандем.
Ҳасани Султон, - узви вобастаи АМИТ

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
