Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Истиқлолият ва озодӣ барои мо рамзи ҳақиқии ифтихор аз шукуфоии Ватан ва ватандӯстӣ мебошад. Аз ҷумла, ба шарофати ин дастовард, яъне ба даст овардани истиқлолият, миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти азизамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо ҳамтои худро надоранд.

sssОғози соли 1991 баъд аз пошхурии давлатҳои иттиҳоди шӯравӣ дар Тоҷикистони азизамон гирдоби ҷанги марговари шаҳрвандӣ ба вуқӯъ гирифтор шуд, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро бӯҳрони амиқи шадиди сиёсӣ фаро гирифт. Ҳазорҳо бинову корхона харобу валангор ва миллионҳо нафар сарсону саргардон ва бесарпаноҳ шуданд, ки ин омил ба шароити таълиму тарбия низ таъсири манфӣ расонд ва қисме аз муассисаҳои таълимӣ хароб гардиданд.

Ба бахти миллати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд, ки 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олӣ ва сипас, Президенти кишвар интихоб шуданд ва бо ҷасорату ҳисси баланди ватандӯстӣ ба майдони корзор ворид шуда, чандин маротиба ҷони хешро дар хатар гузошта, бо мухолифин дар лаҳзаҳои ҳассос ҳамсуҳбат гардидаву баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар пайваста талош намуданд.

Раванди сулҳи тоҷикон худ воқеаи беназир аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар саросари ҷаҳон мавриди истиқбол ва омӯзиш қарор гирифт. Истиқлол ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки он баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал пӯшид ва имрӯз Давлати тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обруву эътибор ва нуфуз гардид.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Хушбахт фардест, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилиҳо лаззати соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолиро дарк намояд. Ҳимоя ва пуштибонии ҳамин арзишҳои баланди маънавӣ рисолати таърихии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвари азизамон мебошад, зеро дӯстдорӣ ва парастиши ватан муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳар як олиму омӯзгор ба қадри Истиқлолият, Ватан ва арзишҳои миллӣ мерасанд ва ҳамеша барои ободии меҳани худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Пешвои муаззами миллат дуруст моро ҳушдор дода таъкид месозанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст; онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст».

Аз замонҳои қадим халқи тамаддунофари тоҷик ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи зиёд дошта, бузургони илму адаб ба монанди Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Носири Хусрав, Гулназар Келдӣ ва дигарон дар инкишофи илм дар сарзамини тоҷик хидматҳои бузург кардаанд.

Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд. Боварии комил дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Барои бештар ҷалби наврасон ва ҷавонон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» эълон карда шуд.

Бо назардошти пешрафти рӯзафзуни илму техника дар ҷомеаи муосир раванди дигари ислоҳоти соҳаи илму маорифро аз бар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, вусъат додани раванди ихтироъкориву навоварӣ дар ҷодаи илмҳои дақиқ, азхудкунии технологияи инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот, пайваста омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури техникии ҷомеа, бахусус насли ҷавон, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ кардани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ мондани пажӯҳишҳои илмӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ фарогир аст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ илми тоҷик низ рушд ёфта, ҳамкориҳои илмӣ бо аксар кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ шудааст, ки муҳаққиқони тоҷик дар асоси шартномаҳои тарафайн баҳри татбиқи натиҷаҳои амалии дастовардҳои илмиашон фиристода мешаванд. Муҳаққиқони варзида аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ҳавасманд гардонида мешаванд. Таъсиси Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумлаи ин иқдомҳост, ки ҳамасола ба олимони ҷавон супорида мешавад. Барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд.

Маҳз бо дастгири ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №270 Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мақсади асосии Марказ ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар самтҳои омӯзиши масъалаҳои маводшиносӣ, истеҳсоли мавод, технология ва таҷҳизоти нав, иқтисодиёт, технологияҳои инноватсионии дорушиносӣ, дорусозӣ ва пизишкӣ, технологияҳои компютерӣ, инчунин татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии барои рушди мамлакат муҳим, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мебошад.

Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот пайваста корбари намуда ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст.

Бояд қайд намуд, ки олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста мақолаҳои илмии худро дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳон ба нашр расонида ва дар конфронсҳои давлатҳои хориҷа ширкат варзида илми тоҷикро муаррифи намуда истоданд, ки гувоҳи аз рушди илм дар давраи истиқлолият медиҳад.

Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллат бирасем, шукргузори аз замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш кунем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму зебо заҳмат ба харҷ диҳем.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии н.и.т., Раҳимов Фирӯз Акбарович

“Ояндаи Тоҷикистоназ фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.

Эмомалӣ РАҲМОН

22Тавре, ки ҳамагон хуб медонем ва ҳамзамон беш аз пеш эҳсос менамоем, дар замони муосир мавқеи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ дар иртибот бо оила ва тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон аз муносибати дӯстонаи волидайн, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманди онҳо шуруъ гардида, ҳамзамон ба раванди тарбияи ахлоқӣ таъсири бештару беҳтари худро мерасонад, ки боиси таҳсину офарин аст.

Чунки тибқи мушоҳидаҳо дар раванди таълиму тарбияи фарзанд пеш аз ҳама муносибати хубу ғамхоронаи дуҷониба ниҳоят муҳим буда, инкишофи фарзанд ва инчунин дунёи маънавии ӯро бештар аз пештар рушд мебахшад. Беҳуда нест, ки педагоги маъруфи рус А. С. Макаренко ҳанӯз дар замони зиндагонии хеш, аз он ҷумла дар ин хусус чунин гуфта буд:“Аввалин таҳкурсии тамоми хулқу атвор, рафтору кирдор, ҳиссиёт, фикру андеша ва шуури бача дар оила гузошта мешавад ва он ҷо ташаккул меёбад”.

Зеро, таъмини фазои хуби солиму маънавӣ дар оила яке аз омилҳои муҳим дар самти инкишофи ахлоқӣ ва равонии фарзанд маҳсуб меёбад. Бо мақсади ба вуҷуд овардани чунин муҳити мусбат ва мусоид бояд ҳар якузви оила дар асоси донишҳои педагогикаи оилавӣ кӯшишу ғайрати хешро ба харҷ диҳанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ тақозои айём аст.

Аз ҷониби дигар, масоили мазкур волидайнро маҷбурмесозад, ки ҳамеша ва дар ҳар давру замон бештар масъулиятнок бошанд. Зеро онҳо асоси ба вуҷуд омадани муҳити солим дар оила буда, тарзи муносибату муоширати онҳо умуман гирем барои ҳамаи фарзандон ҳамчун намунаи ибрат ва инчунин пайравӣ хидмат менамояд.

Чунки аксарияти фарзандон дар хонавода ҳамеша фаъолияти калонсолон ва рафтору кирдори аҳли оилаашонро рӯз аз рӯз мушоҳида намуда, онро ҳамчун объекти тақлид ва сармашқи фаъолияти хеш қарор медиҳанд ва тамоми хислат ва тарзи фаъолияти содиркардаи онҳоро баъзан мавридҳо такрору тақлид низ менамоянд, ки ба вуқуъ пайвастани ин падидаҳо аз эҳтимол дур нест.

Аз ин лиҳоз, волидайнро зарур аст, ки ҳамеша тарзи рафтору кирдор ва суханронии худро хуб донанду ботамкин ва инчунин тариқи хело ҳам нағз фаҳмонидан ба рафтори эшон эродҳояшонро баён намоянд, то ин ки дар минбаъда онҳо чунин рафторҳои номатлубро дар ҷомеа ва ё худ дар байни аҳли оила ва дар ҳузури ёру дӯстонашон содир накунанд.

Хулласи калом, аз ин лиҳоз ҳангоми тарбияи атфол ва умуман гирем ҳамаи фарзандонамон дар хонавода тамоми талаботро ба инобат гирифта, пас аз он ба онҳо бо роҳҳои насиҳат ва инчунин тариқи пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ сару кор гирифтан аз манфиат холӣ нахоҳад буд, ки ин омил боиси масъулияти бештар мебошад.

Ба пиндори мо баръакс волидон ва омӯзгорон муваззафанд, ки пеш аз ҳама тарзҳои рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори накӯю тарғибу ташвиқи намунаҳои хуби ахлоқӣ ва меҳнатдӯстиро дар вуҷуду замири поку беолоиши фарзандони худ ҷой карда ва ҳамзамон онро дар мадди назари худ ҷилвагар созанд ва таҳти назорати мунтазам қарор диҳанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз педагогҳои маъруфи замони гузашта В. А. Сухомлинский басо ҳамбамаврид қайд кардааст, ки “Солҳои кӯдакӣ, ки мо онро давраи хурсандӣ, давраи беғамӣ, бозию афсонаҳо меҳисобем, сарчашмаи орзуҳои ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин синну сол асоси ҳисси хештаншиносӣ ташаккул меёбад. Аз он чизе, ки кӯдак дар солҳои хурдӣ аз олами атроф дарк намудааст, аз он чизе, ки ӯро ба гирякунӣ водор сохтааст, аз ҳамон чиз шахсияти ӯ вобаста аст”.

Ҳамин тавр, шахсияти фарзанд дар ҷараёни муҳит ва муоширати солим ташаккул меёбад. Ин падида ниҳоятан имкон фароҳам меорад, ки аксар ҳаводиси мухталифи ба вуқуъ пайваста хуб фаҳмида шаванд ва инчунин тарзи дуруст бартараф намудани онҳо амалӣ карда шавад.

Зеро тавассути муошират ҳиссиёти манфӣ бароварда мешавад, ки дар натоиҷи он шахсияти фарзанд дар оила низ муътадил ташаккул ёфтан мегирад. Ҳамзамон ба воситаи муоширати солим метавон аксар нофаҳмиҳоро, ки дар бархе ҳолатҳо дар байни аъзоёни оила пайдо мешаванд, ки дар баъзе мавридҳо бартараф намуданашон низ боиси пешравӣ дар ташаккули шахсият мегардад.

Бояд қайд кард, ки самарабахшии тарбияи ахлоқиро дар оила ин муносибатҳои эмотсионалӣ мебошад. Ин гуна муносибатҳо аъзоёни оиларо бо ҳамдигар мепайвандад, боварӣ ва меҳру муҳаббаташонро боз ҳам устувортар мегардонад. Маҳз ҳамингуна муҳити гарму солими оилавӣ сарчашмаи хушбахтиҳои ҳамаи фарзандон мебошад.

Чунки тарбияи оилавӣ, ин на танҳо тарбияи фарзандон, инчунин худтарбиякунии волидон низ мебошад. Волидон он сифатҳои волои ахлоқиро, ки худ надоранд, пас онро дар замири фарзандонашон ташаккул дода наметавонанд.

Дар муҳити оила, дар иҳотаи волидайн, бобову бибӣ, холаву тағо, аммаю амак, бародару ҳоҳари калонӣ ва хешовандони дурру наздик ба камол расидани фарзандимконият медиҳад бовар намояд, ки ӯ яккаву танҳо нест, зеро наздиконаш ӯро дӯст медоранд ва инчунин ҳурмату эҳтиром мекунанд ва ҳамзамон ӯро муҳофизат ҳамменамоянд. Дар самти ташаккулёбии боварию эътимоди фарзанд ба одамони атроф, муҳитиоилавӣ басо ҳам муҳим аст, ки он ҳамчун як заминае баҳри тарбияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ мегардад.

Ташаккули шахсият масоили ниҳоят муҳим буда, аз волидайн ва калонсолон масъулияти басо ҷиддӣ ва инчунин кори ҷонию ҳаррӯзаи басо ҳам мураккабро тақозоменамояд. Аз ин рӯ, бояд падару модарон ва инчунин дигар калонсолон ҷиҳати дуруст муошират кардан ба ҳамаи фарзандон ҳамеша омода бошанд ва инчунин лаҳзаҳои асоситаринро дар рушд ва ташаккулёбии шахсият ҳеҷ гоҳ бояд аз даст надиҳанд.

Нуктаи муҳимтарин шиносоӣ доштани падару модар бо мақсад ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҳисоб меравад, ки он бояд ҳамчун асос ва ҳатман ба инобат гирифта шавад.

Дар маҷмуъ, бояд қайд кард, ки аҳли илму маорифи кишвар ҳамаи гуфтаҳои хирадмандонаву инсонсолорона ва нишондодҳои Паёмҳои36 ҳарсолаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Парлумони мамлакат бояд дастури амали ҳамешагии худ қарор диҳанд ва ҳамзамон фаромӯш насозанд, ки соҳаи маориф ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва чашми бинои ҳама кас дар шароити муосир нақши басо ҳам муҳим ва барозандаи худро дорад.

Алишер Раҳимзода, н.и.ф.м, директори Институти математика ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ

Раҳмонов Бахтовар, н.и.ф.м, мудири шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ.

Август 13, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми садсолаҳои охир масъалаҳои назария ва амалияи конститутсионализм мушкилоти мубрами рушди ҷомеа буданд ва боқӣ мемонанд. Солҳои охир масъалаҳои умумии назарияи конститутсионализм муҳокима ва хусусияти хоси он муайян карда мешавад: ҳукмронии қонун, тақсимоти ҳокимият, афзалияти ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, роҳҳои татбиқ ва ҳимояи онҳо, тартиботи демократӣ ва ғайра.

Яке аз шартҳои муҳимтарини рушди пешрафтаи давлатҳо ва ҷомеаҳои демократӣ конститутсионализм бо равишҳои зиёди назариявӣ-консептуалӣ ва амалии он мебошад. Он аз ҷониби ҷомеа ҳамчун асоси бунёдии пас аз сегонагии давлати демократӣ, рушди низоми сиёсӣ, ҳамбастагии ҳокимияти давлатӣ, ташкили сохторҳои институтсионалии ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф ва қабул карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба арзишҳои низоми демократӣ рӯй оварда, эъмори давлати соҳибистиқлолро пеш гирифтааст. Соҳибистиқлолии давлат, пеш аз ҳама, аз рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии қонунгузории ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик давраи нави инкишофи давлатдорӣ оғоз гардид. Аз ҳамин давра сар карда, дар ҷомеаи навбунёди давлати тоҷикон равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ оғоз ёфтанд.

Албатта, барои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият даровардани истиқлолияти давлатӣ ва таъмини таҳкими ваҳдати халқу миллат, пеш аз ҳама, қабули Қонуни асосии давлат зарур аст. Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи мустақилонаи минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро рӯи кор овард. Дар ҷомеа ақидаю андешаи давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешию бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эътирофи имкон доштани мавҷудияти моликияти хусусӣ ба сифати шакли баробарҳуқуқии моликият ва ғайра, ки дар маҷмуъ андешаи машрутиятро (конститутсионализмро) ташкил медиҳанд, рӯ ба ҳастӣ ниҳодаанд. Дар раванди таҳия ва қабули Конститутсия бояд, ки халқи ҷумҳурӣ имкони ифодаи озодонаи фикру мулоҳизаро нисбат ба арзишҳои конститутсионӣ дошта бошанд. Таклифу дархостҳои шаҳрвандон то қадри имкон воқеан дар матни конститутсия ифода ёбад ва сохти конститутсионии пешбинишуда усулҳои демократии ташкили ҳокимияти давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадаф қарор диҳад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона калидӣ буда, дар рушди низоми сиёсии ҷумҳурӣ, ҳамбастагии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ташкили сохторҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки маҳаки асосии конститутсионализм мебошанд, нақши асосӣ бозидаанд.

Таҳаввулоти мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон дар охири асри ХХ ба Тоҷикистон, ки ба сӯи истиқлолият қадамҳои аввалин гузошта буд, таъсири манфӣ расонд. Дар ин давра ҷумҳурӣ ба низои дохилӣ гирифтор шуд, ки ба парокандагии миллат ва парокандагии давлатдории Тоҷикистон таҳдид мекард.

Дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва идеологии ҷомеаи Тоҷикистон хароб гардида, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ қатъ гардида, ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, дар мамлакат беқонунӣ ва беҳуқуқӣ ба вуҷуд омад, ки боиси мушкилоти ҷиддӣ гардид. Дар чунин вазъияти душвор ҳадафи ягонаи роҳбарияти мамлакат дар он замон наҷот додани мардуми тоҷик аз нобудшавӣ ва муътадил гардонидани вазъи сиёсии мамлакат буд. Ҳама дарк мекарданд, ки ин масъала танҳо тавассути ташкили мақомоти нави давлатӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани интихоботи конститутсионӣ ҳал карда мешавад. Ин раванди нави сиёсӣ буд ва дар муддати кӯтоҳтарин даъват кардани сессияи XVI ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи давлат ва миллатро муайян кард.

Бо вуҷуди вазъияти мураккаби сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, дар иҷлосия қарорҳои муҳими тақдирсоз қабул гардида, масъулияти ояндаи халқи тоҷик ва давлати мустақили Тоҷикистон ба дӯши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, ки якдилона Раиси Шурои Олии ҷумҳурӣ интихоб шуданд. Аз ин лаҳза давраи муътадил шудани вазъи сиёсии мамлакат оғоз меёбад ва дар муддати кӯтоҳ натиҷаҳои самарабахши он зоҳир шуданд.

Пешвои миллат дар лаҳзаҳои аввали роҳбарӣ тамоми неруву тавонашонро баҳри барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ равона намуда, ба самти қабули қонунҳое, ки барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат мекарданд, қадамҳои устувор гузоштаанд.

Махсусан, дар ҷараёни ҷаласаҳои иҷлосия, аз ҷумла масъалаҳои қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Қонун «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи эълони 26 ноябри соли 1992 Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии мардуми Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи Герби давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тақвияти ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои вазнин алайҳи саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқҳои молумулкии онҳо ва хароб кардани асосҳои иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба равандҳои муътадилсозӣ дар давлат мусоидат карданд.

Ҳамчунин бо мақсади хотима додан ба низоъҳои дохилӣ, пешгирии вайроншавии асосҳои иқтисодӣ ва сиёсии давлат, нигоҳ доштани сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои алоҳида ва ҳизбҳои сиёсӣ бо назардошти принсипҳои гуманизм санади меъёрии ҳуқуқӣ «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар ноҳияҳои мухолифин аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», қабул карда шуд. Инчунин 74 санади дигари ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳороти дорои хусусияти муҳими таърихӣ қабул шуданд.

Пас аз анҷоми ҷаласа 12 декабри соли 1992 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мамлакат ҳамчун кафили соҳибихтиёрӣ ва тамомияти давлати Тоҷикистон бо барномаҳои стратегӣ ва мақсаднок барои муътадил гардонидани вазъи мураккаби сиёсии мамлакат ва рушди муназзами бахшҳои гуногун муроҷиат намуданд.

Дар ин муроҷиатнома, аз ҷумла иброз гардид, ки барои ҳар давлати соҳибистиқлол масъалаҳое, аз қабили навсозии асосҳои қонунгузории Тоҷикистон, такмил додани он тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ, таъсиси асосҳои давлати нави демократӣ, ки бо принсипи волоияти қонун танзим карда мешаванд, таъсиси артиши миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон муҳим мебошанд.

Барои амалӣ намудани қарорҳои дар ин иҷлосияи таърихӣ қабулшуда ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон дар назди мардуми ҷумҳурӣ гузошта шуда буданд, ки дар асоси онҳо Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид шуда буд, мамлакат бояд ислоҳоти конститутсиониро суръат бахшад. Қабули Конститутсияи давлати нави мустақил бояд арзишҳои сатҳи байналмилалиро ба назар гирад, зеро қабули Конститутсияи нав барои ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарин буд ва пешрафти ҷомеа ва ташкили сохтори нави ҳокимият, пеш аз ҳама, дар асоси қабули Конститутсияи нав имконпазир буд.

Зарурат ва аҳамияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории миллӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд. Аз ҷумла, дар муроҷиатнома гуфта мешавад: «Заминаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав кардан, онро мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил додан ва барои таъсиси давлати нав — давлати демократӣ, ки ба волоияти қонун асос ёфтааст, замина гузоштан зарур аст».

Бояд иброз намуд, ки таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи нави давлати мустақили Тоҷикистон воқеан пас аз иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он гардид.

Илова бар ин, бояд гуфт, ки ғояи давлати демократӣ, ки ба волоияти қонун ва давлати дунявӣ асос ёфтааст, дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти стратегии рушди ҷомеаи Тоҷикистон эълон карда шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, баъди анҷоми ин иҷлосияи таърихӣ борҳо изҳор доштанд, ки давлати Тоҷикистон ҷонибдори ин ғояи таърихӣ мебошад. Аз ҷумла, дар изҳороти худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Мо борҳо гуфтаем ва такрор ба такрор мегӯем, ки мо тарафдори бунёди давлати демократӣ ҳастем, ки бар волоияти қонун ва давлати дунявӣ асос ёфтааст ва муносибати мо ба арзишҳои умумибашарӣ мувофиқат мекунад».

Дар сессияи XVII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1993 «Дар бораи таъсиси Комиссия оид ба омодасозии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд ва бо ин роҳ ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия такони қавӣ дода шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи олии яке аз арзишҳои гаронбаҳои умумиинсонӣ — озодии инсон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ 19 марти соли 1993 изҳор доштанд: «Мо набояд фаромӯш кунем, ки озодии инсон асоси ҷомеаест, ки дар он волоияти қонун ҳукмронӣ мекунад. Маҳз озодии инсон шакл ва мундариҷаи соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатиро муайян мекунад ва давлат дар пешбурди озодиҳои инсон нақши асосиро ба уҳда мегирад».

Комиссия таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он вақт манфиатҳои миллӣ ва зарурати муътадил кардани вазъи сиёсии ҷумҳуриро ба назар мегирифт. Инчунин фаъолияти ин Комиссия ба суръат бахшидани таҳияи Конститутсия, ки ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олии ҳуқуқ ва озодӣ эълон ва эътироф мекард, такон дод.

Конститутсия маълум аст, ки ҳуҷҷати сиёсӣ буда, ҳадафҳои стратегӣ дорад ва асосҳои ҷомеа ва давлатро муайян мекунад. Ин хусусияти муҳими Конститутсия аз он вобаста аст, ки он ба талаботи ҳар як давраи нави таърихӣ то чӣ андоза ҷавобгӯ аст. Яке аз ҳадафҳои муҳими қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон мутобиқ гардонидани меъёрҳои Конститутсия ба талаботи муосир ва пеш аз ҳама, бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ буд. Дар гузориш дар сессияи 48-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 30 сентябри соли 1993 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор доштанд, ки «Тоҷикистон ҳоло дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав кор карда истодааст, ки дар он ҳамаи масъалаҳои марбут ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҷудонопазири инсон ва шаҳрванд баррасӣ карда мешаванд».

Ба ибораи дигар, ҳангоми таҳияи Конститутсия роҳбарияти сиёсии мамлакат дар навбати аввал меъёрҳоеро ба назар гирифтанд, ки метавонанд манфиатҳои миллии ҷомеаи нави Тоҷикистонро дар ҳама гуна вазъияти душвор инъикос намоянд, инчунин истиқлолият ва ваҳдати конститутсиониро амалӣ намоянд. Дигар масъалаҳои муҳим низ бояд ба ворид шудани Тоҷикистон ба арсаи сиёсии ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ва субъекти комилҳуқуқ мусоидат мекарданд.

Ҳамаи ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсия, ки масъалаҳои татбиқи воқеии соҳибихтиёрии давлат ва пешрафти ҷомеаро баррасӣ мекарданд, таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд.

Сарвари давлат якчанд хусусиятҳои асосии Конститутсияи нави Тоҷикистонро муайян намуда, пешниҳодҳои муфид манзур намуданд, ки аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи корӣ тасдиқ гардид. Ин пешниҳодҳо се ғояи асосӣ ва афзалиятнокро дар бар мегирифтанд:

Якум, «Конститутсия дар асл ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад. Дар айни замон Конститутсия муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки ҳам идеалҳо ва ҳам арзишҳои ҷомеаро инъикос мекунад ва инчунин барои расидан ба ҳадафҳои гузошташудаи давлат ва рушди миллӣ замина фароҳам меорад.

Дуюм, «Конститутсия ҳуҷҷати ҳуқуқие аст, ки иштироки бевоситаи мардумро дар қонун дар интихоби шакли ҳокимияти сиёсӣ, таъсис ва фаъолияти мақомоти олии давлатӣ, инчунин масъулияти онро дар назди мардум мустаҳкам мекунад».

Сеюм, «Конститутсия инчунин ҳуқуқ ва озодиҳои шахс ва шаҳрвандро муайян мекунад ва доираи татбиқи онҳоро танзим мекунад».

Илова бар ин, таъкид шуд, ки ин масъалаҳо бояд ба Конститутсияи нав бо назардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, миллӣ, динӣ ва фарҳангии ҷумҳурии мо дохил карда шаванд. Дар ин марҳилаи рушди ҷомеаи мо вазифаи асосӣ ва муҳимтарини мо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ буд.

Идеяи қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шароити махсуси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакати моро ба назар мегирад, аҳамияти бузурги фарҳангӣ дошт. Ин нуқтаи назар исбот мекунад, ки конститутсияи ҳар давлат хусусияти миллӣ дорад, зеро:

— аввалан, ин ҳуҷҷат бо назардошти вазъи ҷумҳурӣ қабул карда мешавад;

— дуюм, ба ифода ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад;

— сеюм, ба татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ дар шароити мушаххаси таърихӣ мусоидат менамояд.

Дар арафаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқии демократӣ ва давлати дунявӣ ҳамчун консепсияи нави давлати мустақили Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Ин консепсияи давлати навтаъсис бо назардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи мо муаррифӣ шуда, ҳамзамон бунёди давлати миллии демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявиро дар шароити Тоҷикистон пешбинӣ мекард. Консепсияи давлати дунявӣ бо волоияти қонун, ки имрӯз ҳам амалӣ шуда истодааст, аз як тараф, арзишҳои эътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳониро пурра инъикос мекунад, аз тарафи дигар, шакли ифодаи манфиатҳои миллии мо аст.

Дар баробари консепсияи давлати демократӣ, ки ба принсипи волоияти қонун ва давлати дунявӣ асос ёфтааст, инчунин идеяи ҷорӣ намудани принсипи давлати иҷтимоӣ пешниҳод карда шуд. Таҷрибаи конститутсионии ҷаҳонӣ исбот мекунад, ки давлати ҳуқуқии демократӣ аҳамияти иҷтимоӣ дорад ва кӯшиш мекунад, ки мушкилоти иҷтимоиро ҳал кунад. Аз ин рӯ, дар конститутсияҳои мамлакатҳои демократӣ идеяи давлати иҷтимоӣ, ки ба волоияти қонун асос ёфтааст, одатан дар қисми аввали Қонуни асосӣ мустаҳкам карда мешавад. Бо назардошти ин таҷрибаи ҷаҳонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоҳида таъкид намуданд, ки «мақомот умедворанд, ки консепсияи чунин давлат, ки мо онро идеали иҷтимоии худ мешуморем, ба бахшҳои аввали Конститутсияи нави Тоҷикистон дохил карда мешавад».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо изҳор доштанд, ки ҳуқуқи инсон бояд яке аз қисмҳои муҳимтарини Конститутсияи нави мо бошад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳуқуқи инсон масъалаи муҳим аст ва «ҳоло онҳо дар маркази таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳон қарор доранд, бахусус дар таъсиси кишварҳои мутамаддин ва пешрафта».

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар арзишҳои умумиинсонӣ, аз ҷумла гуногунандешии сиёсӣ низ муқаррар шудаанд. Зимни суханронӣ дар Иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нуқтаи муҳимро дар ин масъала таъкид намуданд: «Гуногунандешии сиёсӣ — яке аз арзишҳои мост».

Масъалаи дигари муҳим дар таҳияи Конститутсия ба аҳолӣ фаҳмондани мазмуни лоиҳаи Конститутсия ва фаҳмидани афзалияти он дар муҳити ҳуқуқии давлат мебошад. Таҳти роҳбарии гурӯҳи корӣ бо ҷалби ҳуқуқшиносон, ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, коршиносони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва зиёда аз 50 намояндаи ҷомеа, инчунин мансабдорони давлатӣ оид ба шарҳи муқаррароти Конститутсия ба аҳолии ҷумҳурӣ корҳои азим анҷом дода шуданд. Дар маҷмуъ, аҳолии мамлакат ба лоиҳаи Конститутсия, ки барои муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод шуда буд, зиёда аз ҳашт ҳазор пешниҳод ва дархост манзур намуданд.

Пас аз муҳокимаи ғайринавбатии лоиҳаи Конститутсия дар моҳҳои апрел ва июни соли 1994, аксарияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ лоиҳаро дастгирӣ карданд ва омодагии худро барои гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули Конститутсия ҳарчи зудтар изҳор намуданд. Дар ин замина, дар асоси изҳороти сиёсии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1993 дастгирӣ гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июли соли 1994 қарор қабул кард, ки Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро дароварда шавад.

Бояд гуфт, ки барои тақвияти истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ваҳдати халқи Тоҷикистон Конститутсияи соли 1994 боэътимодтарин омил ва санади ҳуқуқии ташаккули давлатдории миллӣ мебошад. Агар ба инобат бигирем, ки тибқи назарияҳои навтарини иҷтимоӣ баробари унсурҳои асосии ташаккулдиҳандаи миллат (умумияти ҳаёти иқтисодӣ, ҳудуди ягона ва хусусиятҳои муайяни равонӣ), инчунин зарурати давлатдории миллӣ низ махсус қайд мегардад, аҳамияти фавқулода ва бузурги Конститутсия дар таҳкими пояҳоя иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва мафкуравии давлати навистиқлоли тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани натанҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат ба таври барҷаста аён мегардад.

Воқеан, ҷавобгӯи демократия будани ин ё он конститутсия аз мундариҷаи демократӣ доштани он бармеояд. Қабл аз ҳама, Конститутсия бояд ба рушди мунтазаму устувори ниҳодҳои бунёдии демократӣ мусоидат кунад, ки интихоботи озоду шаффоф, интихобӣ будани ашхоси мансабдор, озодии афкор, дастрасӣ ба сарчашмаҳои алтернативии иттилоот, ҳуқуқҳои умумии шаҳрвандӣ, мухторияти иттиҳодияҳо (ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо аз рӯи манфиат, ҷамъиятҳои шаҳрвандон ва ғайра) ба онҳо дохиланд. Ғайр аз ин, ҳуқуқҳои асосӣ, мувозинати манфиатҳо, ҳисоботдиҳӣ, намояндагӣ, мусолиҳакорӣ, идоракунии пурсамар, баровардани қарорҳои босалоҳият, шаффофият ва ошкорбаёнӣ-омилҳое мебошанд, ки аз рӯи сабт ва кафолати таъмини онҳо дар қонунҳои асосӣ инкишофи демократӣ бебозгашт хоҳад шуд. Ҳатто аз рӯи ин назария метавон бо гузашти солҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон баҳои мусбат дод. Новобаста аз муҳлати хеле кӯтоҳи қабули Конститутсия ниҳодҳои бунёдии демократӣ дар Тоҷикистон рушди муътадил пайдо кардаанд, чунончӣ, вакилони халқ бо иштироки мушоҳидони дохиливу хориҷӣ мегузаранд. Озодии сухан тавассути шабакаи васеи воситаҳои ахбор ва матбуоти хусусӣ амалӣ шуда, сензура ва таъқиб барои танқид тибқи Конститутсия (моддаи 30) манъ аст.

Аз ҷумла, моддаи 1-и ин Қонун, ки мақоми қонуни конститутсиониро дошт, пешбинӣ мекард, ки лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Комиссияи таҳияи Конститутсияи нав дар натиҷаи муҳокимаи ҷамъиятӣ таҳия шудааст, аз ҷониби раъйпурсии умумихалқӣ тасдиқ карда шуд. Ҳамин тариқ, пас аз баҳсҳои тӯлонӣ Комиссияи конститутсионӣ масъулияти таърихиро дарк намуда, таҳлили воқеӣ анҷом дод ва тавсия дод, ки лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шавад. Тибқи натиҷаҳои раъйпурсии умумимиллӣ, лоиҳаро зиёда аз 87 фоизи иштирокчиён дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нав дар таърихи давлатдории Тоҷикистон оғоз ёфт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимтарини таърихи нави тоҷикон буда, барои гузариш ба марҳилаи нави таърихии волоияти қонун ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ гузоштааст. Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимтарин ва шиносномаи миллат аҳамияти таърихиро нигоҳ медорад.

Тавре ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XXI Шурои Олӣ таъкид гардид: «Конститутсияи мо – қонуни давлати мустақил, ки ваҳдати миллати моро таъмин менамояд, абадӣ хоҳад буд».

Бо қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон, равандҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ тибқи қонунгузорӣ, тартиби таҳия, қабул ва эътибор пайдо кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми онҳо, инчунин тартиби бақайдгирии давлатӣ муайян шуданд.

Ҳамзамон татбиқи ҳадафҳо, банди асосӣ ва меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафолати истиқлолият ва рушди ҷомеа мебошанд, аз кори самарабахш ва талошҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, шаҳрвандон ва тамоми ҷомеа вобаста мебошад. Дар гузориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 апрели соли 1995 омадааст: «Ҳоло ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи худро дар он мебинам, ки кафолатҳои дар Конститутсия эълоншуда ба шиорҳои холӣ табдил наёбанд, балки ба воқеият табдил ва амалӣ гарданд». Конститутсия ғояҳо ва усулҳои пешрафтаи миллӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлати демократӣ, волоияти қонун, дунявият ва тақсимоти ҳокимият, кафолати пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ ва идеологиро дар бар мегирад.

Бояд таъкид кард, ки Конститутсияи мамлакат, ки таҳти роҳбарии оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи хеле мураккаб ва ибтидоии ташаккули давлатдории мо таҳия ва қабул гардидааст, дастоварди бузург аст. Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ барои инкишофи конститусионализм ва амалӣ намудани ҳадафҳои неки миллати мо буда, барои пайдоиши дигаргуниҳои куллӣ дар ҷомеа заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ гузошта, самтҳои минбаъдаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлатро муайян кардааст.

Конститутсияи Тоҷикистон барои марҳилаи нави таърихӣ – гузариш аз давлати сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ гузошт. Инчунин он барои рушди устувори давлат, муътадил гардонидани вазъи сиёсӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд замина гузошт.

Бешубҳа, қабули Конститутсия дастоварди бузурги мардуми мо дар роҳи таъсиси давлатдории нав мебошад, ки ҳамзамон дар нигоҳ доштани сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, инчунин дар ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.

Хусусияти муҳими Конститутсия дар он аст, ки он аз як тараф қонуни асосии давлат ва аз тарафи дигар, қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ба мақоми халқ ҳамчун ягона манбаи ҳокимияти давлатӣ ва дорандаи соҳибихтиёрӣ такя мекунад.

Дар маҷмуъ, Конститутсия ҳамчун қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятиро муайян намуда, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ танзим менамояд ва дар таърихи навини он – бо риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар баробари ин, ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои сатҳи муносиби зиндагии аҳолии мамлакат диққати махсус дода мешавад. Инчунин бояд таъкид кард, ки ба ин ҳуҷҷат аз ҷониби коршиносони хориҷӣ ва ватанӣ баҳои баланд дода шудааст.

Ин санади олии меъёрӣ инчунин асосҳои сохторҳои иҷтимоиро, аз қабили иқтисодӣ, дунявӣ, маънавӣ ва шахсӣ муқаррар мекунад ва аз ин рӯ, на танҳо давлат, балки институтҳои он низ бояд барои татбиқи ғояҳои Конститутсия тамоми чораҳои заруриро андешанд.

Бо қабули Конститутсия ҳамаи такягоҳҳои давлат, ки ҳолати воқеии давлатро инъикос мекунанд ва рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ — иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва динӣ — маънавии ҷомеаро таъмин мекунанд, дар сатҳи зарурӣ ташаккул, рушд ва мустаҳкам карда шуданд.

Конститутсия халқро ҳамчун ифодаи соҳибихтиёрӣ ва ягона манбаи ҳокимияти давлатӣ эътироф мекунад, чаҳорчӯбаи ҳуқуқиро ҳамчун кафолати танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар мекунад ва волоияти қонунро барои танзими дурусти ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар мекунад.

Конститутсияи ҷумҳурӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф мекунад, дахлнопазирии ҳуқуқҳои табиӣ, аз ҷумла ҳаёт, шаъну шарафро эълон мекунад ва давлатро вазифадор мекунад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳимоя кунад. Бо мақсади татбиқи ин меъёри конститутсионӣ ва принсипи байналмилалии инсондӯстӣ аз соли 2003 ҳукми қатл нисбат ба занон боздошта шуд ва аз соли 2004 ба ин ҷазо мораторий эълон карда шуд, ки кафолати пурраи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро ба ҳаёт исбот мекунад.

Ҳамчунин дар зиёда аз сӣ соли истиқлолияти мамлакати мо Қонун «Дар бораи авф» бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи меъёрҳои башардӯстона нуздаҳ маротиба қабул карда шуд. Дар сатҳи ин ҳуҷҷати сиёсӣ истифодаи консепсияи тақсимоти ҳокимият бори аввал ҳамчун нишондиҳандаи муҳими мавҷудияти демократия татбиқи ҳокимияти давлатиро дар асоси тақсимоти он ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ осон кард.

Ҳанӯз дар ҷараёни таҳияи Конститутсия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини иҷрои Конститутсия ва таъмини волоияти он ҷонибдори таъсиси мақоми мустақили назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон – Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар робита ба ин, ба Конститутсия моддаи алоҳида дар бораи Суди Конститутсионӣ, сохтор ва фаъолияти он илова карда шуд.

Дар давраи истиқлолияти мамлакат бо супориши Президенти ҷумҳурӣ чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки охирин дар марҳилаи татбиқ қарор дорад. Ин барномаҳо ба ташаккули мақомоти назорати конститутсионӣ ва системаи судии ҷумҳурӣ дар маҷмуъ мусоидат карданд.

Бо дастгирии Президенти мамлакат 17-18 сентябри соли 2015 дар Душанбе ба муносибати 20-солагии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Адолати конститутсионӣ – кафолати волоияти Конститутсия» баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои мубрами марбут ба Конститутсия ва конститутсионизм, фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, иҷрои санадҳои судҳои конститутсионӣ, назорати конститутсионӣ ҳамчун воситаи таъмини волоияти қонун муҳокима шуданд. Ва мавқеи Суди Конститутсионӣ оид ба масъалаҳои бевосита бо фаъолияти он алоқаманд аз ҷониби коршиносон ва олимони ватанӣ ва хориҷӣ баррасӣ ва муҳокима карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронӣ изҳор доштанд, ки «дар Конститутсия таваҷҷуҳи махсус ба нақш ва ҷойгоҳи ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Суди Конститутсионӣ тасодуфӣ нест. Аввалан, мақомоти назорати конститутсионӣ дар системаи ҳокимияти давлатӣ ва судии ҳамаи давлатҳои мутамаддин ҷойгоҳи муҳим доранд ва бидуни мавҷудияти чунин мақомот, сухан дар бораи механизмҳои солими боздоштан ва мувозинати байни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ номувофиқ аст.

Дуюм, таъсиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи демократия ва моҳияти ҳуқуқии давлати Тоҷикистон буда, мавҷудияти чунин мақомот ифодаи амалии хоҳиши ҳокимият ва миллат барои ташаккули ҷомеаи одилона мебошад.

Дар навбати худ, ташаккули ҷомеаи адолатпарвар бе мақомоти судии мустақил, салоҳиятдор ва дар асоси қонуни ҳокимияти судӣ, аз ҷумла бе мақомоти назорати конститутсионӣ ғайриимкон аст».

Қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони мустақил ташкили низоми самараноки ҳуқуқии идоракунӣ талаб кард. Сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташкил шуданд ва ислоҳоти идоракунии давлатӣ оғоз ёфт, ки то ҳол идома дорад. Дар робита ба ин, механизми ҳамкории шохаҳои қонунгузорӣ ва иҷроияи ҳокимият такмил дода шуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути муҳокимаи қарорҳо ва иҷрои онҳо таъмин карда шуд.

Мувофиқи Конститутсия дар давраи истиқлолият давлат ва ҳукумати мамлакат барои таъмини мақоми олии қонун, тақвияти раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо чораҳои муассир андешиданд.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусият ва хусусияте дорад, ки барои бунёди давлати муосири демократӣ, ки ба волоияти қонун асос ёфтааст, замина гузоштааст ва дар ҳуқуқшиносии муосир қисми ҷудонашавандаи қонунҳои сатҳи баланд эътироф шудааст:

— аввалан, афзалияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки аз ҳуқуқҳои табиии инсон бармеоянд ва аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд. Тоҷикистон қувват ва дахлнопазирии ин ҳуқуқу озодиҳоро эътироф намуда, масъулияти давлатро барои риоя ва ҳимояи онҳо муқаррар менамояд;

— дуюм, мустақилияти ҳокимияти судӣ ҳамчун механизми асосии кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Танҳо суди мустақил метавонад ҳуқуқ ва озодиҳои шахс ва шаҳрвандро аз дахолати дигарон самаранок муҳофизат кунад;

— сеюм, волоияти Конститутсия бар тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Ягон қонун ё санади дигар наметавонад Конститутсияро тағйир диҳад ё пурра кунад ва пеш аз ҳама, хилофи меъёрҳо ва муқаррароти он бошад. Конститутсия якҷо бо ҳуқуқи асосии табиӣ низоми ҳуқуқии мамлакатро ташкил медиҳад ва ба ташкили тартибе равона шудааст, ки дар он қонун танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад;

— чорум, афзалияти воситаҳои байналмилалӣ. Ин хусусияти волоияти қонун ба ҳамгироии Тоҷикистон ба ҷаҳони муосир нигаронида шудааст ва тибқи меъёрҳои воситаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қонунгузории миллӣ имрӯз бунёди демократӣ ва иҷтимоӣ ва рушди давлатро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки дар таҷрибаи ҷаҳонии рушди давлатҳои миллӣ стандартҳо ва моделҳои ягонаи конститутсионизм вуҷуд надоранд, ки дар ҳама давлатҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ тағйир меёбанд.

Аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки конститутсияи ислоҳот, инчунин ислоҳоти самтҳои гуногуни идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон ба самтҳои дигар баробаранд, яке аз хусусияти калидии он таҳқиқи ҷанбаҳои таърихӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дигар хусусиятҳои зуҳуроти сиёсӣ-ҳуқуқӣ, қонуният ва институтҳои рушди низоми сиёсӣ мебошад, ки дар байни онҳо конститутсионизм ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад. Дар ин раванд оид ба ошкор кардани хусусиятҳои миллии он, аз нав тасаввур кардани моҳияти иҷтимоӣ- сиёсӣ, тағйир додани он дар ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар асоси принсипи тақсимоти ҳокимият ва таъмини ҳамкории мақомоти давлатӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин ба масъалаҳои фароҳам овардани шароите, ки зиндагии шоиста ва рушди озодии инсонро таъмин менамояд, диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Хулоса, бо гузашти солҳо аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди низоми қонунгузории ҷумҳурӣ, идоракунии ҳокимияти давлатии мо ҳарчи бештар саҳми арзанда ва калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди конститутсионализм дар Тоҷикистон эҳсос карда мешавад. Дурустиву саривақтӣ, муҳимияту арзишмандии санадҳои қабулнамудаи ҳамонвақта, ки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву ягона санги асос гузошт, пояҳои истиқлолияту ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон мустаҳкам намуда, ба ояндаи дурахшон раҳнамун сохтааст.

Маҳкам МАҲМУДЗОДА, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон

(Ба истиқболи 9 сентябр-Рӯзи Истиқлоли давлатӣ)

323Дар таърихи башарият бунёди давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳо ваҳдат ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмию дохилӣ ва байни- давлатӣ рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дидааст. Аммо ягона омиле, ки ба хотимаёбии ҷангҳо асос шуда, инсонро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобшавӣ наҷот додааст, ин ваҳдат аст. Ваҳдат дар назар як вожаи одӣ намояд ҳам, аммо дар асл як ибораи созанда, офарандаи шодию тараб, пайвандгари инсонҳо ва васлкунандаи таърих мебошад.

Хушбахтона, бо мурури сипарӣ гардидани ҳазорсолаҳо ва дастёбӣ ба давлатдории навин марҳалаи муҳими таърихи тоҷикон падид омад. Яъне, пас аз торикиҳову тирагиҳои замон, тоҷикон соҳиби давлати мустақил гардиданд. Дар сарзамин Сулҳ барпо шуд. Ваҳдат ба вуҷуд омад. Таърих эҳё гардид, ки акнун, айёми нумуву камолоти дигарбораи миллату давлат фаро расид.

Вақте ки сухан аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад.

Бо омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар арсаи сиёсат муборизаи қувваи некӣ бар бадӣ, сулҳ бар ҷанг оғоз ёфт. Ин абармарди шарифном миёни аҳли ҷомеа нахустин сухани худро аз сулҳ оғоз намуд. Ба ҳайси раиси Шурои Олӣ миёни ҳамватанон иброз намуд, ки “Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунё мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем. Ман дар ин роҳ ҷонамро дареғ намедорам”.

Дар воқеъ таҷрибаи сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик, ки бе шак дар ин раванд ва оғозу ибтикори он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузургу арзишманд аст, миллату давлати мо огаҳанд ва мардуми азизи Тоҷикистон хурду калон имрӯз ба ин неъматҳо арҷ мегузоранду хидматҳои наҷибу бузурги Пешвои муаззами худ – Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намесозанд.

Оре, мардуми тоҷик аз нахустин рӯзҳои фаъолияти фарзанди барӯманди тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк мекарданд, ки зери сиёсати некбинонаву хирадмандонаи Роҳбари худ онҳо ба ояндаи умедбахшу пурсаодат мерасанд. Мардуми тоҷик дар замиру афкор ва амалу андешаи неку созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонеро дарёфт, ки воқеан фарогири меҳру шафқат, ҷавонмардиву шуҷоат, некбиниву покдилӣ, қавииродагиву ҷасурӣ буду, ҳамеша аз бародариву ватандӯстӣ ва ватанхоҳиву сулҳу ваҳдат сухан мекард. Ҳаёти воқеӣ ин амалҳои неку созандаро собит месозад.

Дар ин масир пайғоми саодатовар барои миллати тоҷик ин баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон буд, ки оғози шукуҳу шукуфоӣ ва рушду равнақи давлату миллатро замина гузошт. Аз ин рӯ, набояд фаромӯш сохт, ки ташаббускори асосии баимзорасии санади таърихиву сарнавиштсоз ва меъмори кохи бегазанди оштиву баҳамоии миллат маҳз шахсияти бузурги ҷаҳонӣ ва фарзанди асили миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

Воқеан, дар идомаи кору фаъолияти пурсамар ва арзишманди худ, Пешвои муаззами мо бо ҷаҳду талошҳои пайвастаашон суханонашонро содиқона ва собитқадамона исбот намуданд ва имрӯз таҳти роҳбарии бевоситаи ин шахсияти мондагори таърихӣ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд.

Боиси таъкид аст, ки раҳоӣ ёфтан аз вартаи номатлуби ҷанги шарвандӣ ва ба сулҳу ваҳдат расидани тоҷикон дар як муддати кӯтоҳи таърих диққати ҳазорон коршиносону аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб намудаасту имрӯзҳо ин таҷрибаи ибратомези таърихӣ мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷахонӣ эътирофшуда, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Ба ибораи дигар, Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ ба он мусоидат намуд, ки дар даврони истиқлолият мо монеаҳоро бартараф намуда, роҳро дар самти рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар кушоем. Аз ин рӯ, дар баробари зина ба зина амалишавии барномаҳои ҳадафҳои стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат Ваҳдати миллӣ пойдор гардида, Истиқлоли давлатӣ бештару беҳтар рушд намуд. Маҳз ин ду омил сабаби воқеии пойдории кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги ӯст.

Аз ҷониби дигар, раванди имрӯзаи шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ бар он далолат мекунад, ки кулли дунё ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Мо бо камоли тафохур, итминони комил ва бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди худшиносии миллӣ, ҳувияти воло қайд мекунем, ки Ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ, на танҳо дар минтақа, балки дар саросари ҷаҳон дониста шудааст. Зеро, беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро ниҳодҳои сиёсии ҷаҳони муосир меомӯзанд.

Мо Тоҷикистони навинро бе ному кору пайкори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз тасаввур карда наметавонем. Ин ҳақиқатест бебаҳс ва воқеиятбунёд. Ин ҳақиқатест, ки саодати халқи тоҷикро, эҳёву шукуфоии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Маҳз бо шарофати азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад. Аз ин дидгоҳ мардуми шарафманди кишварро зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу субот ва Истиқлоли комили давлати азизамон сидқану содиқона заҳмат кашанд ва ҳифзи арзишҳо ва ормонҳои миллиро ба ин васила таъмин намоем.

Шукуфон бод Тоҷикистони азиз бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Ходимони илмии Маркази мероси

хаттии АМИТ Шодиҷони Рамазон, Меҳриддин Ғиёсӣ

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои ҷиддиеро ба вуҷуд овард, ки ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла ба илму маориф дахл доранд. Пас аз ба даст овардани соҳибихтиёрӣ, мамлакати мо ин соҳаҳои муҳимро фаъолона тараққӣ дода, дарк намуд, ки гул-гулшукуфоии ояндаи давлату миллат маҳз аз илму маориф вобастагӣ дорад.

Дар давоми 33 соли истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғ. мебошад.

Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд.

Махсусан, дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо – Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд. Бояд зикр кард, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 22 марти соли 2018 оғоз гардида буд. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Илова бар ин соли 2025 эълон гардидани “Соли ҳифзи пиряхҳо” яке аз таббусҳои дигари ҷаҳони Пешвои миллат дар ин самт мебошад.

Даҳсолаи аввали истиқлолият давраи оғози лоиҳаҳои бузург оид ба навсозии инфрасохтори илмӣ буд. Институтҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ барпо карда, бо техника ва технологияӣ ҳозиразамон таъмин гардиданд. Ба масъалаи муҳайё кардани шароити кор барои олимони ҷавони умедбахш диққати махсус дода шуд. Ҳазорон нафар донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар грантҳои давлатӣ дарёфт карда, ба онҳо имкон дода шуд, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро аз худ кунанд ва ба ватан баргарданд ва онро ба манфиати Тоҷикистон татбиқ намоянд.

Маориф ва илм ба тараккиёт кишвар такони бузург бахшид. Ҳукумати мамлакат муҳимияти сармоягузорӣ ба насли наврасро дарк карда, ба ислоҳоти фаъол дар соҳаи маориф шурӯъ кард. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои нави илмӣ кушода шуданд, ки ҳазорон ҷавонон имкони таҳсили гирифтани таҳсили ва минбаъд дар пешрафти миллат саҳм гузоранд. Таҳқиқоти илмие, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгирӣ мешавад, боиси навоварӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат гардида, ба таҳкими рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд.

Дар системаи маориф ислоҳоти куллӣ ба амал омад. Барномаҳои таълимӣ нав карда шуда, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудаанд. Дар ҷумҳурӣ якчанд донишкадаҳои нав пайдо шуданд, ки онҳо на танҳо дар миқёси кишвар, балки дар миқёси байналхалкӣ хам шуҳрат пайдо карданд. Ин муассисаҳои таълимӣ ба минбари таҳқиқотӣ инноватсионӣ ва конструкторӣ табдил ёфтаанд, ки ммлакати мо бо натичаҳои онҳо фахр карда метавонад.

Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ буда, Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст. Агар маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ буд, пас он дар соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд. Аз моҳи июли соли 2024 бошад, дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда шуд, ки ин дастоварди бузурги истиқлоли давлатӣ мебошад.

Комёбиҳои миллӣ дар соҳаи илм дар арсаи байналмиллалӣ махсусан намоён гардиданд. Имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубодилаи илмии умумиҷахонӣ фаъолона иштирок карда, бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии пешқадами чаҳон ҳамкорӣ мекунад. Ба шарофати чунин талошҳо дар кишвар лоиҳаҳои ояндадори марбут ба нанотехнология, биоинженерия, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои пешрафта ба вуҷуд омаданд.

Барномаҳои дастгирии олимони ҷавон ва стартегияҳои гуногун сазовори таҳсин мебошанд. Ҳукумати мамлакат барои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ грантҳо ва субсидияҳо медиҳад ва ташкили ширкатҳои наверо, ки дар соҳаи технологияҳои баланд кор мекунанд, ҳавасманд мекунад. Ин имкон дод, ки барои стартапҳо экосистемаи мусоид фароҳам оварда шавад, ки он дар навбати худ муҳаррики пешрафти минбаъдаи илмию техникӣ гардид. Бар замми ин, дар соли 2024 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон низ таъсис дода шудаанд.

Дар соҳаи маориф ва мактаб ҳам муваффақиятҳои беназир ба даст оварда шуданд. Стандартҳои нави таълим ҷорӣ карда шуданд, ки ба рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои таҳлили мураккаб таъкид мекунанд. Таҳсилоти мактабӣ бештар ба амалия нигаронида шуда, ба омодасозии хонандагон ба ҳаёти воқеӣ ва фаъолияти касбӣ диққати махсус дода мешавад.

Саҳми истиқлолиятро дар эҳёи фарҳангӣ қайд кардан муҳим аст: дар муассисаҳои таълимӣ барномаҳои омӯзиши таърих, забон ва анъанаҳои миллӣ фаъолона ҷорӣ карда мешаванд, ки ба ҳифз ва рушди мероси фарҳангии ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Хулоса ҳаминро метавон таъкид намуд, ки дар умум Истиқлолияти давлатӣ уфуқҳои нав кушод ва ба кулли сокинони кишвар имкон дод, ки аз иқтидори мавҷуда самаранок истифода бурда, бо боварии қатъӣ ба нерӯву имкониятҳоямон ба оянда қадамҳои устувор гузорем.

Ҳакимҷон Тиллобоев – ходими калони илмии Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд

«Фарзандамон шахсест дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳарнақше, ки бигузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бад афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳар чӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун». (Муҳаммад Ғаззолӣ)

Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба дӯшаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бетафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошад, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд.

Дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳамиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар». Маҳз дар натиҷаи ба воя расидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дуюми августи соли 2011 таҳти рақами №762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст. Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад. Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад».

Кӯдак дар ҳама гунна ҳолат бояд байни онҳое бошад, ки аввалин шуда, аз онҳо ҳифзи иҷтимои мебинанду ёрӣ мегиран, зеро ғамхории доимӣ дар ҳаққи кӯдакон шарти ногузири ҳастӣ ва рушди халқ, давлат ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:

«Ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд». Яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдак ҳуқуқ ба ном аст. Яъне, доштани ном кӯдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Бинобар ин кудак аз лаҳзаи таваллуд фавран, бе таърих ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Падару модар ӯҳдадоранд ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд, зеро гузоштани номҳои ба фаҳанги миллии тоҷикӣ бегона метавонад ба ҳолати равонии кӯдакон ва наврасон таъсири манфӣ расонад.

Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №325 аз 27 июли соли 2016 тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо чудо менамоянд, манъ аст. Пас аз таваллуд, фарзандро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.

«Барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд». Кӯдак низ ҳамчун як узви ҷудонопазири ҷомеа ва категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ дар қатори дигар калонсолон ҳуқуқи ба ҳифзи саломатӣ дорад. Ин ҳуқуқ аллакай аз хурдсолӣ аз он лаҳзае оғоз меёбад, ки аз чанд давраи эмкуни мегузарад, ки ин эмкунӣ бар зидди бемориҳои фалаҷ, сурхча ва ғайра амалӣ мегардад. Баъд аз давоми навраси ва ба воя расонии кӯдак падару модарро мебояд аз вазъи саломатии фарзанди хеш огоҳ бошанд ва беаҳамиятӣ зоҳир накунанд.

«Гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд». Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд; дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд; кирдорҳои зидди ҷамъиятӣ, муомилаи дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақтиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд; ба фарзанди то сини мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд; ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зуроварӣ, экстремистӣ ва терорирстиро манъ намоянд; аз тарафи фарзан мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд ва ба ин монанд ӯҳдадориҳоро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи падару модар вогузор намудааст, ки саркашӣ намудан аз иҷрои ин ӯҳдадориҳо боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегардад.

Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ асос гузоранд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.

Ҳамаи ин ӯҳдадориҳои дар боло зикршуда ҳангоми риоя нашудан метавонад оқибатҳои ҳуқуқиро ба бор оваранд, ки алакай аз амалияи ҳуқуқӣ ба қисмати зиёди аҳолии кишвар маълум аст. Тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии падару модар барои риоя накардани ӯҳдадорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад, ки ҷавобгарии маъмуриро дар намуди огоҳӣ ва аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ гардидааст, ки айни замон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷову ҳашт сомониро ташкил дода, маблағи ҷаримаи пешбининамудаи қонунгузор аз 174 то 290 сомониро дар бар мегирад.

Ҳамаи ин дар назари аввал як кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ менамояд, аммо ин метавонад оҳиста-оҳиста аз беназоратии волидайн таркор ёфтан гирад ва то ҳатто ба ҷиноят даст задани фарзанд низ оварда расонад, ки мебоист инро бармаҳал пешгирӣ намуд.

Эҳсоси масъулияти баланди падарию модарӣ ба тарбияи фарзандони бомаърифат ба ташаккул ва пешрафти ҷомеа мусоидат намуда, барои ба воя расидани наслҳои аз ҳама ҷиҳат соҳиби ақлу иродаи қавӣ ва виҷдони пок дошта заминаи устувор мегузорад. Зеро ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст, аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем.

Бо вуҷуди ин, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чӣ гунна муносибате ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бамаърифатӣ бар ӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт, ҷоҳилӣ хулқаш мегардад.

«Танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад» (Эмомалӣ Раҳмон).

Қонуни мазкур дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ балки алакай ӯҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст ва амалишавии он гарави ба таври дахлдор тарбия намудани фарзанд мегардад.

Дар заминаи гуфтаҳои боло тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд дар тарбия ва таълими насли имрӯза бетафовут набошанд.

Ходими илмии озмоишгоҳи «Пайвастагиҳои калонмолекулавӣ»-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Ёрова Бибикалон Саидовна

Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1973 дар асоси шӯъбаи математика бо Маркази ҳисоббарории Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Аввалин директор ва ташкилкунандаи он академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ҷӯраев (солҳои 1973-1987) буд. Пас аз он то соли 1999 директории институтро академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон З.Ҷ.Усмонов ба ӯҳда доштанд. Аз соли 1999 то марти соли 2024 роҳбарии институтро академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон З.Ҳ.Раҳмонов ба ӯҳда доштанд. Аз марти соли 2024 то инҷониб роҳбарии институтро номзади илмҳои физикаю математика Раҳимзода А.О. ба ӯҳда дорад.

Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев фаъолияти худро мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ», «Доир ба Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дурнамои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология дар солҳои 2007 - 2015» ва Оинномаи Институт ба роҳ мондааст. Вазифаи асосии Институт гузаронидани тадқиқотҳои бунёдии илмӣ, инчунин тадқиқотҳои хусусияти амалидошта ва тайёр намудани муттахассисони баландихтисос дар соҳаи математика, механика ва информатика мебошад.

Институт аз 5 шӯъба зерин иборат мебошад:

· Алгебра, топология ва назарияи ададҳо;

· Назарияи функсияҳо ва таҳлили функсионалӣ;

· Муодилаҳои дифференсиалӣ;

· Тарҳрезии математикӣ;

· Математикаи амалӣ ва механика.

Дар институт аз аввали асри XXI дар даврони Истиқлолият чунин мактабҳои бонуфузи илмии дар ҷаҳон машҳур дар соҳаи математика ташаккул ёфтанд, ки дастовардҳои илмии онҳоро мухтасар чунин арзёбӣ намудан мумкин аст:

1. Мактаби назарияи аналитикии ададҳо (роҳбари мактаби илмӣ академики АМИТ З.Ҳ.Раҳмонов):

· баҳоҳои ғайритривиалии суммаҳои қиматҳои характери ғайриасосии Дирихле аз рӯи модули таркибӣ дар пайдарпаиҳои ададҳои соддаи лағҷонидашуда гирифта шудааст. Натиҷаҳои беҳтарин пештар ба И.М. Виноградов, А.А.Каратсуба (Россия), Г. Монтгомери (ИМА), Р. Вон (Англия), Пан Чен-Донг, Пан-Чен-Бьяо, Зан-Тао ва К. Гонг (Чин), Дж.Б. Фридландер (Канада), И.Е. Шпарлинский (Австралия) тааллуқ доштанд (солҳои 2013-2017);

· барои суммаҳои кӯтоҳи кубии тригонометрӣ бо ададҳои содда ва суммаҳои кӯтоҳи кубии тригонометрӣ бо функсияи Мёбиус дар камонҳои хурд баҳоҳои ғайритривиалӣ гирифта шудааст, ки баҳои маълуми Кумчев А.В. (ИМА) ва У. Яо (Чин) –ро беҳтар мекунад (солҳои 2015-2016);

· назарияи пурраи суммаҳои кӯтоҳи тригонометрии Герман Вейл сохта шуд, ки бо ёрии он муаммоҳои аддитивии бо ҷамъшавандаҳои қариб баробари ҳалнашудаи тернарии Голдбах, Эстерман ва Варинг ҳал карда шуданд (солҳои 1995-2018);

· натиҷаҳои ниҳои рекордӣ дар назарияи нулҳои функсияҳои Риман, Харди, ва Дэвенпорт-Хейлброн дар порчаҳои кӯтоҳи хати рости критикӣ ба даст оварда шудааст, ки онҳо натиҷаҳои маълуми А. Селберг (Норвегия), А.А. Каратсуба (Россия), Ян Мозер (Чехия)-ро беҳтар менамояд (солҳои 2006-2019).

2. Мактаби назарияи спектралии операторҳои дифференсиалӣ ва псевдо-дифференсиалӣ (К.Ҳ.Бойматов, С.А.Исҳоқов) (роҳбари мактаби илмӣ узви вобастаи АМИТ С.А.Исҳоқов):

· асимптотаи спектралии синфҳои гуногуни операторҳои таназзулёбандаи эллиптикии дараҷаи олӣ бо коэффитсиентҳои ғайрисуфта дар соҳаҳои номаҳдуд тадқиқ карда шуда, таъсири коэффитсиентҳои оператори тадқиқшаванда ба асимптотаи спектралӣ омӯхта шудааст;

· соли 1953 математики шведӣ Ларс Гординг ҳангоми омӯхтани ҳалшавандагии масъалаҳои канорӣ барои муодилаҳои эллиптикӣ нобаробариеро исбот намуд, ки баъдан аз тарафи олимони дигар мавриди истифода қарор гирифт ва дар назарияи масъалаҳои канорӣ барои муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ бо номи нобаробарии Гординг машҳур гардид. Аналоги ин нобаробарӣ барои муодилаҳои таназзулёбандаи эллиптикӣ аввалин маротиба аз тарафи Исҳоқов С.А. соли 2010 исбот карда шуд;

· шартҳои нави ҳалшавандагии масъалаи вариатсионии Дирихле барои синфҳои гуногуни операторҳои эллиптикии таназзулёбанда ба даст оварда шуданд ва вобастагии суфтагии ҳалли ин масъала аз суфтагии коэффитсиентҳои оператори тадқиқшаванда омӯхта шуд. Натиҷаҳои бадастовардашуда натиҷахои профессорони шинохта С.М.Николский, Л.Д.Кудрявсев, П.И.Лизоркин, Н.В.Мирошин ва дигаронро умумӣ мегардонад;

· теоремаҳои ҷойгиркунии нав барои фазоҳои гуногуни вазндори функсияҳои бисёртағйирёбандадори дифференсиронидашаванда исбот карда шуда, онҳо дар назарияи ҳалшавандагии масъалаи вариатсионии Дирихле татбиқ карда шуданд;

· усули таҳқиқи тауберии асимптотаҳои спектралии операторҳои эллиптикӣ бо коэффитсиентҳои ғайрисуфта аз тарафи К.Ҳ.Бойматов коркард шуда, яке аз масъалаҳои мушкили ин соҳа, ки аз тарафи профессори ДДМ ба номи М.В.Ломоносов А.Г.Костюченко дар соли 1968 гузошта шуда буд, ҳал карда шудааст;

· то соли 1992 масъалаҳои канории умумикардашуда барои операторҳои эллиптикии таназулёбандаи шакли дивергентӣ танҳо дар ҳолате омӯхта шуда буданд, ки шаклҳои якунимхаттии бо ин операторҳо алоқаманд шарти коэрситивиро қаноат мекунонданд. Дар соли 1992 ба К.Ҳ.Бойматов муяссар гардид, ки чунин масъалаҳоро аввалин маротиба дар ҳолати ғайрикоэрситивӣ будани шаклҳои якунимхаттӣ таҳқиқ кунад. Ин кори ӯ ба як равияи нави назарияи масъалаҳои канории умумикардашуда барои операторҳои дифференсиалии таназулёбанда асос гузошт.

3. Мактаби лингвистикаи компютерӣ (роҳбарӣ илмӣ шодравон академики АМИТ З.Ҷ.Усмонов):

· якчанд луғатҳои электронии дузабона сохта шуданд;

· барномаи компютерии ба овоз даровардани матни тоҷикӣ сохта шуд;

· бо ҳамкорӣ бо вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти ҷобаҷогузории ҳарфҳои тоҷикӣ дар клавиатураи компютер коркард шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, таҳти рақами №330 “Дар бораи стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар клавиатураи компютерии стандарти UNICODE барои истифодабарии компютерӣ” барои истифода дар корхонаву ташкилотҳо тавсия дода шуд;

· дар якҷоягӣ бо ширкати Майкрософт мусаҳҳеҳи орфографии автоматии компютерии забони тоҷикӣ коркард шуд.

4. Мактаби назарияи наздиккунии функсияҳо (роҳбари мактаби илмӣ академики АМИТ М.Ш. Шабозов):

· доимии аниқи нобаробарии намуди Ҷексон-Стечкин байни наздиккунии беҳтарини функсияҳо ба воситаи функсиҳои бутун ва қиматҳои миёнаи модулҳои бефосилагии тартиби олии ҳосилаҳои функсияҳо ёфташуда аст;

· нобаробарии аниқи намуди Колмогоров барои функсияҳои даврии дифференсиронидашавандаи ду тағйирёбанда, ки дар он нормаи ҳосилаҳои пайдарпаи он ба воситаи ҳосили зарби нормаи худи функсия ва нормаи ҳосилаи калонтарини функсия маҳдуданд, ёфта шудааст;

· методҳои хаттии беҳтарини наздиккунии функсияҳои дар доира аналитикӣ дар фазои вазндори Бергман ёфта шуданд. Нимфазоҳои оптималие нишон дода шуданд, ки дар онҳо қиматҳои аниқи қутрҳои синфҳои функсияҳои бо воситаи модулҳои бефосилагии тартиби якум ва дуюм додашуда амалӣ карда мешаванд. Натиҷаҳои гирифташуда имкон медиҳанд, ки масъала оиди барқароркунии кодиронии баъзе синфҳои функсияҳои дар доираи воҳидӣ аналитикии ба фазои Бергман тааллуқдошта ҳал карда шавад;

· масъалаҳои экстремалии ёфтани формулаҳои кубатурии беҳтарин дар маънои С.М.Николский дар синфҳои функсияҳои бисёртағйирёбандадори бо ёрии модулҳои бефосилагӣ аз метрикаи фазо додашуда ҳал карда шуданд. Натиҷаҳои бадастовардашуда умумикунии натиҷаҳои маълуми Н.П.Корнейчук мебошад.

5. Мактаби назарияи масъалаҳои ибтидоӣ-канорӣ барои муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои ҳусусӣ (роҳбари мактаби илмӣ академики АМИТ М.И.Илолов):

· теоремаҳои мавҷудият ва ягонагии халли муодилаҳои эволютсионӣ бо ҳосилаҳои касрӣ дар фазоҳои банахӣ исбот карда шуданд. Шартҳои регулярии максималӣ ёфта шуданд;

· тағйирдиҳии муодилаи параболикии квазихаттии аз системаи параболикӣ-эллиптикии Келлер-Сиджел гирифташуда ба муодилаи хаттии дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ бо коэффисиентҳои тағйирёбанда ба даст оварда шуд;

· системаи соддатари Келлер-Сиджел тадқиқ карда шуд, ки дар масъалаҳои биологияи математикӣ васеъ истифода мешавад. Аз системаи Келлер-Сиджел муодилаи квазихаттие гирифта шуд, ки ёфтани ҳалли он хеле мушкил мебошад. Вале дигаркунии Хопф-Коулро истифода карда, алоқаи ҳалли ин муодилаи квазихаттӣ бо ҳалли муодилаи гармигузаронӣ бо коэффитсиентҳои тағйирёбанда ёфта шуд.

Дар Институт айни замон 3 узви ҳақиқии АМИ Тоҷикистон, 3 узви вобастаи АМИ Тоҷикистон, 4 доктори илм ва 14 номзади илм кору фаъолият доранд. Дар давоми 10 соли охир кормандони институт 12 шаҳодатномаи муаллифӣ гирифтаанд.

Институти математика дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи математика, механика ва информатика дар Тоҷикистон нақши асосиро мебозад. Дар институт то соли 2017 ду шӯрои диссертатсионӣ оиди додани дараҷаи илмии доктор ва номзади илмҳои физикаю математика дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия оид ба 4 ихтисоси зерин фаъолият доштанд:

01.01.01 - таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ;

01.01.02 - муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ;

01.01.06 - мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо;

05.13.18 – тарҳрезии математикӣ, усулҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо.

Аз январи соли 2018 дар институт шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D060100- математика бо ихтисосҳои:

01.01.01- таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ;

01.01.06- мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо кушода шуда,ба кор шурӯъ намуд.

Дар давраи солҳои 1992-2024 дар Институт 17 доктори илм ва 110 номзадҳои илм тайёр карда шуданд, ки дар худи Институт ва дигар макотиби олии Ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд. Дар ин давра тариқи магистратура 108 нафар, аспирантура 65 нафар кадрҳои баландихтисос дар соҳаи математика ва информатика тайёр карда шудаанд. Айни замон дар Институт дар зинаи магистратура 27 нафар ва дар зинаи докторантура (PhD) 8 нафар таҳсил намуда истодаанд.

Дар сенздаҳ соли охир дар Институт 21 конференсияҳои илмии байналхалқӣ гузаронида шуданд. Ин конфронсҳо имконият доданд, ки бо марказҳои илмии математикии бузург алоқаҳои илмӣ барқарор карда шаванд ва тадқиқотҳои муштарак ба роҳ монда шаванд ва умуман ба сатҳи тадқиқотҳо дар соҳаи математика ва информатика таъсири мусбат расониданд.

Кормандони институт дар 33 соли замони соҳибистиқлолӣ 49 монография, 2639 мақолаҳои илмӣ, аз онҳо дар нашрияҳои ҷумҳурӣ - 1123, дар ИДМ - 503 дар хориҷи дур - 166 ва тезисҳо - 552 ба табъ расониданд.

Институт бо Институти математикаи ба номи В.А. Стеклови АИ Россия, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Институти математикаи ба номи В. И. Романовскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон, Институти математикаи ба номи С.Л. Соболеви шӯъбаи Сибирии Академияи илмҳои Руссия, Институти математикаи амалӣ ва автоматикунонии маркази илмии Кабардино-Балкарияи АИ Россия, Университети федералии Шарқу-Шимоли Россия ба номи М.К. Аммосов, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тула ба номи Л.Н.Толстой, Донишгоҳи давлатии Термез (Ҷумҳурии Узбекистон) алоқаҳои илмӣ дорад.

Дар доираи ин ҳамкориҳо тадқиқотҳои муштараки илмӣ, нашри корҳои илмӣ, мубодилаи иттилооти илмӣ гузаронида шуда, тадқиқотҳои илмӣ дар равияҳои илмии перспективии математикаи муосир, механика ва информатика аниқ карда мешаванд.

Институт бо марказҳои илмӣ ва олимони алоҳидаи ИМА, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Юнон, Лаҳистон, Чин, Ҷопон, Словения, Хорватия, Исроил, Эрон, Покистон, Узбекистон ва ғайраҳо алоқаҳои илмиро нигоҳ медорад.

Аз ҷумлаи олимони институт ба мукофоти давлатии ба номи Абуалӣибни Сино дар соҳаи илм:

· академик А.Ҷӯраев - барои сохтани назарияи масъалаҳои канорӣ барои системаҳои муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии навъи таркибӣ;

· академик Л.Г. Михайлов - барои саҳми бузург дар инкишофи математика дар Тоҷикистон;

· академик З.Ҷ.Усмонов - барои сохтани назарияи системаи умумикардашудаи Коши-Риман бо нуқтаҳои сингулярӣ ва татбиқи онҳо дар геометрия;

· академик М.Илолов - барои саҳми бузург дар инкишофи математика дар Тоҷикистон.

ба мукофоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи академик С.У.Умаров:

· академик З.Ҷ.Усмонов – барои рушди соҳаи технологияҳои информатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· узви вобастаи АМИ Тоҷикистон С.А.Исҳоқов – барои ба даст овардани натиҷаҳои бунёдӣ дар назарияи масъалаҳои вариатсионӣ барои муодилаҳои хаттӣ ва ғайрихаттии таназзулёбандаи дифференсиалӣ;

· доктори илмҳои физикаю математика О.Х.Каримов – барои ба даст овардани натиҷаҳои бунёдӣ дар назарияи ҷудошавандагии операторҳои ғайрихаттӣва татбиқи он

мушарраф гардиданд.

Академик Рахмонов З.Ҳ. ба ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Чебышевский сборник» ва «Jornal of Number Theory», ки ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи Scopus ва Web of Scienesшомилбуда дохил мебошад.

Академик Усманов З.Д. ба аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Ахбороти Донишгоҳи Самара» (ба рӯихати маҷаллаҳои Комиссияи Олии Аттестатсионии Россия шомил аст), «Маҷаллаи математикии Осиёи марказӣ» ва тақриздиҳандаи маҷаллаи «ComplexVariables», ки дар ИМА чоп мешавад, шомил буданд.

Узви вобастаи АМИТ Исҳоқов С.А. ва шодравон доктори илмҳои физикаю математика Борздико В.А аъзои Ҷамъияти риёзидонҳои ИМА буда,тақриздиҳандаи доимии маҷаллаи “Mathematical Reviews” мебошанд, ки дар ИМА нашр мешавад.

Дар айни замон институт аз рӯи лоиҳаҳои зерин кору фаъолияти худро ба пеш бурда истодааст:

Лоиҳаи 1. «Баҳои суммаҳои омехтаи тригонометрӣ ва татбиқи онҳо дар назарияи нулҳои қаторҳои махсуси Дирихле». Ин лоиҳа дар маркази Миллии патенту иттилоот бо рақами РҚД 0121TJ1178 таҳти роҳбарии д.и.ф.м., профессор, узви пайвастаи АМИТ Раҳмонов З.Ҳ. барои солҳои 2021 – 2025 ба қайд гирифта шудааст;

Лоиҳаи 2. «Баҳои спектр ва ҳалшавандагии масъалаҳои вариатсионӣ барои операторҳои эллиптикии таназзулёбандаи бо ёрии шаклҳои якунимхаттии ғайрикоэрситивӣ тавлидшуда». Ин лоиҳа дар маркази Миллии патенту иттилоот бо рақами РҚД 0121TJ1179 таҳти роҳбарии д.и.ф.м., профессор, узви вобастаи АМИТ, Исҳоков С.А. барои солҳои 2021 – 2025 ба қайд гирифта шудааст;

Лоиҳаи 3. «Тадқиқи масъалаҳои муосири математика ва информатика». Ин лоиҳа дар маркази Миллии патенту иттилоот бо рақами РҚД 0121TJ1180 таҳти роҳбарии н.и.ф.м., дотсент Садриддинов П.Б. барои солҳои 2021 – 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика Каримов О.Х.

Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаю фарҳангии Осиёи Миёна буда, бо фарҳанги бою ғании худ на танҳо дар Осиёи миёна, балки дар тамоми дунё шинохта шудаанд. Шиносномаи ҳар як халқу миллат фарҳангу урфу одатҳояш аст ва дар миқёси ҷаҳон низ ҳар як давлат аз рӯи фарҳангаш шинохта мешавад. Аз ҳамин лиҳоз фарҳангро ҳастии миллат, пояи давлат ва ҷавҳари ҳастию пойдорӣ ном мебаранд.

Аҷдодону гузаштагони мо тоҷикон ҳануз аз замонҳои қадим фарҳанги бою ғании худро, ки аз гузаштагонашон ба худ мерос гирифта буданд ва бо он фахр доштанд, бо воситаи иншо намудани асарҳои пурмуҳтавою пурмазмуну мантиқии худ миёни мардум ин фарҳанги бостони худро муаррифӣ намудаанд, ки то ҳол ин ганҷинаҳои он нобиғагон дастраси омма, ба хусус, дастраси дӯстдорони илму фарҳанг қарор доранд, мутолиакунандагон аз мутолиаи осори пурғановати ин бузургон ба пуррагӣ аз фарҳанги мо тоҷикон воқиф мешаванд.

Миёни мардум мақоле ҳаст, ки мегуянд: “Миллатеро нест кардан хоҳӣ, фарҳангу забонашро аз байн бубар” ва мо тоҷикон аз таҳдиди ин мақол умуман намеҳаросем, чун ҳануз сар карда аз асрҳои 9- 10 ва то имрӯз “Шоҳнома” – и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, “Қонуни тиб” – и Абӯали ибни Сино, “Синдбоднома” – и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Маснавии маънавӣ” – и Ҷалолуддуни Балхӣ, “Тоҷикон” – и аллома Бобоҷон Ғафуров, “Фарҳанг ҳастии миллат” – и Эмомалӣ Раҳмон “Озодӣ ва Истиқлоли миллӣ” – и Муҳаммад Абдураҳмон ва амсоли инҳо ҳазорҳо осори дигари олимони гузаштаву муосири тоҷик аз қадим фарҳанги ғанӣ ва илму маърифати бузург доштани гузаштагони ин миллати овозадору бостонию фарҳангпарварро миёни тамоми мардуми дунё шинос намудаанд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо ташаббуси бевоситаи фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст, ки ин ҳам аз шахсияти фарҳангиву илмӣ будани давлатдоронамон дарак дода ва арҷ гузоштан ба тамаддундориву фарҳангӣ будани миллати тоҷик, давомдиҳандаи кору пайкори неки гузаштагони хеш буданро дубора исбот намудан аст, чун дар ин давраҳо ба рушду равнақи фарҳангдории тоҷикон ва аз нав эҳё шудани фарҳанги қадимаву урфу одатҳои гузаштагонамон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.

Хизматҳои бузурги Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмонро таърих бо хатҳои заррин дар саҳифаҳои худ сабт намудааст, ки ҳаргиз сутудаву хира нахоҳад шуд, аз он ҷумла бо азму иродаи ватандӯстию фарҳангпарварии Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бохабарӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷоҳонӣ пешниҳодҳои муҳими саривақтияш ба созмони бонуфузи байналмилалӣ “ЮНЕСКО” аз қабили “Чакан”, “Наврӯз”, мусиқии классикии “Шашмақом”, “Фалак”, “Ҷашни Сада”, “Тазҳиб” (зарҳалкорӣ), Атласу адрас, куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва амсоли инҳо садҳо пешниҳодҳои бузурги дигар қобили тазаккур аст, ки аллакай ба ин васила ҷаҳониён дубора ба ғанигию қадима будани фарҳанги мо шиносоӣ пайдо намуда ва эътироф низ намудаанд.

Гузашта аз ин миллати қадимӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, тамаддунофар, соҳибмаърифат, шаҳрдору шаҳрнишин будани тоҷиконро дар ҷаҳон баъди ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва пазируфта шудани Саразми бостон, ки таърихи зиёда аз 5500 сола дорад исботи комил намуд.

Албатт, ки фарҳанг доираи васеъ дорад ва либоси миллӣ низ дар баробари дигар арзишҳои фарҳангии миллат яке аз ҷузъҳои асосии фарҳанги ҳар як давлат ба шумор меравад. Миллати тоҷик аз қадим либоси миллии ба худ хосро дошт ва дар баробари ин маданияти баланди либоспуширо низ доштанду ва то ба ҳол ин маданияту маърифати баланд миёни ин миллат бараъло мушоҳида мешавад.

Оре, дар 70 соли даврони Шуравӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар қатори дигар давлатҳои аъзо ба ИҶШС (Иттиҳодияи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ) буд, ин ба фварҳангу маданияти тамоми давлатҳо бетаъсир намонд, аз он ҷумла ба фарҳанги либоспушии ҳамаи халқҳои давлатҳои аъзо таъсири худро расонд ва то якчанд муддат мардум ба фарҳанги либоспушии давраи иттиҳодияи номбурда пайравӣ менамуданд, ва бо мурури замон ин фарҳанги бегона аз байн рафт.

Баъди пош хурдани Иттиҳодияи давлатҳои Шуравӣ, ки дар дохили ҷумҳурӣ бо дахолату иғвоангезии бадхоҳону намояндагони давлатҳои ба ном исломӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, аз нооромии вазъи давлат ин хоинон истифода бурда, ба сари баъзе ашхоси бесаводу кундфаҳм фарҳанги бегонаи пушидани либосҳои бегонаву сиёҳ (ҳиҷоб, сатр) – ро низ бор намуданд ва оҳиста оҳиста ин либоси ба фарҳанги мо бегона миёни як доираи нодонҳову бадкирдорҳо ба қавле муд шуд, ки гуё диндорию мусалмонии онҳоро мефаҳмонд, ҳол он ки шахсони хоину ҷосуз бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои нопокашон на танҳо занон, балки мардон низ чунин либосҳои сиёҳу ҳаҷман калони занонаро ба бар карда, гуё ки ноаён шуда бошанд, ба хоиниву бадкирдорию ҷосузӣ даст мезаданд, ки оҳиста – оҳиста ин рафтори разилонаи онҳо миёни мардум ошкор ва аз ҷониби кормандони мақомотҳои дахлдор пешгирӣ карда шуданд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки миллати тоҷик аз қадим дорои фарҳанги бою ғании худ буда, дар арсаи ҷаҳон низ тоҷикон бо фарҳанги худ шинохта шудаанд ва либоси миллии худро доранд, ки ҳатто дар Созмони бонуфузи дунё пазируфта шудааст, ки лоиқу шинаму муррифкунандаи зани тоҷик аст.

Дар ин масир худи Сарвари давлатамон Пешвои миллати тоҷикони дунё чунин мегӯяд:

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпуш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпушӣ раво нест, шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест.

Мақсад аз давлату ҳукуматамон дар ҳамин аст, ки сади роҳи ин гаравиданҳоро гирифта, ба бегонапарастиву хурофотпарастии баъзе мардуми камсавод хотима бахшида, гумроҳгаштагонро тарбия намуда, аз фарҳангу оини куҳани хеш бохабар намоем ва дар ин масир бо супориши ҳукумати мамлакатамон аз ҷониби мутахассисону коршиносон корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, намунаи либосҳои миллии мутобиқ ба фарҳангамон тавсияшуда пешниҳод шудааст, то ки мардум аз фарҳангу маданияти гузаштагони худ огоҳ бошанд ва аз бегонапарастӣ даст кашанд.

Хушбахтона баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон марҳала ба марҳала сади роҳи ҳамаи бесарусомониҳову носозгориҳо гирифта шуда ва барои беҳбудиву баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст ва ҳатто як қатор қонунҳо низ барои беҳбудиву осоиштагии мардум қабул карда шудааст, ки боиси муваффақият ва пешравист.

Мутаассифона аз ҷониби бархе аз шахсиятҳои бефарҳангу бесаводу кундфаҳм ва мутеъи душманони давлату миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо паҳн карда, оид ба либоспушии занон баромадҳо намуда, бар зидди давлату ҳукумат суханони беасос гуфта, ба руҳу равони истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири манфии худро расонида, худро диндор нишон дода, худнамоӣ мекунанд. Ҳол он ки давлату ҳукумат устувор нигоҳдорандаи дину мазҳаб буда, бар зидди дину оин ягон муқобилият нишон надодаанд ва танҳо мақсадашон гирифтани сади роҳи бегонапарастӣ ва зинда нигоҳ доштани фарҳангу расму оини аҷдодии миллати тоҷик асту халос ва беҳтарин либосҳо аз ҷониби коршиносон мутобиқ ба фарҳанги худамонро пешниҳод кардаанд, ки боиси дастгирист!

Бо вуҷуди ҳамаи ин шебу фарозҳо миллати тамаддунофару таърихиву фарҳангпарвари тоҷик тавонист, ки аз фарҳангу расму оин ва арзишҳои миллии хеш дифоъ карда хештаншиносиву ҳувияти миллии худро пойдор нигоҳ дошта бошад.

Алишер Саидов – ходими хурди илмии Шуъбаи география ва зондкунии фосилавии Раёсати АМИТ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм